Сиёсати дохилии Олмон дар давраи хукмронии фашистон

    Режими дар Олмон амалкунанда ба дарачаи сиёсати давлатии терори оммави асос ёфта буд. Ин режим на танхо бо максади махви душманони сиёси, балки бо максади зери тарсу харос нигох доштани ахоли истифода мегардид. Органи асосии чазодихандаю назоратии натсисти  отрядхои бехатарии (СС) буданд, ки ба онхо Генрих Гиммлер (1900-1945) рохбари мекард.

   Ин отрядхо миёнахои солхои 20-ум хамчун мухофизони шахсии Гитлер таъсис ёфта. Дертар ба апарати  асосии терористии давлати натсисти табдил ёфтанд. Соли 1933 сафхои СС аз 50 хазор нафар одам иборат буд. Соли 1940 шумораи аскарони СС ба 240 хазор нафар расид ва он ба шаклхо ва двизияхои алохида таксим мегардид.

   Ба ухдадорихои отрядхои СС-таъкиб, кушторхои оммави ва нобуд кардани одамон дар камерахои гази дохил мегардид.

   Ба кисмхои таркибии СС политсияи махфи (гестапо) ва органи бехтарини сарфармондех (рейхсфюрер)-СД дохил мегардиданд. Вазифаи онхо назорати пурра аз болои ахолии Олмон ва мамлакатхои истилохшуда буд.

   Вазифаи дигари гестапо ва СД саросар кир кардани ахолии яхудитабор буд.

   Барои ба таври оммави кир кардани “душманони рейх” (озодфикрон, намояндагони ташкилотхои демократи, асирони харби) лагерхои махсуси консентратсиони-“лагерхои марг” сохта шуданд, ки шумораи онхо 15-то буд. Дар ин лагерхо 10 млн нафар одам нобуд карда шудааст. Аввалин лагери консентратсиони (конслагер) дар Бухенвалд, наздикии ш.Веймар (ватани Шиллер ва Тете) соли 1933 бино гардид. Конслагери дуюм –дар Дахау с.1934 сохта шуд.

   Дар камерахо ва крематорияхои Бухенвалд дар давоми 12-соли мавчудияташ 1млну 350 хазор нафар ва дар Дахау-1млну 200 хазор нафар одамон нобуд карда шуданд.

  Яке аз ичрокунандагони барномаи нобудсозии яхудиён группенфюрери СС Карл Франк буд, ки соли 1946 бо карори суди Нюренберг, хамчун чинояткори харби ба катл хукм карда шудааст. Дар натичаи ичрои ин барнома дар аврупо 6 млн нафар яхудиён ба катл расонида шудаанд.

   Худи Карл Франк дар суд икрор шуда гуфта буд:”Хазорсолахо мегузаранд, аммо ин гунохи Олмон шуста намешавад”.

   Режими натсисти боз як чинояти дигар, бо ном “куштор аз дилсузи”-ро ба рох монда буд (убийство из милосердия). Норасоии хуроквориро бахона карда Гитлер фармон дод, ки хамаи беморон ва муйсафедоне, ки  аз ухдаи самаранок кор кардан намебароянд, хамчунин шахсоне ки дар беморхонахои касалии рухи табобат мегиранд, нобуд карда шаванд. Хамаи онхо ба конслагерхо фиристода, нобуд карда шуданд. Бо ин рох 275 хазор нафар немисхо нобуд карда шуданд.

   Хама гуна режимхои тоталитари идеологияи худро коркард мекунанд, ки дар асоси он фаъолияти худро асоснок намоянд. Идеологияи натсисти хеле пештар аз ба сари кудрат омадани Гитлер ташаккул ёфта буд. Идеологияи натсистиро Гитлер дар китоби худ “Mein Kamnf” (“Муборизаи Ман”) асоснок кардааст. Идеияи асосии натсизм дар фазои хаёти барои халки немис ба хар восита, аз чумла ба чангхо ва чиноятхо мебошад. Немисхо нажоди оли гардидаанд, ки онхо бояд натанхо дар Аврупо, балки дар чахон хукмрон бошанд.

   Таргиботи идеологияи натсионал-сотсиалисти оммахои васеъи халки немисро фаро гирифт. Дар оташи гулхани калон дар майдони Операи Берлин донишчуён хазорон китобхои адабиёти классикии чахонро сузониданд.Китобхои Гёте ва Гейне, Шекспир ва Томмас Манн, Волтер ва Руссо сузонида шуданд. Дар тамоми олмон асархои нависандагон ва олимони прогрессиви сузонида шуданд. Аз мамлакат 5 хазор нафар олимон, адибон, рассомон ва хунармандон ронда шуданд.

   Матбуот, радио, театрхо, индустрияи кино ба зери назорати вазорати ахбор гузошт, ки ба он Геббелс(1897-1945) рохбари мекард. Хамаи мактабхо ва донишгоххи харби гардонида шуданд. Дар мамлакат таблиготи васеи чанг ва галаба ба рох монда шуд. Дар бачагони хурдсол рухияи “чахонбинии нажоди” ва “нажоди боло будан” тарбия карда мешуд.

   Бо фармони Гитлер тамоми чавонони немис ба ташкилоти “Гитлерюгенд” муттахид карда шуданд.

test

Добавить комментарий