Маданияти Юнон дар замони Архаисти

ТАШАККУЛИ ШУУРИ ҚАВМӢ ВА МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ЮНОНӢ

Ба монанди соҳаҳои дигари ҳаёт, маданияти Юнон дар замони архаистӣ дигаргуниҳои пурҷӯшу хурушро аз сар мегузаронид. Дар ин садсолаҳо ташаккули шуури ахлоқии мардум ба амал омада,юнониҳо бо мурури замон худро халқи муштараке эҳсос менамоянд, ки аз халқҳои дигар тафовут доранд ва халқҳои ғайрро, ки берун аз ҳудудҳои сукунати онҳо вуҷуд доштанд, варварҳо меномидагӣмешаванд. Бояд гуфт, ки юнониҳо дар нҳо аслан давлату халқҳои пешқадаму соҳибтамаддуни Шарқ онқадар иттилои саҳеҳ надоштанд. Шуури қавмии юнониҳо дар баъзе муқаррароти ҷамъиятии онҳо низ ошкор ва ифода меёфт. Мувофиқи анъанаҳои юнонӣ, аз соли 776 сар карда Бозиҳои Олимпӣ доир гардонида мешуданд,ки ба онҳо танҳо юнониҳо роҳ дода мешуданд.

Дар замони архаистӣ нишонаҳои асосии ахлоқи ҷомеаи Юнони қадим ташаккул меёбанд. Махсусияти фарқкунандаи ин ахлоқ дар тавлидёбии ҳамгироии эҳсоси дастаҷамъона ва асоси паҳлавонӣ (тан ба тан) ифода ёфта буд. Ташаккули полисҳамчун шакли махсуси ҷамоае, ки ба ҷойи иттиҳодияи пӯсидарафтаи “қаҳрамонии” марҳала омада буд, бо худ ахлоқи полисиро ба миён овард, ки он ба ахлоқи дастаҷамъӣ асос ёфта буд, зеро мавҷудияти фард берун аз доираи полис имконнопазир буд. Ба коркарди ин ахлоқ ташкилоти ҳарбии полис (сафороии фаланга) мусоидат карда, шаъну шарафи олии шаҳрванд аз ҳимояи ватани худ иборат буд. Ин пораи матн низ исботи ин гуфта мебошад: “Барои ватани хеш ҳаётро дар набард байни ҷанговарони нотарсу шуҷоъ ва пуршаъну шарафи аз даст додан ниҳоят ширин аст”.

Ин гуфтори шоириюнонӣ Тирген кайфияти зеҳнии замонеро ифода менамояд, ки он ба низоми арзишҳои он замон дар Юнон ҳукмронбуда хос буд. Вале ахлоқи нав ҳанӯз дар худ принсипҳои ахлоқи замони гомериро бо принсипи асосӣ – муборизаи тан ба тан нигоҳ дошта буд. Моҳияти ислоҳоти сиёсӣ дар полисҳо ба нигоҳдории ин ахлоқ мусоидат намуд, чунки ашрофон (аристократия) аз ҳуқуқҳои худ маҳрум шуд ва шаҳрвандони қаторӣ аз дидгоҳи ҳаҷми ҳуқуқҳои сиёсӣ то ба дараҷаи ашрофон сабзида расиданд.Аз ҳамин сабаб ахлоқи анъанавии ашрофон (аристократия) дар байни оммаи халқ низ паҳн мегардид, гарчанде ки он ба худ аллакай шакли тағйирёфтаро мегирад: принсипи муҳимтаринон чунин буд: “Кӣ ба полис беҳтар хизмат хизмат карда метавонад?”.

ДИН ВА ХУДОҲОИ ЮНОНӢ

Дар замони архаистӣ дин низ тағйиру дигаргуншавии муайянро аз сар гузаронид. Ташаккулёбии олами ягонаи юнонӣ дар баробари ҳамаи махсусиятҳои маҳаллии худ барои тамоми юнониҳо таъсиси пантеон (маҷмӯи таълимоти динӣ ва худоҳои юнонӣ)-роба миён овард. Исботи ин гуфта достони Гесиод ”Теогония” мебошад. Тасаввуроти космологии юнониҳо аслан аз тасаввуроти халқҳои зиёди дигар он қадар тафовуте надорад. Дар Юнони замони архаистӣ низоми муштарак ва худои ягона вуҷуд надошт. Замин (Гея), олами зеризаминӣ (Таргар) ва Эрос – оғози ҳаёт шуморида мешуд. Гея зодаи осмони ситоразор – Уран буда, ҳукмрони ягонаи олам ва шавҳари Гея будааст. Аз Урану Гея насли дуюми худоҳо – титанҳо таваллуд мешаванд. Титан Кронос (худои кишоварзӣ) Уранро аз ҳокимият дур месозад. Кудакони Кронос – Анд, Посейдон, Зевс, Гестия, Деметра и Гера, дар навбати худ, дар зери роҳбарии Зевс Кроносро сарнагун сохта, ҳокимиятро дар Кайҳон ба даст медароранд. Ҳамин тариқ, насли сеюм – худоҳои олимпӣ ба миён меоянд. Зевс худои олӣ – ҳукмрони осмон, раъду барқ, Посейдон худои об, обёрии замин ва баҳрҳо, Анд (Плутон)ҳокими олами зеризаминӣ, ҳамсари Зевс – Гера ҳомии никоҳ ба шумор мерафт. Гестея олиҳаи оташдону манзил буд. Деметрро ҳамчун пуштибони кишоварзӣ мешинохтанд, ки як вақтҳо духтари ӯ– КорароАида рабуда буд, ҳамсараш шуда будааст.

Аз никоҳи Зевс ва Гера Геба – олиҳаи ҷавонӣ таваллуд мешавад, Арес худои ҷанг буд,Гефест бошад, оташи вулқониро ифода мекард, ки дар зери замин пинҳон буда, хайрхоҳу пуштибони косибон ва махсусан оҳангарон шуморида мешуд. Дар байни зурётҳои Зевс, Аполлон худои оғози равшанӣ ва табиат машҳуртар буд, ки ӯро бисёр вақт Феб (Шӯълавар) ҳам меномиданд. Мувофиқи асотирҳо ӯ аждаҳорро маҳв сохта будааст, дар Делфа – дарҷое, ки ӯ ин корнамоиро ба ҷо овардааст, юнониҳо ба шарафи Аполлонмаъбад – ибодатхона бунёд кардаанд. Ин худо пуштибони санъат, худои табобат ва дар як вақт худое буд, ки ба инсон марг меовард, вабо паҳн мекард. Баъдтар ӯ пуштибони мустамликагардонӣҳам мегардад. Мақоми Аполлон бо гузашти замон точанде баланд шуда, Зевсро аз ҷои аввал танг карда мебарорад.

Худоҳои Юнони архаистӣ

Ҳамшираи Аполлон – Артемида олиҳаи шикор ва хайрхоҳи ҷавонон буд. Вазифаҳои Гермес бисёрсоҳа будааст: аввали худои фаровонии моддӣ, баъд савдо, пуштибони ҳаннотону дуздон, ниҳоят,пуштибони сузанварон ва варзишгарон буд. Гермес,инчунин ҷони фавтидагонро ба олами зеризаминӣ бурда мерасонид. Дионис (ё ки Вакха)-ро ҳамчун худои бавуҷудоварандаи қувваҳои табиат, токпарварӣ ва майпазӣ мепарастиданд. Афина, ки гӯё аз сари Зевс таваллуд шуда буд, худои хирад ва ҳама чизи неку, вале худои ҷанг низ буд (нисбати Аресс, ки ҳар гуна шуҷоати бемулоҳизаро ифода менамуд).Ҳамраҳи доимии Афина худои ғалаба Ника, рамзи хирадмандии Афина, – бум (чуғз) буд.

Барои шуури динии юнонӣ, махсусан дар ин марҳалаи рушди таърихӣғояи абарқудратии худоён ва ҳукмрон будани онҳо дар олами худоҳои олимпӣ – нерӯи бесимо – Тақдир (Ананка) хос нест. Бо сабаби парокандагии сиёсӣ вадар байни юнониёни замони араистӣ табақаи коҳинон дини муштарак вуҷуд надошт. Шумораи зиёди динҳои ба ҳамдигар хеле наздик ба вуҷуд омада бошад ҳам, ба пайдоиши низоми муштараки динҳо мусоидат карда натавонист. Дар баробари рушди ҷаҳонбинии полисӣ тасаввурот дар бораи робитаи махсуси худоҳои алоҳида бо ин ва ё он полис ташаккул ёфта, ҳамчун пуштибони онҳо баромад мекарданд.Ҳамин тариқ, номи олиҳа Афина, махсусан ба шаҳри Афина зич алоқаманд буд, Гера – бо Самос ва Аргос, Аполлон ва Артемида – бо Делос, Зевс – бо Олимпия ва ғайраҳо.

Барои ҷаҳонбинии юнонӣ натанҳо политеизм (бисёрхудоӣ), балки тасаввурот дар бораи умуман зинда будани табиат хос мебошад.Мувофиқи тасаввуроти юнониҳои замони архаистӣ ҳаргуна зуҳуроти табиат, ҳар кадом дарё, кӯҳ ва беша худои худро дошт. Аз дидгоҳи юнонӣ, дар байниолами одамон ва олами худоҳо ҳудуди аз ҳам ҷудокунандае вуҷуд надошт, қаҳрамонҳо ҳамчун ҳалқаи мобайнии онҳо баромад мекарданд. Чунин қаҳрамонҳо, ба монанди, Геракл, ба хотири корнамоиҳои худ ба қатори олами худоҳо дохил гардидааст. Худоҳои юнонӣ ва худи онҳо антропоморфҳо буда, орзую ҳаваси инсонӣ доштанд ва метавонистанд чун одамон ғаму ғусса хуранд.

САНЪАТИ МЕЪМОРӢМОНУМЕНТАЛӢ, ТАСВИРӢ ВА АМАЛӢ.

Замони архаистӣмарҳалаи ташаккулёбии меъморӣ буд. Афзалияти меъмории ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, анъанавӣ баҳснопазир мебошад. Манзилҳои он замон оддию бе зебу зинат буданд. Тамоми нерӯи ҷомеа ббунёди иншоотҳои монументалӣ равона карда шуда будва, пеш аз ҳама, ба бунёди кохҳо (ибодатгоҳҳо). Дар байни онҳо ибодатгоҳҳои худоҳо – пуштибонҳои ҷамоа афзалият доштанд. Ташаккули ҳисси ягонагии граждании дастаҷамъона дар бунёди чунин ибодатгоҳҳо инъикос ёфта, ҷои сукунати худоҳо ҳисобида мешуданд.Ибодатхонаҳои барвақта сохти биносозии ҳазорсолаи II то милодро такрор мекарданд. Ибодатгоҳи намуди нав дар Спарта – полиси қадимтарини Эллада тавлид ёфтааст.

Махсусияти хоси меъмории юнонӣ – истифодаи ордерҳо, яъне низоми махсуси бинокорӣ, ки унсури асосии он сутунҳо кунгурадор ташкил менамуд, сохти меъмории биноро ифода намуда, ба қисматҳои асосии конструксия зебоии гуворо мебахшад. Бинои ордерӣ маъмулан асоси зинадор дошта, Онро як қатор сутунҳои такягоҳии рост устувор кунгурадор зебу зинат бахшида, онҳо қисмати вазнини биноро дар болои худ нигоҳ медоранд, ки он аз болорҳои бом ва худи бом иборат мебошад. Дар аввал ибодатгоҳҳо дар акрополҳои дар баландиҳои мустаҳкамкарда ва марказҳои шаҳрҳои замони архаистӣ сохта мешуданд

Намунаҳо аз ибодатхонаҳои ордерии замони архаистии Юнон

Баъдтар дар робита бо демократикунонии умумии ҷомеа аар ҷойгиркунонии ибодатгоҳҳодар шаҳрҳои Юнон тағйиротҳо ба амал меоянд. Акнун онҳо дар ҷои аз баландии шаҳр пасттар – бештар дар агора – майдони асосии шаҳр, маркази ҷамъиятӣ ва ҳаёти соҳибкорию тиҷоратӣ,месохтагӣ мешуданд.Ибодатгоҳҳамчун муассиса ба рушди намудҳои гуногуни санъат мусоидат мекард.

Анъанаи тақдим ба ибодатгоҳ хеле барвақт ба миён омада, ба он қисме аз ғаниматро, ки аз ҷанг ба даст меомад, тӯҳфа мекарданд, аз он ҷумла яроқу аслиҳа ба хотири бартараф шудан аз хатар ва ғайраҳо. Қисми зиёди чунин тақдимотро асарҳои санъат ташкил мекарданд. Дар ҷомеаи архаистӣ ибодатгоҳҳое нақши калонро иҷро менамуданд, ки агар аҳамияти умумиюнониӣ пайдо карда бошанд, пеш аз ҳама ибодатгоҳҳои Аполлони дар Делфақарордошта.

Дар аввал рақобати авлодҳои ашрофӣ ва баъд полисҳо ба он мусоидат намуданд, ки дар ибодатгоҳҳо асарҳои беҳтарини санъат марказонида шуда буданд. Гирду атрофи муқаддасгоҳ бошад, ба як навъ осорхона мубаддал мегардид.

Ёдгориҳои санъати монументалии Юнони архаистӣ

Дар замони архаистӣҳайкалтарошии монументалӣ – ҳамчун яке аз намудҳои санъат, ки қаблан дар Юнон маълум набуд рӯ ба рушд мениҳад. Ҳайкалҳои қадимтарин як навъ тасвироте буданд, ки аз чӯбҳои хеле дағал тарошида шуда, бисёр вақт бо устухони фил оро дода шуда ва баъд болои он бо варақҳои биринҷӣ болопӯш карда шуда буданд. Такмили технологияи коркарди санг на танҳо ба меъморӣ таъсир расонид, балки ҳам дар ба вуҷуд омадани ҳайкалҳои сангин, ва ҳам дар техникаи коркарди филиз тағйирот ворид кард ва ба рехтани қолаби ҳайкал оварда расонид.

Дар асрҳои VII – VI то милод дар санъати ҳайкалтарошии Юнон ду намуд афзалият пайдо намуд: тани урёни мард ва тани либоспӯшидаи зан. Тавлиди намуди ҳайкали марди урён ба тамоилҳои асосии рушди ҷомеа вобастагӣ дошт. Ҳайкал ва ҳайкалча шаҳрванди зебою шуҷоатноки дар мусобиқаҳои варзишӣғолиббаромада, ки шаҳри худро шуҳратманд кардааст,тасвир менамояд. Ҳайкалчаҳои болои гур ва тасвироти худоҳоро низ аз рӯи ҳамин намуд тайёр мекарданд.

Намунаҳо аз санъати тасвирии Юнони Архаистӣ

Ба вуҷуд омадани нақши муқарнас (релеф) асосан ба анъанаи гузоштани ёдгории болои мазор алоқаманд мебошад. Минбаъд нақши муқарнас дар намуди композитсияҳои серсимои мураккабқисми таркибиюҳатмии ибодатгоҳҳо мегардад. Ҳайкалчаҳо ва нақшҳои муқарнас, чун анъана рангу бор карда мешуданд.

Рассомии монументалии юнонӣ нисбат ба расмкашӣ дар гулдон камтар маъхлум аст. Дар мисоли охирин номбурда самти асосии рушди санъати рассомӣ ба назар мерасад: бавуҷудоии ибтидои реалистӣ, алоқамандии байниҳамдигарии санъати маҳаллӣ ва таъсири санъати рассомии аз Шарқ омада. Дар VII ва оғози асри VI то милод гулдонҳои Коринф ва ва Родос бо нақшу нигор ва ороишии худ афзалияп пайдо мекунанд. Тасвирот дар гулдонҳои расмҳояшон аз лойи сиёҳ ва гулдонҳои бо лойи рангаш сурх бисёр вақт композитсияи асотирии манзаравии бисёрсимо буданд: лаҳзаҳои гуногун аз ҳаёти худоҳо, корнамоиҳои Геракл ва Ҷанги Троя ва амсоли инҳо машҳур буданд. Дар гулдонҳо манзараҳое ҳам вомехурданд, ки ба ҳаёти ҳаррузаи одамон алоқаманд буданд: бархурди гоплитҳо, мусобиқаи варзишгарон, саҳнаҳои базмҳо, дастаҷамъ сурудхонии духтарон ва ғайраҳо бӣахшида буданд.

Намунаҳо аз санъати амалии Юнони Архаистӣ

Бо сабаби он, ки тасвироти алоҳида дар шакли аксҳои сиёҳ дар заминаи лой истифода бурда мешуданд, онҳо ба назари кас ҳамвор менамоянд. Барои гулдонҳое, ки дар шаҳрҳои гуногун истеҳсол карда шудаанд, хусусиятҳои ба худи онҳо хос доранд. Услуби сиёҳнамуд бо зебогии шакл, техникаи баланди истеҳсол, гуногунии манзараҳо фарқ мекарданд. Баъзе гулдонрассомон зери расмҳои кашидаашон номҳои худро сабт мекарданд ва бо шарофати ин мо мо, масалан, номи рассом Клитияро медонем, ки ӯ зарфро барои шароб (кратер)-ро аҷоиб месавирӣ намудааст.Расмҳои кашидаи ӯ аз якчанд навор иборат буда, дар онҳо композитсияҳои дорои симоҳои бисёр тасвир карда шудаанд.

Намунаи дигари расмкашии аҷиб дар зарфҳои сафолӣ килик – Эксекия буда. тамоми қисмати болоии давраи хуми шаробро гулдоннавис бо як саҳна оро додааст: дар киштии зери бодбони сафед шинокунандахудо Деонис дар назди ии сутунҳои баланди дар он хушаҳои вазнини ангур овезон тасвир ёфтаанд. Дар атроф ҳафт делфин ғутта мезананд, ки мувофиқи асотир, Дионис ғоратгарони баҳриро ба ин делфинҳо табдил дода будааст.

АЛИФБО ВА МАОРИФИ ЮНОН

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Юнон дар замони архаистӣ ин ба вуҷуд овардани алифбои худии юнонӣ буд. Юнониҳо роҳи нисбатан осонтари ихтирои алифбои худро ёфтанд. Дар рафти мустамликагардонии бузурги худ ба мамлакатҳои зиёди Шарқи ҳавзаи баҳри Миёназамин низ сафар мекарданд ва дар ин ҷараён аз алифбои машҳури финикиҳо огаҳӣ пайдо намуданд. Ҳамин тариқ,онҳо алифбои ҳиҷогии финикиҳоро дигаргун сохта, алифбои худро ихтироъ карда,тарзи оддии қайди донишу ахборотро ба вуҷуд оварданд.Ҳамин тариқ алифбои юнонии финикиасос ба миён меояд.

Пример текста
C:\Users\USER\Pictures\ва.jpg

Алифбои финикиҳо: 22 ҳарф Варианти юнонии ин алифбо: 24 ҳарф

.

Алифбои такмилёфтаи юнонии замони архаистӣ: 24 ҳарф

Тавре дида мешавад, дар ин алифбо ҳар ҳарф номи худро дорад: ҳарфи А – алфа, B –бета, Г – гамма, K – карра, E – епсилон, T – тау, Y – упсилон, I – сота,N – ну,Z – зета ва ғайра.

Барои он, ки навиштан ваҳисоб карданро ёд гирӣ, акнун ба кас солҳои зиёд кори пуршиддат лозим набуд, ба ин васила демократикунонии низоми таълим дар Юнони архаистӣ амри воқеӣ гардид. Дар натиҷаи ин имкон фароҳам омад, ки ҳамаи сокинони озодиЮнон дар амал савод бароранд, яъне хондану навиштанро ёд гиранд. Бо ҳамин донишҳо дастраси ҳамагон гардонида шуданд, ки ин сабабгори дар Юнон мавҷуд набудани табақаи коҳинон мегардад. Ин омил,дар маҷмӯъ,ба баландшавии потенсиали маънавии ҷомеа оварда мерасонад.

Бо шарофати мавҷуд будани алифбои худӣ дар Юнони замони архаистӣ соҳаи маориф ба вуҷуд омада, рӯ ба рушд мениҳад. Акнун насли навраси юнонӣ дар мактабҳо таҳсил карда, дар идораи давлат ширкат меварзиданд, касбу ҳунар меомӯхтанд. Аз байни онҳо донишмандон ба воя расиданд, илми фалсафа ва адабиёти хаттии замони архаистӣ ба вуҷуд омаданд. Баъзе илмҳо низ ба миён омада, шакул пайдо менамоянд..

ФАЛСАФАИ ЗАМОНИ АРХАИСТИИ ЮНОН

Зуҳуроти ниҳоят муҳими барои маданияти аврупоӣ, ки ба замони архаистӣ алоқаманд аст, ба вуҷуд омадани фалсафа мебошад. Фалсафа муносибати моҳиятан нав ба маърифати олам буда, аз он муносибате ки дар Осиёи Пеш ва дар Юнони хеле баъдина вуҷуд дошт, фарқ мекард. Гузариш аз тасаввуроти динию асотирӣ дар бораи олам,гузаштан ба фаҳмиши фалсафии он, маънии ҷаҳиши сифатан навро дар рушди зеҳнии инсоният дошт. Гузориш, тавзеҳ ва кушоиши масъала, такя ба хиради инсон ҳамчун воситаи ро на дар берун аз олам, балки дар худи оламҷустуҷу кардан лозим аст, ин аст он чизе, ки муносибати фалсафиро ба олам аз донишу фаҳмишҳои динию асотирӣ фарқ мекунонад.

Дар адабиёти муосири илмӣ нисбат ба тавлиди фалсафа ду ақида вуҷуд дорад. Мувофиқи яке аз онҳо, таваллудёбии фалсафа аз рушди илм озод буда, ҷамъшавии миқдории донишҳои мусбат (позитивӣ)-ро дар худ инъикос намуда, натиҷаи ҷаҳиши сифатии онҳо мебошад. Мувофиқи фаҳмиши дуюм, фалсафаи барвақтаи Юнон дар амал, ғайр аз тарзи ифода, аз фалсафаи марҳалавии нисбатан барвақтаи низоми асотирии маърифати олам тафовуте надорад. Аммо дар даҳсолаҳои охир ақидае баён ёфтааст, ки мувофиқи он фалсафаи Юнони замони архаистӣ дар натиҷаи таҷрибаи иҷтимоии полиси барвақта тавлид ёфтааст. Полис ва муносибати шаҳрвандон дар он, моделест, ки дар айният бо он файласуфони юнонӣ оламро медиданд.

Ин хулосаро он ҳолат тасдиқ менамояд, ки тавлиди фалсафа дар шакли барвақтаи худ натурфалсафа (яъне фалсафае, ки, пеш аз ҳама, ба маърифати худи қонуниятҳои умумии олам нигаронидашуда) буда, аз полисҳои нисбатан пешқадами Осиёи Хурд ба миён омадааст. Маҳз фаъолияти файласуфони аввалин – Фалес, Анаксимандр, Анаксимен ба онҳо алоқаманд аст. Таълимоти натурфалсафа дар бораи нахустасоси олам имконият фароҳам меоварад, ки ҳолати умумии пДар баробари ин, фалсафаи дар Юнони замони архаистӣ тавлидёфта дар асл фалсафаи материалистии бенизоме буда, он дар эҷодиёти намояндагони нахустини он – ба ҷустуҷӯи нахустасоси материалии тамоми мавҷудот асос ёфта буд.

Фалес Анаксимандр Анаксимен

Асосгузори натурфалсафаи ионӣаз шаҳри Милети воқеъ аз Осиёи Хурд Фалес (солҳои 624 – 547 то милод), буда, чунин нахустасос обро мешуморид, ки он беист дар ҳаракат мебошад. Табдилёбии обҳамаи ашёҳоро ба вуҷуд овардаанд ва ба вуҷуд меоранд ва, дар навбати худ, аз нав ба об мубаддал мешаванд. Фалес Заминро дар шакли доираи ҳамворе тасаввур мекард, ки дар болои нахустоб шино мекунад. Фалесро дар Ғарб инчунин асосгузори илмҳои риёзию ситорашиносӣ ва чанд илми мушаххаси дигар мешиносанд.Фалес навиштаҷоти гуногун дар бораи рух додани офтобгирии пайдарҳамро муқоиса карда, гирифтани Офтобро дар соли 597 (ё 585) то милод, ки дар натиҷаи он рӯи Офтобро пӯшонидани сояи Моҳтоб ба амал омадааст, пешгӯӣ карда будааст.

Мувофиқи ақидаи Анаксимандр(солҳои 610 – 548 то милод), нахустасоси ҳама чиз апейрон, моддаи (материяи) абадӣ ва беинтиҳо мебошад, ки он дар ҳаракати доимӣқарор дорад. Анаксимандртавзеҳи нахустини қонуни нигоҳдории энергияро баён сохта ва модели аввалини ҳандасии (геометрии) Кайҳонро пешниҳод кардааст.

Намояндаи сеюми мактаби Милет – Анаксимен (солҳои 588 – 527 то милод) нахустасоси ҳама ашёю воқеаҳо ҳаворо мешуморид, ки он тафсида, ба оташ муДар ин ҳолат он ибтидое ба вуҷуд меояд, ки онро на дар дохили модда, балки берун аз воқеияти моддӣҷустуҷу кардан лозим аст.

Ҳамин тариқ, Фалес ин нахустасос ё “архе”-и тамоми ашёҳои табиатро дар об мебинад, ки маҳз ҳама чиз аз он ба вуҷуд меояд, ва ниҳоят, ба он табдил меёбад.

Анакесимандр бошад, ба сифати “архе” ё ки “ҳама аз чӣ пайдо мешавад ва ниҳоят ба чӣ мубаддал мешавад”, “апейрон”-ро эълон мекунад, яъне “бе интиҳо”-ро, як чизе ки дар миёнаи ҳаво ва об қарор дорад.

Ксенофан Пифагор

Ба материализми ва диалектикаи натурфайласуфони ионӣ пифагорчиён – пайравони таълимоти Пифагор, ки дар Италияи Ҷанубӣҷамоаи динию мистикӣ ташкил намуда буданд, муқобил меистоданд. Пифагорчиён риёзиро асоси асосҳо шуморида, чунин мепиндоштанд, ки на сифат, балки миқдор, на модда, балки шакл моҳияти ҳама ашёҳоро муайян месозанд. Онҳо пайваста ашёҳоро бо рақамҳо як дониста, онҳоро аз мазмуни материалӣ маҳрум месохтанд. Ба беҳамто (абсолют) табдил додани рақамҳои абстрактӣ, ба андешаи онҳо, ҳамчун асоси моҳияти ғайриматериалистии олам мебошад.

Нақши намояндагони мактаби фалсафии Милет дар пайдоишу ташаккул ва рушди маданияти Юнони қадим ба соҳаи сирф фалсафӣ маҳдуд нашуда, дар як вақт донишҳои илми табиатшиносиро низ фаро мегирад. Зимни ин гуфтаҳо Фалес дарозии солро 365 рӯз муайян карда, тавре баён доштем, гирифтани Офтобро пешгӯӣ карда буд. Анаксимандр соати офтобӣ, харитаи хушкӣ ва баҳрро сохтааст. Анаксимен ба омӯзиши нуҷум (ситорашиносӣ) машғул шуд. Ҳамин тариқ, донишҳои фалсафии файласуфони мактаби Милет дар сатҳи муайян дар худ донишҳои илми табиатшиносиро низ гирд оварда буданд.

Ксенофан шоир ва файласуфи Юнони Қадим зода шаҳри Колофони (асрҳои VI – V то милод) воқеъ дар Осиёи Хурд мебошад. Ксенофан дар Ҷануби Италия ҳам умр ба сар бурда, дар фарҷоми ҳаёташ дар Элей зиндагӣ кардааст. Ксенофан тасаввуроти шоирону тахаюлоти халқӣ дар бораи мавҷудияти худоҳои зиёд, ки дар кӯҳи Олимп сокин шудаанд, ба зери танқиди сахт мегирад. Одамон худоҳолро аз худ ва мувофиқи зоҳирии худ бофтаанд, ва ҳар як халқ ба худоҳо мисли нишонаҳои ҷисмонии худ шабеҳва нисбат медиҳанд. Ӯ менигорад, ки агар гову аспон ва шерҳо расм кашида метавонистанд, пас онҳо низ худоҳои худро дар шакли гов, асп ва шер тасвир мекарданд. Ксенофан яке аз намояндагони нахустини материализм буда, дар баробари ин ҷаҳонбинии пантеистӣдошт. Ӯқатъиян таъкид мекард, ки “олам абадӣ ва нестнашаванда мебошад”.

АДАБИЁТИ БАДЕИИ ЮНОНИ АРХАИСТӢ

Дар оғози замони архаистӣ жанри адабиёти Юнон достон (эпос), буд, ки он аз замони пешин мерос мондааст. Пайдоиши достонҳои Гомер, ки дар Афина дар аҳди Пасистрат навишта шудаанд, маънии ба охир расидани давраи адабиёти насриро дошт Достон (эпос) ҳамчун инъикоси таҷрибаи ҳамаи ҷомеа дар шароити нав бояд ҷойи худро ба дигар намуди адабиёт медод. Дар ин давра, ки он аз низоъҳои пурҷӯшу хуруши иҷтимоӣ лабрез буд, жанри лирикӣ ру ба рушд мениҳад, ки он инъикоси ғамхурии фард мебошад.

Яке аз чунин шоирон Тиртей буд. Гражданият назми Тиртейро аз назми спартаниҳо дар муборизаи онҳо барои ба даст даровардани Мессенияҷустан лозим аст. Тертей дар элегияҳои худ корномаҳои ҳарбиро таърифу тавсиф намуда, меъёрҳои ахлоқииҷанговаронро ба қалам медиҳад ва аз ин худи шоир ҳам рӯҳбаланд мебошад. Шеърҳои Тертей дар замонҳои баъдтарин, дар мавриди лашкаркашиҳо онҳо берун аз ҳудудҳои Спарта низ ҳамчун суруди (гимни) ватанпарастии полисӣ машҳуру маъмул буданд.

Эҷодиёти Феогнида – шоири ашрофзода, ки марги сохти ашрофиро дарк карда буд ва аз ин азоб мекашид, нисбат ба табақаҳои поёнӣҳисси бадбинию нафратва ташнаи қассос ниҳон буд:

Сахт поймол кун халқи ҷони холидоштаро, бераҳмона,

Бо найза синаашро сурох, юғи вазнинро бе ҳеҷ баҳ.

Тиртей Феогнид

Ҳаёти пур аз таҳлука ва азобу машаққатро яке аз шоирони лирикинавис – Архилосаз сар гузаронидааст. Писари ашроф (аристократ) ва ғуломзан, Архилос, ки бо сабаби қашшоқӣ аз зодгоҳи азизаш Перос бо ҳамроҳии мустамликачиён аз Фасос берун рафта, бар зидди фракиягиҳо ҳамчун аскари кироя хизмат карда, мубориза бурдааст, аз он ҷумла дар Италияи зебою саодатманд ҳам шуда, вале дар ягон ҷой бахти худро наёфтааст:

Дар найзаи нугтезам ҷойгир аст нони ман ва макун бо ман ситез,

Аз таги Исмара ман шароб менӯшам такякунон ба найзаи нугтез.

Дар эҷодиёти шоири лирики дигари бузург – Алкея ҳаёти пурҷӯшу хуруши сиёсӣ инъикос гардидааст. Дар баробари мавзӯҳои сиёсӣ дар шеърҳои ӯ мавзӯҳои ба базму тараб бахшида низ ҳузур дошта, дар онҳо хурсандӣ аз зиндагии хуррам, ғаму андӯҳ ва ишқу муҳаббат, андешаҳо дар бораи ногузирии фарорасии марг ва даъват ба дӯстон, ки ишон аз зиндагӣ лаззат баранд:

Барфу борон дар талотум. Сармои сахт,

Аз осмон меояд. Дарёҳо шуданд лабрез.

Зимистонро пеш кардем.Осмон шуд соф,

Оташ афрузонем. Шириниро эҳсон кун,.

Аз зери сари ман ту болинро дур макун.

Сапфо (Сафо) АлкеяАнакреонт

Шоири дигари забардасти замони архаистӣ Сапфо буд. “Сапфои ҷингиламӯй, нозуку тоза, бо табассуми нозукона!” – муроҷиат менамояд шоир ба хонуми бузурги замони худ

Дар маркази диққати эҷодиёти Сапфо зане меистад, ки аз ишқу муҳаббат ва шиканҷа аз рашк, ё модаре, ки фарзандони худро нозуку меҳрубонона дӯст медорад. Дар назми Сапфо мавзӯҳои ғамангез афзалият дошта, ин ҷанбаи рӯҳонӣ ба шеърҳои ӯ махсусият ва назокат мебахшад:

Ба худо менамояд, ки дар хушбахтӣ баробарем,

Инсоне, ки бо ӯ ин қадар аз наздик ҳам наздикам.

Наздат нишаста аз они туам, овозт аст нозуксадо,

Садоро мешунавад,

Ва хандаи олиҷаноб. Аз они ман дар айни ҳол,

Қалби ман мумкин аст, ки аз задан бозмонад.

Шоир Анакреонтбошад, эҷодиёти худро назми ҳусн, ишқ ва хурсандӣ номидааст. Ӯ дар бораи сиёсат, ҷангҳо, ихтилофҳои гражданӣ фикр накардааст:

Ҷони ширинам на касест, ки қадаҳ дар даст базмбозӣ мекунад,

Танҳо аз мушкилиҳо шиква дорад ва дар бораи ҷанги ғамангез.

Ҷони ширинам касест, ки Муз ва Киприда донад – тӯҳфаҳои наку,

Инро бибояд кард қоида барои худ дар хурсандию айшу тараб.

Шеърҳои Анакреонт, ки аз тарафи шеършиносон баҳои баланд гирифтаанд, аз рӯи шакл хеле нозуку гуворо буда, дар бораи истеъдоди баланди шеъргӯии ин шоир гувоҳӣ медиҳанд. Ин аст, ки эҷодиёти Анакреонт ба назми аврупоӣ таъсири бузург расонида будааст.

Тавлиди насри бадеӣ ба охирҳои замони архаистӣ рост омада, асарҳои логографӣ, генеалогияи авлодҳои ашрофӣ, ҳикояҳо дар бораи бунёди полисҳоро ташкил намуда ва бо ҳамин жанрзо муаррифӣ шудаааст. Насри бадеии замони архаистӣ дар асоси қиссаҳои маҳалӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ҳамин давра санъати театрӣ низ ба вуҷуд омадааст, ки пойдевори он дар анъанаҳои халқии эътиқодҳои кишоварзӣ қарор дошта, ба репертуари он он асарҳои назмию насрии адибони Юнони замони архаистӣ ҷою мақом доштаанд…

test

Добавить комментарий