Англия дар солхои 1949 – 1970

Англия дар солхои 1949 – 1970

Соли 1948 иктисодиёти Англия пеш аз чангии худ карор гирифт, дар соли 1951 бошад, нисбати соли 1937 се баробар зиёдтар махсулот истехсол гардид. Аммо  саноати Англия нобаробар ривоч меёфт. Сохахои нави саноат аз кабили элекроэнергетика, мошинсози ва химия ривоч меёфтанд, аммо сохахои анъанави (ангишт, бофандаги) дар соли 1951 ба дарачаи пеш аз чангии худ нарасиданд. Дар тули солхои 1951 – 1952 истехсоли махсулоти кишоварзи нисбати солхои пеш аз чанги то 50% зиёд гардид, аммо Англия мачбур буд, ки беш аз нисфи талаботи ба хуроквори доштаи худро аз хисоби воридот конеъ гардонад. Солхои 50-ум Аврупо давраи ривочи иктисодиро аз сар мегузаронид, ки ин раванд ба Англия низ тааллук дошт. Аммо суръати инкишофи иктисодии Англия нисбати мамлакатхои пешрафта бамаротиб паст буд ва хиссаи Англия дар иктисодиёти чахони торафт камтар мегардид. Пас аз чанг аз чихати иктисоди ЧФО, Фаронса ва Чопон аз Британияи Кабир пеш гузаштанд. Дар натичаи тадбирхои хукумати лейбористи дарачаи неку ахволии мехнаткашон паст гардид. Нархи махсулоти хуроквори ва саноати торафт афзоиш меёфтанд. Сол аз сол андозхо зиёд карда мешуданд.

Дар сохаи сиёсати хоричи бошад, дар давоми солхои 1945 – 1951 Британия дар ду самт амал мекард:

1) мукобилият бо ИЧШС

2) кушиши нигох доштани Империяи Британия. 

Азбаски дар мамлакат хизби лейбористхо мавкеи худро аз даст дода буданд, дар интихоботи гайринавбатии соли 1951  хизби консерваторон галаба ба даст оварданд. Уинстон Черчилл, ки то хол рохбари эътирофгардидаи ин хизб буд дар синни 77 солаги аз нав хукуматро сохиб гардид. Соли 1952 шох Георги 6 вафот кард, ва духтари у Елизавета ба тахт нишаст. Худи хамон сол Британияи Кабир бо максади кафо намондан аз мамлакатхои абаркудрат, бо кумаки ИМА ба яроки хаставии худ сохиб гардид. Мохи феврали соли 1958 байни ИМА ва Англия дар бораи дар худуди Англия чой додани яроки ядроии Америкои шартнома ба имзо расид. Дар ибтидои солхои 60 –ум аз нав мавкеи Лейбористон зиёд гардида, соли 1964 дар интихобот голиб омаданд. Сарвазири нав Гаролд Вилсон тарафдори кам кардани ярок,  ба расмият шинохтани ЧДО ва тарафдори нагузоштани ЧФО барои сохтани яроки ядрои буд. Лейбористон бо максади исботи мавкеи худ соли 1966 интихоботи такрори гузарониданд, ки дар он низ галаба ба даст оварданд.

Дар ибтидои солхои 70-ум Британияи Кабирро хамчун «бемори» асосии Аврупо мехисобиданд. Гуё ки мавкеи пешинаи онро дигар ягон чиз баргардонида наметавонист: на кашф гардидани конхои бойи нафт дар бахри Шимоли, на галаба дар чемпионати чахони оид ба футбол дар соли 1966, на шухрати чахонии «Битлз» ва «Роллинг стоунз». Дар чунин шароити хассоси афзоиши муаммохои дохили, дар шуури чамъияти ва хизбхои пешбарандаи мамлакат  як дигаргуние ба амал омад. Дар байни консерваторон таъсир ва нуфузи тарафдорони ривочи сохибкории хусуси ва аз байн бурдани дахолати давлат ба иктисодиёт зиёд гардид. Дар соли 1975 пешвои хизби консерваторон – Маргарет Тетчер гардид. Дар байни аъзоёни хизби лейбористи бошад, каноти чапи он нуфузи зиёд пайдо намуд, ки мехост саноат мили гардонида, мамлакат аз хайати Иттиходи Иктисодии Аврупо бароварда шавад. Азбаски хизби лейбористон дар интихоботи соли 1979 барномаи ягона надоштанд ва хатто барномаи онхо мухолифи хамдигар буданд, галаба ба даст оварда натавонистанд. Интихобкунандагон райъи худро ба намояндагони хизби консервативи доданд.  Дар натича рохбари ин хизб Маргарет Тетчер сарвазир гардид ва дар ин вазифа 11 сол фаъолият намуд, ки чунин муддати тулони дар асри гузашта касе ин вазифаро дар Англия ишгол накарда буд.               

test

Добавить комментарий