Маданияти халқи тоҷик дар асрҳои XIX ва авали асри XX

 

Халқи тоҷик дар асри XIXибтидои асри XX дар давлатҳои аморати Бухоро, хонигариҳои Қўқанд ва Хева зиндаги мекарданд. Дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон бекигарию шоҳигариҳо мавҷуд буданд, киҳар яки онҳо то метавонистанд соҳибистиқлолии худро нигоҳ медоштанд.

Дар солҳои 1864-1895 Осиёи  Марказиро Руссия забт карда, дар сарзамин  ишғолкарда вилояти ( губернияи) Туркистонро ташкил намуд. Вилояти Суғди имрўза ва Бадахшони Шарқӣ ба ҳайати Руссия, қисмҳои дигари Тоҷикситони имрўза ба аморати Бухоро дохил мешуданд. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳамчун давлати ниммустамликаиРуссия боқӣ монданд. Тоҷикони Хуросон дар ҳайати давлати Авғонистон буданд. Ҳайати тоҷикони ин давра дар асри Мансур Бобохонов.Таърихи тоҷикони ҷаҳон хеле хуб тасвир ёйфтааст.

Дар байни давлатҳои номбурда барои забт кардани заминҳои ҳамдигар доимо ҷангу низоъҳо бамамл меомад, ки он ба инкишофи илму фарҳанг роҳ намедод. Ба ғайр аз ин парокандагии феодалӣ, суст шудани алоқаи фарҳангии байни сарзаминхои тоҷикон, бефарҳангӣ ва пастфитратии ҳокимони замон сади роҳи инкишофи илму фарҳанг шуданд. Бо ин сабабҳо фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои XIX ибтидои асри XX хеле суст шуд.

Дар асри XIX ва ибтидои асри XX шаҳрҳои тоҷикнишин ба монанди Бухоро, Самарқанд, Хўҷанд, Истаравшан Қўқанд, Ҳисор , Кўлоб ва дигарҳо дар ҳолати харобӣ буданд.Дар шаҳрҳо бештар мардуми аҳли савдо, боҳо ва ҳунарамандон зиндагӣ мекарданд.Соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд буд. Ҳунармандон рисолаи косибии худро доштанд.

Ҳунармандони халқӣ дар шаҳрхо гузарҳои худро доштанд. Гузари кулолкарон, заргарон, чармгарон, челонгарон, мисгарон ва монанди инҳо буданд.

Дар ибтидои асри XIX санъати наққошӣ хеле суст шуда буд.Ин санъат дар натиҷаи инкишофи муносибатхои иқтисодию тиҷоратии охири асри XIX ва ибтидои асриXX авч гирифт. Дарисохтмони биноҳо наққошон нусхаҳои гуногуни нақш ба монанди ҷавак, секунҷа, мадохил, гиреҳ, ситораҳои бисеркунҷа, чоркалид, морпеч, нақшҳои анор, лола, гулҳои дигар, баргҳо, маҷнунбед, анҷир, ангур тасвир ва ё кандакорӣ мекарданд. Санъати наққоширо дар води Зрафшон, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ҳисор, Кўлоб, Дарвоз, Бадахшон низ истифода мебурданд.. Дар сохтмони биноҳо устоҳои номиро аз шаҳрҳои марказӣ даъват мекарданд.

Дар асрҳои XIX  ва ибтидои XX саъати заргарӣ аз тилло, нуқра, ва сангҳои қиматбаҳо дар Бухоро, самарқанд, Хўҷанд, Истаравшан, Ҳисор мавҷуд буданд.

Дар ин давра ҳунари бофандагӣ нисбат ба дигар ҳунарҳо маъмултар буд. Вале онро дар ибтидои асри XX саноати бофандагии Руссия то андозае танг кард.

Санъати кандакорӣ дар чўбу гаҷ низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Аз санъати меъмории асри XIX   ибтидои асри XX Арки амирони Бухоро яке аз ёдгорихои барҷаста буда , дар дохили он биноҳои истиқоматӣ, заробхона, заргар, маҳкамаи қўшбегӣ, зиндон, ҳарам, саломхона, хазинаи амир, масҷиди ҷомеъа ва дигарҳо маҷуд буданд.Қасри дигари бошукўҳи ин давра Ситораю моҳи хоса мебошад, ки 3 км берун аз Бухоро мавҷуд аст. Онро дар солҳои 1856-1910 сохтаанд. Ин бино аз санги мармари сафед бо истифодабарии санъати гаҷкорӣ кандакорӣ ва дигар намудҳои санъати меъмрӣ сохта шудааст, ки ҳоло осорхонаи таърихӣ-кишварсиносии вилояти Бухоро мебошад.

Дар қаламрави аморати Бухоро корвонсаройҳо мавҷуд буданд. Корвонсарои Ҳисор ёдгории асрҳои XIX ва ибтидои асри XX  буда дар қисми шимолии қалъаи Ҳисор воқеъ буд. Корвонсарой шакли чокуҷаи 51,5х 34,5 метрро ташкил медод. Вай 36  ҳуҷраи аз хиштҳои пухта сохта шуда дошт, ки то соли 1930 амал мекард. Зиёд шудани техникаи боркашӣ корвонсаройҳоро аз байн бурд.

Дар асрҳои XIX  ибтидои асри XX мактаб ва мадрасаҳои зиёде мавҷуд буданд.Дар мактабҳо таълим бо тарзи омўхтани алифбои арабӣ, ки дар болои тахтача навишта шуда буд, сар мешуд. Сипас ба хондани Чор китоб, девони хоҷа Хофиз ва ниҳоятмактабро бо бедилхонӣ хам мекарданд.

 

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.