Маданияти замони классикии Юнон

Дар боби мазкур ба як истиснороҳ дода шудааст, ки он танҳо ба замони классикӣ нею ба ҳамаи марҳалаҳои таърихи Юнони қадим дахл дорад. Мо мавзӯи “Илми математика (риёзӣ)”-ро дар ҳамин боб додаем. Сабаб он аст, киҷараёни рушди ин илм дар алоқамандии пайдарҳамӣ аз замони архаистӣ то замони эллинистӣ сурат гирифтааст. Вайрон кардани ин алоқамандӣ ба хонанда тасаввуроти кулл намедиҳад Яъне ин ҷараёнро ҳамон вақте дарк кардан мумкин аст, ки илми математика (риёзӣ) на дар алоҳидагӣ (дар замони архаистӣ, классики ва эллинистӣ) балки дар ҳолати якҷоягии пайдарҳамӣ дода шавад. Тавре мушоҳида кардед, нисбати дигар ҷузъҳои маданияти Юнони қадим ба чунин истисно роҳ дода нашудааст.

ЭЪТИҚОДОТИ ДИНӢ ВА ТАСАВВУРОТИ МИФОЛОГИИ ЮНОНИҲО

Маданияти Юнон дар асрҳои V – IVто милод, ки он маданияти классикии Юнон номгузорӣ шудааст,аз ҷумлаи низомҳои мадании пурзӯртарини дунёи қадим маҳсуб мешавад. Махсусиятҳои муҳимтарине, ки ба ин маданият моҳияти фавқулодда медиҳанд, инҳоанд: пуррагӣ, гуногунӣ ва анҷомёбии қисмҳои таркибии маданият (илм, адабиёт, санъат, фалсафа), самтнокии башардӯсти (гуманитари)-и он, саҳми бузурги юнониҳо дар хазинаи маданияти ҷаҳонӣ, офаридани асарҳои оламшумул, ки маданияти эҷодии ояндаро ғанӣ гардонида, ба таври ҳаққонию таҳкимбахшба ҳаёти халқҳои Аврупои Ғарбию Ҷанубӣ, ҳавзаи Баҳри Миёназамин, баъзе минтақаҳои Осиёи Ғарбӣ ва Назди баҳри Сиёҳ, дохил гардиданд. Метавон якчанд омилҳои рушди оламшумули маданияти Юнони замони классикиро ном бурд.

Ягон соҳаи маданияти муосир – он хоҳҷуғрофияю тиб бошад ё меъморию театр, адабиёту варзиш ёриёзию нуҷум, бе таъсири чуқури юнониҳо тасаввур кардан мамкин нест. Саҳми юнониҳо дар рушди фалсафа хеле бузург аст. Кадом унсури бунёдии ҷомеаи Юнони қадим сабабгори дастовардҳои оламшумал гардидааст? Мифология он заминае буд, ки дар асоси он натанҳо санъат ва адабиёт тавлид ёфта, рӯ ба рушд ниҳод, балки аз ин замина фалсафаи юнонҳо низ ғизо гирифтааст.

Худоҳои асотирии юнонӣ

Маданияти юнониҳо, пеш аз ҳама,дар асоси тарзи истеҳсолоти беист болораванда ва иқтисоди муташаккил ба вуҷуд омада, ташаккул ёфта, бештар ба бозор нигаронида шуда буд, яъне иқтисоди бозорӣ будааст. Ин низоми иқтисодӣ истеҳсоли маҳсулоти изофаро аз ҳисоби истисмори муташкил ва самараноки кормандон таъмин карда, ба имкониятҳои моддӣ баҳри ташаккули эҷодиёти маданӣ мусоидат мекард. Синфи ҳукмрон, ки аз моликиятдорони мулкҳои нисбатан хурд, устохонаҳо ва киштиҳо иборат буд, бояд дар ташкили истеҳсолот фаъолона ширкат меварзид. Полисҳо яке аз омилҳои иқтисодӣ буданд. Асоси иҷтимоии ташкили полисҳоро пеш аз ҳама, заминдорони миёнаҳол ташкил менамуданд, ки онҳо гражданҳои комилҳуқуқ буданд. Ин категорияи гражданҳо аз дидгоҳи иҷтимоию иқтисодӣ, масалан, нисбат ба ҷамоачиёни озод дар Шарқи қадим, ба қабули арзишҳои маданӣ бештар тайёр буданд.

Ҷараёнёбии эҷодиёти маданӣ дар полисҳои гуногуни Юнон дар сатҳи баландтари самаранокӣқарор дошт. Мавҷуд набудани табақаи чун дар ҳалқаи сарбаста ҳукмрон, ки аз оммаи асосии бюрократияи гражданҳо ва артиши кироя дар масофаи дурқарор дошт, муттаҳидшавии ҳокимият дар дасти Маҷлиси халқӣ, ҳарсола ва муттасил ивазшавии дастгоҳи идора ва назорат, фаъолнокшавии иштироки гражданҳо дар корҳои давлатӣ тарбияи шахсияти дорои тафаккури фаъоли маданӣ ва сиёсиро дар назар доштанд.

Худоҳои асотирии юнонӣ Корнамоии Тесей

Дар чунин шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ полисҳои Юнони замони классикӣҳам аз дидгоҳи маданияти моддӣ ва ҳам аз дидгоҳи фарҳанг ба дастовардҳои оламшумул муваффақ мегарданд. Меъморӣ, шаҳрсозӣ, киштисозӣ рӯ ба тараққӣ мениҳанд. Киштиҳое сохта шуданд, ки онҳо дар баҳрҳо то мамлакатҳои дуртарин ҳам рафтуо мекарданд. Зебопарастии комилу васеъи маданияти Юнон аз бисёр ҷиҳат бо шарофати табиати муҳит ба миён омада буд. Дар Юнони Балкан, ки мамлакати начандон калони дорои кӯҳҳое мебошад, ки қаламрави онро ба пораҳои сершумори водиҳо тақсим кардааст. Ин кӯҳҳои бо олафзор пӯшонида то соҳилҳои баҳр рафта расида, ба баҳрҳои беканор пайваста мебошанд.

Табиати Юнони Балкан гуногунранг буда, дар ҳамоҳангии боду ҳаво, кӯҳҳо, набототу ҳайвонот, дарёю баҳрҳо ва ғайра ба рушди маданияти Юнони замони классикӣ шароити зебои табииро ба вуҷуд овардаанд. Барои ҷаҳонбинии юнониёни қадими замони классикӣ, барои кулли маданияти Юнон эҳсоси зебои табиат хос буда, он дар мутаносибӣ ва ҳамоҳангии табиӣ асос ёфта, дар мусиқӣ. фалсафа, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, адабиёт ва ғайра ба таври гуногун инъикосу татбиқ гардидаанд.

Дин қисми таркибии маданияти Юнон буд ва ба он таъсири бузург расонидааст. Дар масъалаи дин Юнон низ ҳамон зинаҳоеро тай намудааст, ки динҳои халқҳои дигар тай намудаанд. Дар асри Vто милод ҳатто дар баъзе ҷойҳои Юнон сангро мепарастиданд, дар Афина ба зайтун ва дар Додон ба дарахти дуб саҷда мекарданд, ки гӯё шилдироси баргҳои он дар бораи оянда ҳарф мезадаанд.

Тасвири худоҳои юнонӣ дар аввал дарғӯлачӯбҳо сурат мегирифт. Дар дини халқии юнониҳо худоҳое низ вомехӯранд, ки симои нимҳайвонии худро нигоҳ доштаанд: парӣ – нимзану нимпарранда, переидҳо ва уританҳо – ниммоҳиҳо, сфинксҳо – бо сари занона ва тани шер, сатира – бо пашм пӯшидаи бо шохҳои такка ва дум, кинтаврҳо – нимаспҳо ва ғайраю ва ҳоказоҳо. Дар замони классикӣ бештари худоҳои асосии юнониҳо аллакай симои инсонӣ доштанд. Гарчанде боқимондаҳои бутпарастӣ (тотемизм) боқӣ монда буданд, аз қабили “Гераи Волоок”, “Афинаи Совоок”, “Аполлони Ликей” (“бузург”), паррандаи муқаддаси Зевс уқоб буд, ҳамсафари Афина – бум, Артемида – оҳу, Гермес – барра, худои табобати Асклепия – мор ба ҳисоб мерафт. Дар асотире Зевс ба гов ё уқоб мубаддал мегардид, Артемида бошад, – ба оҳу ё хирс. Худоҳои дигари ба инҳо амсол низ мавҷуд буданд.

Юнониҳо худои ҳосилро бо номҳои занонаи гуногун – Гея, Рея, Деметра ва ғайра ном мебурданд. Дар Афина ва полисҳои дигари Юнон воқеоти асрорангез (мистерия) рух медоданд, ки онҳо мақсад доштанд ҳосилхезии заминҳоеро таъмин намоянд, ки дар киштукор ва нигоҳубини онҳо занони шавҳардор иштирок карда тавониста бошанд. Юнониҳо дар баробари худоҳои номбурда Офтоб, Моҳтоб ва ситораҳоро низ мепарастиданд; Аполлон бо тахаллуси “Феб” (“шӯълаафкан”), худои равшанӣ, хоҳари ӯ Артемида – олиҳаи Моҳтоб номида мешуд. Дар баробари ин, баъзе худоҳо ба сайёраҳо шабеҳ (монанд) тасаввур карда мешуданд.

Парастидани ниёгони қадим дар ҷомеаи юнонӣ дорои мақоми муҳим буд. Авлодҳо пайдоиши худро аз худоён медонистанд. Асотирҳо дар бораи никоҳҳои худоҳо бо занҳои фавтида, ки зурётҳои онҳо асосгузорони авлодҳои машҳур шудаанд, вуҷуд доранд. Дар ҳар кадом авлод ва ҳар оила муқаддасоти худ – хонадони оила ва мазорҳои ниёгон ба вуҷуд меоянд. Ҷамоа инчунин дорои муқаддасгоҳи худ – ибодатгоҳ ва дар ҳавои кушод соҳиби намозгоҳи – ҷои қурбонӣ, ҷангалзору обамборҳои муқаддас доштанд. Юнониҳо худоҳоро ҳамчун мавҷудоти зинда медонистанд, гарчанде ки бузургу ба инсонҳо наздику фаҳмо мешумориданд.

Хар як юнонӣ ба худохо шахсан курбонӣ мекард, вале дар айни замон ба мусоидати коҳинон эҳтиёҷ надошт. Вазифаи коҳинон аз мушоҳидаи муқаддасгоҳҳо, ташкили иду тантанаҳо, шарҳу эзоҳи пешггӯиҳо иборат буд. Мансабҳои коҳинӣ, бо баъзе истисноҳо, интихобӣ ва ивазшаванда будаанд. Коҳинон гурӯҳи махсуси ҷомеаро ташкил намекарданд ва ба ҳаёти полисҳо таъсир намерасониданд.

Ҳар кадом ҷамоаи юнонӣ худои маҳаллии худро дошт: Худои Афина полиси Афинаро пуштибонӣ мекард, Гера – Самосро, Артемида – Спартаро ва ғайраҳо. Дар аввал ҳокимияти худо берун аз ҳудуди ҷамоа паҳн намещуд. Дар сурати шикаст хурдани ҷамоа, пуштибони он ҳам ба шикаст дучор мешуд: ба шарафи ӯқурбонӣ карданро қатъ менамуданд ва муқаддасгоҳи чунин худо ба харобазор табдил меёфт. Ба ҳар ҳол худои шикастхурдаро ба хотири мабодои қассосгириаш ба таври пурра рад намекарданд ва ҳайкалчаи ӯро одатан ба ибодатгоҳи худои ғолиб бурда мегузоштанд. Ҳамин тариқ, дар замони қадим дар Аттика худои бузургҷусса Паллаит парастида мешуд, ки мутобиқи ривояти асотирӣ дар ҷанги байни худоҳо ва бузургҷуссаҳо аз тарафи Афина мағлуб карда мешавад. Ин асотирмумкин аст лаҳзаи ғалабаи Афинаро бар яке аз ҷамоаҳои хурди Аттика инъикос карда бошад; аз номи Паллинта тахаллуси Афина ба миён омадааст: Афинра-Паллада. Якҷояшавии парастиши худоҳо бо сабаби мавҷудияти якчанд ном доштани худоҳои дигар низ ба амал омадааст: Феб-Аполлон, Викх-Дионис, Посейдон-Эрехтей ва ғайра.

Ҳанӯз аз замони тамаддунҳои Криту Микена гурӯҳи худоҳои асосӣ шинохта шуда, худоҳои дигар бошанд, ба худоҳои асосӣ дар ҳолати тобеият тасаввур карда мешуданд. Нисбати бисёрии онҳо калимаи «худо»-ро қариб истифода набурда, нимфаҳо, демонҳо, қаҳрамонҳо ва нимхудоҳо ном мебурданд. Дар давраи рушди босуръати полисҳо дини умумиюнониро бо номи кӯҳҳои Олимпи дар Фессалия воқеъгардида Олимпӣ ном мебурданд. Мутобиқи ривоятҳо ҳамаи худоҳои асосӣ дар ағбаи барфпуш, дар қасрҳои тиллогин ҳамчун ҷамоаи муштарак зиндагӣ мекардаанд. Мувофиқи ривоятҳо дар байни худоҳо мубориза барои ҳокимият авҷ мегирифтааст. Насли аввалини худоҳо Худои Олимпиро, ки Зевс сарварӣ мекард, сарнагун карда будааст.

Худоҳои Олимпӣ соҳаҳои гуногуни хаётро дар рӯи замин идора мекунанд: Худои Осмон раъду барқдор – Зевс, шоҳи худоҳо ва одамон мешавад. Ба бародари ӯ Посейдон, ки дар аввал шоҳи Замин буд, баъд пуштибони соҳаи асппарвар, соҳиби баҳрҳо буда, баҳрнавардонро низ пуштибонӣ мекард. Бародари дигари Зевс – Аид-Плутон шоҳигарии зеризаминии мурдагон ва бо ҳамроҳии хоҳараш Деметрий ҳосилнокии заминро ба зима доштааст.

Апполон Артемида Асклепия

Фарзандони Зевс низ ба ҳайати худоҳои Олимпӣ дохил буда, ба машғулиятҳои одамон роҳбарӣ мекарданд. Духтари дӯстдоштаи Зевс – Афина ба одамон касби бофандагӣ ва парвариши дарахти зайтунро ёд медод, ба косибону олимон кумак мерасонид ва сипари ӯ соябони одамоне мегардидааст, ки ба корҳои осоишта майлу рағбат доранд. Камони камонвар Аполлон ба лира мубаддал мегардад (дар назар дошта мешуд, ки лира аз садои чарангосни банди кашидаю сардодаи камон ба вучуд омада будааст) ва худи Аполлонро бошад, ҳамчун пешвои Нӯҳ Муз, худои ҳофизон, мутрибон ва пешгӯикунандагон эҳтиром мекарданд. Писари Зевс ва Гор – Гермес, косибии оҳангариро пуштибонӣ мекард, ҳамсари ӯ Афродита, ки як вақтҳо олиҳаи ҳосил буд, олиҳаи ишқу муҳаббат (на танҳо ҷисмонӣ, балки маънавӣ) ҳам мешавад. Гермес, ки худои чорвопарварони кӯҳӣ буд, паёмбари шоҳҳо шуда, ба мусофирони дар сафарбуда, ба савдогарон ва ҳатто ба дуздону судхӯрон кӯмак мерасонад. Артемида пуштибони шикорчиён буд, Арес – худои ҷанг ва Вакх-Дионис бошад, пуштибони токпарварӣ будааст. Вале аристократҳо Дионисро ба қатори худоҳои Олимпӣ дохил накарда буданд.

Сарфи назар аз он, ки дини олимпӣ дар аксарияти полисҳо дини расмӣ мегардад (дар Афина баромад ба муқобили он ба ҷинояти давлатӣ баробар дониста мешуд)., эътиқодоти кӯҳнаи халқӣ аз байн нарафта, дар нақлҳо дар бораи аҳамият ва пайдоиши худоҳои олимпӣ дар ҳар як ҷамоа асотиру ривоятҳо вуҷуд доштанд, махсусан дар бораи қаҳрамононе, ки, чун қоида, аз иттифоқи Зевс бо занҳои вафоткарда ба вуҷуд омада буданд. Дар ин қиссаҳо ёддоштҳои печдарпеч дар бораи рӯйдодҳои воқеии гузаштаи дур бисёр вомехӯранд. Асотирҳое, ки дар тамоми Юнон машҳур мешаванд, ба силсилаи асотирҳои гуногун табдил ёфта буданд. Масалан, асотирҳо дар бораи Геракл ва қиссаҳо дар бораи ҷанг дар Троя аз ҳамин қабиланд.

Афина Гера Гермес

Дар робита ба рушди тиҷорати байналхалқӣ, аҳамияти муқаддасгоҳҳои умумиюнонӣ низ афзоиш меёбад. Ҳамаи полисҳо ӯҳдадорӣ мегирифтанд, ки чунин ибодатгоҳҳоро аз ҳамла муҳофизат мекунанд. Ин кор заминҳои онҳоро барои мубодила ва савдо нисбатан ҷойи бехатар мегардониданд. Зиёраткунандагони ба ибодатгоҳҳо роҳ пешгирифта низ ба зери ҳимоя гирифта мешуданд. Дар мавриди дар муқаддасгоҳҳои умумиюнонӣгардонидани ҷашну маъракаҳои гуногуни динию давлатӣ полисхо дар байни худ муваққатан сулҳ мебастанд. Ин тадбирҳо, чун анъана, бо мусобиқоту озмоишҳои варзишӣ, бадеӣ ва ярмаркаҳо сурат гирифта, аз ин хотири иштирокчиён шоду мамнун ва болида мегардид.

ТАЪРИХНИГОРОНИ МАШҲУРИ ЮНОНИ ҚАДИМ

Асосгузори ин жанри адабӣ дар таърих Геродот (солҳои 484 – 425 то милод),зодаи шаҳри Галикарнаси пойтахти Кария буда, он дар соҳилҳои баҳри Миёназамини Осиёи Хурд ба дунё омадааст. Ин шаҳр аз тарафи муҳоҷирони юнонӣ тахминан дар асри VIII то милод бунёд карда шудааст. Аз рӯи ҷои таваллуд таърихнигор Геродоти Галикарнас ном мегирад. Дар ин шаҳр яке аз 7 мӯъҷизаи олам маъбади – шоҳи Кария Мавсола воқеъ гардидааст. Гародот дар давоми умр ҳам дар дохили Юнон ва ҳам берун аз он – дар кишварҳои гуногуни замони худ сафарҳои хеле зиёди омӯзишӣ доштааст. Дар натиҷаи ин, ба ӯ муяссар мегардад, ки дар минтақҳои олами антиқӣ ҳузур дошта, онҳоро хуб омӯзад. Геродот оид ба ҷангҳои Юнону Форс рисолаеро иборат аз 9 китоб бо нами “Таърих” – “История” таълиф намудааст. Чор китоби аввали он ба пайдоиши давлати шаҳаншоҳии Форс(Ҳахоманишиён) бахшида шуда, ба онҳо инчунин баъзе маълумотҳо дар бораи давлатҳои дигар низ дохил гардидаанд. Дар панҷ китоби боқимондаи худ Геродот ҷангҳои Юнону Форсро то соли 478 то милод ба қалам додааст. Ин асари Геродот оид ба олами антиқӣ сарчашмаи муҳимтарини дониш буда, дар он маводи дорои далелҳои сершумор ва такрори қиссаҳои зиёди хонда ва ё шунидаи муаллиф оид ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию мадании Юнон ва берун аз он инъикос гардидаанд.

Геродот Фукидид Ксенофонт

Фукидид (наздики солҳои 460 – 396 то милод) таърихшинос ва стратеги Афина буд. Фукидид барои аз даст додани шаҳри Амфипол (соли 422 то милод) аз вазифаи фармондеҳии қӯшун сабукдуш ва бадарға карда мешавад. Фукидид ҳангоми дар бадарғагӣ будан “Таърихи Ҷанги Пелопоннес”-ро менавискад. Дар оғози асар, Фукидид дар бораи таърихи барвақтаи Юнон, замоне, ки занӯз бархурд дар байни Афина ва Спарта пӯхта мерасид, очерки мухтасар ҳам менависад, Усули таълифи Фукидад аз усули навишти Геродот тафовут дошт. Китоби Фукидид пур аз қиссаюривоятҳо буда, яке аз қуллаҳои баланди таърихнигории замони антиқа ба шумор меравад.

Таърихнигори дигариЮнон аристократи (ашрофи) АфинаКсенофонт (наздики солҳои 445 – 355 то милод) буд. Ксенофонт нисбати демократияи Афина муносибати душманона дошт, бинобар ин, Афинаро тарк мекунад. Баътар ҷонибдори Спарта мешавад. Ксенофонт бо асари худ “Анабасис” машҳур буда,дар он дар бораи ба хона баргаштани аскарони зархариди юнониҳое,ки аз ҷониби шоҳзодаи (писари) Куруши Кабир ҷанг мекарданд, нақл мекунад.. Ксенофонт инчунин муаллифи асари “Таърихи Юнон” ҳам мебошад. Ксенофонт дар ин асарҳои худ Спартаро таърифу тавсиф карда ва демократияи Афинаро ба зери танқиди сахт мегирад.Китобҳои ӯ якчанд маълумоти муҳимтаринро оид ба таърихи Юнон ва иқтисодиёти он дар охирҳои асри V – оғози асри 4 IV nо милодро дар бар гирифтааст.

Полибий Страбон

Ктесийаз ыумлаи таърихнигори дигари маъруфи Юнони қадим буда солҳои ҳаёташ аниқ муайян набуда, аз рӯи баъзе сарчашмаҳо гӯё ки соли 441 то милод дар Книда – мустамликаи Спарта дар Осиёи Хурд ба дунё омадааст. Дар яке муҳорибаҳо бо форсҳо асири форсҳо мегардад ва дар тӯли 17 сол дар хизмати Ардашери II хизмат кардааст. Ба қалами Ктесий “Китоб дар бораи форсҳо” ё худ “Таърихи форсҳо” тааллуқ дошта, он аз 23 китоб иборат будааст, вале қисми ками онҳо то замони мо омада расидааст.

Полибий(солҳои 200 – 118 то милод)таърихнигори дигари маъруфи Юнони қадим, арбоби давлатӣ ва лашкаркаш буда дар Мегалопол таваллуд шудааст. Дар натиҷаи ғалабаи римиҳо дар муҳорибаи назди Пидне Полибий соли 168 то милод дар қатори 1000 ахей ба Рим бурда шудааст. Полибий муаллифи “Таърихи умумӣ” буда, он аз 40 ҷилд иборат мебошад. Вале то замони мо танҳо панҷ ҷилди аввали он омада расидааст. Дар асари худ Полибий дар бораи воқеаҳои таърихии дар Рим, Юнон, Македония, Осиёи Хурд ва минтақаҳои дигар суратгирифта маълумоти пурқиммат додааст.

Страбон(соли 64 то милод – соли 23 милодӣ)таърихнигор ва ҷуғрофияшиноси юнонӣ буда, дар Амасия, қароргоҳи шоҳҳои Понт, ба дунё омадаааст. Оилаи ӯ ба наздикони шоҳ Митридат тааллуқ дошт, вале бобои модариаш Страбонро барои он таъна мекунад, ки ӯ ба хотири қассос ба тарафи римиҳо гузашта, 14 қалъа ба онҳо супоридааст. Тавре, ки насаби Страбон нишон медиҳад, – Гней Помпей Страбон, ӯ шаҳрванди Рим будааст. Страбон муаллифи рисолаи “Таърих”, ки он боқӣ намондааст ва “Географияи” иборат аз 17 ҷилд бо пуррагӣ то ба мо расидааст ва барои омӯзиши ҷуғрофияи дунёи қадим сарчашмаи муҳим ба шумор меравад.

Дар ин ҷо мо танҳо шаш таърихнигори машҳури Юнони қадимро ном бурдем. Вале мувофиқи сарчашмаҳои дар ихтиёри мо қарордошта, рӯйхати таърихнигорони Юнони қадим 67 нафарро ташкил мекунад ва ҳар кадоми онҳо дар таърихнигории Юнон ва умуман дунёи қадим ҷой ва мақоми худро дорад, гарчанде ки дар онҳо донишҳои ноаниқ ва баҳснок ҳам кам нестанд.

РУШДИ ФАЛСАФА ВА СИМОҲОИ ФАЛСАФӢ

Барои юнониёни қадим амалия илми воқеӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, онҳо косибӣва санъатро аз илм ҷудо намекарданд. Дар баробари ин,ҳамаи намудҳои фаъолияти моддӣ ва маънавиро низ яке аз махсуксиятҳои ҷаҳонбинии Юнони қадим моҳияти берун аз шахсият вуҷуд доштан ба космополитизм хос буда, ба сифати қотеъона (комил) худи табиат, ки олиҷаноб ва дар тани кайҳонӣ хуб муташаккил аст, баромад мекунад. Азин рӯ, барои ҷаҳонбинии Юнони қадим ду роҳи тавзеҳи ба вуҷуд омадан ва рушд ёфтани маданияти моддӣ мавҷуд аст. Мувофиқи тавзеҳи аввал, ки ба Протагор (солҳои 480 – 410 то милод) тааллуқ дорад, одамон дар рушди бонизому мутаносиби ҳаёти ҷамъиятӣ бояд шукронаи худовандро кунанд. Дар юнониҳо худоҳо ба одамон натанҳо зоҳиран, балки аз рӯи рафтору кирдор ҳам монанд мебошанд.

Тавзеҳи дуюм, ки ба Демокрит (солҳои 460 – 370 то милод) таалуқ дорад,одамро офаридгори маданият мешуморад, ки онро дар тақлид ба табиат месозад. Чунин буд фаҳмиши аввалаи маданият ҳамчун таъсири аниқи мақсадноки инсон ба табиат, инчунин тарбия ва таълими худи ӯ. Аз ин рӯ, юнониёни қадим дар маданият ду нерӯи бо ҳам зиду муқобилро фарқ мекарданд – табиатӣ ва ахлоқӣ.

Протагор Демокрит Гераклит

Дар баробари пайдоиши сохти ғуломдорӣ гузариш аз тафаккури маънӣ (образӣ) ба мафҳумӣ ба амал меояд. Космогония (илме, ки пайдоиши объектҳо ва низомҳои кайҳониро меомӯзад, он оғози таҳқиқоти илмӣ буд) беш аз пеш бо тавзеҳи асотирии (мифологии) табиат дар ҳолати ихтилоф қарор дошт.

Давомдиҳандаи мактаби фалсафии Милет диалектики бузурги АтикаГераклит (солҳои 530 – 470 то милод) аз Эфеси воқеъ дар Осиёи Хурд буд. Таълимоти Гераклит – ин гузариши аввалини бошуурона аз ақоиди ҳиссӣ ба олами категорияю мафҳумоти идроки он мебошад. Мафҳуми “логоси” дохилкардаи ин файласуф ҳамчун қонунияти ҷаҳонии категорияҳои асосии фалсафии ӯ ба шумор меравад. Моҳияти асосии асарҳои ин файласуф, аз он ҷумла “Дар бораи табиат” дар ин бораи шащодат медищад. Мувофиқи ақидаи Гераклит олам ва табиат дар ҷараёни беисту тағйирот вуҷуд дошта, оташ нисбат ба ҳамаи ашёҳои табиатба тағйирёбӣ ва серҳаракатӣқодир аст.

Эпикур Горгий Антифонт

Дар маданияти Юнони Қадим ба файласуфони мактаби софичиён мақоми махсус тааллуқ дорад, ки дар байни онҳо Протагор (солҳои 490 – 420 то милод) ва Горгий (солҳои 483 – 375 то милод) аз Леонтий хеле машҳур мебошанд. Софистчиён (аз юнонӣ – “бомаҳорат”, ихтироъкор, хирадманд, донишманд, усто, рассом, бунёдкор, – омӯзгорони пулакии Юнони қадим оид ба хушбаёнӣ, суханварӣ, намояндагони самти номбурдаи фалсафа дар нимаи дуюми асри V – IV то милод) донишҳоро дарки оламу одам шуморида, маърифатро дар ҷойи аввал мегузоштанд. Беҳуда нест, ки ба хотири тарғибу паҳнкунии донишҳо дар байни доираи васеи шогирдон, софистчиёнро, намояндагони пешқадами маорифпарварони Юнони Қадим мешуморанд. Софистчӣ Горгий мефармояд: “Дарвоқеъ, чизе вуҷуд надошт, агар офаридан лозим меомад, пас маърифати (идроки) он имконнопазир мебуд.”. Барои софистчиён малакаи ёфтани мухолифат дар тасаввуроти устувору маъмули мавҷуда, аз он ҷумла, тасаввуроти динӣба қонунҳои тафаккури инсонӣ хос аст. Онҳо исбот мекунанд, ки муқаррароти маҷуда илоҳӣ нестанд, балкиҳамагӣ моҳияти ризоият дар байни одамон мебошад, ки онҳоро ислоҳ кардан имкон дорад ва зарур аст. Масалан,софистчӣАнтифонт дар бораи баробарии ҳамаи одамон “аз рӯи пайдоиши табиӣ” баҳо дода, мегӯяд, ки дар байни ғуломон ва озодагон тафовуте вуҷуд надорад.

Асоси бунёдии ақидаҳои фалсафии ин мактаби фалсафиро тасаввурот дар бораи мавҷуд набудани ҳақиқати қотеъ (ё худ комил) ва арзишҳои воқеӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, хулоса: неъмат ин чизест, ки инсон аз он лаззат мебарад ва разолат он чизе аст, ки инсонро ба ғаму ғусса гирифтор мекунад. Мувофиқи ин муносибат ҳақиқату арзишмандӣ диққати асосӣ ба ҷиҳатҳои равонии шахсият дода мешуд. Дар ин бора принсипи ҷамъбасткунандаи софиистон шаҳодат медиҳад. Ин андеша аз тарафи Протагор чунин баён шудааст: “Инсон ченаки ҳамаи ашёҳои мавҷудае ҳаст, ки онҳо вуҷуд доранд ва мавҷуд надошта, онҳо мавҷуд нестанд.”.

Дар маданияти фалсафии Юнони Қадим назарияи ҳастии Демокрит (солҳои 480 – 470 то милод) аз Абдер ва Эпикур (солҳои 341 – 270 пеш аз милод) аз ҷазираи Самос мақоми муҳим дорад, ки он сохти оламро қотеона материалистӣ шуморида, ҷасурона баён медорад, ки тамоми олам аз маҷмӯи атомҳо (атомҳо-заррачаҳои хурдтарин)и тақсимнашаванда) иборат буда, дар он атомҳо дар ҳаракатанд ва онҳо абадианд, нестнашавандаанд нестанд ва тағйир ҳам намеёбанд. Пайвастагиҳои гуногуни атомҳо мавҷудоти гуногунро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ашёҳо ба вуҷуд меоянд ва вайрон мешаванд. Олам худ маҷмӯи саршумор дар ҷойи холии беохир дар ҳаракатбударо мемонад.

Мувофиқи ақидаи Демокрит олам на аз бенизомии воқеаҳои тасодуфӣ иборат аст, балки дар он ҳамаи мавҷудот бо сабаб ифода ёфтааст. Демокрит аввалин маротиба дар фалсафаи Юнони Қадим мафҳуми сабабро дохил карда, ҳамин тариқ, низоми детерминизми материалистиро таҳким бахшида тасодуфро рад карда, онро бо бесабабӣ як донистааст.

Суқрот Афлотун Арасту

Эпикур марҳалаи баландтарини рушди материализми атомии Юнони Қадим мебошад. Ӯ дар дасти пайрави Демокрит – Навсифан (солҳои 380 – 320 то милод) таълим гирифта, баъди панҷ сол дар Метилел ва Ламисак ба Афина мекӯчад ва дар он ҷо то охири умр сарвари мактаби фалсафии ташкилкардаи худ бо номи “Боғи Эпикур” буд. Вазифаи асосии фалсафаи Эпикур коркард ва таҳияи этика – таълимот дар бораи рафтору интизом буд, ки он инсонро хушбахту босаодат мегардонад. Вале этика (ахлоқ) -ро дар ҳамон вақте сохтан мумкин аст, ки агар ҷойи инсон ҳамчун яке аз ҳиссачаҳои табиат дар табиат муайян гардида бошад. Аз ин рӯ, этика (ахлоқ) бояд ба физика, ки таълимот дар бораи инсонро дар бар гирифтааст, такя кунад. Дар навбати худ коркарди физика бояд пеш аз таҳқиқи маърифат ва меъёрҳои (критерияҳои) таҳқиқот (“каноника”) сурат гирад. Эпикур сенсуализми (ҳис кардан) материалистиро пуштибонӣ мекунад ва онро таҳким мебахшад. Ҳамаи он чиро, ки мо ҳис мекунем, ҳақиқат аст, ҳис кардан ҳаргиз моро фиреб намедиҳад. Хатоҳо дар натиҷаи баҳои нодурусти он чи, ки узвҳои ҳис дарк мекунанд, ба амал меоянд.

Таълимоти самти фаъолияти файласуфони атомчии материалистӣ, махсусан дар шахси намояндаи асосии он Демокрит, аз тарафи файласуфони идеалистӣ ва, пеш аз ҳама, Афлотун ва мактаби фалсафии ӯ ба зери танқиди сахт гирифта шудааст.

Олами муҳит ҳамеша дар ҳолати ҳаракати бетанаффус қарор дошта, чун оташ гоҳ фурузону асту гоҳ хомӯш. Гераклит бо қатъият таъкид мекард, ки “Ҳама чиз дар ҳаракат ва дар ҳолати тағйирёбӣқарор дорад”. Ҳаракатро муборизаи тарафҳои муқобил ба вуҷуд меоранд. Ҳавзаи баҳри Ионӣ яке аз марказҳои асосии фалсафаи материалистӣ ва диалектикии замони классикӣ буд.

Ба ин мактаби фалсафӣ мактаби фалсафаи Пифагорӣ ва Элеии “Юнони Бузург” муқобил меистод. Дар бораи таълимоти Пифагор (солҳои 580-500 то милод) маълумоти кам, вале дақиқ боқӣ мондааст. Ӯ дар Италияи Ҷанубӣ ҷамоаи динии асрорангези дорои тафаккури ашрофӣ (аристократӣ) – Иттиҳоди Пифагориро тавшкуил мекунад. Пифагорчиён дар таълимоти худ нисбат ба ҳамаи илмҳои дигар ба риёзӣ афзалият медоданд, зеро ба андешаи онҳо маҳз ин илм на ҳодисаю воқеаҳои дағал ва ноустувори олами моддиро таҳқиқ мекунад, балки бо моҳияти маънавии аз моддиёт рӯйпушбуда – бо рақамҳо сару кор дорад. Пифагорчиҳо ба асрори рақамҳо аҳамияти калон медоданд: воҳидро оғози кулл мешумориданд, ду – принсипи тарафҳои муқобилро ворид месозад, серо дар муқоиса ба ду оғози мусбат дода буданд.

Масъалагузорӣ нисбати қонуниятҳои миқдорӣ дар табиатро хизмати пифагориҳо шуморидан мумкин аст. Масалан, ба Пифагор муқаррар кардани робита дар байни шумораи мавҷҳои торҳо, ва баландшавии садо нисбат дода, дар ҳамин асос ӯро асосгузори назарияи мусиқӣ мешуморанд.

Асклепия Навсифан Анаксагор

Файласуфи Юнони Қадим, ки нуқтаи назари ахлоқии дигар дошта, зимни ин масъала гузаштагону ҳамзамонони худро ба зери танқиди сахт гирифтааст, мутафаккири машҳур аз Афина Суқрот (солҳои 469 – 399 пеш аз милод) буд. Суқрот нисбати омӯзгорони зархариду бефазилат нафрат дошта, аз онҳо бо он фарқ мекард, ки ҳеҷ вақт мактаби худро надошт. Ӯҳатто намехост, ки ақидаҳои худро нависад ва муздро қабул намекард. Аз ин рӯ, то замони мо ягон асараш боқӣ намондааст. Таълимоти Суқрот ба мо аз тариқи асарҳои яке аз шогирдонаш – Афлотун боқӣ мондааст, ки баъзан ақидаҳои худро ба забони устодаш ва Ксенофонт (сол 430 – тахм. соли 356 то милод), ки баъди сипарӣ шудани солҳои зиёдсӯҳбатҳоро бо Суқрот навиштааст, ки шояд на онқадар аниқҳам бошад.

Пифагор Сисерон

Суқрот, мутобиқи ақидаи нотиқи Рим Сисерон (солҳои 106 – 43 то милод) “фалсафаро аз осмон ба замин фуровардааст”. Ӯ худро ба як шахси соддалавҳе, ки дар кӯчаю майдонҳои Афина гашту гузор карда, гӯё ҳикматомӯзӣ мекарда бошад, сӯҳбату мулоқотҳо ташкил намуда, дар атрофи худ шунавандагони зиёдро ҷамъ мекард. Ҳамин тариқ, ба воситаи саволҳои худ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медод, ки ҳамсӯҳбатонашро маҷбур созад, то ки худаш ба махраҷи хулосаҳои ӯ ворид гарданд. Дар ин бора Суқрот чунин фармудааст: “Ба мисли он, ки доя ба таваллуди кӯдак кӯмак мерасонад, ман ҳам ба таваллуд ёфтани ҳақиқат кӯмак мерасонам”. Аз кулл ба ҷузъ рафта истода, Суқрот таҳқиқ мекард, ки кадом чиз аълодараҷа аст ва кадом чиз пастсират, кадом чиз одилона аст ва кадом чиз разилу беадолатона, кадом чиз фоиданок аст ва кадом чиз – бефоида.

Даъват ба такомули ахлоқӣ, ратсионализми муташаккил, боварӣ доштан ба хирад – ана ҳамин аст махсусиятҳои нисбатан хоси таълимоти таваҷҷӯҳангези Суқрот. Дар нисбати файласуфони хеле баъдинаи идеалист Суқрот бо он фарқ мекунад, ки ҷойи асосиро дар маърифати ҳақиқат ба хирад медиҳад, на ба худоҳо, рафтори инсон бояд ба қонунҳои ахлоқ (этика) тобеъ кунонида шавад, на ба тасаввуроти субъективии шахсони алоҳида. Аз рӯи ғоя мақоми худ Суқрот хирадманди халқӣ буда, мақсади ӯ мубориза бар зидди таълимоти шубҳанокии (скептисизми) софчиён (Протагор ва Горгия) иборат буд. Суқрот дар фалсафаи Юнони қадим аз Кайҳон ба инсон баргашта, масъалаҳои ҳаёт ва мамоти инсонро маънии мавҷудият ва рисолати инсон меҳисобад.

Яке аз файласуфони бузурги дунёи қадим шогирди Суқрот – Афлотун (солҳои 427 – 348 то милод) буда, дар оилаи ашрофе аз шаҳри Афина ба дунё омада, дар мактаб маълуқмоти хуб гирифта, шеър менавишт ва хоҳони даст задан ба фаъолияти сиёсӣниз буд. Вале қатли Суқрот ба Афлотун таъсири сахт расонида, ҷавобан ба он ба воситаи асари аз назари бадеият дорои аҳамияти бузург – “Апология” (бо юнонӣ “Сафедкунӣ”) ҳамчун акси садо ҷавоб мегардонад, ки дар он ду нутқи аълодараҷа ва баландмазмуни ҳимоявии ӯ мавҷуд буда, гӯё ки онро Суқрот дар мурофиаи суди худ эрод карда бошад. Ба “Апология” мусоҳибаҳои “Критон” ва “Федон” иртибот доранд ва дар онҳо дар бораи рӯзҳои охирини ҳаёт ва марги Суқрот нақл карда мешавад.

Баъд аз марги Суқрот Афлотун ба хулоса меояд, ки ҳамаи мамлакатҳои мавҷуда бадахлоқанд ва тасмим гирифт, ки лоиҳаи давлати адолатпешаро таҳия намояд. Боварӣ дошт, ки ба ягон шоҳи давлатҳои ҳамсоя афзалиятҳои онро бовар кунонида, ба таъсиси чунин давлат ноил мегардад. Барои ҷамъоварии маводи лоиҳаи худ Афлотун ба сафари дуру дароз баромада, ният дошт, ки бо сохти давлатии мамлакатҳои ҳамсоя шинос шавад. Афлотун дар тӯли 12 сол дар сафар буд ва дар ин вақт азМиср, Киренаика, Италияи Ҷанубӣ ва Ситсилия дидан мекунад. Дар Миср Афлотун ба тақсимоти меросии меҳнат дар байни табақаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кард, дар Юнони Бузург – иттиҳодҳои пифагориҳо, ки аристократҳои маҳаллиро муттаҳид сохта буданд. Ба Афина баргашта, Афлотун дар боғи қаҳрамон Академа мактаби фалсафии худро бунёд мекунад, ки он Академия ном мегирад.

Тавре ки дар болотар ҳам гуфта шуд, нишондодҳои Суқрот мантиқан дар асарҳои Афлотун инъикос гардида, таълимоти ӯ дар таърихи фалсафа дар шакли идеализми объективӣ номгузорӣ шудааст. Барои Афлотун ҳастии ҳақиқӣ ба олами абадии арзишҳои маънавӣ – олами ғояҳо тааллуқ дорад, на баракс. Ҳиссачаи чунин абадӣҷони инсон низ мебошад, ки мувофиқи ақидаи Афлотун моҳияти асосии тани инсонро ташкил дода, ба таълимот дар бораи инсон ва ҷон назарияи давлати Афлотун зич алоқаманд аст. Этикаи ӯ ба такомули насли инсон, тарбияи инсони комил, зимни ин ба давлати идеалӣ низ равона карда шудааст.

Афлотун инсонҳоро вобаста ба дар онҳо афзалият доштани ҷон ба се намуд тақсим кардааст: бошуур, самаранок (эҳсоси некӣ) ва ҳисси некукорӣ. Онҳо ба ростӣ, адолат, дар ҳама кор мӯътадилӣ асос ёфтаанд ва Афлотун мақоми ҳокимонро дар давлати идеалӣбаён сохтааст. Афзалияти қисмати самаранеоки ҷон ба инсон чунин сифати ҳавою ҳаваси некукорӣ медиҳад: нотарсӣ, шуҷоатмандӣ, итоат ба ӯҳдадорӣ. Ин сифатҳо хоси ҷанговар ё “муҳофизи” бехатарии давлат мебошад. Одамони намуди некӯкор бошанд, бояд ба кори ҷисмонӣ машғул шуда, бо ин роҳ соҳаи моддии ҳаёти давлат ва ҷомеаро таъмин намоянд, ки онҳо кишоварзон ва косибон мебошанд. Некукории ба ҳама умумиро Афлотун “ченак” меномад ва ченаки аз ҳама аълотарине,ки дар рӯи Замин вуҷуд дошта метавонад, давлати комилу адолатпеша мебошад. Аз ин рӯ, мувофиқитаълимоти Афлотун инсон бояд ба хотири давлат ҳаёт ба сар барад, на давлат ба хотири инсон, яъне давлати идеалии Афлотун пешрафтаи боадолат мебошад ва давлат нисбати инсон дар ҷойи аввал меистад.

Таълимоти идеализми объективии Афлотунро шогирди ӯ – Арасту (солҳои 384 – 322 то милод) ба зери танқиди сахт мегирад. Ӯ ғояҳои абадии Афлотунро абстраксияи хоме мешуморад, ки моҳияти предметро инъикос карда наметавонад. Арасту нишондодҳои Афлотун дар бораи мавҷудияти ғояҳоро новобаста аз чизҳои эҳсосотӣ танқид карда, заифии далелҳои идеалистии Афлотунро бо далелҳо исбот менамояд.

Арасту файласуф ва ҳамадони (энсиклопедчии) Юнони Қадим, олим, зодаи шаҳри Стигар дар Фракия, асосгузори илми мантиқ ва як қатор соҳаҳои махсуси дониш мебошад. Дар Афина дар мактаби Афлотун маълумот гирифта, дар байни идеализм ва материализм мекалавид. Соли 335 дар Афинабо номи Ликей мактаби худро мекушояд. Дар фалсафа Арасту ҷиҳатҳои зеринро фарқ мекард: 1) дар қисмати назариявӣ – таълимот дар бораи ҳастӣ, қисмҳои он, сабабҳо ва оғозҳо; 2) дар қисмати амалӣ – дар бораи фаъолияти инсон, ва 3) дар қисмати шоирӣ – дар бораи эҷодиёт. Аз назари Арасту предмети илм умумӣ буда, бояд аз тарафи ақл идрок шавад. Вале умумият танҳо дар ягонагии аз тарафи эҳсосот идрокшаванда ва маърифат ба воситаи он вуҷуд дорад.

Мероси бузурги адабии Арасту то замони мо ба таври пурра омада нарасидааст ва на ҳамаи матнҳои мавҷуда ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Асарҳои машҳури Арасту “Физика” “Метафизика”, “Дар бораи ҷон”, ”Категорияҳо” мебошанд. Таълимоти фалсафии Арасту дар робитаи зич бо таҳқиқотҳо оид ба табиатшиносӣ ва иҷтимоию сиёсии худи Арасту ва шогирдони ӯ аз Ликей қарор дорад. Ба доираи таваҷҷӯҳи Арасту илмҳои мантиқ, равоншиносӣ, назарияи маърифат, таълимот дар бораи ҳастӣ, космология, физика, экология, иқтисоди сиёсӣ, сиёсат, этика, педагогика, риторика ва эстетика ва ғайра дохил буданд. Ӯ баъзе нишондодҳои алоҳидаи Афлотун, атомистчиён, пифагориҳо ва материалистони гуногунро мавриди мулоҳиза ва танқид қарор додааст.

Таълимоти Арасту идеализми объективӣ буда, ба ростӣ на муттасил дар худ як қатор нишондодҳои асосии материалистиро низ дар бар гирифтааст. Ин таълимот дар натиҷаи танқиди таълимоти Афлотун дар бораи ғояҳо (идеяҳо) ташаккул ёфтаанд. Арасту беасос будани эҳтимолияти Афлотунро дар бораи “ғояҳо” бо дар назардошти мулоҳизаҳои зерин исбот менамояд:

1. “Ғояҳои” Афлотун нусхаи оддӣ, ё ки дугоника ва ашёҳои ҳисшаванда мебошанд ва аз аз рӯи мазмун – “намуд ё “ғояи” инсон дар амал аз нишонаҳои умумие, ки ба инсони алоҳида тааллуқ доранд, тафовуте надорад.

2. Бо сабаби он. ки Афлотун олами “ғояро” аз олами ашёҳо ҷудо кардааст, пас “ғояҳо” ба мавҷудияти ашёҳо чизе дода наметавонанд, гарчандеАфлотун бар он аст, ки ашёҳо ба “ғояҳо дахл доранд”, ин “дахлдорӣ”, чун “тақлиди” пифагориҳо аз таъклиди беасос бештар нестанд. Таълимоти Афлотун муносибатҳои “ғояҳоро” ба ашёҳо боз бо он сабаб фаҳмонида наметавонад, ки Афлотун қобилияти “ғояҳо”-ро дар мавҷудияти моҳияти бевоситаи ашёҳо рад мекунад.

3. Як ғоя нисбати ғояи дигар ҳамчун муносибати куллро ба ҷузъ тасдиқ намуда, ғояро ҳамчун моҳияти ҳастии ашёҳо дониста, Афлотун ба ихтилоф дучор мешавад: дар мавриди чунин фаҳмидан ҳар як ғоя, дар як вақт, ҳам моҳият аст, чунки ҳамчун умумӣ буда, дар ҳаҷми аз умум камтар ҳузур дорад, ва ҳам на моҳият, зеро худи он, дар навбати худ, бо “ғояи” аз он болотаре истода, моҳияти онро ташкил медиҳад,

4. Таълимоти Афлотун дар бораи новобастагии ашёҳои аз тариқи ҳиссӣ идрокшавандаи олам мавҷуд будани “ғояҳо” ва ашёҳои ҳиссӣ касро ба хулосаи барғалат меорад, зеро дар байни “ғояҳо” ва ашёҳои ҳиссӣ монандӣ вуҷуд дорад, чунки агар мувофиқи ақидаи Афлотун барои монандии ҳамаи онҳо бояд “ғояҳо” вуҷуд дошта бошанд, пас ғайр аз “ғояҳо”, масалан, “инсон” дар баробари ашёҳо бояд ғояи ба ӯ мувофиқ вуҷуд дошта бошад.

5. Ғояро аз олами арзишҳои абадӣ ва аз олами тағйирёбандаи идрокшавандаи ҳиссӣ ҷудо карда, Афлотун худро аз аз имконияти фаҳмонидани далелҳои таваллудшавӣ, марг ва ҳаракат маҳрум месозад.

6. Афлотун назарияи “ғояҳои” худро бо тахмину эҳтимолиятро дар бораи сабабҳои ҳама чизи бавуҷудоянда наздик карда, таълим медиҳад, ки ҳамаи ин эҳтимолиятҳо ба асоси ягона, вале асоси дар назар доштанашуда – ба ғояи “неъматҳо” бурда мерасонад. Вале ин андеша, дар навбати худ, ба мавҷудияти чунин мафҳумҳое мухолифат дорад, ки ба мафҳуми ягонаи сатҳи олӣ боло бардоштани онҳо имкон надорад.

Анаксагор аз Клазомени Осиёи Хурд (наз. 500-428 п.а.м.) –файласуфи Юнони қадим, материалисти ноустувор, вале идеологи демократияи ғуломдорӣ буд.

Тавре дида мешавад, дар фалсафаи антиқии Юнони Қадим дар бораи оламу одам, сохти сиёсии давлату ҷомеа, муносибат ба ҳаёти моддӣ ва рӯҳонӣ, ғояю ақадаҳои гуногун ба вуҷуд омада, нисбати ҳар кадоми онҳо ақидаю таълимоти мухолиф ва мувофиқ ба онҳо мактабҳои фалсафӣ ба миён омада буданд. Дар тавлиду ҷараёнёбӣ ва ташаккули фалсафаи Юнони индавраина файласуфони номӣ аз қабили Гераклит, Демокрит, Суқрот, Афлотун. Арасту ва баъзе мутафаккирони дигар дар ду ҷараёни фалсафии асосӣ – материализм ва идеализм парчамбардор буданд .

ИЛМИ МАТЕМАТИКА (РИЁЗӢ)

Юнониҳо донишҳои математикиро дар замони мустамликазабткунии бузург асосан аз Шарқҷамъоварӣ карда, ба онҳо “пераҳани юнонӣ” пӯшониданд. Башаклдарорӣ ва ба роҳи рушд даровардани илми математика аз ҷумлаи хизматҳои шоёни юнониҳо дар илму фарҳанг мебошад

Юнониҳо таҷрибаи аз Бобул ва Миср ҷамъкардаи арифметикӣ ва геометриро истифода бурдаанд, вале аз донишҳои боэътимоде, ки имконият медоданд таъсири онҳоро аниқ муайян намоянд, надоштанд. таъсири анъанаҳои маданияти Криту Микенаро бошад, қабул намекарданд. Сабаб он буд, ки донишҳои математикии аз Бобулу Миср оварда бар донишҳои дар худи Юнон мавҷудбуда афзалият доштанд. Маркази асосии илмии риёзии юнониҳоаслан шаҳри Искандария буд. Аксарияти риёзишиносони оламшумали юнонӣ маҳз аз ҳамин ҷо буданд. Таърихи рушди математика дар Юнони Қадим аз 4 марҳала иборат аст.

1. Марҳалаи ионӣ (тахминан солҳои 600 – 450 то милод). Дар натиҷаи рушди мустақилона ва дар асоси захираи муайяни донишҳои математикие, ки аз бобулиҳою мисриён гирифта шуда буданд, математика ба илми махсусе мубаддал гардида, ба усули дедуктивӣ асос меёбадт. Дар ин бора рисолаҳои баъзе пайравони натурфалсафаи ионӣ ва пифагориҳо шаҳодат медиҳанд. Мувофиқи маълумоти антиқӣ, маҳз Фалес ба ин ҷараён ҳусни оғоз бахшидааст. Вале хизмати воқеан ҳақиқӣ дар бунёдгузории риёзӣ ва геометрия дар Юнони қадим ба Анаксимандр тааллуқ дорад.

http://burdelov.narod.ru/Fales.jpg
https://encrypted-tbn3.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcTWlTDG9a_lg2qmfccb61cqN6m33UsbzPvzSwgsznusCleUnkwo5mUHnKtV
http://kk.convdocs.org/pars_docs/refs/62/61097/61097_html_3e47c28f.png

Фалес Теоремаи Фалес Анаксимандр

http://pics.livejournal.com/mi3ch/pic/001et2b1
http://www.philosophy.ru/phil/edu/ref/kisil/images/16.gif

Харитаи Анаксимандр Тасаввури Анаксимандр дар бораи олам

Файласуфони минбаъдаи Юнон низ дар рушди математика саҳм гирифтаанд. Гап дар сари он меравад, ки дар ин марҳала донишҳо ҳанӯз ба илмҳои алоҳида тақсим нашуда буданд. Ин аст, ки фвйласуфон низ ба таҳқиқоти математикӣ машғул мешуданд. Масалан, Демокрит, ба навхтан дар асбобҳои мусиқӣ мушоҳида карда истода, муқаррар намуд, ки баландии садодиҳии торҳо вобаста ба дарозии онҳо тағйир меёбад. Бинобар ин, Демокрит муайян кард, ки фосилаи байни гаммаҳоро метавон аз тариқи таносуби рақамҳои бутуни оддитарин инъикос намуд. Андешаро дар бораи сохтори атомистии фазо дар назар дошт, ки хатҳои болоӣ ва ҳаҷмҳо аз унсурҳои хурдтарин иборатанд. Ҳамин тариқ, ӯ формулаеро барои муайян намудани ҳаҷми конус ва пирамида месозад. Дар тафаккури риёзишиносии ин давра дар баробари ҷамъоварии маълумотҳои элементарӣ оид ба геометрия (ҳандаса),мавҷуд будани ҷанинҳои назарияи духелагии унсурҳои стереометрия, ташаккули назарияи умумии тақсимшавандагӣ ва таълимот дар бораи бузургӣ ва ченкунӣ арзи вуҷуд доштанд.

http://to-name.ru/images/biography/demokrit.jpg
http://www.krugosvet.ru/images/1002780_PH04816.jpg
https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/3/3b/Ippaso_di_Metaponto.jpg/220px-Ippaso_di_Metaponto.jpg

Демокрит Гиппократ Гиппаси Метапонтӣ

Ба Демокрит асарҳои зеринро нисбат медиҳанд: «Дар бораи ҳолати рӯҳии хирадманд», «Дар бораи некукорӣ», «Дар бораи сайёраҳо», «Дар бораи ҳиссиёт», «Дар бораи тафовути шаклҳо», «Дар бораи табъҳо», «Дар бораи рангҳо», «Дар бораи ақл», «Дар бораи мантиқ ё қанонҳо», «Сабабҳои ҳодисаҳои кайҳонӣ», «Сабабҳои воқеаҳои ҳавоӣ», «Сабабҳои ҳодисаҳои заминӣ», «Сабабҳои оташ ва ҳодисаҳои оташбор», «Сабабҳои садо», «Сабабҳои тухмӣ, растаниҳо ва меваҳо», «Сабабҳои мавҷудоти зинда», «Дар бораи ба ҳам расидани доира ва кура», «Дар бораи геометрия», «Дар бораи хатҳои иррационалӣ ваҷисмҳо», «Ададҳо», «Проексияҳо», «Соли калон», «Тасвири Осмон», «Тасвири Замин», «Тавзеҳи полисҳо», «Тасвири нурҳо», «Дар бораи тартибҳо ва ҳамоҳангӣ», «Дар бораи назм», «Дар бораи барҷастагии шеър», «Дар бораи сурудхонӣ», «Илми табобат», «Дар бораи парҳез дар хурокхурӣ», «Дар бораи расмкашӣ», «Кишоварзӣ», «Дар бораи сохтиҳарбӣ» ва ғайра.

Тавре ба назар мерасад, Демокрит асарҳои зеринроё дар мавзӯҳои арифметика, риёзӣ ва геометрия ваё дар алоқамандӣ ба ин илмҳо навштааст: «Дар бораи сайёраҳо», «Дар бораи тафовути шаклҳо», «Сабабҳои ҳодисаҳои кайҳонӣ», «Сабабҳои воқеаҳои ҳавоӣ», «Сабабҳои ҳодисаҳои заминӣ», «Сабабҳои садо», «Дар бораи ба ҳам расидани доира ва кура», «Дар бораи геометрия», «Дар бораи хатҳои иррационалӣ ваҷисмҳо», «Ададҳо», «Проексияҳо», «Тасвири Осмон», «Тасвири Замин», «Тасвири нурҳо», «Дар бораи тартиб ва ҳамоҳангӣ»,

2. Марҳалаи афинагӣ (наздики солҳои 450 – 300 то милод). Фанҳои математикии хосӣ юнонӣ рушд карда, бештари онҳо дар алгебраи геометрӣ дида мешуданд. Мақсади геометрӣ кунонидани алгебра, моҳиятан ҷустуҷӯи тоза масъалаҳои алгебравӣ (баробариҳои ростхата ва мураббаъгӣ) бо ёрии образҳои аёнии геометрӣ буд. Он имкон фароҳам меовард, ки аз вазъияти баамаломадае, ки ба он математика бо сабаби кашфи бузургиҳои ирратсионалӣ гирифтор шудааст, роҳи баромад ёфта шавад.

Истифодаи усулҳои нави ҳалли масъалаҳо дар бораи ҳаҷми мураббаъгии давра (“теорема дар бораи моҳтобчаҳо”)-и Гиппократ (солҳои 460 – байни солҳои 377/356 то милод) дар навбати аввал, исботи ҳисобкарданашавандаги (ҳисобкардашавандаги)-и диогнали мураббаъи аз тарафи ӯ, ки эҳтимол пифагорӣ Гиппаси Метапонтӣ (574 – 522 то милод) кашф карда бошад, нуқтаи назареро рад мекунад, ки мувофиқи он таносуби ҳар гуна бузургиҳои математикӣметавонанд ба воситаи муносибати ададҳои бутун, яъне ба воситаи бузургиҳои ратсионалӣ (Arithmetica universalis) ифода ёбанд. Дар зери таъсири рисолаҳои Афлотун ва шогирдони ӯ Феодор Киренский (охирҳои асри V – аввали асри IV то милод) ва Сегет ба коркарди масъалаи ченкарданашавандагии пораҳо машғул мешаванд, вале Евдокс Киндский назарияи умумии муносибатҳоро сохт, ки онро мумкин буд барои бузургиҳои ирратсионалӣ низ истифода бурд. Ҳамин тариқ, ӯ дар бартараф кардани бӯҳрони математикаи юнонӣ саҳм мегузорад. Вале ба рушди озоди тафаккури математикӣ дар ин марҳала, ташаккули минбаъдаи методологияи он ва ҷамъоварии маводи мушаххас аз тарафи Афлотун ва пайравони ӯ примат (гурӯҳи)-и идроки босирагӣ, аз он ҷумла донишҳои математики бар донишҳои эмпирикӣ (амалӣ) монеъ мешуданд.

https://d.wattpad.com/story_parts/122205997/images/13d6f7973ec26382.jpg
http://stuki-druki.com/aforizms/Euclid02.jpg
http://bourabai.kz/lucretius/img/archimedes.jpg
      Рис. 1.

Феодори Киренӣ Евклид Архимед Исботи қонуни Архимед

3. Марҳалаи эллинистӣ(наздики солҳои 300 – 150 то милод). Дар марҳалаи эллинизм математикаи антиқӣ ба сатҳи баландтарини рушд худ мерасад. Дар тули садсолаҳои зиёд маркази асосии таҳқиқоти математикӣ Мусейони Искандария мегардад. Дар ин давра асари наве ба миён меояд, ки дар он дастовардҳои наслҳои гузашта ҷамъбаст ва ба низом дароварда мешаванд. Тахминан дар соли 325 то милод Евклид асари худ “Ибтидо”-ро иборат аз 13 китоб таълиф менамояд. Ӯҳамчун пайрави Афлотун, аслан ҷиҳатҳои амалии математикаро мавриди баррасӣқарор намедиҳад. Евклид диққати махсусро ба Герони Искандария равона месозад.

Риёзишиноси дигари бузурги юнонӣ Архимед буда, дар коркарди масъалаҳои математикии бузургиҳои тағйирёбанда саҳми бузург гузоштааст. То он дараҷае. ки аз тарафи олимони Аврупои Ғарбӣ танҳо дар асри ХVII сохтани математикаи нави бузургиҳои тағйирёбанда муяссар шуда, аз рӯи аҳамияти худ аз он саҳме, ки Архимед дар коркарди масъалаҳои математикӣ гузоштааст, болотар меистод. Архимед дар амал натанҳо ба таҳлили бузургиҳои беохир хурд наздик шуд, балки ба асарҳои Менахма (наздики соли 350 то милод) такя карда, ба дастгирии андешаҳои материалистии Демокрит баромад кард. Аполонийи Пергӣ ба рисолаҳои Менахса (наздики соли 350 то милод) Евклид ва дигарон такя карда, назарияи баанҷомрасидаи буриши коникиро ба вуҷуд овард. Дар соҳаи таҳқиқотҳои математикӣ дар ин давра диққати асосӣ ба омӯзиши каҷравиҳои алгебравӣ дода мешуд, ки ба таҳқиқи он Диокл (наздики соли 180 то милод), Никомед (наздики соли 180 то милод), Персей (наздики соли 150 то милод) ва коркарди математикии усулҳо дар ситорашиносии назариявӣ (назарияи эписиклҳо, ҳалли хордаҳо) машғул буданд, ки ин дар асарҳои Аполонийи Пергӣ (солҳои 262 – 190 томилод), Менелийи Александрӣ(70 – 140) ва Клавдий Птоломей (солҳои 90 – 168) инъикос ёфтаанд.

http://kultura.com.ua/wp-content/uploads/2013/01/0002-001-Arkhimed.jpg
http://1000facts.ru/wp-content/uploads/2013/02/izobretenija-gerona-alexandriiskogo.jpg

Герони Александрӣ Мошини буғии Герони Александрӣ

4. Марҳалаи хотимавӣ (наздики солҳои 150 – 60 то милод). Ба дастовардҳои мустақили Рим дар соҳаи математика мумкин аст танҳо низоми хеле ноҳамвори пастсифати ҳисобҳои тахминӣ ва таълифи якчанд рисола оид ба геодезияро мансуб шуморидан мумкин аст, ки асоси онҳоро рисолаҳои Герони Александрӣ(солҳои 10 – 70) ташкил медиҳанд. Саҳми нисбатан калонро дар марҳалаи ҷамъбастии рушди антиқии математика Диофант (дар асри 3 зиндагӣ кардааст) гузоштааст. Эҳтимол маводи математикҳои мисрию бобулиро истифода бурда, ӯ коркарди усулҳои алгебравии ҳисобро идома додааст. Фаъолимяти навпифагорчиён ва навафлотунчиён, инчунин математикҳое, ки дар Мусейони Александия кор мекарданд, мақсад дошт донишҳоеро нигоҳ доранд, ки намояндагони тафаккури математикии юнонӣҷамъоварӣ карда буданд. Ба ин кор, аз он ҷумла, Никомахи Герасскӣ(солҳои 60 – 120) машғул буд.

http://urzhumtseva.ru/wp-content/uploads/2013/03/gera.jpg
https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/4/44/Plato-nicomachus.jpg/300px-Plato-nicomachus.jpg

Гипатия Никомахи Гераскӣ дар мубоҳиса

Ғайр аз ин шарҳҳои олидараҷа оид ба рисолаҳои сершумори математикӣ мураттаб карда шуда буданд, ки дар онҳо натиҷаҳои таҳқиқот оид ба соҳаи математика аз ҷониби Паппи Александрӣ(соли 350 вафот кардааст) дава навфлотунчӣ Прокл(солҳои 412 – 488) ба иҷрорасида ба низом дароварда шуда буданд. Дар маҷмӯъ, дар шароити бӯҳрони тезутунди тарзи ғуломдории истеҳсолот ва гузариш ба марҳалаи феодалии ҷамъиятию иқтисодӣ дар математика таназзул ба назар мерасад. Қатли ваҳшиёнаи муаллифи як қатор асарҳо оид ба математика Гипатия(370 – 415) дар соли 415 рамзи аз байн рафтани мактаби математикии Александрия буд. Соли 529 мувофиқи фармолни императори Византия Юстиниан, таблиғотгари намоёни эъхтиқоди масеҳият, Академияи Афина ҳамчун маркази “таълимоти бутпарастӣ ва ҳалокатбор” баста мешавад. Баъди ин танҳо Византия то асри IХ нигоҳдорандаи асосии математикаи антиқӣ буд. Бо шарофати нусхаҳои рисолаҳои математикҳои юнонӣ ва тарҷумаи арабии баъдтарини онҳо то ба мо қисмати зиёди донишҳои математикие омада расидаанд, ки дар давраи парокандашавии Империяи Рим ҷамъоварӣ карда шуда буданд.

http://html.rincondelvago.com/000305450.jpg
https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/a/a6/Menelau_de_alexandria_cropped.jpg
http://www.argo-school.ru/autothumbs.php?img=/images/cms/content/antichnost_sr_v_renessans/ptolemy_200_234.jpg

Аполоний Пергский Менелейи Александрӣ Клавдий Птоломей

Рушди босуръати илм дар Аврупои Ғарбӣ дар замони Эҳё ба он оварда расонид, ки олимони Аврупои Ғарбӣ точанде ба бо рисолаҳои математикҳои юнонӣ (бештари онҳо дар тарҷумаи арабӣ ва яҳудӣ) шиносоӣ пайдо менамоянд. Дар асриҳои ХV – ХVI гуманистон бо мақсади барқарор кардани матнҳои аслӣтаҳқиқотҳои текстологии корҳои боқимондаро ба ҷо меоварданд. Асарҳои математикҳои бузургтарини юнонӣ (аз қабили Евклид, Архимед, Папп, Птоломей, Аполлоний, Диофант) бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ рӯи чопро дида, ба устуворшавии математикаи олии давраи нав таъсири бузург расонидаанд.

test

Добавить комментарий