Таснифоти типологии забонҳо

Таснифоти типологии забонҳо.
Мақсадки таснифоти типологии забонҳо аз муайян намудани навъи забон аз рўи сохтори грамматикии он иборат аст. Навъи типологии забон аз рўи шаклдигаркунии калимаҳо, калимасози  ва синтаксис муайян карда мешавад.
Забонҳои дунё, аз як тараф, агар шаклан мухталиф бошанд, аз тарафи дигар бисёр умумиятҳо дар сохтори онҳо ба назар мерасанд.
Бештар аз ҳама дар забоншиноси аз таснифоти морфологии забонҳо истифода мебаранд, зеро системаи морфологии забонҳо қабати устувортарини забон ба шумор меравад. Инчунин навъҳои морфологии забонҳо чандон зиёд нест ва онҳо дорои аломатҳои устувор мебошанд, ки ба таснифоти забонҳо имконият медиҳанд.
Таснифоти морфологии забонҳо дар асоси муқобилгозории решаи калимаҳо ва аффиксҳо дар таркиби калимаҳо сурат мегирад. Дар миёнаҳои асри XIX олими забоншиноси олмонӣ А.Шлейхер мушоҳидаҳои бародарон Шлегелҳо ва В.Гумболдтро ҷамъбаст намуда, ба ин хулоса омад, ки решаи калима маънои луғавиро ифода мекунад, аффиксҳо(вандҳо) бошанд, муносибати байни калимаҳоро ифода мекунанд Вай се навъи морфологии забонҳоро эътироф мекунад: решагӣ, агглютинативӣ ва флекгивӣ. Ба ақидаи ин олим сохтори забон ду хел мешавад: аналитикӣ ва синтетикӣ. Забонҳои сохторашон бисёрсинтетикӣ, ки В. Гумбодт онҳоро ба гурўҳи алоҳида ҷудо карда буд, А. Шлейхер онҳоро ҳамчун гунаи забонҳои агглютинативи ҳисоб мекард. Ин таснифоти морфологии А. Шлейхер дар замони мо ҳам бо баъзе иловаҳо истифода мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.