Равияҳо ва навъҳои типологияи муқоисавӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1. Равияҳо дар типоглияи забоншиносӣ

2.Навъҳои типологияи забоншиносӣ

1. Равияҳо дар типоглияи забоншиносӣ

Дар омӯзиши типологии забонҳо дар давраи ҳозира ҳодисаҳои гуногуни забонӣ муқоиса ва таҳқиқ карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар типологияи муосир равияҳои гуногуни таҳқиқот мавҷуданд.

Вобаста аз предмети таҳқиқот типологияи забонҳо функсионалӣ ва сохторӣ мешавад. Предмети типологияи функсионалӣ забон ҳамчун воситаи алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳодисаҳои забонӣ аз рӯи иҷрои вазифа таҳқиқ карда мешаванд. Мавҷудият ва ё мавҷуд набудани ин ё он ҳодиса дар забон аз талаботи соҳибзабонон ба он алоқаманд аст. Бинобар ин, дар типологияи функсионалӣ ҷиҳати истифодаи ин ё он воситаи забонӣ ба назар гирифта мешавад. Азбаски сохтори грамматикии забонҳо гуногун аст, бинобар ин, ҳангоми муқоиса на ҳодисаҳои мушаххаси грамматикӣ, балки тарзҳои ифодаи онҳо дар забонҳои гуногун ба назар гирифта мешавад. Масалан, тарзҳои ифодаи муайянӣ ва номуайянӣ ва ё ҷинсияти грамматикӣ дар исмҳои забонҳои гуногун.

Предмети омӯзиши типологияи сохторӣ сохтори дохилии забон ҳамчун система ба шумор меравд. Муқоисаи типологӣ дар асоси маводи ҳамаи қабатҳои сохтори забон: овозӣ, фонологӣ, морфологӣ, луғавӣ ва синтаксисӣ сурат мегирад.

Вобаста аз мақсаду мароми ин фан ду равия ба вуҷуд омадаанд: якум, типологияи том ва дуюм, типологиям ҷузъҳои системаи забон. Ҳоло тартиб додани модели типпологияи сисемаи томи забон, ки онро типологияи умумӣ бояд номид, ба касе муяссар нашудааст. Равияи дуюм вазифаи таҳқиқоти типологиро дар муайян намудани хусусиятҳои қабатҳои алоҳидаи забонҳо медонад, ки онро типологияи хусусӣ бояд номид. Инчунин аз рӯи мақсад типология ба инвентаризатсионӣ ва имплекатсионӣ ҷудо мешавад. Мақсади типологияи инвентаризатсионӣ аз шарҳи монандӣ ва фарқияти сохтори забонҳо ва мақсади типологияи имплекатсионӣ аз шарҳи системаи забонҳо аз ҷиҳати мувофиқату номувофиқии хусусиятҳои сохтори онҳо, муайян намудани типҳои сохтории қобили қабул иборат аст.

Равияи дигар дар типологияи забонҳо ин типологияи таксиономӣ мебошад, ки мақсадаш аз таснифоти забонҳо ба типҳо ва гурӯҳҳо иборат аст.

Агар омили мавҷудияти тағйири забонҳоро дар тӯли таърих ба назар гирем, метавон як равияи дигар, яъне типологияи таърихиро ҳам ном барем, ки вазифаи он аз омӯзиши инкишофи батадриҷи типҳои забонӣ, инчунин таҳқиқи типологии ҳолати пештараи сохторизабонҳо ва типҳо иборат аст. Баъзе муҳаққиқон дар дохили типологияи таърихӣ типологияи диахрониро ҳам ҷудо мекунанд, ки вазифааш бояд аз барқарор намудани хелҳои мушаххаси тағйироти сохторӣ иборат бошад.

2.Навъҳои типологияи забоншиносӣ

Профессор Аракин В.Д. ду навъи типология: умумӣ ва хусусиро нишон додааст. Дар назди типологияи умумӣ вазифаҳои куллии муайян намудани хусусиятҳои забонҳои дунё гузошта шудааст. Типологияи хусусӣ дар навбати худ ба хелҳои зерин ҷудо мешавад: типологияи соҳавӣ, типологияи минтақавӣ ва типологияи муқоисавии забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ.

Бӯронов Ҷ. қисматҳои типологияи забоншиносиро аз рӯи объекти тадқиқашон ба типологияи гинетикӣ, сохторӣ, минтақавӣ ва аз рӯи муносибаташ ба бахшҳои забон ба навъҳои тиологияи семантикӣ, фонологӣ, лексикӣ, морфологӣ ҷудо кардааст.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

3 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.