Мустамликагардонии бузурги Юнони

САБАБҲОИ МУСТАМЛИКАГАРДОНИИ ЮНОНӢ

Парокандашавии ҷамоаҳои авлодӣ ва ба ҷои онҳо ба вуҷуд омадани муносибатҳои синфии барвақта натиҷаи муҳими тағйироту таҳаввулот дар сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи Юнон буданд.Дар ҳаёти иқтисодии юнониҳои қадим шам дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Дар асрҳои VIII – VI то милод ҷузъҳои асосии истеҳсолоти кишоварзӣ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва мулкҳои калони ашрофони авлодӣ буданд. Бисёр вақт заминдорони калон мулкҳои худро ба аъзои камбағали ҷамоа ба иҷора медоданд. Иҷоракор қисми ҳосили ин заминро дар шакли асл ба заминдор мепардохт. Таъкид бояд кард, ки дар ин давра заминдории калон торафт меафзуд. Косибӣҳамдар баробари дигар соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳод. Оҳангарони юнонӣ коркарди технологияи гӯдозиши оҳанро такмил доданд. Бо роҳи ба оташдонҳаво пуф кунонидан, ҳарорати оташро баланд карда, дар натиҷаи ин маъдани оҳан гӯдохта мешуд ва оҳангар аз филизи гӯдохта маснуоти косибии соҳаи худро қолабрезӣ мекард. Ғайр аз ин дар истеҳсолоти филизӣ вазни қиёсии биринҷӣточанде афзоиш ёфта, истеҳсоли олоти меҳнат, зарф ва маснуоти дигари рӯзғор зиёд мешуд.

Инчунин бояд изофа кард, ки баъд аз мустамликазабткуниҳои финикиҳо юнониҳо низ ба роҳи истилогарӣ ворид шудаанд. Давраи вусъату самараноки мустамликазабткунии онҳо ба асрҳои VIII – VI то милод рост омадааст.Ин марҳалародар таърих замони мустамликазабткунии бузурги юнонӣ меноманд, ки ба замони архаистии таърихи Юнон, марҳалаи устуворгардии низоми полиси антиқии юнонӣ рост омадааст.

Харитаи мустамликагардонии юнонӣ

Мустамликагардонии бузурги юнонӣ зуҳуроти махсустиқонунияти мувофиқоии шумораи нуфус ба сатҳи нерӯҳои истеҳсолкунанда ё худ мувофиқ наомадани шумораи аҳолии Юнон ба масоҳати ками замини барои киштукор мувофиқмаҳсуб мешавад. Ин сабаб барои ҳамаи воқеаҳои мустамликагардонӣ дар замони қадим амал мекунад. Вале дар ҳар мавриди мушаххас сабабҳои мушаххаси худӣ низ амал мекунанд.

Дар ҳамаи давру замонҳо дар Юнон рушди сусти техникаи хоҷагидорӣ дар деҳот, тарзҳои хеле ақибмодаи коркарди замин ба воситаи олоти меҳнати камсамар, инчунин ҳосилнокии пасти хоки полисҳои зиёди юнонӣ дида мешуд. Бо ҳамин сабабҳояк қисми аҳолӣ ризқу рузии худро дар ватан ёфта наметавонист. Бинобар ин, онҳо майл ба мустамликазабткунӣ пайдо менамоянд ва дар ин кор шахсан иштирок менамоянд..

Дар ҷараёни заифшавии муносибатҳои авлодию қабилавӣ аристократия, ки аз мақоми худ дар роҳбарӣ ба ҷамоаҳои авлодӣ истифода ва суиистеъмол карда, заминҳои зиёди авлодиро аз худ мекард.Деҳқонҳо бошанд, беш аз пеш в торафт муфлис шуда, ба зери тобеияти сарватманду ашрофон медаромаданд. Дар алоқамандӣ бо муфоисшавӣғуломдории қарзӣ давом мекард. Дар чунин шароит деҳқонони зиёд маҷбур мешуданд, ки заминҳои худро тарк кунанд. Вале он вақт шаҳрҳо махсусан дар оғози замони архаистӣҳамчун марказҳои косибӣ ва савдоҳанӯз ба вуҷуд наомада буданд. Дар баробари ин, оғозёбии васеъшавии истифодаи меҳнати ғуломон масъалаи имконияти истифодаи меҳнати деҳқононе, ки ба деҳот омада буданд, мушкилии боз ҳам зиёдтарро ба миён овард. Қисми ками деҳқонон метавонистанд ба шароити нав мутобиқ шаванд. Бе ин рушди косибӣ ва тиҷорати эллинҳо имконнопазир мегардид. Вале бисёриҳо илоҷи раҳоёбии ягонаро дар кӯч бастан ба мамлакатҳои дурдаст медиданд.

Византия Пантикапей

Дар он шаҳрҳое, ки косибӣ ва тиҷорат беҳтар рушд мекарданд, тоҷирон кушиш ба харҷ медоданд, ки дар ҷараёни сафар ба мамлакатҳои хориҷӣҷойҳои қуллай пайдо намуда, сокин шаванд. Дар замони мавҷуд набудани ҳуқуқи байналмилалӣҳар кадом шахси аҷнабӣғуломи эҳтимолӣ буда, тӯъмаи даромади осон мегардид. Бо ҳамин сабаб танҳо дар шаҳрҳое, ки бо метрополий бо алоқаҳои хешутаборӣ, маънавию фарҳангӣ ва иқтисодӣ пайваста буданд, савдогарон то як дараҷа худро дар амният эҳсос мекарданд. Чунин шаҳрҳо дар тиҷорат ба бунгоҳ барои савдо бо сокинони маҳаллӣ ё истгоҳҳои қуллаю дилхоҳ мешуданд. Мардуми мустамликаҳо дар аввалҳои мавҷудияти онҳо пеш аз ҳама молҳои ҳамватанони худро харидорӣ мекарданд, ки дар метрополий боқӣ монда буданд. Савдогарони аз он ҷо омадаро қабул мекарданд ва молҳои онҳоро дар байни аҳолии деҳоти гирду атроф паҳн менамуданд.

Омили муҳими ҳаракати мустамликачиён муборизаи сиёсӣ дар метрополий буд, ки дар ин замон ба зиддиятҳои тезутунди мислаш то ҳол диданошуда табдил ёфта, он дар баъзе мавридҳо ба террори ваҳшиёна мубаддал мегардид. Дар чунин шароит дар назди гурӯҳбанди смёсии мағлубшуда танҳо як интихоб вуҷуд дошт: марг дар ватан ё кӯч бастан ба мамлакатҳои дурдаст. Аз рӯи ин анъана, шаҳри Милет дар соҳили ғарбии Осиёи Хурд зиёда аз 70 мустамлика ташкил карда намудааст. Ин рақам аз будаш зиёд нишон дода шуда бошад, ҳам он ба мо дар бораи вусъатёбии фаъолияти мустамликагардонии Милет маълумот медиҳад. Мумкин аст ин зуҳурот баъд ба муборизаи тезу тунди сиёсии дар ин шаҳр суратгирифта алоқаманд бошад.

Мустамликаи юнонии Олвия Мустамликаи юнонии Милет

Дар рафти рушди ҷомеаи Юнон дар онгурӯҳҳои одамоне пайдо мешаванд, ки дар мақоми пасти иҷтимоӣқарор доштанд. Чунин одамон ё кушиш ба харҷ медоданд, ки дар ватан ба баробарҳуқуқӣ муваффақ шаванд ва ё маҷбур мешуданд, ки бахту саодати худро дар заминҳои бегона ёбанд. Чунин буданд, масалан, парфепинҳо дар Спарта. Баъди кушиши бебарори муваффақшавӣ ба баробарҳуқуқӣ бо гражданҳо онҳо ба ҷониби Италия Ҷанубӣ раҳсипор шуда, дар он ҷо шаҳри Терентро бунёд мекунанд.

Ниҳоят, бояд қайд кард,ки чунин омили муҳим, чун шикастхӯрӣ дар ҷанг тақдирсоз буд: дар назди шикастхӯрдагон савол мегузорад: “Ба аҳолии тобеъ мубаддал гарданд ва ё ватани навро ҷустуҷу кунанд”. Мессениҳо ана ҳамин тавр рафтор карданд: вақте ки дар ҷанг бо Спарта шикаст мехуранд. Қисме аз онҳо ба тарафи Ғарб кӯч мебанданд.

Печдарпечию мураккаби ҳамаи ин воқеаҳо ҳолатеро ба вуҷуд оварданд, ки он ба замони архаистӣхос буд – замони устуворшавии сохти полисӣ дар Юнон. Дар ин кор аз ҳама муҳим вайроншавии муносибатҳои авлодӣ ва аз он ҷудошудаи оммаи деҳқонон, инчунин рушди муносибатҳои молию пулӣ, аз он ҷумла ҷидду ҷаҳд баҳри ёфтани бозорҳои нави ашёи хом ва фурӯши мол, пайдо намудани сарчашмаҳои ба даст овардани ғуломон муҳим мебошанд. Дар сурате, ки дар маҷмӯъ муносимбатҳои авлодӣ дар гузашта монданд ва полис ташаккул ёфт, муборизаи сиёсӣ ба худ шаклҳои нав гирифт. Муҳоҷират аз ноилоҷӣ ба худ шаклҳои дигарро қабул кард.

ВИЖАГИҲОИ МУСТАМЛИКАГАРДОНИИ ЮНОНӢ

Дар мустамликагардонии бузурги юнонӣ вилояту шаҳрҳои гуногуни Эллада ширкат варзидаанд: ҳам ақибмондагиҳо, чун Ахейҳо, ки сокинонашон бештар ба кишоварзӣ машғул буданд, ва ҳам бештар рушдёфта,ки марказҳои калони тиҷоратию косибӣ гардидаанд, аз он ҷумла Милет ва ё Фокея. Мувофиқ бо ин дар истилогариҳои мустамликавӣ ё ҷанбаи аграрӣ ва ё ҷанбаи косибӣ афзалият дошт. Ин раванд ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии метрополий, шароити ҷуғрофӣ, дар робита бо он, ки мустамликачиён дар ҷойҳои нав чиҳо меёбанд, вобастагӣ дошт.

Вале бояд қайд кард, ки мустамликагардонӣ танҳо соф аграрӣ ё тиҷоратию косибӣ набуд, зеро ин вақт тиҷорат ҳатто ба вилоятҳои ақибмондаи Юнон ҳам роҳ ёфта буд. Дар баробари ин,ҳамаи шаҳрҳои антиқӣ дар заминаҳои хусусӣ ва кишоварзӣ асос ёфта буданд. Бемайдони замини иҳотакарда, он то кадом дараҷа кам набошад ҳам, мустамлика вуҷуд дошта наметавонист. Дар ин қаламрав пораҳои замини мустамликачиён мавҷуд буда, баъзан онҳо то оғози сокиншавӣ тақсим карда шуда буданд, масалан, чи тавре ки ин кор, дар мавриди экспедитсияи Коринф ба Ситсилия карда шуда, он ба бунёди шаҳри Сиракуза оварда расонид. Барои ҳамин танҳо дар бораи афзалияти ин ва ё он ҷанбаи мустамликагардонӣ сухан рондан мумкин аст.

Вобаста ба он, ки ба мустамликачиён кадом соҳаи шуғли меҳнат афзалият дошт, ин масъала дар муносибат ва ҳамоҳангӣ бо аҳолии маҳаллӣҳал карда мешуд. Агар мустамликагардонӣ бештар аграрӣ бошад, пас мустамликачиён ба ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ эҳтиёҷ надошта, ҳатто ба ин кор халал ворид мерасониданд. Дар мавриди ба ҷанбаи молӣ тайёр будани халқҳои маҳаллӣва пешбурди тиҷорат бо юнониҳо зарур буд. Вале ин кор танҳо дар шароити иқтисоди рушдёфта ва дар сатҳи баланди муносибатҳои иҷтимоӣ имконпазир аст. Дар айни замон охирин номбурда набояд аз ҳад баланд бошад. Дар он ҷое, ки юнониҳо бо давлатҳои рушдёфта ва марказонидашуда бармехурданд, имконият барои бунёди шаҳрҳои эллинистӣ финикӣ бо тезӣ маҳдуд мешуданд.

Сиракузаи қадим Коринфи қадим

Вобаста ба афзалияти ин ва ё онҷанба мустамликагардонӣ бо тайёр будани марҳалаи таърихӣ вобастагӣ дотшт. Барои фаҳмидани он, ки муҳоҷиронро чӣ интизор аст, дар як маврид ковиш (разведка) кифоя буд, дар мавриди дигар, ба мустамлика табдилдиҳӣ бояд баъди ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодӣ сурат мегирифт. Мустамликачиёне, кизаминҳои серҳосилро ҷустуҷӯ мекарданд, тоҷирон бошанд. Оҳо ҷойҳоеро интихоб мекарданд, ки барои савдо қуллайбошад, масалан, резишгоҳи дарёҳоеро, ки ба дарунтари қаламрави сукунатиқабилаҳои маҳаллӣ роҳ ёфтан имконият медоданд. Барои косибон бошад, ашёи хоми зарурӣмуҳим буд.

Барои юнониҳо қоидаҳои умумии интихоби ҷой барои бошишгоҳҳҳо низ мавҷуд буданд. Шаҳр бояд дар соҳил ва ё ҳеҷ набошад, дар наздикии он воқеъ бошад, зеро роҳи обӣ воситаи муҳими робита ба метрополий буд. Барои бошишгоҳҷое интихоб карда мешуд, ки онро бо осонӣ муҳофизат кардан мумкин бошад, оби нӯшокӣ дорад ва ҳаддалимкон заминҳое низмавҷуд бошанд, ки мустамликачиёнро хуронида тавонанд. Дар баробари ин, шарт нест, ки замин барои парвариши ғалла коромад ва барои парвариши ток ва зайтун мусоид бошад. Онҳо ба юнониҳо маҳсулоти лозимиро барои табодул бо молҳои ба онҳо зарур медоданд.

Дар баробари зиндагӣ аз ватан дур мустамликачиён оташро бо худ аз гулхани муқаддаси шаҳри азизашон ва эҳтимол баъзе коҳинонро низ меоварданд, ки онҳо бояд сарварии бошишгоҳҳои навро ба зима мегирифтанд.

Сарфи назар аз он, ки оё ташаббускори экспедитсия ҳамаи ҷамоа буд ва ё аъзои алоҳидаи он,бошишгоҳҳои нав, чун қоида, (дар нисбати мустамликаҳои Тир) мустақил мешуданд. Дар ин қоида истисно ҳам вуҷуд дошт. Масалан, шаҳри Коринф ҷидду ҷаҳд ба харҷ медод, ки дар асоси мустамликаҳои худ мамлакати пурзӯри баҳриеро ташкил диҳад. Шаҳрҳои бинокардааш бояд ҳукмронии Коринфро дар роҳҳои самтҳои ғарбӣ ва шимолу шарқӣ таъмин мекарданд. Вале кушиши ташкил намудани давлати пуриқтидори баҳрӣ натиҷаи дилхоҳ намедод. Ва гарчанде баъди сипарӣ шудани вақти зиёд дар Потидеяи воқеъ дар соҳили шимолии баҳри Эгей ҳоким аз Коринф фиристода мешуд, ки ин шаҳр дар амал сиёсати мустақилона дошт, баъзан ҳатто бар хилофи манфиатҳои метрополийҳам.

Мустамликакимейҳо Гела Харобаҳои Фокея

Дар баробари истиқлолият мустамликаҳо бо метрополий ба воситаи робитаҳои фарҳангию маънавӣ дар иртибот қарор доштанд. Дар ҳоле, ки тасаввуроти ҷамоаи авлодӣ аз шуур шуста нашуда, сокинони метрополий ва мустамликаҳо худро хешу табор, бо ҳам наздик ва мустамликаҳои як метрополий меҳисобиданд.

Мустамликаҳои зиёд на аз тарафи як мешуданд. Масалан, Кумаҳо дар Италия аз тарафи кидянамҳо ва эретрийҳои ҷазираҳои Эвбей ва мумкин аст аз тарафи кимейҳо аз Осиёи Хурд, Регий аз тарафи халкидикҳо ва мессениягиҳо, Гела аз тарафи достсҳо ва критиягиҳо таъсис дода шуда бошанд. Дар ин сурат шаҳрҳое ҳам метрополий ҳисобида мешаванд, ки ташаббускори бевоситаи мустамликагардонӣ буданд. Лекин агар муҳоҷирон аз шаҳр омада бошанд, пас ҳамаи онҳо гражданҳои он набуданд. Дар он замон аҳолии шаҳрии Юнон на онқадар зиёд буд. Тасаввур кардан мушкил нест, ки дар шаҳр – метрополияҳо ин қадар шумораи аҳолӣ то он дараҷае зиёд бошад, ки барои ташкили ин қадар бошишгоҳҳои сершумор ва барои идомаи ҳаёти модаршаҳр кифоягӣ кунад. Барои ҳамин эҳтимол ин шаҳрҳо вазифаи марказҳои тақсимкунии одамҳоро иҷро карда, аз он ҷо онҳоро ба экспедитсия мефиристоданд. Дар ин мавридҳо воқеан, аз афти кор,қоидае ба миён омада буд, ки мувофиқи он марказҳои муҳоҷирон метрополий ҳисобида мешуданд.

Ҷазираи Эвбей

Зиндагиро дар ҷои нав сар карда, мустамликачиён бисёр ҳам мехостанд, ки нисбати шуғли меҳнати ояндаи худ ба хушбахтшавӣ боварӣ дошта бошанд. Барои ҳамин кушиш мекарданд, ки натанҳо шароити воқеии ҷойро омӯзанд, балки аз пуштибонии илоҳӣниз баҳравар шаванд. Мақоми бештар махсусан ба худо Аполлон дода мешуд, ки ӯ пешвои экспелитсияҳои мустамликазабткунӣ ва пушту паноҳи шаҳрҳои навбунёди онҳоҳисобида мешуд.

САМТҲОИ АСОСИИ МУСТАМЛИКАГАРДОНИИ БУЗУРГ

Мустамликагардонии бузурги юнонӣасосан давр се самт сурат мегирифт:

1.Дар самти ғарбӣ: соҳилҳо ва ҷазираҳои баҳри Ион дар шимолу ғарбӣ аз Юнон, Италия, Ситсилия, Корсика, Галлияи Ҷанубӣ ва Испания.

2.Дар самти шимолу шарқӣ: соҳилҳои шимолу шарқии баҳри Эгей, Геллеспонт, Пропонтида, Боспори Фракия ва соҳилҳои баҳри Сиёҳ, аз он ҷумла шимолии ин баҳр.

3.Дар самти ҷанубу шарқӣ: соҳили ҷанубии Осиёи Хурд, соҳилҳои Шарқии баҳри Миёназамин, Африқо.

Нахустасосҳои мустамликагардонӣ шаҳрҳои эвбеии Халкида ва Эретрия баромад карданд. Ин мустамликаҳо дар соҳилҳои гулугоҳ воқеъ гардида, аллакай дар нимаи аввали асри VIII то милод хеле пешрафта, роҳҳои муҳимтарини роҳҳои баҳрӣ дар байни Юнони Шимолӣ ва Миёна соҳиб шуда, ҳиссаи зиёди тиҷорати онвақтаро дар ин минтақа дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Дар баробари ин, онҳо конҳои мис ва заминҳои ҳосилхез низ доштанд, ки дар ихтиёри ашрофон қарор доштанд Вақте, ки дар сеяки аввали асри V то милод дар байни ин шаҳрҳо баҳри ба даст овардани ҳамвории Делант ҷанг сар мезанад, шаҳрҳои зиёди Юнон аз ҷониби ин ва ё он шаҳр дар он иштирок менамоянд.

То сар задани ҷанг ҳарду шаҳр дар якҷоягӣ дар мустамликагардонӣ иштирок карда, ба мустамликагардонии Коринф ва Мегера низ даст мезананд. Ин шаҳрҳо марказҳои калони косибӣ ва тиҷоратӣ буда, заминҳои серҳосил ҳам доштанд. Аз ин рӯ, сокинони онҳо ба он тарафи баҳр на танҳо ба хотири савдо, балки барои ёфтани заминҳои хуб низ мерафтанд. Беҳуда нест, ки дар мустамликагардонии коринфӣ мардуми деҳоти Теген низ фаъолона иштирок мекарданд. Аз ақиби ин шаҳрҳо марказҳои дигари Юнон иқдом карданд. Дар асри VIII ва оғози асри VIIто милод ба мустамлика сабзонда расонидани ҷамоаҳо ва вилоятҳои ақибмондаи аграрӣ, чун Локорида, Ахайя ва Спарта оғоз мегардад.

ҶАРАЁНИ МУСТАМЛИКАГАРДОНИИ БУЗУРГ

Эллинҳо дар аввал ба тарафи Ғарб раҳсипор шуданд. Соли 774 то милод дар ҷазирчаи хурди Питекуссаи воқеъ дар соҳилҳои ғарбии Италия бошишгоҳи халкидҳо ва эретрийҳо пайдо шудо, точанде ба шаҳр табдил меёбад. Ин шаҳрро мумкин аст оғози мустамликагардонии бузурги юнонӣҳисобид. Баъди ним аср эвбейҳо дар Юнони хушкӣ низ сокин шуда, шаҳри Канна ва баъд шаҳрҳои дигар, аз он ҷумла Неаполро бунёд мекунанд. Вилояте, ки дар он ин шаҳрҳо бунёд мегарданд, Кампания ном дошта, яке аз вилоятҳои заминаш серҳосилтарини Италия буд. Бо вуҷуди ин, дар мустамликагардонии эвбеӣ, махсусан халкидӣсоҳаи тиҷорат ниҳоят пурзур ба шумор мерафт. Халкидиҳо ба воситаи Питекусса бо этрускҳо ва финикиҳои ғарбӣ фаъолона додугирифти савдоӣ доштанд. Барои назорат аз болои роҳҳои баҳрии байни Юнон ва Этрурия онҳо дар ҳарду тарафи гулугоҳ мустамликаҳои худро ташкил намуданд, ки Италияро аз Ситсилия ҷудо мекарданд. Эретрейиҳо дар ҷазираи Каркира мустамликаеро ба воя расониданд, ки дар роҳи аз Юнон ба Италия ва Ситсилия рафтан мавқеи муҳимро ишғол мекард. Сокинони Эвбей дар мустамликагардонии Ситсилия низ фаъолона иштирок намудаанд.

Дар Юнон шаҳри муҳимтариндар Ситсилия Сиракуза мешавад. Он, аз афти кор, дар соли 733 пеш аз милод аз тарафи экспедитсияи Коринф дар зери роҳбарии Архия асос гузошта шудааст. Ин шахс он вақт дар натиҷаи ихтилофҳои бамиёномада маҷбур мешавад, ки ватани худро тарк кунад. Дар роҳ коринфиҳо эвбеиҳоро аз Кёркира фишор дода бароварда, баъди ба Ситсилия омадан бошишгоҳеро дар ҷазирачаи Ортигияи воқеъ дар соҳили Ситсилия бунёд мекунанд. Баъдтар ба сӯи худи Ситсилия ҳаракат мекунад. Ортигия муддати тулонӣқалъа ва маркази маъмурии шаҳр буд. Он бандари олиҷаноб ҳам дошт, ки дере нагузашта бо номи Сиракуза машҳур мешавад. Дар ин ҷо косибӣ ва тиҷорат нашъунамо мекунанд. Сиракуза заминҳои ҳосилхезрониз ба даст дароварда, дере нагузашта ба яке аз марказҳои калонтарини Ситсилия ва баъд тамоми Элладаи ғарбӣшуда, ба давлати пурзӯре табдил меёбад, ки он бо Карфаген рақобат мекард ва кушиши ҳукмронӣ карданро бар ҳамаи юнониҳои ғарбӣ мекард.

Дар мустамликагардонии Ситсилия юнониҳои дигар ҳам ширкат варзиданд Мегариҳо шаҳрҳои шимолтар аз Сиракуза – Мегари Гибелей, родосию кртиҳо бошанд, – Гелро дар соҳили ҷанубӣ. Шаҳрҳои дигари юнонӣ низ пайдо мешаванд. Дар баробари ин, эллинҳо ҳам ба мубориза ба муқобили аҳолии маҳаллӣ – секуламҳо ва сиканамҳо, ва ҳам бар зидди финикиҳои ситсилӣ, ки ба зери ҳокимияти Карфаген дохил шуда буданд, мубориза мебурданд.

Шаҳр – мустамликаи Юнониҳо дар Соҳили шимолии баҳри Сиёҳ

Шаҳрҳои аграрӣ ва вилоятҳои Юнонзаминҳои серҳосили Италияи Ҷанубиро муттаҳид намуданд. Дар ин ҷо дар асри VIII – оғози асри VII то милод сокинони Ахайя, Кротон ва Сибариси дар сарватмандӣ машҳур – спартаниҳо шаҳри Тарентро ва локрисиҳо Родоси Эпизеваро бунёд мекунанд. Аз шаҳрҳои нисбатан рушдёфта ба ин ҷо экспедитсия танҳо аз Колофани Осиёи Хурд омад: дар зери хатари ишғоли лидӣ як қисми колофониҳо ба Италия раҳсипор шуда, дар он ҷо мустамликаи Сирисро бунёд менамоянд, ки боигарӣ ва ҳаёти хушу хурсандонаи мардум дар он рашки шоир Архилохро ба вуҷуд овардааст. Дар Ҷануби Италия дере нагузашта мустамликаҳои юнонӣ чунон зиёд мешаванд, ки ин қисмати нимҷазираи Апенинро Юнони Бузург меномидагӣ мешаванд.

Мустамликаҳои юнонӣ дар Ҷанубу Шимоли Италия ва Ситсилия то оғози асри VII то милод бунёд карда шудаанд. Баъдтар дар ин ҷо аллакай шаҳрҳои нави эллинӣ аз тарафи мустамликаҳои вуҷуддошта сохта мешаванд. Ҳамин тариқ, книдинҳо худро дар ҷазираҳои Липар мустаҳкам мекунанд, самосҳо бошанд,– дар Дикеархия (ҳозира Потсуоли дар канори Неаппол воқеъбуда). Дар ҳудудҳои асрҳои VII – VI то милод дар обҳои ин ҷо гражданҳои Фокия пайдо шуда, онҳо ба тарафи ғарб ҳаракат карданро афзалтар донистанд. Мустамликагардонии Фокей дар ду ҷараён серат мегирифт. Яке аз онҳо ба лаблаби соҳилҳои Италия, Галлияи Ҷанубӣва Шимолу Шарқии Испания пеш рафта, дар ин ҷо мустамликаҳои муҳимтарини фокеӣ- Мессалия дар Галлия ва Эмпориони воқеъ дар соҳилҳои Испания мавҷуд буда, дар роҳ ба онҳо юнониҳо якчанд нуқтаҳои такягоҳии навро ташкил намуданд. Ҷараёни дуюм ба самти ғарбии баҳри Миёназамин ҳаракат мекард. Юнониҳо Дар ҷануби Испания бо Тортесия дар иртибот шуданд. Тортесия дар шахси юнониҳо дар мубориза бар зидди фидиданд иттифоқчиёни худро ёфта, бо розигии шоҳи Тартесс фокиягиҳо дар ин ҷо ба мустамликаҳои нав асос мегузоранд, аз он ҷумла шаҳрҳои Гаван ва Менесфи, ки дар он тарафи Сутунҳои Геракл ба вуҷуд омаданд. Ин мустамликаи охирин ҳудуди аз ҳама ғарбтари мустамликагардонии юнонӣ мебошад.

Архилох Мессалия Эмпорион

Дар самти шимолу ғарбӣ халкидагиҳо ва эретрийҳо аллакай дар асри VIII то милод дар қисми шимолии баҳри Эгей нимҷазираи калонро аз худ мекунанд, ки он бо сабаби аз тарафи халкидагиҳо ташкил карда шудани мустамликаҳо номи Халкидикаро мегирад Дар самти шарқтари Халкидика – дар Фасос мустамликаи бошандагониҷазираҳои Паросро ташкил намуданд Дар байни паросиҳое, ки дар Фасос ҷойгир шуданд, шоири маҳур Архилах низ буд. Шеърҳои ӯ ба дар бораи ҳаёти вазнини мустамликачиён таври хеле гуворо нақл мекунанд.

Бандари Пирей дар Юнон Шаҳри Мегара

Дар охири VIII – оғози асри VII то милод юнониҳо ба гулӯгоҳи Геллеспонт ва баъди он ба тарафи шимолтар аз он роҳ ёфтанд. Акнун мақоми муҳимтаринро Мегара ва шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурд (Самос, Хиос. Митилена, Фокея. Милет ва Колофон) ба даст медароранд. Дере нагузашта соҳилҳои аврупоӣ ва осиёгии Геллеспонт, Пропонтида (баҳри Мармар), Босфори Фракия аз шабакаи мустамликаҳои эллинӣ пур шуданд. ки дар байни онҳо махсусан мустамликаи мегарӣ – Византия, ки аввал дар гулугоҳи Боспори самти баҳри Сиёҳҷойгир буд, хеле машҳур мешавад. Халқҳои форсизабон, ки дар соҳилҳои ин баҳр сокин буда, , тавре ки юнониҳо мепиндоштанд, “Ахшайна” – “Торик” ном доштаанд. Ин номро Юнониҳо ба таври худ ҳамчун Понти Аксин мефаҳманд, ки маънояш “Баҳри на меҳмоннавоз” аст.

Мавҷуд набудани галаҷазираҳо, ки сафарро дар баҳри Эгей осон мегардонид, шамолу тӯфон, мумкин фикрҳо дар бораи азобу уқубати қаҳрамоҳое, ки саргузаштҳои онҳо дар ин ҷойҳо ба асотирҳомубаддал гардидаанд, иродаи эллинҳоро дар тасаввурот оид ба самимияти обу соҳилҳои баҳри Сиёҳ таҳким бахшиданд. Унвони номҳои ин минтақа дар бораи ягон хел некӣ шаҳодат намедоданд. Вале ба ин ҷо омадагон дере нагузашта ба боигарии ин обу соҳилҳо ва шароитимусоиди онбоварӣҳосил карданд. Аз ин рӯ, номи кӯҳнаи ин ҷоро ба номи нав – “Понти Эвксинӣ” – “Баҳри меҳмоннавоз” иваз намуданд ва он бо ҳамин ном ба таърих ворид мегардад.

Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, дар Назди Баҳри Сиёҳ мустамликаҳои худро бештар Мегара ва Милет бунёд мекарданд. Мегериҳо асосан дар наздикиҳои баромад аз Боспори Фракӣ амал мекарданд; дар шимол ва шимолу ғарбӣ аз он мустамликаҳои Гераклеяи Понтӣ, Месамбрия ва Каллатис бунёд мегарданд. Танҳо хеле дертар сокинони Гераклея ва Ҷануби Назди Баҳри Сиёҳ, Понти Эвксиниро бурида гузашта, дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии Таврида (Қрими имрӯза) – ба Херсонес асос гузоштанд.

Шаҳрҳои бисёри боқимондаи Назди Баҳри Сиёҳро Милет бино кардааст. Мустамликаи муҳимтарини Милет дар соҳилҳои ҷанубӣСиноп мешавад, ки он дар асри VI то милод сарварии иттифоқи шаҳрҳои ин ноҳия – Понт мешавад, ки эҳтимол , шаҳрҳои Амос, Котиор, Трапезунд ва, эҳтимол, Фасисро дар бар мегирифт. Бо қад-қади соҳилҳои ғарбии Понти Эвксинӣҳаракат карда, милетиҳо Аполлония, Одесса ва Петрияро бунёд карда, баъди ин дар Шимоли Назди Баҳри Сиёҳ пайдо мешаванд.

Ҷои авввале, ки мустамликачиёни милетӣдар он сокин мешаванд, ҷазираи Бенрезан буда, онро имрӯз ҳамин тавр меноманд. тахмин карда мешавад, ки ин воқеа дар соли 643 то милод ба вуқӯъ пайвастааст. Баъди ба шароити маҳаллӣ дурусттар шинос шуда. юнониҳо ба хушкӣ мебароянд ва дар оғози асри VI то милод дар резишгоҳи дарёи Гипанис (Буги Ҷанубӣ) шаҳри Олвия (“Севастопол”) пайдо мешавад, дар атрофи он бошад, бошишҳои дигар бунёд мегарданд. Дар ғарбтари Олвия, дар резишгоҳи дарёи ҳамном (Днестри имрӯза) шаҳри Тира бунёд карда мешавад.

Қалъаи Диоскусия дар Сухуми Харобаҳои Таман

Маркази дигари мустамликагардонии юнонӣ Боспори Кимерия(гулугоҳи Керч) мебошад. Юнониҳо ба ин ҷо эҳтимол дар даҳсолаҳои охири асри VIIто милод сар дароварда бошанд. Онҳо дар ин ҷо ба шаҳри Пантикапей (имрӯза Керч) асос мегузоранд, ки он ба яке аз шаҳрҳои эллинистии Тавридаи Шарқӣ ва Таман мубаддал мегардад. Дар асри VIто милод дар соҳилҳои Қрим шаҳрҳои Мирмек. Нимфей. Феодосия ва дар соҳилҳои кавказии Баҳри Сиёҳ, Фанагория. Кепа, Гермонасса ва Горгиппия ба вуҷуд меоянд. Наздики соли 480 то милод ҳамаи ин шаҳрҳо ба шоҳигарии Боспор бо пойтахташ шаҳри Пантикапей муттаҳид мешаванд. Боспориҳо ба баҳри Меотид (алҳол баҳри Азов) ва кунҷи шимолу шарқии он, дар резишгоҳи дарёи Танаис (дарёи Дон) роҳ ёфта, бошишгоҳеро бунёд мекунанд, ки мустамликаи аз ҳамаи дури шимолу шарқии юнониҳо мебошад.

Дар ҷанубтар аз сарҳадҳои Боспор, дар соҳилҳои шарқии Понт шаҳрҳои эллинии Питаунт (Пицунда). Двоекуния (Сухуми), Фасис (Поти) пайдо мешаванд. Ҳамин тариқ, тамоми соҳилҳои баҳри Сиёҳ бо шабакаи зичи мустамликаҳои юнонӣ пӯшонида мешавад.

Самти ҷанубӣ дар мустамликагардонии Бузурги юнонӣмақоми калонро иҷро накардааст, ҳамон тавре, ки юнониҳоро тиҷорат бо мамлакатҳои Шарқ ва Африқо на онқадар ба худ ҷалб мекарданд ва ин табиист: соҳилҳои шарқии баҳри Миёназаминро шаҳрҳои финикӣ дар бар гирифта, бо юнониҳо рақобат мекарданд.

Дар асрҳои VIII – VIIто милод муборизаи байниҳамдигарии Ошур ва Миср ба забткориҳои Юнон халал намерасонид. Дар ғарбтар аз Миср эллинҳо бо карфагениҳои рақиб бархурданд. Гарчандеюнониҳо умед доштанд, ки дар ҳамон ҷо низ маскан гирифта, мавқеи худро мустаҳкам кунанд, вале дере нагузашта аз он ҷо фишор дода бароварда мешаванд. Эллиниҳо тавонистанд танҳо дар ноҳияи Киренаикаи – дар байни Миср ва Карфаген ҷойгир шуда, шаҳр-мустамликаҳои худро бунёд кунанд: ки аз онҳо Кирена ном дошта, аз тарафи ферейҳо солҳои 631 – 630 то милод бунёд карда шудааст. Дар асри VI то милод киренҳо дар якҷоягӣ бо критиҳо Баркуро бунёд кардаанд. Мустамликагардонии Киренаика, гарчанде хеле суст сурат мегирифт, тоза аграрӣ буд.

Харитаи Навкратис Киренаика

Дар Миср бошад, юнониҳо ба сифати зархаридҳо ва тоҷирон баромад карданд. Вақте ки Миср аз зери ҳокимияти давлати Ошур халос мешавад, фиръавнҳои он дар шахси юнониҳо иттифоқчию ёрдамчиёнро ҷустуҷу карда, ба онҳо имконият доданд, ки дар мамлакат сокин шаванд.Бошишгоҳи асосии эллинӣ дар Миср Навкратис гардид, ки он дар охирҳои асри VII то милод ҳамчун мустамликаи ғайримуқаррарӣ бунёд мешавад. Навкратис дувоздаҳ метрополий дошт: Родос, Хиос, Теос, Фокея, Клазомина, Кинд, Геликарнасс, Фасолида, Митидена, Милет, Самос, Эгин. Вале дар баробари ин Навкратис дар зери назорати сахти ҳокимияти Миср қарор дошт. Аввал сатҳи мухторияти дохилии онро сиёсати Миср вабаъдтар ҳокими мисрии форсҳо муайян мекард.

Навкратис дар ҳар сурат ҳеҷ вақт шаҳри мустақил набуд. Аз тарафи дигар, воҳидҳои кишоварзӣ надошта, тоза бошишгоҳи тиҷоратию косибӣ монда, маркази воридсозии молҳои юнонӣ ба Миср ва содироти молҳои мисрӣ ва тақлидкории он ба ҳамаи мамлакатҳои олами антиқи монандӣ дошт. Эҳтимол вазъи мустамликаҳои юнонии дар соҳилҳои Сурияи наздикии вайронаҳои Угарит – Сукаса ва Алмина (номҳои имрузаи юнонӣ маълум нестанд) воқеъбуда чунин будааст. Вале шояд онҳо на онқадар дер вуҷуд доштаанд, тавре ки Навкратис ҳам дер вуҷуд надоштааст.

Харобаҳои Танаис Харобаҳои Угарит

Дар соҳилҳои ҷанубии Осиёи Хурд душмании кӯҳистониҳо ба мустамликагардонии васеи юнонӣ халал мерасонид. Ба ҳар ҳол ба юнониҳо муяссар гардид, ки дар ин ҷо низ танҳо якчанд бошишгоҳро дар Шарқ,дар роҳи сӯи Эллада бунёд созанд.

Баъди чанд муддати таърихӣ баъзе шаҳрҳо худашон ба метрополийҳо табдил меёфтанд. Масалан, боспориҳо Танаисро, сабириҳо Посейдонияро, массалиҳо Никеяро (ҳоло Нитса) ва ғайраро бунёд кардаанд. Ин мустамликаҳо баъзан аз ёрии метрополийҳои худ истифода мебурданд. Масалан, Коркирия бо ҳамроҳии Коринф дар Эпидами мустамликаеро ба вуҷуд оварданд, Голей бошанд, бо ҳамроҳии Родосиҳо Акрагантро бунёд мекунанд. Чунин ҳам рух медод, ки мустамликагардонии дуюм ё миустамликагардонии бузург, нисбат ба мустамликагардонии аввал вижагиҳои дигар дошт. Мустамликагардонӣдар ғарб бештар тиҷоратию косибӣ буд. Дар мустамликагардонии ахейӣ дар Италия ҷанбаи аграрӣ афзалият пайдо намуд. Вале дар Сибариси ахейӣ мустамликаҳоро ҳамчун такягоҳ барои тиҷорат бо Этрурия ва вилоятҳои дигари Италия истифода мебурданд. Ва бидуни иштироки халкидагиҳо, ки мавқеи худро дар гулугоҳ мустаҳкам намуда буданд.

Чунин сурат гирифта буд дар тӯли асрҳои VIII – VI то милод мустамликагардонии юнониҳо дармасоҳати бузург ва дар се қитъаи ҷаҳон – Аврупо, Осиё ва Африқо.

НАТИҶАҲОИ МУСТАМЛИКАГАРДОНИИ БУЗУРГ

Дар тӯли беш аз дуним аср юнониҳо қисми зиёди соҳилҳои баҳри Миёназамин, ҳамаи Назди Баҳри Сиёҳ, қисми зиёди Назди Азов, ки мустамликаҳои Юнони дар қаламрави бузург аз бандари Менесфен, дар он тарафи Сутунҳои Гераклея то Танаис, дар резишгоҳи дарёи Дон, аз Массалия ва Адрия дар шимол то Навкратис дар ҷануб паҳн гардида буданд, аз худ карданд. Ба ин шаҳрҳо такя карда, тоҷирон ва сайёҳони юнонӣ боз ҳам дуртар ва ба дохили олами қавмҳои бо забонҳои дигар ҳарф мезадагӣ (бо забони юнониҳо “варварҳо”) ворид мегардиданд. Қадқади дарёҳои Днепр, Дунай, Рона ва Нил боло рафта, ба обҳои хатарноки уқёнус Атлантика мебромаданд. Шаҳрҳои зиёди нав ба марказҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи аз метрополияҳо ҳам пешгузашта бунёд гардиданд. Сибириси Ахейяба яке аз шаҳрҳои бойтарини Италия табдил меёбад.

Шаҳрҳои зиёде, ки ба онҳо юнониҳо асос гузошта буданд, то имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Масалан, метавон дар Туркия Истамбул (Стамбул, Византияи қадим), дар Фаронса – Марсел (Массалияи Фокей), дар Италия – Неапол, дар Қрим – Керч (Пантикапей), дар Қафқоз – Сухуми (Диоскурия), дар Албания – Дуррес (Эпидамн), дар Руминия – Констанса (Тома)-ро ном бурд. Чунин шаҳрҳо хеле зиёданд.

Марсели қадим Неаполи қадим

Муносибатҳои мустамликачиён бо аҳолии маҳаллӣҳар хел сурат мегирифтанд. Тавре, ки баъзе муҳаққиқон мӯтакиданд, кӯчманчиҳои дорӣҳанӯз дар замони мустамликагардонӣхалқи ақибмондаи маҳаллиро дар ҳолати тобеъ гузоштаанд, дар ҳоле, ки иониҳо дар аввал бо онҳо робитаҳои баробарҳуқуқ доштанд. Вале ин ду гурӯҳи аҳолӣҳамеша ба ҳамдигар таъсир мерасониданд. Натиҷаҳои таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар Галлия ва скифҳои дар шимоли Назди Баҳри Сиёҳсукунатдошта таъсири эллинӣ рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии “варварҳо”-ро тезонида будааст. Дар баробари ин. муҳити атроф ба юнониҳо низ беасар намондааст. Ин ҳолат дар маданияти мустамликачиён хеле гуворою равшан ба назар мерасад. Таърихнигорон маданияти шаҳрҳои юнонии шимоли Назди Баҳри Сиёҳ ва Юнони Бузургро ҳамчун вариантҳои виҷаю алоҳида ва умумиюнонӣ дар ҷои баланд мегузоранд.

Харобаҳои Керч Византияи қадим

Таъсири мустамликагардонӣ ба метрополий хеле зиёд буд. Моҳияти мустамликагардонӣ,ки он чӣ тавре ки набошад, мустамликачиён бе Юнон вуҷуд дошта наметавонистанд. Мустамликачиён аз он ҷо баъзе маҳсулоти озуқавиеро мегирифтанд, ки эллиниҳо бе онҳо мӯътадил зиндагӣ карда наметавонистанд. Ба ин қабил маҳсулот ангур, шароб, равғани зайтун ва ашёҳои косибӣ, махсусан маснуоти бадеӣ ва ғайра дохил буданд. Мустамликачиён қисме аз ин маҳсулотро ба аҳолии маҳаллӣ фурӯхта, бо ин восита онҳоро ба гардиши тиҷорати умумии баҳри Миёназамин ҷалб мекарданд. Ба метрополий бошад, онҳо нон. Филизот, чӯб, моҳӣ, ғуломонро мебурданд. Ин молҳо низ барои Юнон ҳаётан муҳим буда, ба рушди муносибатҳои молию пулӣ дар Эллада, ба болоравии соҳаҳои косибию тиҷоратии шаҳри архаистӣ ва мақоми онҳо дар ин ҷомеа мусоидат мекарданд.

Дар байни молҳои ба Юнон фиристода мешудагӣғуломон мақоми хос доштанд. Воридшавии шумораи зиёди ғуломон аз он тарафи баҳр имкониятҳои иқтисодии барҳамзании қарор доштани юнониҳо ба муттаҳидшавии онҳо дар назди мардуми тобеъ, ба ташаккули мафҳуми “элдлинӣ” оварда расонид.

Дар ҷараёни мустамликагардонӣ аз метрополий одамони камбағал беш аз пеш кӯч баста, дар ватан чизеро бой намедоданд. Натиҷаи муҳимтарини мустамликагардонии Бузурги юнонӣ бартараф карда аҳолии нисбатан афзоишёфта, ки тавассути аз Юнон рафтани қисме аз аҳолии қашшоқ иҷро мегардид. Дар натиҷаи ин дар Юнон аҳамияти табақаи миёнаи иҷтимоӣ зиёд мешавад. Аъзои ин табақа бошанд, барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ. Иқтисодӣ ва иҷтимоии худ то чанде қатъитар баромад мекардгӣ мешаванд.

Ниҳоят, бояд зикр кард, ки шиносоӣ ба давлатҳои дурдаст ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии юнониҳоро васеъ намуд, даронҳо таваҷҷӯҳро нисбатидигарон пайдо карда, онҳоро маҷбур сохт, ки дар бораи бисёр чизҳо фикру андеша кунанд. Юнониҳо, аз он ҷумла, боварӣҳосил карданд, ки дар ҷаҳон барои зуҳуроти ифрот ва зиддитабиӣҷой нест, вале, дар маҷмӯъ, олам гуногунии бештар ва пуробу ранг дошта, падидаи муҳим асоси психологии ба вуҷуд омадани давлатдории юнонӣ, шаҳрдорӣ, касбу ҳунар, тиҷорат, истифода аз дастовардҳои халқҳои дигар ва фарҳанги эллинистӣ мегардад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.