Аз таърихи инкишофи туризми кӯҳсор

Туризм – яке намудҳои фаъолияти инсон мебошад, ки таърихи он ҳанӯз пеш аз ташаккулёбии тамаддуни ҷаҳонӣ пайдо шуда, дар барқарор намудану тараққӣ додани он саҳми назаррас дорад. Махсусан.сайёҳати Герадот, Страбон, Пифагор, Демокрит, Платон, Арасту бапешрафти инкишофи тадқиқотҳои илмӣ ва пайдоиши афкори фалсафаи Аврупо заминаи асосӣ гузошт.

Алалхусус нуфузи туризм дар соҳаи иқтисодиёт хеле баланд буд. Дар алоқаманди бо ин омил мо метавонем сайёҳатчии чинӣ Чжан Цянро мисол биёрем.

Вай ба туризми дипломатӣ бештар сару кор дошт. Ӯ тавонист роҳи бузурги абрешимро ҳанӯз дар асри П то милод кушояд ва ба авҷи савдои байни қитъавӣ замина гузорад. Инчунин дар он давра туризми варзишӣ низ хеле тараққӣ ёфта буд, ки дар давраи антиқа оғоз ёфтааст. Дар он давра на фақат бозиҳои олимпии мисриёни қадим,балки ҷангҳои гладиаторҳои Миср , бозӣ бо туп, ки ба давраи тамаддуни то Колумбияи Амрико таалуқ доштанд, мисол овардан мумкин аст.Дар давраҳои хеле қадим туризми зиёратӣ низ тараққӣ ёфт. Инчунин тиҷорат ба авҷи аъло расида буд, тараққиёти инфраструктураи марказҳои зиёратии (Делфи ва Фиву) пайдо шудаанд, ки на танҳо иқтисодиёти ин шаҳрҳоро, балки ба тараққиёти дигар ноҳияҳои гирду атроф низ таъсири мусбӣ расонд.

Чун дигар намудҳои фаъолияти туристӣ, туризмӣ кӯҳсор низ пайдоиш ва тараққиёти худро аз сар гузаронидааст. Чуноне, ки пештар қайд кардем кӯҳҳо 40% сатҳи хушкиро ишғол кардаанд. Онҳо макони асосӣ барои тадқиқотчиён ва сайёҳон ба ҳисоб мераванд. Дар даври қадим, дар он замоне, ки нақлиёт ҳоло вуҷуд надошт, ба мардум лозим меомад, ки аз системаҳои қаторкӯҳҳои баланд ҳаракат кунанд ва пеши роҳи онҳоро ягон хелмамониат боздошта наметавонист. Тадқиқоти гуногуни қисматҳои олам ва омӯзиши ҳаматарафаи онҳо сайёҳонро то ба канораҳои дури номаълум мебурд. Онҳо ҳам канораҳои сатҳи обӣ ва ҳам хушкиро меомӯхтанд. Сайрхатҳои хушкигард ва сабабҳои сайёҳат доимо гуногун буданд. Онҳо бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҷорӣ намудани алоқаҳои тиҷоратӣ, тадқиқотҳои илмӣ, фаҳмидани мақсади ҳамдигар, зиёратӣ, забт намудани ҳудудҳо ва ғайра иборат буданд.

Масъалан, Фа Сян (дар асри IV то эраи мо) ва Сюан Цзян (дар асри VI) дар ҳудуди Осиёи марказӣ ва Хитой даҳ сол сайёҳат карданд ва тайи ин солҳо бо меҳнати зиёд тадқиқотҳо гузаронданд ва номашон ҳамчун тадқиқотчиёни географӣ машҳур шуд.

Дар асрхои VII то эраи мо арабҳо, ки дар нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекарданд, мехостанд дар ҷаҳон дини исломро паҳн кунанд. Онҳо дар ҳудуди доманакӯҳҳои Эрон, Туркистон, доманакӯҳҳои Арманистон, қисми Кавказ ва дигар ҳудудҳои кӯҳӣ меҷангиданд. Онҳоро ҳатто нишебиҳои баланд, теппаҳо, барфҳо, ҳавои номусоиди ноҳияҳои кӯҳӣ боздошта наметавонист.

Аз ҳама сайёҳатгари машҳури асримиёнагӣ тоҷири Венесиягӣ Марко Поло мебошад, ки аз Европа то Тибет сафар кардааст. Дар сафар вай кишвари Чин кӯҳҳои Бадахшон ва Помири шарқиро низ омӯхт.

Сайёҳатчии барҷастаи асри ХIV савдогари сайёри араб Ибн-Баттута (1304 – 1377) буд. Дар соли 1325 Ибн Баттута бо роҳи хушкӣ аз Танжера ба Александрияи Миср ва аз ин шаҳрҳо ба Сурия, қисмати ғарбии Арабистон, Ироқ, Яман, Константинопол, Хоразм, Урганҷ, Бухоро, Самарқанд, Ҳиндустон ва Хитой сафар кардааст. Дар муддати 20-соли сафараш вай бо роҳи хушкӣ ва обӣ 120-ҳазор км роҳро тай кардааст. Дар муддати мусофириаш дар Африка ва Осиё ӯ доманакӯҳҳои Эрон, Ҳиндукуш, доманакӯҳҳои Ахаггарро дар Сахара ва дигар ҷойҳои кӯҳсорро дидан кард. Якчанд кашфиётҳои географӣ дар Анд, Америкои ҷанубиро ҷанговарон ва истилогарони испаниягӣ кашф кардаанд. Масалан: Д.Алмагро дар вақти походаш аз кӯҳҳои Перуанск ва Чилӣ доманакӯҳҳои марказии Андро дид ва дар Амрикои ҷанубӣ кӯли калонтарини ба номи Титикакаро кашф кард, ки яке аз кулҳои кӯҳсори машҳури ҷаҳон ба шумор меравад.

Аз ҳама муносибатҳои пешрави илмӣ ин кашфиётҳои асри ХIV ба ҳисоб меравад. Геолог – минеролог И.Домейко ба Чилӣ омада дар соли 1839-1840 соҳилҳои Колдилеру Анд, қаторкӯҳӣ Анд, Чили ва Аргентина кашфиёт гузаронд.

Сайёҳатчии франсиявӣ Ф.Кастелно табиати Америкои ҷанубиро дар солхои 1843-1847 омӯхта, инчунин доманакӯҳҳои Анди марказиро низ тадқиқ намуд.

Географони машҳури рус, сайёҳатчиён П.П.Семенов, Тяншанский, Н.А.Северцов, А.П.Федченко, И.В.Мушкетов дар нимаи дуюми асри Х1Х табиати баландкӯҳҳои ҷанубу шарқии Осиёи марказӣ – Помир, Ҳисору Олой ва Тиёншонро омӯхтанд. А.П.Федченко қаторкӯҳҳои Пасиолойро кашф кардааст.

Энтомолог В.Ф.Ошанин кӯҳҳои Петри 1 ва қисми поёнии пиряхҳои бузурги кӯҳии Федченкоро омӯхтааст.

Мавқеи асосиро дар таҳсису ташкили сайёҳат дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ҷамъиятҳои географӣ ишғол кардаанд.Дар Париж соли 1828, дар Берлин соли 1830, дар Лондон соли 1845 ва ҷамъияти географии Руссия дар Петербург таҳсис ёфтаанд. Ин ҷамъиятҳо ҳангоми тадқиқоти материкҳо ташкил шудаанд.

Дар тӯли асрҳо таърихи сайёҳат, кашфиётҳои бузурги географӣ пайдошавии ҳудудҳои нав, паҳншавии алоқаҳои хоҷагии халқ, маводҳо ва адабиётҳои илмии зиёд, инчунин дастнавсҳову ҳуҷҷатҳо ба даст омаданд. Онҳо мавқеи асосиро дар тадқиқи аҳолӣ чӣ аз ҷиҳати техникӣ ва чӣ аз ҷиҳати маданӣ равона кардаанд. Дар бисёр сайёҳон шавқи дидани ноҳияҳо ва кишварҳои нав пайдо шуд. Онҳо мехостанд, ки бо зисту зиндагонии халқҳои гуногун шинос шаванд. Ҳамаи ин тасаввуротҳо асоси пайдоиши сайёҳат ва туризм дар ҷаҳон гардиданд. Раванди фаъоли алоқаи хоҷагидорӣ на танҳо зиндагии халқҳоро беҳтар кард, балки ба сохтмони роҳҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, сохтмони минтақаҳои истироҳатӣ, табобатгоҳҳо, омӯхтани ёдгориҳои таърихиву маданӣ замина гузошт. Дар ҳамон вақтҳо бо пайдошавии нақлиётҳои мусофирбар, корхонаҳо, бисёр мушкилиҳо аз байн рафтанд, ки тайи чанд асрҳо онҳо ба сайёҳат монеаи асосӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Дар охирҳои асри ХVIII табақаҳои дорои Европа ба якчанд давлатҳои хориҷӣ бо мақсади тадқиқот ва сайёҳат сафар намуданд, ки баъди ин сафарҳо онҳо ба худ номи «турист»-ро гирифтанд.

Дар нимаи дуюми асри Х1Х ҳаракати туристон дар Европа боиси аз худ кардани шаклҳои муайяни туризм гардид.

Соли 1857 дар Лондон аввалин дустдорони сайёҳат ба куҳсор пайдо шуданд. Яъне клуби алпинистии Англия пайдо шуд. Алпинистҳои англис дар нимаи асри Х1Х ба қуллаҳои кӯҳҳои Алп ба сайёҳат баромада, дар ин системаҳои кӯҳӣ кӯҳнавардони доимӣ ба шумор мерафтанд ва дар як муддати муайян туризмро дар давлатҳои Европа, яъне дар Шветсария, Австрия, Италия, Германия, кӯҳҳои Анд ва минбаъд дар Зеландияи нав тараққӣ доданд.

Баъди кӯҳнавардони англис клуби кӯҳнавардии Алп дар Турина пайдо шуд, ки баъдтар номаш ба клуби Италия тағир ёфт. Соли 1863 клуби Шветсария пайдо шуд. Инчунин дар аввали солҳои 90-уми асри Х1Х клубҳои алпинистӣ дар бисёр кишварҳои Аврупо ва инчунин дар Ш.М.А. пайдо шуданд.

Шумораи умумии ин клубҳо 120-ҳазорро ташкил дод. Бисёрии клубҳо маҷалаҳои худро тартиб доданд, ки ба кӯҳнавардӣ ва сайёҳат бахшида шуда буданд. Аввалин журнал дар Лондон соли 1863 бо номи «Журнали алпӣ» ба хонандагон пешкаш гардид. Вазифаи ҳамаи клубҳои европоӣ на танҳо сайёҳатро дар кӯҳ ташкил кардан буд, балки омӯхтани кӯҳҳоро низ дарбар мегирифт, зеро то асри XIX маълумотҳо дар бораи кӯҳсор хеле кам буданд.

Бо мурури замон бо зиёд шудани шумораи сайёҳатҳо туризм тавонист тараққиёти иқтисодию сиёсӣ ва мадании байни халқҳоро ба кулли тараққӣ диҳад. Тараққиёти туризму сайёҳат боиси тараққи ёфтани савдои байналхалқӣ, бозори умумиҷаҳонӣ ва пайдоиши намудҳои гуногуни нақлиёт гардид.

Гаҳвораи туризм Европа ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо аввалин турагентҳо пайдо шудаанд. Якумин турагенти англис Томас Кук буд, ки дар моҳи июни соли 1841 аввалин сайёҳати туристиро барои гуруҳхои туристон ташкил дод. Инчунин соли 1855 ӯ аввалин сафар ба хориҷа, яъне аз Англия ба Парижро ташкил дод.

Якумин ташкилотҳои туристӣ дар Россия дар Кавказ пайдо шудаанд. Диққати сайёҳонро шаҳри Черноморск ва ландшафтҳои баландкӯҳ ба худ ҷалб намудааст. Ба ғайр аз ин дар ин ҷо ёдгориҳои зебои меъмории асри ХIV–ХVI ҷойгир буданд, ки захираҳои туристии ин давраҳо ба ҳисоб мерафтанд.

Соли 1877 ҷамъияти Кавказ аввалин клуби алпинистиро дар Россия ташкил дод, ки дар ин клуб сайрхатҳои туризми кӯҳиро ташкил мекарданд.

Дар соли 1885 дар Петербург якумин ширкити туристии Леопард Липсон кушода шуд.

Дар охирҳои асри Х1Х дуюмин минтақаи машҳури кӯҳсори Қрим ба ҳисоб мерафт, ки ба ин ҷо сайёҳон метавонистанд ҳам бо роҳи хушкӣ ва ҳам бо роҳи обӣ сафар кунанд. Дар Ялта дар охири солҳои 80-ум кружоки дустдорони табиат ва варзиши кӯҳӣ ба кӯҳҳои Қрим барпо гардид ва баъд 25-январи соли 1890 дар асоси ин кружок клуби кӯҳнавардонии Қрим ташкил ёфт.

Ин клуб сафарҳои туристиро ба ноҳияҳои кӯҳсори Қрим ва Кавказ ташкил медод.

Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ се этапи туризм вуҷуд дошт, ки инҳо ҳамаи намудҳои фаъолияти туризмро дарбар мегирифтанд. Дар он давра туризми дохилӣ амал мекард ва дар туризми байналхалқӣ фақат давлатҳои Иттиҳод иштирок мекарданд. Дар он замон 13-ҳазор сайрхатҳо ташкил ёфтанд, ки сайёҳонро бо қисматҳои туристии ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ шинос менамуданд.

Баъди ба охир расидани «ҷанги сард» туризм статуси навро гирифт – «Шиносномаи ҷаҳони». Туризм ба дараҷаи тез тараққӣ мекард ва бисёр сайёҳон аз бисёр қисматҳои олам ба сайёҳат машғул мешуданд.

Дар таърихи тадқиқотҳои ноҳияҳои кӯҳсор ва фаъолиятҳои туристӣ, кашфиётҳои географӣ хеле диққатҷалбкунанда ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҷумла, муайян кардани объектҳои географӣ ва ҷойгир кардани онҳо дар харита мувофиқи номашон. Кашфиётҳои географӣ ба омӯзиши картографии системаи кӯҳсор алоқамандии зич доранд. Таърихи кашфиётҳои географӣ нишон доданд, ки тараққиёти воситаҳои нақлиёт пеш рафта, истифодабарии натиҷаҳои корҳои илмӣ, миқёс ва сатҳи тадқиқот ба сӯи пеш ҳаракат кардаанд.

Аз ҳама манфиатнок кашфиётҳои бузурги асри XIV-XVI ба ҳисоб мераванд. Онҳо имконияти шиносоӣ бо қисматҳои нави кишварҳои гуногунро медоданд, ки ба ин восита халқҳо бо тамаддуни гуногуни ҳамдигар шинос шуданд.

Ин кашфиётҳоро сайёҳатчиёни машҳур ба монанди Христофор Колумб, Генрих Мореплавател, Мартин Бехайм, Чен Хэ, Васко да Гама, Фернан Магелан анҷом доданд. Пайдоиш ва маънои ин кашфиётҳои географӣ барои туризм ниҳоят калон аст.

Дар солҳои 1642-1644 баҳрнаварди голландӣ Абел Тасман ду бор дар соҳилҳои Австралия баҳрнавардӣ кардааст ва ду бор Австралияи ҷанубиро убур карда, аниқ муайян кардааст, ки Австралия материки нави алоҳида вуҷуд дорад.

Дар соли 1823 капитан Ҷеймс Уэддел дар яке аз ширкатҳои тиҷоратӣ сардори экспедитсияи тадқиқотӣ таъин шуд. Дар муддати ду соли таъсиси ин экспедитсия ҷазираи ҷанубии Оркнейский ва баҳри Георг 1v, маълум гардиданд, ки баъдтар номаш ба баҳри Уэддела табдил ёфт.

Арктикаро сайёҳатчиёни номӣ, қутбшиносон Ҷон ва Ҷеймс Росси, Роберт Мак-Лур, Нилс Нодершемд, Ҷорҷ де Лонг, Фритоф Нансен омӯхтанд ва кашфиётҳои бузурги географиро дар асри ХХ дар сатҳи хушкӣ гузаронидаанд.

Соли 1926 экспедитсияи С.В.Обручев системаи бузурги кӯҳсори шимолу шарқии Сибирро то канори Колыма-Индигирский дар бар мегирифт. Аз дигар кашфиётҳои географӣ метавон номи қуллаҳои баланд ба монанди қуллаи Сомонӣ (7 495 метр ) ва қуллаи Ғалаба (7 439метр ) дар Помир, қаторкӯҳи Академияи илмҳои Помир, қисмати болоӣ ва мобайнии пиряхи Федченко, баландтарин кӯҳҳои Урал қуллаи Народный ( 1895метр ) ва инчунин метавон бисёр қаторкӯҳҳо ва минтақаҳои пиряхии кӯҳӣ дар ҳудуди Россияро мисол овард.

Ба ҳамин тариқ кашфиётҳои географӣ бо худ тараққиётҳои минбаъдаи алоқаи беруниро ба вуҷуд оварданд, ки ин алоқаҳо ба ҳолати ҳозиразамони туризм оварда расонданд.

Онҳо на фақат ба соҳаи туризм, балки ба тамоми таърихи ҷамъияти инсонӣ дигаргуниҳои куллиро ворид намуданд.

1 Скачать
test

Добавить комментарий