Чангхои Юнону Форс

ЗАМИНАҲОИ ҶАНГҲОИ ЮНОНУ ФОРС

Ҷангҳои Юнону Форс дар таърихи Юнон марҳалаи ҳалкунанда гардид. Шаҳрҳои сершумори хурди юнонӣ, ки бештари вақтҳо дар байни худ душманӣ доштанд, тавонистанд, ки дар муқобили Шоҳаншоҳии Бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шуда, истиқлолияти худро ҳимоя карда. ҳатто ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаранд. Истодагариҳои тулонӣ ба шоҳаншоҳии Форс натиҷаҳои мусбии дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва сиёсиеро дар полисҳои Юнонро, ки дар тули асри VI то милод дар полисҳои юнонӣ ба амал омада буданд, нишон доданд. Бори нахуст дар ин мубориза ғояҳои якдилии умумиэллинӣ, он ягонагие, ки новобаста аз ҳудудҳои давлатӣ ва умумияти тарзи зиндагӣ, маданӣ, динӣ, инчунин забонӣ садо доданд.

Давраи ҳалкунандаи ҷангҳои Юнону Форс (500-478) бештар дар асоси “Таърихи” Геродот омӯхта мешавад, ки гарчанде ӯҳамзамони воқеаҳои ин ҷанг набуд. Вале имконият дошт бо иштирокчиёти пиршудаи онҳо, асарҳоитаърихӣ, ёддоштҳо, ёддгориҳои монументалӣ ва тасвирии ба шарафи ғолибон офаридашуда шиносоӣ пайдо кунад. Ҳамин тариқ, Геродот вазифаи таърихнигории худро нисбати ҷангҳои Юнону Форс бовиҷдонона иҷро намудааст. Аз асари таърихии шоҳиди воқеаҳо Гекатея аз Милет бошад, танҳо пораҳои хурд то мо омада расидаанд. Хеле гуворо тасвир ёфтани муҳориба дар назди ҷазираи Саламин аз тарафи иштирокчии он Эсхил дар фоҷеаи “Форсҳо” ба қалам дода шудааст. Воқеаҳои ҷанги мазкур дар баъзе навиштаҷоти дигари он замон низ боқӣ мондаанд.

КурушиII Кабир Камбиз Дорои IКабир

Марҳалаи баланди ҷангҳои Юнону Форсро шӯриши шаҳрҳои юнонӣ дар соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд ва ҷазираҳои дар муқобили ҳукмронии форсҳо қарордошта ташкил намуд. Забткориҳои Куруш, Камбиз ва Дорои I ба ҳамроҳкунии Шарқи Наздик ба ҳайати шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён оварда расониданд. Шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурди то соли 546 то милод ба Лидиён тобеъбуда ҳам баъди торумор карда шудани он ба зери ҳокимияти форсҳо медароянд. Ҳаҷми андозҳое, ки давлати Ҳахоманишиён аз мардуми ин шаҳрҳо меситонид, қариб мисли пештара буд, вале дар замони ҳукмронии давлати Лидиён пулҳои аз андоз ғуншуда ба муомилот бароварда мешуданд, ҳоло бошад, дар хазинаҳои шоҳҳои Форс беҳаракат нигоҳ дошта мешуданд. Ин ҳолат ба муносибатҳои рушдёбандаи пулию молӣ зарар оварда, дар баробари ин норозигии гурӯҳи аҳолии юнонии бо савдо алоқадоштаи шаҳрҳои соҳилҳоро ба вуҷуд овард.

Ба норозигии юнониҳо аз ҳокимияти форсҳо сабабҳои сиёсӣҳам вуҷуд доштанд. Дар замони ишғолгариҳои форсӣ дар як қатор шаҳрҳои Осиёи Хурд ва ҷазираҳои дар наздикии он воқеъбуда ҳокимони золими истибдодӣба сари ҳокимият омаданд. Ҳокимияти истибдодии юнонии барвақтаи асрҳои VII – VI то милод дар нимҷазираи Балкан, ҷазираҳои баҳри Эгей ва Осиёи Хурд моҳияти сипаришавӣ дошт. Ҳукумати Форс бошад, анъанаҳои маҳаллиро устокорона истифода бурда, шакли идораи полисии дарЮнон мавҷудбударо нигоҳ дошта, ҳокимони истибдодии пештараро ба дастнишондодҳои худ табдил дода ё онҳоро бо ҳокимони нав иваз намуд. Ҳокимияти истибдодии умраш ба охиррасидаро аҳолии юнонии шаҳрҳои Осиёи Хурд аз тарафи ҳокимияти нави аз берун ба гардани онҳо боркарда ҳисобид. Бо ҳамин сабаб муборизаи ин шаҳрҳо баҳри демократикунонии сохти сиёсӣ бо мубориза бар зидди зулми бегонагон бо ҳам омехта мешавад.

Форс соҳилҳои Осиёи Хурд ва баъзе ҷазираҳои наздикро ба худ тобеъ карда, кушиш карданд, киҳокимияти худро дар шимол ва ғарб низ паҳн кунанд. Лашкаркашии Дорои I (назд. соли 512 то милод) гарчанде ба тобеъкунии вилоятҳои назди Дунай, ки дар он ҷо скифҳо сукунат доштанд, оварда нарасонид, ба форсҳо имконият дод. ки мавқеи худро дар соҳилҳои Фракия мустаҳкам кунанн. Ин кор ба истилои Юнони Балкан роҳ мекушод. Юнониҳои Осиёи Хурд бо полисҳои нимҷазираи Балкан хешутаборӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣвафарҳангӣдошта, кайфияти зиддифорсии дар Иония ва соҳилҳои он боқимондаро дастгирӣ мекарданд.

То охирҳои асри VI то милод зиддиятҳои оштинопазир дар байни Шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки сиёсати ишғолгароёнаи худро дар ғарб беист давом медод ва олами полисҳои юнонӣ ба миён меоянд. Аз ин барнамеояд, ки гӯё ҳамаи давлату полисҳои юнонӣ хоҳиши бар зидди давлати Форс ба ҷанг даромаданро дошта бошанд. Як қатор полисҳои юнонӣ бетарафиро афзалтар медонистанд ё бамубориза бар зидди Форс манфиатдор набуданд ва ё бо ҳамин роҳ амнияти худро таъмин карданӣ буданд. Бояд гуфт, ки аксарияти полисҳои юнонӣ аз иқтидори давлати Форс сахт метарсиданд. Дар ин кор омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ нақши худро доштанд. Ҷонибдолрони муборизаи қатъӣ бо форсҳо намояндагони гурӯҳҳое буданд, ки сидқан ба тиҷорати баҳрӣ бо вилоятҳои шарқӣ манфиатдор буданд, лекин акнун дар зери назорати Форс қарор доштанд.

Дар ин шароити мураккаб баромадҳои зиддифорсии юнониҳои Осиёи Хурд ба амал омаданд. Бо сабаби он, ки ташаббускорони баромадҳо полисҳои қисмати марказии соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд ва пеш аз ҳама, Милети аҳолиаш юнонӣ буданд, ин шӯриш ҳамчун шӯриши ионӣ номгузорӣ шудааст.

Аристагори дар Милет муваққатан ҳукмронбуда, хешованди Гистнеяи золим, ба форсҳо ҳамчун хушомад яке аз ҷазираҳои баҳри Эгейро ишғол мекунад ва бо ин амали худ норозигии онҳоро ба вуҷуд овард. Аз ҳамин сабаб тасмим гирифт, ки ба шӯриши зидди Ҳахоанишиён шахсан роҳбарӣ кунад. Шӯриш аз барҳам задани ҳокимони золими истибдодӣ дар полисҳои юнонӣ оғоз ёфт. Баъзеи онҳо худашон аз ҳокимият даст кашида ва дигарон сарнагун ва қатл карда мешуданд. Ҳамин тариқ, сохти ҷумҳуриявӣ дар ҳама полисҳо аз нав барқарор карда мешавад. Аксарияти полисҳо дар атрофи Милет муттаҳид шуданд.

Акнун ба Милет лозим буд, ки бар зидди давлати Форс ҷанг кунад. Мушкилии ин ҷангро хуб эҳсос карда, Милет барои ёрӣ ба Юнони Балкан муроҷиат мекунад. Спарта, ки ба робитаҳои иқтисодӣ ба Шарқ ва Назди баҳри Сиёҳ манфиатдор набуд, пешниҳоди Милетро қатъиян рад мекунад. Аз давлатҳои дигари юнонӣ даъвати Милетро Афина ва Эретрия дастгирӣ карданд, ки ба савдо ба Шарқваробитаҳо зич бо шаҳрҳои Понт манфиатдор буданд. Дар ҷанги зидди Форс Милет сахт шикаст мехурад. Ин хабар Юнони Балкан, махсусан Афинаро ба ларза овард, чунки онҳо боварӣ доштанд, ки Милет ғалаба мекунад. Меҳру муҳаббати афинагиҳо нисбат ба Милет барои он хеле зиёд буд, ки мувофиқи ақидаи онҳо ин мустамликаро дар вақташ юнониҳои баромадашон аз Аттика бунёд карда будаанд. Дере нагузашта дар театри Афина фоҷеаи Фринах “Гирифтани Милет” ба саҳна гузошта мешавад ва он ба мардуми ин шаҳр таъсири сахт расонида, ҳисси ватанпарастии афинагиҳоро ба вуҷуд меорад.

ЛАШКАРКАШИИ МАРДОНӢ, ДАТИС ВА АРТАФЕРНА

Баъди пахши шӯриш дар Осиёи Хурд дар амалиётҳои ҷазодиҳӣ ба муқобили полисҳо ва ҷазираҳое, ки дар он иштирок кардаанд, давлати Ҳахоманишиён ба лашкаркашӣ бар зидди Юнони Балкан ба тайёрӣ оғоз мекунад. Сарварии экспедитсияи ҳарбиро, ки ба он ҳам нерӯҳои хушкигард ва ҳам нерӯҳои баҳрӣ дохил буданд Мардонӣ, додарзода ва домоди Дорои I, таъйин карда шуда буд. Дар ҳайати қӯшунҳоиӯ юнониҳои вилоятҳои тобеъ ба форсҳо ҳам буданд, ки онҳоро форсҳо бо ҳаргуна гузаштҳо рӯҳбаланд карда мекарданд. Шумораи умумии қӯшунҳои Мардонӣ аз 30 ҳазор ҷанговар ва 600 киштии ҷангӣ иборат буд.

Соли 492 то милод Мардонӣ, аз Геллеспонт гузашта, аз тариқи соҳилҳои Фракия ба тарафи ғарб ҳаракат мекунад. Дар наздикӣ –қад-қади соҳилҳо хатти ҷанг қарор дошт. Дар рафти ҳаракат дар роҳпойгоҳҳои такягоҳӣ бо захираи оби нӯшокӣ ва хӯроки чорво сохта шуда, дар як қатор шаҳрҳо гарнизонҳои форсӣ мустақар гардонида шуда буданд. Дар оғози ҷанг ба қӯшунҳои Мардонӣ танҳо баъзе қабилаҳои фракӣ муқовимат карданд. Шоҳи Македония Александр нисбат ба форсҳо мавқеи дӯстонаро ишғол карда ва ба онҳо лашкаркаширо ба давлати худ иҷозат медиҳад. Вале вақте, ки флот соҳилҳои ҷанубиии Халкидика (халиҷи Афон)-ро давр мезад, туфони сахт хеста, ба қувваҳои ҳарбии форсҳо талафоти бузург ба бор овард. Дар ин ҳолат Мардонӣ маҷбур мешавад, ки ба Осиё баргардад. Тибқи суханҳои Геродот, 300 киштӣ барҳам хӯрд ва зиёда аз 20000 одам ҳалок гардид. Дорои I барои ба ин талафот роҳ доданаш Мардониро аз вазифаи лашкаркашӣ сабукдӯш мекунад.

Лашкаркашии соли 492 то милод бонги ҷиддие буд барои давлатҳои Юнони Балкан. Худ аз худ маълум буд, ки ҷанг бо ҳамин ба охир намерасад. Махсусан асоси ҷиддӣ барои ташвишро Афина ва Эретрия доштанд. Дере нагузашта ба вилоятҳои гуногуни Юнон сафирони Доро бо талаби зерин омаданд: “ба шоҳ замин ва об дода шавад”, яъне ҳокимияти олии ӯро эътироф намоянд. Ба ин талаб ҷазираҳои зиёд, аз он ҷумла Эгинаи нисбат ба Афинаи дар ҳолати душманӣқарордошта итоат карданд. Баъзе давлатҳои қисмати хушкии Юнон низ ҳамин тавр рафтор намуданд. Вале дар Спарта ва Афина сафирони Доро қатл карда шуданд Ин далел дар бораи тайёр будани онҳо ба мубориза барои ҳимояи истиқлолият шаҳодат медод. Бо сабаби дар халиҷи Саропии воқеъ гардидани Эгин, ки ба замми ин флоти пурзӯр ҳам дошт, “замин ва обро” ба форсҳо медиҳад. Вале бо истодагарии Афина Спарта Эгинро ба худ тобеъ карда, ӯро маҷбур мекунад. ки гаравгонҳоро ба Афина баргардонад. Ҳамин тариқ, Эгина бартараф гардонида мешавад.

Мардони Артаферн

Соли 490 то милод Форс бар зидди Юнони Балкан аз нав лашкар мекашад. Ин дафъа тамоми қӯшун ба киштиҳо бор карда шуда буд. Барои бурдани лашкари аспсавор киштиҳои махсус сохтанд. Сарварии лашкаркашӣ ба зимаи Датис ва Артаферн, киписари сатрап Сард буд, таъин карда мешаванд. Корвони киштиҳо аз соҳилҳои баҳри Сиёҳ ба воситаи ҷазираҳои Эгеида ба Эвбей раҳсипор мешавад. Дар ҷазираи Делос, дар он ҷое, ки ибодатгоҳи махсусан маҳбубу муқаддас Аполлон ҷойгир буд, ба сокинон кафолат дода шуда буд, ки касе ба он даст нахоҳад расонид. Форсҳо бо ҳар роҳу восита таъкид мекарданд, ки муқаддасгоҳи юнониҳоро гиромӣ медоранд. Вале Эретрияи воқеъ дар ҷазираи Эвбей ниҳоят золимона хароб карда мешавад. Баъд аз шаш рӯзи муҳосира форсҳо шаҳрро ба даст оварда, онро ғорат карда, муқаддасгоҳҳоро сӯзониданд ва аҳолии онро ба ғуломон табдил доданд. Афинагиҳо ба Эретрия кӯмак расонида натавонистанд.

Флоти форсҳо аз Эвбей ба Аттика рафт, вале на ба халиҷи Сарони, балки шимолтар, ба сӯи Марафон. Ҳамвории Марафон барои лашкари аспсавори форсҳо хеле қуллай буд. Собиу,ҳокими золими пиршудаи Афина Гипи, ки форсҳоро ҳамроҳӣ мекард, маслиҳат дод, ки қӯшунро дар ҳамин ҷо фуровардан мумкин аст. Афинагиҳо бетаъхир бар зидди форсҳо баромада, дар як вақт барои кӯмак пурсидан ба Спарта қосид ҳам фиристоданд. Бо баҳонаи он, ки гӯё артиши барои кӯмак фиристода Спарта одатан баъд аз пур шудани моҳтоб дар муҳориба иштирок мекарда бошанд, набарди худро бо лашкари форсҳо мавқуф гузошта, ба Афина баъд аз муҳорибаи Марафон ҳозир мешаванд.

Дар бархурди аввалин бо қӯшуни Форс, ки ба қаламрави Юнони Балкан зада даромада буданд, ба афинагиҳо муяссар шуд, дар якҷоягӣ бо ҳамроҳии Аттикаи биотӣ –шаҳри Платея тоб оваранд, Ҳайати даҳ даста (фил)-и Афинаро стратегҳо сарварӣ мекарданд ва сарфармондеҳи олӣ архонт – полемарх Каллимахфармондеҳӣ мекард, Вале мақоми ҳалкунандаро дар ташкил ва ба амал баровардани муҳорибаи Марафонро Милтиад иҷро кардааст, ки ӯ вазифаи стратегро ба зима дошт. Ӯ муддати тулонӣ дар зери ҳокимияти форсҳо зиндагӣ карда ва дар лашкаркашиҳои онҳо ширкат варзида, ташкилииҳарбӣ ва тактикаи ҷангии онҳоро хуб медонист.

Қӯшунҳои тарафҳо якчанд рӯз дар муқобили ҳамдигар рӯ ба рӯ истода, муҳорибаро оғоз намекарданд. Форсҳо, мумкин ба ишораиҷонибдорони худ аз Афина интизор буданд. Афинагиҳо бошанд, расида омадани қувваҳои ваъдакардаи Спартаро интизорӣ мекашиданд. Муҳориба ҳамон рӯзе ба амал омад, ки спартагиҳо ба роҳ баромада буданд. Фармондеҳии форсҳо ният дошт, ки рақибро ба ғафлат мононад ва зарбаи ҳалкунандаро то расида омадани кӯмак занад. Ҳамин тариқ, шабонгоҳқисми зиёди аскари савораи худро ба киштиҳо бор карданд, то ки ба Афина расонанд. Ин хабар ба фармондеҳии юнониҳо (ба воситаи разведкачиён ва ё юнониҳои аз қӯшуни форсҳо гурехта) расид. Дар натиҷаи ин лашкари савораи форсҳо, ки барои юнониҳо махсусан хатарнок буд, дар муҳорибаи Марафон иштирок карда натавонист. Милтиадқӯшуни юнониҳоро чунинҷо ба ҷо кард: паҳлуҳои (фалангаҳои) росту чапи он аз ҳисоби қувваҳои марказ хеле қавб кунонида мешавад. Форсҳо марказро бо осонӣ рахна карда, вонамуд карданд, ки дар муҳориба ғалаба ба даст овардаанд ва ба дарунтари лагери юнониҳа ҳамла оварданд. Вале юнониҳои дар фалангаҳо истода бо шаст аз ду тараф бо ҳам наздик шуда, форсҳоро дар муҳосира мононда, имконият надоданд, ки ақибнишинӣ кунанд.

Дорои I барои ҳуҷуми зафаровари оянда ба Юнон лашкари яккачини иборат аз 20 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Ин дафъа эрониҳо бо роҳи пештара нарафта, лашкари худро тавассути киштиҳо якбора аз Осиёи Хурд ба Аттика расониданд. Дорои I мехост, ки аввал Афинаро торумор кунад.

Баъд аз забти гирду атроф, аз он ҷумла, Эретрея ва Эвбей, лашкари форсҳо дар маҳаллаи Марафон, ки дар қисмати шимолу шарқии Аттика воқеъ гардида буд. ҷой гирифт. Дар Марафон муҳорибаи лашкарҳои Юнону Форс 12 сентябри соли 490 то милод ба амал омада, бо шикасти лашкари Форс анҷом пазируфт.

Баъди ғалаба яке аз аскарҳои даванди юнонӣ барои ба Афина расонидани муждаи ғалаба дартоз шуд ва ба Афина расида гирифта, хитоб кард: “Ғалаба!” ва дар ҷояш афтида мурд. Ба хотири бузургдошти ин воқеаи таърихӣдар Бозиҳои Олимпии Юнони Қадим пойгаи марафонӣ муқаррар карда шуд. Масофаи байни Марафон ва Афина 42 км 195 м мебошад ва пойгаи мазкур ба ҳамин масофа баробар аст. Имрӯз ҳам пойгаи “Марафонӣ” вуҷуд дорад ва он ҳатто яке аз намудҳои барномаи Бозиҳои Олимпии муосир мебошад.

Ба баъзе форсҳое, ки ба сӯи соҳил мегурехтанд, муяссар шуд, ки дар киштиҳо савор шуда,ҷон ба саломат баранд, дигарон ҳангоми ақибнишинӣ дар ботлоқзор ҳалок шуданд. Афинагиҳо 7 киштии форсҳоро ба даст оварда, несту нобуд карданд. Киштиҳои дигарро форсҳо ба баҳри кушод бароварданд. Аз рӯи маълумоти Геродот, дар ин ҷанг 192 афинагӣ ва 6400 форс ҳалок гардидааст. Номҳои афинагиҳои ҳалокгардида дар тахтасанги ёдгорие, ки “стела” ном дорад, сабт мекунанд.

Ғалабаи юнониҳо дар муҳорибаи Марафон барои давлати Ҳахоманишиён торумори ҳарбӣ набуда, кушиши бебароре буд. ки метавонистанд онро аз нав саркунанд. Вале ғалаба дар Марафон барои муттаҳидшавии ояндаи юнониҳо баҳри мубориза бар зидди шоҳаншоҳии Ҳахманишиёнзамина маҳаё мекард.

ЮНОН ДАР СОЛҲОИ 490 – 480 ТО МИЛОД

Муракабии сиёсӣ дар Миср, Бобул, ихтилофҳое, ки бо мероси тоҷу тахт алоқаманд буданд, ба ҳукумати Ҳахоманишиён имконият надоданд, ки бетаъхир ба қасосгирӣ аз юнониҳо муваффақ шавандва аз ҳамин сабаб юнониҳо имконият пайдо намуданд, ки аз ҳамлаҳои нави форсҳо эмин бошанд. Вале на ҳама мефаҳмиданд, ки ин мӯҳлат танҳо мавқуфгузорӣ асту бас. Дар байни Афина ва Эгина аз нав душманӣ авҷгирифта, муборизаи сиёсӣ дар дохили Афина низ идома меёбад. Қаҳрамони Марафон Милтиад барои кушиши ба худ тобеъ кунонидани ҷазираи Парос қариб буд аз ҳаёташ маҳрум гардад. Вале ба ҳар ҳол хизматҳои Милтиадро ба ҳисоб гирифта, муқобилони сиёсии ӯ танҳо ба он муваффақ шуданд, ки Милтиад 505 талант ҷарима пардохт намояд. Милтиад дере нагузашта вафот мекунад ва ҷаримаро писари ӯ Кимон пардохт кард. Тезутундшавии муборизаи сиёсии дохилӣ дар Афина дар он ифода меёбад, ки аз соли 487 то милод сар карда, муқобилони сиёсати фаъолонаи хориҷиро ба хомхаёлӣ муттаҳам мекардагӣмешаванд Ба майдони сиёсат яке аз арбобони нисбатан намоён ва қобилиятноки Афина- Фемистокл мебарояд. Модари Фемистокл аз табақаи паст баромада буд, аз рӯи падар бошад, ба авлоди маъруфи коҳинон тааллуқ дошт.

Таърихшинос Фукидад менависад, ки баҳсҳои сиёсӣ нисбати Фемистокл дар замони гузашта монданд ва ояндабинии сиёсии ӯ бараъло намудор гардиа, ва ба ӯ чунин баҳо медиҳад: “…Фемистокл…бо ёрии хос ба ӯ сарфаҳмрав …баъд аз андешаи хеле кӯтоҳ додхоҳи содиқи вазъи корҳои мазкур ва аз ҳама хубтар воқеаҳои хеле дурро пешгӯӣ мекард. Ӯқодир буд ба ҳамагуна корҳо роҳбарӣ кунад…махсусан пешакӣ вариантҳои натиҷаҳои беҳтарин ва бадтарини чорабиниҳоро, ки ҳанӯз дар зулмоти оянда ниҳон буданд, дар назар дошта бошад…”.

Ҷангҳои Юнону Форс Милтиад

Аз афти кор, тасодуф нест, ки фоҷеаи Фрипих “Гирифтани Милетдар замони архонтии Фемистокл (солҳои 494 – 493 то милот ) ба саҳна гузошта шуда буд. Соли 487 то милод шояд бо ташаббуси ӯ бошад, ки архонтҳо аз тариқи қуръапартоӣ интихоб мекардагӣ мешаванд, ки ин аҳамияти мутлақи ин мансабро аз байн бардошт ва минбаъд бояд ба демократигардии ареопаг, ки он вақт аз архонтҳои собиқ пур шуда буд, оварда мерасонид,

Фемистокол арбоби нахустини Афина буда, фаҳмид, ки ояндаи Афина ба флот вобаста аст. Гарчанде,ки алоқаҳои тиҷоратии Афина то ин давра хеле васеъ буданд ва маснуоти кулолии Афина дар ҳама ҷо молҳои сафолии Коринфро фишор дода баровард, флоти он ҳанӯз камшумор буд ва содиру ворид кардани молҳо ҳанӯз тавассути киштиҳои хориҷӣ ба амал бароварда мешуд. Бандари Фалер барои қабули шумораи зиёди киштӣ ва бор хеле хурд буд.

Ба Фемистокл бандари мустаҳкамкардае дар Пирей тааллуқ дошт. Ин бандар, гарчанде аз Афина дуртар воқеъ гардида, аз архонтҳои собиқ пур пешавад. Аз тарафи дигар, Пирей барои лангарпартоии киштиҳо қуллай буд. Мақоми иқтисодӣ ва ҳарбии Пирей дар таърихи минбаъдаи Афина оқилии Фемистоклро исбот намуд. Ба ёрии Фемистокл воқеаи тасодуф пеш омад, соли 483 то милод дар мавзеи Лаврияи воқеъ дар Аттика,ҷое ки коркарди маъданҳои нуқраю қурғошим сурат мегирифт, қабати нави хеле бузурги ин кон кашф карда шуд. Ба Фемистокл муяссар гардид, ки декрет дар бораи истифодаи маблағе, ки аз истеҳсоли ин маъданҳо ба даст дароварда мешавад, барои сохтмони флот аз тасдиқи Маҷлиси халқӣ гузаронад. Ҳамин тариқ, Афина соҳиби флоти пурзӯр мешавад.

Дар натиҷаи ояндабинӣ ва амалҳои қатъии Фемистокл то соли 480 то милодАфина ба дар Юнон ба давлати пурзӯри баҳрӣ табдил меёбад. Тадбирҳое, ки дар ин самт ба амал бароварда шуданд, танҳо пурзӯршавии иқтидори ҳарбию баҳрии Афинаро дар назар доштанд. Бо сабаби он, ки ба хизмати ҳарбӣ бо аслиҳаю сару либос ва ҷавшани худ ҳозир шудан лозим буд, хизмат дар қӯшунҳои пиёдагард аз рӯи сатҳи молумулкӣ муайян карда шуд. Одамони камбағалон ба хизмати ҳарбӣ танҳо бо сифати сабук мусаллаҳшудаҳозир мешуданд. Аз ин рӯ, ташкили флоти калон маънии ба хизмати ҳарбӣ фаъолона ҷалб кардани намояндагони табақаҳои васеи аҳолии Афинаро дошт. Иннавгонии боадолатона дар шароити Юнон ногузир бояд ба демократикунонии низоми сиёсӣ бурда мерасонид. Сарфи назар аз он ки оё Фемиистокл инро мефаҳмид,ва ин вазифаро дар назди худ гузошта буд ё не, фаъолияти ӯ ба демократикунонии минбаъдаи давлати Афина мусоидат кард.

Фемистокл Аристид Клеомен

Муқобилони сиёсии Фемистокл, ки бар зидди барномаи баҳрии ӯ баромад мекарданд, намояндаи ашрофони кишоварзии АфинаАристидбуда,дар оштинопазирӣбоархонтҳои собиқ, ҳалолкорӣ ва адолатпешагӣ машҳур шуда буд. Афинагиҳо барномаи Фемистоклро дастгирӣ мекарданд, чунки ба манфиатҳои онҳо мувофиқат мекард, Аристид бошад, сарфи назар аз обрӯи бечуну чарои худ мавриди танқид ва нописандӣқарор мегирад.

Ин замон дар Спарта ҳам оромии том ҳукмрон набуд. Шоҳи пурзӯр ва фаъол Клеомен, ки ба ҳиллаю фиребгарӣ фош карда шуда буд, маҷбур мешавад. ки Спартаро тарк кунад. Вале дере нагузашта ӯаз ақл бегона эълон карда мешавад. Баъди ин овозо паҳн мегардад, ки ӯ ё худкушӣ кардааст ва ё ӯро қатл кардаанд.

ЛАШКАРКАШИИ ҲАШИЁРШОҲ

Ҳашиёршоҳ Харитаи лашкаркашии Ҳашиёршоҳ

Форсҳо барои ғалаба аз роҳу восита ва усулҳои гуногуни ҷангӣ истифода мебурданд. Дар вазъияти ҳалкунанда ба ҷанг гурди “абадзиндаашон”-ро дароварданд. Лашкари форсҳо оқибат дар ин ҷо ба лашкари юнониҳо ғалаба ба даст овард.

Ҳазорон нафар юнониҳо дар майдони ҳарбу зарб ҳалок шуданд. Флот ва артиши пиёдагарди форсҳо мақсад доштанд, ки шаҳри Афинаро ишғол кунанд. Ҳуҷуми шадиди форсҳо вазъияти Афинаро вазнин кард. Сокинони Афина ба ҷазираи Саламин кӯчонида шуданд. Гурезаҳо дар шаҳрҳои Трзена ва Арголидаи ҳамин ҷазира ҷой дода шуданд.

Муҳориба дар баҳр 2 сентябри соли 480 то милод ба амал омад. Ҳашиёршоҳ ба ғалабаи флоти худ боварӣ дошта, ба он фармон дод, ки ба юнониҳо дар гулӯгоҳ ба ҷанг дарояд.

Юнониҳо киштиҳои худро моҳирона идора карда, белҳои киштиҳои форсҳоро шикаста ва паҳлӯҳояшонро сӯрох мекарданд. Флоти форсҳо низ шуҷоати бемислу монанд медод. Оқибат сафи бонизоми лашкари форсҳо вайрон шуд. Сарфи назар аз он сарбозони форсҳо қаҳрамонона меҷангиданд. Форсҳо киштиҳои бисёри худро талаф дода, ақибнишинӣ карданд.

Баъд аз ин Ҳашиёршоҳ ба Осиёи Хурд бармегардад. Лашкари яккачини форсҳо бошад, дар Юнони Миёна монд. Баҳорисоли дигар он аз нав Афинаро ишғол менамояд. Худи ҳамон сол дар Платея байни лашкари Юнону Эрон муҳорибаи навбатии калоне ба амал омад, ки ин дафъа форсҳо шикаст хӯрданд. Сарфи назар аз ин форсҳо аз мубориза бар зидди Юнон даст накашида, ҳамлаи худро дар самти дохилтари Юнон пурзӯр намуданд. Аҳволи Спартаю Лаконика ва вилоятҳои дигари Юнон аз пештара ҳам бадтар мешавад. Аз ҳамин сабаб онҳо роҳи халосӣ мекофтанд ва гӯё, ки ин роҳро ёфтанд.

ТАШКИЛШАВИИ ИТТИҲОДИ БАҲРИИ ДЕЛОС (АФИНА)

Ғалабаи Юнон дар ҳамон вақте имконпазир гардид, ки Спарта, Коринф ва Афина қувваҳои худро муттаҳид карда, бар зидди форсҳо мубориза бурданд. Баъди шикасти начандон ҷиддии Ҳахоманишиён дар байни ин се давлати юнонӣ зиддиятҳои нав авҷ гирифта, то ба дараҷае сабзида расиданд, ки Спарта аз ин иттифоқ баромад. Баъд аз ин воқеа маркази муттаҳидшавии давлатҳои Юнон Афина мешавад. Бо ташаббуси Афина дар ҷазираи Делос намонядагони шаҳрҳои Юнон ҷамъ омада, “Иттифоқи Делос” (Афина)-ро ташкил намуданд. Иттифоқ хазина ва нерӯҳои мусаллаҳи умумии худро дошт. Масъалаҳои асосии иттифоқро Шӯроҳал мекард, ки аз намояндагони аъзои иттифоқ иборат буд. Бори вазнини ин иттфоқ ба зиммаи Афина афтида буд. Иттифоқ 200 киштӣ, 40 ҳазор баҳрнаварди ҷанговар ва белзан, 10 ҳазор пиёдааскар ва 1000 аскари савора дошт.

Солҳои 70-уми асри Vто милод ба “Иттифоқи Делос” муяссар гардид, ки мавқеи Юнонро дар баҳри Эгей ва Осиёи Хурд то якдараҷа мустаҳкамтар кунад. Вале Ҳахоманишиён барои ба даст овардани Осиёи Хурд ва ҳудудҳои дар қисмати Шарқи баҳри Миёназамин аз даст додааш бомуваффақият муборизаро давом медод.

БА ОХИР РАСИДАНИ ҶАНГҲОИ ЮНОНУ ФОРС.“СУЛҲИ КАЛЛИЙ”

Соли 464то милод дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ шоҳи давлати Ҳахоманишиён Ҳашиёршоҳи Iва писари ӯ кушта мешаванд. Аз ин вазъияти муносиб қувваҳои истиқлолиятхоҳи Миср истифода бурданӣ шуда, бо сардории Инар ном шахси либиягӣ шӯриши халқи ташкил карданд.

Афина низ аз ин воқеа истифода бурда, ба шӯришчиёни мисрӣ дасти ёрӣ дароз мекунад. 20 ҳазор нафар аскар ва 200 киштии юнониҳо ба он ҷо рафтанд. Киштиҳо ба воситаи дарёи Нил шино карда, то ба пойтахти Миср – шаҳри Мемфис рафта расиданд.

Дар ин ҷо лашкари юнониҳо аз тарафи лашкари ба ин ҷо омадарасидаи шоҳи нави Ҳахоманишиён – Ардашери I(464 – 424 то милод) пурра торумор карда шуд. Аз форсҳо шармандавор шикаст хӯрдани “Иттифоқи Делос” обрӯюэътибориюнониҳоро ниҳоят паст кард. Сарфи назар аз ин ин иттифоқи давлатҳои юнонӣ барои дар Шарқи баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурд ба даст овардани мавқеъҳои аздастдодааш ҷидду ҷаҳд секунад, вале ба муродаш намерасад.

Дар “Итфиоқи Делос” Афина точанде мавқеи ҳукмронро ба даст меоварад. Аъзои дигари иттифоқ итоатгари Афина мешаванд.

Соли 454 то милод хазинаи иттифоқ аз Делос ба Афина кӯчонида шуд. Бо ҳамин дар амал “Иттифоқи Делос” ба давлати Афина табдил меёбад.

Идомаи минбаъдаи амалиётҳои ҷангӣ на ба тарафи Юнон ва на ба тарафи Ҳахоманишиён афзалият дода наметавонист. Бинобар ин, Афина пешниҳоди Ҳашиёршоҳи I-ро дар бораи оғози музокироти сулҳқабул мекунад.

Харитаи “ Иттиҳоди Делос” Баргаштани Каллий аз Кипр

Соли 449 то милод ҷангҳои Юнону Форс ба охир расиданд. Юнониҳо сафорати худро бо сардории Каллий ном ашрофи Афина ба шаҳри Сузаи ҷазираи Кипр равон карданд, то ки аз номи Юнон бо давлати Форс (Ҳахоманишиён) сулҳ бандад. Аз рӯи ҳамин ном дар Юнон ин сулҳ “Сулҳи Каллий” номгузорӣ шудааст. Мувофиқи созишномаи сулҳи Кипр давлати Ҳахоманишиён ӯҳдадор шуд, ки дигар киштиҳои худро ба Пропонтида, баҳри Эгей ва гулӯгоҳҳои он намедарорад, қӯшунҳои худро дар масофаи на камтар аз роҳи серӯзаи пиёда аз соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурдназдиктар мустақар намегардонад. Афина ваъда дод, ки Кипрро ба ҳоли худ мегузорад, ба Миср кӯмак намерасонад ва гарнизонҳои худро аз Осиёи Хурд мебарорад, ки онҳо дар ҳайати Иттифоқи Долос монда бошанд ҳам, вале расман раияти шоҳи Ҳахоманишиёнроқабул карда буданд.

Шартҳои сулҳи Каллий ба мо натанҳо аз сарчашмаҳои хеле баъдина маълум аст. Муаррихони аврупоӣ борҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Шартҳои “Сулҳи Каллий” ба Афина ягон шуҳрати калоне наовард: овоза паҳн шуд, ки Каллий аз ваколатҳои худ суиистеъмол кардааст ва ба ӯҳатто ҷарима андохта шуда бошад.

Баанҷомрасии ҷангҳои Юнону Форс, пеш аз ҳама, барои Афина ва иттифоқчиёни он аҳамият дошт, зеро Спарта ва давлатҳои дигари Юнони Балкан имконият пайдо карданд, ки тамоми қувваи худро барои мустаҳкамкунӣ ва васеъ намудани салтанати худ дар иттифоқ ва берун аз ҳудудҳои он сарф карда, маблағи бузургро барои эҳтиёҷоти дохилӣ – сохтмони ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ҷангҳои Юнону Форс ихтилофҳои дохилии давлатҳои Юнонро бартараф карда натавонистанд, гарчанде ки барои мубориза бар зидди давлати Ҳахоманишиён иттиҳод ҳам ташкил намуда буданд. Баракс, баъди ин ҷанг рақобати ду давлати аз ҳама пурқуввати Юнон – Афина ва Спарта аз нав пурзур мешаванд, ки ба онҳо полисҳои дигари Юнон кашида мешаванд. Танҳо дар асри IV то милод, дар давраи пурзӯршавии бӯҳрони низоми полисӣ, ғояи муттаҳидшавии эллинӣ аз нав садо медиҳад, вале акнун на дар мақоми ҷанги мудофиавӣ, балки барои ҳуҷум ба ҷониби Шарқи “ваҳшӣ” (бо маънии “варварҳо”). Вале мавқеи давлати Ҳахоманишиён то якдараҷа беҳтар мешавад

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.