Шеър ва драматургияи Рим
Гай Метсенат Мелиос. Гай Метсенат Гелиос (аз лотинӣ – Gaius Maecenas Melissus) забоншинос ва драматурги асри I то милод мебошад. –
Дар Сполетия таваллуд шудааст. Аз рӯи мақоми худ озод таваллудшуда буд, вале дар байни волидони ӯ ихтилоф ба амал омада, ӯро дар овони кӯдакӣ партофта мераванд. Номи мураббии Гай номаълум аст, вале дар дасти ӯ маълумоти хуб мегирад ва пеш аз ҳама – маълумоти филологӣ.



Гай Метсенат Мелиос Публий Теренсий Афр Публилий Сир
Мураббӣ Гай Метсенат Мелиос ба сифати шахси сарфу наҳвро медонистагӣ ба пуштибони санъат Гай Тсилний Метсенат тӯҳфа мекунад. Метсенат нисбати ӯ хайрхоҳӣ зоҳир мекард. Бо ҳамин сабаб вақте, ки модараш пайдо мешавад, ӯ дар ҳолати ғуломӣ буданро афзалтар донист. Вале дере нагузашта ӯро озод эълон мекунанд. Аз ин рӯ, ба номи Мелисс номи Метсенат ҳамроҳ карда мешавад. Метсенат ба боварии император Август мувавффақ шуда, бо супориши Август ӯ китобхонаро дар “Айвони Октавия” ба тартиб медарорад.
Метсенат дар синни 60-солагӣ тасмим гирифт, ки ба нависандагӣ машғул мешавад, ки дар ин бора дар асарҳояш ёдовар мешавад. Гай Метсенат Гелиос зиёда аз 150 китобча бо номи умумии “Аз бекорӣ” (ё “Шӯхиҳо”)-ро эҷод мекунад, ки онҳо мазмуни гуногун доранд.
ДетсимЛаберий. Детсим Лаберий (аз лотинӣ – Decimus Laberius: наздики солҳои 106 – 43 то милод) драматурги Рими қадим мебошад.
Лаберий ба табақаи классикӣ тааллуқ дошта ва бо номи “мимаҳо” асарҳои драмавӣ эҷод намудааст. 43 номгӯй ва якчанд пораи пораи ӯ аз 170 шеъри ӯ боқӣ мондааст. Услуби эҷоди ӯ мазмуни танқидии хеле баланд буд ва бисёр вақт объэкти ҳамлаҳои ӯ Гай Юлий Тсезар мегардид. Аз ин рӯ Тсезар боре Лаберияро маҷбур мекунад, ки дар саҳна яке аз мимҳоро аз асарҳояш шахсан иҷро намояд, ки ин сабаби аз ҳуқуқи савора будан маҳрум мегардад. Вале баъдтар Тсезар ҳуқуқи савора будани ӯро аз нав барқарор мекунад.
Ливий Андроник. Ливий Андроник (аз лотинӣ – Livius Andronicus. Дар нимаи дуюми асри III то милод таваллуд шуда, на барвақттар аз соли 207 вафот кардааст)-драматург, шоир, мутарҷим ва актёри Рими қадим буд Ливий Андроникро асосгузори адабиёти лотинӣ мешуморанд. Аслан юнонӣ аз Тарента Ливий Андроникро римиҳое ба асирӣ гирифтаанд ки аслан аз хонадони Ливийҳо буда, аз ҳамин сабаб нои хонаводагии онҳоро мегирад Бо сабаби тарбияи бомуваффақонаи кӯдакони ба ӯ озодӣ дода мешавад.
Соли 240 Ливий Андроник ба сифати муаллиф ва актёр дар пъесаи таъроихии бо забони лотиниӣ эҷодкарда баромад мекунад, ки он дар Бозиҳои тарентӣ ба саҳна гузошта шуда буд. Ҳамчун шоир, Ливий кушиш ба харҷ дод, то ки “сатураҳои” дағали миллиро бо драмаҳои бадеӣ иваз намояд. Консесияи онро ӯ аз юнониҳо гирифта буд. Фоҷеаҳо ва мазҳакаҳои худрл Ливий дар асоси сюжаҳои асотирҳои “Ахил”, “Эгист”, “Аякс” ва дигарон менавишт. “Одиссея”-ро ба забони лотинӣ тавассути шеъри сатурӣ мегардонад. Наздики 60 пораҳои хурди назмӣ ва тарҷумаи “Одиссея” боқӣ мондааст.
Мувофиқи гуфтаи Тит , Ливий Андроник суруди (гимни) хории Юнонаро низ, ки барои иҷро аз тарафи 27 духтар дар рафти ҷашни ҷамъиятии динии соли 207 муқаррар гардида буд, эҷод кардааст. Баъди нахустнамоиши муваффақона Гилдия дар Ибодатгоҳи Минерваи воқеъ дар Теппаи Авантин бо номи “Коллегияи нависандагон ва актёрҳо ” (Collegium scribarum histrionumque) ботантана таъсис дода мешавад.
Марк Пакувий. Марк Пакувий (Pacuvius), шоири Рим, тахминан 29 апрели соли 220 то милод дар Брундизи таваллуд шуда, 7 феврали соли 130 то милод вафот кардааст). Шогирд ва ҷияни шоир Квинт Энния, дӯсти Лелия ва, эҳтимол дӯсти Стсипион буд. Аз зиёда аз 12 фоҷеаи Марк Пакулий пораҳои калонии онҳо боқӣ монданад. Ғайр аз ин, Пакувий ҳаҷв (сатира)-навис ҳам буд, вале аз онҳо маълумоти хеле кам вуҷуд дорад.
Ҳаҷми ками фаъолияти адабии Пакулий аз он сабаб аст, ки ӯ рассом ҳам буд. Плинийи Калонӣ расми кашидаи Пакулийро ҳанӯз дар Ибодатгоҳи Геркулес forum boarium дида будааст. Пакувий дар синни 80-солагиаш ҳам дар трагикнавис Аксий рақобат мекардаст. Ӯ дарсинни 90-солагӣ дар Тарент вафот кардааст: аз Рим ба ин ҷо барои беҳтар кардани вазъи саломатии худ омада буд.
Асарҳои Пакувий дар рушди мфоҷеанависӣ дар Рим таъсири калон гузоштаанд. Сисерон Пакувийро фоҷеанависи бузургтарини Рим шинохтааст. Аз фоҷеаҳои Пакувий нисбатан машҳуранд «Teucer», «Iliona», «Antiopa», «Chryses», инчунин драмаи таърихӣ «Paulus».
Тит Максий Плавт. Тит Максий Плавт (аз лотинӣ – Titus Maccius Plautus, наздики соли 254 то милод дар Сароннаи воқеъ дар Умбрия таваллуд шуда, соли 184 то милод вафот кардаст.
Номи хонаводагии Максий дар ягон каси дигар вонамехурад. Ин ном дар яке аз ниқобҳои мазҳакаи халқӣ – аблаҳ ва пурхур вомехурда,ки драматург барои худ ҳамин тахаллусро интихоб намудааст.
Плавт ба Рим омада, ба хизмат дар яке аз дастаҳои ба кор медарояд, баъд ба савдо машғул мешавад,вале бебарор,минбаъд ба хизматгорӣ машғул шуда, дар вақти бекори мазҳака менависад. Плавт аз байни аристократҳо патрон (пуштибон) надошта, ба оммаи тамошобин вобаста буд. Ба Плавт лозим омад, ки бисёор саёҳат кунад ва бо одамоне вохурад, ки ба табақаҳои гуногуни ҷомеаи Италия тааллуқ дошта бошанд.
Дар пъесаҳои Плавт ғуломон нақши калон мебозанд, бо шарофати онҳо амал бисёр вақт инкишоф меёбанд ва тамошобинро ба суи кушодани низоъ мебаранд. Дар мазҳакаҳо қариб ҳамеша тайёрхур ва миёнарав ширкат доранд. Дар маркази диққати мазҳака бисёр вақт ихтилофҳои ишқӣ меистанд васле ҳамаи онҳо барои қаҳрамони асосӣ бо муваффқият анҷом меёбанд. Бояд гуфт, зки дар саҳна анҳлоро низ мардон иҷро мекарданд.
Публий Терентсий Афр. Публий Терентсий Афр (аз лотинӣ – Publius Terentius Afer, соли 195 ё 185 то милод таваллуд шудаст) – драматург, намояндаи мазҳакаи Рими қадим мебошад.
Сарчашмаи хуб барои ҳолномаи ӯ ҳамон ёддоште мебошад, ки онро Светоний навиштааст. Публий Терентсий Афр дар фосилаи ҷангҳои 2 ва 3 Пунӣ дар карфаген таваллуд шуда, аз ким-кадом қабилаи африқоӣ ё либиягӣ буд, Publius Terentius Aferр ин бораи тахаллуси “Афер” низ шаҳодат медиҳад. Ба кадом роҳе ба Рим афтида, Терентсий ғуломи сенатор Терентсия Лукана мешавад, ки ӯ қобилияти фавқулоддаи ӯро дида, аввал ба маълумоти хуб дода ва баъд ба ӯ озодӣ мебахшад.
Асарҳои Терентсий бо амри фақулодда ҳамаашон то ба мо омада расидаанд ва онҳо ҳамагӣ 6-тоанд: “Духтарон аз ҷазираи Андроса” (Andria), “Хушдоман” (Hecyra), “Шахси худаш худашро ҷазо медодагӣ”, ( ё Худҷазодиҳанда ) (Heautontimorumenos), “Хоҷасароҳо” (Eunuchus), “Формион” (Phormio: номи далла дар пъеса) ва “Бародарон” (Adelphae).
Ин пъесаҳо бори нахуст дар саҳнаи Рим аз солҳои 166 – 160 то милод намоиш дода шудаанд. Пъеаи “Хоҷасаро” муваффақияти бештар дошт. Ин аст, дар як рӯз ду маротиба намоиш дода шуда, сазовори мукофот гардидааст.
Публилий Сир. Публилий Сир (аз лотинӣ – Publilius или Publius Syrus), шоири имову ишораи римии замони Сезар ва Август, ҳамзамони хурдӣ ва рақиби Лаберия буд. Зодаи Сурия (аз ҳамин ба миён омадааст тахаллуси Syrus – суриягй) мебошад; Ба Рим ба сифати ғулом омада, баъд озодӣ ба даст меоварад ва асарҳои драмавии худро дар театрҳои гуногуни Италия бо муваффақият ба саҳна мегузорад. Махсусан асарҳои ӯ дар жанри имову ишора баҳои баланд гирифта буданд, чун ки онҳо пур аз панду ҳикматҳо буданд.
Лутсий Анней Сенека. Лутсий Анней Сенека (аз лотинӣ – Lucius Annaeus Sĕnĕca minor), Сенекаи Хурдӣ ё Сенека (соли 4 то милод дар Кордуба таваллуд шуда, соли 65 дар Рим таваллуд шудааст) филологи стоики римӣ, шоир ва арбоби давлатӣ буд.. Мураббии Нерон буд.
Дар Кордоба (Кордовадар оилаи “савораи” римӣ ва суханвар (риторик) Лутсия Анней Сенеки Калонӣ таваллуд шуда. Дар овони ҷавонӣ падараш ӯро ба Рим меорад. Дар назди пифагорӣ Сотион, стоикҳо Аттала, Секстия ва Паниния таҳсил кардааст. Ба фалсафа ҳанӯз дар овони ҷавонӣ машғул шудааст. Бо сабаби саломатӣ маҷбур мешавад, ки ба, Миср равад, дар он ҷо дар тули солҳои зиёд ба навиштани рисолаҳо оид ба илми табиатшиносӣ машғул мешавад.
Дар синни 33 солагӣ дар аҳди император Тиберий, Сенека квестор мешавад; дар 37-солагӣ то ба сари қудрат омадани Калигула Сенека ба ҳайати Сенат дохил мешавад ва ҳамин тавр суханвари маъруф мегардад. Обрӯю эътибори Сенека ҳамчун нависанда ва ҳам суханвар чунон баланд мешавад, ки нисбати ӯ рашку бахилии император бедор мешавад ва мехоҳад, ки Сепнекаро ба қатл расонад. Дар тақдири Сенека яке аз маҳбубони император императорро бовар мекунонад, ки ӯ ин корро накунад, зеро саломатии Сенека на онқадар хуб ас, бинобар ин ӯ беқатлкунӣ ҳам ба наздикӣ вафот мекунад.
Дар синни 41-солагӣ, дар замони императории Клавдия дар натиҷаи дасисаҳои зани Клавдия Мессилина Сенека ба Корсика бадарға карда мешавад. Соли 49 ҳамсари император Клавдия Агриппинаи Хурдӣ талаб мекунад, ки сенека аз бадарғагӣ баргардонида шавад ва ба зимаи ӯ тарбияи императори оянда Нерон вогузор карда мешавад. Баъди вафоти император Клавдий Нерон соҳиби тахту тоҷи Империяи Рим мешавад ва Сенекаи 54-сола ва Секст Афраний Бурр мушовирони аввалини Нерони 16-сола мешаванд Дар 57-солагӣ Сенека ба мансаби консул муваффақ мешавад. Ҳамин тариқ сенека воқеаҳои зиёди дигарро аз сар мегузаронад. Дар синни 62-солагӣ Сенека арзи истеъфоро мекунад
Спурий Метсий Тарпа. (аз лотинӣ – Spurius Maetius Tarpa)- фоҷеанигори Рими асри I то милод мебошад.
Дар соли 55 то милод Ба тарпе супориш дода мешавад, ки ба хотири ҷашни кушодашавии театри Помпей фоҷеае бинависад. Мувофиқи шаҳодати Горатсий Тарпа раисии “Иттифоқи шоирон” (collegium poetarum)-ро дар Рим ба зима доштааст. Шореҳи қадими Горатсий, Порфирион баён доштааст, ки Тарпе мансаби раисии комитети театрии Рими қадимро низ ба зима доштааст.
Квинт Энний. Энней соли 239 то милод дар шаҳри Рудий (дар байни Брундизи ва Тарент) таваллуд шуда, баромадаш юнонӣ буд. Марк Портсий Катон Эннейро аз Сардиния, ки дар хизмати ҳарбӣ будааст, ба Рим меорад. Дар пойтахт Энней ба фаъолияти педагогӣ машғул мешавад ва дере нагузашта бо шарофати қобилияти адабии баланди худ дар доираҳои баланди илмию адабӣ машҳур мешавад
Соли 189 Марк Фулвий Нобилиор, ба Этолия равон шуда истода, Эннейро ба назди худ мехонад, то ки баъд қаҳрамониҳои ишонро васф карда тавонад. Писари ӯ Квинт дар соли 184 барои Энней додани ҳуқуқи гражданини Римро мувафффақ мешавад. Энней соли 169 то милод вафот мекунад.
Ҳамаи асарҳои Энней то ба мо омада расидаанд, вале танҳо пораҳояшон. Энней замони Ҷанги дуюми Пуниро аз сар гузаронида, ӯро водор мекунад, ки қаҳрамониҳои халқеро, ки ӯро ҳамчун меҳмон қадрдонӣ кардааст, васф намояд. Дар ин қисса, ки Анней ба он «Annales» (солнома: грамиматикҳои баъдтарин ба он номи «Romaïs»-ро додаанд) ном гузошта буд, асосан шаъну шарафи адабии ӯ ташкил медиҳад.
Дар шакли маҷмӯъ Энней кор аз болои “Анналҳо” қисмати зиёди ҳаёти ӯро дар бар гирифта, аз 18 китобу 1500 – 1800 шеър иборат аст, лекин то ба мо танҳои 600 шеъри начандон калон боқӣ мондааст.