Шуриши Спитамен

Муборизаи халқҳои осиёи марказӣ бар зидди Искандари истилогар. Шӯриши Спитамен

Воридшавии артиши Македония ба вилоятҳои шарқӣ моҳияти ҷангро куллан тағйир дод. Агар қаблан аҳолии қаламравҳои ишғолшуда ба ивазшавии як ҳоким ба ҳокими дигар, бо баъзе истисноҳо, бетафовут назар мекарда бошанд, пас акнун бар зидди аҷнабиёни истилогар ҷанги ҳақиқӣ оғоз мегардад. Дар ин мубориза се марҳаларо қайд кардан мумкин аст. Дар марҳалаи аввал ба муборизаи зидди Искандари Макдунӣ собиқ ҳокими (сатрапии) Бохтар – Бесс, ки худро бо номи Ардашери IV шоҳи Форс эълон карда буд, роҳбарӣ мекард.Онҳое, ки хоҳиши мубориза бар зидди Искандарро доштанд, ба назди ӯ равон мегардиданд. Тахминан дар зарфи ним сол ба Искандар лозим омад, ки дар Бохтармонад. Дар ин ҷо ҳоким (сатрап) Сатибарзан дар иттиҳод бо Бесс ба мубориза бархоста буд. Ҳаракат Арахозия ва Дрангианро фаро гирифт, вале мавҷуд набудани ҳамоҳангӣ дар амалҳои байни ҳокимон (сатрапҳо) ба Искандар кӯмак расонид, ки онҳоро торумор кунад. Баъди ин ӯ баҳори соли 329 то милод ағбаҳои Арахозиро паси сар карда, ба води Кобули имрӯза омад ва аз ағбаҳои Ҳиндукуш гузашта, ба Бохтар зада медарояд. Дар ин ҷо ба Бесс муяссар нагардид, ки ба таври ҳаққонӣ ба муқобили қӯшунҳои Искандар муқовимат ташкил намояд. Аз афти кор, халқи маҳаллӣ ба ӯ на онқадар боварӣ дошт ва қӯшуни Искандар аз дарёи Окс (Аму) гузашта, ба Суғд меравад. Ин марҳалаи мубориза аз тарафи хешовандони Дорои III ба Искандар супоридани Бесс ба Искандар анҷом меёбад.

Спитамен Спитамен дар набард

Дар марҳалаи оянда мубориза бештар доман паҳн карда, ба он доираи васеи аҳолӣ ҳамроҳ мешаванд, ки онҳо мардонавор ва ба таври қатъӣ баҳри озодӣ ва истиқлолияти сарзамини хеш мубориза мебурданд. Дар ин давра ба мубориза бар зидди Искандари Макдунӣ яке аз пешвоёни суғдӣ Спитамен роҳбарӣ мекард. Ин шахс лашкаркаши соҳибистеъдод буда, усули ҷанги партизаниро истифода бурда, дар биёбонҳо чандин маротиба дастаҳои аскарони македониҳоро ба дом афтонида, торумор карда, бо ин роҳ аз қуввааҳои асосии македониягиҳо халос шуда, дар ҷойҳои барои душман ноаён панаҳ мебурданд.

Пойтахти Суғдшаҳри Мароқандро забт карда, Искандар ба ҷониби дарёи Яксарт (Сир) равон мешавад. Дар он ҷо дар наздикии шаҳри имрӯзаи Хуҷанд ба шаҳри Искандарияи Эсхата (Канорӣ) асос мегузорад ва қабилаҳои кӯчманҷии он тарафи дарёи Яксарт шикаст медиҳад. Ин лаҳза ба Спитамен муяссар гардид, ки дастаи аскарони Искандарро, ки барои кӯмак бааскарони македонии дар муҳосираимонда фиристода буд, торумор кунад. Ин хабарро шунида, Искандар ба Мароқанд мешитобад, вале ба Спитамен муяссар гардид, ки дар биёбон панаҳ барад. Ҷавобан ба ин Искандар тамоми води дарёи Зарафшонро талаю тороҷ мекунад. Аз рӯи маълумоти Курсия Руф, Искандар фармуд, ки деҳаҳоро оташ зананд ва ҳамаи аҳолии калонсолро аз дами теғ гузаронанд. Мувофиқи шаҳодати Диодор, ӯ дар ин ҷо 120 ҳазор нафар одамро қатл карда, боқимондаро ба ғулом табдил дод. Вале муқовимати шӯришчиён бо сардории Спитамен шикаст нахурд ва дар тӯли соли 328 то милод Искандар маҷбур шуддар Суғд бар зидди шӯришгарон мубориза барад. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷо Искандар якчанд бунгоҳи ҳарбию маъмурӣ бунёд мекунад, ки Искандария ном мегиранд. Искандар ба воситаи дастаҳои сершумори аскаронаш тамоми қаламрави Мароқанд ва дашту саҳроҳои он ҷоро ҷустуҷӯ кард, лекин Спитаменро пайдо карда натавонист. Спитамен ба назди массагетҳо рафта, аз он ҷо якчанд маротиба ба Суғд лашкар мекашад ва дар ниҳояти кор лашкари македониҳонерӯҳои Спитаменро торумор мекунанл. Баъди ин Спитамен ба назди массагетҳомеравад, вале онҳо ӯро аҳдшиканона дастгир карда ва ба қатл мерасонанд.

Шаҳри Мароканд Искандарияи Эсхата (канорӣ)

Дар баробари марги Спитамен дар Осиёи Миёна мубориза бар зидди Искандар қатъ нагардид. Дар марҳалаи охирин муборизаи шӯришчиён дар маҳалҳои алоҳида идома дошт, вале на ба он тавре, ки дар ду марҳалаи аввал сурат гирифта буд. Ашрофони Бохтар ва Суғд муттасил ба тарафи Искандар мегузаштанд.

Инъикоси олии ин ҷараёни оштишавӣ ба духтари яке аз роҳбари муқовимат Оксиарт – Рухшона хонадор шудани Искандар мебошад. Ба қӯшуни Искандар аскарони саворанбохтарӣ ва суғдӣ ҳамроҳ мегарданд. Бо ҳамин анҷомид муборизаи халқҳои Осиёи Марказӣ бар зидди истилогарон. Он дар зарфи се сол (солҳои 329 – 327 то милод)аз қӯшунҳои Юнону Макдуния муборизаи пуршиддат ва талафоти бузурги одамиеро тақозо кард. Искандар то ин вақт дар ягон ҷое ин қадар талафоти калон надода буд ва пешакӣ тасаввур ҳам карда наметавонист.

ЛАШКАРКАШИИ ИСКАНДАР БА ҲИНДУСТОН ВА БА БОБУЛ БАРГАШТАНИ Ӯ

Лашкаркашии Искандари Макдунӣ ба Ҳиндустон соли 327 то милод оғоз ёфта, дар ин роҳ бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд. Вале ба ӯ муяссар шуд, ки ба шоҳи Ҳиндустон Пору шикаст диҳад ва ҳаракати худро дар он тарафи дарёи Ҳинд – ба Шарқ давом бидиҳад. Ниҳоят, дар соҳили дарёи Биас соли 326 то милод воқеае рух дод, ки мумкин буд онро кайҳо интизор шуд. Ҷанговарони хастаю бемадоршуда аз давом додани пешравӣ даст кашиданд.

Ба Искандар лозим омад, ки ба ақиб баргардад. Дар роҳ бо аҳолии маҳаллӣ тез – тез бархурдҳо ба амал меомаданд. Ҳангоми ҳуҷум ба яке аз қалъаҳо Искандар сахт захм бардошт. Барои сафи пеши лашкарро ба самти ғарб роҳбарӣ кардан Кратер фиристода шуд. ки акнун ӯ Парменнонро дар ин вазифа иваз мекард. Бо ҳамроҳии Кратерқисме аз лашкар, корвони захбардоштагон ва беморон ба пеш ҳаракат карданд. Искандар бошад, ба тарафи ҷануб ҳаракат карда, то Паттала омада расид, ки дар он ҷо флоти ҷиҳозонидаомодаи сафар буд. Ба андешаи шуҷоатмандонаи Искандар он бояд аз резишгоҳи дарёи Ҳинд ба самти резишгоҳи дарёи Фурот ҳаракат мекард.

Ҷанги Искандар бо сарбозони филсавори ҳиндӣ Баҳрнавард Неарх

Ин андеша аз рӯи нақшаи назариявии Искандар ба миён омад, ҳол он ки дар бораи мавҷудияти ин роҳи баҳри аз наздикони Искандар касе чизеро намедонист. Роҳбарӣ ба флот ба баҳрнаварди ботаҷриба Неарх супорида шуд. Моҳи октябри соли 325 то милод Неарх бо флот ба уқёнуси Ҳинд баромада, ба самти ғарб ҳаракат кард. Искандар бо қӯшуни яккачин ба ғарб ҳанӯз моҳи сентябр раҳсипор шуда, ба соҳил наздикҳаракат карда, дарсамти Тахти Ҷамшедпеш гирифт. Ин роҳ ниҳоят мушкил буд. Дар биёбонҳои аз офтоб тафсон Искандар қариб нисфи ҷанговарони худро аз даст дод. Ба Неарх низ дар роҳҳои баҳрии ба ӯ номаълум мушкилиҳои зиёд пеш омаданд. Ниҳоят,Искандар дар наздикиҳои шаҳри Сӯза флоти худро дид, ки оғози соли 324 то милод ба воситаи дарё ба пешвози ӯҳаракат мекард.

Баҳор ва тобистони ҳамон солро Искандар дар Сӯза гузаронид. Набудани шоҳ дар вилоятҳои марказии давлати базӯр дар тӯли зиёда аз панҷ сол сохташуда таъсири худро расонида буд. Сатрапҳои таъйинкардаи Искандар худро соҳибистиқлол ҳис карда, халқро бешармона ғорат мекарданд ва ҳатто дар дастгоҳи марказии давлат низ худсарӣ ва фасодӣ (коррупсия) ҳукмрон буд. Ҳайратовар он буд, ки дар тӯли ин солҳо шоҳаншоҳӣ пароканда нашуд; ин далел дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти он ҷавобгӯи талаботи замон будааст. Бо ҳамин лашкаркашиҳои истилогаронаи Юнону Макдуния хотима ёфт ва акнун дар ин шароит ба Искандар лозим буд. ки ин давлати бузургу ноободи ташкилкардаи худро идора кунад.

Баргаштани Искандар ба Бобул

Аз назари Искандар чунин менамуд, ки ҳалли ин масъалаи ниҳоят мураккаб тавассути ҳамроҳшавии истилогарон ва истилошудагон ба амал меояд. Худи ӯ бо Статир, духтари калонии Дорои III ва Гефесион бо духтари хурдии ӯ, Парисатида ба духтари Ардашери III ақди никоҳ бастанд. Ҳамсафони наздики Искандар Кратер, Пердикки, Птоломей, Эвмен, Неарх. Селевк ба духтарони дарбориёни Дорои III ва сатрапҳои ӯ хонадор шуданд. Искандар шахсан никоҳҳои омехтаро барои ҳамсафону атрофиён ва аскаронашҳаматарафа дастгирӣ ва ҳавасманд ҳам мекард. Ҳамин тариқ, ӯ ба 10 ҳазор нафар аскарони ба духтарҳои форсӣ ақди никоҳ баста тӯҳфаҳои тӯёна пешкаш намуд. Ғайр аз ин, Искандар ба артиши худ ҷавонони эрониро сафарбар намуда, онҳоро аз рӯи қолабҳои македонӣ таълим медод.

Ҷиддуҷаҳд баҳри ба тарафи худ кашидани доираҳои муайяни ҷомеаи Эрон ва ҳавасманд кардани омезиш ёфтани македониҳо ва эрониҳо, дар як вақт Искандардар сатрапҳои форстабореро, ки дар ғоибии ӯ мустақилияти аз ҳад зиёд зоҳир мекарданд, маҳв месохт. Акнун дар тамоми вилоятҳо ҳокимон аз ҳисоби македониягиҳо таъйин карда мешуданд. Ин зуҳурот сиёсати воқеии Искандарро дар Осиё нишон медиҳад.

Охири тобистон ва тирамоҳи соли 324 то милодро Искандар дар Экбатан (Ҳамадон) гузаронид. Ин вақт аз ҳамаи шаҳрҳои Юнон талаб кард, ки ӯро ҳамчун худо парастанд. Гарчанде ин талаб дар Эллада баъзе муқовимат ва андешаи қобили қабул набуданро ба вуҷуд овард, вале фармони дигари Искандар боиси таваҷҷӯҳи бештар шуд: муҳоҷирони сиёсӣ ба ватанашон баргардонида шаванд. Ин фармонро юнониҳо ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд, чунки Искандари Макдунӣ, ҳамчун раҳбари ҳарбии Иттиҳоди Коринф, ҳақ надошт ба корҳои дохилии полисҳои юнонӣ дахолат кунад. Искандар шаҳри Бобулро пойтахти нави давлати худ эълон мекунад. Оғози соли 323 то милод намояндагони шаҳрҳои Юнон ба Бобул омаданд, то ки ба гардани Искандар, чун ба гардани худо, чанбаракҳои тиллогин овезон карданд. Дар баробари ин, онҳо ба андешаи ақиб баргардонидани муҳоҷирон мухолиф будани худро баён карданд

Зимистони солҳои 324 – 323 то милод Искандар бар зидди қабилаҳои кӯҳистонии касситҳо ҷанг мекунад, то ки роҳ аз Бобул то Эрон бехатар гардонида шавад. Баъд ба таҳияи нақшаи ташкили экспедитсияи баҳрӣ дар атрофи Арабистон ва Миср ва масъалаи мустамликагардонии Халиҷи Форс машғул мешавад. Вале мақсадҳои мазкури Искандарба иҷро нарасиданд. Оғози соли 323 то милод Искандар бемор шуд ва дере нагузашта аз дунё чашм пӯшид. Қӯшун бо шоҳи марҳум, ки ҷасадаш дар пойгоҳи толори тоҷгузории подшоҳдар қасри Навухудоносори II гузошташуда буд, гузашта истода. Бо марҳум ботантана видоъ карданд.

Ҳамин тариқ. Лашкакашии Искандари Макдунӣ ба Шарқ, бо таъсиси шоҳаншоҳии Искандар, гарчанде он устувор набуд, анҷом ёфт. Вафоти Искадар мавҷудият шоҳаншоҳии ӯро ба зери хатар гузошт, чунки солҳои охирини лашкаркашии ӯ нишон доданд, ки дар атрофи Искандар ва ҳайати фармондеҳии қӯшун ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣҳукмрон буда, гузашта аз ин, ихтилофҳои зиёд вуҷуд доранд.

ШОҲАНШОҲИИ ИСКАНДАРИ МАКДУНӢ ВА НОУСТУВОРИИ ОН

Дар баробари ба Бобул баргаштанаш дар назди Искандари Макдунӣ масъалаи ташкили идораи шоҳаншоҳии бузург, ки дар натиҷаи забткориҳо ташкил ёфта буд, пеш омад. Дар зарфи 10 сол Искандари Макдунӣ давлати бузурги нопайдоканорро ташкил намуд, ки он дар Шарқ аз Шарқи Наздик аз Миср сар карда дар Шарқ то соҳилҳои дарёи Ҳинд, дарШимол то баҳри Сиёҳ ва дар Ҷануб то Халиҷи Форсро дар бар мегирифт. Табиист, ки шахсияти Искандар ва муваффақиятҳои бузурги ҳарбии ӯ таваҷҷӯҳи таърихшиносонро ба худ чӣ дар замони қадим ва чӣ дар замони наву навин ҷалб мекард ва имрӯз ҳам ҷалб мекунад. Вале дар баҳо додан ба фаъолияти Искандари Макдунӣдар байни олимон чӣ он замон ва чӣ имрӯз ақидаи ягона вуҷуд надошт ва надорад.

Дар баробари ин баъзе олимони таърихнигор Искандарро ҳамчун қосиди “ёрубародаршавии халқҳо” ном бурдаанд. Вале фаъолияти ӯ дар бораи дигар зуҳурот шаҳодат медиҳад: Искандар ҷидду ҷаҳд мекард, ки таҳкурсии иҷтимоии худро васеъ кунад, форсҳою македониягиҳоро омезиш диҳад, ин халқи омезишёфтаро ба як навъ “халқи ҳукмрон” табдил диҳад, ки такягоҳи содиқи ҳокимият ва олоти зулму истисмори халқҳои дигар бошанд. Ғайр аз ин, бо сабаби он, ки мутлақияти Македония ҳанӯз ҳам баъзе боқимондаҳои замони демократияи ҳарбиро нигоҳ дошта буд, аз он ҷумла мақоми маҷлиси умумии ҷанговаронро. Таъкид менамоем, ки дар ҳар сурат таърихшиносони тоҷик Искандари Макдуниро ҳамчун истилогар мешиносанд ва дар ҳамин ақида устуворанд.

Шоҳаншоҳии Искандари Макдунӣ устувор набуд ва буда ҳам наметвонист. Дар байни фаҳмиши давлату давлатдорӣ байни юнонию макдуниҳо,аз як тараф ва , давлатҳои ишғолкардаи ӯ тафовут хеле зиёд буд. Барои устувории он мӯҳлати тулонӣ лозим меомад. Аз тарафи дигар, ҳатто дар сафи истиилогарон якдилӣ ва ҳусни тафоҳум вуҷуд надошт.

Харитаи империяи Искандари Макдунӣ

Дар ин сиёсати кандани алоқа аз анъанаҳои кӯҳнаи македонӣ ба Искандар артиши ӯ монеа эҷод кард, ки он такягоҳи асосии ҳокимиятиӯро ифода мекард. Аз ин рӯ, Искандар ҷидду ҷаҳд ба он сарф мекард, ки моҳияти ин ҳокимиятро тағйир бидиҳад. Ва барои пиёда намудани ин мақсад ба ҳайати он 30 ҳазор нафар ҷавононро аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ сафарбар намуд, ки онҳо дар давраи лашкаркашии Искандар ҳанӯз бачаҳои хурдсол буданд. Искандар ин ҷавононро аз хурдсолӣ бо таҳсилоти юнонӣ фаро гирифт ва истифода бурдани аслиҳаи македониро омӯзонид.

Дар баробари ин иқдом дар ҳаққи боло бардоштани қобилияти ҷангии қӯшун ғамхорӣ карда истода, фармуд, ки “аскарони бо сабабҳои сину сол ва маъюбӣ қобилияти ҷангиии худро гумкардаро” аз қӯшун ба хона ҷавоб диҳанд. Ин амр дар артиш исёни ҳақиқиро ба вуҷуд овард, ки дар он македониягиҳои дигар ҳам иштирок намуданд, вале Искандар ташкилотчии ин исёнро золимона торумор кард ва дар натиҷаи ин 10 ҳазор нафар аскари македонӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Искандар дар артиш баъзе ислоҳотҳои дигарро низ амалӣ намуд. Ба он аз қабилаҳои маҳаллӣҳайати нави ҷанговаронро ҳамроҳ кард. Ҳамин тариқ, ,акнун македонииҳоро бо форсҳо дар дохили ҷузъу томҳоиқӯшун бо ҳам пайваст намуд.

Дар баробари ин, юнониҳою македониягиҳо халқҳои истилогар мондан гирифтанд. Ҳангоми баргаштан ба Бобул ба Искандар лозим омад, ки аксарияти ҳокимонеро, ки дар мавриди лашкаркашӣ ба Осиёи Марказӣ беэътимод номида буд, аз вазифа сабукдуш карда, ба ҷои онҳо дар ҳамаи вилоятҳои муҳим ба вазифаи сатрапӣ македонию ,юнониҳоро таъйин намуд.

Искандар дар амал ва моҳиятан ба низоми қаблии маъмурии Ҳахоманишиён кам тағйирот ворид сохт: дар он мувозинати сатрапиҳо ва давлатҳои тобеъ ташкил меёбад. Бояд зикр кард, ки аз ҷудоихоҳии сатрапҳо тарсида, Искандар ҳокимияти онҳоро бо корҳои гражданӣ маҳдуд карда, дар баробари онҳо, дар вилоятҳо ҳарбиёнро низ ба вазифа таъйин кард, кидар натиҷа ҳокимияти сатрапҳо хеле маҳдуд гардид.

Шоҳаншоҳии Искандари Макдунӣ баъд аз вафоти ӯ ба давлатҳои алоҳида пора – пора мешавад, ки ҳар кадоми онҳо наиттиҳоди давлатии мутлақа, полис ва иттиҳоди полисҳо, балки дар худ полисҳои зиёдро ҳамчун қисматҳои таркибии давлатҳои нав муттаҳид мекард. Ин давлатҳо, сарфи назар аз тамоми мушкилии онҳо,умри хеле зиёд диданд.

Тавре ки муҳаққиқони Ғарб мефармоянд, лашкаркашии фотеҳонаи Искандар ба Шарқ ва таъсиси давлатҳои эллинистии навроҳам дар худи Юнон ва ҳам дар Шарқи Наздик ҷараёни таърих тайёр кардааст. Ба ақидаи онҳо зарур будчунин сохти ҷамъиятию иқтисодие ташкил карда шавад, ки дар он моликияти хусусӣ ва истеҳсолоти хусусӣ бе дахолати худсарона аз тарафи ҳокимияти шоҳӣ вуҷуд дошта бошад ва дар он якхелагии кафолати ҳуқуқии мухторияти сиёсӣ, вале каму беш дастрасии озод ба сарчашмаҳои ашёи хому бозорҳои молии байнивилоятӣ, таъмин карда шуда бошад. Чунин сохтор давлатҳои подшоҳии (мутлақаи) эллинистие буданд, ки ба полисҳо ва шабакаи полисҳои мухтор такя мекарданд.

Мухторияти шаҳрҳо ва ё ибодатгоҳҳо, таъсиси як навъ давлатро дар дохили давлат буда, ҳамавақт асоснокии идеологӣ дошта, дар шаклҳои муайяни идеологӣ ба миён меомаданд. Табиист, ки полиси юнонӣ бояд бо худ шаклҳои юнонии идеология ваҳаёти мадании эллинистиро низ меовард. Он дар Шарқ ба таври ҳақиқӣ реша давонда натавонист, чунки ҳаёти мадании эллинистӣ дар ин ҷо бо олами шаҳрҳои имтиёзнок маҳдуд карда шуда буд.

Шаҳрсозии васеъ дар мамлакатҳои Осиё, ки аз тарафи Искандар ва ҷойгирони ӯ ба амал бароварда мешуд, наметавон танҳо тавассути мустамликагардонии юнонӣ фаҳмонид. Барои сукунати аҳолӣ дар ҳамаи ин шаҳрҳо аҳолии тамоми Юнон камӣ мекард. Қаблан аҳамияти эллинистӣ кунонидани қисми муайяни аҳолии маҳаллӣна он қадар эътибор дода мешуд. Дар баробари ҷанговарони эронӣ ва ашрофон, ки бевосита ба ҳайати қӯшуни Юнону Макдунӣ воридгардида, эҳтимол ба эллинистикунонӣ аҳолии зиёди маҳаллии ба корвонҳои савдоию таъминотии артиш, ҳайати хизматрасонӣ, сокинони шаҳрҳои валангор кардашуда, фарзандони юнону македониҳо аз занҳои маҳаллӣ фаро гирифта мешуданд. Бештар вақт сокинони шаҳрҳои ишғолкардаро ба полисҳои аз тарафи шоҳҳо ташкилкардазӯран мекӯчониданд. Баъзан кӯчонидан “варварҳо” ихтиёрӣ буд, баъзе мавридҳое ҳам мешуданд, ки шаҳрҳои нав ба таври пурра аз ҷумлаи кӯчонидани гражданҳои шаҳрҳои кӯҳна обод карда мешуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.