Назари олим ба масъалахои иктисодию ичтимои, мухочират, хунарманди ва шахсиятхои таърихии Хисори Шодмон

Назари олим ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, муҳоҷират, ҳунармандӣ ва шахсиятҳои таърихии Ҳисори Шодмон дар асрҳои

ХIX ва оғози асри XX

Замин ва обёрӣ. Дар пажӯҳиши академик масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ замин ва обёрӣ дар Ҳисори Шодмон нақши калонро иҷро намудааст. Дар баробари ин, масъалаи мазкур дар робита ба мулкҳои калон, аз қабили мулкҳои шайхҳои ҷӯёборӣ мавриди таҳқиқи олим қарор гирифтааст. Дар заминаи ин масъала фаъолияти ҳокимони Ҳисор ва шахсиятҳои дигари алоқаманд ба ҳокимият ва заминдории мулкии маҳаллӣ мавриди таҳлил ва хулосабарории муҳаққиқ қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки масъалаи обу обёрӣ бо заминдорӣ ва вазъи иҷтимоии мардум дар алоқамандии ҳамдигарӣ қарор доранд. Бинобар ин, онҳо ҳамин тавр таҳқиқу баррасӣ гардидааснд. Дар ин масъала Аҳрор Мухторов маҳорати баланди илмӣ нишон додааст. Метавон ин дастоварди олимро дар таҳлил мушоҳида кард.

Мулкҳои шайхони Ҷӯйборӣ. Хоҷагони ҷӯйборӣ дар таърихи афкори чамъиятии халқҳои Мовароуннаҳр нақши муҳим бозидаанд. Дар тӯли тақрибан сад сол – аз миёнаи асри XVIто миёнаи асри XVII хоҷагии бузурги онҳо равнақ дошт. Замину об, боғу майдон ва чорвои хоҷагон дар ҳамаи гӯшаву канори сарзамини Мовароуннаҳр ва берун аз он воқеъ буд. Намояндагони Хоҷаҳои Ҷӯйборӣ ҳокимияти номаҳдуди сиёсӣ доштанд. Подшоҳи мулк бе ризояти эшон коре карда наметавонист.

Ривоҷи хоҷагии шайхони мазкур баъд аз соли 1549 ибтидо гирифт. Дар ҳамин сол Хоҷаи Косонӣ, ки бо номи Махдуми Аъзам шӯҳрат дошт, вафот мекунад. Муҳаммад Ислом, ки бо номи Хоҷаи Ҷӯйборӣ маъруф буд, меросхури ӯ мегардад. Пайравон ва шогирдони сершумории Махдуми Аъзам тобеи Хоҷа Ислом гаштанд. Байни онҳо Искандар Султон писари Ҷонибек ва падари подшоҳи тавонои ояндаии Бухоро Абдуллохон низ буд. Аз ҳамин сабаб Абдуллохони Мазкур аз хурдсолӣ дар симои Хоҷа Ислом парастор ва раҳнамои худро дар ҳар як ҳолати ҳаёташ медид ва ӯро дастгирӣ менамуд. Хоҷа Ислом аз ин илтифоти подшоҳ ба хубӣ истифода намуда, сарваташро ба дараҷае расонид, ки ба фаҳми кас намеғунҷид.

Муаллифи саричашмаи таърихии нодир Абуаббос Муҳаммадтолиб дар асараш <<Матлаб ат-толибин>> бахшида ба ҳаёти Хоҷагони Ҷӯйборӣ навиштааст, ки галаи аспу уштур, гӯсфанду подпи ӯ шабу рӯз, беист дар дашту саҳро гузар доштанд. Дар ҳар дашт, ва ҳар як замин ӯ ҷӯйбор бароварда кӯшидааст, ки замин гул кунад ҳосил диҳад. Дар Бухоро, Миёнкол, Насаф( Қаршӣ ), Қарокӯл ва Марв 300 ҷуфти гов замини кишт( 2500 га ) азони ӯ буд.

Хоҷа соҳиби 10 ҳазор сар гӯсфанд, 700 сар асп, 500 сар уштур ва 7000 ашрофи барои сафар кардан ба Макка ва Мадина дошт. Ғайр аз ин ӯ соҳиби 300 ғулом ва садҳо бози шикорӣ буд. Ба чунин сарват қаноат накарда, Хоҷа Ислом дар байни солҳои 1544-1563-ум 104 дӯкон ва устохонаҳоро бо нархи 5500 танга, 7 осиёро ба нархи 2-3 ҳазор танга харидааст.

Тибқи маълумотҳо, асри XVI вилояти Ҳисор, чун тамоми Осиёи Миёна, рушди комили ҳаёти шаҳриро аз сар мегузаронид. Пешаву ҳунарҳои мухталиф вусъату инкишоф меёфт. Ҳеҷ гоҳ, на пештар ва на баъдтар , савдои чакана ва баққолӣ ба ин андоза инкишоф ва вусъат наёфта буд, ин савдои хурд тавассути тангаҳои мисин ба амал бароварда мешуд. Бесабаб нест, ки тангаҳои мисини асрҳои XV-XVI зуд-зуд аз вилояти Ҳисор ёфта мешавад.

Бозор ва рӯзҳои бозорӣ нишонаи равнақи мулк, сарватмандӣ ва амну амони давлат мебошад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, нимаи дуюми асри XIX дар музофоти Ҳисор чунин бозорҳо амал мекарданд: Қаратоғ, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод. Азбаски мулк ором буд ва ба ҷангҳои феодалӣ хотима дода буданд, ба инкишофи соҳаи кишоварзӣ ва косибӣ имконоти зиёд пайдо гардид, эҳтиёҷ ба фурӯши амволу чорвои иловагӣ пеш омад. Дар Ёвон, Регар, Дашнобод, Сариосиё ва Шӯриён бозорҳои нав кушода шуданд.Калонтарин бозорҳои ин минтақа бозори Қаратоғ ва Душанбеву Ҳисор буд.

Муҳоҷират. Дар водии Ҳисор ба ғайр аз мардуми таҳҷоӣ, ки нуфузи аксариятро ташкил мекунад, дигар қавму миллатҳои гуногунзабон истиқомат мекунанд. То ҳол таҳқиқотчиён ба омӯхтани таърих ва сабабҳои сокиншавии онҳо дар ин водӣ машғул нашудаанд. Дар адабиёти мавҷуда танҳо баъзе деҳаҳое номбар шудаанд, ки одамони беруна ба он ҷойҳо муқим гаштаанд. Аммо мо намедонем, ки ин протсесс кадом сол ё аср сурат гирифтааст.

Як қисми муҳоҷирони ба деҳоти Ҳисори Шодмон омада, бо сокинони таҳҷоӣ омехта шудаанд. Ин ҳолат дар он вақт рух доданаш мумкин буд, ки агар дар ҳудуди ин деҳа замини корам ва оби нӯшокиву об барои зироат фаровон бошад. Ғайр аз ин дар ҳудуди деҳаҳои мавҷуда дар он сурат сокин шудан мумкин, ки шумораи аз зодгоҳ маҳрум шуда омадагон зиёд набошад, то ки барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҳаддалимкон камтар масолеҳ сарф шавад.

Дар он ҳолате, ки муҳоҷирон миқдоран зиёд буда, дар ҳудуди як ё ду деҳа имконияти сокин шудан надоштанд, дар заминҳои холӣ , бесоҳиб ё дур аз марказҳои маъмурӣ, дар доманакӯҳҳоттсокин шуда, номи деҳаи худро ба деҳаи навбунёд мегузоштанд. Ин як рамзе буд , ки номи ватани аслии худро барои наслҳои оянда нигоҳ доранд ва пойи худро аз таърихи гузашта накананд. Ин навъ деҳаҳо дар тобеоти бекигарии Ҳисор зиёд аст. Масалан деҳаи Теппаи Самарқанд дар қисмати шимолу шарқии Душанбе, деҳаи Камодон дар назди Зиддӣ.

Далелҳои фавқуззикр чунин маънӣ надорад, ки мардуми шаҳру ноҳияҳои гуногун дар водии Ҳисор сокин мешуданд. Вазъи душвори зиндагии ҳамсоягон барои ҳисориён хос буд, онҳо ҳам мисли дигарон ҷалои ватан шуда, ба ҷойҳои дурдаст мерафтанд ва ба худ бошишгоҳ ҳозир менамуданд. Дар водии Ҳисор , ба ғайр аз тоҷикон, ҳиндуҳо, туркҳо, лақай, қунғурот, ӯзбекҳо ва дигар қавму миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо бо сабабҳои гуногун ба ин марз сокин шудаанд ё худ таҳҷоӣ мебошанд. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки кадоме аз онҳо бештар ва пештар ба ин ҷойҳо омаданд.Ба ин кор зарурате ҳам нест, мигратсия, яъне ҳиҷрати як мардум аз як ҷой ба ҷои дигар, дар ҳамаи асрҳо ҷой дошт ва ҳоло ҳам ҷой дорад. Мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди ин ҳол гардидем. Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани гурезаҳои худ тадбирҳои муфид андешида, корҳои амалиро низ анҷом дод. Чунин ғамхориро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқдом гирифт, дар суханрониаш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худамро ором ҳис намекунам. Чунин иқдом ва ғамхориро дар ҳеҷ давру замон ҳеҷ кас ва ҳеҷ сарвар накарда буд. Албатта ҳамаи тадбирҳои андешида, ёрии амалии ташкилотҳои расмӣ, байналхалқӣ, дохилӣ ва ҳоказо самара мебахшанд. Вале на ба он дараҷае, ки ҳамаи гурезагон баргардонида шаванд. Ин ҳукми таърих аст ва айёми гузашта борҳо собит намуд, ки албатта як идда одамон бо сабабҳо гуногун баргашта наметавонанд ва бо ҳазор машаққат бошад ҳам, иҷборан марзи бегонаро макони доимии худ қарор медиҳанд.

Ҳунармандӣ. Дӯконҳои косибон дар пойтахти Ҳисори Шодмон ва шаҳрҳои тобеъи он Қаратоғу Душанбе бештар буд. Доир ба косибию ҳунармандии мардуми Ҳисор дар асрҳое, ки мавзӯъи таҳқиқоти мо гашт, маълумоти кофӣ боқӣ намондааст. Косибию ҳунармандӣ дар Ҳисору Қаратоғ чандин асрҳо вуҷуд дошта, мавзӯъи кори таҳқиқотчиён гаштааст.

Бофандагӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ниҳоят ривоҷ ёфта, яке аз ҷузъҳои асосии косибӣ ба шумор мерафт. Ба ин ҳунар бештар мардҳо шуғл доштанд, занҳо корҳои ёрирасон, ресмонресиро ба ӯҳда доштанд.Ба фикри Н.Н. Ершов, ин ҳунар аз ибтидои бунёд гардидани Қаратоғ ҷорӣ буда, бештар баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ шудани бекии Ҳисор интишор ва ривоҷ ёфт.Чунки бозори бофандагон вусъат ёфта, барои бофандагон овардани моли хом осонтар гардид. Матоъи асосии истеҳсоли бофандагон газворҳои пахтагин буд, гоҳо ба риштаҳои пахтагин торҳои абрешимӣ илова мекарданд. Аз ин навъ матоъи тайёршуда ҷомаи дуккӣ ва ҷелак медӯхтанд. Маҳсули кори бофандагони водии Ҳисор махсус алоча ё абри Қаратоғ ба ҷойҳои дур мерафт ва яке аз манбаи муҳими даромади косибон буд. Аз паси касби бофандагӣ дигар ҳунарҳо низ ривоҷ меёфтанд-кӯкчӣ, устои рангрез, устои кабудгар ва ҳоказо. Ба шарофати касби бофандагӣ дуредгарони моҳире амал мекарданд, ки онҳо дӯконҳои бофандагӣ омода месохтанд.

Кулолгарӣ пешаи қадимаи тоҷикон мебошад. Тибқи мушоҳидаи мутахассисон бо ин касб ҳам мардон, ҳам занони ҳунарманд шуғл доштанд. Мардҳо аз дастгоҳи чархӣ истифода мебурданд, занҳо бошанд ҳамаи корро барои сохтани асбобҳои гилин, дастӣ иҷро мекарданд. Кулолгарони Қаратоғ барои пухтани маҳсули гилини худ аз ду намуд хумдон истифода мебурданд. Хумдон барои пухтани асбобҳои калон, ки зарф ном дошт. Ин қабил хумдонро “хумдони кӯза”номидаанд, ҳаҷман ин намуд хумдон калон аст ва пухтани он ҳезуми зиёдро талаб мекард. Дигар намуди хумдон ҳаҷман хурдтар буда, хумдони “косаву табақ” номида мешуд, аз номи хумдон маълум, ки ин гуна зарфҳо дар он пухта мешуданд.Баъзан ин намуд хумдонҳо иборат аз ду ошёна сохта мешуданд, яъне раф доштанд. Дар замонҳои пеш хумдони боз ҳам калонтар барои пухтани хумҳо сохта мешуд. Хум барои нигоҳ доштани об, озуқа ва дигар эҳтиёҷоти сокинон ва ҳунармандон ба кор мерафт. Вақтҳои охир эҳтиёҷ ба истифодаи хум намонд ва хумдонҳои калон барои онҳо сохта намешавад.

Оҳангарони Қаратоғ дар гузашта обрӯи калонро соҳиб буданд. Як замон дар ин ҷо 32- нафар оҳангар меҳнат мекард, дӯконҳои онҳо дар бозори оҳангарии соҳили чапи дарё воқеъ буд. Аз рӯи маҳсулоти мекардагиашон оҳангарон ба номҳои мушаххаси ин касби пуршараф сазовор мешуданд. Масалан: устои наългар, кордсоз, белу каландсоз, дегрез, мехчагар ва ғайраҳо. Дегрезҳо ҳамчунин оҳани ҷуфт месохтанд.

Устоҳои оҳангари Қаратоғ натанҳо бо асбобҳои номбурда, балки бо сохтани корду шамшерҳои пулодӣ, ки бо номи шамшери димишқӣ ё ҷавҳардор маъруф аст, ном бароварда буданд. Сайёҳони асри XIX ба корду шамшери устоҳои Қаратоғ баҳои сазовор дода, қайд карданд,ки ин қабил маҳсулот натанҳо дар Осиёи Миёна талабгорону ҳаводорони худро дошт, балки дар дигар давлатҳо Эрон, Арабистони Саудӣ ва Туркия паҳн шуда, аз будаш бо нархи се-чор карат баландтар ба фӯруш мерафт. Дастаи шамшери бо тиллову нуқра минокорӣ шуда ҳатто мутахассисони давлати тавонои асри XIX Англияро ба ҳайрат овардааст.

Як соҳаи ниёзи ҳаррӯзаи мардум дӯхтани пойафзоли гуногун-мӯза, маҳсӣ, кафш, хомак, мӯкӣ ва амсоли инҳо буд. Маълумотҳои ба даст омада шаҳодат медиҳанд, ки дар гузашта устохонаи мӯзадӯзӣ аз устохонаҳои оҳангарӣ кам набуд. Онҳо бо маҳсули худ натанҳо мардуми шаҳр, балки деҳотиёни дурдаст-зану мард ва кӯдаконро таъмин мекарданд. Барои истеҳсоли маснуоти номбурда ашёи хом-чарм кифоя мекард, чунки дар мулки Ҳисор чорводорӣ соҳаи асосии кишоварзӣбуд. Мӯзадӯзон бо оҳангарон низ робита доштанд, бе даравшу сӯзан, болғачаву амбур ва асбобҳои дигар кори мӯзадӯзон пеш намерафт.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.