ТАСНИФОТИ ФУНКСИОНАЛИ ЗАБОНХО

2.Таснифоти функсионалии забонҳо
Таснифоти функсионалии забонҳо аз рӯи маъёрҳои мухталиф сурат мегирад. Асосан, аз рўи меъёрҳои зерин дар ин таснифот забонҳо гурўҳбанди мешаванд:
Робитаи забон ба умумияти этникие, ки он забон ба он мансуб аст.
Вазифае, ки забон дар ҷомеа иҷро мекунад.
Густариши забон берун аз њудуди соҳибзабонон.
Аз рўи мансубияти забон ба умумияти этникӣ забонҳо се хел мешаванд: забони қабила, заболи халқият ва забони миллӣ.
Муайян намудани вазифаҳои забон дар ҷомеа боиси ҷудо намудани услубҳои забон ва вазифаҳои махсуси забонҳои адабию соҳибхат мегардад. Пайдоиши забон ба меҳнати якҷояи одамон дар ҷомеа алоқаманд аст.
Ҳангоми ташаккул ёфтани забонҳои халқиятҳо ва забонҳои миллии дорои шакли адабию хатти ҳар як забон соҳаҳои бештари муоширатро таъмин менамояд, вазифақояш зиёд мешаванд, ки ин боиси махсусгардонии вазифаи забонҳои алоҳида ва пайдоиши услубҳои забон мегардад.
Дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ ва феъодалӣ динҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии халқњо нақши муҳим доштанд. Баъзе динҳо дар кишварњои зиёд паҳн гашта, ба динҳои ҷаҳони табдил ёфтанд: динҳои буддои, насронӣ ва ислом. Густариши дини буддои забони санскритро ба забони расми дини буддои ва равнақ ёфтану густариши дини ислом забони арабиро ба забони расмии дини ислом табдил доданд.Ташаккули ду мазҳаби дини насрони дар Аврупо- дар ғарби Аврупо мазњаби католикӣ ва дар шарқи Аврупо мазҳаби православи ва дар соли 1054 чудо шудани дини насронӣ ба ду шоха- католисизми ғарбӣ православянии шарқӣ боиси муқаррар намудани мақоми динии ду забон: забони лотинӣ ва славянӣ (забони славянии динӣ) гардид.
Ҳангоми ташаккул ёфтани миллатњо забонњои дини мақоми худро аз даст медиҳанд, аммо таъсири онњо дар забонҳои адабии муосир боқи мемонад. Аз ин нуқтаи назар пайдоиши забони урду ҷолиби диққат аст.Грамматикаи ин забон монанди забони ҳинду аст, вале таркиби луғавиаш бештар аз калимаҳои арабӣ ва форсӣ иборат аст. Алифбояш арибиасос. Ин забон пас аз забти Ҳиндустон дар асрҳои XIII-XIV аз тарафи мусулмонон ташаккул ёфтааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.