Таснифоти типологии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Тафсири мафҳуми ”намуди типологии забон (типи забон)”.

2. Хусусиятҳои хоси типологияи забоншиносии муосир.

1. Тафсири мафҳуми “намуди типологии забон (типи забон)”

Яке аз мафҳумҳои асосии фанни типологияи забоншиносӣ ин намуди забон (типи забон) мебошад. Аммо шарҳи пурраи он имконнопазир аст, зеро то ҳозир дар байни забоншиносон доир ба ин масъала ақидаи ягона нест. Инчунин чунин меъёрҳое ҳам муайян нашудаанд, ки ҳамчун асоси боэътимод барои муайян намудани ин ё он намуди забон хизмат намоянд.

Барои равшанӣ андохтан ба мафҳуми “намуди забон” (типи забон) баъзе хусусиятҳоеро, ки дар забонҳо мавҷуданд, баррасӣ менамоем.

Яке аз чунин хусусиятҳои фарқкунандаи забонҳо ин таркиби калима мебошад. Дар забони русӣ бештари калимаҳо ба реша, асос, морфемаҳои калимасоз ва шаклсоз ҷудо мешаванд.Масалан, дар калимаи временной (сифат) – врем (реша), – ен (пасванди калимасоз), -н (морфемаи калимасоз), – ой (морфемаи шаклсоз). Дар забони русӣ бештар вақт (на ҳамеша) реша ҳамчун калимаи алоҳида вуҷуд надорад. Ин ҳодиса ба сифату феъл ҳам тааллуқ дорад. Масалан, решаҳои чёрн (дар калимаи чёрный) ва сид (дар калимаи сидеть) ҳамчун калимаи алоҳида вуҷуд надоранд.

Дар забонҳои дигар, масалан, забонҳои туркӣ, индонезӣ ва тоҷикӣ решаи калимаҳо дар алоҳидагӣ ҳам ҳамчун воҳиди луғавӣ (калима) вуҷуд дорад. Масалан, калимаи кор (коргар, ҳамкор) дар забони тоҷикӣ, калимаи ay (моҳ) дар забони туркӣ ва калимаи kota (шаҳр) дар забони индонезӣ ҳам решаи калима ва ҳам калимаи алоҳида шуда метавонанд: ay (моҳ), aylik(маош). Агар ба калимаи туркии okul ( мактаб) пасвандҳои шаклсозро илова намоем, мебинем, ки ҳар як пасванди ба калима пайвастшуда мустақилии онро барҳам надода, балки ба он маъноҳои нави грамматикӣ илова менамояд: okul + ler= okuller + imiz= okullerimiz + da =okullarimizda. Ба забони тоҷикӣ “дар мактабҳои мо” тарҷума мешавад.

Як хусусияти дигари фарқкунандаи забони туркӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар он аст, ки дар забони туркӣ пешвандҳо вуҷуд надоранд ва калимасозию ифодаи маъноҳои грамматикӣ бо ёрии пасвандҳо сурат мегирад. Дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад, ба ин мақсад пешвандҳо ҳам истифода бурда мешаванд.

Аз нигоҳи сохтори ҷумла бошад, дар забонҳои тоҷикӣ, туркӣ ва англисӣ як умумияте дида мешавад, ки ин ҳам бошад, устувории тартиби калима (ҷои доимии аъзои ҷумла) дар ҷумла мебошад. Дар забони аглисӣ: мубтадо + хабар + пуркунанда (S + P + O), дар забони тоҷикӣ: мубтадо + пуркунанда + хабар (S + O + P) ва дар забони туркӣ ба мисли забони тоҷикӣ аст.

Дар забони русӣ бошад, тартиби калима дар ҷумла нисбатан озод аст. Аммо бештар шакли мубтадо + хабар + пуркунанда (S + P + O) истифода мешавад. Дар баъзе услубҳои забони мазкур шаклҳои дигари тартиби калимаро истифода бурдан мумкин аст, ки ин ҳодиса дар забонҳои тоҷикӣ, туркӣ ва англисӣ дида намешавад.

Мисолҳои дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳар як забон хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки дар забонҳои дигар мушоҳида намешаванд. Ин хусусиятҳо системаи муайяни устувори забонро ташкил медиҳанд.

2. Хусусиятҳои хоси типологияи забоншиносии муосир

Дар забоншиносии муосир забон ҳамчун система эътироф шудааст, ки дар он ҳар як воҳид : фонемаҳо, морфемаҳо , калимаҳо ва ғайра дар муносибати устувори муайяни хоси он забон қарор доранд.

Сарфи назар аз ин, таҳлили сохтори забонҳо, чи забонҳои хешу чи ғайри хеш, нишон медиҳад, ки дар сохтори ҳар як забон баъзе аломатҳое мавҷуданд, ки хоси намуди дигари забонҳо мебошанд. Масалан, дар забони англисӣ, ки таърихан забони флективӣ мебошад, баъзе аломатҳое мавуданд, ки хоси забонҳои навъи агглютинативӣ мебошанд, аз ҷумла пасвандҳои шакли ҷамъсози исмҳо – es, – en, ки ба ғайр аз шумораи ҷамъ дигар ягон чизро ифода намекунанд ва ё вуҷуд надоштани категорияи грамматикии ҷинсият дар исмҳо ва алоқамандона ба он мувофиқати исмҳо, сифатҳо ва ҷонишинҳои ифодакунандаи соҳибият ( ба мисли притяжательные местоимения: мой, мая, маё ва ғайра дар забони русӣ) дар забони мазкур. Мисолҳо: англисӣ: the new town – the new towns; туркӣ: yeni šehir – yeni šehirler; тоҷикӣ: шаҳри нав – шаҳрҳои нав; русӣ: новый город – новые города.

Дар баробари ин, дар забони англисӣ тартиби калима дар ҷумла бо тартиби калима дар ҷумлаи забони чинӣ пурра мувофиқат мекунад, ки забони чинӣ забони решагӣ аст: мубтадо + хабар + пуркунанда (S + P + O).

Аз мисолҳои овардашуда маълум мешавад, ки навъи “холис”- типологии забон вуҷуд надорад. Дар сохтори ҳар як забон аломатҳои навъи дигари забонҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мансубияти ин ё он забон ба кадом навъи типологии забонҳо аз рӯи мавҷудияти аломатҳои бештаре, ки аз ҳамаи қабатҳои сохтори забон бармеоянд, муайян карда мешавад. Ин усул аз таснифоти типологии забоншиносони асри XIX бакуллӣ фарқ мекунад. Забоншиносони асри XIX забонҳоро ба чор навъ (тип) ҷудо карданд: забонҳои флективӣ, ки ба ин гурӯҳ забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил гардидаанд; забонҳои агглютинативӣ: забонҳои туркӣ, муғулӣ, забонҳои тунгусию манҷурӣ, финию угорӣ, ҷопонӣ; забонҳои решагӣ: забонҳои чинӣ, ветнамӣ, тибетӣ ва ғайра; забонҳои инкорпоративӣ ё полисинтетикӣ: забонҳои чукотию камчатӣ, забонҳои ҳиндувони америкоӣ, ба ғайр аз забонҳои кечуа ва аймара дар Перу ва Боливия, ки ба забонҳои агглютинативӣ дохил мешаванд.

Ин таснифоти типологии забонҳо дар асоси аломатҳо ва хусусиятҳои шакли калима, имконияти қабули морфемаҳои калимасозу шаклсоз сурат гирифтааст.

Дар забоншиносии муосир хусусияти типологии забон на фақат дар асоси навъи шакли калима, балки дар асоси навъи муносибатҳои калимаҳо дар ҷумла ҳам муайян карда мешавад. Ба ғайр аз ин, муайян намудани аломатҳои типологӣ дар ҳамаи қабатҳои забон сурат мегирад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4.Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английского языков, Душанбе, 1985, ст. 4-20.

5. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

6.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

1 Скачать
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.