Сохти дохилӣ, иқтисодӣ ва маданияти осиёи миёна дар асрҳои III-II пеш аз милод
Давлати Юнону Бохтар
Ниҳоят кам будани маъхазҳои таърихӣ имкон намедиҳад, ки сохти давлатӣ ва ҷамъиятии Юнону Бохтар муфассал тавсиф карда шавад. Дар аҳди ҳокимони тавонотар давлат ба андозае соҳиби марказият буд ва дар ин бобат, аз афти кор, асосан ба тарзи давлати Селевкиён тақлид карда мешуд. Плутарх дар ҳаққи Селевк чунин латифа меорад, ки гӯё вай гуфта бошад: «Агар аксари мардум медонистанд, ки фақат барои навиштану хондани мактубҳои давлатӣ чӣ қадар машаққат кашидан даркор, тоҷҳо дар кӯчаҳо афтида мехобиданду касе ба онҳо нигоҳ ҳам намекард». Донандаи давраи эллинизм, муаррихи советӣ А.Б.Ранович менависад: «Мувофиқи маълумоте, ки аз катибаҳо ба даст омад, ҳукумати Селевкиён мукотибаи зиёде карда, амру фармонҳои гуногун тартиб дода, оид ба ҳалли муноқишаи байни шаҳрҳо қозиву ҳакамҳоро таъйин мекардааст, бошишгоҳҳои нав барпо менамудааст, бо дигар давлатҳо мукотибаи дипломатиро ҷорӣ намуда, байни шаҳрҳои худи мамлакат, бо шаҳрҳои Юнон, бо маъбадҳо ва дигар мазорҷойҳои умумиюнонӣ робитаи зич доштааст».[1]
Эҳтимол, идораи давлатии Юнону Бохтар мисли идораи давлатии Селевкиён мукаммал, муфассал ва мутамарказ набуд. Дар сари давлат подшоҳ меистод. Баъзан подшоҳ бо писараш баробар ҳукмронӣ мекард. Давлат ба сатрапиҳо тақсим шуда буд.
Аз «Милинда-Панха»[2] аён шуд, ки дар салтанати Менандр, яъне дар ноҳияи ҳиндустонии Юнону Бохтар подшоҳ шаш ақрабо доштааст: сарлашкар, сарвазир, сарқозӣ, сардори хазина, чатрбардор ва шофбардор. Ғайр аз ин, «соҳиби деҳ» низ зикр мешавад («Милинда-Панха», IV, 1, 36). К. В. Тревер дуруст қайд мекунад, ки таҳлили ҳамаи ин истилоҳот ва муқоисаи маълумоти «Милинда-Панха» бо маълумоти дигар сарчашмаҳо метавонанд ба як андозаи муайян сохти иҷтимоии давлати Менандрро равшан намояд. Вале дар бораи Бохтар ва дигар ноҳияҳои ҳамҷавор маъхазҳо ин гуна маълумот намедиҳанд»[3].
Лашкар низ мақоми намоён дошт, ки аз ҷумлаи ҳам юнониён ва ҳам аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла бохтариён, ҷамъ карда мешуд. Бохтариён лашкарро асосан бо қисмҳои савора таъмин мекарданд. Подшоҳ, аз афти кор, гвардияи шахсӣ низ дошт. Филҳои ҷангӣ қувваи зарбазани лашкарро афзун мекарданд.
Дар бораи ташкили лашкари Юнону Бохтар баъзе маълумотҳо ба даст омаданд. Дар лашкар қисмҳои савора ва пиёдагард қисмҳои асосӣ буданд. Осори санъат ва сарчашмаҳои хаттӣ, ки дастраси мо шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ки дар лашкари Бохтар филҳои ҷангӣ буданду дар болои онҳо ҷанговарони мусаллаҳ менишастанд. Аз афти кор, филҳои ҷангиро дар айни авҷи муҳориба ба кор меандохтанд.
Юстин (ХLI, 4, 5) Диодотро «ҳокими ҳазор шаҳри Бохтар» номида буд. Страбон (ХV, 1,3) мегӯяд, ки ба Евкратид 1000 шаҳр тобеъ буд. Ин муаллифон, зоҳиран, на хоки худи Бохтар, балки тамоми территорияи давлати Юнону Бохтарро, аз ҷумла ҳиндустони шимолиро низ дар назар доштанд ва дар зимни ин, рақами «1000» дар ин маврид на ба маънои аслии худ, балки чун муболиға омадааст. Дар айни ҳол, бояд дар назар дошт, ки ин муболиға асос ҳам дорад, яъне дар он давра дар Бохтар шаҳрҳо дар равнақу ривоҷ буданд.
Шаҳрҳои бохтариён, инчунин суғдиёнро аз рӯи пайдоиш ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин. Ба гурӯҳи якум шаҳрҳое медароянд, ки пеш аз ҳахоманишиҳо ва дар аҳди онҳо ба вуҷуд омадаанд. Ба ин қабил шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳри Бохтар (Бактра)– пойтахт ва калонтарин шаҳри Бохтар мансуб аст, ки дар поёноби дарёи Кофарниҳон воқеъ буд (алҳол димнаи Қалъаи Мир); шаҳри дигар пойтахти Суғд – Мароканд ва ғ. Гурӯҳи дувуми шаҳрҳо дар замони истилои юнону мақдунӣ ё дар аҳди Селевкиён пайдо шуданд. Ба гурӯҳи севум шаҳрҳое мансубанд, ки дар давраи давлати Юнону Бохтар сохта шудаанд. Дар байни шаҳрҳои гурӯҳи дувум ва севум шаҳрҳое буданд, ки Искандари Мақдунӣ (мас. Искандарияи Ақсо) ё дигар волиёни Юнон (мас. дар Бохтар шаҳри Евкратидея) барпо карда буданд ва инчунин шаҳрҳое, ки бе дахолати ҳукумати подшоҳӣ худашон ба вуҷуд омадаанд.
Дар бораи сохти дохилии ҳаёти шаҳрҳои Бохтар ва Суғд мо маълумоти казоӣ надорем. Вале кашфиётҳои минбаъдаи эпиграфӣ шояд далолат намоянд, ки баъзе хусусиятҳои шаҳрҳои Порту Селевкиён, масалан, баъзе шаклҳои худидоракунии шаҳрҳо, дар ин маврид ҳам ҷой дошт.
Дар «Милинда-Панха» шаҳри калоне тасвир шудааст, ки дар давраи Юнону Бохтар ё худ баъдтар вуҷуд доштааст.
Дар он ҷо маълумоте ҳаст, ки дар асоси он гуфтан мумкин дар он давра косибӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Масалан, дар шаҳре, ки дар «Милинда-Панха» зикр шудааст, оҳангарон, заргарон, мисгарон, кулолон, чармгарон, хаймадӯзон, шонатарошон, бофандаҳо, наддофон, сабадбофон, камонгарон, сангтарошон, заршӯён, ошпазҳо, ҳаммомчиҳо, қассобҳо, майфурӯшон, гулфурӯшон ва ғ. ва ҳ. буданд. «Милинда-Панха» қайд мекунад, ки дар байни сокинони шаҳр фурӯшандагони моҳут ва ҳар навъ озуқа низ бисёр буданд[4]. ҳамаи ин маълумот ба мо имкон медиҳад иддао намоем, ки ҳам касбу ҳунар ва ҳам савдо асосан дар дасти аҳолии маҳаллӣ будааст.
Пойтахти Бохтар такягоҳи подшоҳони Юнону Бохтар буд. Барои ҳамла ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя, алалхусус ба ҳиндустон, онҳо дар ҳамин шаҳр қувва ҷамъ мекарданд.
Ҷои шаҳри Бактра маълум аст: шаҳр тақрибан бист километр дуртар аз шаҳри ҳозираи Афғонистон – Мазори Шариф воқеъ буд. Вале дар он ҷое, ки Бактра воқеъ буд, ба андак танаффус бошад ҳам зиндагӣ дар тамоми муддати асрҳои миёна давом мекард ва дар ин ҷо яке аз калонтарин шаҳрҳои онвақта–Балх вуҷуд дошт. Ба ин сабаб болои табақаҳои пештараро табақоти давраи сонӣ панаҳ кардаанд, ки ҳафриёти археологиро бениҳоят душвор мекунад. Маркази он Бактра, ки дар замони Юнону Бохтар вуҷуд дошт, димнаи ҳозиразамони Болоҳисор мебошад, ки тарҳи он доираи дарозрӯя буда, вусъаташ 120 га аст. Муҳаққиқони Франсия Д. Шлюмберже ва М.Берра чи хел будани сохти деворҳои қалъаи Бактраро муқаррар карда тавонистанд. Ғафсии он деворҳо ҳайратангез аст. Гуфтан мумкин, ки ғафсии пояи ин деворҳо то ба 31 м мерасидааст. Деворҳо чанд қатор тиркашҳои пайконшакл доштанд. Ба ақидаи муҳаққиқон, аз эҳтимол берун нест, ки маҳз ҳамин деворҳо ба муҳофизони Бактра имкон доданд муҳосираи лашкари сершумори Антиохи III-ро рафъ намоянд. Аз афти кор, дар давраи Юнону Бохтар ҳудуди Бактра бо ҳамин як Болоҳисор маҳдуд набуд[5].
Солҳои 1964–1965 археологҳои Франсия ба ҳафриёти димнаи Ойхонум шурӯъ намуданд. Ойхонум дар хоки Афғонистон, дар лаби Панҷ айнан дар ҳамон ҷое, ки Кӯкчадарё ба он мерезад, воқеъ гардидааст. Тарҳи ин димнаи калон секунҷа буда, асоси дукилометраи он лаб-лаби Панҷ тӯл мекашад. Як паҳлӯи секунҷа (1,5 км) Кӯкчадарё аст. Қисми шимолу ғарбии димна, ки дар лаби Панҷ аст, андаке пасттар ва қисми ҷанубу шарқии он қадре баландтар мебошад. ҳафриёти Ойхонум натиҷаҳои муҳим дод. Аз ин ҷо пораҳои иншооти азиме ёфт шуд, ки хусусияти асосии он истифода шудани усули тарҳбандӣ ва қисмҳои бинокории эллинӣ мебошад. Биноҳо аз санг ва хишти хому пухта сохта шудаанд. Дар иморат сутуну болорҳои сангӣ дар болои деворҳои хомхишт ҷой дода шудаанд. Қисмҳои сангии иморат аз рӯи усули коринф сохта шуда, ба меъёри эллинӣ айнан мувофиқат дорад. Аз ин ҷо ҳайкалҳои эллинӣ, сафолот, зевар, инчунин қабристони юнонӣ ва сангҳои рӯи қабрҳои юнонӣ ва ғ. ёфт шудаанд.
Тамоми ин бозёфтҳо, аз ҷумла тангаҳо, далолат мекунанд, ки Ойхонум шаҳри асрҳои III–II пеш аз милоди Юнону Бохтар асту дар он унсурҳои маданияти юнону эллинӣ ва инчунии унсури хоси юнонии аҳолии маҳаллӣ афзалият дошт.[6] Мо ҳоло номи ин шаҳрро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои юнонӣ буд, намедонем – шояд ин шаҳр ҳам яке аз ҳамон Искандарияҳо ва Антиохияҳо бошад, мумкин Евкратидея ҳамин шаҳр бошад. Вале ҳаминаш аниқ, ки ин шаҳр дар давраи селевкиёну юнону бохтариён, бешак, вуҷуд дошт ва яке аз марказҳои муҳими давлати Юнону Бохтар буд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар рӯбарӯи Ойхонум дар ин соҳили Панҷ дар ҳудуди райони Фархор археологҳо дигар осори муҳими давраи охири аҳди Юнону Бохтар – Саксонохурро кашф намуда тадқиқ карданд. Саксонохур аз маркази райони ҳозираи Фархор 7 км шимолтар воқеъ аст. Вусъати умумии димна 5 га. Дар рафти ҳафриёт дар ин ҷо маҳаллаи косибон, хумдонҳои кулолӣ ва инчунин иншооте ёфт шуд, ки қаср ва маъбадро дар бар гирифтааст. Маркази ин иншоот ҳавлии калони (27,7х27,7 м) чоркунҷаест, ки аз се тараф долон дорад. Дар як тарафи ҳавлӣ айвони барҳавои чорсутун будааст. Дар пешгаҳи айвон даре будааст, ки ба долон кушода мешудааст. Дар ду тарафи айвон ду ҳуҷра будааст. Аққол набошад ҳам, ба ҳар ҳол, қариб рост рӯбарӯи айвон толори калони чоркунҷае будааст, ки шифти онро ду сутун бардошта меистодааст. Дар шафати толор боз як иморати чоргӯшаи дарозрӯяе будааст, ки он ҷо қурбонӣ мекардаанд. Толор ва ин қурбонҷо гирдогирд долон доштаанд, ки бо долони гирди ҳавлӣ пайваст мешудаанд.
Ба қадди долони ғарбии ҳавлӣ ҳашт биное будааст, ки ба се гурӯҳи алоҳида тақсим шудаанд, хусусан гурӯҳи шимолии биноҳо ҷолиби диққат аст, ки дар мобайни онҳо як хонаи калони чоркунҷаи сутундор будааст. Маҳз аз ҳамин хона бисёр чизҳои қиматбаҳо, аз ҷумла себаргаи тиллоӣ ёфт шуд.
Девори биноҳо ниҳоят ғафс аст, хонаҳои дарозрӯя ба бомҳои чоркунҷа ё росткунҷаи сутундор пӯшида шудаанд. Остонаи бисёр хонаҳои боҳашамат аз тахтасангҳои чортарош сохта шудааст. Айвон бо чандин сутунҳои сангӣ музайян будааст, ки пояҳои пурнақшу нигору мураккабсохти онҳо дар рӯи таҳкурсиҳои дуқабата, сангин меистоданд. Хусусан, бошаҳои сутунҳо, ки бо усули коринф сохта шуда будаанд, намуди ғароиб доштаанд.
Аз афти кор, толори дусутунаи паси айвон ва бинои шафати он, ки меҳроби оташ он ҷо меистодааст, маркази ибодат буда, он ҳашт бинои дигар, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, толори қабул ва ибодатгоҳи қаср будааст.
Санаи иморати ин иншоот асрҳои III–II пеш аз милод[7].
Дар территорияи Тоҷикистон дар замони Юнону Бохтар бисёр шаҳрҳои дигар низ будаанд. Масалан, яке аз онҳо димнаи Кайқубодшоҳ мебошад, ки дар қарибии посёлкаи ҳозиразамони Носири Хусрав воқеъ гардидааст. Тарҳи он росткунҷа (285х325 м) буда, деворҳои ғафс ва бурҷҳои чоркунҷа доштааст. Девор аз похса ва хишти хом сохта шуда, кунгурадор будааст. Аз худи шаҳр чанд биноҳои чоркунҷаву росткунҷаи сафедандова ёфт шудаанд. Кайқубодшоҳ арк надоштааст.
Андаке дуртар аз ин димна боз як димнаи дигаре ҳаст, ки дар худи посёлкаи Носири Хусрав дар ҷои димнаи Қалъаи Мир воқеъ гардидааст. Аз ин ҷо ҳам устохонаи мисгарӣ ва бисёр ашёи рӯзгору тангаҳо ёфт шуданд.[8]
Дар байни осори археологии Тоҷикистони ҷанубӣ Кӯҳнақалъаи қарибии Ворошиловобод мақоми махсус дорад. Ин димна аз Кайқубодшоҳ хурдтар буда, аз ду қисм иборат: қисми асосӣ, ки росткунҷа аст ва қисми дигар, ки шакли муайяне надошта, дар шафати он воқеъ аст. Ин димна дар ҷои аз ҷиҳати стратегӣ хеле қулай – дар лаби ҷарии канори Вахш истодааст. Дохили қалъа саросар иморат будааст, ки он аз биноҳои дарозрӯяи ба ҳам пайваста иборат буда, хонаҳои гуногуни калону хурди росткунҷа ва чоркунҷа доштааст.
Аз ҳафриёт маълум шуд, ки сохтмони Кӯҳнақалъа ба охир нарасида будааст. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки он дар поёни вуҷуди давлати Юнону Бохтар сохта мешуду ҳамлаи кӯчманчиён сохтмони онро қатъ кардааст.
Кӯҳнақалъа ҳам мисли Кайқубодшоҳ имкон медиҳад, ки санъати қалъасозии Бохтари Қадим аниқ карда шавад. Бурҷҳои росткунҷае, ки ба ҳамдигар зич сохта мешуданд, иншооти муқтадири ҳарбӣ буданд. Нимасутунҳои махсус (пилястрҳо), ҳам девори бурҷҳо ва ҳам девори худи қалъаро мустаҳкамтар мекарданд. Қатори тиркашҳои бурҷ ва девори қалъа ҳам тиркашҳои ҳақиқӣ ва ҳам тиркашҳои қалбакӣ дошт. Даромадгоҳи қалъа бо иншооти махсуси пеши дарвоза ва ё худ ба бурҷи баланд мустаҳкам карда мешуд.[9]
Маълум, ки Самарқанду Суғд аз истилои юнону мақдуниҳо хеле зарар кашид. Вале сарфи назар аз ин дар ноҳия зиндагӣ боз ба роҳ даромаду минбаъд ҷон гирифт. Масалан, санъати кулолӣ хеле пеш рафт. Умуман, касбу косибӣ дар ин давра хеле равнақ ёфт. Ба бозорҳо дар қатори маҳсули косибони маҳаллӣ маҳсули эллинҳои косиб ҳам дароварда мешуд. Аз ҳисоби якдигар бойшавии маданият ба амал меомад, ки ин ба баланд шудани дараҷа ва сифати санъати маҳаллии косибӣ мусоидат намуд ва санъати маҳаллии косибӣ, дар навбати худ, ба касбу косибии тамоми шарқи эллинӣ таъсир расонд. Ин протсесс, масалан, аз кулолӣ ва бинокорӣ аён аст.
Дар хоҷагии қишлоқ ҳам хеле комёбиҳо ба даст омад. Муаллифони атиқа аз шароити хеле қулайи обу ҳавои Бохтар бисёр ривоят кардаанд. Дар ин ҷо ғалладона мекоштаанд (зотан донаи зироати ин ҷо хеле калон-калон будааст), аз ҷумла, дар ин ҷо шолӣ нағз мешудааст, боғу токзорҳо будаанд, чорводорӣ равнақ доштааст. Шакке нест, ки ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд шабакаи калони каналҳои обёрӣ вуҷуд дошт.
Дар фавқ ҳангоми тавсифи таърихи афкори сиёсӣ мо борҳо ба тангаҳо истинод кардем. Алҳол мукаммалтарин ва бонизомтарин маълумотнома роҷеъ ба тангаҳои давраи Юнону Бохтар «Корпуси тангаҳои ҳиндуюнонӣ» мебошад, ки олими ҳиндустон А.Н.Лоҳурӣ[10] тартиб додааст, вале гуфтан даркор, ки дар маълумотномаи мазкур материали музейҳои советӣ ва асарҳои дар ин бобат чопшудаи советӣ истифода нашудааст. Подшоҳони Юнону Бохтар аз тилло, нуқра, мис сикка мезаданд, ғайр аз ин сиккаҳое буданд, ки аз хӯлаи мису никел зада мешуданд. То ба замони мо бисёр тангаҳои нуқраи Юнону Бохтар омада расидаанд.
Дар рӯи тангаҳо одатан сурати шоҳ ва дар қафои он сурати ягон худо (Аполлон, Артемида, Афина, Деметра, Диоскура, Геката, Гелиос, Геракл, Зевс, Ника, Посейдон) нақш мешуд. А.Н.Лоҳурӣ менависад, ки ин худоҳои юнонӣ, «баъзан бо қиёфае тасвир меёфтанд, ки ба тавъамони шарқии онҳо хос буд».
Дар аввалин тангаҳои Юнону Бохтар катиба фақат аз унвон ва номи шоҳ иборат буд. Евкратид аввалин касе буд, ки дар тангаҳо сифати («кабир»)-ро сабт намуд. Антимох бошад, худро («худо») номид. Дар аҳди Евкратид дар тангаҳо бори нахуст катибаи дузабона пайдо шуданд. Сурату хатҳои юнонӣ, ки одатан, дар қафои танга сабт мегардид, ба рӯи танга гузаронда шуда, дар қафои он бо хатти кхарошти тарҷумаи таҳтуллафзии пракритии онро сабт мекардагӣ шуданд. Зимнан, гуфтан лозим, ки катибаҳо ҳеҷ вақт ба ҳамдигар мувофиқат надоштанд. Дар тангаҳои мисии давраҳои сонии ду волиёни ҳиндуюнонӣ дигар хат – хати браҳмӣ[11] истифода мешуд.
Масъалаи миқёси вазни тангаҳои Юнону Бохтар мувофиқи ҳамон миқёси вазн аст, ки дар Юнон маъмул буда, атиқӣ ном дошт ва аз рӯи он воҳиди вазни тилло ба 132 гран, яъне ба 8,2 г баробар буд. Масалан, чунинанд вазни тангаҳои тиллоии Диодоти I ва II, Евтидеми I ва Евкратид, ки статер ном доштанд. Вале тангаҳои Юнону Бохтар на ҳама вақт ба миқёси вазни атиқӣ мувофиқат мекарданд ва дигар миқёсҳои вазнӣ низ кор фармуда мешуд. Пайдоиши ин миқёсҳо ва самараи иқтисодии истифодаи онҳо мавриди мубоҳиса мебошад.[12]
Зиёд будани тангаҳои Юнону Бохтар далели раднопазири ривоҷи муомилоти мол аст. Мувофиқи маълумоти бозёфтҳои навтарини археологӣ тиҷорати байналхалқӣ, алалхусус тиҷорат бо олами эллинӣ хеле дар авҷ будааст. Дар айни ҳол, тангаҳо дар савдои дохилӣ ҳам истифода мешуданд. Ба ин маъхазҳои хаттӣ ҳам шаҳодат медиҳанд. Сайёҳони аҷнабӣ навиштаанд, ки «бохтариён дар савдо ҳамто надоранд». Дар Бактра бозори калон будааст.[13]
Маълумот дар бораи маданияти маънавӣ ниҳоят ноқис аст. Вале ҳамин маълумоти ноқис ҳам далолат мекунад, ки Юнону Бохтар яке аз марказҳои мадании ҷаҳони онзамона буд. Дар сарзамини Бохтар маданияти мутараққии ба худ хоси маҳаллӣ вуҷуд дошт, ки он аз қаъри асрҳо ибтидо мегирифт. Равобити тамаддуни Бохтар бо маданияти бойи ҳиндустон, бо маданияти юнониён ва бо маданияти шарқи эллинӣ самараи бузург дошт.
Санъати Юнону Бохтар ба авҷи тараққиёт расида буд. Беҳтарин донандаи ин санъат К.В.Тревер дар бораи тангаҳои шоҳони Юнону Бохтар навишта буд: «Дар тангаҳои Юнону Бохтар сурати шоҳон бо маҳорати баланд сабт шудаанд. Мӯҳри онро санъаткорони забардасте кандаанд, ки дар акси ҳаҷман хурдакак чунон расми реалистона офаридаанд, ки на фақат хусусияти қиёфаи шахсро инъикос менамояд, балки бо воситаи ин ё он ҷузъиёти хурд феълу атвори ин ё он шахсро аён месозад». Ба қавли К.В.Тревер, дар шаҳрҳои Бохтар асарҳои ҳайкалтароши машҳури Юнон Лисипп, ки муаллифи ҳайкалҳои маъмули Искандари Мақдунӣ мебошад, бояд вуҷуд дошта бошанд. Эҷодиёти ин санъаткор хеле реалистона аст. Санъати ҳайкалтароши асри III пеш аз милоди эллинҳо дар зери таъсири Лисипп ва пайравони ӯ такмил меёфт ва ин нуктаро ба Бохтар ҳам нисбат додан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, дар Ойхонум аллакай ҳайкалҳои эллинӣ ёфт шудаанд. Дар масъалаи расми тангаҳо бошад, мегӯяд К.В.Тревер гапашро давом дода, «эҳтимол, дар байни мӯҳрканҳо юнониён ҳам буданд, вале агар инро ба назар гирем, ки тангаҳои Юнону Бохтар нисбат ба тангаҳои онзамонаи юнонӣ сурати касро равшантару возеҳтар акс намуда, ҳам фикру андеша, ҳам шафқату меҳрубонӣ ва ҳам қуввату матонатро ифодаву инъикос карда метавонанд, мумкин аст мӯҳрро устои маҳаллӣ – юнонӣ ё бохтарие канда бошад, ки беҳтарин анъанаҳои Лисиппро аз худ намудааст».[14]
Мо инчунин аз осори аҷоиби торевтикаи Бохтар воқиф ҳастем. Девори биноҳо бо нақшу нигор, бо муқарнасу мунаббаткориҳои сангӣ, фулузӣ ва ғ. зинат дода мешуданд.
Чи тавре дар боло қайд кардем, дар ин давра Бохтар бо олами эллинӣ ва бо ҳиндустон равобити пурсамари маданӣ дошт, ки ин дар ақоиди динӣ низ зоҳир гардидааст. Маҳз дар ҳамин давра дар Осиёи Миёна дини буддоӣ паҳн шуд.
Вале ин чунин маъно надорад, ки зардуштия мавқеи худро аз даст дода бошад. Ба маркази Бохтар – шаҳри Бактра, ки дар он ҷо зардуштия хеле маъмул буд, аз ҳар гӯшаву канор зиёратчиёни сершумор ҷамъ меомаданд. Дар ин ҷо маъбади асосии оташпарастон – маъбади олиҳа Ардвисура Анаҳито мавҷуд буд. Дар ин маъбад ҳайкали Анаҳито меистод, ки дар сар тоҷи тилло ва дар бар либосе дошт, ки аз пӯсти 30 сагобӣ дӯхта буданд. Дар шаҳр маъбади дигари худоҳо низ буд. Аз афти кор, маъбади Саксонохур ҳам маъбади зардуштиён буд.
Бешубҳа, дар Бохтар маъбадҳои юнонӣ ҳам вуҷуд доштанд, зеро дар байни аҳолӣ юнониён бисёр ва худи ҳокимони давлатии Юнону Бохтар юнонӣ буданд. Далели ин иддао сурати худоҳои юнонист, ки дар қафои тангаҳо сабт мешуд (номи онҳоро андак болотар зикр кардем). Маъбаду ибодатхонаҳои юнонӣ дар Ойхонум ҳам ёфт шуданд.
Инак, дар Юнону Бохтар динҳои гуногун вуҷуд доштанд, аз «Милинда-Панха» (1, 3) медонем, ки дар Шакала ном шаҳри ҳиндустон намояндагони ҳама гуна динҳоро эҳтиром мекарданд. Дар ин ҷо воизи ҳама гуна дин «нидои таҳсину табрик мешунидааст». Эҳтимол, дар Бохтар ҳам вазъият чунин буд. Дар айни ҳол, шакке нест, ки аксари аҳолии маҳаллӣ – бохтариҳо мисли пештара ба зардуштия эътиқод доштанд. Мумкин аст юнониён ҳам ба таъсири он дучор мешуданд.
-
Ранович А.Б., 1950, с. 140. ↑
-
«Милинда-Панха» рисолаест, ки асри II пеш аз милод ба забони палb чун мубо[иса дар мавзeи фалсафа байни Менандр (талаффузи [индиаш Милинда) ва олими [индb Нагасена таълиф шудааст. ↑
-
Тревер К.В., 1940, с. 19. В.Тарн кeшидааст дар матни ин сарчашма ишорате пайдо кунад, ки иборат аз 500 нафар шeрои шо[ вуxуд дошт (Таrn W., 1950, р. 267, 418), вале ин кори вай боиси эътирози rатъb ва, аз афти кор, [аrrонии А.К. Нарайан гардид (Narain А.К., 1962, р. 167–168). ↑
-
The Quеstions оf Кing Milinda, 1890; 1894. ↑
-
Lе Веrrе М. еt Schlumberger D., 1964. ↑
-
Ниг.: маълумот[ои нахустинро: Schlumberger D., 1965-1966; Веrnаrd Р. Р.,.1967 а, 1967, 1968 а, 1968, 1969. ↑
-
Литвинский Б.А. ва Му[иддинов Х., 1969 ↑
-
Дьяконов М.М., 1953. с. 172 ва боз: 1956, с. 57-66. ↑
-
Литвинский Б.А., Кузьмина Е.Е., Певзнер С.Б., 1956. ↑
-
Lahiri Q.N., 1965, р. 27. ↑
-
Lahiri Q.N., 1965, р. 38–42, 256–262. ↑
-
Ibid 1, р. 13-18. ↑
-
Бичурин, II, с. 152. ↑
-
Тревер К.В., 1940, с. 40–41. ↑