Вазъи дохилии Юнон дар нимаи дуюми асри 6 – нимаи аввали асри 4 то милод

Муносибатҳо дар байни иттиҳодияҳои нисбатан пуриқтидори полисҳои юнонӣ – Иттиҳоди Пелопоннес, ки ба он Спарта сарварӣ мекард ва Иттиҳоди Аввали баҳрии Афина, ки ба он Афина роҳбарӣ мекард, вазъи дохилии Юнонро дар нимаи дуюми асри V то милодро муайян менамуданд. Ин иттиҳодҳо ба дастабандҳои пурзӯри ҳарбию сиёсӣ мубаддал гардида, дар байни онҳо зиддиятҳои ҳаматарафаи иҷтимоию иқтисодӣ низ ба миён омаданд. Дар ниҳояти кор ин зиддиятҳо то дараҷае тезу тунд мешаванд, ки ба яке аз ҷангҳои хунин дар таърихи Юнон – ҷангҳои Пелопоннес оварда расониданд. Муқовимати байни иттиҳодҳои баҳрии Пелопоннес ва Афина, пеш аз ҳама, аз рӯи фарқияти ҳамагониро дар сохтори онҳо, характеримуносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сохти сиёсии полисҳои дар ҳайати ин иттиҳодҳои ҳарбӣ мавҷудбуда муайян менамуданд.

ШАРҲИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИ ПЕЛОПОННЕС

Иттиҳоди Пелопоннес яке аз иттиҳодияҳои аввалини ҳарбию сиёсӣ дар олами юнонӣ буда, дар нимаи дуюми асри VI то милод ташкил ёфтааст ва дар марҳалаи аввал он полисҳоеро дар бар гирифт, ки дар Пелопоннес воқеъ буданд: дар Лаконика, дар қисмати кӯҳсориАркадий ва ҳамвории Элида.

Ҷангҳои Пелопоннес Лашкари Спарта

То миёнаҳои асри V то милод дар баробари Спарта ва Аргос ба ҳайати ин иттиҳод ҳамаи полисҳои Пелопоннес ва як қатор шаҳрҳои Юнони Миёна низ дохил шуданд, аз он ҷумла Фива ва полисҳои нисбатан хурди Фокида, шимоли Дорида, ҷазираҳои Левкада. Қисми зиёди давлатҳои иттифоқӣ, аз он ҷумла Спарта дар қатори полисҳои аграрӣ ва дорои соҳащои косибию тиҷорати суст рушдёфта, бо муносибатҳои ҷамъиятии архаистӣ ва сохтори олигархияи сиёсии мущофизакор (консервативӣ) меистоданд. Вале, дар баробари ин, полисҳои пурзӯр аз қабили Коринфи бузург, Мегара ва Сикион низ буданд, ки аз назари тиҷоратию косибӣ ва, дар маҷмӯъ,ҳаёти иқтисодии онҳо рӯ ба рушд царор доштанд. Ин шаҳрҳо полисҳои аграриро хуб пурра мекарданд ва имконияти (потенсиали)ҳарбию сиёсии Иттиҳоди Пелопоннесро баланд бардошта, ба яке аз иттиҳодияҳои пурзӯри ҳарбию сиёсии Юнони онвацта мубаддал гардонида буданд.

Лашкари сершумор ва хуб машқдодаи гоплитҳо, ки ба полисҳои аграрӣ фиристода мешуданд, бо флоти пурзӯр ва воридоти пулиизиёд аз марказҳои калони тиҷоратию косибӣ, чун Коринф ва Мегар пурра карда мешуданд, ки ин ҳама иқтидори Иттиҳоди Пелопоннесро боз ҳам баландтар мекард.

Мавҷуд будани иттифоқчиён шумораи зиёди полисҳои аграрӣ, аз як тараф, ва марказҳои тиҷоратию косибӣ, аз тарафи дигар, дар сохтори Иттифоқи Пелопоннес як заифию ноустувориеро низ ба миён овард. Ин буд, ки давлатҳои дар ҳайати иттиҳодбуда то он дараҷае мустақилияти худро нигоҳ доштанд, ки метавонистанд на танҳо бо полисҳои дигар, балки дар байни худ ҳам ҷанг кунанд. Дар он ягон хел маъмурияти идоравӣ набуд, ки ба корҳои дохилии иттифоқчиён дахолат кунад, инчунин мақомоти умумии молия ва пардохти доимии аъзопулӣ барои зарурати иттиҳод низ мавҷуд набуд.

Ӯҳдадориҳои асосии иттифоқчиён ин ба амал баровардани сиёсати хориҷии ба танзимдароварда ва иштирок дар амалиётҳои муштараки ҳарбӣ буд. Барои ин ҳар як полис вазифадор буд, ки ба қӯшуни иттиҳод шумораи муайяни ҷанговарон, саворааскарон ва киштиро сафарбар карда, маблағҳои аъзогӣпардохт намояд. Ҳар ҳайати ҳарбии полисҳо бояд худашро аз озуқа, сару либос ва аслиҳа таъмин мекард. Чунин ҳайат аз тарафи афсари худӣ роҳбарӣ карда мешуд.

Мақоми байнидавлатии Иттиҳоди Пелопоннес маҷлиси умумии ҳамаи иттифоқчиён буд, ки он дар Спарта зери роҳбарии эфорҳои он доир мегардид. Қарору тасмимҳои маҷлиси умумиро бояд апелла тасдиқ мекард. Қӯшуни иттифоқчиён бояд аз тарафи шоҳҳои спартагӣ роҳбарӣ карда мешуд ва флоти муттаҳидаро навархҳои спартагӣ фармонфармоӣ мекарданд. Дар маҷлиси умумӣ ҳар як полис, хоҳ он хурд бошад ва хоҳбузург, танҳо як овоз дошт. Ин ҳолат ба Спарта имконият медод, ки ба қабули қарори барояш маъқул муваффақ шавад. Узвият дар Иттиҳоди Ппелопоннес ихтиёрӣ ва баромадан аз он низ озод буд.

Иттиҳоди Пелопоннесназдики 200 сол вуҷуд дошт – нисбат ба ҳамаи иттиҳодияи ҳарбию сиёсии дигаре, ки дар Юнон вуҷуд дошта бошад, зиёдтар умр дидааст.

ИТТИҲОДИ АВВАЛИ БАҲРИИ АФИНА

Дар асри V то милод ба Иттиҳоди Пелопоннес бо Итиҳоди ҳарбию сиёсии дигар бо сардории Афина муқобил меистод. Он Иттиҳоди якуми баҳрии Афина номгузорӣ шудааст. Иттиҳоди якуми баҳрии Афина аз иттиҳоди он юнониҳое сабзида расидааст, ки сафҳои худро барои аз дасти форсҳо озод кардани шаҳрҳои Осиёи Хурд ва баҳри Эгей муттаҳид шуда буданд. Вале аллакай дар охирҳои ҷангҳои Юнону Форс Иттиҳоди баҳрии Афина аз доираи итиҳоди ҳарбӣ берунр баромада, вазифаҳои баландтарро иҷро мекардагӣ мешавад, аз он ҷумла масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати хориҷиро, ки дар воқеаҳои асри V то милодиҷро намудааст. Таърихи Иттифоқи якуми баҳрии Афинаро метавон ба ду давра тақсим кард: Симмахияи Делос (солҳои 478 – 455 то милод), вақте ки дар назди иттифоқчиён, пеш аз ҳама, озод кардани шаҳрҳои эллинии ишғолкардаи форсҳо дар Осиёи Хурд ва ҷазираҳои баҳри Эгей меистод ва давраи ҳукмронии сиёсии Афина дар иттиҳод, ки симмахияи Делосро ба шоҳаншоҳии Афина (архэ) мубаддал гардонид. Дар натиҷа Афина дар олами юнонии нимаи дуюми асри V то милод сиёсати фаъолонаро пеш мебурдагӣмешавад.

Ҷанговарони Афина дар ҷанги Пелопоннес Шаҳри Коринф (эҳё)

Иттиҳоди баҳрии Афина пайваста бо аъзои нав пурра карда мешуд ва то охирҳои солҳои 30-юми асри V то милод дар таърихи Юнон чӣ аз назари аъзо (қариб 200 полис) ва чӣ аз назари қаламраве, ки Иттифоқ дар зери назорати худ дошт ба иттифоқи калони ҳарбӣ табдил ёфт,. Ба ҳайатиИттифоқи Афина қисмати зиёди полисҳои Юнон, ки дар соҳилҳои баҳри Эгей ва дар ҷазираҳо буданд, дохил мешаванд. Аксарияти иттифоқчиёни Афинаро шаҳрҳои наздибаҳрӣ ташкил карда, дорои иқтисоди рӯ ба рушд, косибии нашъунамоёфта, тиҷорати фаъолонаи хориҷӣ, муносибатҳои мураккаби иҷтимоӣ ва сохти сиёсии демократӣбуданд.

Иттифоқи баҳрии Афина дар нисбати Иттифоқи Пелопоннес сохтори мураккабтар дошт. Дар он пеш аз ҳама дар он низоми ягонаи молиявӣ ташкил карда шуда буд, ки он хазинаи умумии иттифоқиро дар назар дошт. Хазинаи иттифоқӣ азҳисоби аъзоҳақии (фороси) ҳарсолаи полисҳопурра карда мешуд. Форос барои ҳар як полиси иттифоқӣ муқаррар карда мешуд ва ҳаҷми он ба имкониятҳои хоҷагии он вобаста буд. Агар бо ким –кадомсабабе даромади ин ва ё он полис меафзуд, пас ҳаҷми аъзопулии он зиёд карда мешуд. Ҳамин тариқ, ҳарсол ба хазинаи Иттифоқ аз 12 то 15,6 тонна филизи қиматбаҳо пардохт карда мешуд. Бо ин маблағ дар тӯли 6 моҳ артиши дорои 5 ҳазор аскар ва флоти иборат аз 200 киштии ҳарбӣ (триер) бо ҳайати 40.000 нафар баҳрнавардро таъмин кардан мумкин буд.Ҳаҷми форос ҳар чор сол таҷдиди назар карда мешуд ва ҳаҷми муайянкардаи форос барои ҳар як полис дар гелиси Афина тасдиқ карда мешуд. Хазинаи Иттифоқ дар ибодатгоҳи Олиҳаи Афина (дар Парфенон) – дар Акрополмаҳфуз нигоҳ дошта мешуд.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ИТТИҲОДИ БАҲРИИ АФИНА ДАР СОЛҲОИ 40-30 АСРИ V ТО МИЛОД

Бо ин хазинаи бойи худ Иттифоқи баҳрии Афина нерӯи бузургро ташкил мекард ва он метавонист сиёсати хориҷии худро дар олами юнонӣ фаъолона ба роҳ монада, мақсадҳои зеринро пиёда намояд: 1) васеъкунии минбаъдаи иттифоқ бо роҳи ба он ворид кардани шаҳрҳои нав аз ҳавзаи баҳри Эгей; 2) пурзӯр кардани таъсири Афина дар Юнони Бузург – ИталияиҶанубӣ ва Ситсилия; 3) роҳ ёфтан ба ҳавзаи баҳри Сиёҳ; 5) дар муҳосира монондани Иттифоқи Пелопоннес, заиф кардани таъсири сиёсии он; 6) Афинаро ба ҳукмрони аксарияти полисҳои Юнон табдил додан.

Ба ин мақсадҳо ноилшавии Афина, табиист, ки муқвимати пурзури Спарта ва ҳамсояи пуриқтидори он – Коринфро ба вуҷуд меорад. Солҳои 440 – 430 то милод замони муқовимати тезутунди ва сиёсии ду иттиҳоди нисбатан пурзури олами юнонии олами юнонӣ дар асри V то милод мегардад.

Харитаи ҷануби Рим ва Ситсилия Ҷазираи Эгина

Ба ҳайати Иттиҳод дохил кардани ҷазираи Эгина муваффақияти калони Афина буд. Сарфи назар аз муқовимати Спарта ва Коринф, афинагиҳо дар ҷазира лашкар фуроварда, лашкари Эгинароторумор карда, соли 458 то милод шаҳрро ишғол менамоянд ва деворҳои онро валангор карда ва ба Эгина товони ҷанг бор карданд, Дар он ҷо тартиботе ҷорӣ карда шуд, ки маҳз ба Афина маъқул буд. Эгина ба узви гапдарои Иттифоқи Афина табдил ёфта, ба хазинаи иттифоқ ҳарсола то 30 талант форос андоз пардохт мекард. Ба Афина муяссар гардид, ки бо муқобилони анънавии худ дар Пелопоннес – Аргос ва шаҳрҳои Фессалия муносибатҳои дӯстона барқарор намояд, Баъди ин муваффақиятҳо ҳокимияти Афина дар ҳавзаи баҳри Эгей аз тарафи ягон полис рад карда намешуд.

Дар солҳои 40-уми асри V то милод афинагиҳо ба татбиқи барнома оид ба муқаррар кардани ҳукмрони худ дар Назди баҳри Сиёҳ шурӯъ мекунанд. Солҳои 437 – 435 то милод эскадраи киштиҳои хеле хуб муҷаззаҳ ва мусаллаҳкардаи ва дастаи яккачини гоплитҳо бо сардории Перикл ба Понт фиристода мешавад. Дар натиҷа Иттифоқи Аафина давлатҳои навро ба зери таъсири худмедарорад, аз он ҷумла Иттиҳоди Пелопоннес, Юнони Миёна, полисҳои Беотия, Фокида, Доридаи Шимолӣ, ҷазираҳои Левкада. Роҳбарияти Пелопоннес акунун фаҳмиданд, ки ба воситаи роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ пеши роҳи рӯ ба васеъ ва пурзуршавии Афинаро гирифта наметавонанд. Бинобар ин, дар охирҳои солҳои 30-юми асри V то милод масъалаи ҷанг дар байни Иттифоқи Афина ва Иттифоқи Пелопоннес ба миён меояд.

Харитаи Иттифоқи Фокида Харитаи Иттифоқи Беотия

ҶАНГҲОИ ПЕЛОПОННЕС ДАР СОЛҲОИ 431 – 404 ТО МИЛОД

Мавҷудияти ду низоми тамоили иҷтимоию сиёсӣ ва блокҳои ҳарбию сиёсии полисҳои юнонӣ ва болоравии зиддият дар байни онҳо,оқибат ба ҷанги онҳо оварда мерасонад. Ҷанг дар байни ИттфоқҳоиПелопоннес ва Афина дар соли 431 то милод сар зад ва он 27 сол идома дошта, дар таърих “Ҷангҳои Пелопоннес” ном гирифтааст. Ин ҷангҳо сабабҳои иқтисодӣ, сабабҳои иҷтимоӣ ва сабабҳои сиёсӣдоштанд.

Афина ва аксарияти иттифоқчиёни он ба рушди соҳаҳои босуръат рушдёбандаи иқтисодиётҷидду ҷаҳд мекарданд: истеҳсолоти косибӣ, молӣ ва савдо. Спарта ва аксарияти иттифоқчиёни он бошанд, баракс, бештар дар самти соҳаи кишоварзӣвахоҷагии натуралӣфаъолият мекарданд. Ба¸фаъолияти шаклҳои рушди бемайлон соҳибони мулкҳо манфиатдор буданд. Маҳз онҳо аз мавҷудияти чунин иттиҳодияи васеи сиёсӣ фоида ба даст меоварданд, ҳамон тавре, ки Иттиҳоди баҳрии Афина буд. Ҳол он, ки доираҳои аграрии муҳофизакор (кӯҳнапараст), соҳибони заминҳои мулкии авлодӣ, баъзан аз меҳнати ғуломон истифода мебурданд. Одамони тобеъ чун илотҳо ва ё иҷорагирони саҳмгир, ки ба бозор робита надоштанд, ба истеҳсолоти косибӣвасавдои фаъолона манфиатдор набуданд. Ин қабил одамон ҳам Иттифоқи Пелопоннесро ва ҳам Иттиҳоди Спартаро дастгирӣ мекарданд.

Ихтилофҳо дар соҳаи сиёсат дар байни Афина ва Спарта аз ин ҳам тезу тундтар будаид: Афина дар Юнон ҳамчун пушту паноҳи демократия дониста мешуд, чунки ба доираҳои васеи гражданҳо, иштироки фаъолнонаи онҳо дар Маҷлиси халқӣ такя мекард. Спарта бошад, баракс, ба маркази ҷозибаи ҳама унсурҳои ашрофӣ (аристократӣ) табдил ёфта буд.

Аз ҷумлаи рақибони оштинопазири Афина ва сиёсатмадорони онҳо дар нимаи дуюми асри V то милод Коринф буд. Ба ин оштинопазирӣғайр аз сабабҳои номбурда рақобати тезу тунди иқтисодӣ бо Коринф низ зам шуд. Ин полис маркази калони савдою косибии Юнони Балкан буда, махсусан дар олами ғарбии юнонӣ, Италия Ҷанубӣ ва дар Ситсилия ва манфиатҳои ҳаётӣҳам дошт. Коринфиҳо дар ин ҷо маҳсулоти устохонаҳои косибии худро фурӯхта, аз ин ҷо маҳсулоти барои худ зарурро харидорӣ карда, ба мулки худ ворид месохтанд: ғалладона, равғен, чарм ва ашёи хоми гуногун.

То он замон, ки ҳокимияти Афина дар ҳавзаи баҳри Эгей ва Назди баҳри Сиёҳ паҳн гардида буд, Коринф ба истилогариҳои Афина тоқат мекард. Вале пешравии Афинаро дар самти Ғарб, ба Юнони Кабирро тобу тоқат надошт. Аз ҳамин сабаб то охирҳои солҳои 30-юми асри V то милод Коринф артиши қобили ҷанд ва талаю тороҷи қаламрви Атикаро талаб карда, то ки онро дар ҳолати вазнину ногувор гузорад.

Харитаи Пелопоннес Шоҳи Спарта Архидам

Мақсадироҳбарони Афина дигар хел буд. Онҳо хуб мефаҳмиданд, ки гоплистҳои онҳо дар малакаю маҳорати ҷангӣ ва шумора аз спартагиҳо заифу камтаранд. Стратегҳои Афина, пеш аз ҳама, Перикл, дар назар доштанд, ки нерӯҳои спартагиҳоро ба беруни деворҳои Афина пеш карда бароранд ва кӯшиши набарди сахти зидди қӯшунҳои Спартаро накунанд. Қувваи асосии зарбазани Афина бояд флоти бо аслиҳаи навтарин мусаллаҳион бошад, то ки дар он дастаҳои гоплитҳои ба муҳориба ҳаматарафа омода бояд Пелопоннесро аз тарафи баҳр муҳосира карда, дар ҷойҳои бештар заифи душман қӯшуни серҳаракат (десант) фуроварда, ҷазираҳои ҳамсояро забт намуда ва душманро дар ҳамон ҷое, ки ҳамлаи артиши Афинаро интизор нест, торумор кунанд.

Ҷанги Пелопоннес ба ду давраи асосӣ тақсим карда шудааст. Давраи якум ҷанги Архидам (солҳои 431 – 421 то милод) ном гирифтааст. Давраи дуюм истилои Ситсилия ва Ҷанги Декелей дар солҳои 415 – 404 то милодро дар бар гирифтааст. Дар солҳои 421 – 415 қарордоди оташбас риоя карда шудааст.

Ҷанги Архидам дар солҳои 431 – 421 то милод. Чунин номи ин марҳалаи ҷангҳои Пелопоннест аз номи шоҳи Спарта Архидам гирифта шудааст, ки сарфармондеҳи артиши муттаҳидаи Пелопоннес буд. Амалиётҳои ҳарбӣ дар як вақт дар якчанд ҷой оғоз гардиданд: дар Беотия,худи Аттика ва дар нимҷазираи Халкидика. Ҷанги Пелопоннес аз тарафи иттифоқчиёни Спарта – фивагиён дар шаҳрчаи начандон калон Платей, ки дар Беотика воқеъ гардида буд, вале ба ҳайати Иттифоқи баҳрии Афина дохил набуд, ғайричашмдошт оғоз меёбад. Вале спартагиҳо бо як ҳуҷум Платейро забт карда натавонистанд. Ба он аз тарафи Афина саривақт ёрӣ расонида шуд ва муҳосираи Платей қариб панҷ моҳ тӯл кашид. Қӯшуни асосии Пелопоннес қариб 60 ҳазор нафарро ташкил намуда ва онро шоҳСпарта Архидам сарварӣ мекард.

Дар оғози ҷанг ба Иттифоқи Пелопоннес муяссар шуд, ки ба лашкари Аттика шикаст дода, ҳама ҷоро ғорат карда, ба харобаҳо мубаддал гардонид. Перикл ба амал омадани ин вазъияро дар назар дошта, мардуми зиёдро дар қалъаю истеҳком ва ҷазираҳо панаҳва миқдори зарурии озуқа низ захира карда буд. Лашкари Перикл дар ин марҳалаи ҷанг асосан ба ҷангҳои ҳимоявӣ машғул буда, ба ҳамлаҳои фаъол ҳаракат намекард. Душманро фиреб дода, нақшаи фотеҳовари ҷанги зидди Спартаро ба кор бурдан лозим буд. Агар шикасти муваққатии Афина пешакӣ дар назар дошта шуда бошад, лекин вабои соли 430 то милод ба сари қӯшун ва сокинони Афина омадаро касе интизор набуд. Он нақшаи ҷангии стратегҳои Афинаро вайрон кард.

Ҷанги якуми Пелопоннес гоҳ ба бартарии як тараф ва гоҳ бо бартарии тарафи дигар анҷом ёфта, соли 422 то милод спартагиҳо дар наздикии Амфипол бар қӯшуни афинагиҳоғолб мебароянд. Лекин дар ин муҳориба ҳарду фармондеҳони спартанӣ – Клион ва Брасил ҳалок гардиданд. Спартагиҳо Амфиполро дар дасти худ базур нигоҳ медоштанд ва аз ин бештар кори дигаре карда натавонистанд.Онҳо беоянда будани ҷангро бар зидди Аттика хуб фаҳмиданд. Ҳамин тариқ, дар байни тарафҳои муқобил ба муддати 50 сол созишномаи сулҳи Никиевроба имзо расонида, ҳарду тараф асиронро ҷавоб доданд ва ӯҳдадор шуданд, ки ғуломони гурезаро қабул намекунанд. Дар амал бошад, ин сулҳ кӯтоҳмуддат буд ва он баъди чанде вайрон карда шуд.

Ҷанги дуюми Пелопоннес (солҳои 415 – 404 то милод).Дар ин ҷанг ташаббускори оғози амалиётҳои ҳарбӣ Афина шуд.Иттиҳоди баҳрии Афина то соли 415 то милод тавонист молияро барқарор карда, хазинаро бо маблағи зарурӣ пур кунанд, пеш аз ҳама, аз ҳисоби зиёд кардани аъзопулии форос, флоти нав ва дастаҳои гоплитҳоро ташкил намуда, оварӣ ҳосил карданд, ки акнун ба таври кифоя ба идомаи ҷанг тайёранд.

Самти асосии стратагии ҳуҷуми Афина боз ҳам тарафи Ғарб интихоб гардид ва ин бесабаб набуд. Мавқеи Афина дар ҳавзаи баҳри Эгей мисли пештара шикастнопазир ба назар мерасид ва Спарта ҳам дар бораи ба ин минтақа ҳамла кардан майле надошт. Вале дар самти Ғарб вазъят мураккабтар буд. Дар давраи ҷанги Архидам Афина дар вилоятҳои ғарбии Юнон якчанд истеҳком бунёд карда буд – дар Кефера, Пилос, Навпакт,КафалленияваЗакинф. Онҳо қадқади роҳи баҳрӣ ба суи Юнони Кабир мавқеи мустаҳками Афинаро таъмин карданд.Ба қарордоди сулҳи соли 421 то милод нигоҳ накарда Афина ба Спарта Кифер ва Пилосро барнагардонид. Дар баробари ин, Афина ба он умед мебаст, ки ихтилоф дар байни Спарта ва Коринф сарзада оид ба баста шудани созишномаи Никиев имконият намедод. Гузашта аз ин,Коринф ва Беотия ба бастани ин созишнома мухолиф буданд ва ба Спарта ошкоро норозигӣ изҳор мекарданд, ба корҳои Ситсилия дахолат намекунад.

Афина ин лаҳзаро барои татбиқи нақшаи мазкур,яъне дар Ҷануби Италия ва Ситсилия барпо кардани салатанати худ хеле мусоид ҳисобида, флот ва артиши бузурги худро барои фуровардан дар Ситсилия (соли 415 то милод) тайёр мекунад. Ҳамагӣ ба лашкаркашии ситсилиягии солҳои 415 – 413 то милод зиёда аз 200 ҳазор триер, 10 ҳазор гоплит ва 28 ҳазор ҷанговари сабукяроқ ва белзани киштиҳо иштирок карданд. Лашкаркашии мазкурро лашкаркашони беҳтарини Афина – Никий ва Ламах сарварӣ мекарданд.

Истеҳкоми Пилос Истеҳкоми Навпакт Истеҳкоми Закинф

Дар ин ҷанги дуру дароз флот ва лашкари Иттифоқи баҳрии Афина шикаст хӯрда, захираҳои мавҷуда низ ба итмом расиданд. Артиш ва флоти Спарта соли 405 то милод шаҳри Афинаро муҳосира карданд ва инҳолат якчанд моҳ давом карда, ба шикасти пурра ва таслими Афина анҷом меёбад. Ҳамин тариқ, соли 404 то милод Ҷанги дуюми Пелопоннес ва умуман ҷангҳои Пелопоннес ба охир мерасад. Баъзе таърихнигорон ба шикасти Афина давлати Ҳахоманишиёнро сабабгор медонанд. Гӯё, ки дар лаҳзаи ҳалкунанда шоҳи Ҳахоманишиён ба Спарта кӯмаки молиявӣ расонида бошад.

test

Добавить комментарий