Самарқанд, Варахша ва дигар бошишгоҳҳои шаҳрӣ

Маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд. Шаҳр дар димнаи Афросиёб ҷой дошт.[1] Вусъати димна 219га аст. Дар Афросиёб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, В.Л.Вяткин ҳафриёт гузаронидаанд. ҳафриёте, ки А.И. Тереножкин дар Афросиёб гузаронд, асоси он донишҳои ҳозиразамоне гардидаанд, ки роҷеъ ба Афросиёб вуҷуд доранд. Тадқиқоти муфассали археологҳои ӯзбек, ки бо роҳбарии марҳум В.А.Шишкин ва Я.Г.Ғуломов дар Афросиёб гузаронда шуд, боиси кашфиётҳои калон гардид. Вале бисёр масъалаҳои таърихи асрҳои VI–VIII Самарқанд алҳол равшан нест.

Ба ақидаи А.И.Тереножкин, ин давра давраи тараққиёти Самарқанд буд.[2] Дар қисми шимолии шаҳр арк ва дар қисми ҷанубии он шаҳристон ҷой дошт. Дар ин давра ҷануби шаҳр, ки хеле калон шуда рафта буд, ду қатор девор дошт (тӯли деворҳои атрофи шаҳристон қариб 2км буд), дар шимол шаҳр бо ҷариҳои соҳили дарёи Сиёб маҳдуд мешуд. ҳар ду қатори девори шаҳр дар масофаи 8-10 м дур аз ҳамдигар мутавозӣ тӯл мекашид ва девори дарунӣ нисбат ба девори берунӣ хеле мустаҳкамтар буду бурҷҳои он ҳам шоҳмотвор ҷой-гир буданд. Ин девори дуқатора (онро девори дувум ҳам мегӯянд) ба қисми муҳофизатшавандаи шаҳр, инчунин ҳамон маҳаллаҳои атрофи шаҳрро низ дохил мекард, ки дар асрҳои IV–V сохта шуда буданд. Вале дар асрҳои VI– VII, баъди он ки девори дуқатора сохта шуд, шаҳр боз вусъат ёфта, аз ҳудуди деворҳо берун рафт ва қад-қади канали асосӣ ба тарафи ҷануб паҳн шуд.

Инак, Самарқанд дар асрҳои VI-VII хеле мустаҳкам шуда буд. Бе исботи иловагӣ ҳам равшан, ки ду қатор девор шаҳрро нисбатан дастнорас мекард. Дарвозаи ҷанубии шаҳр дар ҷое сохта шуда буд, ки он бо ду девор, ба шакли нимдоира ба ҳам пайваст мешуд ва агар душман аз дарвоза ба дарун дарояд, ба як роҳрави сарбастае меафтоду аз чор тараф тирборон карда мешуд. Дарвозаи шарқӣ аз ин ҳам мустаҳкамтар буд – дар ду тарафи ин дарвоза ду бурҷи баланд меистоду аз дарун боз як девор буд, ки гузаргоҳи пинҳонӣ дошт.[3]

Солҳои 1965–1968 ва дар солҳои минбаъда, тахминан дар мобайни димнаи Афросиёб комплекси азими меъморӣ – қасри ҳоким кашф гардид. Аз ин ҷо зиёда аз сӣ хона ёфт шуд. Майдони умумии ҳафриёт аз 1 га зиёд аст. Яке аз толорҳои асосии кашфшуда толори шаҳнишини 1 мебошад. Ин толори калони чоркунҷаест, ки андозааш 11х11 м буда, даромадгоҳаш аз тарафи шарқ аст. Шифти толор ба сутунҳо такя мекунад. Қад-қади таги девор суфаи васеъ тӯл кашида, рӯбарӯи даромад суфа хеле пеш мебарояд ва дар он ҷо тахт меистодааст. Деворҳои худи толор, долонҳои беруни он ва деворҳои дигар хонаҳои ҳамшафати он саросар аз расму сурат пур мебошанд. Аз толори дигар, ки тарҳаш мисли толори асосӣ бошад ҳам, нисбат ба он андак хурдтар аст, асбоби ашёи чӯбини кандакорӣ ва ҳайкалчаҳои чубини нимсӯхтаи раққосаҳо ёфт шуд.[4]

Яке аз калонтарин марказҳои Суғди Бухоро димнаи Варахша буд. Онро солҳои 1938-1939 ва 1949-1954 В.А.Шишкин тадқиқ кард. Қисми асосии димнаи Варахша теппаест, ки шаклан тақрибан секунҷа мебошад. Вусъати он 9 га ва баландиаш тақрибан 10м аст. Баландии харобаҳои арк бошад, аз 9,5м зиёд нест (аслан баландии он 30м будааст). Ин иморати калоне буд, ки (андозаи тарафҳояш 31м) таҳкурсии яклухти похсагӣ дошт. Дар ғарбтари арк қасри бухорхудотҳо воқеъ буд. Ин қаср иморату бинои зиёди хурду калон дошту ҳамаи онҳо ба саломхонаи бузурге мепайваст, ки дар тарафи ғарбии қаср воқеъ буд. Толорҳои ташрифот қатор-қатор ҷой доштанд. Баъзеи онҳо хеле калон буд. Деворҳои қаср пур аз нақшунигори аҷоиб ва расму суратҳои пурмазмун буд. Рӯбарӯи қаср, аз афти кор, маъбаде сохта будаанд, ҳавлиҳои шаҳриён дар қисмҳои шимолӣ, шарқӣ ва ғарбии Варахша ҷой дошт.[5]

Аз дигар шаҳрҳои воҳаи Бухоро Пайкандро ном бурдан мумкин, ки вусъати он ба 20га мерасид. Ин шаҳр ҳам қалъа ва арк дошт.[6]

Кофирқалъа [7] ва табақаҳои болоии Тали Барзу[8] ҳам ба димнаҳои ноҳияи Самарқанд нисбат доранд.

Ба шарофати ҳафриёти чандинсолаи Б.Я.Ставиский дар саргаҳи Зарафшон ҳам бисёр бошишгоҳҳо ва қалъаҳо кашф ва тадқиқ гардиданд. Масалан, 12км дуртар аз Қалъаи Муғ дар канори деҳаи Мадм Б.Я.Ставиский ва Ю.Ёқубов Гардони ҳисор ном димнаеро тадқиқ карданд ва он қасри калонест, ки дар болои теппае ҷой гирифтааст. Қаср дар сӯхторе нобуд шуда будааст. Худи қаср биноҳои бисёр, аз ҷумла, саломхона ва намозгоҳ доштааст. Аз ин ҷо намунаҳои аҷоиби чӯбҳои кандакорӣ ба даст омад. Дар водии Моғиён ҳам бисёр асарҳои қадима тадқиқ шудаанд. Умуман, дар саргаҳи Зарафшон зиёда аз 50 осори давраҳои аввали асрҳои миёна ёфт шудааст.[9]

Ва ниҳоят, бинобар тадқиқоти С.К.Кабанов, дар Суғди ҷанубӣ дар ноҳияи Қашқадарё ҳам дар аввалҳои асрҳои миёна бисёр шаҳрҳои калон воқеъ будаанд.

Бинокорӣ

Дар бобҳои пешина мо камубеш бисёр масъалаҳои бинокориро аз назар гузарондем. Дар аввалҳои асрҳои миёна дар Суғд ва, умуман, дар тамоми Осиёи Миёна масолеҳи асосии деворзанӣ похса ва хиштҳои калони хом буд (андозаи онҳо аксаран 50-52х 25-26х10-12 см). Хишти пухта хеле кам истифода мешуд (асосан барои фарши хона ва ғ. истифода мебурданд). Барои такяи болору забарравҳо асосан сутунҳои чӯбинро кор мефармуданд. Чӯб дар бомпӯшӣ ҳам масолеҳи асосӣ буд.

Деворҳоро ба дараҷае ғафс мекарданд, ки ҳоҷат ба таҳкурсӣ ҳам намемонд. Фақат дар якчанд ҷой таҳкурсӣ ёфт шудааст. Масалан, дар Варахша дар таги сутунҳо аз хишти хому пухта пойсутуни чуқуре сохтаанд (чуқуриаш қариб то 2м), маъбади Панҷакент ҳам таҳкурсӣ дошт. Фарши хонаҳо асосан гиландова буда, баъзан онҳоро аз хишти хом ва ҳатто аз хишти пухта ҳам мекарданд (масалан, дар Панҷакент ва Варахша). Дар кӯҳистон фарши хонаро аз санг месохтанд.

Чор навъи девор маъмул буд – похсагӣ, хиштӣ, похсагии хиштӣ ва хиштии похсагин. Ғафсии деворҳо ба ҳисоби миёна 1 -1,6 м буд. Хонаҳо бо даҳлезу долонҳое пайваст мешуданд, ки болои онҳо бо чанд усул пӯшида мешуд. Тоқҳоро аз хишти хом мебардоштанд. Дарҳоро аз тахта месохтанд, баъзан дарҳоро дуқабата ҳам мекарданд ва сохти ин дарҳо ба муддати мадид бетағйир мондааст ва онҳоро, ҳатто ҳозир ҳам, дар баъзе иморатҳои тореволютсионии тоҷикон дидан мумкин аст – яъне ҳамон дари ду забонакдор, ки забонакҳои он дар хонаҳои тагдарию болодарӣ ҷой гирифта, тоб мехӯранд. Агар хона тангу борик буда, бари бомаш аз 3м зиёд набошад, болои онро бо хишти хом бо усули шервонии моилтоқӣ мепӯшиданд, ки ин усули бомпӯшӣ ҳанӯз дар Шарқи Қадим истифода мешуд. Болои хонаҳои нисбатан хурди чоркунҷаро гунбазпӯшӣ мекарданд. Масалан, дар Афросиёб хонаи бомаш гунбазие ёфт шуд, ки 4,3х4,3м вусъат дорад. Хонаҳои калонтар боми муқаррарии сутундор доштанд. Масалан, толорҳои чоркунҷаи Панҷакент дар миёнҷо, андак дуртар аз ҳамдигар, чор сутун доранд, ки дар шифт бо чорчӯбае пайваст шудаанд ва як нӯги болорҳо дар ҳамин чорчӯба ва нӯги дигари онҳо ба забаррави девор устувор карда мешуд. Мобайни чорчӯба холӣ мемонду мӯривор бардошта мешуд ва вазифаи равзанро иҷро мекард (масалан, дар Помир ва водии Қаротегин баъзеи хонаҳо ҳозир ҳам бо чунин тарз сохта мешавад).

Чӯбу тахтаҳои нимсӯхтаи зиёд, ки аз ин биноҳо ёфт шуд, далолат мекунад, ки дар хонаҳо кату тахтакатҳои[10] тахтагӣ будааст. Дигар навъҳои ҷиҳози хона аз рӯи расми деворҳо аён аст.

Санъати тасвирӣ

Осори санъати тасвирӣ аз Панҷакенти қадим, Варахша ва Самарқанд падид омад.

Дар Панҷакент дар 60 хона расми рӯи девор ёфт шуд. Ин шумораи зиёд нишон медиҳад, ки одати ороиши деворҳои хона дар байни суғдиён то чи андоза маъмул будааст, ҳол он ки то ба рӯзҳои мо аз он санъати бузурги ороиш фақат резаҳое омада расидаанд.

Доир ба санъати тасвирии Панҷакенти қадим бори аввал А.Ю.Якубовский, М.М.Дяконов, А.М.Беленитский мақолаҳо чоп кардаанд. А.Ю.Якубовский ҷиҳатҳои аҳамияти умумитаърихии тасвирҳо, М.М.Дяконов хусусиятҳои услубии тасвирҳо ва А.М.Белинитский мазмуну мундариҷаи тасвирҳоро таъ-вил додаанд. Тасвирҳое, ки дар солҳои охир ба даст омадаанд, бо эҳтимоми А.А. Беленитский интишор шудаанд (вале, мутаассифона, фақат қисми ками онҳо).

Аксари толорҳои ташрифот деворҳое доранд, ки вусъати онҳо то ба 100м2 ва ҳатто беш аз ин аст ва чанд қатор расмҳои болоӣ ҳам доранд. Сюжети расмҳо хеле гуногун аст. Беш аз ҳама тасвири кадом як достони қадимае ба назар мерасад. Масалан, дар толори 41-уми объекти VI қариб 40м2 сурат ёфт шуд ва дар омади гап, тамоми сурат аз поён то сари девор нағз боқӣ мондааст. Тамоми вусъати девор бо изораҳои уфуқӣ ба чанд табақа тақсим карда шудааст. Дар яке аз пораҳои девор чор табақа ҳаст, ки табақаи аз поён дувумаш нисбатан кам осеб дидааст. Дар заминаи кабудранги девор як манзараи томе инъикос шудааст, ки аз деворе ба деворе гузашта, ба масофаи 15м тӯл мекашад ва қариб нисфи вусъати тамоми деворҳои толорро фаро гирифтааст. А.М.Беленитский сурати мазкурро чунин ба қалам додааст: «Манзара аз ҳашт лавҳа ва ё худ саҳна иборат буда, қаҳрамони асосии онҳо ҳамон як паҳлавони самандсавор аст. Дар саҳнаи аввал паҳлавони самандсавор дар сари як даста саворони зиреҳпӯш истодааст, ки, аз афти кор, дар азми сафар мебошанд. Дар лавҳаи дувум паҳлавони самандсавор каманд ба душмани худ меандозад, ки вай ҳам савор аст. Дар лавҳаи севум паҳлавони аспсавор бо аждаҳо ҷанг карда истодааст. Дар лавҳаи дигар боз худи ҳамон паҳлавон тасвир шудааст, ки пешопеши дастаи сарбозон меравад ва зимнан мурдаи аждаҳо дар таги пои саворон хобидааст. Дар лавҳаи панҷум паҳлавон бо душмане муҳориба дорад, ки он ҳам савор асту дар гирду атрофаш дигар ҳамсафонаш бо тӯдаи девон задухӯрд мекунанд. Ниҳоят, дар лавҳаи охирин паҳлавони аспсавор бо дигар сарбози аспсавор муҳориба дорад». Аждаҳое, ки дар лавҳаҳои севум ва чорум тасвир шудааст, танаи дарози морпечи ҳалқа-ҳалқа дорад, ки охираш ба шакли бадани аз миён болои зан кашида шудааст ва сараш сари модашерро ба ёд меоварад. Эҳтимол, аждаҳо бол ҳам доштааст, вале инаш равшан не. Аз ҷароҳатҳои танаи аждаҳо шӯълаи оташ фаввора мезанад. Танаи девҳо ба танаи одам монанд, сари онҳо ҳам мисли сари одамӣ, вале андомашон ниҳоят бадҳайбат, мисли буз, барзагов шох доранд ва пойҳояшон мисли пойҳои буз. Ду дев савораи аробаҳои ҷангӣ задухӯрд мекунанд.

Ба А.Беленитский муяссар шудааст, ки манзараҳои ин суратро ба як достони конкрети эпикӣ, яъне достони Рустам бо ҳамдигар марбут созад. Дар «Шоҳнома» дар байни корнамоиҳои Рустам ҷанги Рустам бо аждаҳо, гирифтор шудани Авлод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам ва Аржангдев, куштани Рустам Деви Сапедро инъкос шудааст.[11]245а

А.М.Беленитский, инчунин он манзараҳои корзорро, ки дар он замон ширкат доранд, низ суратҳои эпикӣ мешуморад. Дар қадим занони Осиёи Миёна дар муҳорибаҳо, дар ҳақиқат, иштирок мекарданд ва ривояти корномаҳои аҷоиби Таҳминаву Заррина барин занони шуҷоъ дар асарҳои муаррихони пешина зикр гардидааст. Корномаи ин гуна занон асоси достону ривоятҳои шарқиэронӣ шудаанд ва минбаъд дар дигар осори санъат низ тасвир ёфтаанд. Шаммае аз ин ривоятҳо дар «Шоҳнома» низ ба назар мерасад.[12]

Бисёр суратҳо дар мавзӯи дин ва маросимоти динӣ ҳастанд. Яке аз онҳо лавҳаи сӯги навҷавони марҳумест, ки, ба ақидаи А.Ю.Якубовский, қаҳрамони афсонавии Осиёи Миёна – Сиёвуш мебошад (дар омади гап, дар ин бора дигар фикрҳо ҳам ҳастанд). Инчунин сурати олиҳаи чордастаро низ ном бурдан лозим, ки А.М.Беленитский ва баъди вай бисёр дигар муҳаққиқон онро сурати Нана (Нанайя) мегӯянд. Ҷолиби диққат аст, ки дар тангаҳои маликҳои Панҷакенти қадим номи ин олиҳа ба назар мерасад ва ин далолат мекунад, ки оли ҳукмрони Панҷакент ба ин олиҳа ибодат доштааст. Парастиши ҷисмҳои осмонӣ ҳам, дар суратҳои рӯидевории Панҷакент акс ёфтааст.

Бисёр суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим мавзӯъҳои гуногуни фолклорӣ ва масалҳо оид ба ҳайвонотро инъикос менамоянд. Дар ин бора А.М.Беленитский гуфтааст: «Ба ин лавҳае мисол шуда метавонад, ки дар он қаҳрамони афсона духтареро, ки бо ҷодуи касе андаруни танаи дарахт банд шуда будааст, озод мекунад. Ин гап ба пайдоиши мундариҷаи дигар суратҳо низ дахл дорад, ки он то алҳол аз рӯи афсонаи машҳури «мурғи бахт» маъмул аст ва он зимнан дастраси фолклори тамоми олам гардидааст. Сурати начандон калоне ҷолиби диққат мебошад, ки дар он харгӯше тасвир ёфтааст ва ин харгӯш бо гапфурӯшиҳои дилфиреб шерро маҷбур мекунад, ки худро сарозер ба гирдоб партояд ва бо ҳамин тадбир тамоми ҳайвонот аз зулми шер раҳо мешаванд. Ин сурати хушобуранг тасвири басо дақиқи ҳикоятест, ки дар маҷмӯи афсонаҳои ҳиндӣ «Панчатантра» оварда шудааст».[13]246а

Рассоме, ки суратҳои рӯи деворро кашидааст, аз ҳаёти гирду атрофи худ низ бисёр сюжету мундариҷаҳоро гирифтааст. Манзараи ҷангу муҳорибаҳо чунон печдарпечу боварибахшу пуртаъсир мебошанд, ки бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Лавҳаҳои базму зиёфат низ бисёр ба назар мерасад. Инчунин дигар падидаҳои зиндагӣ, масалан, тасвири нардбозӣ, гӯштингирӣ барин лавҳаҳо низ дучор мешаванд, илова ба ҳамаи ин бисёр нақшунигори меъморӣ низ ҳастанд, ки танҳо вазифаи зинати иморатҳоро иҷро мекунад.

Муҳаққиқон дар рафти тадқиқи суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим муқаррар карданд, ки ин суратҳо ба чанд услуб ва дар вақтҳои гуногун анҷом дода шудаанд.[14]

Вале таносуби мукаммали бенуқси ҳайратангези ин суратҳо баръало аён аст ва аксари онҳо бо латофату заковату назокати худ касро моту мабҳут мекунанд. Хусусан, касро расми духтараки уднавоз мафтун мекунад – қиёфаи пурандеша, чашмони хумор ва ангуштони нозуки вай, ки рӯи торҳо ҷавлон мезананд, дар ҳақиқат, таъсири фавқулоддае доранд. Ё худ боз як расмро гирем: ду савора – яке мард, дигаре зан. ҳар ду паҳлу ба паҳлу ба рӯи якдигар нигоҳкунон рафта истодаанд, – мо намедонем, ки онҳо куҷо рафта истодаанд, чиҳо гуфта истодаанд, вале ин ду нафар, ба назари мо, гӯё зиндаанд, замони онҳо ба қаъри асрҳо фурӯ рафта бошад ҳам, онҳо ба чашми мо гарм менамоянд ва таҷассуми олами томи образҳои бадеӣ мебошанд.

Суратҳои рӯидевории Варахша ҳам басо диққатталаб ва пурмаъно мебошанд. Дар толори сурхи қасри Варахша дар болои суфаҳо лавҳае ба назар мерасад ва он бо як мазмуну мундариҷа бандубаст шудааст – дар лавҳа филсавороне тасвир ёфтаанд, ки аз ҳамдигар ба фосилаи баробар ҷой гирифтаанд. Махлуқоти гуногуни бадҳайбат (баъзеи онҳо зоҳиран шерони сурхранг мебошанд) ва ё мурғони сафедболи фӯлодминқори шерчангол аз чор тараф ба филҳо ҳамла мекунанд. Суратҳои толори шарқӣ тамоман дигар аст. Дар яке аз деворҳо як гурӯҳ ҷанговарони савор менамоянд. Дар маркази дигари сурат расми бузурги шоҳе тасвир шудааст, ки дар болои тахт нишастааст ва пояҳои тахтро суратҳои шутурҳои болдор зинат медиҳанд. Дар чапу рости тахт суратҳои зиёд, расми ҷои қурбонӣ кашида шудааст. Боқимондаҳои суратҳои рӯидеворӣ дар дигар хонаҳои қаср низ ёфт шуд.[15]

Чӣ тавре дар боло зикр карда будем, дар Афросиёб ҳам хонаи калоне ошкор гардид, ки суратҳои олиҷаноб дорад. Дар яке аз деворҳо сурати равоқе ҳаст, ки дар болои он мардону занони бисёре нишастаанд. Дигар толори ташрифот (вусъаташ 11х11 м) яке аз хонаҳои марказии қаср мебошад. Дар девори шарқии ин хона сурате ёфт шуд, ки мазмунан ба об алоқа дорад – мавҷҳои кабуд кашида шудаанду рӯ-рӯи он одамону паррандагону моҳиён шино мекунанд. Дар девори ҷанубӣ қофилае тасвир шудааст, ки ба тарафи қаср меравад ва дар саҳни қаср низ мардуми бисёре истодаанд. Худи қофила асари мукаммали санъати тасвирӣ мебошад ва дар он одамоне акс ёфтаанд, ки савори фил, уштур ва аспҳо пеш мераванд. Аз ҳама пеш фили сафед меравад ва дар тахти равони болои фил кадом як бойзане нишастааст, ки эҳтимол, шоҳ духтар ё малика бошад. Дар сағрии фил, дар пушти тахти равон канизаки шоҳдухтар тасвир ёфтааст. Аз паси фил се зани аспсавор менамоянд. Дар дасти яке аз онҳо чунин ибораи мухтасар ба забони суғдӣ сабт шудааст: «Ақрабои малика». Аз паси онҳо ду марди мусаллаҳи шутурсавор мераванд, ки дар даст чӯбдасти салтанат доранд, боз чор паррандаи сафед инъикос шудааст, ки онҳоро ду марди даҳонбаста гирифта мераванд ва ниҳоят боз як саворе ба назар мерасад, ки нисбат ба дигарон ду баробар калонтар кашида шудааст. Шояд, ки ин маросими арӯсбиёрони сафир бошад (духтари филсавор арӯсу марди аз ҳама калон кашидашуда сардори сафорат). Дар девори дигар лавҳаи қабули сафирон тасвир шудааст ва сафирон намояндагони қавму тоифаҳои гуногун мебошанд.[16] Дар бари ҷомаи яке аз сафирон матни суғдие ҳаст, ки аз сафорати Чағониён буданаш хабар медиҳад. Ин суратҳои Афросиёб маҳсули ранҷи дасти рассомону наққошони пойтахт буда, асарҳои мукаммалу олидараҷаи санъат мебошанд. Онҳо ниҳоят зебову назаррабо кашида шуда, асосан рангҳои баланду равшану гуногунтобиш ба кор рафтааст (порае аз ин суратҳо дар лифофаи муқоваи китоб оварда шудааст).

Расмҳои рӯидевории Суғд на фақат чун осори давраи худ аҳамият доранд. Мо дар боло гуфта будем, ки онҳо боз чӣ гуна аҳамият доранд – аслашро гирем, ин суратҳо энсиклопедияи ҳаёт ва афкори суғдиён мебошанд, гарчанде тамоми ҷабҳаҳои ҳаётро фаро нагиранд ҳам, энсиклопедияи ҳақиқӣ мебо-шанд. Албатта, бояд дар назар дошт, ки забони ин энсиклопедия образҳои бадеӣ мебошад ва тавзеҳи ягонаву баҳснопазири ин забон кори осон нест.

Аз ёфт шудани аввалин суратҳои рӯидевории Панҷакент дере нагузашта М.М.Дяконов ақидае изҳор намуд, ки аҳамияти ин расмҳо аз доираи маданияти Суғд ва, умуман, Осиёи Миёна берун меравад. Вай дуруст тахмин кард, ки акнун дар санъати Туркистони шарқӣ «ҷараёни осиёимиёнагӣ»-ро ошкор кардан мумкин аст (баъзе осорҳои маданияти Туркистони шарқиро дар охир-ҳои асри ХIХ ва аввалҳои ХХ экспедитсияҳои археологҳои рус, немис, фран-савӣ, англис ва япон ёфта буданд) ва барои муайян кардани замони пайдоиши баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо имкон пайдо мешавад, ҳол он ки то ба ҳол замони пайдоиши онҳо асосан тахминӣ ва умумӣ муқаррар карда мешуд.[17]

Худи М.М.Дяконов ба чанд унсурҳои суғдию осиёимиёнагии санъати Туркистони шарқӣ ишорат кард. Тадқиқоти олими Италия М.Буссали низ ҷолиби диққат ва боварибахш аст, ки вай масъалаи ба санъати Туркистони шарқӣ (зиёда аз ин, ба санъати тамоми Осиёи Марказӣ) таъсир расондани санъати Осиёи Миёнаро хеле аниқ таҳқиқ намудааст.[18] Вале бояд эътироф кард, ки олимон фақат ба остонаи ин мавзеи аҷибу наҷиб қадам ниҳодаанд ва арсаи меҳнат дар ин ҷо канор надорад.

ҳайкалтарошӣ.
Санъати мусиқӣ ва рақсӣ

Дар санъати Суғд дар баробари рассомӣ ҳайкалтарошӣ ҳам мақоми муҳим дошт. Масолеҳи ҳайкалсозӣ гил, гаҷ ва чӯб буд.

Дар Панҷакент ҳайкали азими гилӣ ёфт шуд. Ин ҳайкал замоне айвони маъбадро оро медодааст. Дар ин айвон изорае ёфт шуд, ки қариб 8 м дарозӣ дошт. Мазмуни нақши ин изора тасвири фантастикии манзараи дарё мебошад. Заминаи нақш хатҳои шикастаи барҷаҳида аст, ки мавҷи дарёро ифода менамояд ва дар болои ҳамин хатҳои мавҷӣ, бо усули муқарнаси барҷаҳида ҳайвону моҳиҳои аҷоиб ва махлуқоти одамсимо тасвир ёфтаанд. Дар яке аз деворҳо дар мобайн махлуқи одамсимое нақш ёфтааст, ки аз об баромада истодааст. Тамоми моҳиён ва махлуқоти ғароиб ба тарафи ҳамин махлуқи одамсимо шино мекунанд. Дар нақши изораи девори севум дар мобайн махлуқи одамбашарае ҳаст, ки аз ду думи ба ҳам печида иборат мебошад. Дар ҳамин ҷо чанд аждаҳо менамояд, ки даҳони худро калон кушода истодаанд. Чунин ақидаи А.М.Беленитский қобили қабул, ки ин нақши муқарнас ва ҷонварони он таҷассуми олами об, аниқтараш, таҷассуми Зарафшон мебошад, онро юнониён «Политимет» (яъне «Пурэъзоз») ва суғдиён «Номиқ» (яъне «номдор») меномиданд.

Дар Панҷакент инчунин ҳайкалҳои хушнамои чӯбӣ ҳам вуҷуд доштанд. Ин ҳайкали раққосаҳо мебошад, ки ба андозаи 3/4 қисми танаи одамӣ сохта шудаанд. Раққосаҳо аз миён боло луч буда, дар айни ҳаракатҳои мураккабтарини рақс тасвир ёфтаанд. Онҳо дасти чапро ба миён монда, пои ростро қат карда, аз болои пои чап, ки рост аст, ба тарафи чап дароз карда истодаанд. Шаддаву халхолҳои зиёд ва шалвори аҷоибдӯхти маҳину нозук ба қомати расову болои раққоса боз як ҳусни барзиёде мебахшад.[19]

ҳайкалҳои раққосаҳои Панҷакент муҷассамаи он мӯъҷизакороне[20] мебошад, ки аҷнабиён онҳоро «гирдбоди гашти духтар» меномиданд. Раққосаҳои Чоч, Қумод, Кеш, Маймурғ, алалхусус, раққосаҳои Самарқанд ниҳоят машҳур буданд. Пироҳани ҳарири шерозаҳояш зардӯзии гулобӣ, шалворҳои беқасаби нилранг ва кафшҳои қирмизии кемухтӣ ба қомати расову дилбари онҳо чунон қоиму шинам меафтад, ки бинанда аз ҳусни онҳо дар ҳайрат мемонад. Рақси онҳо баъзан дар болои тӯб иҷро мешуд ва чунон бо суръату тезу шӯх буд, ки бинанда мафтун мегардид. Вақте рақс ба авҷи худ мерасид, раққоса пироҳани худро кашида мепартофту аз миён боло луч мешуд ва ин таъсири рақсро ниҳоят зӯр мекард. ҳаракати раққоса чунон тез буд, ки шоир пиндоштааст боз андаке суръат гирад, раққоса мисли пораи абре ба осмон мепараду ба офтоб мерасад.[21]

Раққосаҳои Панҷакент шояд дар ҳамин гуна авҷи рақс таҷассум ёфтаанд.

Мардуми Суғд ва ноҳияҳои атрофи он на фақат дар маданияти рақс, балки дар санъати мусиқӣ ҳам шӯҳрат доштанд. Номи даҳҳо асбобҳои мусиқӣ то ба мо расидаанд, ки дар Бухоро маъмул будааст. Бисёр навою оҳангу мақомҳои гӯшнавоз эҷод гардидаанд. Баъзеи онҳоро яккахону якканавозон ва баъзеи онҳоро дастаи навозандагону ҳофизон иҷро мекарданд. Бухоро инчунин бо артистони худ машҳур буд. Театри лӯхтакҳо асри VII маҳз аз Осиёи Миёна ба Хитой гузаштааст.

Вале бармегардем боз ба сари чӯбҳои кандакории Панҷакент – нақшҳои ислимию гирдобӣ арақаи иморатҳоро зиннат медод, сутуну болорҳо низ кандакорӣ карда мешуд.[22]

Аксар нақшҳои кандакории чӯб басо печдарпечу мураккаб буду одамон дар чорчӯба ва ё даруни нимдоира гирифта мешуд, масалан, дар дохили чорчӯба ё нимдоира тарҳи одами дар тахт нишаста ва ё сардори савори аробаи ҷангӣ ва ғ. тасвир карда мешуд. Дар ин нақшҳо анъанаи санъати кушониён баръало ба назар мерасад.[23]

Дар қасри Варахша бисёр деворҳои бо гаҷ андовашуда ҳастанд, ки бо нақшҳои мураккаб фаро гирифта шуданд. Аввал девор бо қабати тунуки (аз 1,5 то 20см) гаҷ андова шуда, баъди хушк шудан дар он гул мебароварданд. Мазмуни нақш гуногун буд. Баъзан ин нақши оддии арча, баъзан қатори секунҷаву чоркунҷаҳои оддӣ ва ғ. буд, ки ба ҳам печида, намудеро пайдо мекарданд. Чоркунҷаҳои гуландарун, ситорагулҳо, таркибу печопечи нақшҳои наботию геометрӣ ҳама мутаносиб ба ҳам таркиб ёфта, андаруни доираҳо муттаҳид карда мешуданд. Нақши наботӣ, алалхусус, баргу навдаи ток бисёр дучор мешавад. Дар лавҳаҳое, ки аз афти кор, манзараи табиатро инъикос менамоянд, дарахтони танаашон ниҳоят ғафси ду-семетра ба назар мерасанд, ки баргу шохаҳои онҳо ниҳоят равшану дакиқу боҳавсала кашида шудаанд ва ҳатто гурми шохаҳо нағз намоён аст. Дар ин лавҳаҳо, инчунин ҳавзҳо ҳам ҳастанд, ки дар он моҳиён шино мекунанд. Дар заминаи ана ҳамин гуна манзараҳо лавҳаҳои зиёди зиндагӣ тасвир ёфтаанд, ки дар он ҳайвону инсон ва дарандагону парандагон ширкат доранд. Инчунин манзараҳои сайди гӯрхар, гуроз ва оҳу низ тасвир шудааст. Андозаи расми саворон қариб ба андозаи ҳақиқии савор баробар буд. Баъзе аспҳо болдор кашида шудаанд. Махлуқоти афсонавӣ ҳам хеле бисёр, алалхусус сурати зане, ки ба сурати парранда кашида шудааст, ҷолиби диққат мебошад, дар омади гап, гуфтан лозим, ки образи ин гуна занони парандасимо дар ашёи давраҳои сонии ҳунармандони Осиёи Миёна бисёр вомехӯрад ва ҳатто онро дар айёми мо дидан мумкин (то ба қарибӣ ин хели нақшро дар носкадуҳои Самарқанд ҳаккокӣ мекарданд).

Санъати гуногунмазмуну гуногунмундариҷаи кандакорӣ, басо наву тоза ва зарифу латиф будани он ба андозае хосияти умумӣ доранд ва ҷузъиёти он батафсил тасвир карда нашудааст, ки ин ҳолат хусусияти монументалӣ доштани тамоми он санъатро хеле равшан таъкид кардааст.[24]

  1. Ба аrидаи В.А.Лившитс, номи аслии суuдии Афросиёб «Паршавоп» будааст (маънои «Паршавоп»- «Бар оби сиё[», яъне «Канори дарёи сиё[» мебошад, онро ба тоxикb Порсиёб талаффуз мекардагb шуданд ва дар аср[ои минбаъда калима ба худ шакли «Афросиёб»-ро гирифт – Лившиц В.А., 1965 а, с. 5).

  2. Тереножкин А.И., 1950 б, с. 161. Муrоиса кунед: Массон М.Е., 1950, с. 160-161 (дар Самарrанд «ба андозае бе[тар шудани зиндагb ба назар мерасидааст»).

  3. Пачос М.К., 1967, инчунин ниг.: 1966.

  4. Шишкин В.А., 1966; Альбаум Л.И., 1971; Альбаум Л.И., 1975.

  5. Шишкин В.А., 1963; Нильсен В.А., 19З6, с. 35-36.

  6. Якубовский А.Ю., 1940 – са[ 51-84, Нильсен В.А., 1966, с.17.

  7. Шишкин Г.В.,1961; Нильсен В.А., 1966 с. 23-25.

  8. Григорьев Г.В., 1940а.

  9. Ставиский Б.Я., 1957 а; 1961, в, г; 1964 а.

  10. Воронина В.Л., 1934, с. 78-87.

  11. 245а Беленицкий А.М., Ставицкий Б.Я., 1959, с. 62-66; Беленицкий А.М., 1967, с. 23.

  12. Беленицкий А. М., 1960.

  13. 246а Беленицкий А.М., 1967, с. 24-25.

  14. Uайр аз асар[ои номбурда боз ба баъзеи дигар асар[ои асосb ниг.: «Живопись древнего Пянджикента» (маxм. маr.), М., 1954; «Скульптура и живопись древнего Пянджикента» (маxм. маr.), М., 1959.

  15. Шишкин В. А., 1963, с. 150–156.

  16. Шишкин В.А .,1966, с. 14-22; Альбаум Л.И., 1971.

  17. Дьяконов М.М., 1954 а, с. 89-90.

  18. Bussagli M., 1963, s. 42-50.

  19. Беленицкий А.М., 1959, с. 75-76.

  20. Рифтин Б.Л., 1960, с. 128.

  21. Schafer E.N., 1963, p. 55-56.

  22. Воронина В.Л., 1959. Чeб[ои кандакориро Б.Я.Ставиский ва А.Ю.Якубовский дар Мадм ёфтаанд.

  23. Беленицкий А.М., 1962.

  24. Шишкин В.А., 1963.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.