Илми Чуғрофия (География) ва Заминшиноси (Агрономия) дар Рими Кадим

Дар Рим илми география низ ба дастовардҳои калон соҳиб мешавад ва ин ба охирҳои Ҷумҳурӣ ва махсусан ба замони Империя рост омадааст. Вз миёнаҳои асри II то милод салтанат дар Баҳри Миёназамин да Рим мегузарад. Соли 146 то милодримиягиҳо Юнонро аз истиқлолият маҳрум мекунанд; худи ҳамон сол Карфагенро ишғол намуда, онро валангор намуданд. То соли 30 то милод давлати Рим тамоми ҳавзаи Баҳри Миёназамин, аз он ҷумла Миср ва як қисми Шарқи Наздикро то дарёи Фурот дар бар мегирад.

Худи римиҳо ба масъалаҳои фалсафа ва ё илми табиатшиносӣ кам аҳамият дода, бештар ба он илмҳое таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд, ки аз онҳо фоида ба даст меоварданд, масалан, кори ҳарбӣ ё идораи давлат. Аксарияти олимон ва файласуфони он замонро юнониҳо ташкил намуда, бисёрии онҳо ҷонибдори ҳокимияти Рим шуда, ба Рим кӯчида омаданд ва амалпазирии доираҳои болоии Рим ҳамгиро гардиданд.

Дар замони мавҷудияти Рим куррашакл будани Заминро далели тасдиқшуда меҳисобиданд. Мутобиқи шаҳодати Сенека эҳтимол дар бораи гардиши Замин дар атрофи меҳвараш вуҷуд дошт. Вале олимони зиёд ба ин андеша зид баромада буданд. Аз ҷумлаи ин олимон Птоломей буда, ин эҳтимолро ба воситаи мулоҳизаҳои соддалавҳонаи худ рад кард. Мувофиқи ақидаи Птоломей, агар Замин дар атрофии худ давр мезад, пас паррандаҳо ба ҳаво парвоз карда, аз он ақиб мемонданд ва ба лонаҳои худ баргашта наметавонистанд. Ҳамин тариқ, обрӯи Птоломей таъсир кард, ки низоми геосентрии олам қабул карда шавад.

Маълумотҳои географии замони Ҷумҳурии Рим асосан дар рисолаҳои таърихнигорон инъикос ёфта, дар байни онҳо барои илми география мароқангез асарҳои римикунонидашудаи юнониҳо Полибий (солҳои 201 – 120 то милод) ва Посидоний (солҳои 135 – 51 то милод) ба шумор мераванд.

ҶУҒРОФИЯШИНОСОН ПОЛИБИЙ ВА ПОСИДНИЙ, Ба Полибий «Таърих»-и иборат аз 40 китоб тааллуқ дорад, яке аз онҳо ба масъалаҳои география бахшида шудааст. Мутаассифона, ин китоб боқӣ намондааст. Вале Страбон ба он борҳо муроҷиат карда будааст. Полибий хеле зиёд ба саёҳат мебаромадааст. Ӯ аҳамияти географияро асосан дар он медид, он ҷумла Мисрро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ӯ омӯзиши чунин масъалаҳои «назариявӣ» аз қабили шакл ва намуди Замин ва ғайраро қатъиян рад мекард. Посидоний то як дараҷа олими дигар хел буд. Ӯ низ «Таърих»-ро бо иловаҳои географӣ таълиф намуда, асари худро ҳамчун идомаи асари Полибий дар назар дошт. Ғайр аз ин, Посидоний асаре бо номи «Дар бораи уқёнус»-ро менависад. Ҳардуи ин асарҳо боқӣ намондаанд, вале онҳ8оро Страбон васеъ истифода бурдааст.

C:\Users\USER\Music\эратосфен.jpg
C:\Users\USER\Music\гомер.jpg
C:\Users\USER\Music\с.jpg

Эратосфен Гомер Посидоний

Географияи Посидоний на танҳо моҳияти тавзеҳотӣ, балки моҳияти нақлӣ ҳам дорад, аз ин рӯ, норозигии Страбонро ба вуҷуд оварда, Посидонийро барои он таъна мекунад, ки ӯ пайрави математика ва физика мебошад, ва ҳам барои он, ки «ба таҳқиқи сабабҳо машғул шуда, ҳамин тариқ, ба Арасту пайравӣ кардааст».

Рисолаи «Дар бораи уқёнус» аз рӯи сохтор ва мазмуни худ ба «География»-и Эратосфен шабоҳат дорад. Он бо таърихи география оғоз ёфтааст, аниқаш бо таҳлили муфассали тасаввуроти фазогии Гомер. Сипас баҳрнавардии қадимро тасвир менамояд, баъд – тағйиротҳоеро баррасӣ менамояд, ки аз болою пастшавии қисмати болоии замин ба амал меоянд. Посидоний мавҷудияти воқеии Атлантидаро, ки нахустин бор Афлотун баён карда буд, имконпазир мешуморад. Ӯ инчунин таълимот дар бораи тасмаҳои гарми Замин, масъалаҳои тағйироти кураи замин, тақсимоти хушкӣ ба сфрагидҳо (қитъаҳои замин)-ро баррасӣ карда, инчунин ойкуменҳо (ҷойҳои имконпазир барои зиндагонӣ)-ро тасвир месозад.

Посидоний андозаи давродаври Заминро аз нав чен кард ва нисбат ба оне, ки Эратосфен нишон дода буд, бузургии хеле кам ба миён омад. Ба ин иқдом барои он даст зад, ки ба кори кардаи Эратосфен на он қадар бовар кард. Ҳисобҳои худро Посидоний дар асоси мушоҳидаҳо ба баландии ситораи Канопус дар ғуруб дар Искандария ва дар ҷазираи Родос сохта, чунин пиндошт, ки онҳо дар як арз воқеъ гардидаанд. Масофа дар байни ин нуқтаҳоро ӯ бо вақти миёнае, ки киштиҳои бодбондори дар байни ин ду нуқта сарф карданд, муайян намуд. Дар натиҷаи ин ченкунӣ дарозии давродаври Заминро 28 400 кидлметр баробар муайян кард.

Дар империяи Рим корҳои харитакашии роҳҳо бо шиддат давом мекарданд. Бо амри император Август (солҳои 30 то милод – соли 12 милодӣ) харитакашии роҳҳо барои зарурати ҳарбӣ сурат мегирифт. Марк Випсаний Агриппа то соли 20 милодӣ натиҷаҳои ин харитакашиҳоро ба харитаи империя дохил мекунад, ки он дар айвони (портики) яке аз қасрҳои Рим инъикос гардида буд. Доираҳои болоии Римро донистани масофаҳо лозим буд. Дар амал ин харитакашӣ аз харитаи воқеӣ дида, бештар нақшаи хатсайрро мемонд. Хеле баъдтар Клавдий птоломей коркарди асосҳои математикии картографияро оғоз менамояд.

ДАР БОРАИ АҚИДАҲОЮ ТАСАВВУРОТИ ГЕОГРАФИИ СТРАБОН. Географ-мамлакатшиноси бузургтарини Рими Қадим бегуфтугу Страбон буд – юнонӣ аз Амасияи воқеъ дар Осиёи Хурд (солҳои 64/63 то милод – 23/24 милодӣ), ки рисолаи «Гуография»-ро дар 17 ҷилд навиштааст. Ҳамаи ин рисола боқӣ монда, то замони мо омада расидааст. Ба ӯ «Таърих» низ, ки аз 43 китоб иборат буд, ки мутаассифона, боқӣ намондааст.

Ду китоби авали «География»-и Страбон моҳияти муқаддимавӣ доранд. Дар онҳо мухтасар ба таърихи география дахл карда ҷуғрофияшиносони аввалинро номбар кардааст. Зимни онҳо дар рушди география махсусан ба Гомер баҳои баланд додаст. БаъдСтрабон ба масъалаҳои тағйирёбии рӯи замин ва ченкунии андозаи Замин ва ойкумен (минтақаҳои сукунат) мегузарад ва дар идома баъзе масъалаҳои дигари мавзӯро низ баён менамояд.

Дар китоби дуюми рисолаи ӯ асосан дар бораи муайян кардани масофа дар байни нуқтаҳои гуногун сухан меравад. Дар тасаввуроти ҷуғрофии худ Страбон на онқадар навовар мебошад. Ӯ андешаҳои асосиро аз Эратосфен, Полибий ва Посидоний гирифта, охиринро «аз ҳама олим-файласуфи беҳтарини замони мо» номидааст. Вале Страбон бо ҳамроҳии ҳамаи муаллифони номбурда сахт баҳс мекунад. Вале дар охир ҳамаи даъвоҳо ва ғояҳои онҳоро қабул мекунад.

Ҳамаи 15 китоби дигари Страбон моҳиятан сохтор ва мазмуни кишваршиносӣ доранд. Страбон шарҳи ҳоли мамлакатҳои ба ӯ маълумро аз Иберия сар карда, баъд, Келтика, Британия, Алпҳо Ҳимолой, Юнон, Қафқоз ва мамлакатҳои дигарро тавсиф менамояд. Қисматҳои нисбатан авоибу навоварона ба Осиёи Хурд, Миср ва Либия бахшида шуда, дар тасвири онҳо ҳамчун шоҳиду донандаи ин давлатҳо баромад мекунад

Дар фаъолиятиилмии худ Страбон бисёр вақт аз сарчашмаҳои кӯҳнаю на он қадар боэътимод истифода бурдааст. Аз асарҳои олимони муосири римии худ ниҳоят кам иқтибос меовард. Дар баробари сарчашмаҳои адабӣ ӯ инчунин аз маълумотҳои шифоҳии шоҳидони воқеаҳо ва овозаҳои гуногуни носанҷида ба таври васеъ истифода мебурд. Страбон ошкоро қоил мешуд, ки «қисмати зиёди маълумотро ҳам ҷуғрофҳои дигар ва ҳам манн аз овозаҳо ба даст медарорем»

ОҒОЗИ ГЕОГРАФИЯИ ЛОТИНӢ. Ба ин ҷумла Помпоний Мела, Лютсий Анней Сенека Плинийи Калонӣ Марин аз Тур дохиланд. Географияи аввалини лотиниро бо номи «De Chorographia» Помпоний Мела наздики соли 43 то милод навиштааст. Ин асар ҳаҷман ҳаҷман хеле калон буда намунаи компилятсия (бештар рӯйбардорӣ аз дигарон)-кунӣ буда, аз рӯи аз рӯи сарчашмаҳои юнонии ва баъзан пурра кӯҳнашуда навишта шуда буд. Дар ин асар муаллиф соҳилҳои баҳрҳо, шаҳрҳо дарёҳо, халқҳо ва ҳаргуна иншоотҳои тамошобобро тасвир карда, қиссаҳои кӯҳнаро дар бораи одамони дорои каллаҳои сагдошта ва ё дорои гӯшҳои калон – калон бе ягон танқид такрор мекардДар бораи табиат, ғайр аз баъзе эродҳои тасодуфӣ ягон маълумоти сазовор ба боварӣ надорад. Худи муаллиф бар он ақида аст, ки вазифаи асосии тасчвири Замин аз он иборат мебошад, ки рӯйхати номҳои халқҳо ва ҷойҳо аз рӯи тартиби муайян пешниҳод карда шавад. Тасвиру тавсифи мамлакатҳоро қад-қади соҳилҳо медиҳад: ду китоби аввал ба соҳилҳои ба мамлакатҳои наздисоҳилии Баҳри Миёназамин бахшида шудааст, китоби сеюм бошад, – ба қисмати боқимондаи хушкие, ки дар соҳилҳои уқёнус воқеъ гардидаанд

Рисолаҳои файласуфи Рим Лютсий Анней Сенека (соли 4 то милод – соли 85 милодӣ) дар бораи Ҳиндустон ва Миср низ ба асри I мансубанд. Сенека арбоби намоёни сиёсӣ ва нависанда намояндаи шӯълавари стоитсизм ва мураббии Нерон буд. Бо супориши Нерон ӯ худкушӣ мекунад. Нафрат ба марг, таблиғоти озодӣ озодӣ асарҳои фалсафию ахлоқии ӯ «Номаҳо ба Лутсия»-ро аз рисолаҳо ва фоҷеаҳои суханварии (риторики) «Эдип», «Медея» ва ғайра фарқ мекунониданд.

Вале ин асарҳо асарҳо то ба мо омада нарасидаанд ва онҳоро мо аз рӯи иқтибосҳои Плинийи Калонӣ (солҳои 23 – 79 милодӣ) медонем, ки ӯ олими бузург ва энсиклопедчӣ буд.. Аз 37 китоби «Таърихи табиат» «Historia Naturalis чортои онҳо ба география бахшида шудааст Вале мазмуни асосии онҳоро номбаркунии номҳои ҷуғрофӣ ва масофаи байни нуқтаҳои Империяи Рим бахшида шудаааст. Дар асари ин муаллиф чун дар асари Помпоний Мела ҳаргуна воқеаҳои асотирӣ аз асарҳои муаллифони қаблӣ оварда шуда, ба онҳо хатоҳои худи ӯ илова шудаанд. Мувофиқи гуфтаи Плиний Аврупо аз 2/1 ҳиссаи тамоми хушкии бо одамон сокинбударо ишғол менамояд, вале Ҳиндустон бошад аз 3/1 ҳиссаро. Ӯ баландии Алпро ба 50 ҳазор қадам баробар медонад. Муҳаққиқони зиёд дониши географии кифоя надоштани Плиний ва бидуни танқид истифода бурдани манбаю сарчашмаҳоро қайд кардаанд. Сарфи назар аз ин азбаски рисолаҳои Плиний бо забони лотинӣ навишта шуда буданд,дар замони асрҳои миёнаи барвақта ба таври васеъ паҳн шуда буданд.

Дар географияи замони Рим асарҳои Марина аз Тир (наздики солҳои 107 – 114 таълиф намудааст), инчунин ситорашинос, математик ва ҷуғрофияшиноси маъруфи искандария Клавдий Птоломей (солҳои 90 – 168), муаллифи чунин асарҳои бунёдӣ чун «Сафкашии бузург» ва «Дастур оид ба география» мақоми махсусро ишғол менамоянд.

Марин дастури нисбатан ҳаматарафаи ҷуғрофӣ таҳия намудааст, то ба замони мо омада нарасидааст ва дар он рӯйхати нуктаҳо бо нишондоди самтҳо мувофиқи мафҳумҳои географӣ инъикос гардидааст. Асари Маринро Клавдий Птоломей дар асарҳои назариявӣ ва картографии худ ба таври васеъ истифода бурдааст.

Птоломей баъд аз таълифи «Алмагестом» даст ба мураттабсзии «Дастур оид ба география» мезанад,ки он аз ҳашт китоб иборат мебошад. Кори худро дар ин масъала аз омӯзиши мазмуни асарҳои Марин оғоз менамояд. Птоломей тури аз тарафи Гиппарх сохташударо интихоб менамояд, ки он ба тақсими давра ба 360 градус тақсимкарда асос ёфтааст. Ҳамин тариқ, ӯ имконият пайдо намуд, ки аз назари математикӣ ҷои воқеъбудаи ҳар гунна нуқтаро аниқ муайян созад. Птоломей чунин мешуморид, ки харитаҳо бояд дар асоси маълумотҳои астрономии координатҳо сохта шаванд. Дар назди худ мақсад гузошт, ки хатоҳои Маринро ислоҳ карда, маълумоти бадастомадаи ӯро ба сифати асосҳои объективӣ баҳри харитаи нави ҷаҳон мураттаб сохтан истифода барад.

Ҳамин тариқ, географияи антиқӣ дар самтҳои гуногун сохта шуда буд. Самти тасвирию кишваршиносӣ («картографӣ»), ки намояндаи шӯълавари он Страбон буд, моҳияти гуманитарӣ дошта ва ба таърих алоқаи зич дошт. Самти дуюмро, ки онро Птоломей ифода мекард, метавон математикию ҷуғрофӣ номид. Ба доираи он фаҳмидани масъхалаҳои фиа андозаи сайёраи мо , коркарди проексияҳои картографӣ, ва аз ҳама муҳимтараш муайян намудани координатҳо бо мақсади мураттаб сохтани харитаи Замин дохил мегардиданд. Самти сеюм, ки он ҳоло то ба охир ба консепсияи мустақили илмӣ ташаккул наёфта буд, ин – самти физикаю географӣ мебошад.

ИЛМИ ЗАМИНШИНОСӢ (АГРОНОМИЯ)

Млми агрономия дар Рим асосан дар асрҳои охирини маҷҷудияти Ҷумҳурии Рим ба вуҷуд омадааст. Он дар завал дар аминаи киштгардонӣ дар зироатпарварӣ бештар ба назар мерасад. Масалан, низоми зироатпарварии шиддатнок, ки онро дар асри II то милод Катон тавсия медиҳад, дар замони Варрон (миёнаҳои асри I то милод) бояд ҷиҳатҳои самараноку камсамари онро нишон медод. Дар муддати тулонӣ истифода бурдани хоки ҳосилхез дар баъзе ноҳияҳои Италия дар тулии қариб якуним аср бояд заминдоронро ба эҳтиёткорона муносибат кардан нисбати заминро ёд медод. Варрон ва Виргилий ҳамеша дар бораи зарурати дам додани замин сухан ронда, хуб мефаҳмиданд, ки ба заминҳое, ки ҳар сол киштукор карда мешаванд камҳосил мешаванд, барои ҳамин ба онҳо бояд пору андохтан лозим аст ва ё соли оянда дар онҳо киштукор карда нашаванд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Тасвири кишоварзӣ дар Рими Қадим

Виргилий бошад, рӯирост мегӯяд, ки дар қитъаи замин бояд намуди кишт иваз карда шавад. Чун дар замони Катон дар мавриди киштгардони замин, кишт кардани зироатҳои лубиёгӣ, аз он ҷумла омехтаи зироатҳо бо як ҷоягии ҷав барои хӯроки чорво кишт кардан анъана шуда буд. Вале зироатпарварони Рими қадим донишҳои агрономиро бештар аз давлатҳои қадими Шарқ, аз он ҷумла аз Байнаннаҳрайн мегирифтанд. Давлати Шумер, ки дар он ҷо аз оғози асри IV арзи вуҷуд кардааст, шабакаи ирригатсионии (обёрикунандаи) рушдёфта дошт. Иқлими гарм заминҳои ҳосилхез ва обёрӣ ба мардуми дар он сукунатдошта имконият фароҳам оварда буд, ки ҳосили баланд ба даст оваранд. Тахтачаҳое, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ аз ин ҷо ёфта шудаанд дар онҳо «Тақвими кишоварз» инъикос гардида, онҳо дар амал аввалин ҳуҷҷатҳои хаттии таърихӣ мебошанд дар бораи заминдорӣ буданд. Дар онҳо оид ба киштукор ва то ҷамъоварии ҳосил маслиҳат дода шудаанд. Вале ин давлат дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигари давлатҳои минтақа, ва тохтутози қабилаҳои кӯчманчии даштӣ дар ҳазорсолаи II то милод аз байн меравад.

Мири қадим дар ҳазорсолаи III то милод дар сатҳи пешрафти худ аз давлати Шумер ҳеҷ монданӣ надошт. Вазъи кишоварзӣ дар мисри қадим он замон ба истифодаи оби дарёи Нил ва лойоқаи серғизои он, ки дар киштзорҳо такшин мешуд, алоқаманд буд. Сатҳи баланди кишоварзӣ дар миср он вақт ба рушди илмҳои астрономия, геометрия, тригонометрия, бинокорӣ ва санъат мусоидат менамояд.

Таърихи сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар Юнон ва Рим бо сохти ғуломдорӣ иваз мешавад. Дар он ҷо чунин сохти дар сатҳи баланд рушдёфта дар Юнон ва Рим ба амал меояд. Маълумот дар бораи зироатпарварӣ дар олами антиқӣ дар асапрҳои як қатор олимон, шоирон ва нависандагони ин мамлакатҳо инъикос гардидааст Аз назари илмӣ онҳо онҳо ақлонӣ (эмпирикӣ) буда, барои кишоварзии имрӯза аҳамияте надоранд. Вале дар вақти худашон ин ҳуҷҷатҳои хаттӣ дар тарғиботи таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ мақоми мусбатро иҷро кардаанд ва имрӯз барои таърихи рушди тафаккури агрономӣ боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

Аз рисолаҳои Юнони қадими то ба мо боқимонда бояд достони гесиод «Меҳнатҳо ва рӯзҳо» ном бурда шаванд, ки дар он маслиҳатҳо оид ба сохтани испор (омоч) ва коркарди хок маслиҳатҳо зикр ёфта, дар он тақвими корҳои кишоварзӣ оварда шудааст,ва рисолаи Теофраст (солҳои 372 – 287 то милод) оид ба ботаникаро мичсол овардан мумкин аст, ки дар он таснифи растаниҳо дода шуда ва маълумот дар бораи парвариш ва истифодаи онҳо иншо карда шудааст. Аз асарҳои боқимонди муаллифони римӣ асарҳои Катон, Варрон, Колумелла ва Плиний боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

C:\Users\USER\Music\катон.jpg
C:\Users\USER\Music\варон.jpg
C:\Users\USER\Music\колумелла.jpg

Катон Варрон Колумелла

Катон (солҳои 234 – 149 то милод) рисолаи хеле васеъ офаридааст, ки он маҷмӯаи маслиҳатҳои амалӣ оид ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии кишоварзӣ – киштукор, алафзорпарварӣтокпарварӣ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра мебошад. Маслиҳатҳо оид ба корҳои саҳроӣ асосан аз коркарди баландсифати ва нармкунии хок мансубанд. Ба саволи он, кик -Кадом чиз нигоҳубини хуби майдони кишт ба ҳисоб меравад? –ҷавооб медиҳад, ки шудгор кардан, дуюм ҳам шудгор кардан ва , сеюм, обёрӣ кардан.

Варрон (солҳои 116 – 27 то милод). Ӯ бори аввал зироатпариро илм мешуморад. Дар рисолаҳои худ Варрон дар бораи зарурати ҳамоҳангии заминдорию чорводорӣ фикр баён кардааст. Дар идомаи фикри худ менависад, ки истифодаи заминҳоро вобаста ба сифати хоки онҳо истифода бурдан лозим аст ва нисбати киштгардонии ироатҳо, дар бораи муносибати эҷодкорона оид ба истифодаи усулҳои агротехникӣ бо дар назардошти шароитҳои мушаххаси хоку иқлим фикр баён кардааст.

Колумелла (асри I милодӣ) дар ҳамон замоне зиндагонӣ кардааст, ки дар Италия заминдории калони ба меҳнати ғуломон асосёфта пурра таҳким ёфтааст. Сабабҳои апоёнравии ҳосилнокии соҳаи кишоварзиро таҳлил карда Колумелла фикрро дар бораи он ки гӯё,замин бо сабаби монда шудану аз кор баромаданаш қувват надорад, ки ба одамон ризқу рузӣ диҳадро рад мекунад. Ӯ мефармояд, ки ин ҷо сухан дар бораи қаҳру ғазаби осмон намеравад, балки ин гуноҳи худи мо аст, ки замин кам ҳосил медиҳад. Одами соҳибақл бовар намекунад, ки хок пир шуда бошад. Ба замин пору андохтан лозим аст ва он гӯё ғизо истеъмол карда бошад, қувваи худро аз нав барқарор мекунад. Ба замин тез-тез пору андохтан лозим аст, саривақт ва ба таври мӯътадил. Маслиҳат медиҳад, ки заминро чуқур шудгор кардан лозим ас тки ин воситаи дигари мубориза бар зидди беқувватшавӣ ифлосшавии хок мебошад. Колумелла низ ҳамоҳангии ззироатпарвариро бо чорвопарварӣ дастгирӣ менамояд. Барои дар ҳаҷми хеле зиёд тайёр кардани пору ва сифати баланди он пешниҳод мекунад, ки нигоҳдории чорво дар отар ҷорй карда шавад. Ӯ дар бораи намудҳои гуногуни пору, дар бораи истифода бурдани пушки парранда, дар бораи тайёр кардани тарит муфассал маълумот медиҳад. Поруи маъдании ӯ хокистар ва поруи кабуд тухми тирмис ба ҳисоб мерафт.

Плинийи Калонӣ (солҳои 23 – 79 милодӣ) нисбат ба боваркунанда (оптимист) Колумелла муваффақшавӣ серҳосилгардонииа замин дар шароити иқтисодиёти рӯ ба таназзулбудаи хоҷагии ғуломдорӣ имконнопазир мебошад, чунки ғуломон ба натиҷаҳои меҳнати худ манфиатдор нестанд. Плиний аз ҷумлаи муаллифони римӣ шахси охирине буд, ки оид ба масъалаи кишоварзӣ навиштааст.

test

Добавить комментарий