Главная / Фанни Таърихи точикон / Шахсиятхои таърихии Хисори Шодмон

Шахсиятхои таърихии Хисори Шодмон

Сарзамини зархези Ҳисор на фақат аз лиҳози сарвату самараи баландаш, балки аз ҷиҳати ба оламиён эҳдо намудани шуарову фузало ва соири ҳунармандони мумтози худ шӯҳрат пайдо кардааст.

Яке аз олимони гумноми асрҳои XIV ва XV Ҳисор Абдулазиз мулақаб ба Муҳйи ал-Ҳисори. Ӯ соли 1418 асари 12-ҷилдаи худ “Сийар ан-набӣ”-ро навиштааст.

Шахси маъруф, донишманд, муаррих, арбоби давлатии асри XVII водии Ҳисор Хоҷа Самандари Тирмизӣ буд, тибқи маълумотҳо, зодгоҳи ӯ Хонақоҳ муайян шудааст.Хоҷа Самандар умри дароз дидааст, ӯ муаллифи якчанд асар, аз ҷумла асари маъруф “Дастур- ал- мулук” буд.Хоҷа Самандар ба сулолаи аштархонӣ, ба хонҳои Бухоро Абдулазизхон ва Субҳонқулихон наздики дошта, ҳамроҳи онҳо ба якчанд юришҳои алайҳи Хоразм ва Балх иштирок дошт. Солҳои 80-уми асри XVII Хоҷа Самандар ду маротиба ба вазифаи раиси шаҳри Насаф таъин шуда, ба унвони фахрии “Риёсатпаноҳ” мушараф гаштааст.

Яке аз шахсони номдори водии Ҳисор Мулло Абдуллои Ҳисорӣ ном дошт. Мулло Абдулло аз он касоне буд, ки ҳунари хатотони бузурги асрҳои гузаштаро идома дода дар қитъанависӣ ном баровардааст. Ӯ дар дарбори беки Ҳисор хизмат карда, аксар нишони бекро ба номи амири Бухоро ва дигар ҳокимон менавишт.

Холиси Ҳисорӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ҳаёт ба сар бурдааст. Якчанд шеъри ӯ дар баёзе сабт гаштааст.Ин китоб ҳоло дар осорхонаи ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Ҳуқанд маҳфуз аст.Аз маҳсули қалами Холис пайхас мешавад, ки ӯ шоири касбӣ набуда, балки мударрис, хаттот ё соҳиби пешаи дигар аст.Ба гуфтани шеър мароқ ва иштиёқ дорад, аз мазмуни ишқӣ дида, мазмуни иҷтимоии шеъраш бештар ва рӯшантар аст.

Мавлоно Яъқуби Чархӣ, дар асл аз Чарх будаанд, ки яке аз деҳаҳои Ғазнин аст. Ва аз асҳоби Хоҷа Алоуддини Атторанд ва ҷаноби Махдумӣ ба сӯҳбати эшон расидаанд.Ҳазрати Мавлоно нимаи дуюми асри XV дар деҳаи Чархи назди шаҳри Ғазнини Афғонистон чашм ба дунё кушода, дар ҳудуди деҳаи Балағмуи канори Душанбе соли 1446 ё 1447 бо олами ҳастӣ падруд гуфта, дар ҳамин ҷо мадфун аст. Ин деҳа алҳол номи Ҳазрати Мавлоноро дорад ва ба шарофати ин марди бузургвор дар ақсои олам мунташир гашт. Яъқуби ҷавон маълумоти ибтидоиро дар назди падари мӯътабараш , ки марди тақводор буд, мегирад. Сипас бо мақсади такмили дониш бо фотиҳаи падар аз Чарх баромада, азми сафар менамояд ва дар шаҳрҳои мухталиф маъвои иқомат ихтиёр мекунад, то вақте ки ба шаҳри дар он замон шӯҳратманди Ҳирот омада, қарор мегирад.
Дар асри XV шаҳри Ҳирот яке аз марказҳои илму фарҳанг ва маскани шахсони соҳибмаърифат буд. Яъқуби Чархи ба ин шаҳр меояд ва аз ссуҳбати бузургони ин макон баҳравар гашта, таълим мегирад. Баъд ӯ ба Миср рафта таҳсилро давом медиҳад.

Лақаб ё номи дуюми Яъқуби Чархи –“Мавлоно”аз аҳли уламо ва донишманди бузург будани ӯ шаҳодат медиҳад. Ин унвони ифтихори дар гузашта ба он шахс дода мешуд, ки ӯ донандаи илмҳои замони худ бошад. Мавлоно таҷассум ва ифодакунандаи мартабаи баланд ва сифати олии шоиру носир ва уламои барҷаста мебошад.

Мавлоно Яъқуби Чархӣ принсипҳои асосии силсилаи нақшабандияро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекард. Ӯ мисли дигар машоихи нақшабандия таълим медод, ки сӯфӣ бояд аз ҷамъият ва мардум гӯшагирӣ накунад ва василаи зиндагии худро ба меҳнати ҳалол ба даст орад. Аз рӯи тадқиқот файласуфони тоҷик Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар таърихи нақшабандия ҳамчун марди заҳматкаш, кишоварз тасвир ёфта, дар поя ва мақоми баланди равия қарор дорад. Ӯ асбоби зиндагиашро бо кору заҳмати ҳалоли пайдо мекард.

Дар нимаи дуюми асри XV ва нимаи аввали асри XVI, яке аз донишмандони мулки Ҳисор,ки Мавлоно Дарвеш Муҳаммади Қаратоғӣ ном дошт, ҳаёт ба сар бурдааст. Мирзо Муҳаммад Ҳайдар дар асари маъруфи худ “Таърихи Рашидӣ” дар ҳаққи ин шахс суханони нек гуфта, баъзе маълумотҳо овардааст. Ӯ навиштааст, ки Мавлоно Дарвеш Муҳаммади Қаратоғӣ муллозими Махдумӣ Хоҷа Муҳаммад Юсуф буд. Ин шахс аз авлоди Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ буда, номи пурраи авлодаш дар таърихи номбурда чунин зикр ёфтааст: Хоҷа Муҳаммад Юсуф писари Хоҷа Муҳаммад Абдулло писари Хоҷа Носираддин Убайдуллоҳ.

Дар Ҳисор олимони соҳаи дини ислом кам набуданд. Яке аз онҳо Мулло Ёрмуҳаммади Ҳисорӣ ал-Бухорӣ буд. Аз рӯи ном маълум мешавад, ки ӯ аз Ҳисор буда, дар пойтахти давлати Аштархониён шаҳри Бухоро низ истиқомат ва ба илм шуғл доштааст. Аз ҳамин сабаб Бухоро нисбаи дуюми ӯ гаштааст.

Бино ба маълумоти академик Аҳрор Мухторов, яке аз равшанфикрони Ҳисор Сулаймонхоҷаи Ҳисорӣ марди донишманде буд, ки берун аз ватани худ обрӯю эътибори зиёд дошт. Дар ибтидои асри XX дар шаҳри Кобул ӯ вазифаи муҳтаҳсиббоширо бар ӯҳда доштааст. Дар пойтахти Афғонистон, дар ҳузури подшоҳи ин мамлакат ва ашрофи он чунон шӯҳрат пайдо карда будааст, ки ӯро аз Кобул ба шаҳри Мазори Шариф равон намуда, ду вазифаи ниҳоят баланд ва масъулро ба зимааш гузоштаанд. Ин, албатта, ба марди донишманд будани ӯ далолат мекунад. Сайёҳ, ҷуғрофиёшиноси бухороӣ–Мирзо Сироҷиддинҳоҷӣ як шаб меҳмони Сулаймонхоҷаи Ҳисорӣ шудааст.Вай дар сафарномааш навиштааст, ки Сулаймонхоҷаи Ҳисорӣ ҳам муҳтасиб ва ҳам раисул-исломи шаҳри Мазори Шариф таъйин шуда буд. Ин гуфта далолат бар он мекунад, ки дар ин сарзамин шахсони бомаърифат кам набуданд. Аз давраҳои қадим то охири солҳои ҳукумронии бекҳои Ҳисор дар ин мулк мактабу мадрасаҳо амал намуда, мардони зиёди соҳибилм ҳаёт ба сар мебурданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *