Сохти ичтимоии чомеаи Юнон ва демократиияи Афина хамчун низоми сиёси

ТАВЗЕҲИ СОХТИ ҒУЛОМДОРИИ КЛАССИКӢ

Чанд махсусияти ғуломдорӣ дар Афина. Иқтисодиёти Юнони дар асрҳои V – IV томилод ба вуҷуд омада, он моҳияти сохтории ҷомеаи Юнони қадимро муайян карда буд.: истеҳсолоти кишоварзии меҳнатталаб, косибӣ, муносибатҳои бозорӣ ва молию пулӣ дар полисҳо.

Низоми ғуломдории классикӣдар марказҳои савдоию косибӣ ба вуҷуд омада, баъд рӯ ба рушд ниҳодааст.

Ҷомеаи Юнони давраи классикӣ ба се синфи асосӣ тақсим шуда буд: синфи ҳукмрон, синфи ғуломон ва синфи истеҳсолкунандагони хурди озод.

Дариндаврағуломдорӣ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот дар амал татбиқ карда мешавад ва ғуломон аз се як ҳиссаи аҳолии полисҳоро ташкил мекарданд.

Ғуломони Афина ҳангоми кор

Ғуломдории хонагӣ васеъ ҷорӣкарда шуда, меҳнати ғуломон дар корҳои хоҷагии оила истифода бурда мешавад. Мисолҳо: орд кардани ғалла, тайёр кардани хӯрок, дӯхтани сару либос, пойафзол ва ғайра

Қисми асосии ғуломонро дар Юнони асрҳои V – IV то милодро худи юнониҳо ташкил мекарданд: фракиҳо, скифҳо, карийтсҳо, пафлагонсҳо, лидиягиҳо ва ситсилиягиҳо.

Се минтақаи асосиро ном бурдан мумкин аст. ки бозорҳои Элладаро аз ғулом таъмин мекарданд: Шимоли баҳри Сиёҳ, Фракия бо вилоятҳои ҳамсояи он ва Осиёи Хурд.

Беҳуқуқии ғуломон ва ҳуқуқи фармонфармоии ғуломдорон бар ғуломон нишонаи асосии мавҷудияти сохти ғуломдорӣ дар давлати Афина мебошад.

ДЕМОКРАТИЯИ АФИНА ҲАМЧУН НИЗОМИ СИЁСӢ

Дар мақомоти давлатии асрҳои V – IV то милоди Юнон ду намуди сохтори давлатии полисӣ вуҷуд дошт: полисҳои дорои сохтори демократӣ ва полисҳои дорои идораи ашрофӣ(олигархӣ). Фарқияти онҳо дар идораи давлат, сиёсат ва соҳаи иқтисодӣ ба назар мерасид.

Мафҳуми грвжданини Афина. Шахси соҳибҳуқуқи Афина кӣҳисобида мешуд?. Агар касе,ки дар Аттика таваллуд шуду бошад, пурра ҳуқуқи гражданӣ дорад.Вазифаҳои гаржданинҳо дар ҳаёти давлату ҷомеа – кори муҳими давлатӣ ба шумор мерафт.Ҳар як гражданин вазифадор буд, ки дар ҳаёти ҷамъиятии Афина фаъолона иштирок кунад.

Мафҳуми демократияи Афина. Демократия аз ду калима сохта шудааст: “демос” ва “кратиос”, яъне ҳокимияти халқ. Дар давлати демократӣ ҳама мақомоти давлатӣ ва шахсони манесабдор интихобӣ мебошанд ва халқ (интихобкунандагон) сарчашмаи ягонаи ҳокимият мебошад. Демократияи Афина демократияи ғуломдорӣ маҳсуб мешавад.

Тавлиди демократия дар АфинаМаҷлиси халқӣ дар Афина

МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Маҷлиси халқӣ дар Афина. Ин мақоми намояндагии давлатии Афина мақоми асосӣ ва ҳалкунанда буд. Дар маҷлиси халқӣҳамаи шаҳрвандони Афина ва Пирея,сарфи назар аз дороӣ ва мақоми иҷтимоиашон фаъолият мекарданд.

Маҷлиси халқӣ ваколатҳои хеле зиёд дошт. Дар он ҷо қонунҳои давлатӣқабул карда мешуданд, эълони ҷанг ва қатъ кардани он тасдиқ карда мешуд. Натиҷаҳои музокирот бо давлатҳои хориҷӣ тасдиқ (ратификатсия) карда мешуданд. Маҷлиси халқи шахсони сазоворро ба мансабҳои давлатӣ, аз он ҷумла ба вазифаи магистри давлати Афина интихоб мекард. Ҳисоботҳо мавриди муҳокима қарор мегирифтанд Ва ҳамаи масъалаҳои дигари давлатӣҳаллу фасл карда мешуданд.

Муҳокима ва қабули буҷаи Афина ва ҳуқуқи гражданӣ тӯҳфа намудан ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими Маҷлиси халқӣ буд.

Маҷлиси халқӣ натанҳо мақоми қонунгузори тамоми мамлакат, балки мақоми назораткунандаи вазъи идораи давлатӣ низ буд.

Маҷлиси халқӣ дар Афина дақиқан дар рӯзҳои муайян – дар 9 рӯз 1 маротиба ё ки 4 маротиба дар 36 рӯз ҷамъ меомад ва фаъолияти солонаи он аз 10 марҳалаиборат буд.

Барои ба низом даровардани кори Маҷлиси халқӣ тартиби муайяни фаъолияти он ба расмият дароварда шуда буд. Масалан, дар маҷлиси аввал масъалаҳои ҳарбӣ, озуқа, изҳороти фавқулодда, дурустии интихоби магистратҳои марбута санҷида мешуданд. Дар маҷлиси дуюм – тавсияҳо дар бораи корҳои шахсӣ, хоҷагӣ, андоз, савдо ва ғайраҳо. Рӯзномаи Маҷлиси халқӣ пешакӣ тайёр ва мавриди баррасии Шӯро қарор дода мешуд. Раисикунандагони маҷлис барои як рӯз аз тариқи қуръапартоӣ интихоб карда мешуданд.

Дар Маҷлиси халқӣ тартиби хеле демократии баррасии рӯзнома қабул карда шуда буд. Ҳар як гражданини Афина аз рӯи масъалаи мавриди муҳокима ҳуқуқи баромад карданро дошт. Вале дар баробари ин, аз минбари нотиқӣ бо суханҳои ношоям баромад кардан манъ буд. Ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз дороии худ, ҳуқуқ дошт ба муҳокима лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод намояд ва мумкин буд он қабул шавад.

Тавре ки сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, гражданинҳоиАафина дар баррасии ҳамаи масъалаҳо фаъолона ширкат меварзиданд, ҳисоботҳои пешниҳодшудаи амалдорон ва махсусан хароҷоти маблағҳои ҷамъиятиро ҳаматарафа месанҷиданд. Ҳар кадом магистрати Афина, сарфи назар аз мансаби ишғолкардааш, бо тарсу ларз рӯзи дар Маҷлиси халқӣ ҳисобот пешниҳод кардани худро бесаброна интизорӣ мекашид. Плутарх нақл мекунад, ки стратеги нахустини Юнон Перикл барои баромади худ дар Маҷлиси халқӣ ҳаматарафа тайёрӣ медид ва барои ҳамин дар зарфи якчанд рӯз касеро ба ҳузури худ роҳ намедод.

Шаҳри Афина Шӯрои 500 дар Афина

Шӯрои 500 ва Ареопаг.Қарорҳои Маҷлиси халқӣ, ки ба қонунҳои давлатӣ табдил меёфтанд, чун анъана бо суханҳои “Шӯро ва халққарор кард” оғоз меёфт. Ин формулаи ҳуқуқӣ нақши Шӯро (Буле)-ро дар низоми мақомоти давлати демократии Афин нишон медиҳад. Шӯро дар Афина чун Маҷлиси халқӣ мақоми намояндагии бообурӯи давлатӣ ба ҳисоб мерафт.

Шӯро аз 500 нафар аъзо иборат буд, он аз 10 фили Афина 50 нафарӣ ва дар маҷмӯъ 500 нафарро ташкил мекард. Аъзои Шӯро аз тариқи қуръапартоӣ интихоб карда мешуд. Вазифаҳои муҳимтарини Шӯрои 500 ташкили кори маҷлисҳои халқӣ ва иҷрои вазифаҳои он дар мавриди танаффусҳои байни ҷамъомадҳои Маҷлиси халқӣиборат буд, пеш аз ҳама рӯзномаи маҷлисҳо, буҷа, масъалаи таъминот аз озуқа ва лавозимоти ҳарбӣ. Шӯро ба сохтмони киштиҳои ҳарбӣ ва сохтмони биноҳои ҷамъиятӣниз назорат мекард.

Шӯрои 500 аз тамоми минтақаҳои давлати Афина таҳия карда мешуд. Аъзои Шӯро ба мӯҳлати як сол интихоб карда мешуданд, интихоби такрории онҳо танҳо баъди якчанд сол мумкин буд.

Шӯрои ареопаг.Дар баробари Шӯрои 500 ба низоми демократияи давлати Афина Шӯрои Ареопаг низ дохил буд. Ареопаг дар Юнон мақоми давлатии аз ҳама қадимтарин буда, нишонаҳои он ҳанӯз дар асрҳои IХ –VIIIто милод ба миён омадааст. Ареопаг дар нисбати Шӯрои 500 мақоми давлатии ашрофӣ (аристократӣ) буд. Он тахминан аз 40 – 50 нафар аъзо иборат буд.

Пешвоёни демократияи Афина ҷуръат пайдо карда натавонистаанд, ки Ареопаги аристократиро нест кунанд. Ареопаг дар асрҳои V – IV то милод вазифаи яке аз зинаҳои судиро иҷро мекард. Назорати меъёрҳои ахлоқии афинагиҳоро низ ба зинаи Ареопаг гузошта шуда буд.

Шахсони амалдори интихобӣ. Афинамаркази сиёсӣ,қароргоҳи иттиҳоди давлатҳои Юнон (иттифоқи якуми баҳрии Афина дар асри V то милод ва иттифоқи дуюми баҳрии Афина дар асри IV то милод) буд. Дар Афина аҳолии сершуморва сермилату касбу кори гуногун зиндагӣ мекард. Ин ҳама тартиби хуби идораи шаҳрро тақозо дошт.

Идораи шаҳр аз тариқи амалдорони махсуси интихобӣ, ки магистратур меномиданд, ба амал бароварда мешуд. Шӯрои 500 ба фаъолияти магистратурҳо назорат мекард. Магистратҳои олӣ дар Афина коллегияҳои архонтҳо ва стратегҳо буданд. Коллегияи даҳ архонт яке аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Афина ба ҳисоб мерафт, ки он аз асри VIIIто милод сар карда ҷуҷуд дошт. Салоҳияти архонтҳо хеле васеъ буд – корҳои ҳарбӣ, назорат аз болои маъракаҳои муҳими динӣ, муқаррар намудани баррасии парвандаҳои судии гуногун, аз он ҷумла ҳадя кардани ҳуқуқи гражданӣ ва ё гунаҳгор кардани шахс ба барҳам задани сохти давлатӣ.

Харитаи Аттика Шӯрои Ареопаг

Яке аз коллегияҳои бообрӯйтарини давлатӣ дар Афина коллегияи 10 стратег ба шумор мерафт. Стратегҳо ба ташкилоти ҳарбии роҳбарӣ мекарданд, сафарбарӣ ба қӯшун вазифаи онҳо ба шумор мерафт, дар мавриди амалиётҳои ҳарбӣ,онҳоро ва гарнизонҳо сардорӣ мекарданд. Стратегҳо ба маблугузории соҳаи ҳарбӣ масъул буданд ва ғанимати ба даст омадаро ихтиёрдорӣ мекарданд. Дар ҳолати ҷанг коллегияи стратегҳо вазифаҳои муҳимтарини сиёсии Афинаро дар дасти худ муттаҳид мекарданд.

Дар роҳбарӣ ба корҳои ҳарбӣ ба стратегҳо шахсҳои дигари интихобӣ кӯмак мерасониданд: 10 таксиархҳо, ҳайати гоплитҳо сарвара, 2 гиппарх – фармондеҳони қисмҳои савора, 10 филарх, ки қумандонҳои дастаҳои хурдтари савора буданд. Ба ин вазифаҳо шахсоне хоста гирифта мешуданд, ки қобилияти ҷангӣзоҳир карда бошанд. Вале вазифаҳои гражданӣ аз тариқи қуръапартоӣ интихоб карда мешуданд.

Дар низоми демократияи Афина коллегияюмагистратҳои зиёд вуҷуд доштанд, ки вазифаҳои асосии онҳо ташкили ҳаёти дохилишаҳрӣ буданд: 10 астином ба ҳолати тозагии шаҳр назорат мекард, 10 агораном ба қоидаҳои бозор назорат мекарданд, 10 метроном ба дурустии ченакҳо ва вазн масъул буданд, 10 ситофилакҳоҳамчун нозирони нон ба нархи нон назорат мекарданд. Ин коллегия хеле муфид буд, аз ин рӯ, дар миёнаҳои асри IV то милод шумораи он то 35 адад расид ва он дар баробари шаҳри Афина дар тамоми мамлакат фаъолият карда, масъалаи таъмини нонро ба зима дошт. Дар Афина коллегияҳои магистрҳо оид ба дигар соҳаҳои ҷомеаи демократӣниз самаранок фаъолият мекарданд.

Гелиея – суди қасамиён дар Афина Стратег Перикл

Суди қасамиён. Яке аз мақомоти муҳимтарини демократияи Афина Суди Қасамиён – Гелиея буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ он дар аҳди Солон – дар охирҳои асри VII- оғози асри VIто милод тавлид ёфтааст. Мақоми Гелиея дар асрҳои V – IVто милод хеле баланд мешавад.Суди қасамиёни Гелиея дар Афина дар ҳайати 600нафар шаҳрвандон аз ҳисоби онҳое, ки аз 30-сола ҷавонтар набошанд, таҷрибаи зиндагию дониш доранд, чун аъана падарони оилаҳо.интихоб карда мешуданд. Аъзои суди Гелиея ба 10 палатаи (дикастерия) ҳар кадом 600-нафарӣ тақсим шуда буданд: 500 нафар парвандаҳоро баррасӣ мекарданд ва 100 нафар эҳтиётӣ ба ҳисоб мерафтанд. Парвандаҳоро дар байни палатаҳо аз тариқи қуръапартоӣ тақсим мекарданд.

Ба суди Гелиея якчанд маротиба интихоб шудан мумкин буд, ки ин ба ғуншавии таҷрибаи гелиастҳо баҳри пешбурди бомуваффақонаи парвандаҳо кӯмак мерасонид. Дар Афина гунаҳгоркунандагони давлатӣ (прокурорҳо) ва сафедкунандагони (адокатҳои) давлатӣ вуҷуд надоштанд.

Муассисаҳои демократие, ки ин ҷо дар бораашон сухан рафт, тарзи демократии муассисаҳои давлатии идора, қонунгузорӣ ва татбиқи онҳоро дар Афинаи замони классикӣ таъмин менамуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.