Санъати тасвири ва ороишию амали дар Рими Кадим

Даврабандии таърихи санъати тасвирӣ ва амалӣ дар Италия:

-Давраи рушди қабилаҳои Италия, маданияти этрусскҳо: асрҳои VIII – II то милод.

-Давраи “Шоҳии” Рими Қадим: асрҳои VIII – VI то милод.

-Давраи ҷумҳуриявии Рими Қадим: асрҳои V – I то милод.

-Давраи императории Рими Қадим: I – V (афтидани Рим – соли 476).

Санъати тасвирии ва амалии этрусскҳо. Маълум аст, ки тамаддуни этрусскҳо ба Италия ба воситаи роҳи баҳрӣ аз Осиёи Хурд омадааст. Этрусски дар замонҳои қадимтарин ба кишоварзӣ машғул будаанд, баъд бо сабабҳои ба мо номаълум онҳо ба кишвари нав мекӯчанд. Дар ин ҷо онҳо сарбоз мешаванд ва ба тиҷорат шуғл меварзанд. Этрусскҳое, ки ба воситаи киштиҳо ба он ҷо шино карда, ба он ҷорафта буданд, дини шамол ва осмонро, ки боҷодугарӣ ва қурбоникунии узвҳои ҳайвонот алоқаманд карда шуда буданд, нигоҳ доштаанд. Санъати этрусскҳо дар асрҳои VIII – I то милод арзи вуҷуд кардааст. Ёдгориҳои аввалин шарқӣ мебошанд. Саҳми юнониҳо танҳо дар асрҳои VIII – I то милод аҳамиёт дошт, лекин онҳо дар санъат баъзе унсурҳоро боқӣ мондаанд. Бо сабаби рақобат ва оштиношавии аъзои иттифоқи этрусскӣ ҳукуматдорони шаҳрӣ заиф мешаванд. Аз ин истифода бурда, римиҳо онҳоро ишғол менамоянд. Бисёр вақт чиҳоро, ки ба римиҳо нисбат медиҳанд, боқимондаҳои тамаддуни этрусскҳо мебошанд. Арки Зафари Рим воқеан арки шаҳрии этрусскҳо мебошад.

C:\Users\USER\Music\этруск 3.jpg
C:\Users\USER\Music\выввы.jpg
C:\Users\USER\Music\этруск 4.jpg
C:\Users\USER\Music\этуск 5.jpg
C:\Users\USER\Music\этруск 6.jpg
C:\Users\USER\Music\выв.jpg

Намунаҳо аз санъати тасвирии этрускҳо

Санъати этрусскӣ дар таърихи маданияти Рими қадим ва маданияти халқҳои дигари аврупо нақши калон гузоштаааст гузашта аз ин ба фаъолияти бадеии Рими қадим таъсири калон расонидаст. Асарҳои санъати этрусскҳо асосан дар минтақае арзи вуҷуд кардааст, ки дар шимол бо дарёи Арно ва дар ҷануб бо дарёи Тибр маҳдуд карда шудааст. Вале устохонаҳои зиёди рассомони этрусскӣ дар шаҳрҳои аз қаламрави сукунати этрусскҳо шимолтар воқеъгардида ҳам мавҷуд буданд, аз он ҷумла дар Марсаботто, Спина, Пренеста, Валлетри, Сатрик. Этрусскҳо ба инсони муосир, нисбат ба дигар соҳаҳои шуғл, бештар аз рӯи санъаташон маълуманд. Азхудкунии намудҳои гуногуни санъати тасвирии онҳо бо ҳамон роҳе мерафт ки халқҳои дигар тай мекарданд.

Дар зебу зинати марқадҳо рангҳои маъдании гуногун, бештар рангҳои ором истифода бурда мешуданд, ки онҳоро ба андоваи тар ва баъзан дар андоваи хушк тасвир мекарданд, баъзан ҳатто – дар деворҳои марқади сангин низ.

Чизи аз ҳама аҷибаш дар суратҳои рӯйдеворӣ (фрески) он аст, ки умуман боқӣ намондаанд. Ба ин анъанаҳои этрусскҳо бо суратҳо оро додани марқадҳои дар камарҳо буридашуда мусоидат намудаанд. Аз рӯи услуби худ знаққошии (живописи) онвақтаи этрусскҳо бо ороиши гулдонҳо ҳамоҳангӣ дорад. Наққошии (живописи) этрусскӣ дар биноҳо низ вомехуранд. Аз ҳама қадимтарини онҳо ба асри VI то милод рост меояд..

Наққошии (живописи) этрусскӣ ба меъмории марқадӣ алоқаи зич дорад. Аз рӯи гуногунии худ он яке аз намудҳои суратҳои рӯидеворӣ (фрески) мебошад. Мавзӯи онҳо: манзара (сюжет)-ҳо аз ҳаёти рӯизаминии марҳум аз он ҷумла, саҳнаҳои урфу одатҳо бо мутрибон, раққосҳо, варзишгарон (гимнастикачиён), тасвири шикор, моҳигирӣ, манзара )сюжетҳо)-и асотирии юнонӣ буданд. Таъиноти ин тасвирҳоро натурализми онҳо муайян мекарданд – диққат ба имову ишораи одамони тасвиршаванда, ғанӣ гардонидани рангорангӣ дода мешуд. Ба воситаи рангорангии баланд рассомон кушиш ба он мекарданд, ки бар торикии марқад ғалаба кунанд, чуноне тасвир намоянд, тасвирҳоро; бо ҳамин ният онҳоро равшан тасвир менамуданд.

Бадеият дар ҷойи дуюм мемонд, симоҳо, тасвирот ба таври боэътимод нақш меёбанд. Дар асри V таъсири классикаи юнони пурзур мешавад. тарҳҳои бориктар мешаванд ва ба ошкор сохтани шакли пластикӣ мусоидат менамоянд, рангҳо пастта ва гуногунтар, ҳаракати тасвиршаванда озодтар мешаванд.

Суратҳои рӯидеворӣ (фрески) дар марқадҳои Вей ва Черветери ёфта шудаанд, вале маркази калонтарини нақшу нигор шаҳри Кампан буд. Марқади начандон калони Уток нишон медиҳад, ки аллакай дар асри VII то милод этрусскҳо марқадҳоро бо нақшу нигор оро медоданд. Дар марқади Кампани воқеъ дар Вея ҷавони аспсаворе тасвир ёфтааст, ки онро мард пеш мебарад, фазои боқимонда бо нақшу нигор, суратҳои ҳайвонот ва ҳайвоноти бадҳайбати асотирӣ пур карда шудааст.

Яке аз суратҳои рӯидеворб дар марқади Барзаговҳо (солҳои 540 – 530 то милод) пайдо шудааст. Дар он яке аз деворҳо дар муқобили даромадгоҳ зебу зинат дода шудааст. Дар фронтон ду буққа тасвир ёфтааст, инчунин саҳнаи эротикӣ низ ҷой дода шудааст. Дар демори асосии саҳна аз эпоси юнонӣ Ахипп дар ҷои пинҳонӣ писари шоҳи Троя Приамро интизор аст

Рушди санъати Рим аз бисёр ҷиҳат аз маданияти кӯҳнаи бадеии этрусскҳо сарчашма гирифтааст. То ба миён омадани салтанати Италия, вилояти маданияти баланд (дар баробари шаҳрҳои юнонӣ) Этрурия – вилояте, ки дар қисмати ғарбии нимҷазираи Апенин воқеъ гардида буд. Марҳалаи нашъунамои сиёсии Этрерия ба асри VI то милод рост омадааст

Аз нимаи дуюми асри VII сар карда санъати этрусскҳо дар зери таъсири Юнон рушд меёбад Чун дар Юнони замони эллинистӣ дар нақшу нигори асрҳои V III дар тасвиргароӣ кайфияте ба миён меояд, ки мувофиқи он суратҳои ғамангези олами зеризаминӣ, шоҳҳо Аида. Плутон ва Прозерпин тасчвир меёбанд. Дар базмҳои фавтидагон иштирокчиён дар ғаму ғусса ғутида рафтаанд. Маҳз дар асри V то милод Рим бар зидди Этрурия даст ба амалиётҳои ҳарбӣ мезанад.

Аз асри IV то милод сар карда дар асрҳои минбаъда дар санъати этрусскҳо дар нақшу нигори марқадҳо ва ҳайкалҳо портрет мақоми калон пайдо менамояд.

То соли 280 то милод Рим аллакай тамоми Этруриро забт мекунад. Дар асрҳои III – II то милод Этрурия дар зери ҳокимияти Рим бори дуюм давраи рушду нумӯи худро аз сар мегузаронад, гарчанде на ба он дараҷае, ки дар асрҳои V – IV то милод рушд карда буд.

Санъат пешравии худро дар ду самт идома медиҳад: яке ба санъати эллинистӣ алоқаманд аст дигаре – бо санъати анъанавии маҳаллӣ. Анъанаҳои кӯҳнаи этрусскӣ дар ҳайкали калони биринҷии суханвар ба назар мерасад.

Ёдгориҳои санъати этрусскҳо аллакай дар асрҳои миёна маълум будандвале таваҷҷӯҳи махсус ба онҳо дар замони Эҳё ба миён омад замоне ки зебу зинат (живопис) ҳайкалтарошии этрусскҳо устоҳои машҳури Эҳё даст заданд. Гуманистони гуманистӣ асарҳои зебогӣ ва комили этрусскҳоро дарк карданд. Ин аст, ки дар он солҳо эҳё намудани ҳайкалҳои биринҷии этрусскҳо ба ҳукми анъана даромад.

Санъати тасвирӣ ва амалии замони Ҷумҳурии Рим. То охирҳои асри VI то милод Рим давлати ашрофии ҷумҳурии ғуломдорӣ мешавад. Сенат мақоми олии ҳокимият шуда, ба он танҳо намояндагони ашрофон (патритсияҳо) дохил шуда метавонистанд. Дар санъати тасвирим Рими ҷумҳуриявӣ таъсири санъати юнонӣ ва этрусскӣ хеле калон буд. Вале дар санъати Юнон образи худоён, қалрамонони асотирӣ, варзишгарон афзалият доштанд. Портрет дар Юнон нисбатан хеле дер тавлид меёбад – дар асри V то милод. Дар Рим бошад, баракс, маҳз портретаҳамияти афзалиятнок дошт.

C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\5.jpg
C:\Users\USER\Music\4.jpg
C:\Users\USER\Music\7.jpg

Намунаҳо аз санъати тасвирии Ҷумҳурии Рим

Дар Рим дар асрҳои II – I то милод суратҳои офарида мешаванд, ки дар онҳо муҳорибаҳо ва футуҳот (аз рӯи сарчашмаҳои адабӣ маълуманд) тасвир ёфтаанд. Мусаввираҳои задухурд маҳалҳоеро, ки дар он ҷойҳо муҳорибаҳо рух додаанд, ва ҷойҳои мустақар будани ҷузъу томҳо хеле хуб тасвир карда шуда буданд. Чунин мусаввираҳоро бо худ ба лашкаркашиҳои фотеҳона бурда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои тамошои ҳама мегузоштанд. Дар мусаввираҳо портретҳои фотеҳон дар пераҳани (тогҳои) ранги арғувонидошта шахсони махсуси дар сафи пеши қӯшун қарордошта мебурданд.

Асарҳои санъати тасвирӣ дар замони Ҷумҳурии Рим натанҳо дар портрету мусавираҳо тасвир ёфта буданд, балки ба пайдоиш ва рушди санъати амалӣ низ мусоидат намудаанд. Соҳаҳои истифодаи счанъати тасвирӣ дар ин давра хеле васеъ ва гуногун буд. Он ҳам дар ашёҳои рӯзғор, ҳам дар ҳайкалҳо, ҳам дар олоти меҳнат, ҳам дар ҳайкалтарошӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти моддӣ ва фарҳанги Рим истифода бурда мешуд.

Нашъунамои санъати Империяи Рим дар асрҳои I – I1. Дар санъати замони Август нисбат ба замони ҷумҳурӣ бисёр чизҳо тағйир ёфтанд. Дар ин солҳо фаъолияти биносозӣ хеле фаъол шуда дар ин замина портретҳои ҳайкалӣ ба таври васеъ паҳн мешавад ба ободонии дохили биноҳо, бо расмҳои рӯидеворӣ ва бо кошинкорию релефҳо, ҳайкалчаҳо оро додани деворҳои онҳо диққати калон дода мешуд. Дар образҳои бадеӣ муносибатҳои нави байниҳамдигарии одамон ифода меёфтанд, Инсон акнун на ҳамчун гражданини ҷумҳурӣ, балки моҳиятан дар нақш раияти император будани худро огоз мекард. Санъат ба фаъолияти давлат мубаддал гардида, аз бисёр ҷиҳат ба принсепс итоат мекард.

C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\5.jpg
C:\Users\USER\Music\4.jpg
C:\Users\USER\Music\6.jpg

Намунаҳо аз санъати тасвирии Империяи Рим

Ба давраи аввали нашъунамои санъати империя бунёди иншоотҳои моҳияти амалидошта мансуб мебошад. Клавдий дар Остин бандари калон сохт, нақшаи каналро кашид, ки дар он пайвастани кӯлу дарёҳо дар назар дошта шуда,акведуке, ки то имрӯз вуҷуд дорад, сохт. Нерон дар шаҳри азизи худ Атшиум бандар сохт, Галба бошад, – амборҳзои тиҷоратӣ. Императорон ба сохтмони иншоотҳои ҷамъиятӣ – термаҳо, амфитеатрҳо, сиркҳо, аркҳои зафар аҳамияти калон медодагӣ мешаванд.

Маҳорати меъморон дар самаранок истифода бурдани масолеҳи сохтмон – сангу хишт ва бетону мармар зуҳур меёфт. Дар шаклҳои меъмории Коллизей ва амфитеатрҳои дигар, дар бисёр шаҳрҳои Империя, ғояи бузургии Рим, ки ба авҷи тараққиёти худ ноил гардидааст, ифода меёфт. Он вақтҳо барои мусобиқаи асптозӣ ипподрому сиркҳо бунёд карда мешуданд, ки аз саҳна, ҷойҳони нишаст таъмин буданд диққати калон дода мешуд.

Санъати портреткашӣ низ такмил меёфт. Ба усули портретҳои императорон, шахсҳои хусусӣ низ тақлид мекарданд. Лашкаркашон, ашрофон, судхурон дар ҳар шаклу ист (поза) қарор гирифта, ҳаракат ба он мекарданд, ки ба императорон монанд тасвир ёбанд. Ҳайкалтарошон ба шинонидани калла додани ифтихормандӣ ва ба гардонидани он ба тарафҳо боҷуръатиро инъикос менамуданд, дар баробари ин, талабот ба инъикоси махсусиятҳои симои дилкаши инфиродӣ на ҳама вақт риоя мешуданд.

Дар солҳои марҳалаи дуюми нашъунамои санъати Рим – Траян (солҳои 98 – 117) ва Адриан (солҳои 117 – 138) империя аз назари ҳарбӣ ҳанӯз пурзур буда ва аз назари иқтисодӣ нашъунамо меёфт. Вале музофотҳо на ҳама вақт таслим мешуданд ва аз ҳамин сабаб дарсарҳадҳо задухурдҳои зиёд ба амал меомаданд. Дар шимол Траян бо дакҳо муборизаи беамон (солҳои 101 – 106) мебурд, дар Шарқ бошад, бар зидди Порт ҷанг мекард, то ки назорати худро аз болои Арманистон барқарор кунад ва Байнаннаҳрайнро (солҳои 113 – 117) ба даст даровард. Адриан бошад, танҳо ба аз худ кардани заминҳои ишғолкарда машғул шуда, дар он ҷо истеҳкомҳои муҳофизатӣ сохта қӯшунҳои сарҳадбонро пурзӯр кард ва инчунин шӯриши дар Яҳуд ба амаломадаро фуру нишонид.  

Дар солҳои охирини ҳукмронии Адриан замони нашъунамои баландтарини санъати Империя, ки дар замони Клавдийҳо оғоз гардида буд, ба охир мерасад. Беҳуда нест, ки дар аҳди Траян ва Адриан, замоне ки Рим дар бораи қудрати худ дарак медод,меъморӣ афзалият дошт: Форуми Траян бо сутунҳои кунгурадор, Пантеон, Ибодатгоҳи Зевс ҳамчун рамзи иқтидори Олимпӣ ки ҳанӯз боқӣ монда буд, вале шакли низоми сиёсии империя принсипат буд

Давраи бевақтаи нашъунамои санъати Рим, ки дар солҳои охирини салтанати Адриан ва дар аҳди Антонин Пий оғоз ёфта, то охири асри II идома дошт, дар образҳои бадеӣ ба хомушшавии хурсандӣ ва тантана хос буд. Воқеаҳо на ба фоидаи империяи Рим анҷом меёфтанд: Британия дар ҳолати ҷумбиш қарор дошт, Порт Арманистонро ба зери назорати худ гирифта, германҳо бар зидди бар зидди римиҳо муборизаи шадид мебурданд.

Дигаргуниҳои оянда наметавонистанд ба ёдгориҳои бадеии Рим , ки дар охири асри III дар назди бӯҳрони шадиди низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, таъсир нарасонанд.

Санъати Империяи Рим дар асрҳои III – IV. Аллакай дар асри III бӯҳронии ҷомеаи ғуломдории Рим пурзур мешавад. Аллакай дар нимаи аввали аср, дар замони салтанати Северҳо (солҳои 193 – 235) таназзули низоми ғуломдорӣ тезу тунд шуда, низоми колонат васеъ шуда, унсурҳои хоҷагии натуралӣ дар латифундияҳо ба вуҷуд меоянд, ҷараёни вҷарварикунонӣ дар қӯшун, ки аз ҳисоби германҳо, галлҳо, суриягиҳо ва ғайраҳо пурзур мешавад. Санаде,ки дар бораи заифии метрополий ва афзоиш ёфтани мақоми музофотҳо шаҳодат медиҳад, эдикти Каракалла дар соли 213 оид ба паҳн намудани ҳуқуқи гражданӣ ҳамаи сокинони озоди музофотҳои Рим мебошад.

Ҳокимияти император беш аз пеш моҳияти истибдодӣ мегирифт, лекин тахту тоҷи худи император дар дасти қӯшун ба бозичае монанд буд. Аҳамияти низоми дастгоҳи маъмурию бюрократӣ афзун мегардад. Баъди сулолаҳои императории Северҳо салтанати императорҳои сарбозон оғоз меёбад. Дар аҳди Диоклетиан (солҳои 284 – 305) тақсимоти аввалини Империяи Рим ба империяи ғарбӣ ва империяи шарқӣ ба амал омада ва низоми доминат бо ҳокимияти номаҳдуди императоророн – дар нисбати то ин вақт мавҷудияти низоми принсипат – муқаррар мегардад. Тақсимот ба Империяи Ғарбӣ ва Империяи Шарқӣ дар соли 395, баъди вафоти Феодосияи I, таҳким меёбад.

Ёдгории нисбатан бузурги меъмории замони Северҳо арки Септемияи Север ва термаҳои Каракалла буданд. Арки септемияи Север дар соли 203 дар форуми Рим бунёд карда шуда буд. Болоравии охирини портрети реалистии Рим бп давраи салтанати Северҳо рост омадааст. Ҳайкали нимтанаи император Каракалла, ки дар Осорхонаи Миллии Неапол маҳфуз мебошад, нуқтаи баландтарини реализми портретии Рим ба ҳисоб меравад. Баъди рӯҳбаландии ҷонӣахши образҳои антонинҳо рассоми замони Северҳо бо сифати муҳимтарин мусаллаҳшуда ба ҳақиқатнигории бераҳмонаи портрети замони барвақтӣ, ки дар замони антонинҳо ташаккул ёфта буд, бармегардад.

Замони идораи императорҳои сарбозон, яъне императоронен, ки танҳо ба қӯшун такя мекарданд (ва бисёр вақт ба мансаббароии худро сарбози муқаррарӣ оғоз мекарданд) замони ҷангҳои доимии байниҳамдигарӣ, дохилӣ, бархурдҳои хориҷӣ ва ба таври зӯрӣ иваз кардани императорон, замони ниҳоят ноустувори вазъи сиёсӣ ва иқтисодии империя буд . Ин давра барои санъат оғозёбӣ то чанде афзун гардидани босуръати аз байн рафтани усули реалистӣ буд. Услуби портрети Рим сахт рӯ ба тағйирот меорад. Вайроншавии асосҳои бунёдии портрети антиқӣ дар марҳалаҳои аввал роҳи ба рассомон дари имкониятҳои беғаразона тасвир намудани аслро кушод – ҳамин тариқ, образҳое ба миён меоянд, ки аз рӯи тозагию гуногунрангии фаҳмиши бадеият махсусиятҳои аҷоиб доштанд. Аз назди назари тамошобин манзараҳои ҳаётии намудҳои гуногун мегузаранд. Дар рӯи онҳо баъзан кинаю, сипоҳ, баъзан дағал ва бехирад, баъзан бо қаҳру ғазаб – замони фоҷеабор нақши худро гузошта буд: ин одамон бовариро аз даст додаанд ва онҳоро воҳима зер кардааст.

Дар портретҳои замони баррасишаванда точанде ду тамоил рушд мекунад – ғоратгарии берануаи образ ва дар он болоравии шиддати маънавиён. Бо ҳам пайвастани ин ду тамоил дар як образи портретӣ яклухтии реалистии онро вайрон мекунад. Масалан дар портретҳои императорФилипп Аравиятин (дар Эрмитаж ва Осорхонаи Ватикан) тантанаи неруи дағал афзалият дорад. Вале нигоҳи шиддатноки чашмони кушодаи Филипп дар бораи кушиши рассом баҳри ба махсусиятҳои рӯй ворид кардани рӯҳияи баланди зиндагӣ ворид сохтан, шаҳодат медиҳад, ки дар ин маврид ба шахсияти император хос нест, вале унсури зарурии нави идеали бадеӣ гардидаанд. Чунин тасвир ёфтаанд портретҳои император Максимин Фракс. Дар шаклҳои ҳайкали портретӣ унсурҳои соддакунӣ ва қолабӣ ба вуҷуд меоянд. Моделгардонӣ бештар мухтасар мешавад ва бе лаҳзаҳои пештараи назарногир.

Дар портретҳои занонаи асри III нисбат ба портретҳои мардоннафосат бештар ба назар мерасад. Дар он баъзан анъанаҳои асри II ба назар мерасад; Тавре ки дар ин бораи , портрети зани ҷавони римӣ аз осорхонаи Копенгаген ё портрет бо номи Лютсилла аз Осорхонаи Капитолийи Рим шаҳодат медиҳад. Вале дар портрети зан ҳам образҳое пайдо мешаванд, ки дар онҳо ба таври урён махсусиятҳои манфии модел кушода дода шудаанд. Чунин аст портрети зани калонсол (Ссорхонаи Капитолий), ки симояш дар болраи дағалӣ ва золимӣ шаҳодат медиҳад.

Дар нақши муқарнас (рельеф)-и асри III нисбат ба портрет нишонаҳои таназзул бештар ба назар мерасанд. Нақши муқарнаси сарпӯши марқад аз тасвироти калон бо суробҳои дақиқ, ғиҷимҳои либос пурра аст. Композитсияҳои мураккаби бисёрнафара қариб тамоми ҳамвории сарпӯши тобут (марқад)-ро гирифтаанд.гарчанде, ки нақши муқарнас хеле баланд буда, дар одам тасаввуроти калонҳаҷмиро ба вуҷуд нжамеоварад.

Давраи охирини сохтмони калон дар Рим ба оғози давраи доминат рост омадааст. Шиддати вазъияти сиёсӣ талабот ба дифоъ ба пайдоиши иншоотҳои намуди қалъа оварда мерасонад. Император Аврелиан (солҳои 270 – 275) аз хишту қир (бетон) деворҳои мудофиавии шаҳрро бунёд кард,ки дарозиаш 19 километр, баландиаш 10 – 15 метр, ғафсиаш 1, 2 метрро ташкил мекард. Ба чунин иншооти истеҳкомӣ дарвозаи шаҳри Трир (Порта Нигра) мансуб мебошад.

Худи манзили император беш аз пеш намуди қалъаи истеҳкомдор мегирад. Қасри машҳури Диоклетиан дар Сплити Долматсия (соли 305) дар соҳили баҳри Адриатика дар амал ҳамчун қаср – қалъаро мемонд

Диоклетиан дар рим термаҳои аз ҳама калонтаринро месозад. ки он 3000 нафар одамро ғунҷонида метавонист. Ёдгории охирини монументалии меъмории Рим базиликаи Максенсия (солҳои 306 – 312) мебошад. Дар аҳди ҷойгири Максенсия, Константин базилика аз нав сохта шуда буд

Санъати ороишию амалӣ. Тавре дар болотар ҳам қайд карда шуд, дар соли 79 то милод, аз оташфишонии вулқони Везувий шаҳрҳои Помпей, Геркуланум ва Стабия аз байн рафтанд. Баъди чандин аср бостоншиносон аз ин шаҳрҳои дар зери зери заминмонда биноҳо ва ашёҳои сершумор ёфтанд аз он ҷумла оид ба санъати ороишию амалӣ. Дар поён намунаҳо аз санъати ороишию амалиро бо шарҳи кӯтоҳ меорем.

Ампула (зарф). Ампула ва ё ампулла (аз лотинӣ ampulla, шумораи ҷамъ: ampullae) зарфи римӣ – кӯза бо гарданаи борик, аз лой ё шиша, бо дастаҳо ва бе онҳо, ки барои нигоҳдории маводи моеъ (равғани моеъ, шароб, сирко ва ғайра)

Дар чунин зарф равған дар банкаҳо нигоҳ дошта мешуданд. Ин ғизо мувофиқи гуфтаи Апулей ба мизҳои хурокхурӣ мансуб буд; инчунин барои ботамъ буданаш истеъмол мекарданд. Ампулаҳои дар зарфҳои шишагӣ ё лоии дар нақбҳо ҷойгирифтаро, ки бо ранги сурх ранг карда шуда, гӯё аз хуни одамони гирифтори шиканҷа пур буданд.

Диатрета. Диатрета зарфест аз шиша ва бештар дар шакли зангула бо деворчаҳои дуқабата; тани зарф дар дохили “тури” силсиладори штшагӣ ҷойгир мебошад. Диатрета аҳ якчанд ҷойи Аврупои Ғарбӣ ёфта шудааст. Диатретаи Кёлн бо навиштаҷот дар қисмати боло дар давродавр («Bibe multi annis») ёфта шуда, дар Осорхонаи Давлатии Мюнхен бюа намоиш гузошта шудааст.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\ампула.JPG

Намунаҳо аз ампулаҳои Рими Қадим

Нусхаи авввалини Диагрета соли 1680 аз Италияи Шимолӣ ёфта шудааст. Аз ҳамин вақт сар карда чандин маротиба кушиш ба харҷ дода шуд, ки усули азнавбарқароркунӣ истеҳсол ва нусхабардории он ба роҳмонда шавад. Ду эҳтимоли усули тайёр кардани диагрета вуҷуд дорад.

C:\Users\USER\Music\диатерета 3.jpg
C:\Users\USER\Music\диатрета.jpg

Намунаҳо аз диатретҳои Рими Қадим

Шакли диатрет ва навиштаҷот дар онҳо имконият медиҳанд тахмин карда шавад, ки он ҳамчун зарф барои истеъмоли нушиданиҳо истифода бурда мешуд. Вале пораи боқимондаи диатрет (дар яке аз нусхаҳое, ки дар Осорхонаи Корнинги воқеъ дар Нию Ёорк дар он ҳатто ангушттарини биринҷии дорои се даста боқӣ мондааст) ба муқобили ин тахмин шаҳодат ме6дишад.

Нусхаҳои аз ҳама барвақттарини диагрет ба асри I тааллуқ дорад. Нашъунамои истеҳсоли диатрет ба асрҳои III – IV рост омадааст. То имрӯз аллакай наздики 50 нусхаи зарфҳои шишагии ин намуд маълуманд, ки қисме аз онҳо дар шакли пора – пора боқӣ мондаанд.

Кошинкории (мозаикаи) Рим. Мозаикаи Рим як намуди кошинкорӣ буда он аз мукаабчаҳои сангини рангашон гуногун ва ёсмалтҳо чида шуда, андозаҳои хурди модулҳо имконият медиҳанд, ки дақиқии ниҳоят баланд ва тасвири дилнишин ба даст оварда шавад. Ин техника дар санъати ороишию амалӣ низ истифода бурда шуда, он аз замонҳои Рими Қадим боз вуҷуд дорад.

Кошинкориро римиҳо аз юнониёни қадим қабул кардаанд. Аз намунаҳо хеле барвақтаи кошинкории Рим дар Делос маҳфуз аст ва ба асри II санагузорӣ карда шудааст. Санъати кошинкорӣ дар замони салтанати Юлий Сезар ва Октавиан Август фаъолона рушд мекунад, дар замоне, ки аз иқлимҳои ишғолкарда боигарии фаровон ба Рими Қадим оварда мешуданд.

C:\Users\USER\Music\мозаика 3.jpg
C:\Users\USER\Music\мозаика 2.jpg
C:\Users\USER\Music\мозаика.jpg

Намунаҳо аз кошинкории Рим

Кошинкориҳои аввалин хеле содда буда ва бо гулдузиҳои геометрӣ маҳдуд карда шуда буданд.Ҳар як римии осудаҳол дар хонаи худ ҳеҷ набошад як кошинкорӣ дошт, ки он асосан фарш ва деворҳоро зебу зинат медод. Юлий Сезар мефармуд, ки фаршро дар манзили муваққатӣ кошинкорӣ кунанд, ҳатто ҳангоми лашкаркашӣ ҳам.

Кошинкории нисбатан маълуми Рим аз Помпей “Муҳориба дар Исса” меббошад, ки Искандари Макдуниро дар набард бо шоҳи форсҳо Дорои III инъикос намудааст. Кошинкорӣ дар фарши яке аз манзилҳои хонаи Фавна ёфта шудааст.

Тинтиннабулум (Рими Қадим). Дар рими Қадим Тинтиннабулум (баъзан тинтиннум) овезаи мусиқӣ ва ё зангуларо меномиданд. Тинтиннабулум бештар шакли фаллии биринҷии расм ё фастсилла (яъне тумори фалллоси диниро дошта, касро аз чашми бадкин муҳофизат карда, ва барору пешрафт меовард).

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg

Намунаҳо аз тинтиннабулумҳои (зангулаҳои) Рими Қадим

Тинтиннабулум дар ҳавои кушод дар ҳамон ҷойҳое чун боғ, айвон, хона ва мағозаҳо, овехта мешуд. Чунин ҳсобида мешуд, ки овози зангулачаҳо одамонро аз рӯҳҳои нобакор ҳимоя мекунад; он ба нақши зхангулача дар одати апотрогропӣ, яъне “зангула, китоб ва шамъ” ва ё дар калисои католикӣ монандӣ дошт.

Зангулачаҳои дастӣ даз мақаддасгоҳҳо ёфта шуда, дар бораи таъиноти динии онҳо шаҳодат медиҳад; онҳо инчунин дар Ибодатгоҳи Юпитер дар Теппаи Капитолий барои бонгзанӣ низ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Зангулачаҳоро дар гардани ҳайвоноти хонагӣ, аз он ҷумла дар гардани аспу гӯсфанд меовехтанд, то ки ҷои онҳоро аз рӯи овоз. Зангулачаҳо бо баъзе мақсадҳои дигар низ истифода бурда мешуданд.

Ҳотамкории тоқ. Ҳотамкории тахтачагӣ ва ё якдонагӣ (аз лотинӣ opus sectile)- яке аз намудҳои ҳотамкорӣ буда, он махсусан дар Рими Қадим махсусан смалт (шишарезаҳои рангин барои ҳотамкорӣ) барои болопӯш кардани фаршҳои сангин машҳур буд. Ба ҷои порачаҳои андозаашон якхелаи смалтӣ дар ҳотамкории тоқ аз рӯи шаклу андоза тахтачаҳои суфтакардаи мармарӣ ва ё сангҳои аслии дигар – садаф ва ҳатто шишагиро истифода мебурданд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg

Намуна аз ҳотамкориҳои тоқ дар Рими Қадим

Техникаи ҳотамкории тоқ дар замони антиқаи охир дар қисматҳои ғарбӣ ва шарқии империяи Рим ба таври васеъ паҳн гардида буд. Намунаҳои беҳтарини замони Константин дар базиликаи Юния Бассаи Рим безарар боқӣ мондаанд. Дар асрҳои миёна Косматиҳо худро ҳамчун устоди забардаст ошкор сохтанд. Косматҳо аз калимаи “Косматеко” ба миён омада, аз насаби (фамилияи) ҳафт оилаи маромаркор Косматор (бо италиягӣ Cosmati) иборат буда,намояндагони онҳо дарРим ва гирду атрофи он зиндагӣ доштаанд. Фарши Палатин ва Капелла дар палермо аз рӯи ҳамин техника иҷро карда шудааст.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg

Потирҳои (ҳои) Антиохия

Потири (табақи) Антиохия. Потири Антиохия зарфи ибодатӣ (литергӣ) буда, мутобиқи гуфтаи тоҷирони чизҳои қадима (антиквар) дар соли 1910 дар Антиохия (имрӯзаи Анталияи Туркия) ёфта шудааст. Табақа дар Фаронса барқарор карда шуда, дар соли 1933 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Чикаго ҳамчун косаи “Шоми Махфӣ” ба намоиш гузошта буд. Ин шабеҳкунӣ бо он сабаб буд, ки дар паси пардаи силсиладори бадеӣ табақи хоксоронаи нуқрагин ёфта мешавад. Аз соли 1950 сар карда табақ дар Осорхонаи Метрополитени Нию Ёҳрк маҳфуз аст.

Ҷои тайёркунии Косаро Антиохия мешуморанд ва тахмин мекунанлд, ки он аҷаб нест, ки бо ҳамроҳии ашёҳои калисо яке аз қисматҳои дафинаи (хазинаи) Сергийи Муқаддас бошад

Миссорийи Керч. Миссорийи Керч (сипари керчӣ) зарфи нуқрагӣ дар шакли лаълӣ ва ё сипар буда, онро тасодуфан дар соли 1891 аз керч ёфта шудааст Дар аввал он ба замони Юстиниани I мансуб донистанд ва онро ҳамчун тасвири ӯ шинохтанд. Имрӯз эътироф карда шудааст, ки дар ин зарф сурати император Константини II тасвир ёфтааст.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\13.jpg

Миссорийи Керч Ҷоми Ликург

Моҳи январи соли 1891 дар керч, дар қисмати шимолу шарқии кӯҳҳои Митридат тасодуфан нақби (катакомби) қадима ёфта мешавад. Сарфи назар аз нишонаҳои ғораткунӣ аз он ҷо якчанд ашё ёфта шуданд, ки дорои аҳамияти калони археологӣ мебошанд. Дар байни онҳо лаълии нуқрагие, ки ба сипари қадим монандӣ дошт, мавҷуд буд. Ӯдгорӣ ҳамон замон ба Комиссияи Императории Археологӣ супорида шуд. Комиссия ба он баҳои баланд дода омӯзиши онро муҳим шуморид.

Ҷоми (Кубоки) Ликург. Қадаҳии Ликург ёдгории ягонаи диареттаи (аз юнонӣ – буридашуда, то охир буридагӣ, зарфи шишагии дуқабата) бо нақшқ нигор мебошад. Он шишагӣ буда баландиаш 165 миллиметр ва диаметраш 132 миллиметр мебошад. Тахмин карда мешавад, ки он дар искандария дар асри IV то милод тайёр карда шудааст. Қадаҳ дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта шудааст.

Қиммати Қадаҳ дар он зуҳур меёбад, ки қодир аст, ки вобаста ба рушноӣ, ранги худро аз сабз ба сурх тағйир бидиҳад. Ин далел аз рӯи он исбот мегардад, ки дар шиша заррачаҳои хурдтарини низоми тиллоӣ ва нуқрагии коллоидӣ – аз юнонӣ “колла” – ширеш, ширешмонанд (тахминан 70 нанометр – воҳиди ченаки дарозӣ буда, аз миллиард як ҳиссаи як метр, яъне 10 дараҷааш 9-и он)-ро дар нисбати се ба ҳафт ташкил медиҳад. Рӯӯйкаш аз нуқраи тиллопӯшкарда ва пояи зарф, он тағйироте мебошанд, ки дар замони ампирии (услуби класситсизм дар меъморӣ ва санъати амалӣ) барвақта ворид карда шудааст.

Дар деворҳои қадаҳ марги шоҳи Фракия Ликург тасвир ёфтааст, ки бо сабаби таҳқири худои Дионис хушаҳои ангур сари ӯро печонида гирифта, буғӣ мекунанд. Эҳтимоле ҳам вҷуд дорад, ки мувофиқи он қадаҳ ба хотири ғалабаи Константин бар Литсиний сохта шуда ва онро Ватхантҳо (дар идҳое, ки ба шарафи Ватзха (Дионис) аз даст ба даст медоданд.

Тақдири қадаҳ аз соли 1845 боз маълум аст замоне, ки онро бонкдорҳо Ротшилдҳои ба даст меоранд. Оммаи васеъ бори аввал қадаҳро дар намоиш дар Намоишгоҳи Виктория ва Алберт дар соли 1862 диданд. Соли 1958 барон Ротшилд қадаҳро бо нархи 20 ҳазор фунт ба осорхонаи британия мефурӯшад.

Ҷоми Уоррен. Қадаҳи Уоррен (аз англисӣ – Warren Cup), қадаҳи нуқрагин буда, ба солҳои 5 – 15 солшумории милодӣ санагузорӣ шудааст. Тахмин карда мешавад, ки аз дафинае аз Фаластини замони ҷангҳои Яҳудӣ мебошад. Ин ашёи қадима соли 1911 аз тарафи антикварчӣ (ашёҳои қадимадор) Э.П.Уоррен (аз ин аст номи қадаҳ) харидорӣ шудааст. Имрӯз дар Осорхонаи Британия намоиш дода мешавад.

C:\Users\USER\Music\11.jpg
C:\Users\USER\Music\1213.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Ҷоми Уоррен Миссорийи Феодосияи I Гулдони Портленд

Дар солҳои 1950 меросхурони Уоррен бо арзиши на он қадар калон қадаҳро ба осорхонаҳои гуногун пешниҳод карданд, аз он ҷумла ба Осорхонаи Британия ҳам. Дар он зҳамон асар порнографӣ ҳисобида мешуд: бинобар ин, натанҳо намоиши, балки муҳокимаи ҷиддии онро рад мекарданд. Соли 1959 Осорхонаи Британия қадаҳи Уорренро бо арзиши 1, 8 миллион фунт-стерлинг харидорӣ мекунад.

Миссорийи Феодосияи I. Миссорийи Феодосияи I лаълии калони нуқрагии таъиноти маъракаҳо (миссорий) диаметраш 74 сантиметр ва ғафсиаш 4 – 8 миллиметр буда, дар рӯи он портрети императори охирини Империяи Рим Феодосияи Бузург дар иҳотаи ҳамҳокимон Аркадий ва Валентиниан, инчунин ҷондорон (муҳофизон), кандакорӣ карда шудааст.

Аз навиштаҷот бармеояд, ки табақ ба шарафи даҳсолагии даҳсолагии салтанати Фердосий тайёр карда шуда будаст. Инкунии ин ҷашн соли 388 дар Фессалоника бургузор гардида будаст. Ғайр аз ин дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки дар тайёр кардани табақ он қадар нуқра сарф карда шудааст, ки он ба имрӯза 16, 13 килограмм мувофиқ мебошад. Дар шакли имрӯзааш Миссерий 800 грамм камтар вазн дорад.

Дар расмҳои дар Миссорий инъикосгардида унсурҳои ниҳоят хурд ҳам тасвир ёфтаанд ва ин услубю имконият фароҳам меоаварад, ки ба махсусиятҳои сару либос, каллапӯш ва услуби ороиши мӯйсари император баҳо дода шавад. Аз рӯи анъанаҳои баъдинаи лотинӣ император бо нимба дар сар тасвир ёфтааст.

Гулдони Портленд. Гулдони Портленд дар таърихи санъат ҳамчун асари оламшумули шишаи бадеии nj ojk боқимондаи антиқӣ маълуму машҳур аст. Он зарфи ороишӣ буда, баландиаш 25 сантиметр ва давродаври он 56 сантиметр буда, аз шишаи кубуди торик ва сафеди шаффофнабудаи дуқаббата будадар он бо услуби кандакорӣ нақши муқарнас бо тасвири суратҳои ҳафт худо ва бандаҳои хокӣ иҷро карда шудааст. Ин техника кандакории камей (як намуди сангҳзои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ё зебу зинать дар нақши муқарнас тасвиршуда) иборат аз сангчаҳоро ба хотир меоварад. Замони тахминии пайдоиши он дар Рим солҳои 5 ва 25 милодӣ мебошад.

Дар бораи ёфта шудани қадаҳ санадҳо боқӣ намондаанд. Вале мувофиқи яке аз эҳтимолҳо онро тахминан дар соли 1582 дар оромгоҳи Александр Север дар наздикии Рим ёфтаанд/ Ҳар хеле ки набошад, дар соли 1601 он дар мактуби ситорашинос Никола – Клода де Пейреска ба рассом Рубенс ёдовар шудааст Он вақт қадаҳ дар маҷмааи шахсии кардинал дел Монте маҳфуз буд. Баъд дар тули ду садсола он яке аз ашёҳои қимматбаҳотарини хонадони Барберини буд. Соли 1778 Берберинии қашшоқшуда онро бо маблағи номуайян ба сафири британӣ дар Неапол Уилям Гамилтон (шавҳари хонуми машҳур Гамелтон) гузашт мекунадки ӯ баъди чанде онро бо худ ба Лондон оварда, ба герсогзан Портленд мефурӯшад.

Герсоги Портлендӣ то соли 1845 соҳиби қадаҳ буд, то замони ба маҷмааи Осорхонаи Британия ворид шуданаш. Пайдошавии қадаҳ дар лондон таваҷҷӯҳи гарму ҷӯшони шишадамкунҳо ва устоҳои кулолгариро ба вуҷуд овард. Онҳо муддате чанд кушиш ба харҷ доданд, ки чунин қадаҳ созанд ва махсусан устои машҳури форфор Ҷосайн Уэҷвуд то як дараҷа ба мақсад ноил мешавад.

Баъд аз он ки яке аз ташрифоварандагон ба хонаи герсог тасодуфан ба ашёи асосии боиси ифтихори соҳиби маҷмаа каме зарар расонид (соли 1810) ӯ тасмим гирифт ки онро барои маҳфуз нигоҳ доштанд ба Осорхонаи Британия) супорад Дар он ҷо қадаҳ соли 7 феврали соли 1815 аз тарафи шахсе бо номи Уилям Ллойд пора – пора карда мешавад. Баъди эҳёи дуру дарорз қадаҳ ба осорхона баргардонида мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.