Иқтисодиёти осиёи миёна дар давраи Кушониён

Хоҷагии қишлоқ. Обёрӣ

Тадқиқи муфассали археологии майдонҳои фарох нишон медиҳад, ки дар он давра тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна барои зироат истифода мешуданд. Дар водиҳо бо киштукор (асосан киштукори обӣ) ва чорводорӣ машғул буданд. Алалхусус, ирригатсия ниҳоят ривоҷ ёфта буд. Дар Хоразм, дар водии Зарафшон ва дар дигар ҷойҳо каналҳои бисёре кофта шудаанд. Каналҳои қадимии давраи Кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам, масалан, дар водии Вахш ёфт шуданд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра, бешак, хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан, димнаи ҳалқаҷари қарибии посёлкаи Уялӣ аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба заминҳои он ҷо фақат бо насос об мебароранд. Дар давраи Кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои кӯҳӣ шодоб буданд. Дар айни ҳол, чунон ки дар водии Ёвон маъмул буд, дар ин ҷо ҳам лалмикорӣ мекарданд. Лалмикорӣ дар ноҳияҳои доманаи кӯҳҳо ва дар кӯҳистон низ расм буд. Дар давраи Кушониён саросари водии Зарафшони боло то Мастчоҳи ҳозира аз худ шуда буд[1].

Маълум, ки техникаи зироат бениҳоят содда буд. Фақат дар обёрӣ пешравии калон ба назар мерасад. ҳангоми ҳафриёти Тали Барзу позаи оҳанин ёфт шуд[2].

Аз асри I милодӣ осиё маъмул шудан гирифт. Қадимтарин дастосҳо аз сағонае дар кӯҳи Қаромазор ба дасти мо расидаанд. Аввал осиё хеле хурд буд, баъд калон шудан гирифт ва андозаи онҳо, алалхусус, дар асрҳои III–IV хеле калон шуда рафт.

Маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи Кушониён зироаткорони Осиёи Миёна тамоми анвои зироати дар асрҳои миёна ҳам маъмулро – зироати ғалла, техникӣ, ангуру мева ва алафу хошок кишт мекарданд ва парвариш менамуданд. Ниҳоят зиёд будани анвои зироат ҷолиби диққат аст. Масалан, дар асрҳои III–IV милодӣ дар Хоразм ҳам навъи махсуси шаробӣ ва ҳам хӯрокии ангур рӯёнда мешуд. Ба туфайли селексияи халқӣ, ки аз авлод ба авлод идома дошт, навъҳои серҳосили зироат пайдо шуданд, ки ба шароити маҳал хеле мувофиқу муносиб буданд. Бесабаб нест, ки халқҳои кишварҳои ба Осиёи Миёна ҳамсоя бисёр анвои зироатро маҳз аз мардуми Осиёи Миёна ёд гирифтанд (масалан, хитоиҳо кишти юнучқа ва парвариши чормағзро аз халқҳои Осиёи Миёна ёд гирифтаанд).

Дар водиҳои байникӯҳӣ, масалан, дар водии Фарғона барин ҷойҳо чорводории яйловӣ равнақ дошт ва ин гуна чорводорон ҳаёти нимкӯчманчигӣ ба сар мебурданд. Чорвои хушзоти Фарғона, алалхусус, аспҳои Фарғона мисли пешина боиси ҳасади ҳамсоягон буду дар хориҷи Фарғона бисёр ба фурӯш мерафт.

Бинокорӣ ва ҳунармандӣ

ҳангоми ҳафриёти археологӣ чунин намудҳои иморату иншоот ёфт шуданд: 1) қасрҳо, 2) маъбадҳо, 3) биноҳои истиқоматӣ, 4) корхонаҳо, 5) анборҳо, 6) қалъаҳо, 7) иншооти обёрӣ ва ғ. Аксари ин иморату иншоот алоҳида набуда, балки пайваста бо дигар намудҳо бино ёфтаанд. Вазифа ва таъиноти ин ё он иморату иншоотро аниқ муқаррар кардан мумкин не, масалан, қасри Холчиён, эҳтимол, қаср не, балки маъбад бошад.

Биноҳои ҷамъиятӣ одатан хеле мӯҳташам мебошанд. Қасру кохи ҳокимон ниҳоят калон буда, дар болои ягон баландӣ сохта мешуданд ва дар атрофи худ девори мустаҳкам доштанд. Толорҳои васеи шифтбаланд бо муҷассамаву ҳайкалҳо ва нақшу нигори зиёд зинат дода мешуданд. Девори биноҳо одатан хеле ғафс буд.

Дар байни ибодатгоҳҳо бошад, баъзан маъбадҳои хурд ҳам дучор мешаванд. Масалан, миёнҷои маъбади буддоии ҳайратон (дар қарибии Тирмиз) хеле танг аст. Вале ҳамин маъбад ҳам ороишоти аҷоибе дорад (арақаи машҳури ҳайратон).

Сифати иморатҳои манзилгоҳҳои хурди зироаткорӣ он қадар баланд набуд. Аксари ин иморатҳо хоначаҳои гилини амонат сохташудае мебошанд, онҳо ду-ду ё се-се ба ҳам пайваст шуда, дар атрофи ҳавличаҳои хурд гирд оварда шудаанд.

Иморатҳои марказҳои калони шаҳрӣ бо санъати баланди бинокорӣ сохта шудаанд. Асоси ин санъат нақшаи ягонаи биносозӣ мебошад, вале, рости гап, ин нақша дар ҳар ҷо ҳар хел ба амал татбиқ карда мешуд. Вале умуман асоси ин нақша ҳамин буд, ки хонаҳои муҳими ташрифотӣ паи ҳам дар як қатор ҷой мегирифт, масалан, айвон – дар паси он даҳлез – дар паси даҳлез толор ва гирдогирди бино долон ва пайваста ба он хонаҳои гуногуни хоҷагию маишӣ. Ба осори гуногун хос будани як нақшаву усули умумии биносозӣ, аз афти кор, ба мо ҳақ медиҳад иддао кунем, ки усули махсуси меъмории бохтарӣ ташаккул ёфта буд ва он аз давраҳои токушонӣ бармеояд[3]. Дар айни ҳол, гуногун будани сохту сифати биноҳо шаҳодат медиҳад, ки тақсимоти молумулкии ҷамъият вуҷуд дошт.

Муҳандисони қалъасози Осиёи Миёна комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Деворҳои рахнанопазири қалъаҳо, ки онҳоро бурҷҳои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркашҳои сершумор боз ҳам мустаҳкамтар мекарданд, санъати қалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараҷаи беҳтарин санъати қалъасозии он давра боло бардошта буданд. Дар водиҳои Помири ғарбӣ Қаҳқаҳа ва Ямчун барин қалъаҳои азим сохтанд, ки дар сари роҳҳои асосӣ воқеъ буданд ва силсилаи истеҳкомҳои дарозмуддати ба ҳамдигар алоқамандро ташкил мекарданд[4].

Масолеҳи бинокорӣ гуногун буд. Барои деворзанӣ одатан похса ва хишти хомро истифода мебурданд (хишти хоме маъмул буд, ки андозаи паҳлӯҳои он аз 32 то 44 см меомад). Дар кӯҳистон барои деворзанӣ тахтасанг ҳам ба кор мерафт. Хишти пухта кам истифода мешуд. Дар Бохтар ба шарофати идома доштани тарзу усулҳои бинокории эллинӣ ва мавҷуд будани масолеҳи лозимаи табиии бинокорӣ дар сохтмони қисмҳои асосии бино ва ороиши он масолеҳи сангиро бисёр истеъмол мекарданд – пойсутунҳои сангини гирда, ки онро пойсутунҳои муқаррарӣ ҳам меноманд ва пойсутунҳои мураккабнақши гуногуншакли «антиқӣ»; танаҳои сангини сутунҳо, бошаҳои бағоят базебу шинами сангин, ки ба бошаҳои навъи коринфӣ тақлидан сохта шудаанд ва ин навъи бошаро инкишоф медиҳанд (масалан, дар бошае, ки дар Шаҳринав ёфт шуд, сурати инсон ва грифонҳо ҳаст)[5]; таҳкурсии сангини сутунҳои чортароши сангин, ки нимаи он дар мағзи девор мебошад, аз ҳамин қабиланд. Танаи сутун ва болорро бисёр вақт аз чӯб ҳам мекарданд. Дар бомпӯшӣ сафолпораҳо ҳам истифода мешуд. Усули бомпӯшӣ ҳам ду хел буд: усули сутун бар болор ва усули бесутуни гунбазӣ. Дар омади гап, бо усули бесутуни гумбазӣ фақат болои биноҳои начандон калон пӯшида мешуд. Сақфҳо бо усули қаламаи моил таҳия мегардиданд.

ҳунармандӣ ҳам дар шаҳрҳои калон ва ҳам дар деҳаҳои хурд равнақу ривоҷ ёфта буд. Мо инро ба туфайли ёфт шудани ашёи сершумори маданияти моддӣ ва дӯкону устохонаҳои бисёр нағз медонем. Масалан, аз бисёр ҷойҳо осори дӯконҳои кулолӣ падид омаданд. Маълум, ки кулолон чанд хел кӯраву хумдон доштанд[6]. ҳайкалчаҳои сафолӣ ҳам дар ҳамин кӯраву хумдонҳо пухта мешуданд. Дар натиҷаи ҳафриёт маснуоти сафолӣ хеле бисёр дастрас шудааст. Навъу намуди зарфҳо шумор надорад. Сифати зарфҳо, хусусан зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва ҷомҳо бағоят баланд аст. Масалан, ҷомҳое, ки аз сағонаи Тӯпхона (дар ҳисор) ба даст омадаанд, ниҳоят нозуку нафис буда, ба дараҷаи олӣ сайқал дода шудаанд. Аз мобайн ду ҳазор сол гузаштаасту вале ҳоло ҳам кас ба онҳо нохун занад, мисли ҷомҳои булӯрин ҷарангос мезананд! Зарфҳои зиёфат нақшу нигори гуногуни муқарнасӣ доранд ва дастаи онҳо дар шаклу намуди пурпечутоби зебо сохта шудааст. Асбобу ашёи металлии рӯзгор ва зинат қариб дар ҳама ҷо истеҳсол карда мешуд. Зарфҳои биринҷӣ, шамъдонҳо, оинаҳо, дастпонаҳо, гӯшвораҳо, ангуштаринҳои гуногунро мардум бисёр истифода мебурданд. Анвои ин қабил асбобу ашё сершумор ва сифати он баланд аст. Қолабҳои рехтагарие ба даст омаданд, ки бо воситаи онҳо ин асбобу ашё сохта мешуданд.

Анвои ашёи шишагин ҳам хеле бисёр аст. Алалхусус, бисёр шадда ёфт шудааст ва дар байни онҳо шаддаҳои нақшини дурахшон ба даст омадаанд, ки ба сад ранг тобиш доранд, шаддаи нақшине ёфт шудааст, ки дар он тасвири одам ҳаст. Хусусан шаддаи дуқабатаи зарандуд намуди ҳайратангез дорад – дар мағзи он андак зарварақи ниҳоят тунук монда, баъд бо шишаи нафиси шаффоф рӯкаш кардаанд.

Маснуоти корхонаҳои аслиҳасозӣ ҳам гуногун буд. Аслиҳаи дурзани он замона – камон дар ин давра хеле такмил ёфт. Дар ин давра камони махсусу мураккабе маъмул гардид, ки аз панҷ қисм иборат буда, бо пулакчаҳои устухонӣ ё шохӣ хотамкорӣ карда мешуд. Ватани ин гуна камон Осиёи Миёна мебошад ва он баъдтар дар Эрони сосонӣ паҳн шуд. Ба ин сабаб номи ин камонро, ки дар адабиёти ғарб «сосонӣ» шудааст, дуруст гуфтан мумкин не, чи тавре олимони советӣ таклиф кардаанд, номи дурусти ин камон «камони кушону сосонӣ» мебошад. Ин навъи камон аз Осиёи Миёна баромада, ба сарматҳо гузашт ва аз он ҷо ба ғарб паҳн шуда, то худи Шотландия рафта расид, дар ҷануб дар Эрону ҳиндустон ва дар шарқ дар Хитой расм шуд[7]. ҳангоми ҳафриёти осори он давра дар Осиёи Миёна пулакчаҳои устухонию шохӣ ёфт шуданд, ки бо онҳо камонро хотамкорӣ мекарданд, аз баъзе ҷойҳо бошад, худи камон ё худ қисмҳои он ба даст омад, ки онҳоро ба осонӣ таъмир кардан мумкин аст. Тири ин камон аз чӯб ё аз най ва пайкони он аз оҳан буду чанд намуд дошт. Маъмултарин намуди пайкон пайкони оҳанине буд, ки се қирраи барҷаста дошт. Дар охирҳои ин давра пайконҳои оҳанине пайдо шуданд, ки шакли мураккаб доштанд[8].

Аскарон бо ханҷар ва шамшер мусаллаҳ буданд. Дар Осиёи Миёна, дар асрҳои якуми эраи нав, шамшерҳои дарози (то 1,2 м) калони дудамаи оҳанин истифода мешуданд, ки дастаи онҳо дарози миёнхамида буда, гулӯбанд надоштанд. Аз дигар навъҳои аслиҳа найза, табарзин, фалахмон ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.

Барои бинокорӣ ва кори дӯкону устохонаҳо ашёи хом лозим буд. Истихроҷи маъданиёти гуногун дар давраи кушониён хеле афзуд. Аз таги замин маъданиёти гуногун[9], масолеҳи бинокорӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ғ. истихроҷ менамуданд. Як қисми маҳсулоти маъданӣ ва ҳунармандӣ барои фурӯш ба хориҷа мерафт.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Ба давраи Кушониён системаи мутараққии пулӣ, ниҳоят гуногун будани қимати тангаҳо ва хеле зиёд будани шумораи онҳо хос мебошад. ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар мамлакат истеҳсоли мол ва гардиши он дар амал буд. Ба ин муносибат чунин ҷиҳати масъала ҷолиби диққат аст, ки қисми зиёди тангаҳои кушонӣ тангаҳои мис буд. Ин нукта шаҳодати он аст, ки дар ҳаёти рӯзмарра муомилоти пул ҷараён дошт[10]. Дар баёни ҷанбаҳои таърихи давлати Кушон қайд шуда буд, ки тангаҳои Кушониён вобаста ба давраҳои гуногун хеле тағйир меёфтанд. Дар айни замон бояд гуфт, ки нумизматҳо то ба ҳол асосан танҳо ба масъалаҳои Кушониён ва тадқиқу таснифи тангаҳои Кушониён ва расму хати рӯи он тангаҳо ва ғ. машғул буданд. Ҷанбаи иҷтимоию иқтисодии ин масъала алҳол амалан тадқиқ нашудааст.

Дар баробари савдои дохилӣ савдои хориҷӣ ҳам хеле равнақ меёбад. Плиний (ХII, 84) хабар медиҳад, ки аз ҳиндустон, Туркистони шарқӣ, аз Арабистон ба империяи Рим моли бисёр (ба арзиши 100 млн сестерсий) оварда шуд. Як қисми ин мол аз хоки давлати Кушон, аз ҷумла, аз Осиёи Миёна рафтааст. Ба қавли Плиний (ХХХIV, 145), ба империяи Рим аз Сарика оҳан меоварданд, ки қимати баланд дошт. М. Хвостов тахмин мекунад ки ба империяи Рим оҳани оддӣ не, балки маснуоти оҳанӣ бурда мешуд[11]. Гуфтан мумкин, ки ақаллан як қисми ин молҳо, аз ҷумлаи он маснуоти оҳанӣ, дар ҳақиқат, моли Осиёи Миёна буд. Дар давраҳои сонитар дар асрҳои миёна аз хоки Осиёи Миёна бисёр оҳан ва маснуоти оҳанӣ ба хориҷа ба фурӯш мерафт, ки инро географҳои асрҳои IХ–Х-уми араб ҳам борҳо қайд кардаанд.

Мадраке ҳаст, ки тоҷирони Бохтар ба хоки империяи Рим масалан, ба яке аз марказҳои калонтарини тиҷорат – шаҳри Искандарияи Миср рафта буданд, аз дигар тараф, тоҷирони Рим ба Осиёи Миёна меомаданд[12].

Дар Осиёи Миёна маснуоти римӣ, инчунин тангаҳои римӣ[13] ниҳоят бисёр ёфт шудаанд ва ин бозёфтҳо возеҳ исбот менамоянд, ки робитаи Рим ва Осиёи Миёна хеле амиқ ва пуравҷ буд. Ба Осиёи Миёна оварда шудани молҳои римӣ (аниқтараш баҳри миёназаминӣ) боиси он гардид, ки истеҳсоли ин гуна молҳоро дар Осиёи Миёна ҳам ба роҳ монданд[14].

Асарҳои санъати римӣ ба таҳаввулоти санъати Осиёи Миёна, аз ҷумла, ба ташаккули санъати Қандаҳор, ки дар шимолу ғарби ҳиндустон, дар Афғонистон ва аз афти кор, дар ҷануби Осиёи Миёна инкишоф ёфт, таъсири калон расонданд.

Бо Хитой ҳам робитаи савдо буд. «Роҳи абрешим», ки бо воситаи он ба ғарб корвонҳои абрешим мерафт, аз Осиёи Миёна мегузашт[15]. Маълум, ки як қисми он абрешим дар худи Осиёи Миёна фурӯхта мешуд, бинобар ҳамин, агар ба гапи Флор (3, II) бовар кунем, аллакай дар миёнаҳои асри 1-уми пеш аз милод портҳо байрақҳои абрешимӣ доштанд. Ғайр аз абрешим аз Хитой ба Осиёи Миёна оинаҳои биринҷӣ, ашёи локӣ ва ғ. оварда мешуд. Аз Осиёи Миёна ҳам ба Хитой бисёр мол бурда мешуд[16].

Дар китоби дувуми «Маҳабҳарата» – «Сабҳапарва», ки дар нимаи дувуми асри IV милодӣ таълиф шудааст, инъоме зикр гардидааст, ки ба подшоҳи пандиҳо Юдҳиштҳира (қароргоҳаш дар қарибии Деҳлии ҳозира будааст) намояндагони халқҳои гуногун пешкаш кардаанд ва дар байни ин халқҳо халқҳои Осиёи Миёна ҳам будаанд. Ин халқҳо ба подшоҳи мазкур, аз афти кор, ҳамон молеро пешкаш кардаанд, ки одатан ин гуна молҳоро барои фурӯш меоварданд. Шояд ба ҳамин сабаб аз кишвари Бахлӣ (яъне Бохтар) «кампалҳои пашмини хуштарҳу хушранги нарму мулоим», матои гуногун, пӯсти гӯсфанд, аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо овардаанд; «шакоиҳо» (сакоиҳо), «тукҳарҳо» (тахорҳо), «канкиҳо» (канғуйҳо) аспҳоеро инъом кардаанд, ки «метавонистаанд роҳи дуру дарозеро тай намоянд» («Маҳабҳарата», 11, 47).

Мадракҳои археологӣ далолат мекунанд, ки бо қабилаҳои сарматҳои наз-ди Урал ва соҳилҳои Волга ҳам робитаи савдоӣ вуҷуд дошт. Аз сарзамини онҳо ҳамон роҳи савдо мегузашт, ки Осиёи Миёнаро бо Кавказ ва ноҳияҳои соҳили баҳри Сиёҳ мепайваст.

Дар боло қайд кардем, ки бохтариҳо то Искандарияи Миср рафта будаанд, Суғдиён низ дар ҷойҳои аз ҳудуди Суғд ниҳоят дур марказҳои калони савдо таъсис карда буданд. Дар Дунхуан (Туркистони шарқӣ) катибаҳои асри IV пеш аз милод ба даст омадаанд, ки ба забони суғдӣ навишта шудаанд. Дар яке аз катибаҳо гуфта мешавад, ки дар Друан 100 нафар самарқандии озод (ё худ асилзода) ҳастанд. В.В.ҳеннинг бо асоси комил тахмин мекунад, ки шумораи суғдиҳо (бо ғуломон ва аҳли хонаводаашон) дар ин шаҳр бояд камаш ҳазор нафар бошад. Дар баъзе мактубҳо дар бораи молҳо, нархҳо ва ғ. маълумот ҳаст. Суғдиёне, ки дар Туркистони шарқӣ зиндагонӣ мекарданд, бо хешу ақрабои дар Самарқанд будаи худ робитаи зич доштанд[17].

  1. Ставиский Б. Я., 1961.

  2. ИТН, I, с. 360–370.

  3. Оид ба масъалаи таснифи наrшаи биносозии бехатарb ниг.: Пугаченкова Г.А., 1973; 1973 а; 1976 а.

  4. Дар бораи rалъа[ои Вахон ниг.: Бернштам А.Н., 1952; Бобоев А., 1955; 1973.

  5. Мухторов А., 1975.

  6. Масалан, ниг.: Пугаченкова Г.А., 1973; 1974.

  7. Литвинский Б.А., 1965. Муrоиса кунед: Хазанов А.М., 1966.

  8. Литвинский Б.А., 1965.

  9. Шуб[ае нест, ки тилло хеле бисёр истихроx карда мешуд. Аз афти кор, зарробхона[ои Кушониёнро бо тилло асосан кон[ои Осиёи Миёна таъмин мекарданд, дигар rисми лозимаи тиллоро аз Афuонистон, {индустон ва бо ро[и тиxорат аз дигар мамлакат[о мегирифтанд; э[тимол, танга[ои тиллоии римиро [ам об карда, аз он танга[ои кушонb месохтанд.

  10. Массон В. М., Ромодин В. А., 1964, с. 183.

  11. Хвостов М. 1907, с. 156.

  12. Ставиский Б. Я., 1964, с. 180.

  13. Ба ахбори бозёфт[о ниг.: Ставитский Б. Я., 1964 в; Массон В. М., 1966 а

  14. Дар ин бобат намуна[ои санъати навантиrb ва асар[ои таrлидан ба он[о та[иягашта, ки дар Осиёи Миёна ёфт шудаанд, xолиби диrrат мебошанд (Литвинский Б.А., Турсунов Н.О., 1971).

  15. Дар бораи бе[тарин тадrиrоти маъхаз[ои хаттии роxеъ ба ин маърeза[о ниг: Herrman A., 1938.

  16. Васильев Л. С., 1958.

  17. Дар бораи нашри ин [уxxат[о, ки бо номи «Мактуб[ои rадимии суuдb» маълуманд, ниг.: Reichelt H., 1931. Инчунин ниг.: Розенберг Ф.А., 1932; бе[тарин тадrиrоти ин масъала: Henning W.В., 1948.

test

Добавить комментарий