Мафҳумҳои асосии фанни типологияи муқоисавӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1.Тафсири мафҳуми “типология”.

2.Мафҳумҳои “типи забон”(намуди забон) ва “типи забонӣ ва ё тип дар забон”.

1.Тафсири мафҳуми “типология”

Фаҳмиши мафҳуми типология аз тарафи забоншиносон як хел нест. Дар робита ба ин академик Серебреников Б. А. гуфтааст: “ … мафҳуми типология муҳтоҷи шарҳу эзоҳи возеҳ аст”. Истилоҳи “типология” аз забони юнонӣ- typos (хел, намуд) ва logos (илм, таълимот) гирифта шуда, дар забоншиносӣ ба маънои “ илм дар бораи намудҳои сохтории забонҳо” кор фармуда мешавад.

Дар илми забоншиносӣ зери мафҳуми “типология” маъниҳои зерин фаҳмида мешаванд: аввалан, типология номи илме мебошад, ки хосиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи сохтори забонҳои дунёро дар муқоиса бо ҳамдигар ошкор месозад ва аз рӯи хосиятҳои умумӣ забонҳоро гурӯҳбандӣ мекунад; дуюм, типология гуфта ҷараёни таҳқиқи қабатҳо ва ҳодисаҳои алоҳидаи забонҳо дар назар гирфта мешавад, ки он ба мақсади фаҳмидани қонуниятҳои хосса ва нишонаҳои барҷаста дар он қабати сохтори забонҳо гузаронда мешавад. Масалан, типологияи қабати овозии забонҳо ҷараёни омӯзиши хусусиятҳои қабати овозии забонҳоро мефаҳмонад; сеюм, типология гуфта маҷмӯи хосиятҳое дар назар гирфта мешаванд, ки онҳо мавқеи забони дахлдорро дар байни дигар забонҳо муайян мекунанд. Масалан, дар ибораи “типологияи забонҳои решагӣ” калимаи типология кулли хосиятҳои асосии хели мазкури забонҳоро мефаҳмонад.

Ҳамин тавр, зери мафҳуми типологияи забонҳо ҳамин се фаҳмишро бояд ҳамеша ба инобат гирифт.

2.Мафҳумҳои “типи забон”(намуди забон) ва “типи забонӣ ва ё тип дар забон”

Чунон ки маълум аст, мақсади асосии таҳқиқоти типологӣ ин аз рӯи сохтор ба хелҳо ва ё намудҳо (типҳо) гурӯҳбандӣ кардани забонҳо мебошад. Зери мафҳуми “намуди забон” (“типи забон”) ё хусусиятҳои фарқкунандаи системаи забон (намуди забон) ё тарзи ифодаи муносибатҳои дигар дар забон, чун тарзи ташаккули воҳиди забон (типи забонӣ ё тип дар забон) фаҳмида мешавад. Душвории ин ду ифода (типи забон ва типи забонӣ ё тип дар забон) дар он аст, ки гоҳо онҳо омезиш меёбанд, аз тарафи дигар, дар китобҳои дахлдор таърифи якхела надоранд.

Масъалаи намуди забон (типи забон) бори нахуст аз ҷониби намояндагони равияи романтизм (охири асри 18 ва аввали асри 19) ба миён гузошта шуда буд. Романтикҳо ба ин ақида буданд, ки “руҳи халқ” дар қиссаҳо, адабиёт, санъат ва забони он халқ зуҳур мекунад. Аз ин рӯ, забон воситаи фаҳмидани “руҳи халқ” аст. Ин ақида олими олмонӣ Ф. Шлегелро ба таҳлили фарқиятҳои сохтори забонҳо водор кард. Вай соли 1809 китоберо бо номи “ Дар хусуси забон ва ҳикмати ҳиндуҳо ” навишта, дар он ду намуди забон- флективӣ ва аффиксдор (агглютинативӣ)-ро нишон дод. Кори ӯро забоншиносони дигар эҷодкорона идома доданд.

Ақидаи забоншиносон доир ба типи забон як хел нест ва таърифҳои гуногуне дар ин бора мавҷуданд. Дар ин ҷо аз китоби Аракин В.Д. чор таърифи мафҳуми типи забонро меорем: 1) типи забон ин сохти забон аст (Журинская М. И.); 2) типи забон маҷмӯи ҳодисаҳоест, ки барои мавҷудияти ҳамдигар мусоидат мекунанд (Скаличка В.); 3) типи забон маҷмӯи аломатҳое мебошад, ки аз кулли забонҳо ба ягон гурӯҳи онҳо хосанд (Ломтев Т.П.); 4) типи забони алоҳида гуфта маҷмӯи аломатҳои он забонро меномем. Дар байни он аломатҳо алоқаҳои муайян мавҷуданд (Аракин В.Д.).

Типи забонӣ ё тип дар забон гуфта хосият ё аломатеро меноманд, ки он дар якчанд забон такрор меёбад. Масалан, дар забони тоҷикӣ шакли феъли бавосита (каузативӣ) мавҷуд аст: хондан-хонондан; хӯрдан- хӯрондан. Ҳамин шакли феълӣ дар забонҳои туркӣ ҳам мавҷуд аст.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

1 Скачать
test

Добавить комментарий