Меъморию шахрсози ва санъат дар Юнон

Асрҳои V – IV то милод замоне буд, ки Юнон давраи нашъунамои меъморӣ ва ҳайкалтарошии худ, офарида шудани асарҳои барҷастае, ки маданияти ҷаҳониро ғанӣ гардонида буданд, аз сар мегузаронид. Дар санъати меъмории Юнони замони классикӣ меъморони забардаст Калликрат, Иктин, Праксител, Лисипп, Мирон, Фидий саҳми бузург гузоштаанд.Санъати меъморӣ бо вазъи назария ва амалияи шаҳрсозӣ, бунёдкунии шаҳрҳои нав ва ободонии шаҳрҳои кўҳна алоқаи зич дошт. Дараҷаи баландтарини шаҳрсозии Юнон коркарди консепсияи мунтазами шаҳрҳо, яъне сохтмони шаҳрҳо дар асоси нақшаи мулоҳизакоронаи пешакӣ ва ҳаматарафа асоснок кардашуда буд. Принсипҳои асосии шаҳри мунтазам аз тарафи Гипподам аз Милет таҳия карда шуда ва аз ҳамин сабаб «шаҳри гипподам» номгузорӣ шудааст. Қаламрави шаҳр аз кўчаҳои ҳамдигарро дар зери кунҷи рост бурида мегузаштагӣ дар қатори биноҳои манзилӣ тақсим мешуд. шаҳрсозии Гипподам алоҳида бунёд кардани маркази шаҳрро дар назар дошт, ки ба он силсилаи биноҳои таъиноти ҷамъиятӣ,аз он ҷумла ибодатгоњҳо, қасрҳо, қалъаҳо барои амалдорони давлатӣ, айвонҳо барои сайру гашт, майдончаҳои савдоӣ – агораҳо (баъзан маркази ҷамъиятӣ бо агора якҷоя ва баъзан ҳар кадоми онҳо аз ҳамдигар ҷудо қарор доштанд) дохил буданд.

Фидий Мирон Лисипп

Иктин Праксител Калликтрат

Агар шаҳр дар соҳили баҳр воќеъ бошад, пас қисмати наздисоҳилӣ бо ноҳияи устохонаҳои киштисозии бандар, ҷои лангарпартоии киштиҳо ҳамоҳанг оро дода мешуд. Дар шаҳри мунтазам ҳамчун унсурҳои асосии он театр, варзишгоҳ ва гимнасия дар назар дошта мешуданд. Ба шаҳр тавассути новаҳо хати махсуси оби нўшокї гузаронида мешуд, ки он баъд тавассути новаҳои дигар ба навоҳию маҳаллаҳои шаҳр ҷорӣ шуда, ба чоҳҳоои махсус мерехтанд ва мардуми шаҳр аз он ҷо барои эҳтиёҷоти худ об мегирифтанд. Халоҷот ба воситаи низоми новаҳои махсус барои ин кор ,ба хориҷи шаҳр бароварда мешуданд.

Ҷойи тантана ва маркази динии шаҳр Акропол буда, дар ин ҷо ибодатгоҳи худои асосӣ – пушту паноҳи шаҳри мазкур ҷойгир буда, роҳҳо ҳамаи ҷойҳои муҳимтарин ва мурофиаҳои муқаддасро ба ин ҷо пайваст менамуданд, дар ин ҷо қурбониҳои нисбатан ботантана низ барпо мегардиданд.

Гипподам Шаҳрсозӣ аз руи нақшаи Гипподам

Принсипи шаҳри Гипподам дар шаҳрҳое мумкин буд амалӣ карда шавад, ки агар дарҷойи нав бунёд карда шавад, масалан, Олинфдар Халкидика, дар шаҳри бандарии Пирей, шаҳри Фурия ва ё шаҳри азнавсохтаи Милет. Дар шаҳрҳое, ки дар замонҳои қадим бунёд шуда буданд, аз он ҷумда Коринф, Афина, Эфес ва Фива вазъият дигар хел буд – ба ҷойи кўчаҳои (кварталҳои) мунтазам, дар баробари кўчаҳои турмонанди ростхата ва майдонҳои ободу зебо биною хонаҳои бетартибсохтаи шахсии дар байни онҳо ибодатгоҳҳопанаҳёфта ва тангкўчаҳои каҷукилебро низ мушоҳида кардан мумкин буд. Вале унсурҳои шаҳри мунтазамии асрҳои V – IV то милод дар ин шаҳрҳо низ аз тариқи акропол, майдони марказӣ, ҷой барои маҷлисҳои халқӣ зебу зинат дода мешуданд.

Устохонаҳои косибии дорои истеҳсолоти зарарнок (кулолӣ, чармгарӣ ва ғайра) ба канораҳои шаҳр бароварда мешуданд. Биноҳои театрҳо ва варзишгоҳҳо лар ҷойҳои нисбатан қуллай бунёд карда мешуданд. Дар асрҳои V – IV то милод дар амал дар атрофи ҳамаи шаҳрҳои Юнон иншоотҳои пуриқтидори муҳофизатӣ – деворҳои дорои манораҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо дар бунёди пурраи ободонии шаҳр дар Юнони Қадим унсурҳои нав ворид сохтанд.

Юнонињо муваффақиятҳои баланди бадеиро маҳз дар соҳаи меъморӣ ба даст оварданд. Меъморони юнонии замони классикӣ дар асоси низоми ордерӣ(сутунҳои кунгурадори баланд) рушд меёфтанд, ки он дастоварди асосии меъмории ҷадид гардида аз сутунҳои кунгурадор иборат буд. Ин низом дар замони архаистӣ тавлид ёфта, замони пурра ташаккулёбии он ба асрҳои V – IV пеш аз милод рост омадааст. Ду намуди асосии ордер – дорӣ ва ионӣҳанўз дар асрҳои VII – VI то милод ташаккул ёфта, вале дар асрҳои V – IV то милод бошад, ордери нисбатан тантанавӣ ва бонафосати коринф ба миён меояд.

Дар замони классикӣ меъморони юнонӣ дар худи як бино даст ба омезиши ордерҳои гуногун зада, бо ҳамин ба усули меъмории дорӣ унсури сабук ва дилкашу назаррабо ворид сохта, ба усули ионӣ унсурҳои идона ва ботантана мебахшиданд. Истифодаи устокоронаи усулҳои гуногуни меъморӣ имконияти бинокорони юнониро васеъ намуд. Ин кор, дар навбати худ, баҳри ба вуҷуд омадани иншоотҳои зиёди меъмории юнонӣ мусоидат намуд.

Асоси санъати меъмории Юнонро чун дар давраи архаистӣ ибодатгоҳ ташкил мекард, ки дар он гӯёмавҷудоти олиҷаноби илоҳӣ сукунат доштанд. Дар замони классикӣ меъмории чандин намуди ибодатгоҳҳо коркард шуда буд: аз биноҳои хоксорона ба хотири қаҳрамонҳо сохташуда сар карда ва то ибодатгҳҳои боҳашамату бузург ба хотири худоҳои асосӣ. Биноҳои ибодатхонаҳо вобаста ба шумораи сутунҳояшон ба якчанд намуд тақсим мешаванд: ибодатгоҳ«дар антҳо (дорои ду сутун пеш аз даромадгоҳи асосӣ), простил (дорои чор сутун пеш аз даромадгоҳи асосӣ) анфипростил (сутунҳо айвони пеш аз даромадгоҳи асосиро бардошта меистанд), периптер (сутунҳо бинои ибодатгоҳро аз чор тараф иҳота мекарданд) ва намуди навтарини ибодатхонаи юнонӣ – периптери дукарата, вақте ки айвон аз чор тарафи бино бо ду қатор сутунҳо нигоҳ дошта мешуд. Дар ибодатгоҳи калон хонаҳои дохилӣ аз толор, ки дар дохилашон ҳайкалчаи худоҳои асосӣ (Зевс, Посейдон, Гера, Афина, Аполлон ва дигарон) маҳфуз буданд ва хонаи дуюм, ки дар он ҷо ашёҳои муқаддас, инчунин хазинаи ҷавоҳироти ибодатгоҳ ва баъзан хазинаи ҷавоҳиротишањрӣ низ нигоҳ дошта мешуданд.

Акрополи Афина Шаҳри Афина. Меъмор Гипподам

Болорҳоидар болои сутунҳо набсшуда, қисмати болоии деворҳои берун ва даруни биноҳо, фронтонҳо бо ҳайкалу нақшҳои муқарнас зинат дода шуда, бинои ибодатгоҳро намуди идона ва тантананокмебахшиданд. Меъморони юнонӣ дар асоси ин принсипи асосӣ як қатор ибодатхонаҳо сохтаанд, ки муъҷизаҳои нотакрори меъмории юнонӣ ва ҷаҳонӣ мањсуб мешаванд.

Акрополи Афина аз назари меъморӣ ва бадеӣсохта ва хеле хуб оро дода шудааст. Дар он ибодатгохи хурд бо шарафи олиҳаи ғалаба – Ника мавҷуд буд. Маркази маҷмааи Парфенони бузург ва муқаддасоти ҳамшафати худоҳои Аттика мебошад. Бузургии Парфенон аз назари меъморӣ бо ибодатгоҳҳои хурди аз ҳамдигар ҷудо ба шарафи Эрехтея ва Посейдон сохташуда, ки “Эрехтейон” ном гирифтаст, дар ҳолати муқоисаи онҳо намоён мегашт. Меҳвари рў ба поини маҷмаа ҳайкалчаи Афинаи ҷанговари найзабардасти ростистода мебошад. Нишебии тези Акропол барои дар ин ҷо бино кардани театри Диониси дорои ғунҷоиши 17 њазор тамошобин ва утоқои махсус барои озмунҳои мусиќӣ – Одесона қуллай буд. Маҷмааи меъмории Акрополи Афина бо табъи баланди меъморию бадеӣ сохта шуда, аз маҷмааҳои дигари меъморӣ бо бузургию ҳашамат ва аҳамияти худ дар ин давлат тафовут дошт.

Маҷмааи олиҷаноби табиию меъморӣ дар ҷои муқаддаси Олимпия, дар ҷое, ки Бозиҳои Олимпӣ доир мегардиданд, бунёд карда шуда, натанҳо яке аз ёдгориҳои бузурги Юнон, балки ёдгории дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ низ мебошад.

Санъати Юнон аслан ба ивази санъати олами Эгей омада, натиҷаи ҷараёни мураккаби таъсири байниҳамдигарии аҳолии маҳаллӣ, дастовардҳои мадании истилогарони дорӣ номгузоришуда ва барандагони мероси бадеии ҳазорсолаи II то милод, ки дар адабиёти илмии имрўза давраи «тополисии Юнон» ном бурда шудааст, хос аст. Ба ивази санъати дурахшон ва хурсандибахши Крит, ки бо тасаввуроти динӣҳамобу ранг буд, аммо дар шакле ифода ёфта, аз муҳити воқеии олам ва санъати идеографӣ ба миён омадааст. Симоҳои одамон ва ҳайвонот ҳамчун қатори нақшу нигор тасвир карда шуда, ба рассом зарур буд, ки ҳамаи унсурҳои муҳими онҳоро тасвир намояд.

ё

Намунаҳо аз санъати ҳайкалтарошӣ ва тасвирӣ

Дар асри V то милод дар эҷодиёти рассомони алоҳида дар як вақт пухта расидани тамоили воридшавӣ ба олами ботинии инсон ба мушоњида мерасад. Албатта, ин усулҳо ҳанўз мукаммал набуда, дар онҳо нақши асосиро тарзи ростистӣ ва имову ишораи персонажҳо иҷро мекарданрд. Вале худи масъала аллакай тавлид меёфт ва ба худ хеле оҳиста роҳ мекушояд. Яке аз маъруфтарин ҳайкалтарошони индавраинаи Юнон Полигнот ба ҳисоб мерафт

Дар солҳои 60-уми асри V то се нафар устодони бузурги санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошии ЮнонМирон, Поликлет ва Фидий буданд.

Масалан, барои эҷодиёти Мирон ҷидду ҷаҳд баҳри инъикоси зебогию нафосати бадани инсон, мувозинатӣ ва мувофиќати он дар лаҳзаҳои шиддат, масалан, бадани варзишгар, ки як лаҳза қарор истода, ба амали фаъолона тайёр мешавад, хос аст. Мусаввираи «Доирапарто»и Мирон аз ҳамин қабил аст, ки як лаҳза беҳаракат меистад, то ки дар лаҳзаи дигар қоматро ба таври зарурї мувофиқ карда, чун тори камон таранг шуда, дар лаҳзаи дигар дар баробари сар додан тори камон, доира бо шаст ҳаво дода мешавад. Дар айни ҳол дар рўи ҷавонписар ягон хел заифӣ ва ё нобоварӣ ба назар намерасад. Бояд гуфт, ки њайкалчаҳои ғолибон дар Бозиҳои Олимпӣ портрет набуданд. Устодони юнонӣҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки образи идеалии гражданинро ҳаматарафа ҳамоҳанг ва дар ҳолати рушд, олиҷаноб ва нексиришт инъикос намоянд.

Ҷустуҷўи ин образ бо аз тарафи Поликлет (дуюмин ҳайкалтароши бузург асри V то милод) офаридаиҳайкал бо номи «Канон» ба анҷом мерасад, ки ин ҳайкалтарош таносуби идеалии мувофиқро ба тасвири инсон асоснок кардааст. Дар баробари эҷодиёти ин устод ба санъат ратсионализм ворид гардид, ки он ба ҷустуҷўи роҳҳои қобили қабули ба устодони замони классикии барвақта хос хотима меёбад. Асари нисбатан машҳури Поликлет«Дорифор» – «Найзапарто» буд.

Ҳайкалтароши сеюми бузурги Юнони асри V то милод Фидий буд. Услуби Фидий бо ҳайкалчаҳои худоҳои пуриқтидори Олимпї ва шахсиятҳоиқаҳрамон ба ҳамаи намудҳои санъат таъсири бузург расонидааст. Образҳои монументалӣ, ки нисбат ба ҳайкалчаҳои динии Поликлет то як дараҷа осон карда шуда буданд, натанҳо аз ҷониби ҳамаи ҳайкалтарошон қабул ва ба кор бурда мешуданд, балки то оғози асри IV то милод ҳатто косибон ҳам дар наќшу нигори гулдон, дар гачкорӣ, маснуоти биринҷӣ ва заргарӣ мавриди истифода қарор медоданд.

Қайд бояд кард. ки ин марҳала дар ҳайкалтарошӣ замони ҳукмронии инҳисории санъати монументалї буд.

Фидий натанҳо ҳайкалтарош буд. Ӯ дар сохтани Акропол, ки ҳамчун симои ёдгорӣ ба хотири ғалаба бар Форсҳо дар назар дошта шуда буд, мақоми калонро иҷро кардааст. Андешаи тарзу усули оро додани ибодатгоҳи Афина Дева (Партенос) – Парфенон ба Фидия тааллуќ дорад. Парфенон аз ҳамаи биноҳои Акропол баландтар сохта шуда, дар он усули меъмории дорӣ хеле барҷастаю ҷиддӣ риоя карда шуда, ба он ҳамчун қисматҳои таркибӣ унсурҳои ордери ионӣ низ дохил шудааст

Дар сеяки охирини асри Vто милод рассом Аполодор аз Афина зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо номи ў кашфи ранги равшану торик алоқаманд аст. Истифодаи нимрангҳоро ба номи ӯ нисбат медињанд. Метавон аз назари имрўза маҳз ўро асосгузори жанри рассомии тасвиргар (живописец) шуморид. Дар санъати асри IVто милод равоншиносии ҷамъиятӣ инъикос гардидааст, ки ин ба марҳалаи бўҳрони полисҳо хос аст, дар он замоне, ки ягонагии дастаҷамъонаи граждании полисҳои юнонӣ вайрон карда шуд. Аз қаҳрамониҳои гражданини нотарсу олиҷаноб ва нуксиришт ифтихор карда, устодони асри Vто милод тасвири онҳоро бо таваҷҷӯҳ ба шахсияти инсон иваз намуданд. Санъат мақсад мегузорад, ки ҳиссиёт ва ғамхўрии инсони алоҳидаро инъикос намояд. Ҳатто худоҳо дар зери тасвири ҳайкалтарошони асриIVто милод бузургии худро аз даст медиҳанд. Дар баробари ин, асри IVто милод ба замони фаъолияти се ҳайкалтароши дигари қадим – Праксител, Скопаа ва Лисипп рост омад.

Праксител тавассути тамоми эҷодиёти худ кушиш ба харҷ медод, ки аз ҳамаи воқеаҳои манфии муҳит фориғ бошад, яъне ба онҳо аҳамият надиҳад. Эљодиёти самти Скопас бошад, бо пуррагӣ дар фаҳмиши Праксител қарор дошт. Ҳайкалҳои ў ҳам аз ҳаяҷон пур, ҳам ба стилистика ва њам ба техника тобеъ буданд. Мавзўи Лисипп санъати рассомии портретӣ мебошад. Офаридањои портретии ҳайкалҳои ў дар ҳақиқат оламшумул мебошанд. Ҳайкали Искандари Макдунии Лисипп, ки дар осорхонаи Истанбул маҳфуз мебошад, ҳаминтавр офарида шудааст. Ба ин ҳайкалтарош муяссар шудааст, ки хусусиятҳои равонии ташвишовар, қатъимиҷози шоҳи ҷавону ҳатто то дараҷае осебпазири Искандарро инъикос намояд.

Албатта ҳайкалтарошии асри IVто милод бо эҷодиёти Праксител Скопас, Лесипп ва намояндагони ҷараёнҳои нав дар ҳайкалтарошӣ маҳдуд намешауд. Бо ҳамроҳии Скопас, дар болои нақши муқарнаси мақбара дар Галикарнас Леохар низ кор карда, дар баробари ин яке аз асарҳои нисбатан шўҳратманд – ҳайкали Аполлони Белведерро низ офаридааст. Бояд зикр кард, ки муддати тулонӣ дар бораи и ҳайкалтарошии Юнон аз рўи ҳамин асар баҳо медоданд

Дар ҳудудҳои замонҳои классикӣ ва эллинӣ рассоми бузург Апеллас зиндагию фаъолият кардааст. Муаллифони қадим ба ҳунари аҷоиби рассомии ў баҳои баланд дода, ўро ҳаматарафа таърифу тавсиф кардаанд.

Маданияти замони классикӣқуллаи баландтарини рушди маданияти Юнони қадимро ташкил дода, бо дурдонаҳои худ тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидааст.

test

Добавить комментарий