Хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ (изолятивӣ)

Нақшаи мавзӯъ:

1.Хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ тибқи таҳқиқоти пештара

2.Хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ тибқи таҳқиқоти муосир

1.Хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ тибқи таҳқиқоти пештара

Тавре ки маълум аст ин навъи типологии забонҳоро бори нахуст Август Шлегел дар ибтидои асри XIX муайян карда буд ва ба сабаби шаклан тағйир наёфтани калимаҳояшон ба ин намуди забонҳо “забонҳои аморфӣ” (забонҳои бешакл) ном ниҳода буд. Дар забоншиносии муосир ин забонҳо бо номҳои забонҳои решагӣ, забонҳои изолятивӣ ёд мешаванд.

Дар таҳқиқоти типологии пештара доир ба забонҳои мазкур чунин хусусиятҳои типологии ин забонҳо нишон дода шуда буданд:

-якмарфемагӣ будани калимаҳо, яъне калимаҳои ин забонҳо танҳо аз реша иборат буда, аффиксҳои шаклсозу калимасозро қабул намекунанд;

-хусусияти аналитикӣ доштани сохтори грамматикии ин забонҳо, яъне ифода ёфтани маъноҳои грамматикӣ берун аз калима ба воситаи калимаҳои ёридиҳанда ва воситаҳои дигари аналитикии ифодаи маъноҳои грамматикӣ;

-тартиби устувори калима дар ҷумла, яъне аъзои ҷумла дар ҷумла ҷои доимӣ доранд ва тартиби ҷойгиршавиашон чунин аст: мубтадо + хабар + пуркунанда;

– мавҷудияти калимаҳои зиёди омонимӣ ва танҳо аз рӯи алоқамандшавӣ бо калимаҳои дигар дар ҷумла масубияти онҳо ба ин ё он ҳиссаи нутқ маълум мешавад.

2.Хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ тибқи таҳқиқоти муосир

Таҳқиқоти типологии муосири доир ба забонҳои решагӣ анҷомёфта, бахусус таҳқиқоти Солнсев В.М., нишон медиҳанд, ки баъзе хусусиёти дар боло зикршуда ба ҳолати ҳозираи ин забонҳо пурра мувофиқат намекунанд, бахусус сохтори овозӣ ва таркиби морфологии калима ва олими номбурда дар мисоли забонҳои чинӣ ва ветнамӣ, ки намунаи барҷастаи ин навъи типологии забонҳо маҳсуб меёбанд, хусусиятҳои дигари типологии ин забонҳоро нишон додааст.

Яке аз хусусиятҳои хоси забонҳои решагӣ, қайд мекунад олими номбурда, одатан якҳиҷоӣ будани калимаҳои онҳоро эътироф мекунанд. Албатта, дар забонҳои мазкур калимаҳои якҳиҷоӣ зиёданд ва онҳо асоси лексикаи ин забонҳоро ташкил медиҳанд. Калимаҳои якҳиҷоӣ дар ин забонҳо аз лиҳози хусиятҳои грамматикӣ комил дониста мешаванд ва мувофиқи хусусиятҳои гамматикиашон, пеш аз ҳама, бо алоқамандшавӣ бо ҳамдигар ва бо воҳидҳои мухталифи шаклсоз, ба ҳиссаҳои нутқ ҷудо мешаванд. Аз калимаҳои якҳиҷоӣ бештари калимаҳои мураккаб ва сохта таркиб меёбанд. Аз ин рӯ, аз рӯи ҳолати ҳозира ин забонҳоро метавон, забонҳои калимаҳояшон бисёрҳиҷоя ҳисоб кард. Вале калимаҳои бисёрҳиҷояи онҳо хусусияти хоси худро доранд ва аз калимаҳои бисёрҳиҷояи забонҳои дигар, масалан, забонҳои ҳиндуавруоӣ ва забонҳои олтой фарқ мекунад.

Дар забонҳои дар боло зикршуда худи морфемаҳои решагӣ (реша, асос) бисёрҳиҷогӣ мешаванд, вале бисёрҳиҷогии калимаҳои забонҳои решагӣ дар натиҷаи пайвастшавии калимаҳои (решаҳои) якҳиҷоя дар дохили калимаи бисёрҳиҷоя ба вуҷуд меояд.

Эътироф шудааст, ки дар забонҳои решагӣ баҳиҷоҷудокунӣ аз лиҳози морфология аҳамият дорад, зеро ҳиҷо ҳама вақт ё ба калима баробар аст ё бахши маънодори калимаи бисёрҳиҷогӣ мебошад. Ҳиҷо дар ин забонҳо сохтори муайяни устувор ва миқдори ҳиҷоҳо низ маҳдуд аст. Дар таркиби ҳиҷо овозҳои гуногун мавқеи устуворро ишғол мекунанд. Масалан, дар забони ветнамӣ дар аввали ҳиҷо ҳамсадои тарканда ва дар охири ҳиҷо ҳамсадои ҳалқӣ меояд. Чунин хусусияти сохтори овозӣ ба ҳиҷои тағйирнаёбандаи маънодор мувофиқат мекунад. Овози ҷудогона метавонад, маъноро ифода кунад, аммо ин ҳодиса хеле кам мушоҳида мешавд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар ин забонҳо, бар хилофи забонҳои дигар, танҳо ҳиҷо метавонанд маъно доша бошанд.

Аломатҳои мазкур муҳимтарин хусусиятҳои типологии забонҳои решагӣ маҳсуб меёбанд ва хусусиятҳои дигари типологии онҳо аз инҳо вобастаанд.

Хусусиятҳои типологии ҳар гуна забон нисбатан пурратар аз рӯи сохтори морфологии калимаҳои он забон маълум мегардад. Дар мавриди забонҳои решагӣ муайян кардани калима ҳамчун воҳиди грамматикии комил, ки метавонад ба вазифаи ин ё он узви ҷумла кор фармуда шавад, кофист.

Ҷ.Гринберг роҷеъ ба хусусиятҳои таҳқиқоти типологӣ дар асри XIX изҳори ақида карда, чунин қайд кардааст: ”Ба сифати меъёри таснифоти забонҳо ягон чизи дигаре, ба ҷуз аз сохтори морфологии калима, ки метавон аз рӯи он ҳаматарафа хусусиятҳои умумии забонро муайян кард, ёфт нашуд ”. То чӣ андоза мафҳуми “сохтори морфологии калима” ва мафҳумҳои “морфема”, “асос”, “реша”, “аффикс” ва монанди инҳо барои забонҳои решагӣ қобили қабул аст? Ба ибораи дигар, оё дар забонҳои решагӣ воҳидҳое хурдтар аз калима вуҷуд доранд?

Дар забонҳои чинӣ ва ветнамӣ ҳам калимаҳои мураккаб ва ҳам калимаҳое, дар таркиби худ ба ҷуз аз реша аффиксҳо ҳам доранд, мавҷуданд. Мавҷудияти чунин калимаҳо дар ин забонҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар онҳо воҳидҳое хурдтар аз калима ҳам мавҷуданд. Масалан, агар таркибҳои “хочэ” (забони чинӣ)-“қатора” ва “хеlua” (забони ветнамӣ)- “қатора” калимаҳои мураккаб ҳисоб кунем, пас мо бояд ногузир эътироф намоем, ки ҷузъҳои таркибии ин калимаҳо, яъне “хо” ва “чэ”дар таркиби калимаи “хочэ”, “хе” ва “lua” дар таркиби калимаи “хеlua” морфема (реша) мебошанд. Ё далели дигар: азбаски дар калимаҳои “чецзы” (забони чинӣ) – “ароба” ва “nhavan” (забони ветнамӣ) – “адиб” ҷузъҳои “цзы” ва “nha” аффиксҳо мебошанд, пас ҷузъҳои бо онҳо пайвастшуда, яъне “чэ” ва “van” ногузир бояд ҳамчун реша эътироф шаванд. Ё агар эътироф шавад, ки феъли забони чинӣ аффиксҳои ифодакунандаи намуди феълро дорад, масалан, таркибҳои кань, каньла, каньчжо, каньго шаклҳои гуногуни як феъл ба маънои “нигаристан” ҳисоб карда шаванд, бояд эътироф кард, ки ҷузъи ин калимаҳо, ки пеш аз ҷузъи тағйирёбанда омадааст (кань), асоси феъл аст. Чунин мисолҳоро метавон доир ба феъли забони ветнамӣ овард.

Вале бархилофи забонҳои флективӣ дар забонҳои решагӣ воҳидҳои хурдтар аз калима (ба истиснои аффиксҳо) наметавонанд аз таркиби калима ҷудо шаванд. Масалан, дар забони русӣ аз калима метавон ҷузъҳои онро ҷудо кард: уч – (аз калимаи “учить» – хондан) ва ё красн (аз калимаи “красный” – сурх) ва ғайра. Дар ин забонҳо дар сурати аз калимаи бисёрморфемагӣ ҷудо кардани морфема (асос, реша) он аз калимаи алоҳида фарқ намекунад ва ҳамчун калимаи алоҳидаи мустақилмаъно ҳам истифода мешавад.

Дар забонҳои решагӣ ҷузъи маънодорро ҳамчун морфема (асос, реша) танҳо дар таркиби калима ва истилоҳи морфемаро танҳо нисбати он калима ба кор бурдан мумкин аст, дар сурате ки дар таркиби калима ҷузъи дигари маънодор ҳам бошад. Аз ин қоида танҳо аффиксҳои камшумор истисно мешаванд, ки дар натиҷаи аз таркиб ҷудо кардани онҳо ҳамчун калимаи алоҳида истифода бурда намешаванд.

Хусусияти дигари фарқкунандаи забонҳои решагӣ аз лиҳози таркиби морфологии калима он аст, ки аз сабаби фарқ нашудани калимаҳои якҳиҷогӣ аз морфемаҳо (реша, асос) боиси дар шароитҳои муайян аз ҳам фарқ нашудани калимаи мураккаб аз ибора мегардад. Фарқ нашудани калимаҳои мураккаб аз ибора дар ин забонҳо аз он сабаб зоҳир мегардад, ки бисёре аз таркибҳои дуҳиҷогӣ, ба мисли ян + жоу (гӯсфанд + гӯшт), лу + жоу (гавазн + гӯшт) ва ғайра ҳамзамон ҳамчун калимаи мураккаб ва ҳамчун ибора истифода мешаванд. Ба ибораи дигар, азбаски калимаҳои якҳиҷогӣ аз морфема (реша, асос) фарқ карда намешаванд, калимаҳои мураккаб ҳам дар шароитҳои муайян аз ибора фарқ карда намешаванд.

Шаклҳои намуди феъл дар забони чинӣ бо аффиксҳое, ки хусусияти агглютинатсия доранд, сохта мешаванд. Аз ин ҷиҳат хусусияти воҳидҳои шаклсози забони ветнамӣ пурра маълум нест. Аммо ҳам дар забони чинӣ ва ҳам дар забони ветнамӣ шакли калима вазифаи синтаксисиро иҷро намекунад. Шакли калима дар ин забонҳо муносибати грамматикии байни онҳо ва вазифаи синтаксии онҳоро нишон намедиҳад. Калимаҳо дар ҳар гуна шакл, аз ҷумла дар шакли алоҳидагӣ ҳам, ба вазифаи ҳар гуна узви ҷумла омада метавонанд. Маҳз барои ҳамин мавҷудияти аломатҳои морфологӣ, ҳатто аломатҳои дорои хусусияти агглютинатсия ҳам, дар инзабонҳо ба тарзи алоқамандшавии калимаҳо дар ҷумла ягон таъсир намерасонанд. Аз рӯи алоқамандшавии калимаҳо дар ҷумла ин забонҳо изолятивӣ мебошанд. Инкишофи агглютинатсия дар забони чинӣ ба ҳеҷ ваҷҳ навъи типологии онро дигар намекунад ва инро метавон ба забони ветнамӣ ҳам нисбат дод.

Изолятсия (ҷудо- ҷудо будани калимаҳо) ҳамчун аломати типологии забонҳои мазкур аз сохтори морфологии калима вобаста нест. Дар забонҳои чинӣ (ба андозаи камтар) ва ветнамӣ калима метавонад сохтори мураккаби морфологӣ дошта бошад, вале дар баробари ин муносибати байни онҳо бо ҷузъҳои калима ифода намеёбад, балки бо воситаҳои дигари грамматикӣ. Ба воситаҳои алоқаи синтаксисии байни калимаҳо дар ин забонҳо тартиби калима, калимаҳои ёридиҳанда ва оҳанг дохил мешаванд. Сохтори изолятивии ин забонҳо аз рӯи вазифаи синтаксисии калимҳо ва шакли онҳо муайян карда мешавад.

Дар забонҳои решагӣ калимаҳои дорои ҳамаи намудҳои сохтори морфологӣ мавҷуданд: калимаҳои мураккаб, калимаҳои сохта, калимаҳои дорои шакли агглютинативӣ, калимаҳое, ки ҷузъи маънодор ва аффиксҳо бо ҳам омезиш ёфтаанд. Масалан, дар забони чинӣ: мень «дар» + эр (пасванди ифодакунандаи ашё)= мэр “дар” ва ғайра. Талаби сохтори грамматикии ин забонҳо он аст, ки муносибати синтаксисии байни калимаҳо бо шакли грамматикии онҳо ифода нагардад. Аз ин рӯ, гурӯҳбандии забонҳо ба изолятивӣ ва ғайри изолятивӣ бояд на дар асоси сохтори морфологии калима, балки дар асоси хусусиятҳои синтаксисии онҳо сурат гирад. Ба ибораи дигар, ин гурӯҳбандӣ бояд дар асоси тарзи ифодаи муносибатҳои синтаксисии байни калимаҳо дар ҷумла, яъне ба воситаи ҷузъҳои калима дар худи калим (тавассути воситаҳои синтетикӣ) ва ё берун аз калима (тавассути воситаҳои аналитикӣ) сурат гирад.

Ба гурӯҳи забонҳои решагӣ забонҳои чинӣ, тибетии классикӣ ва баъзе забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дохил мешаванд.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.