Захираҳои рекреатсионии туризми кӯҳсор

 

Туризми кӯҳсор бо паҳншавии географии системаҳои кӯҳӣ алоқаманд аст. Кӯҳҳо шароити мусоидро барои ба вуҷуд овардан ва тараққӣ додани туризми кӯҳсор фароҳам месозанд. Хусусияти онҳо аз он иборат аст, ки сайёҳат ба кӯҳоро дар шароити баландкӯҳҳо ташкил намоянд.

Минтақаҳои асосии кӯҳӣ дар курраи замин чун рахҳои чиндор ҷойгиранд. Ин минтақаҳои чиндор миқёси глобалӣ доранд. Дар Америка инҳо – Анду Корлдилеранд, дар Евроосиё – Алп, Пиреней, Кавказ, Помир, Тиёншон, Ҳимолой ва ғайра, дар Африка минтақаҳои кӯҳӣ дар шимолу ҷануб – кӯҳҳои Атлас ва Карск, дар маркази материк вулкани кӯҳӣ ва нуқтаи баландтарини Калиманжаро мебошанд. Дар ҳар як материк минтақаҳое вучуд доранд, ки барои дурнамои туризми кӯҳӣ хос мебошанд. Ҳамин тариқ фаъолиятҳои рекреатсионии релефи минтақаҳои кӯҳӣ хусусиятҳои фарқкунанда доранд. Релефи кӯҳӣ ба 3-қисмат тақсим мешавад: барф, ях, харсанг. Дар тайёр кардани сайрхат диққати асосӣ ба шакл ва элементҳои релеф дода мешавад.

Шаклҳои релеф – ин ташкилаҳои бузургеанд, ки аз ҷиҳати географӣ, геологӣ ва инчунин аз ҷиҳати ҳолатҳои варзишӣ аҷоибанд. Инҳо системаҳои кӯҳӣ, узлы (гиреҳҳо), каторкӯҳҳо ва даштҳо мебошанд. Маълумот дар бораи шаклҳои релеф одатан барои тайёр кардани сайрхат, муайян кардани вақт ва душвориҳояш барои баромадан ба сайёҳат кифоя аст.

Элементҳои релеф – одатан дар харита тасвир нашудаанд, лекин нақши калонро мебозанд. Инҳо: нишебиҳо, теғахо, моренаҳо (тудаи пораҳои чинсҳои кӯҳӣ ва сангҳо, ки аз болои кӯҳ ба воситаи ҳаракати пиряхҳо мефуроянд) мебошанд, ки онҳо ҳаракати роҳро муайян мекунанд.

Аз нуқтаи назари туризми кӯҳӣ барои мо номи кӯҳҳое, ки типпи алпӣ доранд аҷоибанд. Кӯҳҳои баланди ҷавон аз орографияи душвори каме вайроншудагӣ ва фуромадаҳои яхҳо иборатанд. Дар худуди Евроосиё зонаи асосии ташкилаҳои кӯҳӣ дар роҳҳои кӯҳҳои Алпу Ҳимолой ва кӯҳҳои Уралу Муғул пайдо шудаанд. Қаторкӯҳҳо аз қуллаҳо ва пастхамии байни онҳо иборат ҳастанд, ки онҳоро гарданаҳои кӯҳӣ мегуянд. Қуллаҳо вобаста ба шаклашон, метавонанд пикшакл, гумбазшакл, манфашакл ва нӯгтез шаванд, аммо қисми бузурги қулла пик номида мешавад. Мисол: пик И.Сомони, пик Ғалаба ва ғайра. Дар вақтҳои охир қуллаҳоро сеюмин полюси ҷаҳон номгузорӣ кардаанд. Дар замони муосир ҳудуди баланди кӯҳҳоро нав тадқиқ карданд. Мисол,

Қуллаи Ленин

қуллаи кӯҳӣ Ҷамалунга (Эверест) дар соли 1953 тадқиқот гузаронида шуд. Ба даҳ қуллаи баландтарин: қуллаҳои Ҳимолой (Эверест, Дхаулагири, Нангаларбат, Кула-Кангари) Қароқорума (Чогори) Ҳиндукуш (Тиричмир) Дасюэшана (Гунгашан) Помир (пик И.Сомони) Тиёншон (пик Ғалаба) дохил мешаванд.

Ҷадвали 1. Қуллаҳои кӯҳии баландтарини ҷаҳон:

Н о м Ҷойи ҷойгиршавӣ Баланди аз сатҳи баҳр

Ҷамалунга (Эверест) Ҳимолойи бузург, Евроосиё 8 848 метр

Чогори (К-2) Қарақурум, Евроосиё 8 611 м

Канченчанга Ҳимолой, Евроосиё 8 585 м

Лхоцзе Ҳимолой, Евроосиё 8 516 м

Макалу Ҳимолой, Евроосиё 8 481 м

Чо-Ойю Ҳимолой, Евроосиё 8 189 м

Дхаулагири Тибет, Евроосиё 8 172 м

Нанга Парбат Ҳимолой, Евроосиё 8 125 м

Манаслу Ҳимолой, Евроосиё 8 125 м

Аннапурнаи 1 асоси Қарақурум, Евроосиё 8 078 м

Гашербрум 1 Гиден-пик Ҳимолой, Евроосиё 8 068 м

Гашербрум П Ҳимолой, Евроосиё 8 035 м

Гашербрум Ш Қарақурум, Евроосиё 7 952 м

Анапурна П Ҳимолой, Евроосиё 7 937 м

Гашербрум 1У Қарақурум, Евроосиё 7 925 м

Гячунг Канг Ҳимолой, Евроосиё 7 922 м

Пешқуллаҳо Ҳимолой, Евроосиё 7 910 м

Кангбачен Ҳимолой, Евроосиё 7 902 м

Қуллаи И.Сомони Помир, Евроосиё 7 495 м

Қуллаи Ғалаба Тиёншон, Евроосиё 7 003 м

Инчунин ҳангоми шиносоӣ бо туризми кӯҳӣ вулқонхо, кӯҳҳо, шӯълахо, дудҳо, хокистарҳо диққатҷалбкунанда мебошанд. Онҳо барои туристону алпинистон барои баромадан ба ин ҷойҳо ҷолиб менамоянд.

Вулқони Ключевсая Сопка

Чадвали 2. Вулқонҳои машҳури ҷаҳон

Н о м Ҷойи чойгиршавӣ Баландӣ аз сатҳи баҳр

Невада-Охос-дел-Саладо Кордилери ғарбӣ, Америкаи ҷанубӣ 6 887м м

Люлляйлякхо Корлидери ғарбӣ, Америкаи ануби 6 723 м

Сан-Педро Кордилери гарби, Америкаи чануби 6 159 м

Калиманжар Танзанияи Шимоли, Африка 6 010 м

Чимборасо Кордилери гарби, Америкаи чануби 6 000 м

Котопахи Кордилер, Америкаи шимоли 5 897 м

Орисата (Ситлалтепел) Мексика, Америкаи шимоли 5 700 м

Элбрус Кавказ, Евроосиё 5 462 м

Руис Америкаи чануби 5 400 м

Пококатепетл гарби Сера-Мадре, Америка 5 232 м

Ключевская Сопка Камчатка, Евроосиё 4 750 м

Мауна-Лос чазирахои Гавай,укёнуси Ором 4 170 м

Меру сархад байни баландихои 4 567 м

Кенейский ва Майский, Африка

Карисимби шимолу шаркии кули Ниву.Африка 4 507 м

Эребус чазираи Росса, Антарктида 3 794 м

Фудзияма чазираи Консю,чазирахои Япония 3 776 м

Ичинская Сопка нимчазираи Камчатка,Евроосиё 3 621 м

Кроноцкая Сопка нимчазираи Камчатка, Евроосиё 3 528 м

Коряская Сопка нимчазираи Камчатка, Евроосиё 3 456 м

Этна чазираи Сицилия, Евроосиё 3 340 м

 

Ҳамаи қуллаҳо ва вулқонҳои номбаршуда дарои таърихи тадқиқот, омӯзиш ва фатҳи худашонро доранд. Минтақаҳои кӯҳӣ аз ғорҳо ниҳоят бойанд ва барои дурнамои тараққиёти туризми кӯҳӣ мусоидат мекунанд. Ғорхо шаклҳои гуногуни ковокии замин буда онҳо хеле калонанд. Бисёртар ғорхо барои чойи пинҳоншавӣ хизмат кардаанд ва ҷои

Вулқони Этна

аввалини зиндагонии халқҳо дар ғорҳо сар шудааст. Бисёрии ғорҳо дар натиҷаи шаклпайдокунии қаторкӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҳама ғори вулқонии бузург Куэва-делос-Вердес мебошад, ки дар Лансароте (чазирахои Канарск) чойгир аст. Ғорҳои дигар баъдтар бо таъсири дигар факторҳои дохилӣ пайдо шудаанд.

Бисёрии ғорхо аз даромадгоҳҳои зиёде иборатанд, ки баъзан ин роҳҳо дар ғор танг ва баъзан васеъ мешаванд, ки дарозиашон то 100 метр ва баландиашон то 20-30 метр баланд мешавад. Аз дохили онҳо дарёҳои таги заминӣ мегузаранд, шаршараҳо мерезанд, ки онҳо кӯлҳоро ташкил медиҳанд, ки об дар онҳо ниҳоят тоза ва хунук аст. Инчунин ғорхои яхин низ вуҷуд доранд. Фаунаи ғорхо ниҳоят аҷоибанд ва барои туристон хеле диққатҷалбкунанда мебошанд.

Ҷадвали 3. Ғорҳои машҳури ҷаҳон

Н о м Чойи чойгиршавӣ Дарозӣ ба ҳисоби км

Флинт-Мамонтова Аппалачи, Америкаи шимолӣ 288

Оптимистическая Карпати пеш, Евроосиё 212

Хеллох Гларынские Алпы, Евроосиё 123,5

Озерная Карпати пеш, Евроосиё 117

Емил Раковица Карпати пеш, Евроосиё 90

Чевел Докатаи чануби, И.М.А. 88

Гринбрайер Вергинияи гарби, И.М.А. 71

Болшая Орешная Саяни шарки, Саян 58

Кал Кутан Платои Кугитангтай, Осиёи Миёна 57

Айсризвелт Австрияи Алп, Евроосиё 52

Охо Гуареня Бургос, Испания 47

Угенд Докотая чануби, И.М.А. 46

Камберленд Теннеси, И.М.А. 37

Дан-де-Кроль Алпи Франсия, Евроосиё 33

Тромба система Пиреней, Евроосиё 32

Домица сархади Венгрия ва Славакия 23

Кристалная Карпати пеш, Евроосиё 19

19

Постойна Куххои Динор, Евроосиё 15

Норлсбадские Куххои Гуадалупе, И.М.А. 12

Пирях яке аз намудҳои релефи кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои туристони кӯҳгард, барои шиносоии онҳо бо яхҳо хеле аҷоиб ҳастанд. Пиряхҳоро ташкилаҳои якхела меноманд, ки аз кристалҳои яхӣ иборатанд. Онҳо дар минтақаҳои хунуки курраи замин, дар ҳарорати 0 градус С пайдо шудаанд. Дар замони ҳозира яхҳо қариб 10% сайёраи моро иҳота.

Пиряхи Федченко

карда, қариб 75% шумораи умумии обро дар хушкӣ ташкил медиҳад.

Пиряхҳо ба шаклҳои кӯҳӣ, системаи кӯҳӣ ва рӯйпуш дар ҳар маҳали полярӣ ҷудо мешаванд. 97% ҳамаи пиряхҳо рӯйпӯшанд ва фақат 3% ба пиряхҳои кӯҳӣ мансубанд.

Ҷадвали 4. Пиряхҳои кӯҳӣ

Пирях дар Антарктида

Н о м Чойи чойгиршави Масохат км2.
Шпицбергени ғарбӣ Евроосиё,куххои Скандинавия 39 044
Дарвин Америкаи чануби 15 00
Ватнайекудл Евроосиё, чазираи Исландия 8 400
Маласпина Америкаи шимоли 2 200
Сиачен Евроосиё, Каракорум 1 180
Лаунгейекюдль Евроосиё, ҷазираи Исландия 1 020
Пиряхи Федченко Евроосиё, Помир 900
Балторо Евроосиё, Каракорум 775
Биафо Евроосиё, Каракорум 620
Грум-Гржимайло Евроосиё, Помир 143
Зему Евроосиё, Химолой 130
Амчский Евроосиё, Алп 115
Гармо Евроосиё, Помир 115
Потанина Евроосиё, Алтай 50
Мер-де-Глас Евроосий, Алп 39

Минтақаҳои кӯҳӣ дар ҳама ҷо паҳн гаштаанд. Ҳар як материк дорои ин ё он захираҳои рекреатсионии кӯҳӣ мебошад. Тараққиёти туризми кӯҳӣ ташкили инфраструктураи зеринро талаб мекунад: базаи лижаронии кӯҳӣ, кемпинг, приютҳо, курортҳо, роҳҳои канатӣ, роҳҳои автомобилӣ, магазинҳо, пунктҳои прокатӣ, марказҳои дилхушӣ ва ғайра…

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.