Лашкаркашии Искандар ба шарк ва таъсисёбии шоханшохии Искандари Макдуни

ТАЙЁРИИ ҲАРБИЮ СИЁСӢ БАРОИ ЛАШКАРКАШӢ

Сабабгори лашкаркашии Искадар ба Шарқ ба он воқеоти ҷараёни таърихие вобаста буд, ки ҳам дар нимҷазираи Балкан, дар Юнон ва Македония ба амал меомаданд ва ҳам дар давлати форсии Ҳахоманишиён. Давлати Ҳахоманишиён дар асри IV то милод рӯ ба таназзул ниҳода буд. Бенизом гардидани тартиби давлатдорӣ дар ин мамлакат дар солҳои 60-уми асри IV то милод намоён гашт, Ҳахоманишиён аллакай қаламрави зиёди худро аз даст дода буданд. Аз ин давлат дар натиҷаи шӯриши бузурги сатрапиҳо қариб ҳамаи вилоятҳои (сатрапиҳои) ғарбӣ ва баъзе шаҳрҳои Фракия ҳам ҷудо шуданд. Онро Мисри фиръавни Тах низ тарк кард. Салтанати 20-солаи шоҳ Ардашери III Оха (358 – 337 то милод) пур аз мубориза ба муқобили вилоятҳо (сатрапиҳо), қабилаҳо ва шаҳрҳои саркаш буд, Ба шоҳи шуҷоъ муяссар гардид, ки шӯришҳоро дар Осиёи Хурд ва Сурия пахш кунад, Миср ва Кипрро баргардонад.

http://strategwar.ru/wp-content/uploads/2012/08/Daryi3.jpg

Дорои III Искандари Макдунӣ

Чанде пеш аз лашкаркашии Искандари Макдунӣ, дар соли 338то милод дар натиҷаи низоҳои дарборӣ намояндаи хешовандони сулола Ардашери IV (солҳои 338 – 336 то милод) ном гирифта, ба тахти шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён менишинад. Дар зарфи қариб ду соли салтанати ӯ давлати Ҳахоманишиён ба барҳамхурӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ардашер барои ягонагӣ ва барқарор кардани иқтидори давлат мубориза мебарад, вале соли 336 то милод дар яке аз бархурдҳо ҳалок мегардад ва ба ҷои ӯ ба тахти подшоҳии давлати Ҳахоманишиён Дорои III (солҳои 336 – 330 то милод) менишинад. Салтанати ӯ ба марҳалаи хеле мураккабу барои давлати Ҳахоманишиён хатарнок рост омад.

Дар Юнон бӯҳрони иҷтимоию иқтисодие, ки дар асри IV то милод ба амал омада буд, назариётчиён ва сиёсатмадоронро маҷбур сохт, ки роҳи баромадан аз ин ҳолати ногуворро ёбанд. Зимни ин мушкилот ғояи лашкаркашӣ ба Шарқ точанде маъруфият пайдо мекард. Дар байни таблиғотчиёни ин ғоя нотиқ ва публисист Исократ махсусан фаъол буд. Ӯ бадбахтии асосии Элладаро дар ҷангҳои байниҳамдигарии полисҳо ва нофаҳмиҳои доимии байни гражданҳо дида, лашкаркашӣ ба Шарқро ягона роҳи халосӣ аз ин варта медид.Ин иқдом имкон медод, ки муттаҳид шуда, дар лашкаркашӣ бар зидди Ҳахоманишиён фаъолона иштирок намоянд. Исократ аввал орзу дошт, ки ба лашкаркашӣ Афинаи азизи ӯ роҳбарӣ кунад, вале бо гузашти айём маҷбур шуд, ки нигоҳи худро ҳамчун нерӯи ягонаи воқеӣ ба сӯи шоҳи Македония Филиппи II нигаронад. Юнонро дар доираи қарордоди Коринф муттаҳид сохта, Филиппи II ба тайёрии лашкаркашӣ оғоз кард. Аммо дар авҷи тайёрии ҳарбӣ соли 336 пеш аз милод Филиппи II дар ҷашни тӯи арусии духтараш дар суиқасд кушта мешавад.

Ҷузъу томҳои лашкари Искандари Макдунӣ омодаи ҷанг

Ба тахту тоҷи Македония писари Филиппи II – Искандари 20-сола соҳиб мешавад. Дар шахсияти Искандар чунин махсусиятҳои ҳузур доштанд, ки бо шарофати тарбияи ташаккул ёфта ва барои шоҳи оянда зарур буданд. Дар баробари ин, Искандар дар худ ҷаҳонбинию меъёрҳои ахлоқиеро таҷасум карда буд, ки аз муҳити камолёбӣқабул карда, унсури асоси онҳоро муҳити ашрофии македонӣ ташкил мекард. Искандари ҷавон шахси золим ва шӯҳратпараст ҳам буд, ки ин сифатро аз падараш “мерос” гирифтааст.

Вале дарбори македонӣ ба маданияти Юнон эҳтиёҷ надошт. Дар зарфи се сол ба тарбияи Искандар файласуфи бузург Арасту машғул буд ва ба ӯ фалсафа, тиб ва илмҳои дигарро таълим дода, дар ӯ ҳурмату эҳтиромро нисбат ба адабиёти Юнон бедор кард. Искандарро махсусан «Иллиада» ба ваҷд меовард, тавре ӯ мешуморид, касро «ба корнамоии ҳарбӣ бедору омода месозад» ва қаҳрамони он Ахилл қаҳрамони дӯстдоштаи (кумири Искандар мегардад. Дастнависи «Иллиада» дар лашкаркашии дуру дароз доимо Искандарро ҳамроҳӣ мекард ва онро бо ҳамроҳии ханҷар дар зери болинаш нигоҳ медошт.

Филипп II писари соҳибистеъдоди худро ба корҳои давлатӣ хеле барвақт ҷалб намуд. Ба лашкаркаш зидди Византия рафта истода, Филипп писари 16-солааш – Искандарро ба ҷойи худаш ба идораи корҳои давлатӣ мемонад, дар муҳорибаи назди Хероней бошад, Искандар ба лашкари савора шахсан фармондеҳӣ кард. Искандар боақлу зирак ва боҳавсала буда, ҳанӯз аз синни ҷавонӣ ба эҳтирому арҷгузорӣ ҳавас дошт, нотарси бемислу монанд буд ва, дар баробари ин, бераҳму ҷасур ва дар баробари ин мулоҳизакор ҳам буд.

Ҳокимияти шоҳиро қабул карда, Искандар ба қотилони падари худ ва довталабони эҳтимолии тахту тоҷ бераҳмона ҷазо дод. Сарфи назар аз ин, вазъи ӯ дар ин шароит хеле мураккаб буд: аз шимол қабилаҳои финикию илларӣ таҳдид мекарданд, ки «намехостанд дар ҳолати ғуломӣ бошанд», вале кам бошад ҳам, юнониҳо хатарнок буданд. Хабари марги Филиппро шунида, эллиниҳои зиёд исён бардоштанд, чунки хоҳони тартиботи нав буданд Дар ин шароити мураккаб, вақте ки бадбинии даҳшатнок Искандарро аз ҳар тараф иҳота кард, ӯ сифатеро ошкор сохт, ки минбаъд ҳам барояш хос буд, аз он ҷумла ҷасурӣ ва суботкорӣ дар ҳамоҳангӣ бо чобукӣ ва малакаи сарфаҳмравию баҳисобгирии вазъия. Искандар бо тезӣ ба Юнони Миёна зада даромад ва дар наздикии шаҳри Фива урдугоҳ ташкил намуд. Амалҳои боҷуръатонаи шоҳ дар қалби юнониҳо тарсу ваҳмро ҷой кард. Боамри Искандар дар Коринф намояндагони вааколатдори полисҳои Юнон аз нав ҷамъ омада, масъалаи якҷоя бо Македониядар лашкаркашӣ ба Шарқро баррасӣ намуда, сарфармондеҳии онро ба Искандар супориданд.

Кушта шудани Филиппи II Волидайни Искандар

Баъди ин Искандар фракиягиҳо ва иллариҳоро золимона ҷазо дод Вале дар баробари ин маҷбур шуд, оғози лашкаркаширо ба Шарқ мавқуф гузорад, зеро маълум буд, ки юнониҳо ба тақдир тан доданӣ набуданд. Ин вақт овозаҳои бардуруғ дар бораи марги Искандар то он дараҷае бисёр мешавад, ки дар Эллада орзу барои озодӣ аз нав эҳё шавад. Дар байни онҳо фракиягиҳо нисбатан қатъӣ баромад карда, дар Акропол гарнизони Македонияро иҳота карда буданд. Искандар ти воқеаро дарк намуда, бо суръати том ба Юнон ҳаракат кард ва Фиваиро ишғол намуд. Ин шаҳр ба хок яксон карда шуд ва ҳамаи гражданҳои он ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Дар ин ҷо Искандар худро ҳамчун сиёсатмадори қатъӣ нишон дод, зеро қарор дар бораи ҷазои Фива бо Шӯрои Иттифоқӣ қабул карда шуда, дар ин кор Искандар тасмими худро ҳамин тариқ ниқобпӯш намуд. Бо ҳамин шоҳи Македония на танҳо саркашҳоро ҷазо дод, балки юнониҳои дигарро ҳам бартараф намуда, ба ин восита дар бораи мустаҳкам кардани ақибгоҳ ғамхорӣ кард.

Ҳамин тариқ, Искандар тахминан дар зарфи як сол оппозитсияи дохилиро нест ва қабилаҳои шимолиро ором ва юнониҳоро таслиму тобеъ кард Баъди ин ҳеч чиз ва ҳеҷ касе ба майли лашкаркашии ӯ халал расонида наметавонист. Ва баҳори соли 334 то милод Искандар ба воситаи Геллеспонт (Дарданелл) аввалин шуда ба замини Осиёи Хурд қадам гузошт.

ЗАБТИ ОСИЁИ ХУРД, СУРИЯ ВА МИСР

Дар бораи шумораи артиши Искандар танҳо тахмин кардан мумкин аст, зеро дар ин бора сарчашмаҳои гуногун ва бо ҳам мухолифмаълумот медиҳанд.Артиши Искандарро аз 35 ҳазор нафар, аз он ҷумла 30 ҳазор нафар аскари пиёданизом ва 5 ҳазор нафар савора иборат медонанд. Ҳайати юнониӣ, ки полисҳо дар асоси қарори Иттифоқи Коринф дода буданд, тахминан 7 ҳазор сарбозро ташкил мекард, ки 5 ҳазори он аскари кироя буд. Шумораи аскарони Искандар нисбат ба қӯшунҳои форсҳо кам, вале тайрии ҳарбиашон хеле хуб, боинтизом ва бо аслиҳаи беҳтарини замон мусаллаҳ буд.

Искандар дар лашкаркашӣ Клеопатра, хоҳари Искандар

Искандари Макдунӣ ба тайёрии ҳарбии қӯшун диққати ҷиддӣ медод. Дар ҳайати он ҷанговарони зиёде ҳам буданд, ки дар давраи лашкаркашиҳои Филиппи II хуб обутоб ёфта буданд. Афзалияти артиши Македония дар он зуҳур ёфта буд, ки дар набардҳо вобаста ба шароити ҷанг ва зарурат омехтаи намудҳои ҷузъу томҳои гуногун ҳам ба назар гирифта шуда буд. Асоси сохтори марказии артишро фалангаи Македония ташкил мекард. Дар лашкаркашӣ ва набардҳои он дастаҳои савора нақши калонро иҷро менамуданд ва, пеш аз ҳама,ҷузъу томҳои аскарони вазниняроқи савора, ки гетайркҳо номида шуда, аз ҳисоби ашрофони македонӣ ташкил карда шуда буданд. Аскарони савора аз мардуми фессалӣ ва илларӣ таркиб ёфта буд.

Дар баробари ҷанговарон қӯшун аз шумораи зиёди ҳайати хизматрасонӣ низ иборат буд, аз он ҷумла як полки муҳандисӣ низ, ки ба мошинҳои муҳосиракунӣ ва сохтани гузаргоҳҳо дар дарёҳо ва ғайра машғул мешуд. Таъминоти қӯшун, кашф ва робита (алоқа) хуб ба роҳ монда шуда буд. Искандарро ҳайати кормандони илмии штатӣ ҳамроҳӣ мекарданд, км маводи сершуморро ҷамъоварӣ карда, меомӯхтанд, ва барои худ ва Искандар ҷиҳатҳои ба юнониҳо кам маълумбударо кашф менамуданд ки онҳо дар лашкаркашии ӯ мавриди истифода қарор мегирифтанд.

Баъд аз марги ФилиппII Иттифоқи Коринф, ки ӯ таъсис дода буд, пароканда мешавад. Ба Филипп лозим буд, ки полисҳои Юнонро ба худ тобеъ гардонад ва қабилаҳои аз шимол ба Македония соли 335 то аз милод ҳамлакардаро зада гардонида тавонад. Танҳо ақибгоҳи худро дар Аврупо мустаҳкам карда, ба лашкаркашӣ ба Осиё оғоз кардан мумкин буд. Баҳори соли 334 то милод қӯшуни Искандар дар зери роҳбарии Парменон гулӯгоҳи Дарданеллро бурида гузашт. Форсҳо бар зидди он муқовимати сахт нишон дода натавонистанд. Искандар, ба Иллион (Трояи қадим) фуромада, ба шаҳр озодиҳои демократӣ ҳадя намуда, онро аз пардохти андоз ба форсҳо озод кард, баъд баҳри пайвастан ба артиши асосии худ ба пеш ҳаракат мекунад.

Дар марҳалаи аввали фаъолияти худ шоҳи Македония эҳтимол дар бораи пурра барҳам додани давлати Ҳахоманишиён ва ҳукмрони ҷаҳон шудани худ фикр накарда бошад. Ба лашкаркашӣ ба Шарқ даст зада, Искандар дар назди худ вазифаҳои иҷрошавандаро гузошт. Тоза кардани Эгей аз флоти форсҳо ва шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурдро ба доираи таъсири худ даровардан аз ҷумлаи ин вазифаҳо буданд. Вале задухурди аввалини ҷиддӣ бо шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён нишон дод, ки барои ӯ дари имкониятҳо баҳри забткориҳои оянда кушода мебошад.

Кӯшунҳои сершумори Дорои III аз унсурҳои гуногун ва аз назари ҳарбӣ сифати на онқадар баланд иборат буданд. Интизоми сарбозҳои форсӣ суст буд ва чунин иродае надоштанд, ки онҳоро ба сӯи ғалаба бар қӯшуни хурди Искандар бурда расонида тавонад. Дорои III ба халқҳои истилошуда на онқадар такя кард. Барои ба усули ҷанги юнониҳо мутобиқ шудани қӯшунҳои худ ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод. Барои ин лашкари мунтазами пиёданизом ташкил карданӣ мешавад. Вале дар охир ӯ маҷбур мешавад, ки дар ин кор танҳо ба аскарони кироя такя кунад. Эҳтимол шумораи аскар дар қӯшунҳои форсҳо нисбат ба артиши Юнону Макдун хеле зиёд буд.

Забткориҳои Искандари Макдунӣ Лашкаркаш Парменон

Вилоятҳои Доро дар Осиёи Хурд наздикшавии Искандарро шунида бошанд ҳам, ба муҳориба бо қӯшуни Юнону Макдуния хеле дер оғоз карданд. Сарвари зархаридони юнонӣ Мемном ба форсҳо маслиҳат дод, ки ақиб нишаста истода, дар роҳи худ ҳама чизро несту нобуд кунанд ва рақибро фиреб карда ба дарунтари мамлакат – ба пешвози нерӯҳои асосии Доро бурда расонанд. Вале вилоятҳо тасмим гирифтанд, ки ба Искандар дар соҳили дарёчаи Граник, ки дар соҳили баҳри Мармар воқеъ буд, як муҳорибаи калон дошта бошанд Дар ин муҳориба Искандар бо осонӣ ғалаба кард. Баъди ин ӯ гарнизони начандон калонро аз ҳисоби иттифоқчиён – юнониҳо дар гузаргоҳи Дарданелл гузошта, худаш бо қӯшунҳои асосиӣ ба тарафи ҷануб, ба шаҳрҳои юнонии дар наздисоҳилбудаи Осиёи Хурд раҳсипор мешавад.

Шоҳи форсҳо дар Осиёи Хурдолигархияро пуштибонӣ мекард, Искандарро бошад, дар ин ҷо мардуми демосро дастгирӣ намуд. Бо ин иқдоми худ ӯ доираҳои васеъи аҳолии шаҳрҳои юнониро ба тарафи худ ҷалб намуда, бо ҳамин ба флоти форсҳо мушкилот эҷод нам. Ҳамин тариқ Искандар Милет ва баъди муҳосираи сангин Галикарнасро низ фатҳ кард. Мемнон бошад, рӯ ба гурез ниҳод.

Акнун Искандари Макдунӣ метавонист лашкаркаширо ба дарунтари Осиёи Хурд давом диҳад. Ӯ бо қувваҳои асосии худ пеш рафта истода, ба ҳамсафони худ супориш дод, ки тавассути дастаҳои начандон калони аскарон тозакунии қаламрави ишғолшударо тезтар ба анҷом расонанд. Зимистони солҳои 334//333 – и милод ӯ бар зидди қабилаҳои кӯҳистонии форсҳо ҷанг карда, ба онҳо имконият надод, ки ба маҳалҳои дастнорас ақибнишинӣ кунанд ва онҳоро маҷбур сохт, ки дар водиҳои бебарф бимонанд. Искандар баҳорон ба Гордион – пойтахти қадимаи Фрагия рафта мерасад, ҷое ки ӯро Парменон бо қисми лашкар ва корвон интизор буд. Дар ин ҷо Искандар ба аскарон мӯҳлате истироҳат дод ва ҷузъу томҳои қӯшунаро бо нерӯҳои нави аз Македония омада пурра кард.

Тобистони соли 333 то милодИскандар боқӯшунаш ба Киликияи воқеъ дар ҷанубу шарқии Осиёи Хурд меояд ва шаҳрҳои наздибаҳриро дар ҷанубу шарқии Осиёи Хурд ҳам ишғол мекунад ва аскарони захмбардоштаю беморҳоро дар шаҳри Исса гузошта, ба ҷануб ва ағбаҳои наздисоҳилӣ ба Сурия – ҷойи нерӯҳои асосии ҳарбӣ мешитобад. Ин вақт Дорои III ба воситаи ағбаҳои шимолӣ ба пешвози ӯ мебарояд. Доро бар Искандар якмаротиба бархурд карда, ба Исса меояд ва дар он ҷо захмбардоштаю беморони монда рафтаи Искандарро дарёфта, бераҳмона сар мезанад.

Шоҳи Македония дар ҳолати ниҳоят вазнин монд: рақиб ба иқиби қӯшуни Искандар мегузарад, дар мамлакати бегона ва душман. Искандари Макдуниро танҳо қатъияту амалиёти чолокона наҷот дода метавонист. Ӯ ,ба Исса баргашта, моҳи октябри соли 333 то милод бо форсҳо як набард кард. Вазифаи форсҳо аз он иборат буд, ки Искандарро ба дарунтари мамлакат даромадан нагузоранд, дар ҳоле ки ба шоҳи Македония зарур будқӯшунро наҷот дод, тамоми тақдири лашкаркашро ба Шарқ бо шикасти пурраи форсҳо ҳал кунад.

Ҳамлаи Искандар дар зери роҳбарии гетайрҳо қисмати марказии қӯшунҳои форсҳоро торумор кард. ДороиIIIгумон кард, ки ҳама чиз аз даст рафтааст ва рӯ ба гурез ниҳод, гарчанде, ки лашкаркаш Набарзан қаноти чапи қӯшунҳои македониҳоро маҷбур соха буд, ки ақибнишинӣ кунад. Муваффақияти Искандар дар марказ ва қаноти рости бархурдва гурехтани Доро натиҷаи ҷангро ҳал кард. Макдониҳо 450 нафар аскари худро талаф доданд, талафоти форсҳо аз ин зиёдтар буд. Ғайр аз ин, модар ва ду духтари Доро ба Искандар асир афтоданд ва рақиб ғанимати зиёде низ ба даст овард.

Дар натиҷаи ҷанг дар Исса, форсҳо Осиёи Хурдро пурра аз даст доданд. То ин лаҳза, тавре дида мешавад, Искандар. дар бораи ба хок яксон кардани тамоми давлати Ҳахоманишиён фикр накарда, танҳо он масъалааеро ҳал карданӣ буд, ки барои мавҷудияти шоҳигарии Македония зарурат дошт. Муҳориба дар назди Исса, сарфи назар аз ҳамлаовари ҳаракат ба пеш будани он, аз тарафи аксарияти аъёну ашрофи македонӣ ҳамчун ҷанги мудофиавӣ шумурда мешуд. Баъди ин муҳориба дар назди Искандар масъалаи сарбастае ба миён омад: бо ишғоли Осиёи Хурд маҳдуд шуда, дар он ҷо ба мустаҳкам кардани мавқеъҳои худ машғул шавад ё дашкаркашии худро ба дарунтари Осиё, то торумори пурраи шоҳаншоҳии Ҳахманишиён давом диҳад. Искандари Макдунӣ роҳи дуюмро интихоб кард.

Дар идомаи лашкаркашӣ аҷаб нест, ки Искандарро махсусиятҳои иқтисодии давлатиҲахоманишиён ба ин тасмим тела медоданд. Аз тарафи дигар, дар оғози лашкаркашӣ ба Шарқ вазъи иолиявии Искандар дар ҳолати табоҳқарор дошт. Дар хазннаи ӯ ҳамагӣ 70 таланти нуқрагӣ боқонда буд, дар ҳоле, ки қарзҳо 1300 талантро ташкил мекарданд ва хароҷоти ҳармоҳаи қӯшун ва флот 300 талантро тақозо мекарданд. Ҷанги ниҳоят қиммат бояд ба Искандар ғанимати бузург меовард, вагарна он ба фалокати давлатӣ оварда мерасонид.Шоҳаншоҳии форсҳо бо боигариҳои худ шӯҳратманд буд ва онҳоро ба даст овардан танҳо тавассути шикасти пурра ва валангор кардани давлати Ҳахоманишиён имконпазир буд.

Вале Искандари Макдунӣ Дорои III-ро, ки ба марказҳои ҳаётан муҳими давлат ақибнишинӣ карда истода буд, яку якбора таъқиб накард, балки ба тарафи ҷануб, ба Сурия ва Финникия раҳсипор шуда, дар напзди худ вазифа гузошт, ки базаи форсҳо, яъне флоти Финикияро нест кардан лозим аст, зеро он ба салтанати Юнон дар баҳрҳо сахт таҳдид мекард. Шаҳрҳои Арвад ва Марат ба дасти Искандар бе ҷанг даромад, чуноне, ки Перменон шаҳри Димишқро осонакак ишғол кард, ҷое, ки корвон ва хазинаи саҳроии Доро мавҷуд буд. Ин ғанимат вазъи молиявии македониҳоро хеле беҳтар гардонид

Дар Марат Искандар аз Дорои III мактуб гирифт, ки дар он шоҳаншоҳ хоҳиш карда шуда буд. ки оилаашро баргардонад ва бо ӯ қарордод дар бораи сулҳу дӯстӣ мебандад Искандари Макдунӣ ин пешниҳодро рад кард Дар мактуби ҷавобӣ Искандар баён дошт, ки ҷанги мазкурро ҳамчун қассос барои ҳамаи ранҷишҳое, ки форсҳо ба юнониҳо расонида буданд, мешуморад ва дар хотимаи ҷавоб гуфта мешуд, ки агар Доро аз ӯ чизе хостанӣ бошад, пас ӯ чун инсони поён ба инсони олӣ муроҷиат намояд Оҳанги мактуб ҳар гуна фикрро дар бораи оштӣ рад мекард.

Харакати минбаъдаи Искандари Макдунӣ ба ҷануб низ бобарор анҷом ёфт. Бандарҳои калонтарин – Библ ваСидон бе муқобилат таслим шуданд. Вале сокинони Тир, ба дастнорас будани шаҳри худ дар ҷазира умед баста, шарти пешниҳодкардаи Искандари Макдуниро рад карданд.Ҳамин тариқ, амалиётҳои ҳарбӣ оғоз гардиданд. Муҳосираи шаҳр ҳафт моҳ давом кард ва сокинони Тир қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон медоданд, вале Искандар гулӯгоҳеро, ки шаҳри Тирро аз қитъа ҷудо мекард, аз сангу хок ва шағал пур карда, ба ҷазира роҳ мекушояд ва соли 332 то милод шаҳрро ишғол мекунад. Аҳолии Тир ба асирӣ гирифта ва ғуломӣ фурӯхта мешавад.

Ҳангоми муҳосираи Тир Искандари Макдунӣ аз Дорои III мактаби нав мегирад, ки дар он ӯ барои харидорӣ кардани оилаи худ 10 ҳазор талант нуқра ватамоми заминҳои ғарбтар аз дарёи Фуротро ваъда дода буд. Лекин Искандар ин пешниҳодро низ рад мекунад.

Баъд аз афтидани Тир, Искандар ба ҷониби Миср раҳсипор мешавад. Дар ин ҷо ба ӯ танҳо Ғозаи воқеъ дар ҷануби Фаластин каму беш муқовимат кард ва моҳи ноябри соли 332 то милод ба води дарёи Нил дохил мегардад. Миср замони аз тарафи Камбиз ишғол шуданқисми таркибии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён набуд. Мардуми Миср дар аҳди Камбиз ҳам борҳо шӯриш бардошта, ва дар охирҳои асри V то милод ба истиқлолият давлати худ муваффақ магарданд. Танҳо соли 343 то милод ба давлати Ҳахоманишиён муяссар гардид, ки ин мамлакатро аз нав ишғолнамояд.

Нафрати мисриҳо нисбати истилогарон бузург буд. Аз ин рӯ, онҳоИскандарро ҳамчун озодкунанда интизор будан. Дар бораи пайдоиши мисрӣ доштани ӯ овозаҳо паҳн мегардидаданд. Ҳокими форсии Миср бетаъхир ба Искандар таслим шуд. Искандар идораи Мисрро ба роҳ монда истода, дар соҳили баҳри Миёназамин шаҳри Искандарро бунёд кард, ки он ҳамчун шаҳри баробарвазн бо Финикия дар назар дошта шуда буд, Баъд ба Амони машҳур ташриф овард, ки он дар мавзее воқеъ дар биёбон буд. Коҳинон Миср Искандарро писари Амон эълон карда, бо ҳамин ӯро ҳамчун фиръавн шинохтанд.

Искандар ба идораи Миср тағйироти калон ворид карда, корҳои гражданиро ба ашрофи мисрӣ супорид, роҳбарӣ ба молияро – ба юнонӣ, роҳбарӣ ба артишро бошад, ба македонӣ месупорад. Дар айни замон ҷидду ҷаҳди наздик шудани худро бо ашрофони маҳаллӣ ифода намуд. Ҳамин тариқ, Искандари Макдунӣ Осиёи Хурд, Сурия ва Финникияро ишол карда, муттасилу пайваста асосҳои он низоми идораи давлатиеро бунёд мекард, ки барои шоҳаншоҳии ҷадиди Искандар хос мебошад: такя ба ашрофони маҳаллӣ, тақсимоти идораи маъмурӣ, молиява ҳарбӣ, ба тартибдарории ҷамъоварии андоз ва сикка задани танга, эҳтиромдорӣ ба урфу одату анъанавӣ ва худоҳои маҳаллӣ.

Ба воситаи роҳу усулҳои гуногун ифода намудани эҳтироми худ, аз он ҷумла ба дину оинҳои мисрӣ ва анъанаҳои қадимаи халқи он, Искандар ба биёбони Либия ба муқаддасгоҳи фиръавн Амон, ки ӯро на танҳо дар Миср, балки дар Либия ҳам мепарастиданд, сафар ва зиёрат кард. Дар бораи ин зиёрат ба муқаддасгоҳи мазкур қиссаҳои зиёде алоқаманд аст. Ҳар хеле, ки набошад, як чиз аниқ аст – рӯҳониён Искандарро писари Амон эълон карданд, яъне пайдоиши илоҳии ӯро эътироф менамоянд. Ҳамин тариқ ҳокимияти Искандар дар Миср амри динӣ гирифт. Мумкин аст, маҳз ҳамон замон дар тафаккури ӯ фикр дар бораи ба худо табдилёбии худро ҳамчун воситаи пурзӯркунии ҳокимият бо мақсадҳои сиёсӣ истифода бурдан пайдо шуда бошад.

Баҳори соли 331 то милод Искандар аз нав дар Тир пайдо мешавад. Аз ҳамин ҷо Пармененро ба Байнаннаҳрайн равон карда, ба ӯ мефармояд, ки гузаргоҳи Фуротро ишғол намояд ва Искандар бо қатъияти том ба муқобили Дорои III баромад. Форсҳо ногузир будани ин набардро мефаҳмиданд ва саросемавор ба он тайёрӣ дида истода. ҷузъу томҳои аскарони савораи худро то як дарача аз нав омода карда, аз дучархаҳои тирҳояшон найзамонанди хурд мусаллаҳ намуданд, то ки ба аскарони пиёдгарди Искандар талафоти калон ба бор оварда шавад. Сарфи назар аз ин, қобилияти ҷангии артиши форсҳо мисли пеш паст мондан мегирад. Дар ҳчунин шароит Искандар бо Парменон пайваст ва ин воқеа дар соҳили дарёи Фурот ба вуқӯъ пайваст.

test

Добавить комментарий