Маълумот дар бораи Гармчашма

ГАРМЧАШМА

«Гармчашма» дар ҷараёни миёнаи дарёиҳам номаш (шохоби рости дарёи Панҷ), дар шохаи ҷанубу ғарбии сислсилакӯҳҳои Ишкошим, дар баландии 2325 метр аз сатҳибаҳр ҷойгиршудааст. Аҷибаст, ки дар номҳои ҷуғрофии қадимӣ дуноми нахустини дарёчаи номбурда ё доварӣ мешавад: Андаробва Ростй ӯ-дара. Аммокунун номи ҳозираи он номи дараро низ ба худ гирифтааст. Ин дара, ки қисмати болоияш ба қуллаи теғаи тездори Маяковский рафтамерасад, урёнбуда, дар тамомидарозии худ ғафсиҳои хокистар ранги хоросанг ва варақсангҳои булӯриро бурида мегузарад, кисинну соли докембрӣ дорад. Ин ҷинсҳои кӯҳӣ борастанӣ пӯшонида нашудааст, танҳо дар поёнини шебиҳои кӯҳ  онҳоро сабзаву алафҳои ковоки дарёӣ пӯшонидааст. Вақте ба чашма наздик мешавед, чунин баназар мерасад, ки суфачаҳо мустақиман аз ин обовардҳо фавора мезананд. Кӯҳпораи оҳаксангии баландиашон 7-8 метр бо якчанд нишебиҳо қариб то  маҷрои дарё омада мерасад. Камарҳои мармарӣ дар масофаи 0,5-1,5 метр паси ҳам ҷойгиршуда, бо камарҳои овезон аз сталактитҳои пайваста ҷудошуда меистад. Дар камарҳои ҷудогона суфачаҳои хурд мавҷӣдаст, ки боканораҳои начандон бузург деворбандӣ карда шудааст. Оби гарм аз канораҳои ин суфачаҳоӣ орҷгардида, калтсий таҳшин месозад, ки дар натиҷа камарҳо торафт дуртар шудан мегирад. Оби суфачаҳо ранги кабуду фирӯзагӣ дошта, вобаста ба наздикиаш ба фаввораҳои сарчашма ҳарораташ гуногунаст. Дар дохили суфачаҳо ба миқдори хеле зиёд қишрҳои доиравии таркибашон иборат аз калтсий (0,3-4 см) низ дучормеояд. Ба сифати омехтаи начандон зиёд дар таркиби онҳоҳам чунин кремнезем, оксиди магний, алюминий низ ба мушоҳида мерасад.
Дар як литри об ҳудуди се грамм намакҳои гуногун, асосан калтсий ва натрий мавҷудаст. Зиёдбудани оҳакшояд аз дар дохили ҷинсҳои карбонатӣ мавҷуд будани оҳаксанг ва доломит вобаста бошад. Ғайр аз ин, обҳои зеризаминии гарми Гармчашма аз гази ангидриди карбон иборатбуда, ба миқдори камсулфидӣ ӯ доменамояд.
ҷараёни ба берунбаромадани он  ғайриоддӣ аст: фаввораҳоимоил аз оҳаксангҳои бузург ҷусса то 60 см ба боломе барояд. Айни замон шумораи чунин фаввораҳо он қадар зиёднест, вале 50 сол пештар миқдори онҳо  ба 6 фаввораи бузург (то 1 метр) ваҳафтфаввораихурд (то 15 см) баробар буд.  Ҳаҷми обе, ки аз сарчашма дар як сония ба боломебарояд ё чӣ тавре ки дебит мегӯянд, он қадар зиёд набуда, ҳудуди 6 литрро дар як сония ташкил медиҳад. Вале ҳамин миқдор ҳам басандааст, ки дар доманаи кӯҳ   ҳавзи ҳақиқии гарми чуқуриаш зиёда аз якуним метр ташкил гардад. Ин ҳавз сунъӣ буда, ба табобатгоҳ  бообҳои гарми дар кишвари мо маъруфи «Гармчашма» тааллуқ дорад. Худи табобатгоҳ  камее поёнтар, дар дарёбодӣ ҷойгиршуда, аз якчанд бино иборат аст. Табобатгоҳ то  200 нафар муолиҷа гирандагонро қабул карда метавонад. Дар ин ҷо бемориҳои вазнини пӯсту устухон ва бемориҳои асаб  муолиҷа гардида, ба сифати доруворӣ натанҳо ҳавзҳои оби гарми шифобахш, балки нурҳои офтоби гарм ва лойқаи таҳшин шудаи дохили ҳавз низ истифода бурда мешавад. Дар таркиби  ин лойқаҳои таҳшиншуда илова ба пайвастаҳои карбонатӣ, ҳамчунин ба миқдори зиёд моддаҳои оҳан, алюминий, магний, стронсий, фтор вакибрит (олтингӯгирд) низ мавҷудаст. Ҳамчунин оби терминалии чашмаҳои шифобахш ба ваннаҳои махсуси табобатгоҳ  ба воситаи қубурҳо овардашудааст. Вале, хатти  қубурҳо, ки ба кӯҳпораҳои хурди оҳаксанг насбшудааст,  ба манзараҳои афсонавии ин мавзеъ мувофиқ нест.

321f79cf2d37bcf1731ce1ddfd6f2854

8c96ad7264c42144f445ccbe6ee287de

adf78b52c46f0de054a25b8a7f250ebc

965cfdeb6010106546b7028b8014943e

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.