Таснифоти типологии Климов Г. А.

Климов Г.А. дар омӯзиши типологии забонҳо ба мундариҷаи калимаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки баъдан ба тарзҳои ифодаи шаклии он алоқаманд мешавад. Ба сифати меъёри асосии таснифоти забонҳо олими номбурда принсипи ташкили лексикаро истифода мекунад. Дар асоси ин принсип вай панҷ хели забонҳоро муайян кардааст: забонҳои нейтралӣ, гурӯҳӣ, фаъол, эргативӣ, номинативӣ.

Ба намуди забонҳои номинативӣ бештари забонҳои дунё дохил мешаванд. Сохтори ҷумла ва ифодаи морфологӣ ба фарқ намудани мубдою хабар нигаронида шудааст. Дар ин намуди забонҳо феълҳо ба гузаранда ва монда ҷудо мешаванд. Фарқияти мубтадою хабар ё ба воситаи падежҳо (номинатив – аккузатив) ё дар сурати набудаии системам падежҳо ба воситаи тартиби устувори калима дар нутқ муайян карда мешавад.

Забонҳои эргативӣ дар таснифоти Климов на аз рӯи синтаксис, балки бештар аз рӯи хусусиятҳои маъноии феълҳо тавсиф мешаванд. Дар ин забонҳо феълҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: феълҳои ифодакунандаи амал ва феълҳои ғайриамал. Мубтадо вобаста аз дараҷаи фаъолнокияш (бештар ё камтар) ду шакли падежӣ дорад: дар сурати фаъолнокии бештар мубтадо дар падежи эргативӣ ва бо фаъолияти камтар дар падежи мутлақ (именителний) меояд. Ҳамин тавр, падежи эргативӣ ташаббускор ва бавуҷудоварандаи амал ва падежи мутлақ бошад ҳамчун иҷрокунандаи амал зуҳур мекунад. Пуркунанда ҳам метавонад дар падежҳои мазкур биёяд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои забонҳои дорои сохтори эргативӣ ифодаи грамматикии дараҷаи фаъолнокӣ ва мустақилияти амал хос аст.

Дар забонҳои навъи фаъол исмҳо ба ҷондор (фаъол) ва бељон (ғайрифаъол) ва феълҳо ба иҷрокунандаи амал ва ҳолат људо мешаванд. Мутобиқан сохтори ҷумлаи содаро метавон фаъол ва гайрифаъол номид. Ба ин намуди забонҳо забонҳои аслии Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ дохил мешаванд.

Хусуияти фарқкунандаи забонҳои гурӯҳӣ аз он иборат аст, ки исмхо аз рӯи маъно гурӯҳбандӣ мешаванд. Онҳо аз рӯи аломатҳои гулогун, ба мисли ҷондор, андоза, ҳаљм, ранг ва ғайра тасниф мешаванд. Ба ибораи дигар, таснифоти исмҳо гурӯҳбандии ашёҳои олами воқеиро инъикос мекунад ва азбаски гурӯҳҳои исмҳо зиёданд, мувофиқати феълҳо бо онҳо душвор мебошад. Ҳар як гурӯҳи исмҳо морфемаҳои мувофиқати худро доранд.

Хусусияти семантикии забонҳои гурӯҳӣ барҷаста аст, вале хусусияти

синтаксисии онҳо омӯхта нашудааст. Ба забонҳои гурӯҳӣ бисёре аз забонҳои Африқои Марказӣ дохил мешаванд.

Тавсифи забонои навъи нейтралӣ (бе аломатҳои барҷаста) нисбатан душвортар аст, зеро ин намуди забонҳо хусусияти барҷаста надоранд, ба ғайр аз қариб вуљуд надошгани системаи морфологӣ. Дар ин намуди забонҳо аз љиҳати маъно калимаи асосиро ҷудо кардан ғайриимкон аст, зеро дар онҳо аломатҳои марфологии ифодакунандаи муносибатҳои субъектию объектӣ вуҷуд надорад.

Ба ин намуди забонҳо баъзе забонҳои Африқои Ҷанубӣ дохил мешаванд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.