Шаҳрсозӣ дар Рим

Ба вуҷуд омадани империя, ки ба устуворшавии ҷомеаи ғуломдории дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин баъда аз ҷанги граждании пурҷӯшу хуруш дар асри I то милод таконе дод ба рушди шаҳрсозии антиқӣ дар империяи Рим. Асрҳои аввалини милодӣ сохтори устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии маълуми империя хос мебошад. Ваҳдати дуру дарози дохилӣ, ҷангҳои бомуваффақонаи беруна, ваҳдати табақаи ҳукмрон ки беш аз пеш натанҳо ғуломодорони Рим, инчунин ғуломдорони мумлакатҳои ишғолкардаи Римро низ дар бар гирифта буд, дар маҷмӯъ ба ин устуворӣ мусоидат намуданд.

Бо ҳамин сабабҳо дар асрҳои I – II то милод нашъунамои шаҳрсозӣ ба мушоҳида расид, ки инъиеоси равшани он дар бунёди шумораи зиёди шаҳрҳои нав, махсусан дар музофотҳои ғарбии империя ба назар мерасад. Дар баробари ин, шаҳрҳои кӯҳна эҳё ва ё аз нав сохта мешуданд. Шаҳрҳои зиёди Юнон ва олами эллинистӣ, ки баъди истилои Рим иншоотҳое бунёд карда шуданд, ки ба иншоотҳои римӣ шабоҳад доштанд, ба худ симои нав мегиранд. Сохтмони пӯлҳо, роҳҳо ва иншшоҳои бандарҳо, ки дар замони ҷумҳурӣ оғоз карда шуда буданд, боз ҳам ба таври васеътар паҳн мегарданд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Сохтмон дар Рими Қадим

Дар асри III то милод дар алоқа бо бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ гирифтор шудани империяи Рим корҳои вобаста сохтмон камтар шудан мегиранд. Ин давра бо соддакунии принсипҳлои шаҳрсозӣ маълум аст. Дар ҳама ҷо анъанаҳои маҳаллӣ эҳё ва пурзӯр мешаванд. Дар баробари ин нақшу мақом ва аҳамияти қалъанаҳо, ки барои ҳимояи сарҳадҳои империя аз торафт пурзуршавии фишори варварҳо таъйин гардида буданд, афзоиш меёбад.

Ҳудуди таърихие, ки охири таърихи шаҳрсозии антиқиро ташкил мекунад, асрҳои IV – V то милод мебошад. Ин вақт поёнравии империяи рим ба амал омада, он дар қисмати ғарбии он бо ҳамроҳии забткориҳои варварҳо сурат мегирад, ки он қисмати зиёди марказҳои шаҳриро фаро мегирад. шаҳрҳои каме, ки боқӣ монда буданд, давраи таназзул ва холишавиро аз сар мегузарониданд. Дар қисмати шарқии империя табдилёбии шаҳри ҷомеаи ғуломдорӣ ба шаҳри феодалӣ сурат гирифта, дар доираи давлати Византия рушд мекард.

Ба шаҳр табдилёбӣ (урбанизатсия) дар музофотҳо инъикоси сиёсати иҷтимоии давлати ғуломдории Рим ва талаботи ҳаётии империя буд. Сохтмони шаҳрҳо дар вилоятҳо нав истилошуда натанҳо мақсади бунёд кардани марказҳои истеҳкомдор дар қаламрави истилокарда дошт. шаҳрҳои нав бунёдкарда мақоми мунитсипҳои римиро мегирифтанд, ки дар онҳо ҳам римиҳои муҳоҷир ва ҳам намояндагони табақаи ҳукмрони аҳолии маҳаллӣ ба ҳуқуқҳои гражданӣ соҳиб мешуданд. Тамоми сохти ин мунитсипиҳо (забони лотинӣ, меъёрҳои ҳуқуқи Рим, ҳукмронии урфу одат ва анъанаҳои римӣ, парастиши император) ба тарафи Рим ва романикунонии минбаъдаи аввал табақаҳои болоӣ ва баъд аҳолии тамоми музофотҳо мусоидат мекард. Низоми шаҳрҳои музофотӣ он маркази ҷолибе буд, ки империяро муттаҳид менамуд, ки он қаламрави бузургро дар бар гирифта, дар он халқҳои гуногун сукунат доштанд. Маҳз бо ҳамин сабаб аҳамияти бузурги шаҳрҳои Рим ва он нашъунамои шаҳрсозиро нишон медиҳад, ки мо дар асрҳои аввали мавҷудияти империя мушоҳида мекунем.

C:\Users\USER\Music\рим.jpg
C:\Users\USER\Music\л.jpg

Рими Қадим Театр дар Искандария

Марказҳои кӯҳнаи тиҷоратӣ ва косибӣ мавҷудияти худро давом медоданд, аз он ҷумла: Коринф, Милет, Пергам. Шаҳрҳое мақоми баланд доштанд, ки аҳамияти маъмурӣ доштанд ва барказҳои музофотҳои паҳновар буданд. Дар онҳо ҳокимони римии вилоятҳо бо дастгоҳи калони маъмурӣ мавҷуд буданд, дар худи ҳамон ҷойҳо легионҳо мустақар буданд, ки ин музофотҳоро зери назорат доштанд, масалан, дар Антиохия, Пергам ва ғайраҳо. Афина аҳамияти маркази маъмурии музофоти Ахайяро аз даст надода, дар айни замон торафте ба як навъ мақоми шаҳри маркази мадания соҳиб мегардид, ки аҳамияти он пеш аз ҳама бо ёдгориҳои гузашта ва мактабҳои фалсафие муайян карда мешуд, дар ин шаҳр вуҷуд доштанд.

Ва ниҳоят, пойтахтҳои империя категорияи махсуси шаҳрҳоро соҳиб буданд: аввал Рим ва баъд Константинопол, ҳамчун шаҳр, дар баробари марказҳои маъмурӣ будан (бо қасри император. Ашрофони олӣ, гурди император) шаҳрҳои тайёрхур ва марказҳои истеъмол ҳам ба шумор мерафтанд. Аз он ҷумла аҳолии соҳибҳуқуқи камбағали Рим дар сатҳи хеле зиёд бо нони бепули императорӣ таъмин карда мешуд. Барои хурсанд кардани ин анбӯҳ базму тамошоҳои бодабдаба, тамошои барномаҳои сирк, ҷангонидани ҳайвоноти дарранда ва ҷангҳои гладиаторӣ доир гардонида мешуданд, ки онҳо хеле қиммат меафтиданд. Гуфтан кифоя аст, ки баъзан гладиаторҳои дар майдон (арена) баромад мекардагӣ ба якчанд ҳазор нафар мерасид. Ва ниҳоят шаҳрҳои типи фароғатгоҳ мавҷуд буданд, ки дар соҳилҳои халиҷи Неапол воқеъ гардида буд. Ба ин ҷумла Бей ва Помпей дохил буданд.

Ниҳоят, махсусан шаҳрҳои сершуморе, ки барои замони империяи Рим ҳамчун урдугоҳи ҳарбӣ пайдо шудаанд, хос мебошанд. Чунин шаҳрҳо дар империяи Шарқии Рим низ вомехуранд, вале нисбатан ба шаҳрҳои қисмати ғарбии он хос мебошанд. Шаҳри чунин намуд мақоми марказҳои маъмурӣ,иқтисодӣ ва мадании навоҳии начандон калони кишоварзиро иҷро мекарданд.

Масалан, Искандария, дар баробари он, ки маркази маъмурии Миср буд дар баробари инмаркази калонтарини косибӣ ва тиҷорати калони байналмилалӣ дар шарқ (Ҳиндустон, Чин) мондан гирифта буд. Худи ҳамин суханҳоро нисбати Антиохия низ гуфтан мумкин аст. Ҳатто дар Рим, ки он ғолибан маркази маъмурӣ ва истеъмолӣ буд, дорои истезсолоти махсуси косибии рушдёфта – асосан ҷои истеҳсоли ашёҳои карру фар маҳсуб мешуд.

Таъсири низоми мутаносиби принсипҳои шаҳрсозии Рим на танҳо ба бунёди шаҳрҳои нав, балки дар мавриди эҳёсозии (реконструксияи) марказҳои кӯҳнаи кайҳо ташаккулёфтае, ки асосан дар қаламрави нимаи шарқии империя воқеъбуда ҳам, таъсир мерасонид. Симои римиро пеш аз ҳама на он шаҳрҳое гирифтаанд, ки аз рӯи нақша нею ба таври стихиявӣ (масалан, шаҳри Афина) ба вуқӯъ пайвастаанд, балки он шаҳрҳое мегирифтанд, ки аз рӯи низоми шаҳрсозии Гипподам бунёд карда шудаанд.

C:\Users\USER\Music\помпей.jpg
C:\Users\USER\Music\ПРЕТОРИЯ.jpeg

“Шаҳри мурда”: Помпей Биное дар шаҳри Претория

Бештари шаҳрҳои нави замони империя аз рӯи намуди мустақаргоҳи (урдугоҳи) ҳарбии римӣ бунёд карда шуда буданд. Ин шаҳрҳо бештар аз тарафи лашкаркашони охири ҷумҳурӣ ва замони императорӣ сохта шудаанд. Баъди анҷоми ҷанг ин лашкаркашон артшро хона ба хона ҷавоб медоданд. Аскарҳо ҳамчун мукофот барои хизмат замин ва пул гирифта ба таври дастаҷамъона шаҳрҳои чунин тип бунёд карда, дар онҳо сокин мешуданд. Чунин шаҳрҳо дар Италия (дар он ҷо сулла 12 чунин шаҳр ва август бошад, зиёда аз 30 шаҳр) ва ҳам дар музофотҳо ба вуҷуд меомаданд. Шумораи зиёди чунин типи шаҳрҳо дар шаҳрҳои импрерия бунёд мешаванд. Онзо бевосита аз урдугоҳҳои ҳарбӣ ба шаҳрҳо табдил ёфтаанд.

Нисбат ба фарқияти шаҳрҳои юнонӣ, ки аз рӯи низоми Гипподам сохта шуда, шакли турмонанди чоркунҷаи кӯчаю хиёбонҳоро дошт, шаҳрҳои римӣ дар баробари низоми дурусту дақиқи суроби (контури) дохилӣ, нақшаи шаклаш геометрии дурусти росткунҷа ё мураббаъшакл буд. Нодурустии суроби (контури) шаҳри юнонӣ длар он ифода ёфта буданд, ки онҳо бо маҳал мувофиқ кунонида шуда буданд, Дар шаҳри римӣ. Чун дар урдугоҳ (лагер) ду кӯчаи асосии шаҳр ки нисбат ба кӯчаҳои дигар паҳнои хеле васеъ доштанд ва шаҳрро ба ду қисм мекунанд, ки тури кӯчаю паскӯча ва хиёбонҳо бо ҳамдигар мутаносибанд. Дар маркази шаҳр майдон – форум воқеъ гардидааст. Форум ё маркази геометрии шаҳрро, ва ё он вобаста ба шароити маҳаллӣ аз меҳвари шаҳр то як дараҷа аз он дуртар ҷой дода мешуд. Истеҳкомҳо шаҳрро аз рӯи периметр дар бар гирифта ва дар маркази ҳар кадоми онҳо дарвҷоза воқеъ мебошад. Маҳз чунин нақшаи дошт шаҳри Августа Претория (имрӯза Аоста), ки онро Август дар соли 28 то милод бунёд карда буд, ба он ҷое ки ӯ 3 ҳазор преториягиҳои (аскарони гурд) ҷавобдодаро сокин кунонидааст. Инчунин шаҳрҳои Августа Таврин (имрӯза Турин), Флоренсия, Лукка, Тимгад ва шаҳрҳои зиёди дигар ҳамин хел бунёд карда шуда буданд.

Артерияҳои асосии шаҳрӣ (декуманус и кардо) одатан аз рӯи васеъгии худ фарқ мекарданд ва тавре ки шуморида мешуд докуманус бояд нисбати кардо ду баробар васаътар буда, паҳнии он бояд ба 12 метр баробар бошад. Кӯчаҳои дигари шаҳр нисбатан тангтар буданд. Гарчанде, ки ин қоида ба таври ҷиддӣ риоя карда намешуд, рақамҳое, ки аз натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносон маълум гардидаанд, бисёр вақт ба ин ҳисобҳои назарӣ наздик мебошанд. Ҳамин тариқ, дар помпей паҳмии роҳҳои (артерияҳои) асосӣ 9 метрӣ, кӯчаҳои паҳлугӣ 4, 5 метрӣ будаанд. Дар Либерн декуманус 13 метр мебошад, ба вуҷуд меомадандр эфес – 12 метр. Одатан таксимот ба таври ҷиддӣ дар байни ду қисмати роҳ ва пиёдагард (тротуар) риоя карда мешуд, ки он аз сатҳи кӯча якчанд даҳсантиметрҳо баландтар меистод ва баъзан то 1 метрро ташкил менамуд

C:\Users\USER\Music\лука.jpg
C:\Users\USER\Music\тимгад.jpg

Шаҳри Лукка Шаҳри Тимгад

Барои гузагтан аз кӯча блокҳои сангин гузошта мешуданд, ки онҳо тарзи ҷо ба ҷо карда шуда буданд, ки ба ҳаракати аробаю улоғҳо халал расонида нашавад, онҳо аз з як роҳрав ба роҳрави дигар гузашта, кӯчаро убур намекарданд. Дар замони империя кӯчаҳзои колоннадӣ васеъ паҳн мешаванд. гарчанде, ки онҳо аллакай дар замони эллинистӣ маълум буда, истифодаи васеи онҳо дар замони империя оғоз меёбад,замоне, ки онҳо дар шаҳрҳоисершумор вомехуранд.

Колонадҳое, ки дар ду тарафи роҳравҳо ва кӯчаҳо бунёд карда мешуданд, ба ҳифзи пиёдагардҳо аз офтоби сӯзон ва бориш нигаронида шуда буданд. Бисёр вақтҳои кӯачаҳои колонадӣ хеле дуру дароз буданд. Дар Эфес чунин кӯча аз ғарб ба шарқ тамоми шаҳрро бурида мегузашт. Дар Антиохия дарозии умумии кӯчаҳои колонадӣ 25 километрро ташкил менамуд. Сохти кӯчаи колонадӣ дар Палмира аҷиб мебошад: дар ҳарду тарафи хиёбони марказӣ дар масофаи 1135 метр 375 сутуни баландиашон 17 метрӣ ҷойгир буданд. Колонад дуқабата буд ки ба қабати якуму дуюм ба воситаи норбон баромадан мумкин буд ва кас метавнист дар боло сайру гашт карда аз боло ба ҳаёти серғавғои кӯчаҳо назар андозад. Дар Рим ҳам дар як қатор кӯчаҳо колонадҳо бунёд карда шуда буданд.

Кӯчаҳои колонадӣ шоҳроҳҳои асосии шаҳрро фарқ кунонида, ба шаҳр намуди монументалӣ мебахшиданд ва бисёр вақт бо аркҳо фотеҳ ва ё титрапилаҳои дар чорраҳаҳо бунёдкарда анҷом меёфтанд.

Рушди марказҳои калони шаҳрӣ тақозо мекарданд, ки шумораи иртибототи (коммуникатсияҳои) шаҳрӣ зиёд карда шавад. Мушоҳидаҳои сершумори нависандагони антиқӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳаракат дар кӯчаҳо дар замони империя дар шаҳрҳои калон аз ҳад зиёд шиддатнок шуда будаанд ва васеъгии кӯчаҳо одатан тангӣ мекардааст. Кӯчаҳо аллакай аз ӯҳдаи вазифаҳои асосии худ (роҳе бошанд барои ҳаракат дар кӯча) баромада намепютавонистанд. Ин махсусан дар шаҳрҳои таърихан ташаккулёфта бо нақшаи стихиявии бунёди онҳо.

Дар баробари ҷамъшавии оммаи аҳолӣ дар қаламрави маҳдуди шаҳрҳои калон, боз як қаторсабабҳое мавҷуд буданд, ки шиддати ҳарактро дар кӯча ба вуҷуд меоварданд. Дар ноҳияҳо дифференсиатсияи биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои савдою саноатӣ вуҷуд надошт. Дар шаҳри антиқӣ маҳалҳои тараққикардаи наздишаҳрӣ ва нақлиёти шаҳрӣ вуҷуд надошт,ки ин ба рушди шаҳрҳо дар самти васеъгии онҳо халалдор мешуд.

Дар марказ қисмати зиёди он дар ихтиёри маҷмааҳои императорӣ ва иншоотҳои ҷамъиятӣ буда, аҳолиро ба тарафи худ мекашиданд ва дар айни замон майдон барои сохтанн манзил ниҳоят кам мемонд Ғайр аз ин, шаҳрҳои калони Рим табақаи зиёди люмпен-пролетарҳоро дошт. Аз ин рӯ, кӯчаҳо доимо аз мардуми қаторӣ пур буданд.

Дар Рим кушиши мубориза баҳри ба бетартибӣ хотима додан дар кӯчаҳои шаҳр аллакай аз тарафи Юлий Сезар дар соли 45 то милод сурат гирифта буд. Ӯ даромадани ҳама аспсаворро ба Рим баъди фурӯғи офтоб то ғуруби он манъ кард. Танҳо барои аробаҳо истисно карда шуда буд, чунки онҳо барои ибодатхонаҳо ва биноҳои ҷамъиятӣ масолеҳи сохтмон мекашониданд ва аз он ҷойҳо ахлот мебароварданд.. Чунин қоидаҳо дар дар шаҳрҳои калони дигар ҳам вуҷуд доштанд. Вале ин манъкунӣ мушкилоти дигарро ба миён овҷард. Садои шабона аз ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Рим як бадбахтие буд. Ювенал менависад, ки дар шаҳр танҳо одамони сарватманд ором хобида метавонистанд. Масъалаи фароғати шабона масъалаи иҷтимоӣ буд, чунки намояндагони болоии ҷомеаи Рим дар биноҳои аз садои шаҳрӣ хуб ҳифозатшаванда сокин буданд. Масъалаи ҳаракат дар шаҳр аҳолии шаҳр то охири мавҷудияти Империяи Рим ҳал нашуд.

C:\Users\USER\Music\Палатин.jpg
C:\Users\USER\Music\Антиохия.jpg

Палатин Антиохия

Андозаҳои кварталҳо дар шаҳрҳои нав гуногун буданд. Дар Помпей кварталҳо дар қисмати шисолӣ ба 2 югер баробар буд, дар Лукка – ба 8 югер ва ғайраҳо. Сохтмон дар дохили квартал гуногун буд, вале намуди афзалиятноки манзил дар шаҳрҳои калон ду намуд буд: иморат, ки бештар як блокро дар бар мегирифт ва бинои серошёнаи даромаднок. Охирин аз 3 то 6 ошёна иборат буда баландиаш 20 метрро ташкил менамуд.

Дар шаҳрҳои антиқӣ тақсимот ба минтақаҳои саноатӣва истиқоматӣ вуҷуд надошт. Тахассусмандии кварталҳо ва ноҳияҳои шаҳр моҳияти дигар доштанд – ё иҷтимоӣ, ё касбӣ. Ҳамин тариқ, дар Рим аз асри I сар карда ба таври аниқ ду қисмати шаҳр намуда меистод: теппаҳо бо сағириқлими солимашон, ки дар он ҷойҳо асосан иморатҳо сохта шудаанд ва табақаи поёнӣ, ки дар манзилҳои намнок зиндагонӣ мекарданд.

C:\Users\USER\Music\Палмира.jpg
C:\Users\USER\Music\Рохи Мукаддас дар Рим.jpg

Палмира Роҳи Муқаддас

Бо шарофати нишондодҳои сершумори нависандагони антиқӣ моҳияти сокиншавии аҳолии Римро дар навоҳии он тасаввур кардан мумкин аст: Ҳамин тариқ, Роҳи Муқаддас (кӯчае, ки ноҳияҳои Форумро бо Палатин мепайвандад)-ро заргарон ва тоҷироне банд карда буданд, ки маснуоти қимматбаҳо мефурӯхтанд. Дар ноҳияи Велабра (дар айвони байни Капитолий ва Палатин) қисмати асосии дуконҳое, ки шириниворӣ мефурӯхтанд. Дар Аргипад (кӯчаест дар ҷанубу шарқии форумҳо) дар тамоми тули он дуконҳои китоб ҷойгир буданд. Субура бошад, (водии байни Оппий ва Виминапл) бо номи бадаш машҳур шуда буд, дар он ҷо дукону тарабхона ва муассисаҳои дигари дилхушкунии обрӯи шӯбҳанокдошта мавҷуд буданд.

Маркази шаҳри Рим, инчунин ҳар кадом шаҳри кӯҳна, ки ҳуқуқи мунисипалии Римиро гирифтаанд, форум мебошад. Форум фазои меъмории шаҳрро ташкил мекард, чунки ба сӯи он шоҳроҳҳои асосӣ нигаронида шуда, дар даромагоҳи он ба Форум бо дарвозаҳои монументалии аз дур намоён ва ё манораҳои фотеҳ (триумфальная арка) ыойгиранд.

C:\Users\USER\Music\субура.jpg
C:\Users\USER\Music\Форум.jpg

Субура Форум

Меъморони антиқӣ, аз он ҷумла Витрувий, чунин мешумориданд, ки “бузургиҳои форумҳоро бо шумораи одамон муқоиса бояд кард: майдон набояд барои доир намудани мақйсадҳои амалӣ хурд бошад, ба вуҷуд меомадандле он набояд дар натиҷаи камодамӣ ба биёбон шабоҳат дошта бошад”.

Дар чуқнин шаҳрҳои калон, чун рим, ҷои як форумро маҷмааи силсила мегирифт, ва дар ин ҷо сухан набояд аз шароити мусоиди форум равад, ки ба шаҳри хурдакак аз қабили Помпей хос аст.

Унсури муҳимие, ки арзишмандии эстетикии пейзажи шаҳрро муайян месозад, кабудизор ва об мебошадн. Ба об ҳамчун воситаи зебо кунонидани шаҳр аҳамияти ниҳоят калон дода мешуд. Фаввораҳо, обамборҳои калони кушода, қубурҳои зиёди об шаҳрро зебу зинат ва зинда мегардониданд. Дар бробари ин вазифаи кабудизор гардонидани шаҳр, бо баъзе истисноҳо, ҳеҷ вҷақт иҷро карда нашуда буд. Танҳо дар баъзе шаҳрҳои ғарбии империя кабудизорҳо манзараи шаҳрро зебу зинат медод.

Дар шаҳрҳои калони зиёд дар кӯчаҳо ягон хел дарахту кабудизор мавҷуд набуд. Танҳо якчанд боғҳои ҷамъиятӣ ва боғҳо дар назди иморатҳои пурбаҳо мавҷуд буданд. Ҳамин тариқ, дар Рим тасмаи боғу гулгаштҳо дар канораҳои шаҳр ба императорон тааллуқ дошта ва он ба сокинон баъди кӯчидани дарбор ба Константинопол дастрас мегардад То ин вақт боғи барои ҳама дастраси Рим майдони Марс ба шумор мерафт. Мавҷуд набудани кабудизор берангӣ ва якхелагии маҳалҳои истиқоматиро тасдиқ мекард. Шаҳрро ибодатгоҳҳои сершумор Манораи Зафар (Триумфальная арка) ва ҳайкалҳо зебу зинат медоданд. Масалан, дар Рими асри IV то милод 36 манораи фотеҳ, 22 ҳайкали асп, 80 ҳайкали тиллоӣ 70 ҳайкал аз устухони оҷ ва шумораи зиёди ҳайкалҳо аз биринҷӣ ва мармар мавҷуд буд. Дар ҳар як чорраҳа ба хотири худо-пуштибон манорачае ва ҳайкали император гузошта шуда буд.

Деворҳое, ки одатан шаҳри Римро иҳота карда буданд ҳудудҳоро дар байни шаҳр ва минтақаи наздишаҳрӣ дақиқ ҷудо карда буданд. Рушди минтақаи наздишаҳрӣ барои марказҳои шаҳрии замони империя хос набуд. Ҳатто дар Рим тасмаи сокиншавии одамон дар назди шаҳр ҳамагӣ 200 – 300 метрро ташкил мекард. Танҳо дар атрофи шаҳрҳо-урдугоҳҳо ҳамеша маҳалҳои наздишаҳрии савдоию косибӣ вомехурданд. Одатан дар ноҳияҳои берун аз деворҳои шаҳр, сохтмони саросарӣ вуҷуд набуд. Дар он ҷо бустонсароҳои ӣойҳо, боғҳо ва чорбоғҳо мавҷуд буданд.

C:\Users\USER\Music\арка.jpg
C:\Users\USER\Music\тащорат.jpg

Манораи Зафар Ҷойи дастурӯйшуӣ

Дар асрҳои аввалини мавҷудияти империя шаҳро пайваста калон мешуданд, онҳо аз ҳисоби ба шаҳр ҳамроҳ кардани заминҳои наздишаҳрӣ васеъ мегардиданд. Дар баробари ин баъзан манзараи (пейзажи) шаҳр тағйир меёфт. Масалан, дар Нарбонна ба қатори заминҳои шаҳр, бустонсароҳои беруназшаҳрии шаҳриёни сарватманд низ ҳамроҳ карда мешаванд, ки ин иқдом ба навоҳии беруназшаҳрӣ симои нимдеҳотиро медиҳад.

Ба низоми таъминоти муҳандисии шаҳри Рим, пеш аз ҳама, таъминоти об ва канализатсия дохил буданд. Ба обтаъминкунии шаҳрҳои Рим аҳамияти калон дода мешуд. Об ба Рим аз 11 акведук меомад. Таъминот аз об нишонаи муҳимтарини ободонии шаҳр ҳисобида мешуд. Масалан, дар Рим ба ҳар сари аҳолӣ дар як руз аз 600 то 900 литр об рост меомад- Низоми обтаъминкунӣ аз асбоб барои ҷамъ кардани об, акведук, обташинкунак ва обтақсимкунак ва низоми ба ҳар обамборҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои алоҳида иборат буд. Тақсимоти об дар зери назорати сахт қарор дошт аз он ҷумла иҷозатро барои мустақилона ба бино қубур гузарониданро танҳо император шахсан медод.

Мақсади асосии канализатсия яктарафа кардани оби борон буд. Он дар шаҳрҳои зиёди Рим вуҷуд дошт. Оби борон ба қубурҳои зеризаминӣ мерехтанд ва ба воситаи он берун аз шаҳр бароварда мешуд. Ба низоми канализатсия ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ пайваста буданд ки онҳо дар ҳар як шаҳри Рим мавҷуд буданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.