Мохияти Эллинизм

Эллиним чист ва нишонаҳои махсусиятҳои он кадоманд? Эллинизм чунин дастоварде буд, ки он дар натиҷаи бо роҳи зӯрӣ, яъне ҷангҳои шадид олами Юнони қадим ва Шарқи қадим, ки қаблан дар алоҳидагӣ рушд меёфтанд, дар низоми ягонаи давлатҳое муттаҳид карда шуданд, ки дар низоми иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори сиёсӣ ва мадании худ умумияти хеле зиёде доштанд. Дар натиҷаи бо роҳи зӯрӣ муттаҳидкунии ҷаҳони Юнони Қадим ва Шарқи Қадим дар як низоми давлатдорӣ як навъ ҷомеа ва маданияте ба вуҷуд омад, ки он аз ҷомеа ва маданияти худи Юнон (агар махсусияти Юнони асрҳои V – IV пеш аз милод ба назар гирифта шавад) ва сохтори ҷамъиятӣ ва маданияти Шарқи Қадим тафовут дошта, худ ягонагӣ ва умумияти унсурҳои тамаддунҳои Юнони Қадим ва Шарқи Қадимро ифода менамуд, ки сохтори сифатан нави ҷамъиятию иқтисодӣ, ҳамоҳангии (надстройкаи) сиёсӣ ва маданиро ба миён овард.

Ҳамчун омезишёбии унсурҳои юнонӣ ва шарқӣ эллинизм аз ду реша сабзида расидааст, аз як тараф, аз ҷомеаи Юнони Қадим ва пеш аз ҳама, аз сохтори ҷамъиятии рӯ ба таназзулниҳодаи муҳофизавкорӣ (консервативӣ) ва маданияти камҳаракати ҷамъиятии он ва, аз тарафи дигар, сохтори ҷамъиятӣ, низоми иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании дар Шарқи Қадим. Полиси юнонӣ, ки рушди иқтисодии Юнонро таъмин мекард, ташкили сохтори ру ба рушди иҷтимоӣ, сохти бакамолрасидаи ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла шаклҳои гуногуни демократияи он, сохтани маданияти аълодараҷа, дар миёнаҳои асри IV пеш аз милод имкониятҳои дохилии худро пурра истифода бурда, акнун дар роҳи пешрафти таърихии Юнон монеа ба вуҷуд овард.

Дар шароити шиддатнокии доимии байни синфҳо дар Юнон муносибатҳои тезу тунди дар байни олигархия ва доираҳои демократии гражданӣ дар он ҷо муборизаи иҷтимоӣ суръат касб кард, ки он оқибат ба ҷаҳолат (тирания) ва несткунии ҳамдигарӣ оварда мерасониданд. Дар ин шароит қаламрави Элладаи ба якчанд сад полисҳои хурд тақсимшуда ба майдони ҷангҳои доимӣ дар байни иттиҳодияҳои алоҳидаи шаҳр-давлатҳои юнонӣ гардида, онҳо гоҳ муттаҳид ва гоҳ пароканда мешуданд. Барои тақдири минбаъдаи олами юнонӣқатъ кардани бетартибии дохилӣ, муттаҳидкунии полисҳои хурду мустақили дар ҳолати душмании байниҳамдигарӣқарордошта дар доираи иттиҳоди давлатии калони дорои ҳокимияти пурзӯри марказӣ лозим бу. Дар чунин шароит тартиботи дохилӣ ва амнияти хориҷии давлатро таъмин карда, бо ҳамин имконияти рушди минбаъдаи онро ба вуҷуд оварад тавонад.

Дар марҳалаи муборизаи пуршиддат дар байни лашкаркашон барои тақсими шоҳаншоҳии Искандар дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин унсурҳои муносибатҳои нави иқтисодию сиёсӣ ташаккул меёбанд. Оммаи македонию юнониҳо, аз он ҷумла савдогарон, косибон ва аскарони зархарид дар мамлкатҳои истилошуда сокин шуданд. Онҳо ба маҳали нави истиқоматии худ урфу одат ва анъанаҳои худро оварда, дар навбати худ ба анъанаҳои халқҳои маҳаллӣ шиносоӣ пайдо мекарданд ва ҳамин тариқ, шаклу усулҳои нави истисмори аҳолии деҳот ташаккул меёфтанд; шоҳҳо роҳҳои ба аъёну ашрофи маҳаллӣ наздикшавиро ҷустуҷу мекарданд, дастгоҳи нави давлатӣ ба вқуҷуд меомад. Ҳамин тариқ, марҳалаи таърихие оғоз меёбад, ки дар адабиёти илмӣ эллинизм ном гирифтааст. Ин истилоҳро таърихшиноси немис Драйзен ба муомилоти илмӣ ворид сохтааст, ки солҳои 30-юми асри ХIХ асари сеҷилдаи худ “Таърихи эллинизм”-ро чоп кардааст. Барои ӯ эллинизм маънои зуҳуроти эллинӣ ва паҳншавии маданияти эллинӣ дар Шарқро дорад. Аз он замон сар карда, мазмуни ин мафҳум куллан тағйиркасб кардааст. Мувофиқи ақидаи аксарияти муҳаққиқони шӯравӣ вақти аз парокандашавии шоҳаншоҳии Искандарми Макдунӣ то ҷангҳои истилогарона баҳри ишғоли давлатҳои шарқи Баҳри Миёназамин (дар асрҳои III – I пеш аз милод) аз тарафи Рим, давраи ҳамоҳангии урфу одат ва анъанаҳо, муқаррароти ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва ғайра мебошад, ки натиҷаи он ба сатҳ ва талаботи ҷамъиятии рушди Шарқи қадим ва минтақаҳои алоҳидаи он мувофиқат мекарданд. Зимни ин гуфтаҳо бояд дар хотир дошт, ки на танҳо ҳамоҳангӣ аз тарафи юнониҳо ва мардуми вилоятҳои шарқӣ сурат мегирифт, балки он дар байни халқиятҳои маҳаллӣ низ ба амал омада буд.

Замони эллинизм ба чунин даврабандӣ шудааст: 1) эллинизми барвақта – аз охирҳои асри IV то охирҳои асри III пеш аз милод; 2) эллинизми миёна – аз охирҳои асри III то миёнаҳои асри II пеш аз милод; 3) эллинизми бевақта – аз миёнаҳои асри II пеш аз милод то солҳои 30-юми солшумории милодӣ. Ҳар кадоми ин марҳалаҳо махсусиятҳо ва тафовутҳои худро доранд, масалан, дар марҳалаи охирин давлатҳои эллинистӣ рӯ ба таназзул ниҳоданд; давлатҳои ғарбии эллинистиро Рим ва давлатҳои эллинистии шарқиро Порт ишғол менамояд. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи мамлакатҳои эллинистӣҳарсе давраи рушдро аз сар гузаронидаанд, сарфи назар аз ин, ҳамчун низоми иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, эллинизм барои онҳо низ характернок мебошад.

ДАСТОВАРДҲОИ АСОСИИ ЭЛЛИНИЗМ.

Эллинизм марҳалаи нисбатан баландтари рушди таърихии халқҳои Юнони Классикӣ ва Шарқи Қадим буда, қадами калоне мебошад дар пешрафти низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣва маданӣ. Асоси дигаргунсозиҳои пешқадамро дар марҳалаи эллинизм ҳамчун натиҷаи таъсири бевоситаи онҳо дар ғанишавии тарафайни тамаддунҳои Юнони Қадим ва Шарқи Қадим ташкил доданд.

Дастовардҳои иқтисодии эллинизм дар чӣ ифода ёфтаанд? Доираҳои қаламрави иқтисодии эллинистӣ, ҳамоҳангии зичтари байни қисматҳои гуногуни он, ки то ишғолгариҳои Искандари Макдунӣ аз ҳамдигар ҷудо рушд меёфтанд, васеъ мешаванд. Ин омил танҳо аз назари хоҷагидорӣ мусбат аст, аз назари иқтисодӣ – камсамар.

Аз шаҳрҳои бандарҳои Эгеида ва Финникия корвонҳои пурбори тиҷоратӣ ба воситаи Осиёи Хурд, Сурия, Байнаннаҳрайн ва Эрон. Осиёи Миёна тамоми Осиёи Ғарбиро бурида гузашта, ба Ҳиндустон мерафтанд. Ин роҳ бо корвонсаройҳо, чоҳҳои оби нӯшокӣ ва ҳифозат таъмин буда, барои ҳамду нақли ашёи хом ва мол шароити хуб дошт. Ба воситаи бандарҳои Финникия ва қисмати ғарбии Осиёи Хурд молҳои шарқӣ ва ашёи хом дар тамоми ҳавзаи Баҳри Миёназамин ва Назди баҳри Сиёҳ паҳн карда мешуданд. Роҳи тиҷоратӣ аз Искандария, ки дар соҳили ҷанубии баҳри Миёназамин воқеъ буд, аз тариқи дарёи Нил ва баҳри Сурх ба воситаи гулугоҳи Баб эл Мандеп ва баҳри Араб, ки навоҳии дурдасти ҳавзаи баҳри Миёназамин ва Ҳиндустони афсонавиро бо ҳам мепайвастанд, бомуваффақият истифода бурда мешуд.

Шоҳҳои эллинистӣ аз канорамонии анъанавии чӣ полисии юнонӣ ва чӣ Шарқи қадим даст кашида, ба амалиётҳои тиҷоратӣҳавасманд гардонидан, масалан, имтиёзҳои андоз барои тоҷирон, посбонии роҳҳои тиҷоратӣ, ғамхорӣ дар бораи ҳолати коршоямии роҳҳо ва ғайра, тадбирҳои муҳим меандешиданд. Яке аз шаклҳои самарабахши тадбирҳои ҳавасмандкунии тиҷорат сикказании оммавии танга аз он захираи филизҳои қимматбаҳое буд, ки қаблан дар таҳхонаҳои шоҳҳои давлати Ҳахоманишиён маҳфуз нигоҳ дошта шуда буданд. Аз замони эллинизм то ба мо шумораи зиёди сиккаҳои арзишу қурбашон гуногун омада расидаанд, ки дар вақташ барои ҳисобу китоби гуногуни тиҷоратӣқуллай буданд.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии марҳалаи нави рушди иқтисоди эллинистӣ шаҳрсозии босуръат, аз он ҷумла бунёди шаҳрҳои нав мебошад. Аз рӯи ҳисобҳои тахминии муаллифони қадим, ки на онқадар аниқанд, гарчанде, ки бисёрии онҳо аз тарафи муҳаққиқони муосир тасдиқ гардидаанд, дар замони эллинизм зиёда аз 170 шаҳри хурду калони типи юнонӣ бунёд карда шудааст. Бунёдгузории шаҳрҳо бо ҳайатҳои нави аҳолӣ дар ҷойҳои барои ҳаёти хоҷагӣ мусоид сурат мегирифт. Ба шаҳрҳо нисбат додани деҳаҳои ҳамсоя бештар дар қаламрави холии деҳотӣ воқеъбуда, ки дар натиҷаи болоравии хоҷагиҳои хурду миёнаи кишоварзон ба вуҷуд меомаданд, сабабгори пешрафти босуръати иқтисодии мамлакатҳои эллинистӣ шуданд. Қисми зиёди шаҳрҳоинавбунёд ба шаҳрҳои калони ҳунармандӣ, тиҷорат ва маданӣтабдил ёфта, марҳалаи эллинистиро аз сар гузаронидаанд.

Бунёди шаҳрҳои сершумори типпи юнонӣ, дар баробари ин, маънии ба сохтори муҳофизакори иқтисодии мамлакатҳои Шарқи қадим воридшавии муносибатҳои полисии ҷаҳони антиқиро дошта, дар ташкили устохонаҳои калони хусусӣ дар шаҳрҳо, мулкҳо дар мавзеҳои деҳотӣ бо ташкили истеҳсололоти ғуломдории самаранок нақши калон гузошта, аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодии худ нисбат ба хоҷагидории шоҳӣ, ибодатгоҳӣва намудҳои дигари хоҷагидориианъанавии маҳаллӣ афзалият пайдо менамоянд.

Эллинизм дар соҳаи маданият ва махсусан дар қисмати фарҳанги он низ дастовардҳои чашмрас дошт. Дар Шарқ дар замони эллинистӣфарҳанг дар асоси ду манбаъ – фарҳанги юнонию македонӣ ва фарҳанги халқҳои маҳаллӣташаккул ёфта, аз фарҳанги Юнони замони классикӣ тафовут дошт.

Дар соҳаи илм ҳамоҳангии дини олимпии юнонӣ бо низоми мураккаби динии Миср, Бобул, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, Эрон, Осиёи Марказӣ низомҳои синкретии динӣ, бисёрхудоӣ, ғояҳои нави динӣ ба миён омада, барои арзи вуҷуд кардани дини ҷаҳонии масеҳӣ муҳити мусоидро ба вуҷуд оварданд.

Дар низоми давлатҳои эллинистӣ,аз назари қаламрав ва асоси ҳарбию иқтисодӣ бузургтар,мумкин аст ду шоҳигарии дар тамоми олами эллинистӣ машҳуру бонуфузро ном бурд: шоҳигариҳои Миср ва Селевкиён. Дар шоҳигарии МисрПтоломейҳо ҳукмронӣ мекарданд ва шоҳаншоҳии Селевкиён, ки дар охири асри III то милод шоҳигарии Сурия ном мегирад. Дар баробари ин, дар олами эллинистӣ ду давлати бузургу бонуфузи дигар низ арзи вуҷуд дошт: шоҳигарии Македония, ки дар он сулолаи Антигониён ҳукмронӣ мекард ва шоҳигарии Пергам, ки дар он ҷо ҳокимияти сулолаи Агаллиён муқаррар гардида буд. Вале дар баробари ин давлатҳо, давлатҳои зиёди нисбатан хурди дигар низ вуҷуд доштанд, аз он ҷумла Вифиния. Понт, Пергам, Арманистон, шоҳигариҳои Ситсилия, Боспор, Родос. иттиҳодияҳои давлатии Эголид ва Ахей, ки мақоми онҳо дар сиёсати эллинистӣ чун панҷ давлати бузурги эллинистӣ бузург набошад ҳам, саҳми калон доштанд.

Дар баробари ин давлатҳо дар оилаи давлатҳои эллинистӣ полисҳо ва давлатҳои хеле хурди типпи нав мавҷуд буда, дар сиёсат дар мақоми аввалинҳо қарор надошта бошанд ҳам, дар иттиҳодҳои гуногуни давлатҳо ширкат варзида, марказҳои маданӣ, аъзои баруманди иттифоқчиён буда, дар ҳаёти эллинизм мақоми арзанда доштанд. Афина, Спарта, Фива, полисҳои кӯчаки Юнони Балкан ва ҷазираҳои баҳри Эгей, Гераклея, Синоп, Херсонес, Олвия, Тарент ва ғайраҳо ба ин категорияи давлатҳои хурд мансуб буданд. Муносибатҳои байниҳамдигарии мураккаби ҳамаи ин давлатҳои калон, миёна ва хурд таърихи олами эллинистиро ҳамчун ягонагии сиёсӣ ташкил намудаанд. Вале мувофиқи андешаи муаллифони муосири Ғарб дар ин низоми умумии муносибатҳои байниҳамдигарӣ вазифаи асосиро чор шоҳаншоҳии олами эллинистӣ иҷро кардаанд: Мисри Птоломеӣ, шоҳаншоҳии Селевкиён, Пергам ва Македония, ки давлатҳои дигари эллинистӣба сӯи онҳо майл доштанд.

Аз ин таҳлил исбот шуд, ки дар байни давлатҳои эллинистӣ давлати Порт мавҷуд нест, ё ки ин давлат аз ҷумлаи давлатҳои эллинистӣ шинохта нашудааст? Ё муаллифони қаблию муосири таърихи Юнони замони эллинистӣ Портро ҳамчун рациби оштинопазири давлатҳои эллинистӣ шинохтаанд? Агар ҳамин тавр бошад, пас аз ин бармеояд, ки Порт бо роҳи хоси рушди худ пеш рафтааст. Мащз бо щамин сабаб аз давлати Селевкиён ыудо шудаст. Дар ин бора сарчашмаҳои хаттӣ, адабӣ, динӣ ва натиҷаҳои ковишҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд. Бояд таъкид кард, ки Порт дар муқобили давлатҳои эллинистӣ ва пеш аз ҳама дар муқобили давлати Селевкиён қарор доштааст.

Хотиррасон бояд кард, ки шощаншощии Искандари Макдунӣдар замони эллинистӣба давлатҳои алоҳидаю иттифоқҳои полисҳои зерин тақсим шуда буданд:

Давлати Селевкиён,ки пойтахти он аввал Бобул буд ва баъди дар Шарқи он аз даст додани қаламрави зиёдшаҳри Антиохия мешавад.

Шоҳигарии Юнону Бохтар дар асри III то милод таъсис ёфта, аз давлати Селевкиён ҷудо мешавад,пойтахти он дар Афғонистони имрғза воқеъ гардида буд.

Шоҳигарии Ҳинду Юнонӣ дар асри II то милод дар натиҷаи аз шоҳигарии Юнону Бохтар ҷудо шудани ин қаламрав бо ҳамин ном таъсис ёфта, маркази он дар қаламрави Покистони имрӯза воқеъ гардида буд.

Шоҳигарии Понт дар қисмати шимолии Осиёи Хурд (дар шимолии Туркияи имрӯза) имрӯза воқеъ гардида буд.

Шоҳигарии Пергам дар қисмати ғарбии Осиёи Хурд (ғарбии Туркияи имрӯза) воқеъ гардида буд. Дар қисмати шарқӣ ва шарқу ҷанубии нимҷазира давлати Кападоқия воқеъ гардида, он пеш аз замони эллинизм ҳам вуҷуд дошт.

Шоҳигарии Комагенӣ,киаз давлати Селевкиён ҷудо шуда таъсис ёфтааст, дар қаламрави шарқии давлати имрӯзаи Туркия воқеъ гардида буд.

Мисри Эллинистӣ дар қаламрави миср бо сардории Птоломейҳо таъсис меёбад ва пойтахти он шаҳри Искандария буд.

Иттифоқи Ахей дар қаламрави имрӯзаи Юнон арзи вуҷуд дошта, он аз якчанд полису шаҳрҳои юнонӣ иборат буд..

Иттифоқи Этолий, ки он соли 367 то милод ҳанӯз дар замони классикӣ ба ташаккул оғоз карда буд, аз якчанд полиси ақибмондаи Эллада таркиб ёфта буд.

Шоҳигарии Боспор дар қаларави соҳилҳои Баҳри Сиёҳи Русияи имрӯза арзи вуҷуд дошта, як вақтҳо дар ҳайати шоҳигарии Понт ҳам буд..

Македонияҳамчун давлати эллинистӣ аз назари масоҳати ва шумораи аҳолӣ аз чунин давлатҳои эллинистӣ чун Миср ва шоҳигарии Селевкиён хеле ақиб мемонд. Ҳангоми лашкаркашии Искандари Макдунӣ қисми ҳиёди мардонаии аҳолии он ё дарлашкаркашӣ иштирок намуданд ва ё ба Шарқ кӯчида рафтанд. Баъди парокандашавии Империя дар қаламрави Макекдония дар байни диодохҳо бархурдҳои ҳарбӣ ба амал омада, мамлакатро хароб карда буданд.

Шоҳигарии Порт, соли 250 то милод (аз рӯи маълумоти дигар соли 247 то милод) дар ҷануб ва ҷанубу шарқии баҳри Каспий, дар қаламрави имрӯзаи Эрон, Туркманистон, Ироқ, ҷануби Тоҷикистон ва Афғонистон таъсис ёфта, асосгузори он аз қабилаи сакии парнов Аршак мебошад. То ин вақт Порт як қисми давлати Селевкиён будааст. Пойтахди Порт аввал шаҳри Гекатомпил буда, шаҳрҳои Ҳамадон (Экбатан), Селевкия ва Ктесефон марказҳои шоҳигарӣ будаанд. Маъбади сулолавии Аршакиён то асри Iмилодӣ шаҳри Нисо будааст. Тавре дар боло гуфта шуд, сарчашмаҳои таърихӣ шоҳигарии Портро бо давлатҳои эллинистӣ як намедонанд, вале фарҳанги омехтаи маҳаллию юнонии онро эътироф менамоянд.

Шоҳигарии Ситсилия, инчунин иттифоқҳои Беотияю Коринф ва марказҳои косибию тиҷоратии Родос, Делос,Афина ва шаҳрҳои дигар ҳам вуҷуд дошта, ҷузъҳои таркибии ин тамаддун – тамаддуни эллинистиро ташкил кардаанд.

Таҳқиқоти хеле сатҳӣ ҳам нишон медиҳад, ки то ҳол ба саволи кадом давлатҳои асрҳои III – I то милод дар қаламрави ишғолкардаи юнону макдуниҳо эллинистианд ва кадомашон не, ҷавоби аниқ дода нашудааст. Гап дар сари он меравад, ки Искандари макдунӣ қисме аз давлатҳоро ё забт карда натавониста буд (барои ин вақт нарасид) ва ё онҳо бе ҷанг ҳукумати ӯро эътироф карда буданд. Баъди пароканда шудани империяи Искандари Макдунӣ ин давлатҳо худ аз худ истиқлолият ба даст оварданд, чунки аз доираи тақсимоти империя адар байни диодохҳои Искандар берун монда буданд. Лекин ин истиқлолият як ҳадяи оддӣ набуда, онҳо истиқлолияти худро ҳимоя мекарданд. Аз тарафи дигар, таъсири эллинизм ба ҳарду гурӯҳи ин давлатҳо низ расида буд. Барои исботи ин хулоса далелҳо хеле зиёданд ва, пеш аз ҳама, дар маданияти моддӣ ва фарҳанги онҳо.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.