Вазъи имрӯзаи туризми кӯҳсор

Т у р и з м – ин маҷмӯи муносибат ва алоқаҳои кӯтоҳмуддате мебошад, ки ҳангоми ташрифи одамони ин маҳалҳо ба ҷойи зисти доимӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо вобаста нест.

Инчунин сафари муваққатии одамонро аз маҳали доимии зисташон ба дигар мавзею кишварҳо бо мақсади истироҳату табобат, барқарор намудани саломатӣ, меҳмонӣ, шиносоӣ, зиёрат ва ғайра, ки дар вақти холигиашон сафар мекунанд ва ба фаъолияти кории онҳо вобастагӣ надорад, т у р и з м номидан мумкин аст.

Туризми кӯҳсор – ин сайёҳат ба кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз ҳудудҳои душворгузари релефи кӯҳӣ (нишебиҳо, теғаҳо, пиряхҳо, қуллаҳо) ва фатҳ намудани селобаҳои кӯҳӣ мебошад.

Туризми кӯҳсор яке аз намудҳои туризм ба шумор рафта, ҳамчун комплекси хизматрасонии истироҳатӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ба ҳисоб меравад . Монеаи асосӣ дар походи кӯҳӣ баландию ағбаҳо ба ҳисоб мераванд . Шумора ва категорияҳои мушкилии онҳо ҳамчун душвориҳои тамоми сайрхатҳои варзиширо муайян мекунад. Пеш аз ба кӯҳ баромадан, аввал бояд одам аз ҷиҳати ҷисмонӣ тайёр бошад. Барои ҳамин машқҳои гуногуни ҷисмонӣ гузаронидан лозим аст. Ҳангоми омӯзиши назарияи туризми кӯҳсор душвориҳои зиёде сади роҳ мешаванд, зеро ҳоло тадқиқотҳои илмӣ дар ин соҳа хело кам гузаронида мешаванд . Бинобар истилоҳҳои илмӣ ва адабиётҳои лозимиро дар ин соҳа пайдо намудан хело душвор аст.Бо вуҷуди он фаъолияти таҷрибавӣ дар ин соҳа хело зиёд аст.

Ташкил додани сайрхатҳои кӯҳӣ, походҳо, сафарҳо ба кӯҳ барои туризми кӯҳсор заминаи босазое гузоштанд. Бо ин мақсад қариб дар тамоми мамлакатҳои чаҳон мактабҳои махсуси туризми кӯҳсорро таъсис додаанд.

Кӯҳҳо – маҳали васеъи сатҳи хушкӣ мебошанд, ки аз қуллаҳою баландиҳои зиёду ҷудо-ҷудо ҷойгир шудаанд. Аз ҷиҳати шакли берунаашон кӯҳҳо ба қаторкӯҳҳо, кӯҳҳои занҷиршакл ва силсилакӯҳҳо ҷудо мешаванд.

Кӯҳҳои алоҳида кам вуҷуд доранд, онҳо ё бо вулқонҳо, ё бо боқимондаҳои кӯҳҳои вайроншудаи қадимӣ алоқаманд мебошанд. Элементҳои морфологии кӯҳ инҳоянд: кӯҳҳои асосӣ ё доманакӯҳҳо,

нишебиҳо, теғахо, қуллаҳо ва ғайра…

Д о м а н а к ӯ ҳ ҳ о – ин сарҳади байни нишебӣ ва ҳудуди иҳоташуда мебошад. Ҳангоми оҳиста-оҳиста аз ҳамворӣ ба кӯҳ баромадан рахҳо намудор мешаванд, ки онҳоро пешкӯҳҳо мегӯянд.

Н и ш е б и ҳ о – қисми зиёди болоии кӯҳро ишғол карданд, ки аз ҷиҳати тасвири берунӣ гуногуншакланд.

Қ у л л а ҳ о – нуқтаи баландӣ ва ё нуқтаи тезтарину охирини қуллаи кӯҳ мебошанд.

С и л с и л а и к ӯ ҳ с о р ё к и ш в а р ҳ о и к ӯ ҳ с о р – ин маҳали васеи барпошавии кӯҳсор аст, ки аз қаторкӯҳҳо ташкил ёфтааст.

Нуқтаҳои васлкунӣ ва гузаштан аз қаторкӯҳҳо бандҳои (гиреҳҳои) кӯҳиро пайдо мекунад. Ин аксҳо одатан дар қисмҳои баланди системаи қаторкӯҳҳо дучор мешаванд.

Ҳамвории байни ду каторкӯҳро биёбони кӯҳӣ меноманд.

Д о м а н а к ӯ ҳ маҳали системаи кӯҳие мебошад, ки аз вайроншавии қаторкӯҳ ва даштҳо ба вуҷуд меояд.

Аз ҷиҳати баландиашон кӯҳҳо ба 3 намуд ҷудо мешаванд:

  1. П а с т к ӯ ҳ ҳ о – баландии мутлақашон аз 500 то 800 метр. Ҷарии нишебиҳо аз 5 то 25 дараҷа. Шакли ҳамвори қуллаҳо, нишебиҳо инчунин шаклҳои тези серхарсанг низ дучор мешаванд.
  2. М и ё н а к ӯ ҳ ҳ о – баландиашон аз 800 то 2000 метр. Нишебии миёнаашон аз 10 то 25 дараа. Шакли релеф ниҳоят гуногун аст. Шакли соддаи релеф барои кӯҳҳои шимол, ҷанубии Урал ва Қрим хос аст. Нуқтаҳои тезшакл ва пикмонанди қуллаҳо, теғаҳои тез, теғаҳои ростбаромадаи нишебиҳо дар кӯҳҳои ( Урали қутбӣ, Замини нав) ва ғайра…дида мешаванд.
  3. Б а л а н д к ӯ ҳ ҳ о – баландтар аз 2000 метр ҷарии нишебиҳо бештар аз 25 дараҷа. Зонаи баландкӯҳ, серхарсанг, теғадор, қуллаҳои тез ва пиряхҳо мебошанд. Асосан қуллаҳои алоҳидаи кӯҳ баланд мешаванд. Мисол: бисёртар баландиҳо дар кӯҳҳои Ҳимолой, Ҷамалунгма (Эверест 8848 метр) ,(Чогорӣ 8611 метр)дида мешаванд.

Кӯҳҳо вобаста ба шакли пайдоишашон ба кӯҳҳои ҷавон ва пир ҷудо мешаванд:

Кӯҳҳои ҷавон – ин кӯҳҳое, ки аз нуқтаи назари геологӣ нав пайдо шудаанд (ба мисоли кӯҳҳои Алп, Кавказ, Помир ва ғайра…). Ин намуди кӯҳҳо баландшавиашонро давом дода, одатан дар ин кӯҳҳо заминларза ва вулқонпайдошавӣ ба вуҷуд меояд.

Дар кӯҳҳои қадима бошад, равандҳои дохилӣ кайҳо хомӯш шудаанд. Ба қатори кӯҳҳои қадима кӯҳҳои Скандинавия, Урал ва ғайра дохил мешаванд.

Вобаста ба асл ва пайдоишашон кӯҳҳо ба кӯҳҳои тектоникӣ, эрозионӣ ва вулқонӣ тақсим мешаванд. Шакли маъмултари кӯҳ ин шакли тектоникӣ мебошад. Қариб 90% кӯҳҳо тектоникианд, ки дар натиҷаи ҳаракати қишри замин пайдо шудаанд. Кӯҳҳои тектоникӣ ба кӯҳҳои чиндор, ва чиндору чиндору пасту теғадор ҷудо мешаванд.

Кӯҳҳои чиндор кӯҳҳоеанд, ки дар ҳудуди қишри замин пайдо шудаанд ва бо дарозию таъғирёбии худ фарқ мекунанд. Глибиҳои калони қишри замин бо як тарзи ба худ хос қад мекашанд. Шакли баъзеашон нишеби ростбаромада ва баъзеашон бо шакли моил ҷойгиранд. Нобаробар ҷойгиршавии кӯҳҳои чиндор ва чуқурии пешкӯҳҳо дар ҳама кишварҳои кӯҳсор дучор мешавад. Ба қатори ин кӯҳҳои Кавкази калон, Кордилер, Алп, Карпат, Ҳимолой, Урал, Анд, Помир дохил мешаванд.

Характери асосии кӯҳҳои чиндор ин занҷиршакл тӯл кашидани онҳо то ба қаторкӯҳҳои баланд (дар масофаи аз сад то ҳазор километр мебошад.)

Кӯҳҳои пора-пора дар натиҷаи фуромадаҳои ҷинсҳои ҳархелаи кӯҳӣ пайдо шудаанд, ки тарқишҳои амудӣ ё якборахамидаро доранд. Ин кӯҳҳои аждаҳоршакл дар Африкаи ғарбӣ ва шарқии Гхата дар Ҳиндустон мебошанд.

Кӯҳҳои чиндору пора-пора – дар ҳудуди қишри замин дар натиҷаи кӯҳпайдошавии хеле қадим пайдо шудаанд. Замин дар ин маҳалҳо ёзандагии худро гум кардааст ва хеле сахт шудааст. Баъд кӯҳпайдошавӣ аз сари нав ба вуҷуд омадааст, ки дир натиҷа шикасташавӣ, порашавӣ ва фуромадани кӯҳпораҳо ба вуҷуд омадааст. Ба ин кӯҳҳо қуллаҳои нӯгтези Австралия дохил мешаванд.

Кӯҳҳои вулқонӣ – аз боқимондаҳои оташфишониҳои вулқонӣ пайдошудаанд ва дорои ташкилаҳои алоҳида мебошанд. Новобаста ба баландии худашон кӯҳҳои вулқонӣ аз тектоникӣ он қадар фарқияте надоранд. Ба монанди вулқони баландтарини ҷаҳон Аконкагуа, ки дар Америкои ҷанубӣ дар баландии 6 960 метр ҷойгир аст.

Кӯҳҳои эрозионӣ – дар натиҷаи бардоштагиҳои тектоникӣ ва ҷудошавии чуқурии ҷараёни об пайдо шудаанд. Релефи ҳозираи кӯҳҳои эрозионӣ дар асоси фаъолияти обхезиҳо ба вуҷуд омадааст.

Марҳилаҳои геологӣ – фосилаи вақте мебошад, ки ҳаракати босурати баланди қишри замин ва давраҳои органикии заминро дар назар дорад. Дар ин давраҳо чиндоршавии кӯҳҳо ба вуҷуд омадааст.

Геосинклинал – ҳаракати тектоникии қишри замин, чуқуриҳо, тангҷойҳо ва ёзандагиҳои зиёде ба ҳисоб меравад (аз 10 то 100 км).

Чиндоршавии герсинӣ – давраи бо шиддат кӯҳпайдошавӣ дар нимаи дуюми даври полеозой (асосан дар давраи карбон ва перм) дар натиҷаи пайдоиши чиндоршавии васеи герсинӣ пайдо шудааст. Маъмултарини онҳо камонаки шимолии Тиёншон, Урал, Алтой, кӯҳҳои ғарбиву марказии Европа, шимолу ғарбии Африка, қисми Анд ва Кордилер мебошанд.

Пастхамии тектоникӣ маҳали қатъшудаи қишри замин, пурра ё ки қисман бо таҳшиниҳо пур шудааст. Мисол пастхамии тоҷик дар Осиёи миёна.

И н т р у з и я – 1) Ҷараёни ҷорӣ шудани (магмаҳо) моддаҳои гудохтаи умқи замин дар қишри замин; 2) Ҷисмҳое, ки дар натиҷаи паноҳ шудани моддаҳои гудохтаи умқи замин (магмаҳо) пайдо шудаанд.

Л е с с – қабатҳои тунук, пораҳо, ковокиҳо ва таҳшинҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, ки сафеду зардшакланд ва аз қисматҳои чанг, гил ва қисмҳои асосии қум, аз омехтаҳои карбонати калсий ва решаи наботот иборатанд.

М а й д а т е п п а – намуди релеф, ки талу теппаҳо ва силсилакӯҳҳоашон характери гуногун доранд. Баъзан қуллаҳои каме нӯгтез ва паҳн доранд, ки баландиашон аз 50 то 100 метр аст. Онҳоро пастхамии тунуке ҷудо мекунад, ки дар натиҷаи вайроншавии дарози силсилакӯҳҳо пайдо шудаанд.

П л а т о – баландиҳои дашт, ки рост ё мавҷшакл мебошанд ва қисми болоиашон каме ҷудо-ҷудо аст, ки бо нишебиҳо ва зинаҳо маҳдуд шудааст.

П л а т ф о р м а – элементи асосии структураи геологии материкҳо мебошад, ки муқобили геосинклиналӣ буда, аз онҳо каме бо реҷаи тектоникӣ фарқ мекунад. Инҳо глибиҳои бузурги қишри заминанд. Онҳо дар ҷои пешинаи ҳудудҳои геосинклиналӣ пайдо шудаанд.

П л и т а – ҳудуди калони қишри замин ба монанди платформа, вале аз ҷиҳати синну сол ҷавонтаранд.

С и н к л и н а л – чинсҳои синклиналӣ, чинсҳои қишри замин, ки каме ба поён барҷастагӣ доранд.

Ҳаракатҳои тектоникӣ – маҷмӯи маълумоти уфуқӣ ва амудии ҳаракати литосфера, боиси пайдошавии тарқиши чинҳои рӯи замин гардидааст.

Ҳаракатҳои тектоникӣ оҳиста ва тез мешаванд:

Дар ташаккулёбии релеф дар қисмати болоии замин мавқеи асосиро ҳаракати литосферии плита (пора ё булак) мебозад. Кӯҳпайдошавӣ дар он ҷойҳое ба вуҷуд меояд, ки дар он маконҳо плитаҳои литосферӣ дар қаъри материкҳо ба ҳам бармехӯранд.

Дар натиҷаи бархӯрдҳои шаддид дар замони ҳозира плитаҳои Ҳинду Астралия, дар Еразия бошад, кӯҳҳои Ҳимолой ба вуҷуд омадаанд.Ҳамин тавр рахи кӯҳҳои Урал ба вуҷуд омадааст.

Ҷадвали геохронологӣ.

Э р а ҳ о Д а в р а ҳ о Синну соли ниҳоӣ (ба хисоби млн. сол) чиндоршавӣ
Кайнозой KZ Чорум Q

Неоген N

Палеоген P

0 – 70 Алпӣ (Кайнозой)
Мезозой MZ Бур K

Юра J

Триос T

70 – 185 Киммери (Мезозой)
Полеозой PZ Перм P

Ангишт C

Девон D

Силур S

Ордовик O

185 – 570 Герсинӣ

(баъди полеозой)

Каледонии (пеш аз полеозой)

То Кембрий Протерозой PR

Протерозои боло

Протерозойи поён

570 – 2 700 Байкалӣ
Архей AR 2 700 – 3 800
2 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.