Мисри Птоломейхо

ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ

Яке аз мамлакатҳои калонтарин ва хоси эллинистӣ Миср мебошад, ки онро сулолаи Птоломейҳо роҳбарӣ карда, зурёти яке аз сарварони ҳарбии Искандари Макдунӣ ва намояндаи оилаи ашрофии македонӣ Птоломеи Лаг (солҳои 323 – 283 то милод)буд. Мисри эллинистӣ яке аз шоҳигарҳои пурзӯр буда,ҳамчун давлати соҳибистиқлол нисбат ба давлатҳои дигари эллинистӣ умри бештар дидааст. Соли 30 то милод Мисрро Рим ишғол мекунад. Ҳамин марҳала аз тарафи муҳаққиқон анҷомёбии эллинизм ва марҳалаи охирини таърихи Юнони қадим дониста шудааст.

Птолемей ЛагХаритаи Миср дар замони Птолемейҳо

Миср дар баробари шоҳигарии Селевкиён давлати калонтарини олами эллинистӣ буд. Дар асри IIIто милод ба ҳайати он худи Миср бо сарҳадҳои анъанавии он – аз остонаи аввали Нил сар карда ва то баҳри Миёназамин, дар ҷануб то сарҳадҳои Ҳабашистон (Нубияи қадим) рафта расида ва дар самти ғарб то Киренаикаро дар бар мегирифт. Ғайр аз қаламрави дар Африқо воқеъгардида, ба ҳайати шоҳигарии Миср нимҷазираи Сино, Финикия. Сурияи Ҷанубӣ (онро одатан Келессурия меномиданд), яъне қисмати зиёди Шарқи баҳри Миёназаминро низ дар бар мегирифт. Ба шоҳигарии Птоломейҳо вилоятҳои наздисоҳилии қисматҳои ҷанубӣ, ҷанубу ғарбӣ ва ғарбии Осиёи Хурд (Киликия, Памфилия, Ликия, Кария, Оиония), ҷазираи Кипр тааллуқ доштанд.

Птолемейҳо аз болои муттаҳидкунии ҷазираҳои Каклад дар Баҳри Эгей (бо номи ЛагиҶазиравӣ) ва аз болои заминҳое, ки дар наздикии гулӯгоҳи Геллеспонт, вилоятҳои наздисоҳилии Фракия ва Троада воқеъ гардида буданд, назорат мекарданд ва ин кор ба онҳо имкон медод, ки гулӯгоҳҳои баҳри Сиёҳ ва роҳҳои муҳимми обиро аз баҳри Эгей ба баҳри Сиёҳ дар дасти худ дошта бошанд. Ба Миср баъзе қалъаҳое низ, ки дар Крит, Аттика ва нуқтаҳои дигари Юнони Балкан сохта шуда буданд, тааллуқ доштанд. Мулкҳои Птоломейҳо, ки дар се қитъа воқеъ гардида буданд, ба онҳо имконият фароҳам меоварданд, ки дар ҳамаи роҳҳои баҳрии қисмати шарқии барҳри Миёназамин ҳукмрон бошанд ва фаъолона ба вазъияти ҳарбию сиёсии минтақаи паҳновари олами эллинистӣ дахолат намоянд.

Тавре, ки Полибий навиштааст, Птоломейҳо дар асри III то милод нисбат ба идораи Миср ба корҳои берун аз Миср диққати бештар медоданд. Ин аст, ки ба шоҳигарии Сурия ҳам аз хушкӣ ва ҳам аз баҳр таҳдид мекарданд, чунки Клессурия ва Кипрро дар ихтиёри худ доштанд. Онҳо ба фаъолияти подшоҳҳои давлатҳои Осиё ва дар баробари ин ба ҳаёт дар ҷазираҳо ҳушёрона назорат мекарданд ва бар шаҳрҳою вилоятҳо ва бандарҳои тамоми соҳилҳои баҳрӣ – аз Панфилия сар карда то Геллеспонт ва вилояти Лисимахия ҳукмрон буданд. Инчунин ба фаъолияти Фракия ва Македония назорат мекарданд, чунки Энос, Меронея ва шаҳрҳои аз онҳо дуртар воқеъбуда дар зери ҳокимияти Птоломейҳо буданд. Ҳамин тариқ, Птоломейҳо дастҳои худро хеле дароз карда, аз дурӣ, ба воситаи ин мулкҳо муҳофизат мекарданд. Бинобар ин, ба ҳокимияти онҳо дар Миср хатаре таҳдид намекард, ки онҳо аз он метарсида бошанд.

Харитаи Искандария. Миср Шаҳри Киренаика

Давлати Птоломейҳо ба ду қисмат тақсим мешуд: мулкҳои африқоӣ, яъне худи Миср бо ҳамроҳии Ҳабашистони бо он ҳамҳудуд ва дар ғарб бо Киренаикава мулкҳои берун аз Миср. Ин дупорагии сохтори қаламрав духелагии қотеъро дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва маъмурӣ дар мулкҳои давлати Птоломейҳотавлид сохт. Ин аст, ки Птоломейҳо як сиёсатро дар мулкҳои берун аз Миср амалӣ менамуданд ва сиёсати дигарро дар водии дарёи Нил истифода мебурданд.

Дар замони эллинистӣ пойтахти давлати Миср шаҳри Искандария буд, ки он соли 332 то милод ба вуҷуд омада, дар аҳди Птоломейҳо дар олами элинистӣ ба шаҳри калонтарин мубаддал гардида, замони қадим ва асрҳои миёнаро аз сар гузаронида, он то имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст.

Давлати Птоломейҳо дар замони эллинистӣҳам ҳамон хел давлати мураккаб, вале наонқадар мустаҳками бо халқҳо ва қабилаҳои гуногун омезишёфта буд, тавре, ки давлатҳои дигари эллинистӣ буданд. Ҷавҳари давлати Мисрро қаламравии асосии он худи Миср дар қаламрави анъанавию таърихии он ташкил менамуд. Маҳз дарҳамин ҷо пойтахти олиҷаноб, тахту тоҷи подшоҳ ва дастгоҳи марказии давлатӣ воқеъ гардида буд. Дар ҳамин ҷо воқеъ буданд ҳайати асосии қӯшун, захираи яроқу аслиҳа ва молияи давлат. Таърихи минбаъдаи давлати Птоломейҳо оҳиста – оҳиста ва паиҳам аз Мисрҷудошавии мулкҳои он тарафи баҳр буд, то он дараҷае, ки дар миёнаҳои асри IIто милод Мисри эллинистӣ азҳудудҳои табиии худ иборат шуда, дар доираи онҳо дар садсолаи охирини мавҷудияташ рушд карда буд.

Дар ихтиёри олимони муосир шумора ва номгӯи бузурги ҳуҷҷатҳои гуногун маҳфуз аст, аз он ҷумла матнҳои дар папирусҳо навишташуда, ки дар шароити иқлими хушк хуб боқӣ мондаанд, дар бораи ҳаёти Мисри эллинистӣ хеле гуворо нақл мекунанд. Бояд зикр кард, ки қисмати зиёди ин ҳуҷҷатҳо дар бораи худи Мисрва танҳо қисмати ночизи онҳо ба мулкҳои берун аз ҳудудҳои анъанавии Миср дахл мекунанд. Чунин нобаробар тақсимшавии сарчашмаҳо ба нобаробар омӯхтани қисматҳои гуногуни давлати Птоломейҳо сабаб шуд: аз ин рӯ, мо таърихи мушаххаси мулкҳои берун аз Мисри Птоломейҳоро хеле кам ва таърихи иқтисодиёт, ҷомеа ва давлати хукди Мисрро хубтар медонем, ба хулоса меоянд муаллифон оид ба таърихи Юнони қадими замони эллинистӣ.

ИҚТИСОДИЁТ ВА МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ

Лашкари Юнону Макдуния, ки вориди Миср гардид, ин давлати аз қадим боз дорои иқтисоди ташаккулёфтаеро дарёфт, ки асоси онро зироаткории обӣ ташкил карда, дар ин кор мадду ҷазри ҳарсолаи дарёи Нил ва тақсими об ба воситаи шабакаи бонизоми ҷӯйҳои обёрикунӣ дар тамоми водии Нил ва навоҳии наздики ба он ҳамҳудуди биёбони арабӣ ва либияягӣ истифода бурда мешуд. Птоломейҳо ва ҳукуматҳои онҳо ин иқтисоди анъанавиро қабул карда буданд, вале онро дар зери ғояи самарадеҳи хоҷагидории юнонӣ такмил ҳам медиҳанд. Ғамхорӣ дар ҷодаи нигоҳубин ва васеъкунии шабакаи ҷӯйҳои обёрӣ вазифаи муҳимтарини ҳокимияти марказӣ мегардад. Низоми пештараи ҷӯйҳои обёрӣ, ки дар замони форсҳо ва давраи ноороми муборизаи байниҳамдигарии диодохҳо рӯ ба таназзул ниҳода буд, барқарор карда шуд. Дар шафати маҷрои Нил ҷӯйи бузурги нави Иосифи дарозиаш чандсад километра канда мешавад. Дар минтақаи мавзеи Файюм ва дар резишгоҳи дарёи Нил шабакаи ҷӯйборҳо сохта шуданд, ки дар натиҷаи ин заминҳои зиёди лабташна обшор карда шуданд. Корҳои зиёд оид ба сохтмони ҷӯе анҷом низ дода шуданд, ки Нилро ба баҳри Сурх мепайваст (ин корро ҳанӯз фиръавн Нехо оғоз карда буд).

Дар баробари пешрафти иқтисодӣ, дар ҳаёти иҷтимоӣ низ тағйиротҳо ба амал меомаданд, сарфи назар аз он ки аҳолии маҳаллии Миср риояи урфу одату анъанаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии худро давом медоданд. Масалан, аз бойгонии ибодатгоҳе як дастури ҳуқуқӣ ёфта шудааст, ки он дар бораи ба асри IIIто милод тааллуқ доштанаш дарак медиҳад, вале худи муқаррароти дар ҳуҷҷат зикрёфта хеле пештар қабул гардида будааст. Дар қсиматҳоибоқимондаи он дар бораи иҷораи замин ва ҳуқуқ ба мерос сухан меравад. Ин меъёрҳои ҳуқуқ то замони ба Рим ҳамроҳ карда шудани Миср амал мекарданд. Пораи дастури ҳуқуқие дар тарҷумаи юнонӣ ёфт шудааст, ки мансуби давраи баъд аз ҳамроҳкунии Миср ба Рим мебошад.

Рӯҳониён нигоҳдорандагониасосии анъанаҳои қадим буданд, лекин дар баробари ин ҳокимияти Птоломейҳоро дастгирӣ мекарданд, чунки аз ҳокимияти марказӣ имтиёзҳое гирифта буданд, ки ноқуллайии бо дахолати маъмурияти шоҳӣ ба корҳои ибодатгоҳ алоқамандро ҷуброн мекарданд. Дар баробари ин, ба ибодатхонаҳо қитъаҳои заминҳои аз кор баромада ва як миқдор андози ҷамъоварда дода мешуд.

Птолемейи IПтолемейи II БериникаАрсиноя Филаделфия

Птоломейҳо на танҳо урфу одат ва эътиқодҳои динии маҳаллиро истифода мебурданд, балки қадами муҳим дар сиёсати динии онҳо таъсиси эътиқоду парастишҳои шоҳрониз. Соли 269 то милод Птоломейи II парастиши хоҳари фавтидаи ҳамсараш Арсиноя Филаделфия ва баъд парастиши модари худ Птоломейи II Береникаро зери унвони “худоҳо – сотерҳо (наҷотдиҳандагон)”-ро эълон кард. Ҷамъоварии андоз ба фоидаи ибодатхонаҳо баъди таъсиси парастишҳои нав марказонида мешавад: амалдорони шоҳ аз 8 як ҳиссаи ҳосилро аз боғу токзорҳо ҷамъ мекарданд, ки қаблан бевосита ба ибодатхонаҳо дода мешуданд. Баъд ин андоз аз тарафи хазинаи подшоҳ ба ҳамон ибодатхонаҳое тақсим карда мешуд, ки дар фаъолияти худ парастишҳои эълонкардаи шоҳро амалӣ намудаанд.

Птоломейҳо ба мардуми Миср андозҳои вазнин бор карданд, ки ин тадбири ҳукумат, пеш аз ҳама, ба табақаҳои поёнии ҷомеаи Миср таъсири манфӣ расонида, ба шиддати вазъи иҷтимоии мардум сабаб мешуданд. Ноумедӣ аз нарасидани қудрати кишоварзони гурусна ба пардохти андозҳои вазнин онҳоро маҷбур сохт, ки аз тариқи фироркунӣ аз деҳоти ба онҳо вобастакардашуда, ки (ин фироркунӣ бо забони юнонӣ “анахоресис” номида шудааст) ва пинҳон шудан дар ботлоқзору биёбонҳо эътироз баён кунанд. Дар миёнаҳои асри II то милод фирор кардани кишоварзон аз деҳоте, ки ба онҳо вобаста карда шуда буданд, дар Миср ба зуҳуроти муқарарӣ мубаддал мегардад, ки он дар навбати худ шиддатнокии шароити иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро боз ҳам тезу тундтар гардонид. Намояндагони ашрофони мисрӣ, ки имтиёзҳои онҳо дар нисбати ашрофони юнонию макдунӣ шикаста шуда буд, дар якҷоягӣ бо рӯҳониён ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки норозигии умумии оммаи мардумро ба фоидаи худ истифода бурда, онро ба муқобили сулолаи ҳукмрони шоҳҳои Миср ба шӯриши ҳақиқӣтабдил медоданд. Масалан, амалдори бонуфузи шоҳ Дионисий Петосарапис, ки баромадаш мисрӣ буд, халқи норозиро ба шӯриш бархезонида, солҳои 165 – 164 то милод бар зидди ҳукумати марказӣ муборизаи мусаллаҳона бурд, вале дар наздикии Искандария ба шикаст дучор шуда, муборизаро дар ҷануби Миср идома медиҳад. Ба Птоломейҳо нерӯю ҳарбии пурзӯр ва маблағи зиёд лозим шуд, то ки ин шӯришро пахш кунанд.

Садсолаи охирини мавҷудияти Мисри эллинистӣ бо шиддатнокии иҷтимоӣ ва зуҳуроти бузурги норизогии табақаҳои гуногуни ҷомеаи Миср хос аст. Доираҳои ҳукмрони Мисри эллинистӣ, ки аз ӯҳдаи бартарафкунии болоравии ҳаракати иҷтимоӣ баромада натавонистанд, ба сӯи Рим, ҳамчун ба нерӯе нигаристанд, ки қодир буд мақовимати пурзӯри оммаи халқро дар Миср бартараф карда, оромии иҷтимоӣ ва суботро дар давлат таъмин намояд.

ИДОРАИ ДАВЛАТ

Дар Миср чун дар давлатҳои зиёди дигари эллинистӣон шакли мутлақияте барпо гардид, ки метавон мутлақияти эллинистӣ номид. Он дар худ, ҳам унсурҳои мутлақияти ҷоҳили шарқӣ ва ҳам баъзе муассисаҳои сохти полисии юнонӣ ва мутлақияти нокомилро таҷассум намудааст. Дар Миср истилогарони Юнону Макдунӣҳокимияти истибдодии ҳанӯз дар замони қадимтарин дар Юнон дар шакли ҳокимияти номаҳдуди фиръавн, бо дастгоҳи давлатии бисёрсоҳаю печдарпечи дорои амалдорони сершумор ва дахолати фаъолонаи давлат ба ҳаёти хоҷагӣ дарёфтанд. Птоломейҳо ҳамаи ин махсусиятҳои Юнони қадимро нигоҳ дошта, аз онҳо самаранок истифода мебурданд. Шоҳҳоро чун дар Мисри қадими давраи ҳукмронии фиръавнҳо ҳамчун худо парастиш карда, онҳоро барандагони ҳокимияти номаҳдуд ва сарчашмаи ҳуқуқ мешинохтанд. Шоҳ моликиятдори олии ҳамаи заминҳо ва соҳиби ягонаи тамоми боигарии мамлакат буд.

Птоломейҳо на танҳо дастгоҳи анъанавии давлатиро нигоҳ доштанд, балки шумораи онро хеле афзоиш ҳам доданд. Шахсҳои наздиктарини шоҳ аз хешу табор ва дӯстони ӯ иборат буданд, ки аз рӯи мақом ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим карда шуда буданд. Аз байни онҳо роҳбарони муассисаю идораҳои марказӣ таъин карда мешуданд, ки ҳар кадом соҳаҳои марбутаро роҳбарӣ ва вазифаи сарварии олии ҳарбии мамлакатро иҷро мекарданд. Муассисаи молиявӣ мақоми махсус пайдо намуд, ки он аз амалдорони соҳаҳои гуногун иборат буда, роҳбарии онҳоро хазинадори олӣ (диойкет) ба зима дошт. Дар ҳукумати марказӣқариб ҳамаи мансабҳои олӣ дар дасти юнониҳо ва македониҳо буданд.

Ҳайати кории амалдорони вилоятӣҳаёти номҳоро ба зима доштанд. Сарварии ном дар дасти стратег буда, ҳокимияти ҳарбию сиёсиро амалӣ мекард ва номарх, ки масъалаҳои гражданиро ихтиёрдорӣ менамуд Дар идораи вилоятӣ муассисаи молиявӣ роҳбарони молиявии номҳо ва мирзои шоҳ мақоми муҳим пайдо карда буданд ва ёрдамчиҳои наздиктарини стратег ва номарх буданд. Номҳо, дар навбати худ, ба топҳо (ноҳияҳо) ва комҳо (деҳаҳо) – воҳидҳои маъмурии поёнӣ тақсим карда шуда буданд. Роҳбарӣ ба топҳо ва комҳоро амалдорони дараҷаашон поёнтар ба зима дошта, дар амалҳои худ дастурҳои мақомоти болоиро ба роҳбарӣ мегирифтанд. Дар се шаҳри типи юнонӣ – Искандария, Навкритис ва Птолемаид баъзе мақомоти интихобии идора вуҷуд доштанд, масалан, барои иҷрои мурофиаҳо, идораи гимасияҳо, баррасии парвандаҳои граждании судӣ ва ғайра, имтиёзи муҳим дар давлати истибдодии Птоломейҳо муҳим шуморида мешуд. Идораи қаламравҳои берун аз Миср дар асоси дигар қоидаҳо ба амал бароварда шуда буд. Дар ин ҷо Птоломейҳо чун дар Миср дастгоҳи гуногуни печдарпечу васеъ ташкил накарда, бо фиристодани комиссари худ ба он вилоятҳо маҳдуд шуда, ин амалдор ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ назорат мекард.

Сарфи назар аз ин монандиҳо, Мисри замони Птоломейҳоро ҳамчун такрори ҳокимияти мутлақаи комили Юнони қадим тасаввур кардан мумкин нест. Юнониҳо ва макдуниҳо, амалдорони олии ашрофии (аристократияи) эллинӣ, наздикони шоҳ, артиши юнону макдуниҳо ба Миср анъанаҳои гуногун оварданд, он анъанаҳоеро, ки Птоломейҳо эътироф мекарданд. Дар баробари эътирофи меъёрҳои маҳаллии ҳуқуқ, ки дар шароити мутлақаи шарқӣқабул карда шуда буданд, Птоломейҳо меъёрҳои ҳуқуқи юнониеро ба таври васеъ ҷорӣ намуданд, ки дар шароити сохти полисӣ навишта шуда буданд. Птоломейҳо гимнасияҳои зиёд сохтанд, ки дар онҳо эллиниҳои маҳаллӣ фарзандони худро дар асоси ғояҳои юнонӣ, вале анъанаҳои демократӣ тарбия мекарданд.

Дар мулкҳои ғайримисрии Птоломейҳо шаҳрҳои сершумори типи юнонӣ сохта шуда, дар онҳо худидоракунии маҳаллиро нигоҳ дошта, . вале на ҳамчун подшоҳи истибдодӣрафтор карданд, балки нишон доданд, ки шоҳ бошанд ҳам, анъанаҳои полисиро эҳтиром мекунанд.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ПТОЛОМЕЙҲО

Мамлакати бузурги Птоломейҳо, ки қисмати зиёди Шарқи баҳри Миёназаминро дар бар гирифта буд, дар маркази қариб ҳамаи зиддиятҳои ҳарбию сиёсии худ қарор гирифта буд. Рақибони асосии Птоломейҳо, пеш аз ҳама, Селевкиён буда, даъвои ишғоли қисмати ҷанубии Сурияю як қатор заминҳои дар Осиёи Хурд ва Македония доштанд ва бо Птоломейҳо барои Юнони Балкан ва гуулугоҳҳо низ дар ҳолати ихтилофу муноқиша қарор доштанд.

Муборизаи Птоломейҳо дар тули асри III то милод бо шоҳаншоҳии Селевкиён барои Ҷануби Сурия ва вилоятҳои дигари Миср панҷ маротиба ҷанглашкар кашида буданд, ки онҳо гоҳ бо бурд ва гоҳ бо бохт анҷом меёфтанд. Муваффақияти нисбатан бештарро Птоломейҳодар мубориза бар зидди Селевкиён ҳангоми сурат гирифтани Ҷанги IIIСурия (солҳои 245 – 243 то милод) ба даст овардаанд. Қӯшунҳои Миср бо сардории Птоломеи III Эверст, ки ӯнавакак ба тахти подшоҳӣ нишаста буд, ба қӯшунҳои Селевкиён шикаст дода, тамоми Финикия ва Сурияро бо ҳамроҳии пойтахти Селевкиён – Антиохия дар Оронте истило менамоянд. Птоломеи III ба сӯи Байнаннаҳрайн ҳаракат карда, вилоятҳои шимолии онро забт мекунад. Аммо ба Птоломеи III муяссар нашуд, ки мулкҳои забткардаашро (солҳои 246 – 221 то милод) дар дасташ нигоҳ дорад. Ӯ дар бораи ошӯбҳои дохилӣ иттилоъ пайдо намуда, заминҳои ишғолкардаашро тарк карда, ба Миср бармегардад. Селевкиён аз ин лаҳзаи қуллай истифода бурда, дар Сурия ва Финникия тартиботи тоҷангиро аз нав барқарор намуданд.

Птолемейи IIIПтолемейи IVФилопатор Птолемейи XIII

Амалиётҳои ҳарбии яке аз шоҳҳои муваффақтарини Селевкиён – Антиохи III машҳур ҳангоми Ҷанги IV Сурия дар солҳои 219 – 217 то милод хеле бомуваффақият буданд. Антиох қӯшунҳои бузурги иборат аз 62 ҳазор аскари пиёдагард ва 6 ҳазор аскари савораро сафарбар менамояд. Ба ӯ муяссар гардид, ки гарнизонҳои Птоломейро аз Финникия, Сурияи Ҷанубӣ ва Фаластин фишор дода бароварда, ба қаламрави Миср таҳдид мекунад. Ба Птоломеи IV Филонатор (солҳои 221 – 204 то милод) лозим омад, ки қӯшуни бузургро сафарбар карда, ба ҳайати он ҷанговарони махсус таълимдодаро дохил намояд. Ин ҷанговарон аз мисриёни таҳҷоӣ иборат буданд. Дар муҳорибаи шадиди Рафия (соли 217 то милод) дар ҷануби Фаластин – дар наздикии Ғазза ба қӯшунҳои Миср муяссар шуд. ки артиши бузурпги Антиохи III-ро торумор карда, дар ин ҷо мулкҳои худро ҳимоя намоянд. Дар ин ғалабаи умумии мисриён ҳайати ҷанговарон аз аҳолии таҳҷоӣ саҳми калон мегузорад.

Клеопатра VII Юлий Сезар дар Миср

Дар сиёсати хориҷии Миср махсусан дар асри I то милод точанде истиқлолияти худро аз даст дода, ба хизматгори ҳалқабаргӯши Рим мубаддал мегардад. Таърихи солҳои охири мавҷудияти мустақилонаи Миср бо номи Клеопатра алоқаманд аст. Клеопатра барои тахту тоҷи Миср дар якҷоягӣ бо бародараш Птоломеи ХIII(солҳои 51 – 47 то милод) мубориза мебурд. Ӯро лашкаркаши Рим Юлий Сезар дастгирӣ мекард. Аҳолии Искандария, ки ба тобеияти Миср ба Рим муқобил буданд, шӯриш мебардоранд. Ҳангоми ин шӯриш сӯхтор як қисми Китобхонаи машҳури Искандарияро несту нобуд кард. Тамоми зимистони солҳои 48 – 47 то милоддастҳои ҳарбии Рим бо сардории Сезар Искандарияро ба муҳосира гирифтанд ва худаш ин вақтро дар қароргоҳи шоҳҳои мисрӣ аз сар гузаронид. Вақте, ки ёрии ҳарбӣ омада расид, Сезар шӯришро пахш ва артиши Птоломеи ХIII-ро торумор кард. Клеопатра(солҳои 51 – 30 то милод)шоҳиМиср эълон карда мешавад.

РӮ БА ТАНАЗЗУЛ НИҲОДАНИ МИСР

Ғалаба дар наздикии Рафия охирин футуҳоти мисриён буд. Мушкилоти зиёди дохилиро аз сар гузаронида, Миср точанде заиф шуда, мавқеъҳои худро паси ҳам аз даст дар дарбори шоҳмубориза барои ҳокимият оғоз меёбад. Модари шоҳмалика Береника кушта мешавад.Дар солҳои 219 – 217 то милод Ҷанги IV Сурия дар байни Птоломеи IV ва Антиохи III Селевкиён ба амал омад, ки дар ин бора аллкай дар болотар зикр карда шуд.

Баъди чанде Антиохи III ҷануби Сурия ва як қисми Финникияро ишғол менамояд. Птоломейҳо як қатор вилоятҳоро дар Осиёи Хурд ва гулугоҳҳо аз даст медиҳанд: дар он ҷо онҳоро Македония танг карда мебаровард. Аз заифшавии дохилӣ ва хориҷииМиср истифода бурда, Селевкии оқил Антиохи IV Епифан (солҳои 175 – 164 то милод) гарнизонҳои мисриро, ки дар Ҷануби Сурия, Финникия ва Фаластин ҷойгир буданд,хеле бо осонӣ, ба ақиб партофта, ба ҳудудҳои Миср зада даромада, қариб тамоми резишгоҳи дарёи Нилро ба даст дароварда, Искандарияро муҳосира мекунад. Шоҳ Птоломейи IV Филометор (солҳои 180 – 145 то милод) аз тахту тоҷ маҳрум карда мешавад. Вале дахолати иттифоқчии Птоломейҳо – Рими абарқудрат Антиохи IV-ро маҷбур сохт, ки Мисрро тарк кунад. Вазъи қаблӣаз нав барқарор карда мешавад, вале аз ҳамин вақт сар карда тобеияти Мисри Птоломейҳо ба Рим пурзӯр шудан мегирад.

Рақибони пурзӯри Птоломейҳо ҳокимони Македония буда, довталаби ҳукмронӣ дар гулугоҳҳо ва салтанат дар байни полисҳои Юнони Балкан ба ҳисоб мерафтанд. Птоломейҳо муборизаи полисҳои юнониро бар зидди салтанати Македония дастгирӣ мекарданд. Ин омил муттаҳидшавии Македония ва Селевкиёнро бар зидди Миср таъмин мекард. Муқовимати дуру дарози Птоломейҳо бо Селевкиён ва Македония қувва ва хароҷоти зиёдро тақозо мекард. Ин ҳолат дар ниҳояти кор ба харобшавии иқтидори ҳарбию иқтисодии Миср оварда расонид. Дар оғози асри II то милод пасиҳам аз даст додани мулкҳои баҳрии Миср оғоз меёбад. Дар ин шароит ба муборизаи мураккаби давлатҳои эллинистӣ Рими абарқудрат дахолат мекунад. Рим бо Миср созишнома баста, ба ҳамин воситаманфиатҳои худро ба муқобили Селевкиён дар Македония таъмин менамояд.

Ба дастгирии Рим такя карда, Миср тавонист ҳамчун давлати соҳибистиқлол нисбат ба давлатҳои дигари эллинистӣ умри зиёдтар бинад, аз он ҷумла нисбат ба Македония, Пергам ва Селевкиён. Вале дар соли 30-юми то милод дар замони ҳукмронии Клеопатраи VII Мисрро қӯшунҳои Рим ишғол намуданд ва Миср як қисми давлати бузурги Рим мегардад. Мисрро ишғол кардани Рим ба манфиатҳои қисмати зиёди табақаҳои ҳукмрони ин давлати акнун собиқи эллинистӣ мувофиқат карда, ки он аллакай рушди иқтисодии мамлакат, ҳалли зиддиятҳои иҷтимоӣ, суботуустувории дохилӣ ва тартибу низомро таъмин карда наметавонист. Акнун ин вазифа ба зимаи давлати Рим гузошта мешавад.

test

Добавить комментарий