Захираҳо ва инфрасохтори туризм

Иқтидори туристии ҳудуд

Иқтидори туристии ҳудудшарти муҳими рушди туризм мебошад, ки он аз рўи фарогирӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ, кишвар, ноҳия ва мавзеъ ҷудо мешавад. Зери мафҳуми иқтидори туристӣ маҷмўи ҳамаи унсурҳои табиӣ, фарҳангӣ – таърихӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ фаҳмида мешавад, ки он барои фаъолияти туристӣ дар ҳудуди муайян пешниҳод мегардад. Баъзан иқтидорҳои туристиро дар муносибати байни далелӣ ва тахминии миқдори туристон шарҳ медиҳанд ва аз ин хотир ин назари мо чандон дуруст нест.

Иқтидори туристии ҳудуд вобаста ба маърифати иҷтимоӣ-фарҳангӣ хеле тағйирёбандаанд. Зери иқтидори туристӣ мафҳуми шароит ва омилҳои рушди фаъолияти туристӣ фаҳмида мешаванд.

Ба ақидаи баъзе коршиносон мафҳуми арзишҳои туристӣ маънои захираҳои туристӣ ё иқтидорҳои туристӣ -рекреатсионии ҳудудро дорад. Аз рўи миҷози худ онҳо пайдоиши гуногунранг дошта, қисми он дорои хусусияти табиӣ буда, қисми дигар дар натиҷаи фаъолияти инсон ба амал омадааст, яъне ба тарзи сунъӣ офарида шудааст.

Миёни арзишҳои туристии антропогонӣ, сунъӣ ва табиӣ марзбандӣ вуҷуд дорад, зеро ин арзишҳо бо иштироки фаъолияти муштараки инсон дар табиат офарида шудаанд. Сохтори иқтидори туристии ҳудуд дар зер оварда шудааст.

Расми 9. Сохтори иқтидори туристии ҳудуд.

Аз расми овардашуда аён аст, ки иқтидорҳои туристӣ- захираҳои туристӣ ва инфрасохтори туристиро дар бар мегирад.

Захираҳои туристӣ аз се гурўҳи асосӣ таркиб ёфтаанд:

– табиӣ;

– фарҳангӣ – таърихӣ;

– иҷтимоӣ – иқтисодӣ.

Ба инфрасохтори туристӣ унсурҳои иттилоотӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, идоравӣ ва ғайра шомиланд.

Захираҳои туристию рекреатсионӣ барои идораи туризм аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва он тиҷорати туристиро дар ин ё он минтақа, ташаккул медиҳад. Маҳз онҳо асоси рушди босуботи тиҷорати туристиро ташкил намуда, хусусияти хоси туризмро дар минтақа муайян менамоянд. Ғайр аз ин ба сифати зербино барои истеҳсоли маҳсулоти туристӣ хизмат менамоянд. Ба захираҳои табиӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ, моддӣ – техникӣ ва меҳнатӣ дохиланд.

 

Баҳодиҳии иқтидорҳои табиӣ-рекриатсионии ҳудуд

Иқтидори туристии ҳудуд яке аз заминаҳои асосии тараққиёти туризм ба ҳисоб меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳудуд бо дороии иқтидорҳои зиёди табиӣ-захиравӣ дар асоси истифодаи методологӣ чунин роҳи истифодаи онро пешниҳод менамояд. Ба ҳудудҳои рекреатсионӣ як қатор хосиятҳоро нисбат медиҳанд:

– сатҳи захираҳои табиӣ рекреатсионӣ;

– иқтидорҳои онҳо;

– ягонагии табиӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ;

– пайваста будани талабот: имрўз ва фардо.

Дараҷаи дарки сатҳу сифати захираҳои рекреатсионӣ аз ҷониби инсон хусусиятҳои истеъмолии онро ба вуҷуд меорад.

Аз нуқтаи назари барқароркунии саломатии инсон ва ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва ғайра захираҳои рекреатсионӣ чунин хусусияти истеъмолӣ доранд.

-сифати баланди истироҳат дар имконияти мавҷудаи захираҳои гуногуни ҳудуд (табобатӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва ғайра) таъмин карда мешавад;

-нотакрорӣ, гайримуқаррарӣ, ҳастии ба худ хоси захираҳои рекреатсионӣ арзишҳои умумиинсониро муайян месозанд;

– талаботи инсон дар муошират бо унсурҳои табиати «Вуҳуш» албатта бояд қонеъ гардонида шавад;

– захираҳои табиӣ – рекреатсионӣ ивазнашаванда, маҳдудшаванда буда, имконияти маҳдуди барқароршавӣ доранд.

Яке аз унсурҳои муҳими геоландшафт барои инсон, аз рўи сифати фароғат муайян мегардад. Аҳамияти рекреатсионии ин ё он ҳудуд вобаста ба дараҷаи ҳарорати ҳавзҳои кушод гуногунҷабҳа буда, яке аз омилҳои муҳим, майдони акваторияи он, монеаҳои табиӣ дарёӣ, навъҳои гуногуни варзиши ҷазбкунанда, сифати оби нўшокӣ ва гуногунрангии обҳои маъданӣ маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки дорои захираҳои геоландшафти ба худ хос, иқлими муносиб, набототу ҳайвоноти гуногун, муҳити экологии солим, обҳои мусафо, мавҷудияти обҳои маъданию гаронбаҳо, сифати иқтидорҳои табиӣ рекреатсиониро муайян менамояд.

Омилҳои зикргардида, барои табобату истироҳати бофароғати туристон нақши муасир дошта, ҳар қадар ба ҳар гектар майдони туристӣ рекреатсионӣ шумораи ками одамон рост ояд, ҳамон қадар фароғати туристон беҳтар мегардад. Гузашта аз ин чунин меъёрҳо сифати истироҳатро баланд бардошта, таъсири манфӣ ба муҳити атроф кам мегардад ва барои истифода минтақаҳои рекреатсионӣ муддати тўлони хизмат менамоянд.

Дар мисоли минтақаи туристию рекреатсионии Варзоб қайд кардан бамаврид аст, ки дар мавсими ҷўшу хуруши истироҳат дар як шабонарўз ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 10 -15 нафар рост меояд, ки ин аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Аз ин рў вайроншавии муҳити экологии минтақаи туристии Варзоб бештар ба назар расида, сабаби ислосшавии экосистема гаштааст. Ҳамзамон афзудани бўстонсаройҳои хусусӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва маҳалҳои аҳолинишину корхонаҳои истеҳсолӣ дар водии дарё Варзоб, боиси он гаштааст, ки таркиби оби дарё, ки аслан дар поёноб то 1 млн. нафар аз он истеъмол мекунанд, ғайрисанитарӣ гардида ба пайдоиши бемориҳои сирояткунанда замина фаро овардааст.

Кулли истироҳатгоҳҳои хусусии дар атрофии дарё сохташуда, партовгоҳ надоранд ва аксаран партовҳою обҳои ғализро ба дарё меандозанд. Ин ҳолат эҳтимоли бавуҷудоии буҳрони экологиро дар минтақаи мазкур ба вуҷуд меорад.

Захираҳои туристӣ ҳамчун асоси

Ташкили фазоии туризм

Туризм ҳамчун соҳаи хоҷагидорӣ тамоюул ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дорад. Ин соҳа дар чунин хусуятҳо зоҳир мегардад:

– ҳиҷрати одамонро ба ҷойҳои воқеи захираҳои туристӣ афзун мегардонад:

– он маҷмаҳои табиӣ ва фарҳангие, ки қаблан дар хоҷагидорӣ истифода намешуд, комилан истифодашаванда гардид:

– ба тарзи маҷмаавӣ (комплексӣ) истифодаи захираҳои табиӣ фарҳангию таърихӣ;

– бо назардошти истифодаи мақсадноки табиат қонеъгардонии талаботҳо ба маҷмааҳои табиӣ;

– ҳамоҳангии хуб бо дигар намудҳои истифодабарии табиат, яъне кишоварзӣ, моҳидорӣ, хоҷагии ҷангал, саноати коркардӣ кўҳӣ;

– таъсиррасониро ба табиат ва фарҳанг тавассути истеъмолкунанда – турист амалӣ менамояд;

– хусусияти ҳавасмандӣ дар танзими таъсири антропогенӣ ба маҷмааҳои табиӣ ва фарҳангӣ;

– ҳамчун соҳаи хоҷагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок аст.

Масалан: меҳнати кормандони соҳаи туризм на ба табиату фарҳанг, балки ба инсон, яъне барои барқарорнамоии нерўи ҷисмонӣ, равонӣ, маърифатнокӣ равона гардидааст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки агар инсон тўлли ҳафта истироҳати хешро берун аз муҳити шаҳрӣ дар бағали табиат гузаронад, самаранокии меҳнати ў 15% афзун мегардад. Захираҳои туристӣ ғановати миллӣ маҳсуб меёбанд, аммо қисме аз онҳо ба объектҳои моҳияти ҷаҳонидошта шомиланд. Чунин номгўро ЮНЕСКО боз таҷдид менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин гуна объектҳо шаҳри қадимаи Саразм, ки таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад, Тахти Сангин (Қабодиён), Ҳулбук, Аҷинатеппа (Бадахшон), қалъаи Ҳисор ва ғайра шомиланд.

Кулли ёдгориҳои бостонӣ ва объектҳои табиӣ зери ҳимояи давлат қарор доранд ва барои нигаҳдорю ҳифзи ёдгориҳои дорои аҳамияти ҷаҳонидошта, аз ҷониби СММ ҳамасола маблағҳои муаяйн ҷудо карда мешавад. Захираҳои туристӣ як қатор хусусиятҳои умумиро доро мебошанд.

– аввалан онҳо таърихианд, яъне мувофиқи меъёри талабот туристонро ба худ чазб менамоянд;

– дувум, онҳо ҳудудианд, яъне майдони зиёдро ишғол менамоянд;

– сеюм, нақши ташкилиро бозида барои ташаккули нуқтаҳои туристӣ, ноҳияҳо ва минтақаҳои туристӣ мусоидат менамояд.

Хусусиятҳои махсуси захираҳои туристӣ томият, афзоишёбанда, ғунҷоишӣ, эътимоднокӣ, ҷаззобият, устуворӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.

Томият алоқамандии ҳамаи захираҳо ба монанди сарватҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва объектҳои хўроки умум, хоҷагии меҳмонхонавӣ, нақлиётӣ ва ғайра.

Ғунҷоишӣ имконияти шомил намудани захираҳои дигар бахшҳои иқтисодӣ, ки ба туризм алоқаи зич надорад (м: саноат, кишоварзӣ, савдо ва ғайра).

Устувории захираҳои туристӣ дар миқёси иқтисоди миллӣ, ки тавозуни иқтисодиро вайрон намекунад, яъне дар индустрияи туристӣ он шароитҳо ва сарватҳои табиие истифода шудаанд, ки аз ҷониби дигар бахшҳои хоҷагиҳо истифода намешаванд.

Эътимоднокӣ дар бахши туризм дар навбати аввал ба шароитҳои иҷтимоию сиёсӣ вобаста аст.

Ҷаззобиат манзараҳои нотакрори қаторкўҳҳо, кўлу дарёҳо, обанборҳо чашмаҳои маъданӣ, хусусияти асосии захираҳои туристӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин хусусият воситаи ҳамоиши туристӣ мебошад.

Нотакрории объектҳои туристӣ метаванад ҳавасмандии инсонро бедор намояд.

Арзишҳои маърифатӣробитаи объектҳо бо субъекти мушахаххаси таърихӣ, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси машҳур.

Арзишҳои рекреатсионӣимконияти истифодаи оқилонаи объектҳои туристӣ барои ташкили истироҳат ва солимгардонии туристон.

Шуҳратмандӣ маъмул будани объектҳои туристӣ миёни туристон.

Ғайримуқаррарӣ дараҷаи гуногунрангии объектҳои туристӣ ва рекреатсионӣ ғайриоддӣ будани онҳо нисбат ба шароити зисти доимии туристон.

Нигоҳдоштҳолати объектҳо ва омода намудани ҳудудҳои туристӣ ва рекреатсионӣ барои ташкилу қабули туристон.

Талаботҳои асосие, ки истеъмолгари захираҳои туристӣ арза медорад:

– истифодаи арзишҳои табиӣ (боздиди ҷаззобияти табиат, ҳудудҳои мамнуъгоҳ, боздиди манзараҳои зебо);

– истифодаи арзишҳои фарҳангӣ (дидани ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, боздид аз осорхонаҳо, театрҳо ва намоишгоҳҳо);

– имконияти шуғл ба варзиш (пиёдагардӣ, обӣ, лижатозӣ, дучархасаворӣ, мотто ва автосайр, сайр, шиноварӣ, бозиҳои варзишӣ);

– шуғли саргармӣ (моҳидорӣ, шикор), ҷамъоварии намудҳои гуногуни растаниҳою ҳашаротҳо (гербария, фотошикор ва ғайра), якчанд таснифотҳои гуногуни захираҳои туристӣ мавҷуд аст. Дар нисбати аввал онҳо ба ду гурўҳи калон ҷудо мешаванд: бевосита ва ғайримустақим.

Ба гурўҳи аввал захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд, ки аз ҷониби худи туристон ва истироҳаткунандагон истифода мегардад (Масалан: ҷаззобияти манзара, воситаҳои солимгардонии маҳал, объектҳои маърифатӣ ва ғайра). Захираҳои ғайримустақим (иҷтимоӣ-иқтисодӣ) барои истифодаю аз худ намудани захираҳои бевоситаи туристӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гурўҳи захираҳо ба моддӣ, техникӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва ғайра ҷудо мешаванд. Аз рўи нишонаҳои функсионалӣ (вазифавӣ) захираҳои туристиро ба захираҳои солимгардонӣ, маърифатӣ ва варзишӣ тақсим менамоянд.

Дар баробари ин арзишҳои ҳудудии табиию эстетикӣ аҳамияти бузург дорад.

Хусусиятҳои маърифатии ҳудуд ба объектҳои табиӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ вобаста аст. М: ёдгориҳои маърифатию фарҳангӣ, осорхонаҳо, хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои аҳолӣ, объектҳои нотакрори табиат, фарҳанг, саноат ва ғайра.

Ҳамаи захираҳои комплексҳои ҳудудии туристӣ ба 3 гурўҳ ҷудо мешаванд, яъне табиӣ (иқлим, захираҳои об, чашмаҳои маъданӣ, гилҳои табобатӣ, релеф, ғорҳо, олами растаниёт ва ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ ва машнўъгоҳҳо, манзараҳои дилфиреб, объектҳои табиии нотакрор), фарҳангӣ-таърихӣ (осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, театрҳо, хусусиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ, этнографӣ, фолклор, марказҳои ҳунарҳои дастӣ) ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ (дастрасии ҳудудии нақлиётӣ ва сатҳи рушди табакаи нақлиётӣ, мавқеи иқтисодӣ географӣ, сатҳи рушди иқтисодии ҳудуд, сатҳи таъминоти хизматрасонии аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, хусусияти аҳолӣ).

Дар маҷмўъ захираҳои туристии заминагузорӣ фазои ташкили туризм дар ҳудудҳои муайян ба шумор рафта, истифодаи оқилонаи ин захираҳо ба ҳудудҳои алоҳида таъсири муфид мерасонад.

Объектҳо ва комплексҳои туристӣ

Комплексҳои туристӣ –ин маҷмўи хоси шаҳрсозӣ, ки аз иншоотҳои туристӣ бо назардошти муттаҳидии меъморӣ, дар фазои ягонаи ташаккули хизматрасонӣ, мебошад. Инчунин зери мафҳуми комплекси туристӣ маҷмўи ҳамаи иншоотҳои туристие, ки бо ғунҷоиши зиёда аз як ҳазор ҷой, ки бо як барнома он ҷоро муттаҳид намудаанд, фаҳмида мешаванд. Ба монанди табобат, солимгардонӣ, истироҳат, мулоқоти корӣ ва дигар чорабиниҳо.

Объектҳои туристӣ маҷмўи иншоотҳое туристие мебошад, ки барои амалинамоии барномаҳои махсуси хизматрасонии туристӣ равона гардидаанд. Минтақаҳои туристӣ ва рекреатсионии Қайроқум, Ҳисор, Ромит, Обигарм, Гармчашма таҷрибаи ҷаҳонӣ сохтмонҳои гуногуни объектҳои туристиро муаррифӣ намудааст. Чунончи: комплекси туристии Шарм-ал-Шайх (Миср), Хургада (Миср), Пхукет (Тайланд), Пиреней, Руселйон (Испания-Фаронса), Гоа (Ҳиндустон), Сантраж (Фаронса), Флорида (ИМА), Сочи (ФР) ва ғайра. Ин маҷмааҳо боиси таснифоти комплекси туристӣ мегарданд.

Тавсияҳои гуногун оид ба бузургии комплекси туристӣ мавҷуд мебошанд. Чунончи ҳудудҳои наздибаҳрӣ бо фазои обӣ метавонанд комплекси туристии ғунҷоишашон аз 2 то 10 ҳазор ҷойро таъмин намояд. Марказҳои туристие, ки дар соҳили дарё ва кўлҳо ташкил шудаанд ва иқтидорҳои туристиашон нисбатан маҳдуд аст, ғунҷоишашон то 500, иқтидорҳои миёна аз 500 то 2,5 ҳазор ва иқтидорҳои бузург зиёда 2, 5 ҳазор ҷойро ҷойро ташкил карда метаванад.

Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтан ҷоиз аст, ки вобаста ба шароити кўҳӣ будани ҳудуд ташкили марказҳои туристӣ хусусияти ба худ хос дорад, яъне меъёри гунҷоиш дар як маркази туристие, ки дар водии дарё, кўл ё водиҳои байникўҳӣ ташкил мегардад, набояд аз 500 нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол дар ин ҳудудҳо фарсоиши экосистемаҳо ба чашм мерасад. Комплексҳои туристӣ – ин на танҳо бино, иншоот ва ё объектҳои техникии сунъӣ, инчунин ҳудудест, ки дорои ҳамаи хусусиятҳои гардишгарӣ, табобатӣ, истироҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои табиӣ мебошад. Ҳамзамон маҳз сифати манзараҳои табиӣ имкониятҳои ҳудудро муайян намуда, боиси ташкили марказҳои туристӣ мегардад. Инҷо мушкилии дигари зербунёдӣ ба монанди интихоби ҷой, барои чойгиринамоии корхонаю иншоотҳои туристӣ ба миён меояд. Ба ҷои ҷойгиринамоии объекти туристӣ мутахассисон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, бахусус агар сухан оид ба ҷойгирнамоии комплексҳои бонуфузи туристӣ равад.

Солҳои охир масоили баҳодиҳии ҳудуд барои истифода ҷиҳати туризм аз ҷониби меъморон, ҷуғрофияшиносон, равоншиносон, коршиносони соҳаи туризм фаъолона баррасӣ мегардад. Бо назардошти мавҷудияти иқтидорҳои туристӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар объектҳои туристӣ ба монанди Хоҷаобигарм, мавзеи Искандаркўл, Саричашма, Ҳавотоғ, Қайроқум, Артуч, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Сари Хосор, Қалъаи Ҳисор ва ғайра мавҷуданд, ки дар ин ҳудуд ташкили комплексҳои васеи туристӣ имконпазир аст.

Муассисаҳои туристӣ

Яке аз унсурҳои иқтидори туристӣ рушди инфрасохтори туристӣ ба ҳисоб меравад, ки маҷмўи объектҳо, корхонаю идораҳои мансуб ба шабакаи туристиро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин боиси рушди устувори ташкили ҳудудии хоҷагии туристӣ мегардад.

Шабакаи туристӣ – ин маҷмўи ҷойгиркунонии муассисаҳои туристӣ ба монанди туризми табобатӣ – истироҳатию солимгардонӣ, варзишӣ ва маърифатӣ дар мамлакат (вилоят, ноҳия) мебошад.

Нишондиҳандаи асосии рушди шабаки туристӣ зиччии муассисаҳои туристӣ, ки баробар ба миқдори ҷой (ба ҳазор км2 рост меояд) мебошад. Вобаста ба ин ҳудудҳо ба рушдёфта, миёна ва сусттараққӣкарда ҷудо мешаванд. Омили асосии муайянкунандаи рушди фаъолияти туристӣ базаи моддӣ маҳсуб меёбад. Базаи моддии туризм маҷмўи унсурҳои моддӣ ва ҷиҳозии қувваҳои истеҳсолкунанда, ки дар раванди истеҳсоли хизматрасонии моддӣ истифода мегардад, ба шумор меравад.

Хоҷагиҳои туристӣ ба якчанд зерсоҳаҳо, яъне осоишгоҳҳо, осоишгоҳ – солимгардонӣ, табобатию беҳдоштӣ, хона-истироҳатгоҳ, пансионатҳо ва базаҳои истироҳати ҷудо мешаванд.

Осоҳишгоҳҳо дорои базаи моддии рушдёфта буда, ҳамзамон ҳудуди васеъро ишғол намудаанд, ки ба се минтақаи асосӣ, яъне табобатӣ, хоҷагидорӣ ва чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ ҷудо мешаванд. Муҳимтарин он табобатӣ буда, дар худ биноҳои хобгоҳӣ ва табобатӣ, комплексҳои варзишии зимистонаю тобистона, ошхона, марказҳои дилхушӣ, манзараҳои дилфиребро фарогир мебошад.

Иморати табобатӣ аз якчанд шўъбаҳо ба монанди ташхис, физиотерапӣ, табобат бо шуъо ва гармӣ (ташхиси равонӣ, варзиши табобатӣ, механотерапия, гидротерапия ва ғайра), ҳуҷраҳо (шахс, сўзандармонӣ, галотерапӣ, «ҳавои кўҳӣ», дондонпизишкӣ ва ғайра), ҳамчунин табобати обӣ, гармоба ва ҳавзҳо, табобат бо гил ва ғайра иборат мебошад.

Як қисми осоҳишгоҳҳо аз рўи дараҷаи ташхис ва ҷиҳози лозимӣ аз беморхонаҳои (клиника) ташхисӣ афзолият доранд. Марказҳои фароғатӣ китобхона, мизи билярдбозӣ, толорҳои рақсу киноконсертӣ ва марказҳои бозиҳои гуногунро дар бар мегирад. Ба осоишгоҳҳо теъдоди зиёди мутахассисони гуногункасб ба монанди пизишкон – курортшиносҳо, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони ғизои парҳезӣ, хизматгузорон, ташкилкунандагони фароғат барои истироҳаткунандагон, гидрогеологҳо, назоратчиёни ҷойҳои дорои обҳои маъданӣ, кормандони муҳосибот, нақлиёт, устоҳо ҷалб карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоҳишгоҳҳо дар ҳудудҳое ташкил ёфтаанд, ки дорои захираҳои гуногунранги талаботии табиӣ мебошанд. Чунончӣ ососҳишгоҳҳои Хоҷаобигарм, Обигарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Зумрад, Зайрон ва ғайра. Дар миқёси кишварҳои аъзои ИДМ бошад ин гуна осоишгоҳҳо бештар дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Қафқоз (Озорбойҷон, Гурҷистон, Арманистон), соҳили баҳри Сиёҳ, нимҷазираи Камчатка бештар ҷойгир карда шудааст.

Ба осоишгоҳҳо бештар категорияҳои истироҳаткунандагоне мераванд, ки синашон аз 50 сол боло аст. Фаъолияти осоишгоҳҳо хусусияти тамомисолӣ дорад. Марҳилаи талабот дар онҳо аслан аз 21 то 24 рўзро дар бар мегирад. Баъзан то ду ҳафта кўтоҳ карда мешавад.

Шабакаи муассисаҳои истироҳатӣ хонаистироҳатгоҳҳо, пансионатҳо ва пойгоҳҳои (база) истироҳатиро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии муассисаҳои истироҳатӣ ин ташкил намудани истироҳат, солимгардонӣ ва талаботи мардуми кишвар мебошад. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Иттифоқи касаба муайянкунандаи ташаккули ин шакли истироҳат ба шумор меравад. Ҳоло бошад дар радифи ташкилотҳои Иттифоқи касаба амалинамоии ин шакли истироҳату талабот аз ҷониби ширкатҳои туристӣ, худи шаҳрвандон ва корхонаҳои фаъолияташон гуногун роҳандозӣ мегардад.

Ташкили туризми варзишию маърифатӣ аз ҷониби пойгоҳҳои туристӣ, парасторхонаҳо, бошишгоҳҳои туристӣ, лагерҳои кўҳнавардӣ, муассисаҳои меҳмондорӣ (меҳмонхонаҳои туристӣ, кемпингҳо) ва ғайра матраҳ мегардад. Ҳанўз дар аксари мавзеҳои туристии ҷаҳон пойгоҳҳои туристӣ фаъолият менамоянд. Мақоми махсусро миёни муассисаҳои туристӣ боғҳои (парк) рекреатсионӣ ишғол менамоянд. Бузургтарини онҳо – боғҳои миллӣ мебошанд, ки дар ҳудудҳои зебои табиию таърихӣ ташкил мешаванд ва барои истироҳати кўтоҳмуддату фаъол равона мегарданд. Боғҳои рекреатсионӣ инчунин дар минтақаҳои ҳифзшаванда ташкил карда мешаванд. Дар баробари он муассисаҳои дилхушӣ, аквапаркҳо, диснейлендҳо ва ғайра пайдо мешаванд.

Муассисаҳои туристӣ намудҳои гуногуни меҳмонхонаҳоро низ дар бар мегирад. Аввалин меҳмонхонаҳо (корвонсаройҳо) ҳанўз 2 ҳазор сол пеш аз мелод дар тамаддуни қадимии Шарқ пайдо шудаанд. Бо мурури замон дар Юнони қадим ва Рими қадим меҳмонхонаю меҳмонсаройҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки барои хизматрасонӣ ба савдогарони сафаркунанда, санъаткорон, зиёраткунандагон ва ҷаҳонгардон пешбинӣ шуда буданд.

Дар замони муосир аз рўи дараҷаи хизматрасонӣ меҳмонхонаҳо ба 6 категорияи асосӣ, яъне якситорадор ва шашситорадор тақсим мешаванд. Ин гуна меҳмонхонаҳо, бахусус панҷситорадор дар кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Чин, Ҷопон, Мисру Туркия фаъолият доранд.

Ҳамзамон меҳмонхонаҳо аз рўи андоза (ғунҷоиш) ба чор категорияи асосӣ тақсим мешаванд:

  • хурд (то 100 – 150 ҷой);
  • миёна (аз 100 то 300 – 400 ҷой);
  • калон (аз 300 то 600 – 1000 ҷой);
  • бузург (зиёда аз 1000 ҷой).

Ғайр аз ин бузургии меҳмонхона муайянкунандаи дараҷаи хизматрасонии он мебошад.

Бозори мақсаднок – категорияи мушахасси одамонест, ки меҳмонхона онҳоро ба сифати меҳмонҳои арзишманд дидан мехоҳад. Дар ҳол меҳмонхона иқдоми маркетингии хосеро ҷиҳати ҷалби сарватмандон пеша менамояд. Масалан шабакаи меҳмонхонаҳо ба монанди «Marriott»: «Marriott Margius», «Marriott Hotels», «Marriott Inns», «Courtyard by Marriott», «Fairfield Inn by Marriott», «Residens Inn by Marriott», ин гуна иқдоми маркетингиро пеш гирифтааст ва афзалияти он дар он зоҳир мегардад, ки дар минтақаи муайяни географӣ якчанд меҳмонхонаи якранг вале самтҳои гуногун (бо мақсади ҷалби категорияҳои гуногуни туристон) бунёд мегардад.

Аз рўи хизматрасонии бозорҳои мақсаднок меҳмонхонаҳо ба чор гурўҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

  1. Меҳмонхонаҳо барои туристоне, ки мақсад ва моҳияти асосии сафарашон фаъолияти касбӣ мебошад (бизнес, тиҷорат, мулоқот, машварат, симпозиум, конфронсҳо, кунгураҳо, табодули таҷриба, намоишҳои касбӣ, муаррифии маҳсулот ва ғайра);
  2. Меҳмонхонаҳо барои туристоне, ки мақсаду моҳияти сафарашон истироҳат (фаъол, ғайрифаъол, омехта) ва талабот (профилактикӣ, барқарорнамоӣ) мебошад. Ба ин гуна меҳмонхонаҳо дохил мешаванд:
  • Меҳмонхонаҳои курортӣ;
  • Пансионат ва хонаистироҳатгоҳҳо;
  • Меҳмонхонаҳои туристию саёҳатӣ;
  • Меҳмонхонаҳои туристию варзишӣ (маҷмааҳои туристӣ);
  • Казино (маркази дилхушӣ) – меҳмонсаройҳо (меҳмонхонаҳо барои дўстдорони бозиҳои хусусияти қиморӣ дошта);
  • Махсусгардонидашуда (бо низоми хизматрасонии ташкили воситаҳои нақлиёти шахсии туристон, худхизматрасонӣ).
  1. Меҳмонхонаҳои транзитӣ (маҷмааҳои туристӣ):

– меҳмонхонаҳои назди фурудгоҳӣ;

– меҳмонсароҳои назди саристгоҳҳои роҳи оҳан;

– меҳмонсароҳои бандарҳои баҳрӣ.

4. Меҳмонхонаҳо барои истироҳати доимӣ

Расми 10.Таснифоти меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгирнамоии туристон.

7 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.