Хусусиятҳои типологии забонҳои агглютинативӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1.Тафсири истилоҳи “забонҳои агглютинативӣ”ва хусусиятҳои муҳимтарини забонҳои агглютинативӣ

2.Фарқияти сохтории забонҳои агглютинативию флективӣ

1.Тафсири истилоҳи “забонҳои агглютинативӣ”ва хусусиятҳои муҳимтарини забонҳои агглютинативӣ

Истилоҳи “забонҳои агглютинативӣ” аз калимаи забони лотинии agglutinato-часпидан гирифта шудааст. Дар забоншиносии тоҷик ин забонҳо бо номи “забонҳои часпанда” ҳам ёд мешаванд. Бори нахуст хусусиятҳои типологии ин забонҳоро Фридрих Шлегел муайян карда буд ва аз сабаби дар онҳо зиёд истифода шудани аффиксҳо онҳоро забонҳои аффиксдор номид. Муҳимтарин хусусияти типологии забонҳои агглютинативӣ аз он иборат аст, ки дар онҳо решаи калима ба калимаи алоҳида баробар аст ва ба решаи тағйирнаёбанда якчанд аффикси шаклсоз ба таври механикӣ мечапанд ва ҳар як аффикси шаклсоз танҳо як маънои грамматикиро ифода мекунад. Масалан, дар забони туркӣ: okul (мактаб) +ler (пасванди шакли ҷамъ, муодили пасванди-ҳо) =okuller (мактабҳо) + imiz (бандакҷонишин – амон) = okullerimiz (мактабҳоямон) + da (пасвнди ифодакунандаи макон, муодили пеоянди дар) = okullerimizda (дар мактабҳои мо). Бояд тазаккур дод, ки калимасозӣ ҳам дар ин навъи забонҳо ба ин тарз сурат мегирад. Мисол аз забони туркӣ: demir (оҳан) + ci (-гар) = demirci (оҳангар) + lik (-ӣ) = demircilik (оҳангарӣ).

Хусусияти дигаре, ки ин забонҳоро аз забонҳои флективӣ фарқ мекунонад, дар онҳо ҳодисаи фузия (пайвастагии зич ё омезиши морфемаҳо дар калима) мавҷуд нест ва сарҳади байни морфемаҳо равшан ба назар мерасад. Аз ин рӯ, морфемаҳои (реша ва аффиксҳо) дохили калима ба осонӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар ҳамаи ҳолатҳо решаи калима бетағйир мемонад ва дар алоҳидагӣ ҳам ҳамчун калимаи мустақилмаъно истифода мешавад. Дар ин забонҳо ҳам аффиксҳои шаклсоз ва ҳам аффиксҳои калимсоз яктоӣ маънои грамматигиро ифода мекунанд. Бо ин хусусияташон низ ин забонҳо аз забонҳои флективӣ фарқ мекунанд, зеро дар забонҳои флективӣ аффиксҳо, бахусус аффиксҳои шаклсоз сермаъно мешаванд, яъне як аффикс метавонад чанд маънои грамматикиро ифода кунад. Масалан, дар забони русӣ (забони флективӣ) калимаи девушкам (ба духтарҳо) аз ду морфема (реша ва пасванди шаклсоз) иборат аст, ки пасванди –ам дар ин ҷо ду маънои грамматикӣ- шумораи ҷамъ ва падежи дателнийро ифода мекунад. Муродифи ин калима дар забони ӯзбекӣ (забони агглютинативӣ) калимаи қизларга мебошад, ки аз се морфема (қиз + лар + га) иборат аст. Дар ин калима қиз (духтар, решаи калима),- лар (пасванди шакли ҷамъ, муродили пасванди -ҳо) ва – га пасванди ифодакунандаи маънои падежи дателний мебошад, ки дар забони тоҷикӣ муодили он пешоянди “дар” аст. Тавре ки аз ин мисолҳо мушоҳида мешавад, дар забони русӣ як флексия (пасванди шаклсози – ам) маъноҳои грамматикии ду пасванди шаклсози забони ӯзбекӣ (- лар ва -га) – ро ифода мекунад.

2.Фарқияти сохтории забонҳои агглютинативию флективӣ

Донишманди машҳури Эрон Маликушшуаро Баҳор дар китобаш “Сабкшиносӣ” забонҳои агглютинативиро бо номи “забонҳои мултасиқ”(забонҳои часпанда) ва забонҳои флективиро бо номи “забонҳои пайвандӣ” ёд карда, дар бораи тафовути сохтории ин забонҳо чунин навиштааст: “Дар ин забонҳо (забонҳои флективӣ) бар реша ва моддаи луғот ( асоси калимаҳо) ҳиҷоҳое (аффиксҳо) афзуда мешаванд, вале на танҳо ба охири реша, балки ба охир ва аввали реша ҳам, дигар ин ки решаи луғат (калима) бар асари афзоиш тағйир мекунад, гӯйӣ ки ба он чӣ бар вай афзуда шудааст, хуш хурда ва пайванд ёфтааст, бар хилофи забони мултасиқ (часпанда), ки чун реша тағйир намекунад, ҳиҷоҳое, ки бар реша афзудааст, мисли он аст, ки ба реша часпонда бошад, на ба он пайваста бошад ”.

Забонҳои агглютинативӣ аз рӯи мавқеи пайвастшавии аффиксҳо ба решаи калима ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) забонҳои агглютинативии пешвандӣ (префиксӣ), ки дар онҳо ҳам дар калимасозӣ ва ҳам дар сохтани шакли калимаҳо фақат пешвандҳо истифода мешаванд; 2) забонҳои агглютинативии пасвндӣ (суффиксӣ), дар онҳо ҳам дар калимасозӣ ва ҳам сохтани шакли калимаҳо фақат пасвандҳо истифода мешаванд. Дар забонҳои пешвандӣ аз калимаҳои ёридиҳанда пешоянҳо истифода бурда мешаванду пасояндҳо вуҷуд надоранд, дар забонҳои пасвандӣ ҳолати баръакс мушоҳида мешавад.

Ба гурӯҳи забонҳои агглютинативӣ забонҳои туркӣ, баъзе забонҳои финӣ – угорӣ, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, гурҷӣ, абхазӣ, идигеӣ, баъзе забонҳои африқоӣ, як қисми забонҳои ҳиндуёни амрикоӣ.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки
test

Добавить комментарий