Муборизаи синфӣ дар Аморати Бухоро

Аҳолии шаҳри Бухоро ва ноҳияҳои атрофи он борҳо ба муқобили амирони манғит шӯриш бардоштанд. Ин қабил шӯриш, аз ҷумла, дар соли 1758 барпо гардида, шӯришчиён дар кӯчаҳои шаҳр сангарҳо сохта буданд. Шӯриши дигар соли 1785 сар зад, ки иштирокчиёни он бештар аз ҳазор нафар, зоҳиран, намояндагони синфи ҳукмронро ба қатл расонданд[1].

Соли 1810 дар Бухоро қаҳтӣ рӯй дод. Қиматӣ ва гуруснагӣ сар шуда, ба сари мардум азобу уқубатҳои зиёде омад. Дарбори амир барои сабуктар гардидани вазъияти ниҳоят сахти аҳолӣ ягон чорае надид. Он гоҳ шаҳриёни баошӯбомада майдони Регистонро фаро гирифтанд. Амир ба ҳарос афтода, аз шаҳр фирор намуд. Оқибат ошӯби халқ бо зӯрӣ фурӯ нишонда шуд.

Аз рӯи баъзе мадракҳои ғайримустақим шӯру ошӯбҳои халқӣ дар соли 1819 ё 1820 низ ба вуқӯъ омада буданд[2]. Ҷунбиши калони халқӣ соли 1821 дар қисмати миёнаи водии Зарафшон байни Самарқанд ва Бухоро (дар Миёнкол) ба амал омад. Дар ин ҷо тоифаҳои нимкӯчии ӯзбек хитойқипчоқҳо зиндагӣ мекарданд. Тазйиқи андозҳо, мусодираҳои доимӣ, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани миқдори зиёди мардони қабилаҳо – ҳамаи ин якҷоя аҳолии Миёнколро ниҳоят ба шӯр овард. Соли 1821 ҳукумат дубора ба сарбозӣ одам гирифтанро сар кард. Косаи сабри хитойқипчоқҳо лабрез шуда, норизоятии онҳо ба шӯриши ошкоро фурӯ рехт. Қарақалпоқҳои сокини ин маҳал низ ба шӯришчиён ҳамроҳ шуданд. Тамоми тоифаҳои ноҳияи байни Самарқанду Каттақӯрғон ба зери ливои шӯришгарон даромаданд. Шӯришчиён маъмурони амирро ронда, Каттақӯрғон, Чалак, Янгиқӯрғон ва дигар шаҳру деҳаҳои гирду атрофро забт намуданд. Камбағалони ин ҷойҳо ҳам ба сафи шӯришгарон дохил шуданд, аммо аъёну ашроф барои кӯмак ба амир рӯ оварданд. Шӯришгарон ба тарафи Самарқанд ҳаракат намуданд. Амир ба Каттақӯрғон ҳамла оварда, онро забт кард ва аҳолиро аз дами теғ гузаронид. Шӯришгарон аз Хӯқанд, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои душмани амир ҳайдар мадад хостанд. Аммо иттифоқчиён байни худ мувофиқат ҳосил накарда, ба таври пароканда амал менамуданд. Хитойқипчоқҳо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффақ нашуданд. Шӯришичиён кӯшиш карданд, ки деҳқонони ноҳияҳои гуногунро ба тарафи худ кашанд. Ин ҳам нашуд. Охируламр қувваҳои асосии шӯришчиён аз ҳам пош хӯрд ва онҳо усули мудофиаи пассивро пеш гирифтанд. Дар ҳамин вазъият соли 1825 амир ҳайдар муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришчиёнро ишғол намуд[3].

Дар солҳои 1840–1842 муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд хеле тезутунд гардид. Вақте ки дар соли 1840 хони Хӯқанд аз хавфи ҳуҷуми қӯшунҳои Бухоро ба тарс афтода, Хуҷандро дод, дар Хӯқанд шӯриш ба амал омад. Ба шӯриш Хоҷа Қаландари мисгар сардорӣ мекард. ҳазорон камбағалони шӯришгар бо роҳбарии ин марди шуҷоъ амалан пойтахти мамлакатро ишғол намуданд. Онҳо манзилҳои амалдорони хонро ба хок яксон карда, сафирони Бухороро низ эмин нагузоштанд.

Чи навъе ки таърихи Хӯқанд иттилоъ медиҳад, ҳамаи амалдорони низомӣ ва ғайринизомӣ «ба гӯшаҳо пинҳон шуданд». Сипас, шӯришчиён дарбори хонро иҳота намуданд. Доираҳои ҳукмрон фақат бо макру фиреб ва душвориҳои зиёде тавонистанд, ки ин шӯришро фурӯ нишонанд. Вале сабабгори асосии сар задани шӯриш, пеш аз ҳама, зулму ситами бераҳмона аз байн бурда нашуд. Ин буд, ки соли оянда боз шӯриши халқ ба вуқӯъ омад. Вай чунон вусъат пайдо намуд, ки хони ба ҳарос афтода аз Хӯқанд фирор кард. Ҷунбишҳои халқӣ дар Хӯқанд соли 1842 вақти ҳуҷуми қӯшунҳои Бухоро низ ба амал омада буданд[4].

Дар охири солҳои чилум (эҳтимол соли 1847) шӯриши сокинони шаҳри Тошканд барпо мегардад. Он вақтҳо шаҳри Тошканд таҳти тасарруфи хонии Хӯқанд қарор гирифта, дар он ҷо намояндаи бузургзодагони дар сари идораи давлати хонӣ нишастаи қипчоқ – Азиз парвоначӣ ҳукмронӣ мекард. Ӯ борҳо ба муқобили шаҳри Туркистон лашкар кашида, дар натиҷаи ҷангҳои дурударози тоқатфарсо хазинаро холӣ карда буд. Ба ин сабаб, дар машварати ҳоким бо аъёну ашрофи Тошканд қарор карда шуд, ки илова ба андозҳои маъмулӣ аз аҳолии шаҳр ва деҳоти атроф ба тариқи фаврӣ андози фавқулоддаи пулӣ ҷамъ карда шавад. Аҳолии шаҳр, ки аз ҷабри доимӣ ва тазйиқи бераҳмонаи Азиз парвоначӣ ҳолашон табоҳ мешуд, ҳамеша ба исён омода буданд. Қаҳру ғазаби халқ ба ниҳояти худ мерасид. Ҷамъоварии андози нав косаи сабри мардуми Тошкандро лабрез намуд. Сокинони шаҳр ба ҷамъкунандагони андоз дарафтоданд ва пулҳои ситондаи онҳоро кашида гирифтанд. Дар бисёр маҳалҳо сангарҳо ба вуҷуд омаданд. Яке аз марказҳои муҳимми шӯриш растаи мисгарони бозори Тошканд буд. ҳоким шаш рӯз бо кӯмаки тӯпу туфанг зӯр зада, бисёр марказҳои шӯришро забт кард, вале фурӯ нишондани шӯриш барояш муяссар нагардид. Шӯришгарон қувваи нав ҷамъ карда, тамоми шаҳрро ишғол намуданд. ҳоким фурсати гурехтан наёфта, дар даруни қалъаи шаҳр пинҳон шуд. Шӯришгарон ҳамроҳи қӯшуни ҳокими ноҳияи ҳамсояи Қурама Азиз парвоначиро аз шаҳр ронданд.

Чунон ки аз сарчашмаҳо маълум мешавад, нерӯи асосии ҳаракатдиҳандаи ин шӯриш камбағалони шаҳр буданд, ҳарчанд ки дар он шаҳриёни доро ва намояндагони ҷудогонаи аъёну ашрофи аз ҳукумати Хӯқанд норозӣ низ иштирок доштанд. Оммаи халқ муваффақ шуданд, ки андозҳои нави хеле гаронро бекор кунонанд ва гумоштаи нафратангези Хӯқандро аз шаҳр берун кунанд[5].

Тоифаҳои ҷануб ва шимоли Қирғизистон ва қазоқҳо низ чандин бор бар зидди юғи асорати Хӯқанд сар бардошта буданд. Дар ҷараёни ин шӯришҳо меҳнаткашони кӯчнишин аксар вақт бо деҳқонон ва шаҳриёни мазлум муттаҳид мешуданд [6].

Муборизаи синфӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистони Помири Ғарбӣ ҳам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солҳои 60-ум деҳқонони Шуғнон, Рушон ва Вахон шӯриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи рӯшонӣ сардорӣ намуд. Шӯришгарон нишемангоҳи мири Рӯшон Қалъаи Вомаро ба даст дароварданд. Сипас, онҳо ба сӯи қароргоҳи ҳокими Шуғнон Қалъаи Барпанҷ ҳаракат карда, қӯшуни онро торумор намуданд. Тамоми дороии ҳокимон дар байни деҳқонон тақсим карда шуд. Ин шӯриш фақат пас аз он ки ҳукмрони кулли Бадахшон ба Помири Ғарбӣ қувваи зиёди ҳарбӣ фиристод, шикаст хӯрд [7].

Яке аз калонтарин ва пурдавомтарин шӯришҳои асри ХIХ шӯриши туркманҳои Хоразм дар солҳои 1855–1867 мебошад. ҳамчунин шӯриши деҳқонони бенаво бо сардории муздур Муҳаммад Фаноро, ки солҳои 1858–1859 дар хонии Хева ба амал омада буд[8], метавон хотирнишон кард.

Мо фақат чанде аз лаҳзаҳо ва лавҳаҳои муборизаи синфии дар нимаи дувуми асри ХVIII–нимаи аввали асри ХIХ ҷараён доштаи давлатҳои Осиёи Миёнаро зикр  намудем. Мавҷи пурвусъати шӯришҳои халқӣ гоҳо саросари Осиёи Миёнаро фаро   мегирифт. Аммо муаррихони давр онҳоро нодида меангоштанд. Ин, дарвоқеъ, хусусияти таърихнигории феодалии Шарқ аст. Ин аст, ки мо дар бораи онҳо аксаран аз рӯи маълумот ва аломатҳои ғайримустақим огоҳ мешавем ва қазоват мекунем. Таърихшиноси машҳури советӣ П.П.Иванов аз хусуси ҳаракатҳои халқии аҳди амир Дониёл сухан ронда, нуктасанҷона хотирнишон карда буд: «Муаррихони Бухоро, ки ин воқеаҳоро бароямон нақл мекунанд, онҳоро асосан ҳамчун лавҳаҳои муборизаи феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳукумати хонӣ ба қалам медиҳанд. Вале бояд қайд кард, ки аъёну ашрофи маҳаллӣ дар муборизаи зидди хон қариб тамоман ба фавҷҳои деҳқонон такя менамуд ва саранҷоми ин мубориза ҳам маҳз ба фаъолияти онҳо вобаста буд. Аз ин рӯ, фарз кардан мумкин аст, ки бештарини лавҳаҳои муборизаи мусаллаҳ дар аморати Бухорои асри ХVIII муҳимтарин унсурҳои ҳаракатҳои халқӣ ё деҳқониро дар худ нуҳуфта буданд, фақат фарқ дар ин буд, ки феодалони маҳаллӣ аз рӯи манфиатҳои маҳдуди синфии худ ба онҳо сардорӣ мекарданд ва аз онҳо истифода мебурданд»[9]. Ин фикри бағоят амиқ ва пурмаънист. Бо вуҷуди ин, метавон ба он илова намуд, ки ин  гуфтаҳо  ба нимаи аввали асри ХIХ низ комилан нисбат доранд.

Чи навъе ки аз мисолҳои овардашуда аён мегардад, ҳаракатҳои халқии ондавра, асосан, хусусияти аграрӣ доштанд. Зимнан деҳқонони тоҷику ӯзбек аксаран бо қавмҳои кӯчӣ ва нимкӯчии ӯзбек, қирғиз ва қазоқ якҷоя амал менамуданд. Манфиатҳои синфӣ ва муборизаи якҷояи табақотӣ бар зидди золимони умумӣ монеаҳои тоифавӣ ва нажодиро шикаста, меҳнаткашонро бо ҳам муттаҳид месохт.

Дар баробари шӯру ошӯбҳои аҳолии деҳот шӯришҳои шаҳриён низ ба амал меомаданд. Ҷунбишҳои ҳам деҳот ва ҳам шаҳр ба таври стихиявӣ ва ғайримуташаккил сар мезаданд ва давом мекарданд, аммо дар шӯришҳои шаҳриён гоҳо унсурҳои муташаккилӣ падидор мегардиданд. ҳамаи шӯришҳо хусусияти маҳаллӣ дошта, тамоми хоки давлати хониро фаро намегирифтанд ва аз ин рӯ қисми асосии аҳолии мамлакат аз муборизаи фаъолона дар канор мемонд, ки ин ҳолат ба ҳукумат барои фурӯ нишондани ин ва ё он ошӯби халқ имкони мусоид фароҳам меовард.

Идеологияи ҳаракатҳои халқии он давр ба мо кам маълум аст. Одатан, шӯришгарон дар назди худ мақсад мегузоштанд, ки ба барҳам додани сӯиистеъмол ва ноинсофиҳои аз ҳад зиёди намояндагони ҳокимияти давлатӣ, аз сари кор дур кардани амалдорону ҳокимони ҷудогона, беҳтар кардани аҳволи моддӣ ва ғайра муваффақ шаванд. Аз ин бештар мақсад ва вазифа намегузоштанд. Ақибмондагии шуури синфии хоси он замон дар ин соҳа низ возеҳу равшан зуҳур мекард.


[1] Чехович О.Д., 1954, с. 76–77.

[2] Мухторов А., 1963, с. 34–46.

[3] Дар та[rиrи ин шeриш Иванов П.П., ки [амаи манбаъ[ои мавxударо ба диrrат омeхтааст, хидмати пурарзише дорад–ниг.: Иванов П.П., 1937 а.

[4] Набиев Р.Н., 1961.

[5] Барои тафсили шeриш ниг.: Набиев Р.Н., 1966, с. 62–76.

[6] Усенбоев К., 1961, с. 44–51; История Киргизской ССР, т. 1,1968, с. 293–298.

[7] Искандаров Б.И., 1960, с. 39–42.

[8] Юлдошев М.Ю., 1966, с. 112-113.

[9] Иванов П.П., 1958, с. 112.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.