Маданияти асри ХI-ибтидои асри ХIII

Бинокорӣ, меъморӣ ва ҳунари амалӣ

Аз асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII миқдори зиёди осори меъмории мӯҳташам то замони мо омада расидааст. Ин албатта, бесабаб нест. Агар теъдоди ин биноҳои таърихӣ бо маълумоти роҷеъ ба сохтмони қасрҳо, масҷидҳо, ҳаммомҳо ва ғайра муқоиса карда шавад, овони авҷи бинокорӣ будани давраи мавриди тадқиқи мо маълум мегардад. Зимнан, ин яке аз тазоҳурот ва далелҳои рушду тараққии шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ, тиҷорат, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, пешрафти умумии иқтисодиёт мебошад. Вале ин давра на фақат бо миқдори иморатҳо, балки бо равнақи минбаъдаи афкори меъморӣ, усулҳои нави нақшакашиву тарҳрезӣ ва комёбиҳои соҳаи ороиши биноҳо шоёни таваҷҷӯҳ аст.

Дар сохтмони бошукӯҳи ин давра хишти пухта нисбат ба пештара мавқеи калонеро ишғол менамояд. Дар айни замон, масолеҳи бинокории пешина, аз қабили похса ва хишти хом, алалхусус, дар иморати қалъа, кӯшк ва қасрҳо ба таври васеъ истифода мешавад. Гоҳо дар бинокорӣ ҳам хишти хом ва ҳам хишти пухтаро дар як вақт ба кор мебаранд. Масалан, девори биноро аз хишти хом ва гунбади онро аз хишти пухта месозанд ва ё девори аз хишти хом сохташударо бо хишти пухта рӯкаш мекунанд.

Намунаи хеле ҷолиби чунин сохтмон Қалъаи Болои райони Исфараи Тоҷикистон мебошад.[1] Ин кӯшкқалъа, ки дар асрҳои VI–VIII бино ёфта, дар асри Х хароб гардида буд, дар асрҳои ХI–ХII дубора таъмир ва хеле мустаҳкам карда шуд. ҳангоми таъмир хишти хом ва похсаро истифода намуда, бо хишти пухтаи дар маҳлули гаҷ хобондашуда рӯкаш кардаанд. Системаи мудофиавии аввала (асрҳои VI–VIII) бо сохтани ду манораи росткунҷа дар тарафи даромадгоҳи шарқии қалъа боз ҳам қавитар карда шуд. Дар асрҳои ХI–ХII он аз як хонаи калони расмӣ, ҳавлича ва ду қатори хонаҳои дарун ба даруни ҳамдолон иборат буд. Болои хонаҳоро гунбазҳои аз хишти хом сохташуда мепӯшиданд. Инро метавон инкишофи эҷодии тарҳи меъмории замони гузашта номид: долони иморат ҳамчун ҳавличаи чароғон масъалаи ба равшаноӣ таъмин кардани хонаҳоро ҳал менамуд ва ҳар хона аз панҷараи дар ё худ аз тирезаи болои он равшан мешуд. Бояд қайд кард, ки аз қалъа шишаи мусаттаҳи тирезаи мансуб ба он замин ёфт шудааст. Он вақтҳо дигар васила ва заруроти зист низ вуҷуд доштанд, дар саҳни суфа чоҳҳои амиқе барои рехтани ахлот ва партовҳо канда, болои онҳоро бо хишти хом мустаҳкам мекарданд ва рӯи онро бо сарпӯши чӯбии гиландуд мепӯшиданд.

Дар ин давра сохтмони қасрҳо хеле вусъат ёфт. Қасрҳои ҳокимони Хатлон, Тирмиз ва амирони ғазнавӣ, ки аз тарафи бостоншиносон дар ҳулбук (ҷануби Тоҷикистон), Тирмиз, ҳаволии Ғазна ва Лашкари Бозор кашф шудаанд, дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд.

Қасри ҳулбук[2] дар даруни арки шаҳр воқеъ гардидааст. Ин мавқеъ бисёр хусусиятҳои онро муайян менамояд. Қаср дар рӯи суфаи баланде сохта шуда, аз маҷмӯи мураккаби биноҳои расмӣ иқоматӣ ва хоҷагӣ иборат аст. Вай асосан аз похса ва хишти хом сохта шуда, дар баъзе ҷойҳо, дар рӯкаши току деворҳо ба кор бурда шудааст. Аз васоити зист ташноб ва чоҳи хокрӯбаи гунбазчадор (монанди Қалъаи Боло) ва системаи гармкунандаи манзилро, ки аз зери иморат гузаронида шудааст, метавон ном бурд. Қаср ороишоти фаровоне дорад. Хусусан ҷойҳои кандакории он, ки аз нақшу нигори ҳандасиву наботӣ ва катибаҳои аҷоибе фароҳам омадааст, хеле ҷолиби диққат мебошад. Дар бисёр қисматҳои ин нигоришот рангубори он маҳфуз мондааст. Ба ҷойҳои кандашуда рангҳои нилобӣ ва сурх додаанд, ки хеле назаррабо буда, аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад. Устоҳои гулдаст дар вақти ба фарши хона «паркетвор» чидани хиштҳои пухта низ хеле ҳунарнамоӣ кардаанд. Ин қаср мавҷудияти худро дар давоми асрҳо нигоҳ дошта, борҳо таъмир ва тармим ёфтааст. Дар асри ХI қисми ҷанубии нисбатан баландтари он аз маҷмӯи иморатҳое иборат буд, ки бо ду долони васеи тоқдор чортақсим мешуд. Гурӯҳи иморатҳои шимолии қаср қадре поинтар воқеъ гардида, онро роҳраве, ки ба яке аз долонҳои тоқдори қисми ҷанубӣ мебурд, бурида мегузашт.

Системаи мудофиавии қалъаи ҳулбук маҳфуз намондааст. Маълум, ки ҳам Қалъаи Боло ва ҳам қасри ҳулбук дар як вақт ду вазифаро адо мекарданд: ҳам қаср ва ҳам қалъа буданд, ки ин масоҳат ва намуди онҳоро муайян кардааст.

Дигар се қасре, ки мо дар боло ном бурдем, аз ин қасрҳо фарқ доранд. Онҳо озодона дар майдони васее ҷой гирифта, ягон вазифаи мудофиавиро адо намекарданд. Қасри берунишаҳрии дар наздикии Ғазна воқеъгардида,[3] ки қароргоҳи Масъуди III Ғазнавӣ (1099–1115) буда, сохтмони он, бар тибқи яке аз катибаҳо, соли 1112 анҷом ёфтааст, хеле бошукӯҳ ва олист. Майдони қаср ба шакли зузана буда, бо девор иҳота шудааст. Дар миёнҷои майдони қаср ҳавлии калоне воқеъ гардидааст, ки дарозиаш 50,6 метр ва бараш 31,9 метр мебошад. Қисми марказии онро ба масоҳати 40,4 Х 23,5 метр мармар фарш намуда, дар гирди он низ аз тахтасангҳои мармарӣ роҳрави васеъ сохтаанд. Дар чор тарафи ҳавлӣ чор айвон сохта шудааст: яке аз ин айвонҳо дарозрӯя буда, ҳамчун даҳлези даромадгоҳ хизмат мекард ва айвони рӯбарӯи он ба толори салтанатӣ мебурд. Дар ин айвонҳо 32 тоқи вуруд мавҷуд аст, ки ба утоқи манзилҳои гуногуни қаср роҳ мекушояд. Нақшу нигорҳои тарафи беруни ин тоқҳо бисёр зебост. Қисми поинтари онҳо мармаркорӣ шуда, бо нақшҳои ҳаккокии ҳандасию наботӣ ва катибаҳои куфӣ ороиш ёфтааст. ҳусни хати навиштаҷот хеле ҷалӣ ва нафис буда, мазмунан қасидаҳои тоҷикию форсианд, ки дар мадҳи ҳокимони ғазнавӣ гуфта шудаанд. Ин яке аз қадимтарин осори катибаи форсӣ ба шумор меравад. Қисми болои девор ва гунбади тоқҳо бо гилгул ва сафолҳои кандакоришудаи зарду сурху кабудранг зинат ёфтааст.

Қасри берунишаҳрии дигар дар шаҳристони қадимаи Тирмиз кашф гардид[4]. Ин ҷо дар мобайни ҳавлӣ, рӯбарӯи айвоне, ки вазифаи даромадгоҳи толори қабулро адо мекард, ҳавзе вуҷуд дошт. Толори қабул аз бинои калони росткунҷае иборат буд, ки ду қатор сутунҳои ғафси росткунҷа онро ба се қисмат ҷудо менамуд. Девору сутунҳо бо хиштҳои пухтаи нақшин ва кандакоришуда чунон рӯкаш гардида буданд, ки дар пеши назар нақшу нигори барҷаста ва хеле зеборо намоён мекарданд. Дар асри ХII тамоми ин ороишоти хиштӣ бо гулгаҷ пӯшида шуд. Нақшу нигори рӯи гаҷ ба лавҳаҳои васеи росткунҷа тақсим гардида, ҳар як лавҳа бо шаклҳои гуногуни ҳандасию наботӣ, тасвирҳои асотирии ҳайвонот ва катибаҳо зебу зинат пайдо менамуд.

Мо дар хусуси тарҳи маҷмӯи мураккаби осори меъмории Лашкари Бозор[5] таваққуф накарда, фақат фаровонӣ ва гуногунии ороишоти онро хотирнишон месозем. Дар ин ҷо хусусан намунаҳои ҳунари наққошӣ ва суратгарӣ ҷолиби диққат аст. Дар девори толори қабул қариб 50 сурати сарбозони мусаллаҳ аз гвардияи подшоҳони ғазнавӣ боқӣ мондааст. Сурат ва нақшу нигорҳои деворӣ дар толори дигар ҳам, ки, зоҳиран, базмгоҳ будааст, маҳфуз мондаанд. Дар лавҳаҳои ин ҷо дарбориёни босавлат тасвир ёфтаанд ва дар яке аз сутунҳо сари хамидаи ҷавоне кашида шудааст. Нақшҳо ҳама сатҳианд. Бар тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар аҳди Ғазнавиён ин сабки ҳунари наққошӣ умуман хеле интишор ёфта будааст.

Яке аз беҳтарин осори меъмории асри ХI Работи Малик мебошад. Даруни ҳавлиро манзилҳои камбари якхела иҳота кардаанд, девори атрофи он аз кулӯх, вале рӯйкаши он, инчунин сардарӣ ва болои манораҳои кунҷӣ аз хишти пухта сохта шудааст. Девори даромадгоҳи асосӣ, ба тақлиди қалъа андаке нишеб буда, бо нақшҳои рахдор, ки нимсутунҳои фурӯнокро пеши назар меоранд, ороиш ёфтааст. Дар ороиши сардарӣ ҳар гуна нақшҳои барҷаста аз хишт, гилгул, сафолҳои кандакоришуда ва катибаҳои аз қасри Ғазна қадимтари форсӣ истифода шудааст. Дар Работи Малик анъана ва падидаҳои навин чунон мутаносибан ба ҳам омехтааст, ки махлути унсурҳои гуногун будани нақшҳои девор ва ороишоти сардарӣ ҳеҷ эҳсос намегардад.

Осори динию парастишӣ, аз қабили масҷид, манора, хусусан мақбараҳо нисбатан бештар боқӣ мондаанд. Масҷиди Деггарони деҳаи ҳазора (наздикии Бухоро) бинои мукаабшаклест бо гунбази мобайнӣ, ки ба чор пояи мудаввар устувор аст ва дарҳои паҳлуии вай қуббачаҳо дорад. Масҷиди Тирмиз аввалҳо ба намуди айвони кушоди сегунбаза буд, баъдтар миқдори сутунҳо ва гунбазҳои болои онҳо зиёдтар карда шуда, он ба бинои пӯшида мубаддал гардид. Масҷиди Мағоки Аттори Бухоро (асри ХII) шаш сутунпоя, дувоздаҳ қубба ва тоқи вуруд дорад. Гунбази марказии масҷиди Лашкари Бозор рӯи чор сутун қарор гирифта, паҳлударҳои он бо якчанд қуббачаҳо пӯшида шудааст.

Манораҳои он замон аз ҷиҳати шакл ва таносуб хеле гуногунанд: манораи Бухоро мудавваршакл, бузург ва мӯҳташам аст, манораи Вобканди наздикии Бухоро таносуби тамоман дигари бисёр мавзун ва муназзаме дорад. Сари манораи Ҷарқӯрғон (воқеъ дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон) бо рахҳои чин-чин зинат ёфтааст. Манораи Масъуди III дар наздикии Ғазна ба шакли ситора сохта шудааст. Манораи Ҷом дар асоси худ ҳаштрӯя аст ва се қисмати мудаввари он торафт борик шуда, то боло мерасад.

Мақбараҳои онвақтаи ашхоси динӣ ва омӣ ё тамоман аз хишти пухта ва ё аз омехтаи хиштҳои пухтаву хом бино ёфтаанд. Мақбараҳо гунбазнок буда, дар доштанд ва гоҳо бедар ҳам мешуданд. Яке ба дигаре монанд набуд, ҳар кадом шаклу намуди махсуси худро дошт, ҳамон як марому мақсад дар ҳар яке ба таври худ таҷассум меёфт. Мақбараҳои султон Санҷар дар Марв ва Абӯсаид дар Майхона (Туркманистон), мақбараи Қарохониён дар Ӯзганд (Қирғизистон), мақбараҳои деҳоти Сайёд ва Хоҷа Нақшрон дар наздикии шаҳри Турсунзода, сохтмонҳои меъмории Чоркӯҳ (Тоҷикистон) ва ғайра саҳифаҳои махсус ва дурахшони таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна аст, ки меъморон ва бинокорони асрҳои ХI–ХII музайян намудаанд.

Дар ин давра ҳунари амалӣ ҳам ба пояи баланди тараққӣ ва такомули худ мерасад. Намунаҳои ҳаккокии рӯи гаҷ, чӯб ва мармар, инчунин сафолҳои кандакоришуда хеле олӣ ва бошукӯҳанд. Устоҳои гулдаст дар сохтани нақшҳои ҳандасию наботӣ ва тасвири асотирии ҳайвонот ҳунарнамоии ҳайратангезе кардаанд. Хусусан катибаҳои гулхатти куфӣ ва насх диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Нақшу нигори хеле ҷолиб ва дилчасп гоҳо бо оддитарин воситаҳо: ба ҳар шакл чидани хиштҳо ва дар нақшҳо истифода намудани хиштрезаҳои тарошида ва суфта ба вуҷуд оварда мешуд. Дар сабк ва тариқи ороишоти сохтмонҳои бошукӯҳи ин замон анъанаи давраҳои гузашта давом ва инкишоф ёфта, дар айни вақт навоварии устоҳои бинокор низ ба назар мерасад. Омезиши анъана ва навпардозӣ дар зебу зинат ва ороиши ёдгориҳои меъмории асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII ҷиҳатҳои ба худ хос ва такрорнашавандае бахшидааст.

Илму адаби тоҷик дар асри ХI– аввали асри ХIII

Тағйироти сиёсии охирҳои асри Х, яъне аз байн рафтани давлати сомонӣ, ба Мовароуннаҳр соҳиб шудани Қарохониҳо ва ба дасти Ғазнавиён гузаштани Хуросон ба ҳаёти фаннӣ ва адабии халқи тоҷик таъсир накарда натавонист. Тараққиёти илм ва маданияти халқҳои Осиёи Миёна, пешрафти забони дарӣ ва адабиёти тоҷик дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай ва задухӯрдҳои дохилӣ то як дараҷа боздошта шуд.

Ба вуҷуд омадани давлати бузурги Маҳмуди Ғазнавӣ ва ба як марказ муттаҳид гардидани тамоми хоки Хуросон, Чағониён, Хатлон, Тахористон, қисми асосии Эрон ва шимоли ҳиндустон барои равнақи илму фан ва адабиёт аз нав баъзе шароит ва имкониятҳо фароҳам овард.

Дар ин давра муносибати Осиёи Миёна, махсусан Хуросон ва Тахористон бо Бағдод тақвият ёфта, нуфузи Бағдод дар давлати ғазнавӣ, дар Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле афзуд. Ин муносибат, дар навбати худ, боиси он шуд, ки дар айёми Ғазнавиён забони арабӣ ниҳоятдараҷа паҳн гардид. Агар дар аввалҳо корҳои девон (идораи роҷеъ ба мукотибаҳои давлатӣ) бо забони дарӣ анҷом меёфта бошад, акнун комилан ба забони арабӣ гузашт. Дар девон бештар одамони арабидон ба кор кашида шуданд. Аз ин ҷост, ки аз давраи Ғазнавиён сар карда калима ва ибораҳои арабӣ беш аз пеш ба забони тоҷикӣ дохил шудан гирифтанд.

Дар он замон адабиёти тоҷик асосан дар пойтахти давлати ғазнавӣ марказият пайдо намуд. Чи навъе ки сарчашмаҳои адабӣ қайд кардаанд, ба дарбори султон Маҳмуд чандин даҳҳо шоирон гирд омада буданд. Султон Маҳмуд маҳз барои шӯҳрат ёфтан ва мавриди мадҳу ситоиш қарор додани корнамоиҳои худ ҳомии адабиёт гардид. Аз ҳамин сабаб ҳам, жанри қасидаи мадҳия дар ин давра хеле ривоҷ гирифт.

Яке аз шоирони бузурги қасидасаро, ки дар дарбори султон Маҳмуд ба унвони «Маликушшуаро» мушарраф гардида буд, Абулқосим ҳасан ибни Аҳмад Унсурии Балхӣ мебошад, ки дар солҳои 60-уми асри Х таваллуд ёфта, соли 1039 вафот намудааст. Ӯ пас аз таҳсили илму ҳунар, ба воситаи бародари султон Маҳмуд амир Наср ба дарбори давлати ғазнавӣ роҳ ёфт. Унсурӣ дар аксарияти лашкаркашиҳои султон Маҳмуд иштирок намуда, қисми асосии қасидаҳои худро ба васфи ғалабаҳои султон бахшидааст. Муосиронаш ӯро чун устоди забардасти сухан бисёр таъриф ва таҳсин кардаанд. Ба қалами ӯ чанд маснавии ошиқона, ки порчаҳои парокандаи онҳо то замони мо расидаанд, аз ҷумла, маснавии «Вомиқ ва Узро» тааллуқ доранд. Унсурӣ сабки баёни мураккаб ва пуристиораи қасидаи мадҳияро ба адабиёти форсу тоҷик татбиқ намуд.

Абулҳасан Алии Фаррухӣ (вафоташ соли 1038) ва Абӯнаҷм Аҳмади Манучеҳрӣ (вафоташ соли 1041) низ аз намоёнтарин шоирони дарбори ғазнавӣ буданд.

Умуман мавзӯъҳои мадеҳавӣ ва айшӣ ба назми доираи Ғазна хос аст. Шоирони ин давра жанрҳои адабии аҳди Сомониёнро инкишоф медоданд. Онҳо махзани воситаҳои тасвири бадеии адабиёти форсу тоҷикро ғанитар гардонида, сабку санъатҳои нави шеъриро низ ба миён гузоштанд.

Нашъунамои илму фани асри Х, ки дар шароити истиқлолияти давлатӣ ба амал меомад, дар асри ХI низ давом намуд. Намояндаи барҷастаи илм ва донишманди бузурги ин давра Абӯалӣ ибни Сино буд, ки тавсифи ӯ дар фасли гузашта оварда шуд.

Дигар аз олимони маъруфи ин давра Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973–1051) мебошад. Берунӣ дар яке аз деҳоти атрофи шаҳри Хоразм таваллуд ёфтааст. Аз рӯи нақлу ривоятҳо, ӯ тамоми умри худро барои азхуд кардани дониш сарф намуда, ғайр аз ҷашнҳои Наврӯз (иди соли нав, 21 март) ва Меҳргон (иди ҳосилғундорӣ, 21 сентябр) дигар ҳама вақт машғули корҳои илмӣ будааст.

Берунӣ ба саёҳат шавқи зиёде дошт ва асосан бо мақсадҳои илмӣ мусофират менамуд. Яке аз маҳалҳое, ки ӯ то як андоза бештар истиқомат кардааст, Ҷурҷон (Гургон) ном вилояти канори баҳри Хазар мебошад. Дар вақти ба Ҷурҷон омадани ӯ Қобус ибни Вушмгир (976-1012) ҳукмрони он ҷо буд. Қобус яке аз одамони фозил, донишманди адабиёт ва ҳомии илм ҳисоб мешуд. Худи ӯ низ якчанд асар таълиф намудааст. Берунӣ дар солҳои 999– 1000 «ал-Осор-ул-боқия ан ал-қурун-ил-ҳолия» ном асари худро ба поён расонд. Ӯ дар ин асар тақвим ва санаҳо, инчунин ҷашнҳои суғдиён, хоразмиёни қадим, форсҳо, юнониён, яҳудиён, исавиён ва мусулмононро тасвир намудааст. Ин асар муҳимтарин сарчашмаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва тамоми Шарқ мебошад.

Берунӣ дар соли 1010 аз саёҳат баргашта ба Хоразм омад. Дар ин ҷо ӯ бо бисёр олимоне, ки дар натиҷаи табаддулоти сиёсии охирҳои асри Х аз Бухоро ва соири шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон гурехта, ба Хоразм ҷамъ шуда буданд, мулоқот кард. Сарчашмаҳо хотирнишон мекунанд, ки хоразмшоҳ -Маъмуни Сонӣ аҳли илму фан, аз ҷумла, Беруниро ба таҳти ҳимояи худ гирифт. Вале дар соли 1017 султон Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз забт кардани Хоразм Беруниро ҳамроҳи худ ба Ғазнин бурд. Ба ин тариқа, фаъолияти минбаъдаи илмии Берунӣ дар Ғазнин давом кард.

Берунӣ дар лашкаркашиҳои султон Маҳмуд иштирок намуд ва ҳангоми дар ҳиндустон буданаш забони санскритӣ, урфу одат ва хулқу атвори халқҳои ин мамлакатро омӯхта, пас аз бозгаштан аз мусофират «Таҳрири моли-л-ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақлаҳу марзула» ном асаре навишт, ки яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои доир ба таърихи ҳиндустон ба шумор меравад.

Берунӣ доир ба масъалаҳои илми ҳайат, ҳандаса ва нуҷум ду асари машҳур дорад. Яке аз ин асарҳо дар соли 1024 дар Ғазнин ба забони арабӣ таълиф ёфта, ба Райҳона ном духтари ал-ҳасан (аз хонадони хоразмшоҳӣ) бахшида шудааст. Дигарӣ «ал-Қонун-ул-Масъудӣ фи-л-ҳайъа ва-н-нуҷум» мебошад, ки муаллиф онро дар байни солҳои 1030–1036 ба номи султон Масъуд навиштааст. Ин асар дар олами шарқ оид ба ин соҳа аввалин асари илмӣ буд, ки барои тартиб додани харитаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун дастуре хидмат намуд.

Ғайр аз таълифоти номбаршуда Берунӣ боз чандин асари илмӣ ба вуҷуд овардааст, лекин, мутаассифона, аксарияти онҳо то давраи мо омада нарасидаанд. Олими сайёҳи асримиёнагии араб Ёқут менависад, ки ӯ дар яке аз масҷидҳои Марв дар байни вақфномаҳо рӯйхати аз 60 саҳифа фароҳамомадаи асарҳои Беруниро пайдо намудааст. «Номаи донишварон», ки дар миёнаҳои асри ХIХ дар Эрон тартиб дода шудааст, шумораи асарҳои боқимондаи ӯро 27 адад нишон медиҳад. Дар солҳои охир аз баъзе китобхонаҳои ҷаҳон асарҳои ҳанӯз номаълуми Берунӣ ёфт шудаанд.

Аҳамияти асарҳои Берунӣ бағоят бузург мебошад. Ӯ ба воситаи як қатор тадқиқот ва кашфиёти худ на фақат ба пешрафти илму фанни замонааш мусоидат кард, дар айни замон аз савияи дониши ондавра чунон пеш гузашт, ки аксар вақт дар асарҳои худ ба баъзе далел ва мадракҳои фанни имрӯза наздик мешавад. Чунончи, назарияи ӯ доир ба таърихи намуди сатҳи замини (ландшафти) пастии шимоли ҳиндустон ва оид ба сайри тағйироти ҷараёни дарёи Аму ба ин иддао шаҳодат медиҳад.[6]84а

Берунӣ аз таассуби динӣ ва муносибати душманона нисбат ба маданияти мардуми ғайримусулмон тамоман дур буд. Масалан, ҳамаи асарҳои ба ҳиндустон бахшидаи ӯ аз рӯҳ ва эҳсосоти олии эҳтиром ба маданияти бузурги ҳинд саршоранд. Аз ҳамин сабаб ҳам Берунӣ дар ҳиндустон ва Покистон шӯҳрат ва маҳбубияти зиёде пайдо кардааст.

Дар нимаи аввали асри ХI таърихнависӣ ҳам тараққӣ кард. Абӯнасри Утбӣ (яке аз дарбориёни Маҳмуди Ғазнавӣ) ба номи султон «Таърихи Яминӣ»[7] ном асаре ба забони арабӣ таълиф намуд, ки он дар бораи давраи ҳукмронии Сабуктегин ва Маҳмуд бисёр маълумоти муҳимеро дар бар гирифтааст.

Яке аз муаррихони машҳури давраи Ғазнавиён Абӯсаиди Гардезӣ[8] буд. Ӯ дар байни солҳои 1048–1052 ба забони тоҷикӣ китобе бо унвони «Зайн-ул-ахбор» навиштааст.

Ниҳоят, бузургтарин муаррихи давраи Ғазнавиён – Абулфазли Байҳақӣ (995–1077) мебошад. Абулфазл муддати нуздаҳ сол дар девони расоили Ғазнавиён вазифаи мунширо адо намуда, тақрибан тамоми воқеаҳои муҳими он давраро бо чашми худ дид, пас иборат аз 30 ҷилд китобе ба забони тоҷикӣ таълиф намуд.[9] Вале аз ин китоби муҳими таърихӣ фақат якчанд ҷилди ноқис ва парокандае боқӣ мондааст, ки дар шарҳи аҳволот, салтанат ва воқеаҳои давраи султон Масъуд буда, бо номи «Таърихи Масъудӣ» ё худ «Таърихи Байҳақӣ»[10] машҳур аст. Ин ҷилдҳо танҳо камтарин қисмате аз он асари бузурги таърихии ин муаллиф ҳисоб мешаванд.

Дар давлати Қарохониҳо илму фан ва адабиёт дар ин давра хеле ақиб меравад. Чи навъе ки Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи асри ХIII менависад, аз хонҳои қарохонӣ фақат як Қилич Тамғочхон ба тараққиёти илм ва адабиёт андаке аҳамият додааст. Бо вуҷуди ин, якчанд асарҳоеро, ки дар асри ХI дар Мовароуннаҳр ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст. Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Маҷдуддин Муҳаммад ибни Аднон ва ғайра, ки аз онҳо ба ҷуз баъзе порчаҳои ҷудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст.

Ба ҳар ҳол, дар ин давра адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ҳам баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъақи Бухороӣ (вафоташ соли 1149), Сӯзании Самарқандӣ (вафоташ соли 1173), Рашидии Самарқандӣ ва ғайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз ҷиҳати аҳамияти эҷодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонистанд.

Амъақ ва Сӯзанӣ дар сабк ва тафаккури бадеӣ аз якдигар хеле тафовут доранд. Эҷодиёти Амъақ, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, шакли шеъриро ба авҷи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори ӯро дар дастурномаҳои илми баён, ҳамчун намунаи тақлид ва пайравӣ зикр кардаанд. Сӯзанӣ, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи ҳунармандони шаҳр аст. Албатта, гоҳо ба ӯ ҳам лозим меомад, ки барои дарёфти маош қасидаҳои мадҳия гӯяд, вале ӯ беш аз ҳама бо ҳаҷвияҳои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугӯ наздик навишта шудаанд, машҳур аст. Маром ва оҳангҳои демократии эҷодиёти ӯро шоирони давраҳои баъдина давом додаанд.

Нимаи дувуми асри ХI ва ибтидои асри ХIII дар таърихи тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна мавқеи бузурге ишғол менамояд. Ба атрофи як марказ муттаҳид гардидани Мовароуннаҳр, Хуросон ва Тахористон, ки дар замони Салҷуқиён ба амал омад, дар шаҳрҳои Нишопур, Марв, Балх ва қисман ҳирот фаъолияти фикриро эҳё намуда, барои дар ин марказҳои нави маданӣ ҷамъ шудани аҳли илму адаб имкониятҳои фаровон муҳайё сохт.

ҳаёт ва фаъолияти адабии чунин намояндагони маъруфи адабиёти тоҷик, монанди Асадии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахриддини Гургонӣ, Авҳадиддини Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Муиззӣ, Собири Тирмизӣ ва ғайра дар ҳамин давра ҷараён ёфтааст. Албатта, эҷодиёти ин адибон аз ҷиҳати мазмуни ғоявӣ ба як дараҷа набуда, балки дорои тафриқаҳои куллӣ мебошанд. Дар байни шоирони номбурда хусусан Носири Хисрав, Умари Хайём ва Фахриддини Гургонӣ, ки дар осори онҳо тамоили халқӣ ва тараққихоҳӣ бартарӣ пайдо кардааст, мақоми барҷастае доранд.

Носири Хусрав (1004–1080) баргузидатарини шоирони ин давра мебошад. Ӯ дар ноҳияи Қабодиён, воқеъ дар Тоҷикистони кунунӣ, таваллуд ёфта, баъд аз гузаронидани давраи кӯдакӣ ба таҳсили илм, хусусан ба омӯхтани адабиёт ва масъалаҳои диниву фалсафӣ шуғл варзид.

Носири Хусрав дар айёми ҷавонӣ дарбори султон Маҳмуд ва Масъуди Ғазнавиро дид ва чанд вақт дар дарбори Салҷуқиён ба сифати дабир хидмат намуда, сипас, ба мусофират баромад. Ӯ ҳанӯз ҳангоми ҷавонӣ ҳиндустон, навоҳии Туркистон ва Афғонистони кунуниро саёҳат намуд. Носири Хусрав бо ҳамин ният мусофират мекард, ки аҳвол ва ақидаҳои мазҳабии халқҳои гуногунро таҳқиқ намояд. Вай дар зарфи ҳафт соли мусофирати худ ҳиҷоз, Осиёи Сағир, Сурия ва Мисрро дида, бо зиндагонии мардумони он ҷо ва урфу одати онҳо шиносоӣ пайдо кард. Ниҳоят, дар Миср бо тарафдорони халифаҳои фотимӣ, сарварони тариқати исмоилӣ вохӯрда, худаш низ пайрави боғайрати ақидаи исмоилӣ гардид.[11]

Носири Хусрав пас аз бозгаштан ба Хуросон ва таваққуф кардан дар Балх ошкоро таълимоти исмоилиро таблиғ ва мардумро ба ин мазҳаб даъват намуд. Дар натиҷаи чунин фаъолияти худ ӯ ба таъқиби уламои исломӣ ва умарои салҷуқӣ дучор гардид. Вай ғайр аз ба тарзи пинҳонӣ зиндагонӣ кардан ва ба ҳолати гурезагӣ гаштан чораи дигар наёфт, аз шаҳре ба шаҳре рафта, дар ғурбат умр ба сар бурд.[12]

Чи навъе ки худи Носири Хусрав хотирнишон мекунад, ин давраи зиндагӣ барои ӯ хеле ба сахтӣ мегузашт.

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,

Гӯӣ забун наёфт зи гетӣ магар маро.

Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам,

Сафро ҳамебарояд з-андӯҳ ба сар маро.

Гӯям: чаро нишонаи тири замона кард,

Чархи баланди ҷоҳили бедодгар маро?

Гар ба қиёси фазл бигаштӣ мадори даҳр,

Ҷуз бар мақарри моҳ набудӣ мақар маро.

Дониш беҳ аз зиёу беҳ аз ҷону молу мулк,

Ин хотири хатир чунин гуфт мар-маро.

Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр

Дину хирад бас аст сипоҳу сипар маро.

Носири Хусрав пас аз мусофират асари машҳури таърихию ҷуғрофии худ «Сафарнома»-ро навишт[13] ва ҳам роҷеъ ба масъалаҳои ақидаи исмоилӣ рисолаҳои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва соири асарҳоро таълиф намуд. Алалхусус девони шеър ва маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва ғайра қимати бузурге доранд.[14] Ӯ дар ашъори худ ғайр аз масъалаҳои динӣ ва фалсафӣ бисёр фикрҳои пешқадами тарбиявӣ ва ахлоқиро ҷой додааст. Дар шеърҳои ӯ, инчунин афкори инсонпарварӣ ва даҳриёна низ дида мешаванд. Носири Хусрав дар яке аз шеърҳои худ ба Худо рӯ оварда, мегӯяд:

Касе гар тухми ҷав дар кор дорад,

Зи ҷав гандум наёбад бидравидан.

Ту дар рӯзи азал оғоз кардӣ,

Уқубат дар абад боист дидан.

Ту гар хилқат намудӣ баҳри тоат,

Чаро боист шайтон офаридан?

Сухан бисёр бошад, ҷуръатам нест,

Нафас аз тарс натвонам кашидан…

Агар мехостӣ, к-инҳо напурсам,

Маро боист ҳайвон офаридан.

Агар дар ҳашр созам бо ту даъво,

Забонро бояд аз комам кашидан…

Бифармо, то сӯи дӯзах барандам

Чӣ масриф дорад ин гуфту шунидан?..

Ту додӣ рахна дар қалби башарҳо

Фани иблисро баҳри макидан…

Агар реге ба кафши худ надорӣ

Чаро боист шайтон офаридан?…

Ба мо фармон диҳӣ андар ибодат,

Ба шайтон дар рагу ҷонҳо давидан…

Агар некам ва гар бад хилқат аз туст,

Халиқе хуб бояд офаридан.[15]

Шоир дар хусуси мардуми заҳматкаш бо ҳарорат ва самимияти тамом сухан ронда, подшоҳон, амалдорон, шайхони риёкор, хусусан шоирони маддоҳи ҳарисро сахт маломат кардааст.

Носири Хусрав то охири умри худ аз таъқиб халос нашуд. Пас аз он ки ӯ ба тарзи пинҳонӣ чанд гоҳ дар Хуросон, Табаристон ва Мозандарон иқомат кард, ба Бадахшон азимат намуда, дар Юмгон ном деҳаи кӯҳистонии он ҷо паноҳ бурд ва бақияи ҳаёти худро дар гӯшанишинӣ гузаронид.

Умари Хайём (1048–1131) дар Нишопур таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили худро ба итмом расонид ва яке аз бузургтарин олимони асри ХI гардид. Ӯ дар аксари илмҳои замони худ, махсусан дар ҳайъат, риёзиёт ва фалсафа маҳорати зиёд пайдо кард ва доир ба ин соҳаҳо як қатор асарҳои илмӣ аз худ боқӣ гузошт. Вай дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ ҳамроҳи мунаҷҷимони вақт ба кори ислоҳоти тақвим сардорӣ намуд.

Шоири барҷастаи Шарқ Умари Хайём, алалхусус бо рубоиёти худ шӯҳрат пайдо кардааст. Миқдори рубоиҳои ӯ зиёд нест, аммо аҳамияти онҳо, чи аз нуқтаи назари адабӣ ва чи аз ҷиҳати мазмуни фалсафӣ, хеле бузург аст. Маҳорати адабӣ, муҳокимаи файласуфона ва майли ба ҳақиқати ҳаёт материалистона наздик шудани Хайём натиҷае дод, ки рубоиёти ӯ то кунун аз гаронбаҳотарин дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

Ин аст яке аз рубоиёте, ки зодаи табъи ин шоири заковатманд мебошад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.[16]

Дар рубоиёти Умари Хайём одами сарбаланди озодманише тасвир ёфтааст, ки на аз эътибори ҳукмдорони замон ва на аз ҳарзаҳои динӣ дар бораи охират андеша надорад.

Дар байни шоирони асри ХI аз ҷиҳати қувваи ифодаи кайфияти доираҳои шаҳр ва танқиди феодалон мавқеи махсусро Фахриддини Гургонӣ ишғол менамояд. Дар достони романтикии «Вис ва Ромин», ки дар қарибиҳои соли 1055 таълиф ёфта, ривояти қадимаи ошиқонаи паҳлавии портҳоро нақл менамояд, ҳаҷву тамасхури тундутези хулқу атвори подшоҳон ва дарбориёни онҳо нуҳуфтааст.[17] Дар интиҳои достон манзараи утопияи сотсиалӣ аз лиҳози тасаввуроти шаҳриёни онвақта тасвир карда мешавад.[18]

Абӯнаср Асадии Тӯсӣ (ваф. 1070) ба назираи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Гаршоспнома»-ро таълиф кард. «Гаршоспнома» яке аз достонҳои қадимаи халқҳои эронинажод аст.

Асадӣ дар адабиёти тоҷику форс аввалин касест, ки шакли мунозираро эҷод кардааст. Ӯ дар ин бобат панҷ асар навишта, дар онҳо замину осмон, шабу рӯз, найзаву камон, муғу мусулмон, арабу форсро бо ҳамдигар мунозира кунонидааст. Илова бар ин, Асадӣ луғате ҳам тартиб додааст, ки аз осори тақрибан ҳаштод нафар шоирони он замон намунаҳо оварда шудаанд. ҳоло аҳамияти таърихии ин луғат хеле бузург аст: вай намунаи бисёр асарҳои азбайнрафтаи шоирони он замон ва гузашта, аз ҷумла, порчаҳои «Калила ва Димна»-и манзуми Рӯдакиро дар бар дорад.

Масъуди Саъди Салмон (1046–1121) шоири дарбори Ғазнавиёни охир буд. Ӯ қисми зиёди умри худро дар Лоҳур, шимоли ҳиндустон, гузаронид. Ба ин тариқа, вай яке аз аввалин намояндагони адабиёти форсу тоҷик дар ҳиндус-тон ба шумор меравад, ки баъдтар дар ин ҷо назм ба забони форсӣ хеле ривоҷ ва интишор ёфт. Ӯ дар натиҷаи бӯҳтони душманони худ чандин мартаба ба зиндони султонҳо афтода, умуман, бештар аз 18 соли умраш дар маҳбусӣ гузаштааст.

Масъуди Саъди Салмон дар эҷодиёти худ ба эҳё кардани анъанаи мадҳу ситоиши иқтидори Ғазнавиён саъй намуда, ҳатто дар шеърҳояш аз Унсурӣ – маликушшуарои султон Маҳмуд иқтибосҳо меовард. Вале ӯ мадҳияҳои худро ба забони соддаву фасеҳ офарида, онҳоро бо панду ҳикмат, андешаҳои фалсафӣ ва тасвири лавҳаҳои зебои зиндагӣ оро медиҳад.

Шоир дар солҳои маҳбусӣ марсияҳои пурсӯзу гудози «ҳабсия» эҷод намуда, аҳволи тоқатшикани худро баён менамояд ва аз беадолатиҳои замона забони шикоят мекушояд. Тақдири ин шоири боистеъдод хеле фоҷиаангез аст. ҳам ҳаёт ва ҳам эҷодиёташ таҳти фишори шиканҷаҳои истибдоди феодалӣ қарор гирифтаанд.

Амир Муҳаммади Муиззӣ (ваф. қарибиҳои соли 1140) аслан аз Нишопур мебошад. Аксари асарҳои ӯро қасидаҳои мадҳия ташкил мекунанд, ки ба Маликшоҳ ва султон Санҷари Салҷуқӣ бахшида шудаанд. Ӯ дар вақти ҳукмронии султон Санҷар ба мартабаи баланди шоири дарбор расида, ба унвони «Маликушшуаро» сарфароз гардид.

Адиб Собири Тирмизӣ шоири ғазалсарои хуштабъе буд. Вай иҷборан ба хизмати султон Санҷари Салҷуқӣ кашида шуда, ҳаргуна супоришоти ӯро адо мекард. Рӯзе султон Санҷар бо коре ӯро ба Хоразм фиристод. Дар он ҷо бо фармони Отсизи Хоразмшоҳ вайро дастгир карда, ба ҷосусии Салҷуқиён айбдор намуданд ва дар соли 1151 ба дарёи Аму ғарқ кунониданд.

Адиб Собири Тирмизӣ девони қасоид ва ғазалиёт дорад.

Авҳадиддини Анварӣ (1126–1190) дар деҳаи Бадна, наздикии Майхона, воқеъ дар шимоли Хуросон, таваллуд ёфтааст. Ӯ ҳам монанди бисёр шоирони пешина дар овони ҷавонӣ тамоми илмҳои замонашро азхуд менамояд ва дар шоирӣ ном бароварда, ба дарбори султон Санҷари Салҷуқӣ даъват мешавад. Анварӣ қасидаҳои зиёде офаридааст, ки қариб ҳамаи онҳо ба султони Салҷуқӣ бахшида шудаанд. Бар тибқи ақидаи аксари адабиётшиносон жанри қасида тавассути эҷодиёти Анварӣ ба дараҷаи баланди камолоти худ мерасад. Қасидаҳои бо маҳорати фавқулодда эҷодкардаи ӯ аз тағаззулоти ишқӣ, тафаккуроти фалсафӣ, тавсифоти олӣ ва дар баробари ин аз мадҳу санои султон Санҷар фароҳам омадаанд. Яке аз қасидаҳои машҳури ӯ, ки аз тарафи ғузҳо хароб гардидани Хоразмро тасвир мекунад, бо эҳсосоти самимонаи ватанпарварӣ фаро гирифта шудааст. Ғазалҳои Анварӣ ба лирикаи халқӣ ҳамоҳанг аст.

Анварӣ дар солҳои охири ҳаёти худ бемазмунӣ ва фасодии назми дарбориро фаҳмида, аз ин муҳит худро канор мекашад ва шеърҳое меофарад, ки ба муқобили мадҳиясароӣ нигаронида шудаанд.

Дар баробари пешрафти назм дар адабиёти классикии форсу тоҷик беҳтарин намунаҳои асарҳои насрӣ низ ба вуҷуд меоянд. Чунончи, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидаддини Ватвот, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ва «Мақомоти ҳамидӣ»-и ҳамидаддини Балхӣ аз ҳамин қабил асарҳо ба шумор мераванд.

«Сиёсатнома» сарчашмаи хеле муҳими таърихист, ки муаллифи он тартиби идораи давраи Салҷуқиёнро аз мавқеи тарафдори давлати марказиятноки феодалӣ танқид кардааст. Пас аз фавти Низомулмулк «Сиёсатнома» аз нав таҳрир ёфта, ба матни он иловаҳо дохил шуда буд. Бо вуҷуди ин, асари мазкур дар ҳамон шакле, ки то замони мо расидааст, осори хеле пурарзиши насри охири асри ХI ба шумор меравад. Забони он содда ва равон аст.

«Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ дар таҳқиқи ҳаёти маданӣ ва адабии асри муаллиф ва давраҳои пеш аз он сарчашмаи гаронбаҳоест. Фаслҳои асосии «мусоҳиботи» он ба тавсифи пешаҳои табиб, мунаҷҷим, шоир ва муншии дарбор бахшида шудаанд. Дар ҳар фасл яке аз ин пешаҳоро тавсиф намуда, доир ба намояндагони баргузидаи ин пеша даҳ ҳикоя ба тариқи мисол нақл карда мешавад. Ин китоб бештар аз ҳар гуна сарчашмаҳои дигар дар бораи шароити зиндагии ходимони маданияти он замон маълумот медиҳад. Хусусан ҳамон фасле, ки ба шоирон ва аҳволи бади онҳо дар давлати феодалӣ бахшида шудааст, қимати зиёде дорад.

«ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидаддини Ватвот асарест, ки шаклҳои шеъри онвақта, алалхусус образҳо ва санъатҳои шеъриро дақиқона тадқиқ ва тавзеҳ намуда, фикру мулоҳизаҳои хеле муҳими эстетикиро дар бар гирифтааст.

«Синбоднома»[19]Заҳирии Самарқандӣ дар яке мавзӯъҳои маъмули қиссаҳои ахлоқии адабиёти Шарқ, ки аз макри зан баҳс мекунад, навишта шудааст. Тариқи нақли қисса дар қисса ба муаллиф имконият додааст, ки бисёр ҳикоятҳои тамсилиро ба сюжети асар дохил намояд. Дар ин ҳикоятҳо ба шакли ҷолибе моҳияти «илми идораи мамлакат» баён карда мешавад. Дар аксари онҳо сарзаниши ҳокимон ва истеҳзои нешдори хулқу атвори онон ба тариқи пардапӯш баён ёфтааст.

Китоби «Мақомоти ҳамидӣ» ба шакли насри мусаҷҷаъ навишта шуда, аз 24 мақоми шавқангез иборат мебошад, ки ин мақомҳо аз маҷмӯи масал, муаммо, ҳикам ва ҳикоятҳои ибратомӯз фароҳам омадаанд.

Дар ин давра дар қатори адибони бузург хеле намояндагони барҷастаи илму фан ҳам ба камол расида, ҳар яке дар тараққиёти фикрӣ хидматҳои муайяне ба ҷо оварданд.

Имом Фахриддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ (1148–1210) дар ҳирот иқомат намуда, ба фаъолияти мударрисӣ ва воизӣ машғул будааст. Ӯ доир ба тиб, ҳайъат ва риёзиёт асарҳои зиёде таълиф намудааст.

Абулқосим Маҳмуд Замахшарии Хоразмӣ (1074–1143) яке аз муҳаққиқони маъруфи соҳаи луғат ва сарфу наҳви арабӣ буда, фарҳанги арабӣ-форсӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Абӯбакр Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмони Ҷурҷонӣ (ваф. соли 1108) аз донишмандони сарфу наҳв буда, дар ин соҳа «Китоби авомил»-ро таълиф кардааст.

Зайниддин Исмоили Ҷурҷонӣ (вафоташ дар байни солҳои 1135 ва 1137) бо даъвати Қутбиддин Муҳаммад Ибни Ануштегин ба Хоразм омад ва соли 1110 дар он ҷо ба забони тоҷикӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ» ном асаре навишт. Ин асар ба «Қонун»-и Ибни Сино асос ёфта, аз даҳ китоб иборат аст, ки дар бобати татбиқи тиб, анатомия, сабаб ва аломатҳои касалӣ, ҳифзуссиҳа, ташхиси беморӣ ва пешбинии ҷараёни он, усулҳои табобат, заҳру подзаҳр ва дорушиносӣ баҳс мекунад. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба забонҳои яҳудии қадим, туркӣ ва урду тарҷума шудааст.

Паҳн шудани тасаввуф ва роҳ ёфтани он
ба адабиёти форсу тоҷик

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои ин давра ба адабиёт роҳ ёфтани ғояҳои тасаввуф мебошад. «Тасаввуф», ки дар адабиёти илмии ба забонҳои аврупоӣ бо номи «суфизм» маълум аст, ҷараён ва назарияҳои идеологии аз ҷиҳати синфӣ гуногуни дар тамоми масоҳати интишори дини ислом вуҷуддоштаро дарбар мегирад.

Тасаввуф дар заминаи дини ислом нумӯ карда аз Қуръон, ҳадис ва дигар унсурҳои он баҳра бурд. Бо вуҷуди ин, бисёр шаклҳои тасаввуф, хусусан дар марҳилаҳои аввали тараққии он, ба сабаби дигар навъ тавзеҳ додани аҳкоми ислом, як андоза ифодакунандаи афкори мухолифи ин усули динӣ гардид. Бинобар ин ҳокимони феодалӣ ва рӯҳониёни мутаассиб бисёре аз аҳли тасаввуфро таҳти таъқиби бераҳмона қарор медоданд (ин буд, ки дар соли 922 ҳусайн ибни Мансури ҳаллоҷ дар як сурати ваҳшиёна кушта шуд ва соли 1191 Шиҳобиддини Сӯҳравардӣ дар зиндон ба қатл расид).

Тасаввуф аввалин мартаба дар асрҳои VI–IХ дар Ироқ ба вуҷуд омад. Вай дар қадамҳои нахустин ҳамчун маслаки мухолиф зуҳур намуда, ба муқобили таҷаммул ва риёкории аъёну ашроф равона гардида буд. Он вақтҳо дар таблиғоти сӯфиёнаи даст кашидан аз суруру нишоти зиндагӣ ва рӯ ниҳодан ба риёзат эътирози беш аз пеш қувватгирандаи ҳунармандон ва табақаҳои поини шаҳру деҳот бар зидди зулму тааддии феодалон, бар зидди тақсимоти беинсофонаи неъматҳо[20] ифода меёфт. Дар таълимоти сӯфиёни аввала таъкид мешуд, ки моликияти хусусӣ, сарват, ҷоҳу ҷалол, таносоӣ ва нозпарвардиро қувваҳои аҳриманӣ ба миён овардаанд. Аҳли ин тариқат гӯшанишинӣ ихтиёр карда, ба тан либоси оддӣ аз пашми гӯсфанд мепӯшиданд, ки онро «хирқа» ё худ «суф» меномиданд. Тахмин мекунанд, ки номи сӯфиро гирифтани онҳо низ шояд аз ҳамин ҷо бошад.

Дар асри ХI тасаввуф ба тамоми Хуросон ва Мовароуннаҳр паҳн гардид. Шайх Абӯсаид (ваф. соли 1049) ба мақсади дар байни омма ҷорӣ кардани тасаввуф дар Нишопур хонақоҳ сохт, ба минбар баромада вазъ гуфт, бо уламои динӣ ва аҳли ҳикмат мубоҳисаҳо ташкил кард. Шайх Абулқосими Қушайрӣ (ваф. соли 1073) доир ба асосҳои тасаввуф рисолаи махсус таълиф намуд.

Бо таъсири рӯҳониён ва феодалон як шакли нави тасаввуф пайдо мешавад, ки аҳли он мардумро фақат ба зӯҳду тақво, итоаткорӣ ва риояи шариат даъват мекарданд. Дар роҳи бо мазҳаби ислом омехтани тасаввуф ва мувофиқи манфиатҳои феодалон ба вуҷуд овардани силки нави он махсусан фақеҳ ва файласуфи маъруф Муҳаммади Ғазолӣ (1058–1111) роли калоне бозидааст.

Бар тибқи таълимоти пантеистии тасаввуф, тамоми анвои табиати зинда ва мурда зуҳури Худо ва ё ба истилоҳи сӯфиён таҷаллии ҳақ мебошад. ҳамаи мавҷудоти дунёи моддӣ гӯё инъикоси дунёи ухравист. Инсон, ки охирин офаридаи ҳақиқати мутлақ аст, бояд дар роҳи илҳоқ ба ҳақ саъй намояд. Барои ин бояд кас аз тамоми неъматҳои зиндагӣ даст кашида, дар нафси худ, ғайр аз кӯшиши илҳоқ ба ҳақ, ҳама гуна орзу ва ҳадафҳоро фурӯ нишонда бошад. Барои он ки инсон бо роҳи тариқат ба ҳақ мулҳақ шавад, ӯро лозим аст, ки ба худ раҳнамое пайдо карда, дар ҳар кор ба он раҳнамо сари итоат фуруд орад ва ҳар як амру фармони вайро, бидуни шакку тардид, иҷро намояд. Чунон ки дар кутуби сӯфиён хотирнишон гардидааст, ҳар як мурид дар назди шайх бояд мисли мурдае дар дасти мурдашӯй бошад.

Шайхони сӯфия, пирони тариқат тадриҷан эътибори хеле зиёд ва қувваи бузурги сиёсӣ пайдо карда, ба хидмати худ садҳо муридони фармонбардорро ҷалб менамоянд. Синфҳои ҳукмрон аҳамияти ниҳоят калони ба тарафи худ кашидани ин шайхҳоро зуд фаҳмида, дар ин бобат чораҳо меандешанд. ҳамин тариқа, бисёр шайхон ба надимони ҳокимон мубаддал мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар байни шайхон касоне ҳам ёфт мешуданд, ки ҳанӯз ҳам бо табақаи ҳунармандон алоқаи хеле наздик доштанд. Онҳо бо қувваи ҳунармандон ба тимсоли ташкилотҳои тасаввуфӣ бо номи футувват иттиҳодияҳое ба вуҷуд оварда буданд. Дар заминаи ин иттиҳодияҳо тариқатҳои махсуси ҷавонмардӣ пайдо шуда, бар зидди «кофирон» ҷиҳод менамоянд (дар Гурҷистон, Кавкази шимолӣ, ҳиндустон). Пас аз асри ХI аксари шайхони бо ҳокимон алоқаманд худ ба заминдорони калон табдил меёбанд. Чунончи, Хоҷа Аҳрор, ки дар асри ХV умр ба сар бурда, дар Самарқанд дафн шудааст, ҳамчун соҳиби мулку сарвати аз ҳад зиёд ном бароварда буд.

Аммо баъзе шайхон, баръакс, бо қувваи ташкилотӣ ва ҳарбии худ мардуми бар зидди феодалон сар бардоштаро тарафдорӣ мекарданд. Онҳо баробарии молу мулкро боисрор талаб намуда, гоҳо қисман ва дар як муддати муайяне ба мақсади худ ноил ҳам мешуданд, чи навъе ки ҳасани Ҷурӣ дар асри ХIV ҳангоми шӯриши сарбадорон ба ин кор муваффақ гардид.

ҳамин тариқа, дар давоми тамоми асрҳои миёна тасаввуф дорои ду ҷараёни зидди якдигар – феодалӣ ва халқӣ буд. Ҷараёни халқии тасаввуф бо доираи ҳунармандони шаҳр алоқаманд гардида, эътирози оммаро бар алайҳи зулму ситами феодалон ифода менамуд. Аҳли тасаввуф дар баробари тарки дунё кардан ва даст кашидан аз нозу неъмат, ки шарти асосии аксари тариқатҳои равияи тахайюлии ғайрифаъол ва аз лузумоти давраи аввали аз шайх сабақ гирифтани мурид ба шумор мерафт, ғояи муҳаббат ба инсонро таблиғ карда, дар роҳи ҳусули мақсади худ аз муборизаи мусаллаҳона низ худдорӣ намекарданд. Албатта, аз ин чунин барнамеояд, ки ҳамаи сӯфиёни дар даст силоҳ ба муқобили феодалон ва истилогарони аҷнабӣ сар бардошта, гӯё аз тасаввуфи риёзатии «аслӣ» тамоман қатъи алоқа карда бошанд.

Дар соҳаи идеология эътирози сӯфиён, сарфи назар аз бисёр ҷиҳатҳои пурарзиши он, таҳти таъсири шаклҳои динию мистикии тасаввуф, ки муносибатҳои воқеии ҷамъиятиро вайрон ва хаёлӣ инъикос мекард, хеле маҳдуд гардида буд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бисёр давраҳои таърих баъзе ҷараёнҳои тасаввуфие, ки алоқаи худро аз доираи ҳунармандон ва табақаҳои поини ҷамъиятии шаҳр наканда буданд, бо вуҷуди маҳдудиятҳои таърихии худ равияҳои нисбатан пешрави ҳаёти ҷамъиятии давраҳои муайяни таърихиро ташкил медоданд. Ин буд, ки фаъолияти аксари адибон ва мутафаккирони гузашта, аз қабили Бобо Кӯҳӣ, Ансории ҳиротӣ, Саноӣ, Фаридаддини Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ бо тасаввуф робитаи қавӣ пайдо намудааст. Баъзе аз онҳо, мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, бо ҷараёни феодалии тасаввуф алоқаманд бошанд ҳам, вале аз таъсири анъанаи умумии адабиёти тасаввуфӣ бебаҳра намонда буданд ва дар эҷодиёти худ бештар сабки соддаву равон, ибороту таркибот ва тамсилоту зарбулмасалҳои халқиро ба кор бурда, ба идеалҳои ҷавонмардӣ ва башардӯстӣ пайравӣ мекарданд. Ин ҷиҳатҳо арзиши асосии назми тасаввуфиро фароҳам овардаанд.

Чунин ақидае, ки шоирони бузурги асри миёна гӯё ҳамеша фақат аз тарси таассуб ва бо мақсади пинҳон доштани озодфикрии худ истилоҳоту ибороти сӯфияро истифода карда бошанд, нодуруст аст (мо ин гуна истилоҳоту иборотро дар офаридаҳои Ибни Сино ҳам дучор мешавем). В.И.Ленин дар хусуси файласуфони қадим сухан ронда, ба тарафдории он баромад мекард, ки «таърихи философия ба фактҳои таърихӣ қатъиян мувофиқ бошад, то ки ба философҳои қадим чунон «такмили» идеяҳояшон нисбат дода нашавад, ки он ба мо маҳфум асту вале дар асл ҳанӯз дар философҳои қадим мавҷуд набуд».[21] Мутафаккирони гузаштаро ба таври куллӣ аз ҳаракатҳои ҷамъиятии замони онҳо ҷудо кардан амали ғайритаърихист. Маҳдудиятҳои таърихии ҳар як мутафаккири асримиёнагиро, ки побанди тасаввуроти динии ҳукмрони онвақта буданд, фаромӯш накарда, хусусиятҳои нисбат ба он замон прогрессивии эҷодиёти ӯро бояд намуд.

Идеологияи сӯфия дар ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёна ба дараҷае васеъ паҳн гардида буд, ки ҷараёни иртиҷоии феодалии тасаввуф тадриҷан, алалхусус дар охирҳои асри миёна, дар қатори ҷараёни дини ҳанафияи ислом мавқеи дувумин ҷараёни асосиро ишғол кард.

Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки ба таълимоти тасаввуф аз аввалин марҳилаҳои интишории худ ҷиҳатҳоеро, ки ба равнақи илми дунявӣ ва фалсафаи ратсионалистӣ мамониат мекарданд, дар худ нуҳуфта буд. Баъдҳо, дар аҳди Темуриён ва хонии Бухоро, тасаввуфи феодалӣ дар сари муборизаи зидди ҳама гуна афкори озод қарор гирифт. Дар айни замон, дар назми тасаввуфии давраҳои гуногун тазоҳури ғояҳои мухолифаткоронаю инсонпарвариро мушоҳида накардан мумкин нест. Парастиши инсони комил ва Худо шумурдани он дар назми тасаввуфӣ аксар вақт дар шакли мистикӣ ба дараҷаи олӣ фаҳмидани барозандагӣ ва қадру қимати инсонро ифода менамуд.

Дар ин давра чунин назариётчиёни бузурги тасаввуф, монанди Муҳаммади Ғазолӣ ва бародари ӯ – Аҳмади Ғазолӣ, ки назарияи махсуси тасаввуфи ишқи ирфониро ба миён гузоштааст, инчунин шоирони баргузидаи мутасаввиф – Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1077), Абулмаҷди Саноӣ (1050-1131), Фаридаддини Аттор (1142-1220) ба майдон омаданд.

Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ (1056-1111) дар шаҳри Тӯс таваллуд ёфта, аз овони ҷавонӣ бо таълимоти аҳли тасаввуф шиносоӣ пайдо намуд. Сипас, дар Нишопур ба таҳсили илм шуғл варзида, махсусан дар соҳаи фиқҳ дониши мукаммал ҳосил кард ва аз ин ҷиҳат дар байни рӯҳониён эътибори калоне ёфт. Дере нагузашта шӯҳрати ӯ то ба дарбори султон Маликшоҳи Салҷуқӣ расид ва соли 1091 мувофиқи даъвати вазир Низомулмулк ба Бағдод рафта, дар мадрасаи «Низомия» ба дарсгӯӣ машғул шуд. Дар ин ҷо ба Ғазолӣ супориш доданд, ки бо исмоилиён – душманони ашаддии Салҷуқиён мунозира карда, носозгории таълимоти онҳоро бо мазҳаби ҳанафияи ислом собит намояд. Вале Ғазолӣ фақат ба ин кор маҳдуд нашуда, ҷиддан ба омӯзиши фалсафа, алалхусус осори Форобӣ ва Ибни Сино камар баст. Ӯ дар шароити мухолифатҳои тундутези синфӣ ва сиёсӣ, ки ифодаи мафкуравии худро дар муборизаи фирқаҳои гуногуни динӣ ёфта буданд (ва ин умуман хоси асри миёна аст), зиндагонӣ карда, ҳамчун тарафдори сиёсати марказиятбахши Низомулмулк, дар роҳи оштӣ додани илоҳиёт ва фалсафаи ратсионалистӣ, ки аҳамияти бузурги онро ба хубӣ медонист, саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Аммо ӯ дар ин роҳ ба чизе муваффақ нагардид ва, табиист, ки муваффақ шуда ҳам наметавонист. Пас аз ин, Ғазолӣ бӯҳрони сахти маънавиро аз сар гузаронид ва соли 1095 аз дарси мадраса даст кашида, ба аҳли тасаввуф пайваст.

Ғазолӣ аз ҳаёт канора ҷуста, тасаввур кард, ки дар риёзат ва тарки дунё, ба қавли худаш, «итминон ва осоиш» хоҳад ёфт. Дар солҳои баъдина ӯ бисёр саёҳат карда, ба Сурия ва Макка низ сафар намуд. Ин мусофират кайфияти сӯфиёнаи ӯро боз ҳам қувват дод. Асари муҳими вай «Эҳё-ул-улум-ад-дин», ки ба забони арабӣ навишта шуда, эҳсоси суфиёнаи ирфониро асоси маърифат ва ишқи илоҳиро асоси дину мазҳаб донистааст, маҳсули ин мусофират мебошад.

Ғазолӣ баъди баргаштан аз сафари Сурия дар солҳои охири ҳаёташ якчанд вақт дар мадрасаи Нишопур дарсгӯӣ кард. Пас аз он ба Тӯс рафта, хонақоҳро маскан намуд ва бақияи умри худро дар ҳалқаи шогирдон ба сар бурд.

Чунон ки аз таҳқиқоти мавҷуда маълум мегардад, Ғазолӣ дар таълифоти худ ба василаи ғояҳои сӯфиёна «фалсафаи ратсионалистиро дар кишварҳои мутасаррифи ислом хароб намуда», мабдаъҳои тасаввуфӣ ва фиқҳии дини исломро айёрона ба ҳам пайваст ва бо ин тариқа илоҳиётро аз беэътиборӣ ва кӯчаи сарбастаи фалсафӣ раҳо намуд. Дар ҳақиқат ҳам, Ғазолӣ аз нуқтаи назари ислом муҳокимаҳои соф фалсафиро маҳкум намуда, таълимоти пайравони фалсафаи машшоия, аз ҷумла Форобӣ ва Ибни Синоро, ки инкишофдиҳандаи ғояҳои Арасту ҳисоб меёфтанд, мухолифи дин эълон кард ва ба маъниҳои тасаввуф либоси зӯҳду тақво пӯшонида, бо ҳамин дар таърихи афкори ҷамъиятии аксари халқҳои Шарқи Наздик роли иртиҷоӣ бозид. Ин аст, ки китобҳои ӯ дар давоми бисёр асрҳои пас аз вафоташ дар байни аҳли тасаввуфи равияи феодалӣ ва қисман ҳокимони ба таассуби сӯфиёна майл дошта шӯҳрати зиёд пайдо карда буданд.

Чун Ғазолӣ шахси хеле боқареҳа ва истеъдоднок буда, дар соҳаи фалсафа маърифати комил дошт, асарҳои вай дар баъзе бобатҳо роли мусбат низ бозӣ кардаанд. Чунончи, ӯ дар китоби «Мақосид-ул-фалосифа» ба нияти рад кардани таълимоти пайравони фалсафаи машшоия нуктаҳои асосии ин таълимотро чунон аниқ ва дақиқ баён намуд, ки он бар хилофи хоҳиши муаллиф, муддатҳои дуру дароз ҳамчун беҳтарин васоити омӯзиши асосҳои ин фалсафа истифода гардид ва холисона ба интишори ратсионализм кӯмак расонид. Ин китоб ба лотинӣ тарҷума гардида, як вақтҳо дар Аврупои асри миёна беҳтарин нақли мухтасари ғояҳои фалсафаи машшоия дониста мешуд.

Ғазолӣ дар асари баъдтар таълифкардаи худ «Ал-Мунқиз мин аз-залол», зоҳиран, хавфи таассуби динӣ ва умуман манъи тамоми илмҳоро, ки намояндагони иртиҷоии рӯҳониёни ислом исрор мекарданд, дарк намуда, ақидаҳои ниҳоят мухолифатомезро баён мекунад. Масалан, ӯ Арасту, Форобӣ ва Ибни Синоро аз нуқтаи назари ислом «кофир» эълон карда, дар айни замон хидмати бузурги онҳоро дар бобати инкишофи мантиқи ратсионалистӣ хотирнишон менамояд; инчунин аз мавқеи атеистӣ рад кардани динро ҳамчун як амри муболиғаи роли улуми дақиқ сарзаниш намуда, дар айни ҳол мутаассибони ҷоҳили мусулмонро, ки бо роҳи манъи тамоми илму фанни марбут ба фалсафаи мухолифи ваҳйи Қуръон «тозагии» мазҳаби ҳанафияи исломро нигоҳ доштанӣ мешуданд, маҳкум месозад. Ӯ ҳуқуқи олимонро барои аниқ ҳисоб кардан ва пешгӯӣ қардани вақти гирифтани офтобу моҳ (дар тасаввури рӯҳониён «каромоти илоҳӣ»), ҳуқуқи инкишофи риёзиёт, татбиқи мантиқ ва истифодаи тибби амалиро аз қувваҳои иртиҷоӣ ҳимоя мекунад. Ғазолӣ изҳор менамуд, ки дини исломро ба ҷаҳолат асосёфта набояд пиндошт, зеро ҷаҳолат бар зидди худи дин ҷиноят аст. Ӯ ба воситаи чунин сафсатта, зоҳиран, мехост соҳаҳои ба худаш наздики илмро аз ҳамлаҳои аҳли таассуб наҷот бидиҳад. Вале ӯ дар охири китоб худро ба оғӯши таассуб андохта, таъкид мекунад, ки табиат на ин ки худ ба худ, балки фақат ба иродаи Худо амал менамояд.

Тамоми роҳи фаъолияти эҷодии Ғазолӣ фоҷиаи мутафаккири боистеъдодеро пеши назар меорад, ки дар ҳолати заъфу нотавонӣ мавқеи афкори ратсионалистиро бо таъсири фишори торафт афзояндаи рӯҳониёни иртиҷоӣ аз даст додааст.

Дар эҷодиёти Ансорӣ, ҳатто дар наср, шакли мунозираро, ки аввалин мартаба ӯ ба кор бурдааст, метавон мушоҳида намуд. Ин шакл бо ҳикоятҳои тамсилии халқӣ омезиш ёфта, баъдтар дар такмили сохти достонҳои ахлоқӣ (офаридаҳои Аттор, Низомӣ, Ҷомӣ ва шоирони дигар) роли калон бозид. Рубоиёти ӯ, ки баъзан эҷоди халқиро ба хотир меоранд, низ хеле ҷолиби диққатанд.

Саноӣ ҳарчанд то охир чун шоири мутасаввиф монд, вале дар баъзе мавридҳо аз доираи мавзӯоти маъмулӣ ва маҳдудияти динии эҷодиёти худ берун мебаромад ва он гоҳ дар назми мутаноқизи ӯ кайфияти ҳоли оммаи халқ низ ба як тарзи махсус мунъакис мегардид. Ба тариқи намуна аз достони «ҳадиқат-ул-ҳақоиқ» суханони ғазаболуди пиразани гадоро, ки ба султон Маҳмуд хитоб мекунад, овардан мумкин аст. Пиразан ба суоли султон, ки аз ӯ чӣ мехоҳад, чунин ҷавоб медиҳад:

Оби ҳасрат зи дида карда равон.

Гуфт: «Золе заифу дарвешам,

Кас наёзорад аз каму бешам.

Писаре дораму ду духтари хурд,

Падари ҳар се шуд ду сол, ки мурд.

Аз ғами нону ҷомаи эшон,

Медавам бар тариқи дарвешон.

Хӯшачинам ба вақти кишту дарав,

Арзану боқилаву гандуму ҷав.

Сол то сол аз он бувад нонам,

То нагӯӣ, ки ман таносонам.

Бар ман аз чист ҷаври ту пайдо,

Охир, ин рӯзро бувад фардо?

Чанд зулму раият озурдан,

Молу мулки ятимагон хӯрдан?

Будам андар деҳе маҳе муздур,

Аз барои яке сабад ангур.

Дӣ сари моҳ буду ман зи нишот,

Бистидам музд то равам ба работ.

Панҷ турк омад аз қаҳр пешам,

Хонд аз эшон яке бар пешам.

Бигрифт он сабад зи гардани ман,

Ман баровардам аз ано шеван.

Дигаре омаду задам чӯбе,

То зи ман барнахезад ошӯбе».

Гуфт: «Ин кисту ин кӣ шояд буд,

К-ӯ баровард аз тани ман дуд?»

Гуфт: «Ҷондори шоҳ Маҳмуд аст,

З-ин ҷазаъ мар туро чӣ мақсуд аст.

Бар худу ҷони худ махӯр зинҳор,

Роҳро пеш гиру бонг мадор».

Ман зи гуфтори вай битарсидам,

Роҳи шикори ту бипурсидам.

Ман туро ҳоли хеш кардам дарс,

Аз дуои мани заиф битарс!

Гар наёбам зи назди ту ман дод,

Дар саҳар назди ӯ кунам фарёд.

Оҳи мазлум дар саҳар бе яқин,

Батар аз тиру новаку зубин.

Дар саҳаргоҳ дуои мазлумон,

Нолаи зору оҳи маҳрумон.

Бишканад шери шарзаро гардан,

Даркаш аз зулм, хисраво, доман![22]

Ин қабил маъниҳоро дар эҷодиёти Аттор ҳам, ки ислоҳоти дар тасаввуф баамаловардаи Ғазолиро қабул надошт, дучор омадан мумкин аст. Дар яке аз аввалин достонҳои ӯ «Хусрав ва Гул», ки қиссаи ошиқонаи қадимаи юнонӣ нақл гардидааст, фақат баъзе падидаҳои тасаввуф ба назар мерасад. «Мантиқ-ут-тайр»-и ӯ, сарфи назар аз он ки дар тариқи ҳикоябандии асарҳои тасаввуфӣ навишта шудааст, аз беҳтарин достонҳои тамсилии ахлоқӣ ба шумор меравад. Дар ин достон шакли қисса дар қисса бо омезиши масалҳои шавқангез ба кор бурда шуда, мазмуни баъзе аз онҳоро танқиди хулқу атвори феодалӣ ташкил намудааст. Маҳорати достонсароии Аттор, чунон ки аз дигар офаридаҳои ӯ низ ҳувайдост, аз маҳорати Саноӣ ҳам баландтар аст. Азбаски Аттор доруфурӯширо пеша намуда, шеъргӯиро мояи маош қарор надода буд, девони ашъори ӯ аз қасидаҳои мадҳия тамоман холист. Ӯро дар шарҳи ҳоли аҳли тасаввуф бо номи «Тазкират-ул-авлиё» асарест, ки бо насри олӣ таълиф ёфтааст.

Дар инкишофи ғояҳои инсониятпарваронаи ин давр шоири бузурги форсизабони Озарбойҷон Низомии Ганҷавӣ (ваф. соли 1209) роли бағоят калон бозид. Ӯ офаринандаи асари безаволи «Хамса» аст, ки даҳҳо шоирон ба забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, озарӣ ва ғайра онро пайравӣ кардаанд.

Дар ин мусобиқаи хамсанависӣ, ки асрҳои зиёде давом намуд, чунин шоирони маъруф, аз қабили Амир Хусрави Деҳлавӣ, Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ширкат варзида, ҳар яке асарҳои барҷастае ба вуҷуд оварданд ва дар тақвияти ин равия саҳми пурарзиши худро гузоштанд.

Дар ҳамин давра ба ҷои «сабки хуросонӣ» услуби нави адабие, ки бо номи «сабки ироқӣ» машҳур аст, ба зуҳур меояд. Агар баёни содда ва ба забони гуфтугӯ наздик хусусияти асосии сабки хуросонӣ ё худ «туркистонӣ» бошад, барои сабки ироқӣ суханбозиҳои печ дар печ ва ташбеҳу истиораҳои мураккаб хос аст. Ин хусусият, ки ҷиҳати асосии назми давраи тараққиёти феодализм мебошад, алалхусус, дар ашъори мадеҳавии дарборӣ тазоҳуроти худро пайдо намудааст.

  1. Давидович Е. А., 1958, с. 83–90, 100–103 ва тасвири 70 дар с. 94.

  2. Давидович Е. А., Литвинский Б. А., 1954; Uуломова Э., 1961, 1962, 1964; 1968.

  3. Scerrato U., 1959; Bombaci., 1966.

  4. Жуков В.Д., 1945; Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.С, 1965, с.190-192 (дар с. 406-407 рeйхати адабиёт дода шудааст)

  5. Арунова М. Р., 1959, с. 91–93; Пугаченкова Г.А., 1963, с. 114–121.

  6. 84а Ниг.: Берунb, 1950; Берунb, 1957; 1963

  7. Маънои луuавии калимаи «ямин» дасти рост аст. Яке аз лаrаб[ои султон Ма[муд «ямин-уд-давла» буд. Маънои «ямин-уд-давла» rудрат ва rуввати давлат ё «дасти рости давлат» мешавад

  8. Гардез – номи xоест, ки дар масофати якрeза ро[ дуртар аз Uазна, дар rадди ро[и {индустон воrеъ шудааст.

  9. Дар сарчашма[о бо ном[ои гуногун зикр мешавад.

  10. Тарxумаи русии он: Абулфазл Бей[аrb, 1962, 1969

  11. Фарзе [аст, ки гeё Носир то ба Миср рафтани худ ба таври махфb пайравии исмоили[оро rабул карда будааст.

  12. Дар бораи [аёти Носири Хисрав ниг.: Бертельс А.Е., 1959. Инчунин ниг. Носир Хисроу, 1954; Носири Хисрав, 1957; Насир-и Хусрау, 1935; Насир-и Хусрау, Сафар-наме; Ашуров U., 1965

  13. Ниг.: Насир-и Хусрау. Сафар-наме;

  14. Тахмин мекунанд, ки «Саодатнома» ба rалами e тааллуr надорад, балки моли муаллифи дигар аст, ки вай [ам Носири Хисрав ном дошта, дар асри ХIV дар Исфа[он умр ба сар бурдааст.

  15. Хисрав Н., 1957, с. 40-45.

  16. Умари Хайём, 1963.

  17. Бертельс Е. Э., 1960, с. 284–285.

  18. Фахриддини Гургонb, 1963. Муrаддима.

  19. За[ирии Самарrандb, 1960

  20. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, xилди 7, с. 378.

  21. В.И. Ленин. Асар[о, xилди 38, с. 256.

  22. Саноb, Те[рон, 1329, с. 557–560.

test

Добавить комментарий