Сиёсати хоричии ИМА дар охири асри 20

Дар охири солхои 70 ум дар як катор давлатхо тагиротхои чидди ба амал омаданд, ки ба тезутунд гардидани вазъияти байналхалки дар дахсолахои оянда оварда расониданд. Бахусус аз байн рафтани хокимияти шох Мухаммадризо Пахлави дар Эрон ( январи соли 1979) , хокимияти худкомаи Анастасио Самоса дар Никарагуа (июли соли 1979) ва ба хоки Афгонистон даровардани куввахои мусаллахи Иттиходи Шурави (декабри соли 1979) сабаби тарсу хароси рохбарияти ИМА гардиданд. Доирахои хукмрони ИМА харос доштанд, ки дар «чанги сард» маглуб гашта, мавкеи худро дар давлатхои истехсолкунандаи нефт ва Амрикои Лотини аз даст медиханд. Маъмурияти Рейган ба Иттиходи Шурави хамчун «давлати бузурги чахолат» ва тоталитари бахо дода, рохи махдуд кардани муносибатхоро бо ИЧШС пеш гирифтанд. Маъмурияти Касри Сафед бо максади мустахкам намудани «иктидори мудофиави» маблаги зиёдеро сарф менамуд. Дар чавоб ба чо ба чо кардани мушакхои миёнапарвози ядроии Иттиходи Шурави дар Аврупо, ИМА низ ба чойгир намудани чунин ракетахои худ дар ин китъа огоз намуд. Мохи марти соли 1983 аз чониби ИМА барномаи «Ташаббуси Стратегияи Мудофиави» бо максади истифодаи технологияхои замонави ба мукобили ракетахои балластикии байникитъави эълон гардид. Бо вучуди он ки бисёр олимон имкониятхои технологияи ТСМ-ро зери шубха гузошта, маблагхои зиёдро талаб кардани барномаро таъкид мекарданд, маъмурияти Рейган барномаро огоз намуд. Дар бучаи мамлакат хачми харочоти харби хеле зиёд гашта, соли 1987 ба 282 млрд. доллар расид. Роналд Рейган сиёсати хоричии худро дар заминаи усули «таъмини сулх ба воситаи кувва» ба рох монда буд. У аз Конгресс талаб намуд, ки маблаггузориро барои пуркувват намудани артиш, твчхизонидани он бо навъхои нави ярок, зиёд намояд, то ки ИМА дар мусобикаи мусаллахшавии бошитоб кафо намонад. Муассисаи харбии ИМА – Пентагон ба офаридани намудхои замонавии хавопаймохои чосуси ва бомбаандоз (ф-16), бомбаи нейтрони, мушакхои нави стратегии тамгаи МХ шуруъ намуд.                                         Аз нимаи дуввуми солхои 80 ум дар муносибати байни ИМА ва Иттиходи Шурави тагйироти мухим ба амал омада, якчанд мулокоти сарварони ин мамлакатхо баргузор гардид.                                  Мохи ноябри соли 1985 дар Женева вохурии М.С.Горбачёв ва Р.Рейган, сарварони ду дувлати бузург баргузор гардид. Дар натичаи ин гуфтушунидхо харду чониб ба чунин хулоса омаданд:            –  чанги атоми набояд хеч вакт огоз гардад,зеро хеч тарафе голиб буда наметавонад;                                                                                                                         – Иттиходи Шурави ва ИМА бахри ба даст овардани бартарии харби кушиш намекунанд.                                                                                              Баъди инвохури дар муносибати ин давлатхо тагйироти  чидди ба суи бовари вахамкории судманд дар рохи паст кардани шиддати вазъият ба амал омад.                                                                                           Вохурии дуввуми рохбарони ИМА ва ИЧШС мохи октябри соли 1986 дар пойтахти Исландия – шахри Рейкявик баргузор гардид. Дар натичаи гуфтушунид ахднома дар бораи кам кардан ва минбаъд бархам додани силохи стратеги, инчунин мушакхои миёнапарвоз баста шуд.                                                                                                                    Гуфтушуниди ин давлатхо идома ёфта, 8 декабри соли 1987 дар Ню-Йорк шартномаи бархам додани парвози миёна ва наздик ба имзо расид. Ин шартнома аз июни соли 1988 эътибори конуни пайдо намуда, амалан аввалин шартномаи байналмилали буд, ки бархам додан иду навъи мушакро дар зери назорати тарафайн карор дод. Дар зарфи се соли оянда тамоми мушакхои дар шартнома нишондодашуда несту нобуд карда шуданд.

Соли 1988 ИЧШС дар бораи кам кардани куввахои мусаллахи худ эълон намуд. Соли 1990 давлатхои Шартномаи Варшава ва НАТО дар бораи кам кардани ярок ва куввахои мусаллах дар Аврупо созишнома ба имзо расониданд. Соли 1991 ИЧШС ва ИМА дар бораи кам кардани ярокхои стратеги ба мувофика расиданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.