Олмон дар солхои 1945-1949

Олмон дар солхои 1945-1949

   Ин солхо дар таърихи солхои “сифр” (нулевые) нлмгузори шудаанд.

   Солхои 1946 дар худуди ишголии Англия  ва Америка идорахои (управления) дар сохаи иктисодиёт, озукавори, кишоварзи, наклиёт ва алока таъсис дода шуданд.

   Дар охири соли 1946 худудхои ишголии амрикои ва британи муттахид гардонида Бизония номгузори карда шуданд. Дертар ба хайати он худуди ишголии Франсия низ харох карда, Тризония номида шуд. Дар худуди Тризония шурои муттахиддаи иктисоди ва Банки заминхои немис таъсис дода шуд.

   7-уми сентябри соли 1949 дар харитаи Аврупо давлати нав бо номи ЧФО пайдо гардид, ки ба хайати он тамоми худуди Олмони Гарби, ба гайр аз Элзас ва Лотарингия, ки ба Фрпнсия дода шуд, гузашт.

   Пас аз як мох 7-уми сентябри с.1949 ЧДО таъсис ёфт, ки дар зери тобеъияти СССР буд.

   Барои баркароркунии иктисодиёти Олмон накшаи Маршал, ки аз тарафи ИМА тартиб дода шуда буд, кумаки калон расонид. Аз руи ин накша ба Олмон ба маблаги 3,12 млрд. доллар чудо карда шуд. Дар баробари ин барои азнавбаркароркунии иктисодиёт ва минбаъд ривочёбии он сиёсати иктисодии Эрхард накши мухимро бозид, ки он бо номи “ачоиботи немис” (немпецкое чудо) машхур аст.

   Дар рафти ислохоти иктисоди Эрхард бештар ба принсипхои иктисодиёти бозори ва пеш аз хама ба озодии сохибкории хусуси ва ракобати озод диккат медод.

   Эрхард баамалбарории ислохоти худро аз ислохоти пули 21-уми июни с.1948 огоз намуд. Дар натича пулхои бекурбшудаи  кухна “рейхсмарка” аз муомилот бароварда шуда, ба чои он маркаи курбаш баланд “дойчмарка” чори карда шуд, ки он барои хавасмандгардонии коргарон ва баланд гардидани хосилнокии мехнат ахамияти калон дошт. Ба хамаи шахрвандон 40 маркаи дода шуд, дертар боз 20 маркаи илова карда шуд. Кам гардидани хачми маблагхои пули дар мамлакат ба он оварда расонид, ки корхонахо мачбур буданд, махсулоти сифатан хуб ва нисбатан арзон истехсол намоянд, то ки ахоли тавонад онро харидори намояд.

   Давлат нархи махсулотро муайяан намекард, аммо аз болои он назорат мебурд, то ки нархи махсулот бесабаб азхад зиёд нагардад.

   Конун сохти зиддиинхисори кабул гардид, ки ракобати озодро химоя мекард. Ин конун барои амалигардии ду принсип-“некуахволи барои хама”,ва “некуахволи ба воситаи ракобат” мусоидат намуд. Аз руи ин конун хиссаи як ширкат дар бозор набояд аз 33%, ду ё се ширкат –аз 50% зиёд набошад. Хисаи се ё чор ширкат то 65% мукаррар карда шуд. Ислохотхои Эрхард дар муддати кутох самарохои хуб оварданд. Дар тули д усол махсулоти талаботи аввалия ду баробар зиёд гардид, бозори сиёх аз байн рафт. Болоравии хосилнокии мехнат ба зиёд гардидани маош ва паст гардидани бекурбшавии пул сабаб гардид. Сохахои мошинсози, дастгохсози, оптика ва электроэнергетика бо сурати баланд ривоч ёфтанд. Соли 1950 (дар мукоиса бо с. 1936) истехсоли автомобилхо 60%, электроэнергия-61,6%.

   Соли 1956 хачми истехсолот нисбати с.1936 ду маротиба зиёд гардид. Аз с.1953 сар карда нарххо ба тартиби муайян даромада, хатто нархи баъзе махсулотхо паст гардиданд.

   Солхои 1947-1949 ислохоти аграри гузаронида шуд, ки шумораи хочагихои калони юнкери кам карда шуданд.

   Ба механизатсия ва электоронидани  иктисодиёти хочаги кишлок диккат дода шуд, ки ба зиёд гардидани истехсоли махсулоти кишоварзи боис гардид, гарчанде шумораи ахолии дехот нисбатан кам гардида буд. заминхои киштшаванда одатан ба дасти хочагихои миёна ва хурд супорида шуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.