Парокандашавии шоханшохии чаҳонии Искандари Макдуни

МЕРОСИ ИСКАНДАРИ МАКДУНӢ

Искандар наметавонист на ба вуҷуд овардани халқи муштараки “форсуэллинҳоро” таъмин намояд, ки ӯ дар ин бора орзу мекард, ва на якпорчагии давлати ташкилкардаи худро. Вале ба ташкилёбии давлатҳои аз назари шакли сиёсӣ устувор дар Шарқи Наздик мусоидат кард. Қадами нахустини Искандар, ки ба таҳкими ҳукумати марказӣ мусоидат намуд, тақсикунии ҳокимият ба сатрапиҳо буд. Дар марҳалаи аввал дар Эрон форсҳоро сатрап таъйин карда, вале Искандар онҳоро аз ҳокимияти молиявӣ ва ҳарбӣ маҳрум сохт. Дар баробари сатрап ӯ сардори махсусеро таъйин кард, ки ҷамъоварии андозро ба зима дошт ва ҳамаи масъалаҳои дигари молиявиро бошад, ба амалдори махсус супорид. Ин амалдор ба сатрап нею ба сархазинадори танҳо ба шоҳ тобеъ ҳисоботдиҳанда буд. Вазифаи сархазинадорро дар замони Искандар Гарпал ба зима дошт. Вале ӯ ба боварии Искандар сазовор нашуда. Баъди аз лашкаркашии шарқӣ баргаштани Искандар Гарпал ба Ғарб гурехта, қисми зиёди хазинаро бо худ бурдааст.

Парокандашавии Империяи Искандари Макдунӣ

Ҳуқуқи сатрапҳо ба сикка задани танга, ки дар замони Ҳахоманишиён доштанд, бекор карда шуд. Танҳо ба Бобул ва баъзе шаҳрҳо, аз қабили шаҳрҳои Финникия, Киликия ва Юнон иҷозат дода шуд, ки сикказании тангаҳои худро мустақилона идома диҳанд. Шоҳаншоҳ натанҳо сикказании тангаро ба дасти худ гирифт, инчунин дар ин кор ислоҳоти калон низ гузаронида, бо ҳамин дар асоси пули нуқрагӣ низоми пулии аттикӣ ва ҳахоманиширо бо ҳам муттаҳид сохт. Дирами нуқрагини ба муомилот баровардаи Искандар дар аксар мамлакатҳои Шарқ эътироф карда шуда, бо баъзе тағйироти зоҳирӣ якчанд аср умр дид.

Ин тадбирҳои молиявӣ ба муттаҳидшавии давлат ва таҳкими иқтисодиёт кӯмак расонида, дар баробари ин, ба пурзӯршавии робитаҳои иқтисодию сиёсӣ ва мадании қисматҳои алоҳидаи шоҳаншоҳии нопайдоканори Искандар мусоидат намуданд. Ба болоравии истеҳсолоти ин давлатҷавоҳироти бузурги Ҳахоманишиён, ки дар хазинаи Искандар бе ҳаракат маҳфузбуд, низ мусоидат намуданд.

Ҷиҳати муҳимми фаъолияти Искандар дар вилояту минтақаҳо ва мамлакатҳои фатҳшуда шаҳрсозӣ ба ҳисоб меравад. Ривояту асотирҳо дар бораи асосгузори 70 шаҳр будани ӯ маълумот медиҳанд, ки шояд шумораи чунин шаҳрҳо аз ин миқдор хеле кам бошад, чунки имрӯз ба мо наздики 10 чунин шаҳр маълум асту бас.. На ҳамаи “шаҳрҳои” бунёдкардаи Искандар воқеан шаҳр номидан раво бошад, аксарияти онҳо бошишгоҳҳои ҳарбӣ ва мустамликаҳои македониҳои дар заминҳои шоҳбунёд гардида буда, баъд ҳуқуқи полисро гирифтаанд.

Гарпал Сиккаи Финикия

Баъзан мо на ба бунёди шаҳри нав, балки ба васеъкунии шаҳрҳои кӯҳнаи шарқӣ ва ба он додани ҳуқуқҳои полис сару кор дорем. Ҳар хеле ки набошад, дар аҳди Искандар дар Шарқ марказҳои сершумори нави ҳаёти шаҳрӣ ба вуҷуд меоянд – аз Искандария дар Миср то Опиана дар соҳили дарёи Ҳинд ва Искандарияи Эсхатаи (Канории) соҳили дарёи Сир (дар Хуҷанди имрӯза) воқеъгардида. Шаҳрҳои нав дар роҳҳои муҳими муҳим ва савдоӣ бунёд карда шуда, дар байни сатрапиҳо ҷузъҳои муҳимтаринии пайвандкунанда буданд. Ин шаҳрҳо аз назари сиёсӣ ба ҳокими аз тарафи Искандар таъинкарда, эҳтимол аз тарафи сатрап идора карда мешуданд.

Сиккаи Киликия Сиккаи Юнони эллинистӣ

Сиёсати шаҳрсозии Искандар асосан мақсади ҳарбӣ дошт, вале аҳамияти он аз доираи андешаи истилогар берун баромада буд. Ин сиёсат дар доираи боз ҳам васеътару босубот ва муташаккил аз тарафи меросхӯрони бевоситаи ӯ – диодохҳою шоҳҳои хеле баъдтар ба сари ҳокимият омадаи эллинистӣ ба амал бароварда мешуд, ки дар низоми давлатдории онҳо такягоҳҳои муҳимро ташкил мекарданд.

Аз ақиби Искандари Макдунӣбо умеди дарёфти кори фоиданок дар мамлакатҳои нав ҳазорон нафар тоҷирону косибон равон шуда, аксарияти онҳо дар шаҳрҳои навбунёд сокин мешуданд ва таҷрибаи бойи худро ба соҳаҳои номаълуми қаблан дар ин ҷойҳо асосёфтаи тиҷоратию иқтисодӣистифода мебурданд ва робитаҳои кӯҳнаи онҳо бо марказҳои тиҷоратии юнонӣ ба васеъшавии мубодилаи молӣ дар байни Шарқи Наздик ва Юнон мусоидат мекарданд. Инчунин дар ҷараёни лашкаркашии Искандар ба Шарқ дар ин ҷо васеъшавии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба кашфиётҳоиҷуғрофӣ ва бунёди роҳҳои нави тиҷоратӣ сабаб шуд. Воридшавии забони юнонӣ, маърифат ва санъати Юнон дар Шарқ асоси маънавии минбаъдаро барои ба вуҷуд омадани маданияти эллинистӣтайёр кард.

Шоҳаншоҳии Искандар дар лаҳзаи марги ӯ аз вилоятҳои гуногун иборат буда, дар байни онҳо робитаи кам вуҷуд дошт, пеш аз ҳама Македония, ки онро ҳамаи ин солҳо Антипатра ҳукмрон буда, онро ба таври пештара идора мекард. Баъди худи македония дар ҷойи дуюм полисҳои ба Македония тобеъи қисмати аврупоии Юнон меистоданд, ки бисёриҳои онҳо дар бораи истиқлолияти пурраи худ орзу танҳо мекарданд. Осиёи Хурд ба якчанд минтақа тақсим шуда буд. Полисҳои юнонии соҳилҳои ғарбии он ба Аврупо майл доштанд ва сарфи назар аз солҳои тулонии дар он ҷо ҳукмрон будани форсҳо, аз бародарони аврупоии худ кам фарқ мекарданд.

Дар шаҳрҳои соҳилҳои ҷанубии баҳрӣҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳам аз назари сиёсӣ намуди дигари муносибатҳо, шояд бештар ба шаҳрҳои Финикия шабоҳат доштанд. Навоҳии марказӣ ва шимолу шарқиеӣ, ки дар онҳо халқиятҳои фрагиҳо ва лувийҳо сокин буданд, дар амал чун арманҳо ва халқияту қабилаҳои гуногуни қафқозӣ ва Назди баҳри Сиёҳ аз тарафи Искандар забт карда нашуда буданд. Бо вуҷуди ин баъзеи онҳо ҳокимияти Искандарро зоҳиран эътироф мекарданд, қисми дигарашон пурра соҳибистиқлол мондан гирифтанд. Мисри бо шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён кам робитадошта дар забони Искандар низ истиқлолияти худро пурра нигоҳ дошт. Финникия ва Сурия, сарфи назар аз тақдири фоҷеавии Тир, дар замони Искандар низ чун дар аҳди Ҳахоманишиён мақоми худро дар миёнарав будани байни Ғарб ва Шарқ нигоҳ дошт ва, аз ин рӯ, ноилоҷ, ба истилои Македония тан дода буданд.

Мувофиқи андешаи Искандар Байнаннаҳрайн бояд маркази шоҳаншоҳии нав гардад ва Бобул – пойтахти он. Дар ин ҳадаф фикри Искандар дуруст буд, зеро ин шаҳр маркази маданию тиҷоратии Шарқи Наздик маҳсуб шуда, он бо роҳҳои корвонгузар бо Эрон, Қафқоз, Баҳри Миёназамин ва роҳҳои обӣ бо халиҷи Форс, Арабистон ва Уқёнуси Ҳинд пайваст буда, ҳамин тариқ, то асрҳои миёна маркази табиии иқтисодӣ ва сиёсии ҳамаи мамлакатҳои Шарқи Наздик ба шумор мерафт.

Дар сари роҳи лашкаркашии Искандари Макдунӣ ба Шарқ дар масоҳати бузург сарзамини нопайдоканори Эрон воқеъ гардида, дар он ҷо қабилаҳои гуногуни форсзабон сукунат доштанд. Мувофиқи ақидаи муаллифони муосири Ғарб як қисми онҳо нисбат ба истилогарони Юнону Макдунӣ дар зинаи пасттари рушди ҷамъиятӣ5қарор доштанд. Вале мо ин далели онҳоро тасдиқ карда наметавонем. Қабилаҳои зиёдро махсусан дар Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, наметавон ба таври пурра шикастхӯрда ва ё ба истилогарони макдунӣ тобеъ ҳисобид. Мутобиқи мафҳумоти юнонӣ гарнизонҳои камшумори асосан на аз юнониҳо, балки аз македониҳо иборатбуда ба ин муҳити “варварҳо” ворид шуда, худро наонқадар боварибахш эҳсос мекарданд ва маъмулан талош ба он мекарданд, ки ин ҷойҳои барои худ хатарнокро ҳарчи тезтар тарк кунанд. Чунин ҷузъу томҳои македониҳо на он қадар боэътимод буданд. Ин аст, ки баъд аз марги Искандар даст ба шӯриш мезананд.

Вилоятҳои нопайдоканори шоҳаншоҳии ҷаҳонии Искандар, ки аз ҷиҳати аҳолӣ, сатҳи рушди ҷамъиятӣ ва робитаҳои иқтисодии гуногундоштаро дар ҳайати давлати ягона нигоҳ доштан кори мушкил буд. Гузашта аз ин, умеду орзуи Искандар дар бораи аз ин халқу қабоил ва гурӯҳҳои қавмии гуногун аз тариқи омезиш бо унсури ночизи юнону макдунӣ ба вуҷуд овардани халқияти ягона беэътимод буд.

ҶАНГҲОИ ДИОДОХҲО ВА ТАШКИЛЁБИИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛИ ЭЛЛИНИСТӢ

Бо шарофати истилогариҳои бобарори Искандари Макдунӣ дар Шарқ ва доираҳои сиёсие, ки ӯро дастгирӣ мекарданд, муяссар гардид, ки қаламрави бузургро забт карда, шоҳаншоҳии бузургу паҳновари дунёи қадимро ташкил намояд. Ба ҳайати шоҳаншоҳии ҷаҳонии Искандар Македония, қисмати зиёди Юнони Балкан ва Юнони ҷазиравӣ, вилоятҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, як қисми шимолу ғарбии Ҳиндустон дохил буд. Искандар мустаҳкам набудани ягонагии дохилии давлати худро хуб мефаҳмид, чунки он ба воситаи нерӯи яроқ муттаҳид карда шуда буд. Аз ин рӯ, ҷидду ҷаҳд ба харҷ медод, ки тавассути тадбирҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ давлати парокандаро муттаҳид сохта, онро нашъунамо диҳад. Лекин марги ногаҳонии барвақта ба истилогари бузург имконият надод, ки ин мақсади худро амалӣ гардонад. Амали нерӯҳои марказгурез ба амал оғоз карда, дар ниҳояти кор ба давлатҳои алоҳида тақсимшавии империяи ташкилкардаи Искандар оварда расониданд.

Ҷараёни парокандашавии шоҳаншоҳии ҷаҳонии Искандар ва низоми давлатҳои нав дар харобаҳои он на ба таври осоишта, ба воситаи ҷангҳои бетанаффус дар байни лашкаркашони Искандари Макдунӣ, ки онҳоро диодохҳо меномиданд, ба амал омад: онҳо мероси пешвои марҳуми худро дар зарфи зиёда аз 40 сол тақсим карданд. Дар солҳои аввали баъд аз марги Искандар ғояи шоҳаншоҳии муштараки бузург, ки аз тарафи сулолаи Филипп – Искандар идора карда мешавад, дар байни ҷангиёни артиши Макдуния хеле маъмул буд.

Искандар баъд аз вафоти худ меросхӯри ба камолрасида боқӣ нагузошта буд. Агар чунин меросхӯр медошт ҳам, эҳтимоли ночиз вуҷуд дошт, ки ба ягон меросхӯр, чи хеле ки ӯ набошад, муяссар мешавад, ки ин меросро дар дасти худ нигоҳдошта тавонад.

Дар аввали парокандашавии империя идораи Македонияро Антипатр ба ҷо меовард, хуҷаинии Бобул бошад, ба ихтиёри сарвари фармондеҳҳои лашкари савора Пердикка мегузарад. Пердикка ҳам ба қисми зиёди лашкар фармондеҳӣ мекард ва ҳам хазинаи шоҳаншоҳӣ дар ихтиёри ӯ буд. Ёрдамчии наздиктарини Искандари Макдунӣ Кратер бо ҳамроҳони собиқадорониҳарбӣ ба Юнон рафт, ки дар он ҷо Антипатр дар ҷанги зидди шаҳрҳои бапохестаи юнонӣба шикаст дучор шуда буд.

Диодохҳои Искандар Диодох бо сарбозон

Мутобиқи қарори ҳамсафони наздики Искандар, ки дар Бобул қабул гардида буд, сатрапиҳо аз нав тақсим карда шуданд. Дар Бобул ду нафари шоҳ эълонкарда шуда, ки дар ихтиёри Пердикка буданд: бародари камақли ӯ, писари ғайриақдии Филиппи II – Филиппи III, ва писари навзоди Искандар аз никоҳи ӯ бо Рухшона, духтари Оксиарт, ки Искандари IV ном дошт. Бо сабаби он ки ҳардуи ин шоҳҳо ҳам қобилияти роҳбарӣ надоштанд, шӯрои лашкаркашони македонӣ дар назди онҳо пештибон (регент)-исардори хурдсоли давлат – ҳамсафи Филиппи II ва Искандар – Пердиккаро (соли 323 то милод), ки намояндаи ашрофони кӯҳнаи македонӣ буд. нтихоб намуд. Ба лашкаркашони дигар низ қисматҳои гуногуни шоҳаншоҳии Искандар дода мешаванд. Дере нагузашта лашкаркашон, ки дар таърих диодохҳо номида шудаанд, бо лашкарҳои худ ба ҷониби мулкҳоияшон раҳсипор шуданд.

Солҳои аввали баъди вафоти Искандар нишон доданд, ки диодохҳо майли ба пуштибон-мураббии шоҳҳо – Пердикка итоат карданро надоранд. Пердикка ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки диодохҳои саркашро ба худ тобеъ кунонад, вале ба ин кор зӯраш нарасид. Баъди ин кушиши бебарор ӯ тасмим гирифт, ки яке аз сарлашкарони боистеъдод – шоҳи Миср Птоломейи Лагро ҷазо дода, ба худ тобеъ намояд, то ки бо ин амал ,диодохҳои дигар тарсида, низ ба ӯ тобеъ шаванд. Лекин ин кор ба ӯ муяссар нашуд. Дере нагузашта пуштибон шоҳҳо Бердикка дар хаймааш аз тарафи сардори лашкараш ба қатл расонида мешавад.

Александри IV навзод Пердикка

Баъди марги Пердикка соли 321 то милод дар маҷлиси машваратии дар шаҳри Трипарадейси воқеъ дар Сурия доиргардида Антипатр ҳокими олӣ интихоб мегардад. Дар баробари ин, диодохҳо оид ба аз нав тақсим кардани шоҳаншоҳӣ ба қарордоди нав имзо гузоштанд. Дар асоси он Миср ба Птоломейи Лаг, Македонияю Юнон ба Антишатра ва писари ӯ Кассандра дода шуд. Антигони Якчашма стратег-автократори Осиёи Хурд эълон карда мешавад. Байнаннаҳрайн ба яке аз шахсиятҳои наздиктарини Искандар Селевк дода шуд. Фракия, Пропонтида ва як қисми Осиёи Хурд ба зери ҳокимияти Лазимах даромаданд.

АнтипатрФилиппи III Селевки I

Баъди маҷлиси машваратӣ дар Трипарадейс Антипатр ба Аврупо баргашт ва дар амал аз корҳо дар Осиё дар канор монда, соли 319 то милод ӯ вафот мекунад. Баъди ин нерӯҳои марказгурез аз худ боз ҳам баландтар дарак доданд. Бо истиснои якчанд нафар,ҳамсафони дигари Искандар дар бораи нигоҳдории шоҳаншоҳӣ ё барқароркунии он дар сатҳи қаблӣ, ҳатто зоҳиран бошад ҳам, фикр намекарданд. Ҳар кадоми кушиш мекарданд, ки ҳиссаи қаламрави калонтар ва хубтарро ба даст дарорад ва заминҳои худро аз ҳисоби ҳамсояҳо низ васеъ намояд.

Антигонаи ЯкчашмаДеметрий Палиоркет Лисимах

Барандагон ва муборизони ғояи империяю садоқат ба Филипп – Искандар Антигонаи Якчашма ва писари ӯ Деметрий Полиоркет буданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки қисми зиёди империяи Искандари Макдунӣ – Осиёи Хурд, Сурия, Бобул, Мод ва Персадаро муттаҳид созанд. Пурзӯршавии нуфузи Антигонаи Якчашма ба он оварда расонид, ки ҳамаи диодохҳои дигар бо роҳбарии Птоломейи Лага иттиҳоди зидди ӯро ташкил намуданд. Вақти баробарвазнии муваққатӣ фаро расид ва ин соли 311 то милод бо қарордоди дигари ҳарду иттиҳод қаламравҳои то ҳамин сол ишғолкардаи диодохҳо тасдиқ карда шуд.

Худи ҳамон сол бо розигии диодохҳо Филиппи III ва Александри IV ба қатл расонида мешаванд ва бо ҳамин ин сулола аз байн меравад. Вале баъди ин воқеа ягон диодох қудрат надошт, ки ҳокимияти худро дар тамоми собиқ империяи Искандари Макдунӣпаҳн намуда, дар дасташ нигоҳ дорад. Кор ба ҷое расид, ки соли 306 то милод диодохҳои калон (аз назари қаламрави зери итоати онҳо) – Антигони Якчашма, Деметрий Полиоркет, Птоломейи Лаг, Лисимах, Селевк ва Кассандр худро рӯирост шоҳ эълон карда, бо ҳамин дарвайронаҳои шоҳаншоҳии ҷаҳонии Искандари Макдунӣ давлатҳои нав ташкил намуданд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки Антигони Якчашма ва Деметрий Полиоркет бори охирин кушиш ба харҷ доданд, то ки шоҳаншоҳии парокандашудаи Искандари Макдуниро аз нав муттаҳид кунанд, вале ин кушиш ҳам бебарор анҷом ёфт.

Тақсимоти Империяи Александр дар байни диодохҳо

Соли 301 то милод дар муҳорибаи назди Ипс, ки дар қисмати миёнаи Осиёи Хурд воқеъ гардидааст, артиши Иттиҳоди шоҳҳои Селевк, Кассандра, Лизимах ва Птоломейи Лаги онҳоро дастгирикарда бар Антигони Якчашма ғолиб баромаданд. Антигони Якчашма дар майдони набард ҳалок гардид. Писараш Деметрий Полиоркет бошад, ба Селевк асир меафтад. Задухурдҳои охирини байниҳамдигарии диодохҳо барои мероси Искандари Макдунӣ ба соли 281 то милод рост омадааст. Дар муҳорибаи назди Курупедионес артиши Селевк қӯшунҳои Леземехро пурра торумор кард ва мулкҳои ин шоҳ дар байни шоҳҳои дигари давлатҳои эллинистӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамин тариқ, соли 281 то милод парокандашавии шоҳаншоҳии ҷаҳонии Искандари Макдунӣ ба давлатҳои соҳибистиқлоли алоҳидаи эллинистӣ пурра анҷом ёфта, ба ин ҷараён нуқта гузошта мешавад. Ин роҳқариб пурра ҷараёни беисти муборизаи мусаллаҳонаи бераҳмонаи байниҳамсдигарии диодохҳоро ташкил намуда, дар рафти он шоҳаншоҳии бузурги Искандар аз байн рафта, дар вайронаҳои он давлатҳои нав таъсис ёфта, дар онҳо муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба миён омаданд. Дар ин давлатҳоон типи сохти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва мадание ташаккул ёфт, ки сохти эллинистӣ ё худ эллинизм ном гирифтааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.