Нусхаҳои хаттӣ ва марокизи нусханависӣ

Аз оғози пайдоиши хат ва китобҳои хаттӣ ба феҳрасти пешаварону ҳунармандон боз як унвоне бо номи нусханавис ё котиб ҳамроҳ шуд. Зоҳиран дар оғози ҳол аҳли ин ҳирфа ба танҳоӣ ё бо кумаки шогирдон кори нусханависиро пеш мебурданд. Дар дарбори Ҳахоманишиён ва Ашкониёну Сосониён муншиёне фаъолият доштанд, ки номаҳои подшоҳон ва арбоби давлатро китобат мекарданд. Аммо аз кори муншиёни он рӯзгор ба ҷуз ахбори парешониттилооти мустанаде дар ихтиёр надорем.

Бо оғози тамаддуни исломӣ ва тамаркуз пайдо кардани хилофат дар пайравӣ ба анъанаҳои дерини девондории мардуми эронинажод ва чиниҳову юнониҳо аввалин дафтархонаҳои ҳукуматӣ ба роҳ монда шуданд, ки дар он номаҳову санадҳо ва рисолаҳову китобҳо навишта мешуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки бештарини котибон ва дабирон эронинажод буданд ва анъанаҳои дерини дафтардорӣ ва китобатро чун мероси ниёгони худ гиромӣ медоштанд ва дар фарҳанги арабӣ ҷорӣ мекарданд. Маъруфтарин муншиёни аслашон эронӣ Абдулҳамиди Котиб ва Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дар ривоҷи фанни номанигорӣ ва хушнависӣ хидматҳои зиёд анҷом додаанд.

Абдулҳамиди Котиб таъкид мекард, ки нусханавис бояд бо чандин фасилат ороста гардад, то ки нигоштаҳои ӯ матлуб ва мақбули аҳли назар дониста шаванд. Аз ҷумла, ӯ чунин навиштааст: «Дабир бояд дар ҳар навъи маърифату дониш назар андозад ва ё бар он тасаллут ёбад, ё он қадр, ки басанда бошад, аз он бигирад. Котиб бояд таколифи диниро бидонад, нахуст, «Қуръон»-ро бишносад, он гоҳ ба омӯхтани забони арабӣ бипардозад. Сипас, дар хушнависӣ, ки ородиҳандаи навиштаҳои котибон аст, маҳорат ёбад, ба омӯхтани шеър, гуфтори нодир ва мафоҳими онҳо бипардозад ва он чи ба китобат вобаста аст ва муҷиби беҳбудии кори котиб мешавад, биёмузад».

Бино ба иттиллои сарчашмаҳо аввалин марказҳои нусханависӣ дар дарбори Валид ибни Абдумалики уммавӣ ва халифа Ҳорунаррашиди аббосӣ таъсис ёфта буд.

Ибни Надим дар «Алфеҳраст»-и худ ёдовар шудааст, ки Валид ибни Абдумалик муҳаббату алоқаи зиёде ба китобат дошт ва хушнависони зиёдеро фароҳам оварда, китобҳои осори гуногунро аз ҷумлаи китобҳои тиб, нуҷум, риёзиёт, кимиё, дорушиносӣ супориш мекард. Дар аҳди ӯ китобхонаи бонуфуз бунёд гардид.

Яке аз давраҳои авҷи хушнависӣ ва ривоҷи китобдорӣ ба аҳди халифаи Аббосӣ Ҳорунаррашид мутобиқ омад. Маҳз дар ҳамин давра бузургтарин маркази илмӣ ва китобдорӣ бо номи «Байтулҳикма» таъсис ёфт.

Теъдоди китобҳои «Байтулҳикма» то асри XIX мондаанд ва ба шарофати онҳо мо исми баъзе хушнависони аҳди аббосиро шинохтем. Ҳусайн ибни Исҳоқ ва Аллон Шуубӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Ибни Усайба дар бораи нусхаи хаттии мансуб ба замони Маъмун чунин навиштааст: «Дар ҳавошии онҳо ба забони юнонӣ ва ба хати Ҳунайн ибни Исҳоқ матолибе дарҷ буд ва нишонаҳое доштанд, ки нисбати мулкии ӯро ба Маъмун равшан мекарданд».

Дар давраи тиллоии фарҳанги тоҷику эронӣ – аҳди Сомониён марказҳои муҳими китобдорӣ ва нусханависӣ ба вуҷуд омаданд. Мо бояд дар назар дошта бошем, ки мароҳили оғозини нусханависии форсӣ дар аҳди Тоҳириёну Саффориён зоҳир гашта, давраи дурахшони ин фанро дар замони Сомониён заминасозӣ карда буд.

Дар замони Сомониён рӯзгор ба сар бурдани котибон, хушнависон ва варроқони зиёде маъмул аст.

Бо заҳмати ин гурӯҳи хушқаламон китобхонаи маъруфи Сомониён, ки Абӯалии Сино аз ганҷинаи он истифода карда буд, бунёд ёфтааст. Асноде, ки дар бораи ривоҷи тарҷумаи китобҳои паҳлавӣ, юнонӣ ва арабӣ дар замони Сомониён боқи мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки нусханависию китобат ривоҷи чашмгире доштааст. Зоҳиран аввалин падидаҳои нусханависии гурӯҳӣ ба забони форсӣ дар ҳамин аҳди Сомониён зуҳур кардааст. Ба забони форсӣ тарҷума шудани «Тафсири Табарӣ», ки бо фатвои уламои Мовароуннаҳр ва бо занни қавӣ бо саъю эҳтимоми донишмандон ва хушнависон сурат гирифтааст. Аз асри Сомониён номи баъзе котибон маълум аст, ки Абӯаҳмад ибни Абебакри котиб, Абуимрони Варроқи Хуҷандӣ, Абулқосими Искофӣ аз ҷумлаи онҳоянд.

Айёме, ки сипаҳсолори Хуросон Абумансур Муҳаммад Абдураззоқ ба ҷамъоварию танзими «Шоҳнома» иқдом кард, аҳли донишу китобатро бар иҷрои ин амр роғиб гардонид. Моҳпури Хуросон, Моҳуи Хуршед, Шодони Барзин ҳам матни «Шоҳнома» некӯ медонистанд, ҳам истеъдоди таснифу китобат доштанд. Дабирӣ ва хушнависӣ аз замони Сомониён ба баъд яке аз пешаҳои пурифтихор ва боиззат табдил ёфтааст. Чандин рисола дар бораи дабирӣ ва фанни китобат навишта шуданд. «Дастури дабирӣ»-и Муиниддин Муҳаммад ибни Абдухолиқи Майҳанӣ, «Тӯҳфатулмуҳиббин»-и Сироҷиддини Шерозӣ, «Атабатул катаба»-и Мунтаҷабуддини Бадеъи Ҷувайнӣ аз ҷумлаи онҳоянд.

Фанни дабирӣ ва хушнависӣ дар радифи тиб, нуҷум ва шеър ба яке аз бахшҳои муҳими ҳунару дониш бадал гардид. Аз ин ҷост, ки яке аз мақолоти «Чаҳормақола»-и низомии Арӯзии Самарқандӣ бар дабирию китобат тааллуқ дорад. Низомии Арӯзӣ қиссаву ҳикоёти ҷолибе аз рӯзгори дабироу котибон фароҳам овард.

Низомии Арӯзӣ таъкид кардааст, ки барои дабир ва котиб фароғати аҳвол ва хотири ҷамъ бисёр муҳим аст, то ки навиштаҳои ӯ саҳеҳу комил ба арз расад. Аз ин хотир ҳикояти зайлро аз рӯзгори яке аз дабирони Банӣ Аббос нақл кардааст:

Ҳар саноат, ки тааллуқ ба тафаккур дорад, соҳиби саноат бояд фориғдил ва муфарраҳ бошад, ки агар ба хилофи ин бувад, сиҳоми фикри ӯ муталошӣ шавад ва бар ҳадаф савоб ба ҷамъ наояд, зеро ки ҷуз ба ҷамъияти хотир ба чунон калимот бознатавонад хурад. Овардаанд, ки Банӣ Аббос (разияллоҳу анҳум) ба воли Миср нома менавишт ва хотир ҷамъ карда буд ва дар баҳри фикрат ғарқ шуда ва сухан мепардохт чун дурри самин ва моъи муин. Ногоҳ канизакаш даромад ва ва гуфт: «Орд намонд!»

Дабир чунон шӯридатабъ ва парешонхотир гашт, ки он сиёқати сухан аз даст бидод ва бад-он сифат мунфаил шуд, ки дар нома навишт, ки «орд намонд». Чунон ки он номаро тамом кард ва пеши халифа фиристод ва аз ин калима, ки навишта буд, ҳеҷ хабар надошт. Чун нома ба халифа расид ва мутоила кард, чун бад-он калима расид, ҳайрон фурӯ монд ва хотираш онро ба ҳеҷ ҳамл натавонист кард, ки сахт бегона буд. Кас фиристод ва дабирро бихонд ва он ҳолро аз ӯ бозпурсид. Дабир хиҷил гашт ва ба ростӣ он воқеаро дар миён ниҳод. Халифа азим аҷаб дошт ва гуфт: «Аввали ин номаро бар охир чандон фазилат ва раҷҳон аст, ки «қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро бар «таббат ядо Абелаҳаб» дареғ бошад, хотири чун шумо булағоро шумо ба дасти ғавғои мояҳтоҷ боздодан».

Вазири донишманд хоҷа Рашидаддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ дар Табрез макази бонуфузи илмӣ ва китобдорию хушнависӣ бо номи «Рабъи Рашидӣ» бунёд карда буд.

«Рабъи Рашидӣ» маркази бонуфузе гардид, ки дар он донишмандон ва хушнависон ба таълифу китобати осор пардохтанд. Бо суприши Рашидаддини Фазлуллоҳ садҳо ҷилд «Қуръон» ва китобҳои дигар нусхабардорӣ гашта, ба марокизи гуногун ва шахсони алоҳида фиристода мешуданд. Хоҷа Рашидаддин дар китобхонаи «Табъи Рашидӣ»шаст ҳазор ҷилд китоб ҷамъ оварда, садҳо нусхаи онро бо сармояи хеш аз нав китобат фармуда, барои ин марказ вақф карда буд.

Дар назди «Рабъи Рашидӣ» корхонаи коғазсозӣ, мараммати нусхаҳои фарсуда амал мекарданд. Хоҷа Рашидаддини Фазлуллоҳ беҳтарин хушнависони он аҳдро ба ҳамкорӣ даъват карда, барои рушду тақвияти ҳунари онҳо мусоидат намуд.

Китобхонаи «Рабъи Рашидӣ» феҳристи мукаммали худро дошт, ки намоянгари низоми мураттаби китобдорӣ ва нусханависӣ мебошад. Ҳамчунин гурӯҳе аз донишмандон ва хушнависон ба тасҳеҳу муқобалаи нусхаҳои хаттӣ маъмур буданд.

Боиси таассуф аст, ки баъди кушта шудани Хоҷа Рашидаддини Фазлуллоҳ кори «Рабъи Рашидӣ» аз ривоҷу равнақ бозмонд. Тадриҷан китобҳои ин марказ ба яғмо рафтанд. Теъдоде аз он нусхаҳои нодир имрӯз дар китобхонаҳои Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Россия, Фаронса, Англия, Олмон нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар асрҳои XVIIIXX ба дасти китобҷаллобон фурӯхта шудаанд.

Дар замони Темуриён наҳзати хушнависӣ ва тадвину ороиши китоб ба авҷи тараққӣ расид. Шоҳзодагони темурӣ бо мақсади касби шуҳрат ва интишори ном ба анвои ҳунарҳои нафис таваҷҷӯҳи вежа базл карданд. Ҳироту Самарқанд аз марокизи асосии таҷаммуи донишмандон, адибон, хушнависон, хаттотон, наққошон, музаҳиббон ва муншиёну воизон маҳсуб мешуданд. Ҳирот, ки тахтгоҳи давлати Темуриён буд, нуфузи аҳли донишу ҳунар он ҷо бештар эсос мешуд.

Эҳсони Ёршотир дар китоби «Шеъри форсӣ дар аҳди Шоҳрух» таъкид менамояд, ки «Мушаввиқи бузурги ҳунар дар ин аср Бойсанғур аст, ки худ хаттоту шоир ва наққош буда ва ба саховати тамом арбоби ҳунарро ҳимоят мекарда. Дигар шоҳзодагони темурӣ низ дар ин роҳ кӯшиданд. Китобҳое, ки дар дастгоҳи бойсанғурӣ истинсоху саҳҳофӣ шуд, аз ҳайси ҷилду коғаз ва буришу таҳзибу зарофат аз беҳтарин навъи худ ба шумор меравад».

Дар тарвиҷи хушнависӣ, наққошӣ ва ороиши китоб хидмати вазири донишманд Мир Алишери Навоӣ бағоят бузург аст. Навоӣ дар пайравӣ аз корҳои Хоҷа Рашидаддини Фазлуллоҳ бо таъсиси маркази бонуфузи китобдорию хушнависӣ иқдом кард. Он марказ бо номи «Ихлосияи Ҳирот» маъруф аст.

Дар «Ихлосия» китобхонаи хубу муҷаҳҳаз, хонақоҳ, ҳуҷраҳои таълимӣ, бунёди ҳифзи «Қуръон», ниҳоди хушнависон, масҷид, ҳуҷраи вежаи саҳҳофон, музаҳҳибон фаъолият доштанд.

Мир Алишери Навоӣ беҳтарин хаттотони он аҳдро дар «Ихлосия» гирд оварда, онҳоро сарпарастӣ мекард. Муддате рӯзгори Султоналии Машҳадӣ, Хоҷа Муҳаммади Ҳофиз, Султоналии Қоинӣ, Султонмуҳаммади нур, Мавлоно Абдулҷамил, ки ҷумлагӣ бо унвонҳои ифтихории «султони хаттотон», «пешвои хушнависон», «саромади котибон» ёд мешуданд, дар ҳамин марказ сипарӣ гашта, онҳо барои таърихи хушнависӣ ифтихорофаринӣ карданд.

Ошноӣ бо вежагии хушнависӣ ва ҳунари хаттотӣ имкон медиҳад, аҳли ҳирфои китобдорӣ бо такя бар ин огоҳии хеш нусхаҳои хаттии ин давраро беҳтар бишиносанд. Метавон вижагиҳои хушнависии ин давраро дар нуктаҳои зерин баррасӣ кард:

  1. Аксари кули нусхаҳои хаттии аҳди Темуриён ба хати настаълиқкитобат шуданд.
  1. Дар дастнависҳои аҳди темурӣ наққошиҳои Чин таъсири бештар дорад.
  2. Дар аҳди Темуриён ба тазҳиби китобҳо, тиллокорӣ ва нақшакашии зарҳалӣ таваҷҷӯҳи вежа мабзул гардид.
  3. Аз сабаби ривоҷи хушнависӣ ва рӯ ба густариш овардани мадрасаю мактабҳои вежаи ин ҳунар ниёз ба таълифи рисолаҳои мавсум ба «Дастури настаълиқ» ё «Дастури хушнависӣ» бештар гардид.
  4. Муҳимтарин вежагии теъдоде аз нусхаҳои хаттии замони Темуриён то андозае аз усулҳои равишманди тасҳеҳу таҳияи мутун бархурдор гаштани котибони онҳост. Ҳангоме ки аҳли дониш ва фозилони нусханавис ба таҳияи «Шоҳнома», «Хамса»-и Низомӣ, достонҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ эҳтимом варзиданд, дарёфтанд, ки нусхаҳои ҷамъоварикардаи онҳо якдаст нестанд ва дар бисёр маврид бо ҳам ихтилоф доранд. Аз ин сабаб тадриҷан ба интихоби нусхаҳои мӯътабар ва татбиқи онҳо таваҷҷӯҳ карданд. Маълум аст, ки ба дарбори Мирзо Бойсанғур Ҳофизи Абрӯ ва Шарафиддин Алии Яздӣ барин донишмандон ҳамкорӣ доштанд. Хушнависони дарбор махсусан Ҷаъфари Табрезӣ бо фазлу дониш ороста буданд. Аз ин ҷост, ки бо ташаббусу ҳиммати онҳо матни «Шоҳнома»-и Бойсанғурӣ китобат гардид.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.