Типологияи қабати луғавии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Аломатҳое, ки барои типологияи қабати луғавии забонҳо муҳим мебошанд.

2.Ҳаҷми фонди асосии луғавӣ

1.Аломатҳое, ки барои типологияи қабати луғавии забонҳо муҳим мебошанд.

Типологияи қабати луғавии забонҳо дар муқоиса бо типологияи дигар қабатҳои сохтори забон соҳаи нисбатан нави типологияи забоншиносӣ ба шумор меравад ва дар охирҳои солҳои 50-уми асри XX ба вуҷуд омадааст. Барои ба вуҷуд овардани методи типологияи қабати луғавии забонҳо, аз ҷумла дар типологияи забонҳои славянӣ асарҳои А.В. Исаченко (Исаченко 1958, с. 334-352), А.Е. Супрун (Супрун, 1983) ва Н.И. Толстой (Толстой, 1969) аҳамияти калон доранд.

Предмети омӯзиши типологияи қабати луғавии забонҳо монандӣ ва фарқияти типологии системаи луғавии забонҳои гуногун ба шумор меравад.Баъзе хусусиятҳое дар қабати луғавии забонҳо мавҷуданд, ки типологияи қабати мазкурро аз типологияи қабатҳои овозию фонологӣ ва аз типологияи қабати грамматикаи забонҳо фарқ мекунонанд. Аввалан, фарқиятҳои барои типология аҳамиятнок дар лексикаи забонҳои мухталиф то андозае аз типологияи грамматикаи онҳо ва қисман аз типологияи фонетикаи забонҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, баъзе фарқиятҳои амиқи типологӣ дар лексикаи забонҳо гӯё хусусияти дуюмдараҷа доранд. Масалан, фарқияти байни забонҳо аз ҷиҳати мураккабии калимаҳо, фарқият аз ҷиҳати тақсими лексика ба ҳиссаҳои нутқ, тафовут аз ҷиҳати таркиби ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ аз ҷумлаи чунин фарқиятҳои типологӣ дар қабати луғавии забонҳо ба шумор мераванд. Дуюм, дар муқоиса бо қабатҳои фонологӣ ва грамматика қабати луғавии забон сохтори нисбатан номукаммал дорад ва нисбат ба типлогияи қабатҳои фонетикаю фонология ва грамматикаи забонҳо дар типлогияи луғавӣ таснифоти забонҳо вуҷуд надорад ва гурӯҳбандии забонҳо имконнопазир аст. Сеюм, қабати луғавии забонҳо нисбат ба қабатҳои фонологӣ ва грамматикаи забонҳо камтар омӯхта шудааст. Аз сабаби ташкили мураккабу нисбатан дақиқи лексикаи забон дар муқоиса ба фонология ва грамматика ва мавҷудияти мушкилот дар тасвири лексикаи забонҳо дар типологияи луғавии забонҳо норасогии маълумоти эмпритикӣ махсусан эҳсос мегардад.

Аз ин сабаб дар қабати луғавии забонҳо амалан дарёфт намудани умумиятҳои пурра имконнопазир аст.

Шакли асосии донишҳои типологӣ дар бораи системаи луғавии забонҳо ин шинохти хусусиёти забон аз лиҳози луғат мебошад. Дар типологияи қабати луғавии забонҳо типологияи мутақобула (муқобилгузорӣ) ҳам ба таври васеъ ба кор бурда мешавад. Барои типологияи системаи луғавии забонҳо аломатҳои зерин муҳим дониста мешаванд:

-ҳаҷми захираи луғавӣ;

-таркиби маъноию мавзӯии луғати забон;

-мавҷудият ва амиқии тафриқоти услубии луғати забон;

-манбаи донишҳои нав, сермаҳсулии нисбии воситаҳои гуногуни афзоиши захираи луғавии забон (калимасозии морфологӣ, калимасозии маъноӣ, ташаккули таркибҳои рехта) (Мечковская, 2000: с. 106- 107).

2.Ҳаҷми фонди асосии луғавӣ

Дар забонҳои бехат ва ё лаҳҷа тақрибан 10 ҳазор калима ба кор бурда мешавад ва ин миқдор калима ҳадди ақали иттиҳоди забонии одамонро ташкил медиҳад. Дар бораи ҳадди аксари захираи луғавии забонҳо метавон аз рӯи луғатномаҳои муосири забонҳое қазоват кард, ки суннатҳои деринаи хаттӣ доранд. Ҳаҷми захираи луғавии муҳими забонро метавон аз рӯи ба истилоҳ ҳаҷми миёнаи фарҳанги тафсирии забонҳо, ки барои доираи васеи истифодабарандагон пешбинӣ шудааст, ба худ тасаввур кард. Луғатномаи забони дорои суннатҳои ҳазорсолаи хат тақрибан аз 500 ҳазор калима иборат аст. Маҷмӯи калимаҳои умумиистеъмоли забони муосир тақрибан 130 ҳазор калимаро ташкил медиҳад. Луғатномаи забони А.С.Пушкин қариб 0,5 млн. калимаҳои истифодашударо фаро гирифтааст. Ҳадди ақали захираи луғавӣ аз забони англисӣ барои донишҷӯёни фанни физика як ҳазор калимаро ташкил медиҳад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П.,Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.