Хайкалтароши дар Рими Кадим

Ҳайкалтарошӣ дар Рими қадим, чун дар Юнони қадим, дар доираи анъанаҳои тасаввуроти устуворшудаи ҷомеаи ғулдомдорӣ рушду нумӯъ кардааст. Таъкид бояд кард, ки ин зуҳуроти таърихии маданияти рими қадим дар пайдарпаӣ – авввал дар Юнон, баъд дар Рим сурат гирифтааст. Ҳайкалтарошии Рим анъанаҳои устодони эллинистиро давом додаанд.

Ҳайкалтарошии Рим дар рушди худ чор давраро аз сар гузаронидаааст:

1. Сарчашмаҳои ҳайкалтарошии Рим

2. Бакамолрасии ҳайкалтарошии Рим (асрҳои VIII – I то милод)

3. Нашъунамои ҳайкалтарошӣ дар Рим (асрҳои I – II милодӣ)

4. Бӯҳрони ҳайкалтарошӣ дар Рим (асрҳои III – IV милодӣ )

Дар ҳар кадоми ин марҳалаҳо ҳайкалтарошии Рим вобаста ба рушди мадании мамлакат тағйирот ба амал меомад. Дар ҳар марҳала замон худ дар махсусиятҳои усул ва жанри санъати ҳайкалтарошӣ таъсир расонида, дар асарҳои ин намуди санъат зуҳур меёбад.

I. САРЧАШМАҲОИ ҲАЙКАЛТАРОШӢ

Ҳайкалтарошии италикҳо. Дар Рими қадим ҳайкалтарошӣ асосан бо релефи (тарҳрезии) таърихӣ ва мусавира (портрет)-кашӣ маҳдуд шуда буд. шаклҳои зоҳири варзишгарони юнонӣ ҳамеша бо риояи баъзе унсурҳо асосан бараҳна пешниҳод мегардиданд. Агар устодони юнонӣ ба таври бошуурона ва ба хотири моҳияти ҳайкали портретшавандаи шоир, суханвар ва ё лашкаркашро васеъ инъикос намудан, аз баҳри мушаххасоти такрорнашавандаи онҳо мегузашта бошанд, пас устоҳои римӣ дар портретҳои ҳайкалии қаҳрамонони асарҳои худ диққати асосиро ба махсусиятҳои шахсӣ, инфиродии инсон муттамарказ мекунониданд. Ин муносибат ба ҳайкалтарошӣ ва нишон додани образи даркории ҳайкалшаванда дар эҷодиёти аксарияти устодони италикӣ зуҳур меёфтанд.

C:\Users\USER\Music\италики.jpg
C:\Users\USER\Music\италики 2.jpg
C:\Users\USER\Music\ава.jpg

Намунаҳо аз ҳайкалтарошии италикҳо

Ҳайкалтарошии этрусскҳо. Дар ҳаёти ҳамарӯзаи динии этрускҳо щангии умумии (платика) ҳайкал мақоми калонро иҷро мекард: бо пайкараҳо ибодатгоҳҳоҳоро зебу зинат медоданд, дар дар мазорҳо ҳайкалу пайкараҳо мегузоштанд. Ҳамин тариқ, ба портрет таваҷҷӯҳ пайдо мешавад, ки ин ба ороиш (декоратсия) хос мебошад. Вале эҳтимол аст, ки дар Этрурия касби ҳайкалтарошӣ соҳиби ҳурмату эҳтиром гардида бошад. Ин аст, ки номҳои ҳайкалтарошон то замони мо омада нарасидаанд. Танҳо усто Вилка, ки дар асрҳои VI V то милод фаъолият доштааст, Плиний ёдовар мешавад.

II. БА КАМОЛРАСИИ ҲАЙКАЛТАРОШИИ РИМ

Дар солҳои охири Ҷумҳурии баркамол ҳар гуна жанри суратҳо (портретҳо) ташаккул меёбад: пайкараҳои римиҳои танашон бо матоъ печонидашуда анъанаи қурбониро иҷро карда истодаанд (аз осорхонаи Ватикан) ва лашкаркашон дар симои қаҳрамонӣ, ки дар наздашон яроқу аслиҳа (пайкара аз Тиволи – нигора аз Осорхонаи миллии Рим) гузошта шудаст аъёну ашрофе, ки пайкараҳои ниёгон дар даст аз қадим будани авлоди хеш ифтихор доранд (Палатсио Консерваторҳо) , нотиқоне, ки дар назди халқ нутқ эрод карда истодаанд (пайкараи биринҷии Авла Метелла, ки онро устои этрускӣ тарошидааст).

C:\Users\USER\Music\этруски 2.jpg
C:\Users\USER\Music\ва.jpg
C:\Users\USER\Music\этруски.jpg

Намунаҳо аз ҳайкалтарошии этрускҳо

Дар пластикаи пайкараи портретӣ ҳанӯз таъсири неримӣ хеле сахт буд. дар пайкараҳои портретии болои гӯрҳо, ки ба он эҳтимол бегонагон кам роҳ дода мешуданд онҳо кам буданд. Бояд зикр кард, ки дар аввалҳо пайкараҳои болои сарпӯши тобут дар зери роҳбарии устоҳои эллинӣ ва этрускӣ тайёр карда мешуданд. Шояд корфармоён ба пайкаратарошон фишор меоварданд, то ки майлу хоҳиши онҳоро ба ҳисоб гиранд. Вале устоҳо дар тисвироти пайкараҳо на танҳо махсусиятҳои инфиродиро тасвир мекарданд, инчунин имконият фароҳам меоварданд, ки тамоми замони золимонаи ҷангҳои истилогарона граждании тира ташвишҳои бетанаффус ва ошубҳо эҳсос карда шаванд. Дар портретҳои пайкаравӣ диққати асосии ҳайкалтарош, пеш аз ҳама, ба зебогии ҳаҷм, мустаҳкамию боътимодии мазмун, маҳаки образи ҳамоҳанг (пластикӣ) нигаронида шуда буд.

III. НАШЪУНАМОИ ҲАЙКАЛТАРОШӢ ДАР РИМ

Замони принсипати Август. Дар аҳди Август портрет (пайкара)-созҳо ба такрорнашавандагии симои шахс кам аҳамият дода, фардият як навъ рӯякӣ инъикос карда дар ӯ чунин хосиётеро ифода менамуданд, ки барои ҳама хос мебошад ва ҳамин тариқ як нафарро бо дигар нафари раият монанд мекарданд, ҳамон тавре, ки ба император зарур буд. Гӯё, ки симои умумии баланд (эталон)-ро меофариданд.

C:\Users\USER\Music\принс.jpg
C:\Users\USER\Music\Октавиан.jpg
C:\Users\USER\Music\скульпуъ.JPG

Намунаҳо аз ҳайкалҳои портретии давраи принсипати Рим

Чунин таъсир ба таври равшан дар пайкараҳои қаҳрамонкардаи Август зушур ёфтааст. Аз ҳамаи дигар ҳайкалу пайкараҳо пайкараи мармарии аз Прима Порта маълуму машҳур мебошад. Дар ин пайкара император Август оромона ва бузург тасвир ёфта, дасташ дар ҳолати бардошта қарор дошта, гӯё ки ишора ба даъват дорад.

Рӯи Август махсусиятҳои портретӣ дорад, лекин, сарфи назар аз ин, то як дараҷа идеалӣ карда шудааст, ки ин ҳам аз аз ҳайкалтарошии портретии юнонӣ сарчашма гирифтааст. Чунин ҳайкалу пайкараҳо барои ороиши форумҳо, бизиликҳо, театрҳо ва термҳо муқаррар гардида буданд. Онҳо бояд ғоя ва бузургию иқтидори империяи Рим ва ҳокимияти императорро ифода мекарданд. Замони Август дар таърихи портрети Рим саҳифаи навро мекушод.

Дар замони Август аз пештара дида портретҳои занон ва кӯдакон офрида мешуданд,ки қаблан хеле кам иттифоқ меафтоданд. Асосан тасвири ҳамсар ва духтари император тасвир меёфтанд – дар пайкараҳои мармарӣ ё биринҷӣ тасвир карда мешуданд, писарон бошанд, меросхурони соҳиби тахту тоҷро намояндагӣ мекарданд.

Замони Юлийҳо-Клавдийҳо ва Флавийҳо. Моҳияти санъат дар маҷмӯъ ва ҳайкалтарошӣ дар Р. Ҳайкалҳои монументалӣ чунин шаклҳоеро гирифтанд, ки аз шакҳои эллинистӣ тафовут доштанд. Ҷидду ҷаҳд ба мушаззасгардонӣ ба он оварда расонид, ки устоҳо ҳатто ба худоҳо ҳам симои инфиродии императорро медодагӣ мешаванд. Римро пайкараҳои хеле зиёди худоҳо зебу зинат медоданд: Юпитер,Рома, Минерва Виктория, Марс.

C:\Users\USER\Music\Флавий Юлий.jpg
C:\Users\USER\Music\ава.jpg
C:\Users\USER\Music\Юлий Домна.jpg
C:\Users\USER\Music\клавдий.jpg

Ҳайкалҳои портретии Юлийҳо-Клавдийҳо ва Флавийҳо

Портрети ҳайкалу пайкараҳои он замон бар якчанд самти бадеӣ рушд меёфт. Дар солҳои ҳукмронии Тиберий ҳайкалтарошон бештар ба усули классикӣ пайравӣ мекарданд,ки он дар замони ҳукмронии Август ҳукмронӣ мекард ва дар баробари усулҳои нав боқӣ монда буд. Дар аҳди Калигула ва махсусан дар замони ҳукмронии Флавийҳо инъикоси симои идеалишудаи инсон инъикоси дақиқи хусусиятҳои симо ва характери инсонро фишор дода мебарорад.

Замони Траян ва Адриан. Дар солҳои марҳалаи дуюми рушди санъати Рим – замони Антонинҳои барвақта – Траян (солҳои 98 – 117) ва Адриан (солҳои 117 – 138) империя аз назари ҳарбӣ пурзур буда, аз назари иқтисодӣ нашъунамо ёфт.

Ҳайкалтарошии мудаввар дар солҳои класситсизми адрианӣ аз бисёр ҷиҳат ҳайкалтарошии эллинистӣ тақлидкорӣ менамуд. Албатта ҳайкалтарошии ин давраинаи Рим махсусиятҳои худро дошт ва дар сатҳи рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа қарор дошт. Сарфи назар аз ин рушди самароаноки он жанрҳо, мазмун, дар ифодаи образҳо ба фаъолияти императорони ин хонадон низ вобастагӣ дошт.

Замони Антонинҳои охирин. Нашъунамои замони бевақтаи санъати Рим. ки он дар солҳои охирини ҳукмронии Адриан ва дар аҳди Антонин Пий оғоз ёфта буд ва то охирҳои асри II идома дошт бо хомӯшшавии хурсандию бодабдаба дар шаклҳои бадеӣ хос буд. Ин замон дар соҳаи маданият пурзуршавии тамоили инфиродӣ ба мушоҳида расидааст.

Аз солҳои сиюми асри III сар карда дар санъати портретсозӣ шаклҳои нави бадеӣ мавриди коркард қарор мегиранд. Ҳаматарафагии махсусиятҳои равонӣ на ҷузъикунонии шакҳои пластикӣ (ҳамоҳангкунӣ), балки кӯтоҳбаёнӣ ва ниҳоят кам будани интихоби нишонаҳои муҳиме, ки хусусяти шахсиятро муайян мекарданд, ба даст оварда мешуд.

Ҳайкалҳои портретии замони ҳукмронии Адриан ва Траян

C:\Users\USER\Music\антиной.jpg
C:\Users\USER\Music\адриан.jpg
C:\Users\USER\Music\траянъ.jpg

Антиной Адриан Траян

Устоҳои солҳои сиюми асри III дар портретсозӣ аз масолеҳи гуногун истифода мебурданд, аз он ҷумла аз масолеҳи қимматбаҳо низ: тилло, нуқра, садафи кӯҳӣ, инчунин аз шиша, ки истифодаи он васеъ паҳн гардида буд. Ҳайкалтарошон ба ин масолеҳ хуб баҳо дода тавонистанд – нозук, шаффоф, ки ба воситаи он симоҳои зеборо ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ҳатто мармар дар зери дасти усто сахтии худро аз даст дода, болои он гӯё, ки ба пӯсти одам монандӣ пайдо мекард.

IV. БӮҲРОНИ ҲАЙКАЛТАРОШӢ ДАР РИМ

Анҷомёбии замони принсипат. Дар рушди санъати Рими Бевақта то як дараҷа ду марҳаларо фарқ кардан мумкин аст. Марҳалаи якум – санъати охири принсипат (асри III) ва марҳалаи дуюм – санъати замони доминат (аз оғози идораи Диоклетиан ва то афтидани Империяи Рим). Дар ёдгориҳои бадеӣ, махсусан хомӯш гардидани ғояҳои бутпарастонаи антиқӣ ба назар расида, ва беш аз пеш ғояҳои нави масеҳият инъикос меёфтанд.

Ҳайкалпортрети асри III махсусан ба таври чашмрас тағйир меёбад. Дар пайкараҳо ва нимпайкараҳо (бюстҳо) ҳанӯз тарзу усулҳои техникии А, вале мазмуни образҳо аллкай дигар шуда буд. Эҳтиёткорӣ ва ва шубҳанокӣ андешамандии фалсавии персонажҳои нимаи дуюми асри II-ро иваз намуданд. Шиддатнокӣ аз худ дарак медод, ҳатто дар симои занҳои он замон ҳам. Дар портретҳои чоряки дуюми асри III ҳаҷмҳо зич шуданд, устоҳо аз пармача даст кашидааз мӯйсар истифода бурда, махсусан дар васею кушода тасвир намудани чашмҳо ба муваффақияти хуб ноил мегардиданд

Замони доминат. Дар асарҳои ҳайкалтарошии асри IV сюжетҳои бутпурастӣ вуҷуд доштанд ва рассосони масеҳӣ ба тасвир муроҷиат карда, ва на танҳо ба қаҳрамонҳои асостирӣ, балки ба қаҳрамонҳои масеҳӣ низ муроҷиат мекарданд, ки ин кор ҳанӯз дар асри III – замони ҳамду сано хондани императорҳо ва аъзои оилаҳои онҳо оғоз ёфта, ҳзамин тариқ, барои фазои хушомадгӯии бемислу монанд ва сари таъзим фуруд овардан дар назди шахс, яъне барои шахспарастӣ замина тайёр менамуданд. Чашмони васеъ кушодашуда дар портретҳои асри IV, ки гоҳ ғамгинона ва омирона ва гоҳ саволомезу ташвишовар, ба воситаи ҳиссиёти инсонӣ хокаи хунукаи хунук ба санг ва биринҷӣ табдилгардидаро гарм мекунанд. Масолеҳи портреткашҳо точанде камтар гарм мешуд, ки қаблан аз болои мармар шӯълаафканӣ мекард ва онҳо барои тасвири симоҳо масолеҳеро, аз қабили рухомӣ (базальт – санги сиёҳи вулқонӣ) ва санги самоқ (порфир)-ро интихоб мекарданд, ки аз рӯи сифатҳои худ ба бадани инсон монандӣ дошта бошанд.

Аз маводи мавриди истифодаи мо қароргирифта аз он дарак медиҳад,ки ҳайкалтарошӣ дар Рим дар доираи замони худ рушд меёфт, яъне ба пешгузаштагони худ.инчунин ба ҳайкалтарошии юнонӣ сахт такя мекард. Дар замони нашъунамои ҳайкалтарошӣ дар Империяи Рим ҳар император ба ин намуди санъат саҳми худро мегузошт ва ба он ягон унсури навро ворид мекард,ва дар баробари тағйир ёфтани санъат худи ҳайкалтарошӣ низ тағйир меёфт.

V. ҲАЙКАЛТАРОШИИ МОНУМЕНТАЛИИ РИМ

Дар Рими Қадим ҳайкалрарошӣ ба муваффақиятҳои беназир ноил шуда буд ва ҳайкалтарошони забардасти римӣ аз худ асарҳои ҷолиб боқӣ гузогтаанд. Мавзӯи эҷодиёти онҳо гуногун буд. Дар маркази диққати онҳо инсон меистод ва бо мушкилоту бурдбориҳои ӯ, шахсиятҳои сиёсӣ ва зиндагии онҳо. Ин ҷо яқ қатор ҳайкалҳоро ба шарҳи мухтасари онҳо мисол меорем.

C:\Users\USER\Music\мехроби сулх.jpg
C:\Users\USER\Music\арес.jpg

Меҳроби (Альтар) Сулҳ Арес Людовизи

Меҳроби Сулҳ. Ин ҳайкал ба ифтихори олиҳаи сулҳи римӣ аз тарафи сенати Рим бо хотири аз Испания ва Галлия дар соли 13 то милод фотеҳона баргаштани император Август бунёд карда шудааст. Он дар канори шимоли Рим (дар кунҷи шимолу шарқии Майдони Марс) қомат рост карда, расми кушодани он 30 январи соли 9 то милод доир гардида буд. Гузоштани Меҳроби Сулҳ маънии онро дошт, ки марҳалаи “Сулҳ дар Рим” (Pax Romana) фаро расидааст. Баъди афтидани империяи Рим меҳроб дар зери Тибр мемонад ва танҳо соли 1568 баъзе қисматҳои муқарнаси он ёфт мешаванд ва дар бустонсарои Медичӣ, ба Ватикан, ба Уффитса ва ба Лувр меафтенд. Дар меҳроб аъзои оилаи императорон Юлийҳо-Клавдийҳо инъикос ёфтаанд.

Август аз Прима, Порта. Ҳайкали беш аз думетраи Август, ки соли 1963 дар наздикии бустонсарои Ливия, зани Август Ливия ёфта шудааст. Вилла дар наздикиҳои Рим дар роҳи Фламина дар ноҳияи Прима – Порта пайдо карда шудааст. Вилларо дар замони антиқӣ Ad Gallinas Albas ном мебурданд Қҳайкал нусха аз асли биринҷӣ буда, бо супориши сенат соли 20 то милод тайёр карда шудааст. Тахмин мекунанд, ки ҳайкал, нисбат ба ҳамаи он ҳайкалҳои Август, ки боқӣ мондааст, ба ӯ бештар монандӣ дорад. Алҳол ҳайкал дар осорхонаи Кяраментии Ватикан маҳфуз мебошад.

Арес Людовизи. Ҳайкали мармарии худои бериши ҷанг бо ҳамроҳии Бузғолаи дар назди пойҳои ӯ бозикардаистода, ки аз назди ибодатгоҳи ҳамсин худо дар Майдони Марс ҳангоми корҳои сохтмонӣ соли 1622 ёфта шудааст. Ин нусха аз асли устои юнонӣ (шояд, Лисипп ё Скопаса) гирифта шуда.ба замони императорони хуб санагузорӣ шудааст. Кардинал Лодовико Людовизи (ҷияни папа Григории ХV), ки иштиёқманд чизҳои қадима буд, Аресро ба даст оварда, дар хазинаи чунин бозёфтҳои худ воқеъ дар бустонсарои Людовизи маҳфуз нигоҳ медорад. Пои рости ҳайкал барқарор карда шудаст. Дар соли 1991 вақте, ки маҷмааи бадеии Людовизи ба фурӯш рафт Аресро давлати Италия харидорӣ кард.

Гӯштингирон. Ҳайкали Рими қадим гӯштингирон аз рӯи нусхаи аслии юнонӣ нусхабардорӣ карда гудаст. Он соли 1583 ёфта шуда дар байни римиҳои донандагони чизҳои қадима як воқеаи басо фавқулодда ва хурсандибахше гардид. Ба воситаи Валерио Чолигурӯи ҳайкалро кардинал Фердинандо Медичи барои ҷамъ овардани чизҳои қадима дар бустонсарои худ харидорӣ мекунад. Сари ҳарду гӯштингирон дар ҳайкал набуданд ва бо супориши Медичи онҳоро барқарор менамоянд – аввал сари аз гӯштингири дар болобуда ва баъд аз гӯштингири дар болобударо. Баъдтар ҳайкал ба Флоренсия оварда мешавад ва дар ин ҷо дар Уффитса ба намоиш гузошта шудааст.

C:\Users\USER\Music\борцы.jpg
C:\Users\USER\Music\мпап.jpg
C:\Users\USER\Music\венера.jpg

Гуштингирони Рими Қадим Венераи Капитолӣ

Венераи Арлезианӣ. Венераи Арлезианӣ ҳайкали Афродита буда, дар Лувр маҳфуз аст. Он аз мармари кӯҳи Гемест сохта шуда, баландиаш 194 сантиметр мебошад. Он дар Рими Қадим дар охирҳои асри I то милод офарида шудааст. Дар асри II Повсаний ёддовар мешавад, ки дар Весипия аз Беотия ҳайкалҳои Эрота, Фритна ва Афродита маҳфузанд. Мувофиқи яке аз эҳтимолҳо нусхаи аслии ҳайкали Венераи Арлезианӣ, то он замоне, ки ӯ ба офаридани ҳайкалҳои пурра урён мегузарад, ҳайкалҳои нимурён метарошидааст, яке аз ҳайкалҳои Приксители будааст.

Венераи Капитолӣ. Ҳайкал дар Рим санги мармар тарошидашуда буда, эҳтимол аз рӯи нусхаи аслии юнонии ҳайкали Афродита дар асри IV то милод тарошида дар асри II милодӣ сохта шудааст. Венераи урён дар наздикии зарфи бо матоъ пӯшонида ва бо дастонаш аврат ва пешбарашро пӯшонида тасвир карда шудааст (ба намуди Venus Pudica – “Венераи хоксор” тааллуқ дорад). Дар теппаи Виминал дар Рим дар байни солҳои 1667ва 1670 ёфта шудааст. Ба Осорхонаи Капитолий дар соли 1754 аз тарафи Бенидикти ХIV ҳадя карда шудааст.

Дианаи Версалӣ. Ӯро Дианаи шикорчӣ ҳам меноманд. Ҳайкали ӯ мармарӣ буда, ба асри I ё асри II то милод тааллуқ дошта, усули эллинистии барвақтаро такрор кардааст ва шояд аз они Леохир ( наздики соли325 то милод) бошад. Артемида бо пераҳани хитонӣ ва тиматӣ дар тан дорад. Ӯ бо дасти рост ӯ тайёр аст аз тирдон пайкон барорад, дасти чапаш дар болои сари бачаи гавазни ӯро ҳамроҳикунанда қарор дорад. Каллааш ба тарафи рост, тарафи ҳадафи эҳтимолӣ, гардонида шудааст. Шайкали чунин намуд аз рӯи кофтуковҳои археологии дар Лептис – Магне ва Антал маълум мебошанд. Ҳайкалро папа Павели IV ба короли Генрихи II тақдим карда шудааст. Ҳайкали Диана де Пуате дар боғи Фонтенблои корол гузошта шудааст.

C:\Users\USER\Music\Диана Версаль.jpg
C:\Users\USER\Music\julius-caesar-bust.jpg
C:\Users\USER\Music\гериемс.jpg

Дианаи Версалӣ Сезари Сабз Гермес

Сезари Сабз. “Сезари Сабз” (аз немисӣ Gruner Caesar) ҳайкали антиқии арбоби давлатии Рим ва лашкаркаш Гай Юлий Сезар (солҳои 100 – 44 то милод) будаазсланси сабз сохта шуда, дар хазинаи антиқии Берлин маҳфуз мебошад. Дар байни нигораҳои Осорхонаи Кӯҳна ба тамошо гузошта шудааст. Баландии нимпайкара (бюст) 41 сантиметр, аз асл баландтар мебошад. порашои кулулаи дар косахонаи чашмҳо ҷойкарда ва суфачаи начандон калон ки ҳайкал дар болои он меистад, иловаҳои баъдтарин мебошанд. Мувофиқи анъанаҳои римӣ шахси дар ҳайкал инъикосёӣандаро аз будаш зиёд бодабдаба нишон додан қабул нашуда буд, баракс, ҳайкалтарошон ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки махсусиятҳои ӯро реалистона тасвир намоянд. Аз ҳамин сабаб симои тасвиршаванда моҳияти инфиродӣ дорад, Тахмин мекунанд, ки ҷои офарида шудани ин ҳайкали Сезар Миср мебошад, чунки чунин сангро танҳо дар Мисри Шимолӣ ёфтан мумкин буд..

Гермесе, ки бандҳои пойпӯширо мебандад. Ҳайкалҳои мармарини “Бандҳои попӯшимебастагӣ”, ки устоҳои империяи Рим аз нусхаи биринҷии асри IV то милод аз даст рафтаанд, яучанд нусха нусхабардорӣ кардаанд (муҳити Лисипп). Нусхаи якуми ин ҳайкал аз Лувр буда, соли 1685 Людовики Х IV барои Қасри Версал аз меросхӯрони кардинал Перетти ди Монтелто (ҷияни Сиксти V) харидорӣ кардааст. Нусхаи дуюми ҳайкали ин сюжет аз бустонсарои Адриан шотландӣ Гэвин Гамилтон ёфтааст: ин ҳайкал дар маҷмааи осорхонаи Карлсберг ёфтааст. Боз як ҳайкалро аз Тивол короли нахустини Бавария барои Осорхонаи Мюнхен харидорӣ намудааст. Фигураи бандакбанди попуширо одатан ба Гермес мутааллиқ медонанд, гарчанде, ки он метавонад Тессейро ҳам ҳамин тавр тасвир намояд. Ҳар хеле, ки набошад, мавзӯи композитсионии ин ҳайкалро чунин устоҳои забардаст чуе Пигал ва Франсуа Рюд коркард намудаанд.

Модагурги Капитолий. Модагурги Капитолий (аз лотинӣ Lipa Capittolina) ҳайкали биринҷие гургеро (тахминан бо бузургии аслӣ) тасвир кардааст, ки бо шир ду тифлро – асосгузорони афсонавии шаҳр – Ромул ва Ремро мемаконад. Ҳайкал биринҷӣ бада, 75 сантиметр баландӣ дошт. Хондани ҳайкал, ки он дар осорхонаи Капитолий маҳфуз аст, баҳснок мебошад. Ҳайкал муддати дуру дароз этусскӣ ҳисобида мешуд, паз иг рӯ, аз рӯи услуби асри V то милод бп во оварда мешуд. Санагузори навтарине, ки дар ибтидои асри ХХI – азрӯи технологияи қолабрезӣ мувофиқи таҳлили углеводородӣ,ки усулҳои дигарро низ дар бар мегирад, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳайкал ба асрҳои ХI – ХIII, яъне ба асрҳои миёнаи боло рост меояд. Ҳайкали ба ин монанд, монанд, ки дар Капитолийи Рим воқеъ гардидааст, ҳанӯз аз замони антиқӣ маълум аст, ин сюжет дар сиккаҳои зиёди рими қадим инъикос ёфтаст. Чунин шуморида мешавад, ки гург тотеми (бути) сабинҳо ва этрусскҳо буда ва ҳайкал ба рим ба хотири омезиши римиҳо бо этрусскҳо оварда шудааст

Брути Капитолӣ. Брути Капитолӣ ҳайкали биринҷии этрусски буда, дар оғози асри III офарида шудааст, ки он дар қасри консерваторони Капитолий ба намоиш гузошта шудааст. Каоллаи нуқрагини биринҷӣ ҳангоми кофтуков дар шаҳри Рим соли 1500 ёфта шуда, аз хеле хуб боқӣ мондани худ ҳамаро ба ҳайрат оварда, хазинаи бозёфтҳои папаи Римро афзу гардонидааст. Ҳавасмандони ашёҳи кӯҳнамонандии ортреии ин ҳайкалро бо сурати дар тангаҳои Ҷумҳурии Рим монанд диданд ва беҳуда нест, ки ҳайкал асосгузори ин ҷумҳуриро инъикос намудаст. Портрети мард аз Капитолий ҳайкали портретии беҳамтои этрусскии бевақта шуморида мешавад Он хеле хуб боқӣ мондааст: ниники чашмонаш ало кунонида шуда, инъикоси муйсар, рухсора ва пешонааш зарар надидаанд.

C:\Users\USER\Music\брут.jpg
C:\Users\USER\Music\еке.jpg

Брути Капитолий Кентаврҳои Фуриетти

Кентаврҳои Фуриетти. Кентаврҳои Фуриетти як ҷуфти кентаврҳои аз мармарӣ сиёҳчаранги дар замони принсипат сохташуда – пирамарди ришдор бо рӯи шиканҷадимда, дуюмаш – ҷавони дар ҳолати табассум тасвирёфта буд,ки онҳо дар соли 1736 ҳангоми кофтуков дар бустонсарои Адриан дар Тиволи кардинал Фуриетти ёфта шудааст ва баъди гуфтушуниди дуру дароз ба маҷмааи капитолии папаҳои Рим ворид мегарданд. Навиштаҷот дар ҳайкалҳо Аристея ва Афродизия аз Карни ном бурдаанд. Дар баробари кентаврҳои Фуриетти, инчунин ҳайкали яктипаи кентаври кӯҳнаи аз мармари сафед сохташудае, ки бо ӯ Амури дар пушташбуда шухӣ мекунад, мавҷуд аст. Он дар асри ХVII ҳангоми кофтуков дар Рим ёфта шуда,то соли 1807 дар маҷмаа – хазинаи Боргезе маҳфуз нигоҳ дошта шуда, баъд аз тарафи Наполеон барои Лувр харидорӣ шудааст. Ҷисми Амур ҳангоми эҳёкунӣ амалан аз нав сохта шудааст. Аз рӯи ин ҳайкали аввал тарошидаи кентаври ҷавон, эҳтимол то ин вақд аз байн рафта бошад.

Ҳайкали Домитсиани аспсавор. Ҳайкали Домитсиан бо асп монументе буд дар маркази Форуми Рим, ки император Доминитсианро тасвир менамуд. Ҳайкали монументалии биринҷӣ соли 91 сохта шуда чунин андоза дошт, ки мувофиқи гуфтаи шоир Статсий дар форум ибодатгоҳҳои худоҳо ва ҳайкалҳои дигари арбобони намоёни Рим – Сулла, Помпей ва Сезарро назарногир карда будааст. Баъд азвафоти Домимтсиан ҳамон замон монумент аз Форум ги рифта мешавад. Доминитсиани Флавийҳо императори охирин буд аз сулолаи императорҳои Рим аз сулолаи Флавийҳо, ки солҳои 81 – 96 ҳукмронӣ кардааст. Падараш император Веспасиан императори якум аз сулолаи Флавийҳо буд. Доминитсиан баъди вафоти бародараш Тит ба тахту тоҷ соҳиб шудааст.

Ҳайкали Марк Аврелийи аспсавор. Ҳайкали Марк Аврелий ҳайкали бринҷии Рими қадим буда, дар қасри Нави осорхонаҳои Капитолийи Рим маҳфуз мебошад. Ин ҳайкал дар солҳои 160 – 180 офарида шудааст. Дар аввал ҳайкали аспсавори тиллопӯшкардаи марк аврелий дар доманаи Капитолий дар рӯ ба рӯи Форуми Рим гузошта шуда буд. Он ягона ҳайкали аспие мебошад, ки иҳат боқӣ мондааст,чунки дар асрҳои миёна чунин ҳисобида мешуд, ки он император Константини I Бузургро, ки калисои масеҳӣ ҳамчун “ҳамчун баробар ба Апостол канонӣ кунонида карда шудааст, тасвир гардидааст. Дар асри ХII ҳайкалро ба майдони Латерана мебаранд. Дар асри ХV китобдори Ватикан Бартоломео Платина тасвирҳоро дар сикка муқоиса карда, шахсияти савораро муайян кард. Соли 1538 бо супориши папа Павели III онро дар Капитолий ҷой медиҳанд.Такягоҳ барои ҳайкалро Микеланҷелло тайёр карда, дар он калимаҳои зеринро ҷо намуд: “ex humilore loco in area capitoliam. Ҳайкал тан ду маротиба аз аз бузургиии аслӣ калонтар аст. Марк Аврелий дар яутаҳи (плаши) сарбозӣ дар болои китфҳои ӯ ва то болои сағрии асп пӯшонида тасвир ёфтааст. Дар нусхаи қаблии ҳайкал ҳайкали варвари басташуда тасвир ёфта буд.

C:\Users\USER\Music\ара.jpg
C:\Users\USER\Music\колосс.jpg

Домитсиани Аспсавор Колосси Константин

Лаокоон ва писаронаш. “Лаокоон ва писаронаш”ҳайкали гурӯҳӣ” буда, дар он муборизаи пурхатартарини Лаокоон ва писарони ӯро бо морҳо инъикос намуда, дар осорхонаи Пия-Климента маҳфуза мебошад. Ҳайкали ҳайтарошони юнонӣ аз Родос – Александр. Полидора ва Афинодора буда, он аз нусхаи мармарии нимаи дуюми асри I то милод аз асли он буда, аз биринҷӣ дар соли 200 то милод дар Пергам сохта шудааст ва он боқӣ намондааст. Нусхаи римӣ 14 январи соли 1506 аз тарафи Феликс де Фредис дар боғи ангури Эсквилин, дар зери замин дар ҷои Хонаи тиллоии Нерон ёфта шудааст. Папа Юлиёи II аз ин бохабар шуда ҳамон замон ба он ҷо меъмор Ҷулино де Саталло ва ҳайкалтарош Микеланҷело Буонароттиро мефиристонад. Сагалло дурустии корро бо сухан зерин тасдиқ мекунад: “Ин Лаокооне мебошад, ки ӯро Плиний ёдовар шудааст” Микеланҷелло муқаррар намуд ки ҳайкал аз ду пора санги мармар офарида шудааст гарчанде ки Плиний аз як камари мармарӣ сохта шудани ин ҳайкалро баён сохта буд.. Аллакай дар моҳи марти соли 1506 ҳайкали гурӯҳиро ба папа месупоранд. Ӯ ҳайкалро Белведери Ватикан мегузорад.

Колосси Константин. Колосси Константин ки қисман боқӣ мондааст. Ҳайкали бузурги портретии императори Рими қадим Константини Бузург мебошад. ки боқимондаҳои он, аз ҷумла каллаи ӯ, дар Палатсо-дел Консерватор дар осорхонаҳои Капитолий маҳфуз мебошад. Ҳайкали император аз рӯи техникаи акролитӣ, яъне бо истифода аз мармар барои тан ва арахт барои либосу тиллокашишуда офарида шуда будааст; шояд аз болои тиллопӯш биринҷипӯш низ карда шуда бошад. Ҳайкал Константинро дар ҳолати нишаста тасвир намудааст. Андозаи он бузург – баландии сари боқимондаи ӯ 2, 5 метрро ташкил менамуд. Дар баробари каллақисматҳои дигари мармарӣ – пойҳо вҷа панҷаҳои дастҳо низ боқӣ мондаанд. Аз онҳо ҳисоб карда баромадаанд, ки баландии ҳайкал ба 12 метр баробар будааст. Дар аввал ҳайкали бузург дар қисмати ғарбии Базиликаи Максенсия – Константин ҷойгир будааст. Дар замони нав, дар соли 1486 онро дар Палатсои Консерваторҳо ҷой медиҳанд

Гера Барберини (Юнона Барберини). Ин ҳайкал ҳайкали мармарии антиқӣ буда. дар асри II тарошида шудаа, нусхаи аслии юнонӣ мебошад. Ҳайкали дар асри ХVI аз теппаи Виминал ёфта шуда ва он бо номи соҳиби он кардинал Барберини номгузорӣ шудааст. Имрӯз дар осорхонаи ватикан Пия-Климанта ба намоиш гузошта шудааст. Баландии ҳайкал 2, 97 метр буда, он хуббоқӣ мондааст, танҳо дасти рост ва бинии ӯ аз нав сохта шудааст. Худи ҳайкал дар аввал аз якчанд пораи мармар сохта шуда будааст, аз он ҷумла, баъзи пораҳои мармар дар пои чап ва сандуқи сина истифода шудааст. Чунинуслуби техникаи сохтани ҳайкал дар замони антиқӣ имконият фароҳам меовард, ки ҳайкалро бо сарфи ками масолеҳ созанд.

C:\Users\USER\Music\чор тетрарх.jpg
C:\Users\USER\Music\юноа.jpg
C:\Users\USER\Music\гермес.jpg

Чор тетрарх Юнона Людовизи Гермес дар фароғат

Венераи Медитсеӣ. Венераи Медитсеӣ ба андозаи аслӣ дар асри I то милод сохта шуда, нусхаи аслии мармарии юнонии он, ки бо Афродитаи Книдӣ сонандӣ дошт, боқӣ намондааст. Олиҳаи ишқ дар ҳолати тарси яклаҳзагӣ ҳангоми баромадан аз оби баҳр тасвир карда шудааст. Махсусияти ҳайкал дар он зуҳур меёбад, ки дар пеши пои Венера, ба сифати такягоҳи иловагӣ, деллфин тасвир ёфтааст. Дар асри ХVII Венера дар маҷмааи папа қарор дошт ва он завқи бепоёни ҳамаи меҳмонони шаҳри Абадиро ба вуҷуд меовард. Соли 1677 онро барои маҷмааи худ Медичҳо харидорӣ мекунанд: аз он вақт сар карда ҳайкал номи онҳоро мегирад ва дар Уффитси нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ҳуҷуми фаронсагиҳо дар соли 1803 хазинаи ганҷу ҷавоҳирот аз Рим ба Неапол мебарандвале он дастгир шуда ва то соли 1815 Луврро зебу зинат медод

Юнона Людовизи. Юнона (Гера) Лeдовизи (juno Ludovisi) ҳайкали антиқӣкаллаи бузурги мармарӣ буда, дар нимаи аввали асри I то милод офарида шудааст. Ҳайкали антиқии Юнона Лудовизи барои веймариҳо дар асрҳои ХVIII ХIХ нишонаи рамзиеро мемонд. Он диққати Винкелманро ба худ ҷалб карда, дар тули сад сол ба идеали санъати Юнони қадим имубаддал мегардад. Мувофиқи ақидаи Винкелман онро ҳамоҳангии “бузургии баланд” ва “нигоҳи пурғановат” фарқ мекунонад. Аз он Гёте ба ваҷд омада буд. Мувофийи баҳои К.Ф.Моринс “Юнона ба кас дар бораи зебогии баландпояе, ки бо ҳокимияти зебогӣ пайвастааст, тасаввурот мебахшад.

Чор тетрарх. Чор тетрарха (аз лотинӣ Monumento ai Tetrarchi) композитсияи ҳайкалтарошие аз санги сурху сиёҳчатоби ба қисмати поёнии ибодатгоҳи САн – Маркои Венетсия насбкарда мебошад. Ҳайкал дар нимаи аввали асри IV тайёр карда шуда, ва як қисми Филаделфони Констатинополро ташкил мекард, ки он дар наздикии сутунҳои Константин (ҳоло майдони Чемберлиташ)-ро ташкил мекунад. Дар бораи он ки ҳайкал киро инъикос кардааст, ду эҳтимол вуҷуд дорад: эҳтимоли аз ҳама паҳншудатарин он аст, ки композится императорони ҳамҳокими заонитетархия – Диоклетиан, Максимиан, Галерий ва Константини Хлорроо ифода менамояд. Меросхурони Константини Бузург: писарони Константини II, Констансийи II, Констант ва ҷияни ӯ Далматсий. Императорон – тетрархҳо ҷуфт – ҷуфт тасвир ёфтаанд: ду августҳо ва ду сезарҳо. Чунин ҷойгирӣ бояд ягонагии империяи Римро намсоиш медод.

Писарбачае, ки хорро мебарорад. Писарбачае, ки хорро мебарорад (Spinario; Fedele, Fedelino) ҳайкали биринҷии асри I то милод Рим буда, нусхаи ҳайкали Юнони эллинистии Юнони асри III то милод мебошад. Дар осорхонаи Капитолийи Рим ба намоиш гузошта шудааст. Дар ҳайкал писарбачаи оддии урёне тасвир карда шудааст, ки дар санг нишаста аз пои чапи худ хорро мебарорад. Чунин тасвир ёфтани писарбача аз он дадлолат мекунад, ки муҳит деҳотӣ буда нозукиҳои он аз назми эллинистӣ маълум аст. Дар асри ХVIII онро “Содиқ” номида, бо латифаи зерини таърихӣ мепайвастанд: гӯё ки Мартсий, подаӣон аз музофоти Виторкианои воқеъ дар наздикии Витербо, фиристода мешавад, ки ба дар бораи ҳамлаи душманон хабар расонад. Дар роҳ аз дарди ахму варами дар пойҳояш тоқат кардав, то ба Капитолий расидан дар роҳ дам нагирифт. Баъди ба манзил расидан аз шиддати варами захм вафот мекунад.

Гермеси дар фароғатбуда. Гермеси дар фароғатбуда яке аз ҳайкалҳои авввалини биринҷӣ буда, дастраси дӯстдорони бомаърифати санъат дар замони нав мешавад. Он ҳайкали варзишгаре мебошад, ки соли 1758 ҳангоми кофтуков аз Геркулинум аз бустонсарое бо номи Папирусҳо ёфта шудааст. Бурбонҳои Ситсилӣ ҳайкалро ба маҷмааи йасри Портичи мебаранд ва аз он ҷо дар баробари аз ин бозёфт бохабар шудани ҳамлаи Наполеон (соли 1798) он ба палермо оварда мешавад ва дар он ҷо то соли 1816 мавфуф мемонадю. Нусхаи аслии он имрӯз Осорхонаи Миллии Бостоншиносиро дар Неапол оро медиҳад, нусхааш – бустонсарои Гетти ва Маламбуро. Аз худи аввал ҳайкали Гермеси дар фароғатбударо бо номи Лисипп алоқаманд мекарданд, гарчанде, ки маълум карда шудааст, ки ин нусхаи Римиии антиқӣ аз асли юнонӣ то ба мо боқӣ намондааст.

Ариаднаи Муқаддас. Он қаблан Клеопатра ном дошта, ҳайкали мармарии антиқӣ ва як қисми осорхонаи Ватикан буд. Баландии ҳайкал 1, 6 метр мебошад. Ҳайкале, ки аз ин ҷо дар асри ХVI ёфта шуда, дар Осорхонаи Пия – Климента ба намоиш гузошта шуда, нусхаи римии асли элинистии асри II то милод мебошад Ҳайкали мармарии дарозиаш баландтар аз қади одам зани ҷавонроро тасвир менамояд,ки дар болои санг дар ҳолати нимдарозкашида хуфтааст. Бо рухсораи худ ӯ ба дасти чапаш такя карда, бо дасти росташ аз боло сарашро мепӯшонад. . Зан либоси туник дар тан дошта, сандуқи синаи ӯро нимбараҳна мондааст,ва дар болои пойҳояшҷилд партофтааст, ки он то ба замин бо ғиҷимҳои мураккаби худ рафта мерасад. Дар китфи чапи бадани зан з дастпонаи иборат аз якчанд ҳалқа мавҷуд буда ки морро мемонад.

Тогатус. Тогатус (аз лотинӣ togatus – тогупӯшида) дар Рими Қадим инсоне буд, ки дар тан тогу дошт. Худи ном римӣ аст, чунки тогу либоси миллӣ ва он унсури соҳибҳуқуқ будани гражданини Римро ифода мекард,ва пӯшидани тогҳо нишонаи мақоми иҷтимоии инсон ва гражданини ба шумор мерафт. Император Август ҳамаи шаҳрвандонеро, ки ба Форум дохил мешуданд, вазифадор карда буд, ки дар тан тогу дошта бошанд. Ин либос бо тезӣ рамзи Рими Қадим мегардад: “рамзи ин тамаддун тога буд, ки бе он ба Форум ва ягон ҷамъомад касе роҳ дода намешуд. “Халқи тогу” “генс тогитус”, – мана он чиз аст Рим. “Варварҳо” ва ҳаргуна юнониҳо тогӣ надоштанд. Онҳо чизеро дар бораи санъати қатъгузории либос намедонистанд, аз ин рӯ ваҳшианд. Тога рамзи иерархия, низомнокӣ, ҷою мақом дар иерархия, хизмат дар назди ватан буд. Юнониҳои қадим яктаҳ (плаш) мепӯшиданд, ки римиҳо онро “паллий” меномиданд.

C:\Users\USER\Music\оо.gif
C:\Users\USER\Music\р.jpg
C:\Users\USER\Music\ар.PNG

Римиҳо дар либоси туника, тога ва пенула. Тогатус Барберини

Тогатус Барберини. Тогатус Барберини “ҳайкали римӣ бо портретҳо (ниқобҳо, тасвирот) ниёгон” ин ҳайкали Рими қадим аст, ки римии номаълумро тасвир намудаастест, ки дар тан тогу дошта (яъне тогатус), ва дар дастони худ портретҳои ниёгон, эҳтимол ниқобҳои гачии онҳоро дорад. Ин ҳайкал ба замони Август рост омада, ва бо он такрорнашаванда мебошад, ки нишонаи нодир аст оид ба ин ҳайкалпарастӣ, ки ин дар бораи мавҷуд будани ақидаҳои динӣ дар бораи ниёгон ва анъанаи нигоҳ доштани ниқобҳо шаҳодат медиҳад. Унвони “Барберини” ҳайкал бо сабабе гирифтааст он, ки дар Давраи Нав ӯ ба маҷмааи Барберинӣ дохил мешуд. Римӣ дар тан тогу дошта, тавре дар болотар ҳам баён ёфт, он маънии гражданияти Римро дошт (мутобиқи тасмими император Август). Модел дар даст тасвири ниёгонашро дорад: тавре ки меҳисобанд, дар дасти чапи ӯ падар (солҳои 20 – 15 то милод) ва дар дасти росташ ба портрети бобояш (солҳои 50 – 40 то милод) такя мекунад. Санагузории портретҳои ниёгон дар асоси таҳлили усулии санъатшиносон дода шудаааст.

Галлии фавтидаистода. “Галли фавтидаистода”-и нусхааш дар мармарии Капитолий боқимонда бо асли пергамӣ (шояд, биринҷӣ бошад), он бо фармони шоҳ Аттали I ба хотири ғалабаи ӯ бар келтҳо-галатҳо сохта шуда бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки аслашро ҳайкалтароши дарборӣ Эпигона тайёр карда бошад. Ҳайкалтарош аз рӯи натуралистӣ ва драматизм соҳиби қуллаи санъати антиқа мебошад. Галл дар ҳолати дар болои сипар ба дасти росташ такякарда тасвир ёфтааст. Чун тахту тоҷи Людовизи низ ин ҳайкал эҳтимол ҳангоми сохтмони бустонсароҳо дар Рим ёфт шуда, ва он то онро харидорӣ кардани папа Клименти ХII дар Палатсои Людовизи воқеъ дар Пинчо маҳфуз буд. Дар солҳои ҷангҳои наполеонӣ “Галли фавтидаистода” –ро фаронсагиҳо аз Италия мебароранд ва дар тули якчанд сол дар лувр ба намоиш гузошта буданд Байрон онро дар осорхонаи Капитолий дида ва дар “Оворагардиҳои Чайлд- Гаролд” тараннум кардааст.

VI. ҲАЙКАЛҲОИ ПОРТРЕТӢ

Ҳайкали портретии Рим. Он дар таърихи портрети ҳайкалии ҷаҳон яке аз марҳалаҳои муҳим буда, он тахминан панҷ аср (асри I то милод – асри IV милоди)-ро дар бар гирифта, он бо реализми мислаш то ҳол диданошуда хос буд, ҳайкалтарошон ҷидду ҷаҳд ба он мекаркард, ки хулқи (характери) қаҳрамононро дар ҳайкалҳои офаридаи худ ба таври ҳақиқӣ инъикос намоянд. Ҳайкалҳои портретии сершуморе,ки то ба мо омада расидаанд на танҳо бо шумораи зиёди худ фарқ мекунанд, инчунин онҳо аҳамияти бузурги таърихӣ доранд, чунки онҳо симоҳои иштирокчиёни вҷоқеаҳои таърихиро муаррифӣ намуда, маълумотҳои хаттии то ба мо расидаро пурра мекунанд

Портретҳои ҳайкалии этрускӣ. Дар рушди портрети римии ҳайкалсозӣ этрусскҳо нақши арзанда бозӣ кардаанд. Нишонаҳоли қадимтарини портрети этрусскӣ зарфҳои биринҷӣ ва лоӣ буданд ки санагузорӣ карда нашудаад. Вале аллакай дар асрҳои VII – II то милод этрукскҳо дар баробари ба косибӣ машғул шудан, баъзан каллаи қаҳрамонҳои худро аз тариқи ҳайкал тасвир менамудагӣ мешаванд. Яке аз ҳамин хел портретҳо дар “Сарпӯши ҳамсарон” аз Бандитачча тасвир ёфтааст. ки он ба асри VI то милод рост омадааст ва он дар осорхонаи Вилла Ҷуллиаи Рим маҳфуз мебошад.

Дар нисбати ёдгориҳои дафнукнӣ, намунаҳои ҳайкалтарошии монументалии этрусскҳо бештар то ба мо боқӣ мондаанд.Ба ин шумора метавон каллаи нуқрагини писарбачаро (мансуб ба асрҳои IV – III то милод – Осорхонаи археологии Флоренсия) дохил кард. Портрети ҳайкалии дигар ки хеле машҳур мебошад, “Каллаи Брут” (нимаи аввали асри III то милод) мебошад, Портретҳои дигари ҳайкалии этрусскҳо дар асрҳои минбаъда хеле зиёд мебошанд ва онҳо дар осорхонаҳои гуногуни археологии давлатҳои аврупоӣ маҳфузанд, махсусанр дар Италия, Фаронса, Олмон, а баъзе давлатҳои дигари ин қитъа.

Ҳайкалҳои портретии замони Ҷумҳурӣ. Портрети пайкаравии ҳамчун зуҳуроти мустақил ва як навъ санъати бадеӣ ба таври бараъло аз оғози асри I то милод – замони Ҷумҳурии Рим ба назармерасад. То ин вақт Рими Қадим ҳамчун давлати пуриқтидор бебозгашт рушду нумӯъ мекунад. Сарфи назараз он ки ин замон аз назари солшуморб (хронологӣ) аз асри VI то милод оғоз меёбад, дар мавриди бааррасии санъати портретӣ метавон аз рӯи портретҳои ҳайкалии оғози асри I оғоз кард, чунки асарҳои барвақтаи чунин жанри ҳайкалтарошӣ барвақта боқӣ намондааст ва ҳатто баъдина ҳам нисбат ба давраи империяи Рим на онқадар зиёд боқӣ мондаанд.

Махсусиятҳои хоси портретҳои ин давра аз ҳад зиёд натуралистӣ ва ба ҳақиқат наздик буданд, ки симоҳоро рост инъикос менамоянд ва то ҳадде, ки дар онҳо симоҳои мушаххасро ёфтан мумкин аст ва як симо аз симои дигар ба куллӣ тафовут доранд. Ин тамоил аз санъати этрусскӣ сарчашма гирифтааст. Сабаби муҳиме, ки ин ҷиҳатҳо баъдтар таҳким меёбанд ва дар замони таърихи Рим марҳалаи гардиши ҳалкунанда гардида, шасиятҳои алоҳида дар он нақши калонро иҷро мекардагӣ мешаванд ва ҷумҳурӣ ба диктатура иваз мешавад. Веризм мафҳуме мегардад, ки нисбат ба реализм истифода бурда шуда, ба натурализм мубаддал мегардад, ки он ба портретҳои охири Ҷумҳурии Рим (нимаи аввал ва миёнаҳои асри I то милод) хос мебошад.

Хусусиятҳои равонии хоси портрети замони Ҷумҳурӣ монандии зоҳирии ҳайкал бо асл ва махсусан кайфияти махсуси ботинӣ, ки ҳамаи образҳоро наздик кардаонҳоро бо ҳам наздик кардааст, инчунин маҳдудият, мустақилият ва ғуттазанӣ дар олами ҳиссиёт ва ғамхурӣ мебошанд. Сарфи назар аз ин, услуби портрет асри I то милод ҳанӯз якхела нашуда, ҷустуҷӯҳо сурат мегирифт. Баъзе муҳаққиқон шумораи гурӯҳҳо ва самтҳои зиёдро муайян намудаанд. Вале нисбатан бештар анъанавӣ ду самти асосӣ мавҷуд мебошад:

Якум, римии кӯҳна – идомаи анъанаи этрусскӣ ва пластикаи римии барвақта, ки дар ҳайкалчаҳои болои гур ва релефҳо бо ҳайкалчаҳои нимтанаи марҳумҳо таҷассум меёбанд ва, дуюм, эллинистии замони Ҷумҳурии бевақтаи Рим, вақте ки таъсири санъати эллинистии Юнонро аз сар мегузаронад, аз ин сабаб дар он таваҷҷӯҳ ба олами ботинии инсон ба вуҷуд меояд. Баъд дар солҳои 60 асри I то милод ҳарду самт якҷоя мешаванд ва хосияти кӯҳна то ҳадди ниҳоӣ дақиқ то охир боқӣ мемонад

Портрети замони Империя. Октавиан Август асри тиллогини маданияти Рим мегардад. Омили муҳиме, ки ба ташаккули санъати Рим дар ин замон таъсир расонидааст,санъати Юнони замони классикӣ буд, ки шаклҳои сахттарини он воқеан дар мавриди ташкил кардани империяи бузург лозим шуданд..Ҳайкалтарошии ин замонро класситсизми августӣ ном мебаранд, ки он бо соддагӣ, фаҳмогии сохтор, сахтгирона, таваккал накардан, дақиқии шаклҳо ва ҷидду ҷаҳд умумигардонӣ, ки бо кушиши анъанавии чун ҳуҷҷат дақиқ ҳамоҳанг мебошанд хос мебошад. Барои ин мисолҳои равшан портрети расмии дарборӣ (Август ва оилаи ӯ),ки дар он рафтан аз эллинизм ба назар мерасад, ки он дар портрети ҷумҳуриявӣ ба назар мерасид ва таваҷҷӯҳ ба класситсизми барвақтаи санъати асрҳои V – IV то милод зуҳур меёбад.

Портрети зан, нисбат ба пештара аҳамияти мустақилонаи бештар пайдо менамояд. Дар аҳди Август аввалин маротиба портретҳои кӯдакон пайдо мешаванд.Дар баробари портрети расмии классикӣ самти ба тарзи реалистона додани образ (масалан, портрети Агриппа) боқӣ мемонад. Аз ҳама намуд портретҳои римии консервативӣ тасвирот дар гур (марқад)-и Фурӣ мебошад, ки “Катон ва Портсия” ном дошта, дар осорхонаи Капитолий маҳфуз аст.

Портретҳои замони Юлийҳо-Клавдийҳо. Дар аҳди ҷойгирони император Октавиан Август – императорон аз сулолаи Юлию Клавдийҳо самтнокии классикӣ дар ҳайкалтарошии портретӣ боқӣ мемонад. Инъикоси императори худовандшуда ба ҳукми анъана медарояд. Дар баробари ин, ҳайкалчаҳои портретии шахсиятҳои ростистодаи симоҳои қаҳрамонона (Германик,Лувр) машҳур мешаванд. вале класситсизми тиберӣ нисбат ба августӣ бетаъсиру пастсифаттар баромаданд. Аз самти пешқадами бадеӣ, ки идеалҳои замонро инъикос мекарданд, он ба як чизи академӣ ва берун аз воқеият мубаддал мешаванд.

Аз солҳои 40 сар карда, тавҷаҷҷӯҳ инъикоси махсусиятҳои инфиродӣ беш аз пеш аз нав эҳё мешавад. Дар портретҳои замони Калигула ин зуҳурот камтар ва дар замони клавдийҳо ба таври аёнтар ба назар мерасад Намунаи маълум ҳайкалчаи Клавдия аз ротонди осорхонаи ватикан дар образи Юпитнри дар гулчанбар инъикосёфта мебошад, Фарқият дар байни тани идеаликунонидашудаи классикӣ ва каллаи портретии марди кӯҳансол бараъло намоён аст. Чунин реализми воқеӣ (гӯшҳои калон – калон, ожангҳо ва ғайра) бори нахуст дар портретҳои замони императорон пайдо мешаванд. Дар замони Неронсамти реалистӣ идомаи худро давом медиҳад ва ҳатто идеализақия аз портрети расмӣ нест мешавад. Ҳайкал ба таври ниҳоӣ ҳаракат мекунад, ки ба асл монандӣ дошта бошад ва характерро ифода намояд. Портрети замони Клавдия ва Нерон аз класситсизми августӣ ба санъати Флавиҳо олиҷаноб ҳисобида мешавад.

Портретҳои Флавийҳо. Давраи ваҳдати Флавийҳо ба парвози навбатии баланди маданият оварда расонид, ки он ба портрет ҳам дахл кард, гарчанде реализм нишонаи асосии портрети Рим дар тамоми тули рушди он боқӣ мондан мегирад, портрети Флавийҳо услубҳои худ – композитсияҳои серҳаракатӣ (динамикӣ) ва фарогирии васеъ, инъикос кардани симо дар мавриди риояи боқӣ мононидани дақиқии нозуконаи сохтори композитсияро истифода мебарад.

Устоҳо илҳомро аз портрети эллинистии юнонӣ мебардоштанд. То охирҳои давра тасвиргароӣ, ки яке аз махсусиятҳои услуби ин портрет буд. беш аз пеш пурзур мешавад. “Устоҳои Флавийҳо дар инъикоси симоҳои одамони кӯҳансол наистоданд; онҳо занҳои ҷавонро низ тасвир менамуданд,ки гӯё аз зебогии махсусиятҳои онҳо ба завқ меомаданд ва лаззат мебурданд. Ин портретҳо нисбат ба портретҳои классикии замони Август наонқадар сахтгиронаанд,онҳо ҳаматараффа инъикос гардидаанд, дар онҳо темпераменти зинда ва дилфиреб будани портретшавандагон эҳсос карда мешавад.

Бисёр портретҳои замони Флавийҳо аллакай намояндагони табақаи миёна ва инчунин ба озодӣ ҷавобшудагони сарватмандро тасвир менамоянд. Дар замони Флавийҳо каллаҳои портретӣ одатан то сандуқи сина ва китфҳои ба як тараф моил тасвир карда мешуданд.

Ҳайкалҳои портретӣ дар замони Флавийҳо давраҳои зеринро дар бар мегиранд: 1. Портретҳои замони Флавияҳои барвақта (давраи Веспасиан ва писари нахустини ӯ Тит). 2. Портретҳои замони Флавийҳои бевақта (давраи Доминитсиан; нафосат дар инъикоси олами ботинии одамон ва назари камтари муштараки ва солим ба ҳаёт). Инчунин ду самти рушди ҳайкалҳои портретӣ мавҷуд буд: 1. Пешқадуму реалистӣ. 2. Идеалӣ ва клссикикунонидашуда (ҳайкалчаҳои монументалӣ,ҳайкалҳои расмӣ) .

Самти идеаликунонидашуда барои портретҳои расмии императрон хос буда, ба худоҳо ва шоҳҳои эллинистӣ майл доштанд, аз ин рӯ, онҳо нисбат ба портретҳои Август як қадар сахтгирона нею озодтар буданд. Идеаликунонӣ бо ду роҳ пеш мерафт: император ҳамчун худо ё қаҳрамон инъикос карда мешуд: Ё ки дар симои ӯ накукор хирадмандӣ ва бо шаъну шараф будани ӯ махсус таҷассум кунонида мешуд. Андозаи чунин тасвирот бисёр вақт аз асл зиёдтар буд, худи портретҳо моҳияти монументалӣ доштанд; махсусиятҳои инфиродии симо барои ин мувофиқ кунонида мешуд, ки ин услуб ба махсусиятҳои симо дурустӣ ва умумият калон мебахшид.

Портретҳои замони Траян. Салтанати Траян марҳалаи гардишнок дар Империяи Рим ба ҳисоб меравад. Ҷангҳои истилогаронаи ӯ кушиши охирине буданд баҳри наҷот додани империя аз таназзули дохилӣ, ва баъд аз марги Траян ба меросхӯрони ӯ лозим шуд, ки аз музофотҳои дурдаст даст кашанд. Дар ин давра нишонаҳои авҷвалинӣ нобоварӣ ва тарсу ваҳм пайдо мешаванд.. Дар ҷустуҷӯи такягоҳ ҷомеа ба “Ҷумҳурии шарафманд” , “ҳуқуқҳои оддии ниёгон” муроҷиат мекунад, аз он ҷумла, ба идеалҳои эстетикии он. Муқовимат ба муқобили “таъсири рӯ ба таназзулёфтаи Юнон” ба миён меояд Ин кайфиятҳо ба характери золимонаи худи император мувофиқат мекард. Дар портрети ин давра яку якбора кандашавӣ ба анъанаҳои замони пеш баназар мерасад, ки шахсияти ҳоким дар услуби (стилистикаи) портретисозии Рим таъсир мерасонад, ки қаблан, ки чӣ дар портрети барвақта вҷа баъдинаи Рими ба назар нарасида буд. Портретсозон ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар дақиқӣ ва риояи сахт ба портретҳои замони ҷумҳурӣ тақлид намоянд вале ӣевосита онҳоро такрор накарда, дар инъикоси унсурҳо навгонию таҳвааулот дохил кунанд.

Дар охирҳои салтанати Траян шакли нави нимтанаи калон ташаккул меёбад (сандуқи сина ва дастҳо пасттар аз китфҳо), ки дар ин давра танҳо дар портретҳои он истифода бурда мешуд, ва дар давраи оянда, адрианӣ ба таври васеъ паҳн мегардад.

Барои ҷаҳонбинии Адриан, инчунин барои бисёриҳо аз муҳити ӯ марказонидани таваҷҷӯҳ ба ботин хос буда, кушиш ба харҷ медоданд, ки аз воқеияти мавҷуда дур бошанд ва таваҷҷӯҳи бештарро ба маърифатнокӣ ва муроҷиат ба маданияти юнонӣ равона месохтанд. Адриан эллинистигаро буд, ва бо шарофати ин самти нави санъати Рим – класситсизм ташкил меёбад, ки рамзи он портретҳои маҳбуби Адриан – Антиноя мешавад.

Портретҳои замони Антонинҳо. Гарчанде Траян ва Адриан пурра набошад ҳам ба сулолаи Антонинҳо мансуб буд, санъати замонҳои салтанати онҳоро анъана шудааст, ки дар алоҳидагӣ, вале мероси бадеиие, ки дар замони идораи намояндагони дигари сулола офарида шудаанд, аз Антонин Пий сар карда, ба марҳалаи муштарка муттаҳид карда, баррасӣ карда шавад.

Дар стилистика тағйироти яку якбора ба санъати замони Адриан ба амал наомадааст; тарзу усчулие, ки он вақт ворид карда шуда буданд, истифодаи васеъи онҳо оғоз меёбад. Ин вақт фарқият дар байни портретҳои римӣ ва юнонӣ кам мешавад, устоҳои Рим ба портретҳои файласуфҳои юнонӣ тақлид мекарданд. Дар замони Марк Аврелий ки баъд аз Антонин Пий император мешавад, техника боз ҳам нозуктару самараноктар мегардад: ҷустуҷӯй баҳри инъикоси боз ҳам гуворотар ба амал меояд бо шарофати релефи фарогир дар байни равшании пасту баланд боз ҳам сахттару гуворотар мегардад, дар ин кор пармача бештар истифода бурда мешавад..

Портретҳои замони Северҳо. Барои таърихи империяи Рим замони пурташвиш асри III милодӣ ва деградатсияи (таназзули) мешавад, ва дар як вақт барои санъати тасвирӣ ин вақт бениҳоят маҳсулнок баромад. Муҳаққиқон чоряки дуюми асри . III-ро марҳалаи рушди бузурги санъати портретии Рим меҳисобанд. Бӯҳрони маънавӣ,ки он аз он ҷумла дар истифодаи эътиқодҳои шарқӣ ва таваҷҷӯҳ ба масеҳият зуҳур ёфта буд) дар ҷустуҷӯи портрет ифода ёфтааст. Санъати классикии замони Антонинҳо ба кайфияти инсони экзалтишуда мувофиқат намекард. Рушди портрети асри III бо ихтилофнокӣ ва муборизаи самтҳои стилистӣ фарқ мекунад.

C:\Users\USER\Music\сима.jpg
C:\Users\USER\Music\филипп аравитянин.jpg

Балбина Филипп Аравитян

Портретҳои замони императорони сарбозон. Портретҳои замони императорони аскарҳо хати устувориро рушд медиҳанд, ки дар замони ҳукмронии Александр Север ба миён омада буд. Ба ҷои аввал хусусиятҳои шахсият (нисбат ба таваҷҷӯҳи пештара ба масъалаҳои тасвир шаклгардонии болои мармар) мебарояд

Намунаи техникаи нав ки дар чоряки дуюми асри III босуръати том рушд мекунад, портретҳои Филипп Аравитян ва Балбина мебошад. Услуби тасври “сарбозии” император Филипп дар амал пурра рад кардани услуби тасвирии (живопис) замони Антонинҳо мебошад, ки дар он изи санъати нафис дида намешавад..Портрет ҳам аз идеализатсия ва ҳам аз анъанотӣ маҳрум аст,техникаи тайёр кунии портрет содда мебошад

Дар солҳои 30 – 40 асри III пластикаи портретӣ ба нашъунамои баландитарини реалистии услуби экстрессивии худ соҳибмешавад, ки он дар замони ҳукмронии Северҳо тавлид ёфта буд. Дар пурзур кардани таъсири эмотсионалии портрет муқоисаи қисматҳои равшан ва торик тасвиркардаи ҳайкал нақши калонро бозӣ мекунад. Кайфияти баъзе моделҳо нишонаҳо нобоварӣ ба олами муҳит ва хоҳиши танҳо ба худ умед бастанро дорад. Дар замони император Галлиен ки худ баландмаърифат буд, як навъ алангаи баланди таваҷҷӯҳ ба класситсизм ба миён омада, вале бо тезӣ хомӯш мегардад.

Портретҳои императорҳои Илларӣ. Императорони Илларӣ (солҳои 268 – 282) қисми таркибии императорони сарбозӣ буда лекин аз онҳо тафовут ҳам доштанд. Ин давра марҳалаи гузарише буд, ки ба сӯи аз байн рафтани доминат мебурд. Барои ин марҳала услуби гузариш ба портрети мустаҳкам инъикос кардани типи тасвир буда, дар вилоятҳои гуногуни империя он бо хусусиятҳои гуногуни фарқ мекард, дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо басӯи соддакунӣ мерафтанд.

Портретҳои асри IV. Марҳалаи оянда бо салтанати Диоклетиан оғоз меёбад. Дар ин вақт – охиршои асри III – аввали асри IV дар римиҳо кушиш ба эҳёи оламшумулӣ ва иқтидори империя бедор мешавад, ки он дар муҳаббати махсус ба ҳама чизи бузург, ки ин ба меъморӣ ва санъати тасвирии ин замон хос аст, ифода меёбад. Дар ҳама ҷой бузургсолорӣ ҳукмрон буд, аз он ҷумла дар портрет ҳам – қаблан тасвиркунӣ ба асли натуралӣ паҳн гардида буд. вале баъд онҳо якчанд маротиба зиёда аз асл тасвир карда мешуданд.

Императорони селолаи Северҳо

C:\Users\USER\Music\север.jpg
C:\Users\USER\Music\септимий север.jpg
C:\Users\USER\Music\александр.jpg

Север Септимий Север Александр Север

“Барои давраи мазкур дар санъат мавҷуд набудани портрети ягона, самти асосӣ хос аст, ки, бегуфтугу, тамоили беш аз пеш афзояндаи ҷудошавии Империяи Римро инъикос менамояд”, – гуфта мешавад, дар сарчашмае. Дар портретҳои пешгузаштагони Константин, ки ҳанӯз нишонаҳои услуби марҳалаи гузаштаистодаро нигоҳ доштаанд, реализм вуҷуд дорад, лекин мсусиятҳои нав рӯ ба рушд ба амал меомаданд. Маънибандии унсурҳои портрет (чашмҳо мӯйсар) дақиқан нақшабандӣ мешаванд, махсусиятҳои рӯй бетағйир шуда, намуди ниқобро мегиранд. Дар замони тетрархия дар шарқ типи худӣ пайдо мешавад: мутаносиб сохтани калла, ки ба мӯи майда тарошида, кӯтоҳ, риши бо нуқтаҳо нишонабандб кардашуда, рӯи васеъ бо ожанг дар пешона ва пайвастаи абрувон , ки ба рӯй симои стандартии азобкашӣ ва фикру андеша мебахшад, иҷро карда шудааст.

Аз замони Константин сар карда марҳалаи нав дар рушди портрет оғоз меёбад. Замони барвақтаи константинӣ ба ду тамоил тақсим мешавад: идомаи анъанаҳо ва кофтукови ҳалли нав. Аз Константин сар карда полртрет аз анъанаҳои реализм ки асоси ҳамаи рушди ҳайкалтарошии поортретсозии гузаштаро ташкил мекард, ҷудо мешавад. Дар аҳди меросхурони Константин класситсизми портретҳои замони ӯ ба нестӣ дучор мешаванд. Ба чашмон диққати асосӣ дода мешавад. зеро онҳо дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки ҳама чизи моддӣ ва ҷисм дар портрет акнун ба маънавёт итоат мекунад, ки ин барои замони оғози ҳукмронии масеҳият табиӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, симои инсон махсусиятҳои инфиродию мушаххаси худро аз даст медиҳад ва бо ҳамроҳии он аҳамияти портретии худро ҳам. Он образи аз тан ҷудокарда, ба сурат (икона) мубаддал мегардад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.