Санъати театрии Рим

Сарчашмаҳои театри Рими қадим. Аз охирҳои асри VI то милод Рим дар зери роҳбарии сенат, ки аз гражданҳои ашрофи Рим ба ҷумҳурии ашрофӣ мубаддал мегардад. Афзоиши ғуломдорӣ, муфлисшавии заминдорони хурд ва косибон муқовимати гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар Рим дар асри I то милод аввал ба диктатураи ҳарбӣ ва баъд ба империя оварда расонид. Ин вақт римиҳо аз ҷиҳати рушди мадании худ аз этрусскҳо ва юнониҳо ақибтар меистоданд. Ба воситаи этресскҳо бо алифбо ва асотирҳои юнониҳо шиносоӣ пайдо намуданд.

C:\Users\USER\Music\актерхои этрусски.jpg
C:\Users\USER\Music\Сатурахо.png

Актёрҳои этрускӣ Сатураҳо

Дар асри III то милод римиҳо аллакай ҳамаи худоҳои юнониҳоро медонистанд ва ба онҳо номҳои римӣ дода буданд. Косибӣ, санъат, меъморӣ, дин ва асотирҳои юнонӣ ба маданияти лотиниҳо таъсири бузург мерасонад. Дар соҳаи адабиёт ва санъати театрӣ римиҳо бисёр вақт аз юнониҳо истифода мебурданд. Сарфи назар аз ин. дар маданияти римиҳо танҳо қабул кардани маданияти дигаронро қабулкарда донистан хатост. Ба маданияти Рим махсусиятҳои зиёди худӣ хос мебошад, ки онҳо аз замонҳои қадим сарчашма гирифтаанд. Ғайр аз ин, чизҳои зиёди аз юнониҳо қабулкардаро римиҳо аз нав мувофиқи талабот ва табъи ҷомеаи Рим коркард мекарданд.

Сарчашмаҳои театри Рим ва драма, чун дар юнониҳо, аз идҳои кишоварзии ҷамъоварии ҳосил ба миён омадаанд. Ҳанӯз дар замонҳои дур, вақте ки Рим аз як ҷомеаи начандон калони Латсиум иборат буд ва идҳоро бо сабаби ба охир расидани дарави ғалла деҳа ба деҳа мегузарониданд. Дар ин идҳо сурудҳои сурудҳои дилхушкунандаи ҳанӯз на он қадар мукаммалро мехонданд Чун дар Юнон одатан ду нафар – полухория баромад карда, бо ҳамдигар сурудхонон шӯхӣ мекарданд.

Шакли дигари соддаи намоиш – сатура низ вуҷуд дошт. Ба ин ҷанинҳои драма дар Рим этрусскҳо таъсир расонидаанд. Дар ин бора таърихнигори римӣ Тит Ливий (асри I то милод нақли аҷоиб мекунад. Соли 346 то милод ба сари Рим тӯфони баҳрӣ омад. Барои он ки худоҳоро раҳгин кунонанда тасмим гирифтанд, ки дар баробари корҳои дигар саҳнаҳои бозӣ низ таъсис бидиҳанд, “кори нав барои ин халқи ҷанговар, чунки намоиши хурсандӣ танҳо бо тохтани аспҳо маҳдуд карда шуда буд”. Аз Этрурия актёрҳо даъват карда мешаванд. Инҳо раққосҳо буданд ки рақсҳои худро дар зери оҳанги най иҷро мекарданд. Ба актёрҳои этрусскӣ ҷавонони Рим тақлид мекардагӣ мешаванд, ки онҳо ба рақс муколамаи шӯхиомез бо якчанд шеър ва бо дастҳо ишоракунон дохил мекунонанд. Ана ҳамин тавр сатураҳо пайдо шудан мегиранд. Ки тарҷумаи ин калима маънии “омехта”-ро медиҳад. Сатураҳо саҳначаҳои драмавии моҳияти ҳавҷву шӯхиро дошта, ба он муколама сурудхонӣ, мусиқӣ ва рақс дохил буданд ва дар байни онҳо унсури мусиқӣ нақши калонро иҷро мекард.

Дар бораи таъсири актёрҳои этрусскӣ дар ташаккули театри Рим пайдоиши этрусскии калимаи “гистрион” ҳам шаҳодат медиҳад. ки дар Рим ин ҳунармандонро ҳамин тавр меномиданд.

C:\Users\USER\Music\Ателланы.jpg

Ателланҳо

Намуди дигари намоишҳои барвақтаи драмавии моҳияти ҳаҷву шӯхидоштаи Римро “ателланҳо” мебошанд. Римиҳо онҳоро аз қабилаҳои оскҳо (эҳтимо тахминан дар соли 300 то милод)вақте ки рим дар ҷанубии Италия ҷангҳои дуру дароз мекард, қабул карда бошанд. Дар Кмпания шаҳре бо номи Ателла мавҷуд буд. Эзтимол римиҳо аз рӯи номи ҳамин шаҳр саҳнаҳои ҳаҷвии аз оскҳо омадаро “ателлан” номидаанд. Дар ателлан чор персонажи доимӣ нақш бозӣ мекард. Инҳо Макк Буккон, Папл ва Доссен фаъолият доштанд. Макк аз худ беақлро ифода меаард ки ӯро доимо фиреб мекарданд ва мезаданд. Ӯ пурхур ва дар баробари ин, аз ҳад зиёд дӯстдор тасвир мекард. Ӯро бе мӯи сар ва бинии каҷ гӯшҳояш мисли гӯши хар ва дар либоси кӯтоҳ тасвир мекунониданд.

Буккон ҷавони рухсораҳояш дамкарда ва лабҳои чаппагардон буд. Ӯ низ хурданро нағз медид вале лабҳои ӯ на бо сабаби пурхурӣ чапагардон буд, ки бо сабаби серҷоғиаш. Папл мӯйсафеди ришдори сахт ва камақл буд. Доссон букрии сипоҳ бесаваод ва шайтон буда бо серҷоғии донишмандии худ дар нерӯҳои сиёҳ нисбати худ эҳтиромро талқин карда метавонист.

Ба ин се персонаж ниқобҳо қаҳрамонҳои асосии Аталланҳо буданд. Матни устувор барои актёрҳо вуҷуд надошт, аз ин рӯ,дар мавриди иҷрои аталлан имкониятҳои васеъ барои еҷодиёт кушода буд, аз он ҷумла барои навгонӣ (импровизатсия) низ.

Имову ишора (мим) низ аз драмаи халқӣ сарчашма мегирад.. Чун дар Юнон, мим саҳначаҳои рӯзғори халқӣ ва баъзан худоҳо ва қаҳрамонҳоро дар ҳолати ҳазломез инъикос мекарданд.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки дар Рим низ тахминан ҳамон саҳнаҳои анъанавии бозиҳои урфу одатҳое вуҷуд доштанд, ки дар Юнон низ мавҷуд буданд. Вале драма аз ҷанинҳои худ роҳи дуртарро тай нанамуд. Тавре ки дидем, жанри тасаввуротҳои драмавии барвақта (ателлан), рақсҳои имову ишора)-ро римиҳо аз қабилаҳои ҳамсоя қабул карда буданд. Сабаби ин дар тарз умумии муҳофизакоронаиҳаёти римӣ ва муқобилияти пурзури коҳинон ифода ёфтааст, Бо ҳамин сабаб дар Рим мифологияи аз назари образҳои шоирӣ бой ташаккул наёфт, аз он ҷумла драма ҳам.

Театри Рим дар замони ҷумҳурӣ. Дар шароити болоравии ҷамъиятӣ ки дар анҷоми фотеҳонаи Ҷанги 1 Пунӣ сурат гирифта буд, дар бозиҳои идонаи соли 240 то милод қарор дода шуд, ки намоишҳои драмавӣ ба маърази тамошобинон пешкаш карда шаванд. Басаҳнагузориро ба юнонӣ Ливия Андроник супорида мешавад, ки ӯ ба Рим баъди дар ҷанг ишғол карда шудани Тарента дар соли 272 то милод ҳамчун асир оварда мешавад. Коргардонии Ливий Андроник ба рушди минбаъдаи театри Рима тела медиҳад.

C:\Users\USER\Music\гней невий.jpg
C:\Users\USER\Music\ливий Андронниу.jpg
C:\Users\USER\Music\Пакувий.jpg

Гней Невий Ливий Андронник Пакувий

Соли 235 то милод драматург Гней Невий (тахминан солҳои 280 – 201 то милод) пъесаҳои худро ба гузоштан оғоз мекунад, ки ӯ ба римии плебеӣ мансуб буд. Нисбат ба драматургҳои юнонӣ, ки одатан дар як жанри муайян менавиштанд, ӯ ҳам фоҷеа ва ҳам мазҳака эҷод мекард. Фоҷеаҳои Гней Невий , инчунин пъесаҳои аз нав коркардаи юнонӣ буданд. Вале Невий ба коркарди фоҷеаҳоро бо сюжетҳои мифологӣ машғул мешавад. Ӯ офарандаи фоҷеаҳо дар асоси таърихи Рим буд. Чунин фоҷеа дар римиҳо претекста номида шуда буд. Баъзан претекстаҳо оид ба воқеаҳои ҳамзамони драматургҳо низ менавишт. Вале Невий дар соҳаи мазҳака соҳиби обрую эътибори баланд гардидааст.

Мазҳакаи адабӣ, ки дар Рим аз асри III ва дар тамоми тули асри II то милод намоиш дода мешуд, мазҳакаҳои рӯзғории наваттикӣ буд. Мазҳакаҳои адабии Римро, ки азнав коркардашудаи аслҳои юнонӣ буданд, паллиата меномиданд, чунки персонажҳои онҳо дар тан пераҳани плаш – паллий доштанд. Шахсони амалкунанда дар мазҳакаи паллиата номҳои юнонӣ доштанд, ва воқеаҳои онҳо ҳамеша дар Юнон сурат мегирифтанд. Созандаи паллиатҳо Невий буд. Гарчанде, ки ӯ асли юнониии мазҳакаҳоро нигоҳ медошт вале онҳоро нисбат ба Ливий Андроник озодонатар тағйир медод. Невий аввалин шуда дар мазҳака навгониеро бо номи контаманатсия, яъне дар пъесаи римӣ пайвастани саҳнаҳоро аз ду пъесаи юнонро истифода бурдааст.

Дар мазҳакаи худ Невий баъзе махсусиятҳои ҳаёти римии ба ӯ шиносро дохил менамояд: демократизм ва истиқлолияти калони сиёсӣ. Драматург чунин изҳор дошт ки хоҳиши ӯ ин аст, ки бо забони озод ҳарф занад ва саҳнаро саҳнаи ҷазодиҳии иллатҳо ва ғуломдорӣ мешуморид Невий бар авлоди сернуфузи Метеллҳо ба шухӣ роҳ медиҳад ва бо талаби онҳо Невий ба зиндон меафтад ки бо шарофати пуштибонии трибунҳои халқӣ озод карда мешавад. Аммо Невий дигар дар рим зиндагонӣ карда наметавонад – ӯ аз ватанаш пеш карда мешавад ва дар Африқои Шимолӣ вафот мекунад.

Дар як вақт бо невий фоҷеаҳоро шоирони дигар низ эҷод мекарданд. Фоҷеанависони маъруфи римӣ дар асрҳои III – II то милод Энний, Пакувий ва буданд. Онҳо барои эҳё ва коркарди нав асарҳои ҳамаи се нафар фоҷеанависони бузурги юнониро мегиранд, ки барои онҳо аз ҳама дӯстдоштатар навовартар Еврипид буд. Ҷидду ҷаҳди ӯ ба реализм, унсурҳои драмаи оилавию рӯзғор дар баъзе асарҳои ӯ онҳоро ба тамошобинони римӣ, нисбат ба пъесаҳои Эсхил ва Софокл дастрастар мегардониданд.

Сарфи назар аз ҷидду ҷаҳди драматургҳо дар бораи фоҷеаи юнониро ба табъу хоҳиши римиҳо мувофиқ намудан, он барои қисмати зиёди тамошобинони римӣ аз рӯи мазмуни худ хеле мураккаб буд. халқи оддӣ дар Рим мазҳакаро бо хоҳиши том тӣамошо мекард,ки он барои ӯ фаҳмотар буд, чунки ба ҳаёт наздиктар қарор дошт. На фоҷеаҳо ва на мазҳакаҳо то ба мо боқӣ намондааст.

Театри Рим дар замони империя. Дар асри I то милод Ҷумҳурии Рим аз байн меравад. Баъди ба қатл расонида шудани Сезар ва ғалаба бар Антоний дар соли 31 то милод императори Рим Октавин мешавад, ки ӣаъдтар тахааллуси Авгуси (“муқаддас”)-ро мегирад. Октавиан аҳамияти ҷамъиятии театрро хуб мефаҳмид бинобар ин, барои рушди театр тамоми кори аз дастиаш меомадагиро мекард. Август пеш аз ҳама мехост, ки дар саҳнаи Рим мазҳакаҳои типпи юнониро аз нав эҳё кунад, чунки дар он воситаи беҳтар кардани тарбияи одобу ахлоқ ва маънавиёти гражданҳои Римро низ медид. Ин ҷидду ҷаҳди Августро яке аз шоирони бузурги Рим Горатсий дастгирӣ намудааст ки ин дар асари “Илми назм” инъикос ёфтааст.

Сиёсати Августро пеш бурда, Горатсий барои ғоянокӣ вҷа мазмуни санъат баромад мекунад, ки асоси онро хирад ташкил менамояд. Шоир, аз як тараф, бояд инсони соҳибмаълумот бошад чунки ӯ ҳамчун мураббӣ ва устод баромад мекунад, аз тарафи дигар, – санъати ӯ бояд бояд эҳсосӣ ва зебо, аз ин рӯ ба ӯ лозим аст, ки асарҳои худро пеш аз ба ихтиёри хонанедагон манзур гардонидан хуб такомул диҳад.

Вале ҳамаи ҷидду ҷаҳди Август оид ба дар саҳнаи Рим эҳёи намудани жанри ҷиддӣ ба муваффвқият ноил нашуд. Гарчанде намоишҳо тез – тез ташкил карда мешуданд онҳо асосан ба дилхушӣ нигаронида шуда буданд Нақши ҷамъиятии театр хеле паст мешавад. Ин гуна тамоил махсусан дар замони ҳукмронии меросхурони Август пурзур мешавад.

Пастравии нақши ғоявии театр пеш аз ҳама ба репертуари он таъсир мерасонад. Баъд аз муқаррар гардидани диктатураи Октавиан фоҷеа рӯ ба таназзул мениҳад. Агар фоҷеа дар замони империя машҳур бошад, пас танҳо дар шакли саҳнаи таъсирноки, ки онҳо ба актёрҳо имконият фароҳам меоварданд ки маҳорати худро намоиш диҳанд. Ин актёрҳо (онҳоро трагикҳо меномиданд) костюму ниқобҳоро ҳам барои баромад дар фоҷеаҳо вале нақши онҳо асосан бо хондани суруд маҳдуд мешуд, ва ҳам сурудҳои (арияҳои) актёрҳо қисмат асосии намоишҳоро ташкил менамуд. Иҷрои суруд (арияҳо) аз фоҷеаҳо ҳамчун намоиши мустақил дар империяи Рим то рӯзҳои охирини мавҷудияти он боқӣ монда буд.

Аз фоҷеаҳои замони императорӣ ягон чиз то мо боқӣ намондааст, ғайр аз фоҷеаҳои файласуф Сенека.

Фоҷеаҳоро Сенека дар солҳои охирини ҳаёти худ менависад, ҳамон вақте ки муносибатҳои ӯ нисбат ба Нерон тағйир ёфт ва ӯ маҷбур мешавад, ки ақидаҳои худро оид ба тартиботи мавҷуда дар ҷомеа эҳтиёткорона баён намояд. Ӯ ҳамагӣ 9 фоҷеа навишта, мазмуни асосии мавзӯҳоро аз асотирҳои юнонӣ гирифтааст. Аз рӯи сохтори худ фоҷеаҳои сенека низ аз фоҷеаҳои юнонӣ кам тафовут доштанд: пораҳои хор бо пораҳои баромадҳои қаҳрамонон ҳамдигарро иваз карда, дар саҳна дар як вақт ҳамагӣ се актёр фаъолият доштанд. Лекин дар зери таъсири шароити махсус ва сиёсӣ фоҷеаҳои сенека самтнокии навро қабул менамоянд. Замони тираи Нерон, бо золимӣ ва таҳдидҳои маҳви хунин хатари марговар дошта, коркарди мавзӯро муайян мекарданд.

C:\Users\USER\Music\эсхил.png
C:\Users\USER\Music\софокл.jpg
C:\Users\USER\Music\горций.gif

Эсхил Софокл Горатсий

Қаҳрамонони Сенека золимони бе раҳму шафқат буда, дар ин ҷода талош доштанд. Тасвири ин талошҳо, ки беихтиёр қаҳрамонро ба марг рӯ ба рӯ мекунад, тасвири унсурҳои унсурҳои таъсири сахт расонанда, ллатҳои ваҳшиёна, ки ба наздик мебошанд, – ҳамаи инҳо барои шоир ба ҷои аввал мебароянд.

C:\Users\USER\Music\сенек.jpg
C:\Users\USER\Music\театр БАльба.jpg
C:\Users\USER\Music\Театр Марцела.jpg

Сенека Театри Балба Театри Мартселла

Ташкили намоишнҳои театрӣ Тамошоҳо дар рим дар мавриди ҳаргуна иду ҷашнҳои давлатӣ доир гардонида мешуданд. Пъесаҳо дар иди патритсийҳо – Бозиҳои римӣ, ки бо шарафи Юпитер, Юнона ва Миневра дар моҳи сентябр, дар иди плебейҳо – Бозиҳои Плебейҳо дар моҳи ноябр ва дар Бозиҳои Апполлонӣ – дар моҳи июл намоиш дода мешуданд.

Дар Рим то миёнаҳои асри I то милод бинои доимии театр вуҷуд надошт. Ба бунёди чунин бино сенат муқобил буд. Барои намоишҳо одатан дар форум суфаеи тахтагини баландиаш то миёни одам сохта мешуд. Тамошобинон дар курсиҳо дар наздикии саҳна менишастанд. Ҳамаи он иншоотҳое, ки барои бозиҳои театрӣ сохта мешуданд, ҳамоно баъди анҷоми намоишҳо вайрон карда мешуданд.

Актёрҳои касбие, ки дар фоҷеа вҷа мазҳакаҳо дар асрҳои III – II баромад мекарданд, дар сар ниқоб доштанд. Ниқоб дар ин жанрҳо хеле дер – дар соли 130 то милод пайдо шудааст. Аз ин рӯ, нисбат ба юнониҳо, римиҳо метавонистанд имову ишора ва тағйирёбии симои актёрҳоро бубинанд. Ниқобҳо аз ин ҳам пештар истифода бурда мешуданд вале дар мавридҳои муайян.

Дар ҳаёти театриии Рим муҳим ин пайдошавии театри аввалин мебошад, ки он аз санг сохта шуда буд. Ин театр соли 53 то милод аз тарафи Гнем Помпейи Бузург сохта шуда ва ғунҷоишаш 40 ҳазор тамошобин буд. То охирҳои асри I дар рим боз ду театри дигар сохта мешавад: театри Балба ва театри Мартселла, ки ғунҷоишашон 45 ҳазорнавар тамошобин буд.. Аз театри охирин боқимондаҳои вайронаҳои деворҳои берунии он боқӣ мондааст. Ин девор аз се қабат иборат буд, яъне мувофиқ ба се сатҳи (яруси) дохилии он.

7. ТЕАТРҲОИ РИМИ ҚАДИМ

Амфитеатр дар Рим. Амфиатеатр ( аз юнонӣ άμφιθέατρον – “атроф”, “театр”) иншооти антиқӣ барои ташкили тамошои тадбирҳои оммавии гуногун (ҷангҳои гладиаторҳо, ҷанги ҳавонот, намоиши пъесаҳо ва ғайра) сохта шуда, театри мудаввали бомдор мебошад. Дар атрофи саҳнаи (аренаи) мудаввар ва ё дарозрӯя поймонаквор аз поён ва то боло қатори курсиҳо барои тамошобинон мавҷуданд. Тамоми иншоот бо деворҳои баланд иҳота карда иҳота карда шудаанд ё ки мисли театрҳои юнонӣ дар чуқурии замин сохта мешуданд. Амфитеатри нисбатан машҳур Колизейи Рим мебошад, ки он дар соли 80 милодӣ сохта шуда ва ғунҷоишаш 50 ҳазор тамошобин мебошад.

C:\Users\USER\Music\колизей.jpg
C:\Users\USER\Music\сиракузы.jpg

Амфитеатр дар Рим Амфитеатр дар Сиракуза

Амфитеатр дар Сиракуза. Амфитеатр дар Сиракуза дар охирҳои асри I то милод дар замони ҳукмронии Октавиан Август сохта шудаст.

Нисбат ба театри нимпӯшидаи юнонӣ, ки дар наздикиҳо воқеъ гардида буд, шакли мудаввар дошт. Аз амфитеатри Рим дар ин ҷо роҳҳои дохилӣ, ки ба воситаи онҳо гладиаторҳо ба саҳна мебаромаданд ва даррандагони ваҳшӣ сар дода мешуданд, хеле хуб боқӣ мондаанд. Амфитеатр дар самти чор тарафи олам чор баромадгоҳ дорад.Ин театр дар бузурги амфитеатр саҳнаи сеюм аст дар қаламрави Италия мебошад баъди Колизей ва амфитеатр дар Верона.

Аренаҳои (саҳнаҳои) Лютетсия. Дар округи панҷуми Париж – округи Пантеон (аз фаронсавӣArrondissement de Panthéon) – яке аз 20 округҳои мунисипалии Париж, ноҳияи кӯҳнатарини шаҳр мебошад. Ба ҳайати округ Квартали Лотинӣ ҳам дохил аст, ки дар ин ҷо сохтмон дар замони антиқа оғоз ёфта буд.. Масоҳати округ 254 гектарро ташкил медиҳад.

Арена дар асри I сохта шуда он то асри III истифода бурда шудааст. Дар мавриди намоишҳо (театрӣ, инчунин ҷангҳои хунин) дар ин ҷо то 17 ҳазор нафар одамон меғунҷиданд Дар баробари паҳншавии дини масеҳӣ театрҳои римӣ аҳамияти худро гум мекунанд ва вақте ки дар асрҳои III – IV гуннҳо зада медароянд, Аренаҳои Лютетсия тамоман истифода бурда намешуданд. Деворҳои сангини ин саҳна барои бунёд кардани деворҳои шаҳр ва истеҳкомҳои гуногун истифода бурда шуданд.

C:\Users\USER\Music\арены лютетсия.jpg
C:\Users\USER\Music\мерида.jpg

Аренаҳои Лютетсия Театр Меридаи Рим

Театри Меридаи Рим. Театри Меридаи Рим (аз испанӣ Teatro romano de Mérida) дар шаҳри антиқии Эмеритаи Аугуста , пойтахти музофоти Лузидания , дар солҳои 16 – 15 то милод сохта шудааст.

Театр якчанд бозсозиро аз сар гузаронидааст, аз он ҷумла. дар охири асри I ё оғози асри II (шояд дар аҳди императори Траян), замоне ки деворҳои он бунёд карда шуда ва то ҳол боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии император Константини I, дар солҳои 330, дар атрофи сохтмон унсурҳои нави меъмории ороишӣ пайдо мешаванд. Дар замони антиқаи баъдина театр бе нигоҳубин мемонад ва бо мурури замон он дар зери қабати хок пинҳон мешавад, танҳо якчанд ҷой дар қабати (яруси) болоӣ боқӣ мемонад. Дар фолклори маҳаллӣ онҳо ҳамчун “Ҳафт курсӣ маълуманд, мувофиқи ривоятҳо, якчанд ҳокими мавританӣ тақдири шаҳрро ҳал карданд.

Театр дақиқ мувофиқи қоидаҳое, ки меъмор ва олим Ветрувий мураттаб сохта буд, сохта шудааст Аз ин рӯ, сохтори он бо театрҳо да Дугга (Тунис), Оранже (Фаронса), Помпей (Италия) ва Рим ниҳоят монандӣ дошт.

Шакли амфитеатр нимдоира буда, ба доманаи теппаи Сан–лбин ҳамоҳанг буд.Театр дар вақташ метавонист 6000 тамошобинро ғунҷонад. Ҷойҳо барои тамошобинон ба се зона тақсим карда шуда буд (22 қаторӣ). Диаметри амфитеатри нимдоира наздики 86 метрро ташкил мекард.

Одеон дар Тевромения. Одеон дар Тавромения театри пӯшида буд, дар шаҳри Тавромения (шаҳри имрузаи Таормина, Ситсилия).

Театр – одеон дар асри I то милод дар аҳди Октавиан Август сохта шудаст ва ҳамагӣ 200 ҷои нишаст дорад. Пушти саҳнаҳои (скенаҳои) аксарияти театрҳои антиқӣба ҷануб нигаронида шудааст, Одеони хурди шаҳри Тавромения бошад, – ба тарафи шимолу шарқ. Бино барои тадбирҳоии расмӣ ва баромадҳои мусиқӣ истифода бурда мешуд. Имруз боқимондаҳои толор (театрона) ва орхестра дар ҳолати муҳосираи биноҳои истиқоматӣ ва ободониҳои дигар қарор дорад.

Театри Рим (Картахена). Театри Рим (аз испонӣ Teatro romano de Cartagena)-театриантиқӣ дар Картахена мебошад. Театр соли 1988 дар рафти ковишҳои бостонӣ дар харобаҳои Картахена, ки он дар натиҷаи ҷанги гражданӣ дар Испания соли 1939 валангор карда шуда буд, – аз ҷомеи Санта-Мария-ла-Веха ёфта шудааст. Маълум гардид, ки ибодатгоҳи масеҳӣ дар қисмати болоии театр сохта шуда, дар ин кор хиштҳои иншооти антиқӣ истифода шудааст.

Театр дар фосилаи байни солҳои 5 ва 1 то милод сохта шудааст. Он ба наберагони император Октавиан Август – Гай Сезар ва Лутсия Сезар башида шуда будааст. Баландии трибуна 14 метрро ташкил карда ғунҷоиши театр ба 6000 тамошобин пешбинӣ шуда будааст.

C:\Users\USER\Music\одеон.jpg

Одеон дар Тевромения

Ҳанӯз дар асри III то милод дар ҷои театр бозор ҷойгир буда, он соли 425 баъди лашкаркашии вандалҳо поймол карда шудааст. Дар асри VI дар ҳамин ҷо бозори византиягӣ ҷойгир буд.

Театри Рим дар Палмира (аз арабӣ المسرح الروماني بتدمر) – театри Рим дар шаҳри антиқии Палмира, ки он дар яке аз мавзеҳои биёбони Сурия воқеъ гардидааст. Театри то ба охир насохтаи асри II милодӣ, замони ҳукмронии сулолаи Севарҳо, санагузорӣ шудааст. Дар замони ҳозира театр барқарор карда шуда ва ҳамчун майдонча барои фестивали ҳарсолаи Пилмира истифода бурда мешавад.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Театри Рим дар Палмира Театр в Араузионе

Театр дар Араузион. Театри антиқии Араузион (алҳол шаҳри Оранж) – яке аз театрҳои нисбатан хуб боқимондаи Рими Қадим мебошад. Ҷои доиргардонии фестивали ҳарсолаи мусиқии тобистонаи “Хорегия Оранжа” мебошад.

Театр мувофиқи фармони императори Рим Октавиан Август дар асри I то милод бунёд карда шудааст.

Театр дар Арепат. Театр дар шаҳри қадими Арапат (пойтахти музофоти Галлияи Нарбон, шаҳри имрӯзаи Арл дар Прованс) дар замони октавиан Август тахминан дар солҳои 30 – 15 то милод сохта шудааст.

Скенаи театрро як вақтҳо ҳайкалҳо оро медоданд, ки асосиаш айкали баландиаш сематраи Август ташкил мекард, Дар паҳлуи он ҳайкалҳои олиҳа Диана (аз ин ҳайкал танҳо каллааш боқӣ мондааст).ва Венера (бо номи “Арлезианӣ”. Соли 1651 ёфта шудааст,алҳол – дар Лувр) ) қарор гирифта буд. Аз скена танҳо ду сутан боқӣ мондааст. Як вақтҳо деворҳоро аркҳо ва сутунҳои сенорадор зинат медоданд. Имрӯз аз онҳо танҳо як”Манораи Ротланд” боқӣ мондааст

Аз оғози асри V сар карда нсурҳои меъмории сенгиии театрро канда ва барои сохтмони калисою хонаҳои истиқоматӣ ва деворҳои қалъа истифода бурдан сар шуда буд.

Имруз дар театр чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд аз он ҷумла ҳарсолаи Фестивали Июлӣ”, ки дар он овозхонону мутрибон иштирок менамоянд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо “Иди Малика Арл” доир мегардад ки дар он сокинони Прованс иштирок мекунанд.

Театр дар Қадис. Театри Рим дар Қадис – бинои антиқӣ дар шаҳри Гардес (имруз Кадис) дар ҷанубии Испания воқеъ гардидааст.

Театр, ки тахминан дар асри I то милод сохта шудааст, яке аз театрҳои калонтарин дар қаламрави Империяи Рим буд. Бинои театр аз асри IV сар карда ба ҳоли худ гузошта шуда будааст ва дар асри ХIII бо фармониАлфонсои Х дар харобаҳои он қалъа сохта мешавад. Боқимондаҳои театр (ки қисман кофтуков карда шудааст) дар соли 1980 ёфта шудаанд.

Бинои театр амфеатре буд, ки диаметраш 120 метр ва ғунҷоишаш 20 ҳазор тамошобинро ташкил мекард. Ин иншшот яке аз биноҳои антиқие мебошад, ки классикҳои лотинӣ, аз он ҷумла Тсисерон ва Страбон ёдовар шудаанд.

Театр дар Тавромения. Театр дар Тавромания театри антиқие буд дар шаҳри Тавромения (ҳоло Таормина. Ситсилия).

Театрро юнониҳо дар асри III то милод сохта буданд. Дар сохтмони он лозим омад, ки кӯҳ ҳамвор карда шуда, 100 ҳазор мукааб метр оҳаксангро ба ҷои дигар бурда партоянд. Ҷойҳои тамошобинон ба тарафи ҷанубу шарқӣ ба ҷониби баҳр нигаронида шудаанд. Диаметри қисмати болоии театр 109 метрро ташкил карда ғунҷоиши театр 10 ҳазор тамошобинро ташкил мекард.

Дар замони империяи Рим (дар асри I милодӣ) ба куллӣ аз нав сохта шуда буд ва он барои дигар чорабиниҳо ҷиҳозонида мешавад: дар саҳнаи ин театр набурдҳои хунини гладиаторҳо доир гардонида мешуданд. Садои овоз (акустика), ки дар ин театр як вақтҳо садои сууханронии актёрҳои фоҷеаҳоро дилнишин мегардонид, акнун фарёди ҷонгудози мағлубшудагонро пурзур ва таммошобинонро пурҳаяҷон мекард.

Ин театр аз ҷиҳати ғунҷоишаш, баъди театр дар Сиракуза, театри дуюми антиқӣ буд дар байни театрҳои Ситсилия.

C:\Users\USER\Music\2.jpg

Театр дар Тиндарид

Театр дар Тиндарид. Театр дар шаҳри юнонии Тиндарид (Тиндарии имрӯза дар Ситсилия) буда, он дар охири асри IV то милод сохта шудааст.

Ин кавея (сангин) театр (диаметраш 76 метр) дар дохили тепрпаи сангин сохта шуда, барои 7000 тамошобин ба ҳисоб гирифта шуда буд Ҷойҳои нишасти тамошобинҳо мувофиқи анъанаи юнонӣ дар шакли зинапоя дорои поймонакҳои 40 сантметрӣ баландӣ ва 70 сантиметр чуқуриашон сохта, рӯяшон ба шимол, ба тарафи баҳр ва ҷазираҳои Липар нигаронида шуда буданд.

Дар замони императорӣ театр барои чорабиниҳои дилхушкунанда мувофиқ кунонида мешавад. Бинои кӯҳна хеле дилкаш оро дода шуда буд. Скенаи юнонӣ бозсозӣ карда шуд. Алҳол боқимондаҳои аркҳои хос юнониро дидан мумкинаст

Соли 1939 скенаи театр аз наҷв барқарор карда мешавад.Аз соли 1956 сар карда дар ин театри қадим фестивалҳои санъат доир мегарданд.

Театр дар Мартселла. Театр Мартселла (аз лотинӣ – Theatrum Marcelli, аз лотинӣ -Teatro di Marcello) дар наздикии соҳили рости дарёи Тибр дар Рим воқеъ гардида, сохтмони онро Юлий Сезар дар назар дошта, баъд онро Октавиан Август дар соли 12 то милод ба хотири ҷияни марҳуми худ Марк Клавдий Мартселла месозад.Диаметри театр 111 метр бошад ҳам, он 11 тамошобинро ғунҷонида метавонист. Дар асрҳои миёна ба бинои театр тағйироти зарурӣ дохил карда, онро ба қалъа мубаддал гардонида, дар болояш барои шахси ашрофе аз хонадони Орсини қаср месозанд..Дар шафати харобаҳои театр айвони (портики) Октавиан боқӣ мондааст

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.