Истифодаи замонавии ҳудудҳои кӯҳсор барои туризм

 

Ноҳияҳои кӯсор панҷумин қисмати болоии қишри заминро иҳота кардаанд, ки дар тамоми қитъаҳо аз экватор то қутби шимолу ҷануб паҳн шудаанд. Қариб 10% аҳолии рӯи замин дар ноҳияҳои кӯҳсор ва қариб 40%-ашон дар ҳудудҳои атрофи онҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо дорои маданияти махсус буда, гуруҳи бузурги этникиро ташкил медиҳанд ва соҳиби забони маҳалии худ мебошанд. Халқҳои зиёде, ки дар кӯҳсор зиндагӣ мекунанд, донишҳои махсусро дар бораи ҳаёт, равандҳои табии, фолклор, забон, дин, тарзи табобат, таҷрибаи идоракунии захираҳои табии доранд.

Кӯҳҳо дар замони ҳозира диққати туристонро ба худ мекашанд. Маконҳое пайдо шудаанд, ки дар онҳо объектҳои таъсироти туристӣ ҷой доранд: ба монанди дарёҳо, кӯлҳо, иқлими мусоиди ҳудудҳои кӯҳӣ, олами набототу ҳайвонот, шумораи калони экосистемаҳо ва ғайра… Ба ғайр аз кӯҳҳо аз ҳама захираҳои асосӣ барои инсон аз нуқтаи назари хоҷагии халқ, ҷангал ва саноати кӯҳи ба ҳисоб мераванд. Маданияти махсуси этникии халқҳое, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, диққати туристонро ба худ ҷалб мекунад.

Дар солҳои 1990 шумораи зиёди барномаҳо ва лоҳияҳо ба хотири туризми кӯҳӣ ва тараққиёти ҳудудҳои кӯҳсор бахшида шуда буданд.

Дар ин давра китобҳо ва маҷаллаҳои зиёд, ва инчунин конференсияҳо ба мавзӯъҳои тараққиёти туризми кӯҳсор бахшида шуда буданд. Тадқиқот дар соҳаҳои илмҳои сотсиология ва маркетинги туризми кӯҳсор бори дигар нишон доданд, ки туризми кӯҳӣ яке аз намудҳои шавқовартар ва фоидаовари туризм ба шумор меравад. Туризми кӯҳсор ва экологӣ, як навъи шиносоӣ бо зиндагонии мардуми таҳҷоӣ ва намудҳои туризм ба ҳисоб мераванд.

Якчанд мисол аз истифодабарии ҳудудҳои кӯҳсор пешкаш мекунем.

Базаҳои лижаронӣ – яке аз шаклҳои зудамал барои тараққиёти ҳудудҳои кӯҳсор ба шумор мераванд. Онҳо дорои капитали бузург ва хароҷот мебошанд ва диққати зиёди одамони муҳити атрофро ба худ ҷалб мекунанд. Соҳибон ва операторҳои курортҳо доимо чораҳои зиёдшавии даромадҳоро меҷӯянд. Намудҳои гуногуни фаъолиятҳоро дар курортҳои лижаронии кӯҳии зимистона ҷорӣ мекунанд.

Дар сарҳади Шветсария бо Италия биёбони васеъи (Швецарского Кантона Валлис) ҷойгир аст. Дар ин ҷо қуллаҳои баландтарини Шветсария-Монте-Роза ва Маттерхорн ҷойгиранд. Шаҳрчаҳои майдаи Алпӣ дар (Кантоне Валлис) кайҳо ҳамчун курортҳои иқлимӣ ва кӯҳию лижаронӣ машҳур буданд. Курортҳо бо ҳавои хушк ва чашмаҳои минералии табобатиашон фарқ мекунанд.

Валлис – ин афсонаи ҳақиқии зимистона, мамлакати кӯҳӣ, пур аз туҳфаҳои ниҳонии дилхушкунанда мебошад. Аз моҳи декабр то апрел дар кӯҳҳо тудаҳои зиёди барф мавҷуданд. Дар зимистон ба ҳавои сард нигоҳ накарда (ҳарорати ҳаво 10-12 дараҷа) дар Валлису Алп шумораи зиёди сайёҳон ҷамъ мешаванд.

Дар Италия курортҳои дигари кӯҳию лижаронии машҳур вуҷуд доранд:

Ба монанди Бормио (курорти ҷавонон, ки дар он ҷо дискотекаҳо мешаванд, клуби шабона, бар ва тарабхона дорад). Валь Гардена (дар маркази Алпи доломити (Доломитовые Альпы), ки баландии курорт аз 1563 то 2518 метр аз сатҳи баҳр). Валь ди Фаса (курорти замонавӣ, дорои роҳҳои қуллай барои ронандаҳои нав, рухсатномаҳои ягонаи «Доломити Супер Ски»-ро дорост). Валь ди Филме (дарвоза ба Доломитовые Алпы ва ба шаҳрчаҳои парокандаи курортӣ, ба монанди Кавалезе ва Предаццо, ки инфракструктураи хуби тараққикарда доранд). Кортина (дар ин ҷо соли 1902 аввалин мусобиқаҳои лижаронии кӯҳии Италия гузаронида буданд, инчунин дорои ҳафт зонаи лағжидани (катание) аст) Ливино (курорти ҷавон, ки нав таъсис ёфтааст, «Маленький Тибет»-и Италия, ки ҳар сол дар ин ҷо фестивали «LA SKIEDA» гузаронида мешавад). Маддона де Кампилю (пойтахти варзиши кӯҳӣ ва лижаронист, дар баландии 1520-2505 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, дар маркази асосии мамнуъгоҳи Адамелло-Брента воқеъ аст). Сестриере (бо он машҳур аст, ки дар ин ҷо хар сол мусобиқаи умумиҷаҳонии лижаронии кӯҳӣ гузаронида мешавад.) Валь ди Аоста (боми Европа, ки дар ин ҷо 900 км спуска, 166 – подъемников, барои маҷмӯи хизматрасонӣ вуҷуд дорад: алпинизми лижарони, хайкинг, сайр бо лижаҳои махсус, тамошои пиряҳҳо, лижаҳои кӯҳӣ. Дар ин ҷо якчанд стансияҳо ба монанди Курмаер, Ля, Туиль ҷойгиранд). Червиния (дар таги ду қуллаи машҳур – Монте-Роза ва Маттерхорн ҷойгир аст). Ҳамаи курортҳои дар боло номбаршуда дорои техникаи ҳозиразамон, отелҳои боҳашамат, мағозаҳо, пунктҳои прокатиӣ роҳҳои лағжиданӣ ва инчунин ба ҳамаи мизоҷон нархҳои арзонтар барои дигар курортҳо муҳайё кардаанд.

Курортҳои лижаронии кӯҳии Франсия ҳам барои туристон хеле шавқоваранд. Франсия нисбат ба дигар мамолики Европа – кишвари «лижаронии кӯҳӣ» ба ҳисоб меравад.

Шамони – ҳамчун шаҳрча, барои лижаронии кӯҳӣ ҳам барои лижаронҳои номӣ ва ҳам барои лижаронҳои нав хизмат мекунад. Дар таги Манблана ҷойгир аст, ки пас аз задухӯрди Манблана дар соли 1786 машҳур шуд ва имконият пайдо кард, ки ташкилотчии аввалини бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 1786 гардад. Се биёбон (Мерибель, Куршевель, Валь-Торанс) назар ба Шамони кӯҳҳои пастар доранд. Дар Мерибеле намудҳои архитектурии махсуси биёбони дарахтзор мавҷуданд.

Дар Куривеле отелҳои қимматарин ҷойгиранд ва дар дигар биёбонҳо на он қадар хонаҳои қиммат барои ҷойгиркунонӣ вуҷуд доранд. Масофа байни биёбонҳо 2-3 соат роҳ аст, ки ин имкон медиҳад, дар муддати кӯтоҳ ҳудуди бисёртарро сайёҳат кунӣ.

Вал ди Изер – 400 км роҳ дорад ва инчунин чорчубабандиҳои қадимии халқиро дорад.

Межев – дорои 300 км роҳ аст. Дар ин ҷо ҷангалзорҳо зиёданд.

Еспасс ва Кили-Тинь – ҳамчунин курортҳои машҳури франсияанд, ки ҳам барои мардуми табақаҳои болоӣ ва ҳам миёна хизмат мекунанд.

Курортҳои балнеотерапевтии кӯҳӣ низ хеле машҳуранд. Барои мисол яке аз онҳо Бад Гаштайн мебошад. Ин курорт дар баландии қариб 1000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар зонаи ҷангал дар сад километраи ҷанубии шаҳри Залцбург ва 410 километраи Вена кӯҳҳои Высокий Тауэрн (Алпи шарқӣ) дар биёбони дарёи Гаштайнор – Аху, ҷойгир аст.

Шамораи зиёди пайроҳаҳо дар кӯҳҳо барои сайркунӣ дар фасли зимистон ба роҳҳои лижаронӣ табдил меёбанд. Ин курорти асосии Австралия аст, ки таърихи тараққиёти он аз аввали солҳои 1 400 пайдо шудааст. Отелҳои курорт қариб якхела ҷойгир шудаанд, онҳо барои меҳмонон ба дараҷаи олӣ хизмат мекунанд. Дар замини Залцбург аз ҳама нишебиҳои бузург ҷойгиранд, ки дар он ҷо ландшафти кӯҳии хушбоду ҳаво ва шаршараҳо тасвир ёфтаанд. Ҳавзи курорт дар нишебӣ сохта шудааст ва аз оби радондор, ки аз чашмаҳо рост ба ҳавз мерезад, пур карда шудааст.

Иқлимаш кӯҳист, зимистони мулоим ва тобистони салқин дорад. Факторҳои асосии табобатӣ обҳои термалии радондор (ҳарораташон то 50 дараҷа) мебошанд, 18-чашмаро ташкил медиҳанд. Обашонро барои ванаҳо, оббозӣ, нушидан, ингалятсия истифода мебаранд.

Ҷойгиркунӣ дар курорт дар апартаментҳо ва отелҳои «Appartement Bellevue, Weismayr, Pension Nefer» ба роҳ монда шудааст. Курорт бо чашмаҳои термалӣ ва нишебиҳои алпии хушманзара аз давраҳои пеш машҳур аст. Ба ин ҷо барои истироҳат ва машқкунӣ варзишгарон ва дустдорони лижаронии кӯҳӣ аз тамоми ҷаҳон мебиёянд. Дар курорт 7-ҳавзи кушода ва 25-ҳавзи пушида, ки оби термали доранд ҷойгиранд.

Барои истироҳати зимистона ба ғайр аз роҳи лижаронии машҳури кӯҳи боз 2-катка, 3-роҳи чаннасаворӣ, 6-майдончаи пушидашуда барои бозии теннис, 30-то тарабхонаҳои майда дар кӯҳ, 80-км сайрхатҳои пиёдагардӣ мавҷуданд. Дар соли 1993 роҳи канатии нав, ки дорои 8-кабинае, ки барои курортҳои кӯҳӣ хосанд, сохта шудааст. Дар зимистон дар ин ҷо табиати зиндаро мушоҳида кардан мумкин аст.

Баден-Баден – курорти болнеотерапевтӣ, ки дар зонаи ҷангал дар баландии 1112-1003 метр аз сатҳи баҳр дар ҷанубу ғарбии Германия (замини Баден-Вюртемберг) на он қадар дур аз сарҳади Франсия ҷойгир аст. Баден-Баден – «пойтахти тобистонаи Европа», – «курорти шоҳон», дар байни кӯҳҳои Шварцвалд ва биёбони Рейна ҷойгир аст. Ҳар як нишебӣ ва дара таърих ва номи худашонро доранд. Дар зонаи мамнӯъгоҳ намудҳои камёфти растаниҳо ва ҳайвонотро вохӯрдан мумкин аст. Барои қабули меҳмонон ва шахсони хоҳишманде, ки мехоҳанд саломатиашонро барқарор кунанд аз тамоми ҷахон бо ин мақсадҳо ба Баден-Баден мебиёянд. Ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш римиҳо дар ин ҷо кофтуков карда, ҳар гуна гиёҳҳои табобатии биёбониро дар соҳили дарёи Ос ёфтанд. Онҳо дар чашмаҳои Цивитас-Аурелия-Аквензис, ки ҳозир номи Баден-Баденро гирифтааст, сохта шудаанд. Дар соли 1507 дар ин ҷо аввалин бор дар Германия мусобиқаи курортҳо гузашт. Баден-Баден аз ҳама курорти машҳури олмонӣ мебошад. Онро ҳама вақт ҷои зеботарин барои қабули меҳмонҳо интихоб мекарданд. Бо шарофати аристократҳои русс, он дар ҷаҳон машҳур шуд. Зани Александрии-1 малика Баденская аввалин бор сайёҳат ба обро ҳамчун муд баровард. Баъд аз вай князи бузург ва дигароне, ки қудрати ба сайёҳат рафтанро доштанд ва зебоиро дӯст медоштанд ба ин намуди сайёҳат унс бастанд. Дар соли 2002 курорти Баден-Баден ҷоизаи «Five Star Diamond Award»-ро аз тарафи Академияи Америка соҳиб шуд. Аз сабаби чойгиршавии мавқеи географиаш Баден-Баден дар тамоми сол иқлими мулоим монанди баҳри миёназаминро дорад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл, 7,20 . Мавсими тобистона аз моҳи май то октябр тӯл мекашад. Факторҳои асосии табобатиаш обҳои термалии радондор (то 68,8 градус) ва чашмаҳое, ки обашон хлориди натрий доранд, мебошанд. Духтури машҳури асри миёнаги Парацельс дар соли 1541 Баден-Баденро тавсифот додаст. Дар асри XVI дар ин ҷо 15 хонаҳои ванадор мавҷуд буданд, ки ҳар сол 3 ҳазор одам дар ин ҷо табобат мекард.

Дар замони ҳозира қариб 5 ҳазор одам аз тамоми ҷаҳон дар ин ҷо дам мегиранд. Барои меҳмонони курорт дар ин ҷо отелҳои боҳашамат ва меҳмонхонаҳои на он қадар калони шахсӣ хизмат мекунанд. Инчунин метавонанд дар хонаҳои масҷид ҷой бигиранд (отел Badisher Hof – 4-ситорадор) – масҷиди пештараи Капуцинов, қариб 185-сол вуҷуд дорад. Дар замони ҳозира меҳмонон имконият доранд, ки дар ин масҷид мувофиқи урфу одати худашон номерро интихоб кунанд. Ин бино дар асри Х1Х сохта шудааст. Курорт – яке аз курортҳои элитавии Европа ба шумор меравад. Дар ин ҷо мамнӯъгоҳи табии, паркҳои хушбоду ҳаво, махсус майдонҳо барои голфбозӣ, ипподром, клубҳои варзишӣ, гиёҳҳо барои оббозӣ ва инчунин казино мавҷуданд. Марлин Дитрих ин курортро аз ҳама курорти зеботарини ҷаҳон номидааст. Клара Шуман дар ин ҷо солҳои охирини ҳаёташро гузаронидааст.

Баден-Баден – курорти табобатӣ ва термалист, шаҳр барои истироҳат ва ҷои гузаронидани конфронсу фестивалҳо мебошад.

С о ч и – курорти балнеотерапевтии пешкӯҳист, ки дар зонаи намноки субтропикӣ дар 270 км дар ҷанубу шарқи Краснодар воқеъ аст. Дорои чунин ҷойҳои курортӣ аст: Адлер, Аше, Вардане, Головинка, Дагомис, Поляни сурх, Лазеревское, Лоо Магри, Макопсе, Майцеста, Сочи, Чемтепсе, Чемиквазе, Хата.

Сочии бузург соҳилҳои Черноморск полюси кишвари Краснодарро дарбар мегирад. Сочи яке аз шаҳрҳои дуру дарози ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки аз Адлерский Хостинский сар карда, то ноҳияҳои маъмурии Маркази Лазаревскийро дарбар мегирад. Тамоми ҳудуди Сочии бузург ба парки миллию давлатии Россия дохил мешавад. Беҳуда курортро «шаҳри боғҳо» нагуфтаанд. Иқлими курорт субтропикии намнок аст. Наздикии қаторкӯҳҳои Кавкази бузург ва баҳри Сиёҳ иқлими махсусро доранд. Ҳарорати миёнаи солонааш 14 градус гарм. Ҳарорати миёнаи мавсими гармӣ 23 градус, яъне мавсими курорт дар Сочи аз моҳи апрел сар шуда, дар моҳи ноябр ба охир мерасад. Ҳарорати миёнаи об дар ин вақт дар баҳри Сиёҳ 24 градусро ташкил медиҳад. Аз ҳама моҳҳои гарм июл ва август. Яке аз факторҳои табобатӣ дар Сочи чашмаҳои минералии гарму сулфудор ба ҳисоб мераванд. Ин чашмаҳо аз даврони қадим маълум буданд. Дар онҳо римиҳо, афинагиҳо ва византиягиҳо оббозӣ кардаанд. Ин чашмаҳо қисмати шаҳрро муайян кардаанд. Якумин табобатгоҳи обаш гармбуда дар аввали асри ХХ пайдо шудааст ва шаҳр ҳамчун курорти балнеотерапевтӣ тараққӣ ёфтааст. Инчунин ба факторҳои табобатӣ иқлими мулоим, оби гарм, офтоб, кӯҳҳои барфпуш, ҳавои тоза, растаниҳои субтропикӣ, табобати лойӣ дохил мешаванд.

Дар таркиби чашмаҳои гарму минералӣ қариб 20 хели элементҳои химиявӣ ҳамроҳ ҳастанд. Обҳои минералии йоду бромдор, хлориду натрийдор бо маҳлули баланди бром (то 66 мг\л), йод (то 33 мг\л) ва ба миқдори кам аз дигар микроэлементҳои биологӣ (оҳан, фтор, бром, кремний) мавҷуданд. Дар таркиби газашон метан вуҷуд дорад. Дар курорт лаборатория вуҷуд дорад, ки радони консентрасияшударо барои беморон тайёр мекунанд. Дар курорт обҳои минералии Сочи, Лазаревск, Пластунск ва Краснополянск васеъ истифода мешаванд. Туристҳо дар отелхои «4» ва «5»-ситодадор ҷойгир мешаванд.

Сочи – шаҳри замонавии курорт бо инфраструктураи тараққи карда мебошад.

Янган-Тау – курорти балнеотерапевтии пасткӯҳ мебошад, дар баландии 413 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар 200 км шимолу шарқии Уфа ҷойгир аст. Дар шохаи кӯҳҳои Урал, дар қуллаи кӯҳҳои Янган Тау, дар тарҷума аз башкири маънои «кӯҳӣ сухта»-ро дорад. Дар курорт газҳои термалӣ вуҷуд доранд. Академик П.С.Паллас аз ин кишвар соли 1768 дидан намуда, мавҷудияти чашмаро кайд кардааст. Иқлими ин ҷо ниҳоят контитенталӣ мебошад. Фактори асосии табобатии курорти Янган-Тау – буғкунӣ ва гази хушк, ки аз таркишҳои замин ва чуқуриҳояш мебароянд, мебошад. Дар ин чашмаҳои термалӣ, ки ҳарорати обашон дар чуқурии 90-100 метр то ба 4000 мерасад, ки дар таркибаш угликислотахо, азот, маҳлулҳои органикӣ, микроэлементҳои фаъол ва ба як миқдори муайян радонро доранд. Буғхои табии курорт барои ваннахои буғкуни истифода мешаванд.

Туризми кӯҳӣ – маълумот, дар бораи якҷояшавии намудҳои гуногуни истироҳати фаъол ва туризм мебошад. Баъзеҳо дар доираи туризми куҳӣ – алпинизм ва скалалазро дар назар доранд. Барои дустдорони намуди варзиши обӣ бошад – рафтинг ва оббозӣ дар дарёҳои кӯҳи шавқовар аст. Ба паходҳои кӯҳӣ экспедитсияҳоро равона мекунанд, то ки намуд, ё ки асли кӯҳҳо, минералҳо, флора ва фаунаи кӯҳиро биомӯзанд. Инчунин барои қисми зиёди аҳолӣ, яъне барои сайёҳони оддӣ туризми кӯҳӣ – ин поход ба кӯҳҳо, сайругашт дар кӯҳсор ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи навиштаҷоти дар боло қайд шуда, мо тавсифоти географии якчанд системаҳои кӯҳиро дида мебароем, ки барои тараққиёти туризми кӯҳӣ ва алпинизм мусоидат мекунанд.

Доманакӯҳҳои Эрон – дар Эрон (2\3 худуди Эрон) Афғонистон, Покистон, канори Ироқ ва ҷануби Туркменистон ҷойгиранд. Майдони умумиашон 2,7 млн.км.–ро ташкил медихад. Нуқтаи баландтаринашон – вулқони Демавенд (5604 метр) мебошад. Баландии дохилии кӯҳҳо аз 500 то 2000 метр мебошад, ки ба қаторкӯҳҳои Кӯхруд, кӯҳҳои Эрони шарқӣ ва ғайра таксим шуда, кӯҳҳои Элбрус, Копегдаг, Ҳиндукуш ва кӯҳҳои Сулаймонро ташкил медиҳанд.

Э л б р у с – массивҳои

Куҳҳои Элбрус

баланди кӯҳии Кавкази бузург буда, дар системаи қаторкӯҳҳои Боково дар сарҳади ҷумҳурии Карачаево-Черкессии ва Кабардино-Балкарий ҷойгир шудаанд. Қуллаи ғарбии Элбрус (баландиаш 5642 метр) ва қуллаи шарқиаш ( 5621 метр) ба гарданаи чуқури ( 5325 метр) тақсим шудаанд. Элбрус бо яхҳо пӯшида шудааст, ки аз ин кӯҳҳо 54 то яхҳо мефуроянд, ки калонтаринашон – Азауи калон, Ирик, Терскал мебошанд. Масоҳати яхпораҳо 134,5 км. мебошад.

Ҳ и м о л о й – системаи кӯҳии баландтарини курраи замин, байни доманакӯҳҳои Тибет (дар шимол) ва дашти Ҳинду-Ганг (дар ҷануб) мебошанд. Дарозиашон зиёда аз 2 400 км, паноҳияшон то 350 км. Баландии миёнаашон қариб 6000 метр, баландии максималӣ 8848 метр.

Кӯҳҳои Ҷамалунга (Эверест) – нуқтаи баландтарини заминанд, ёздаҳ қулла, зиёда аз 8 ҳазор метр ҷойгиранд. Ин ҳудуди иқлимӣ ва табии байни биёбонҳои Осиёи маркази ва ланшафтҳои тропикии Осиёи ҷанубӣ мебошанд. Ҳимолой

Қуллаи Ҷомолунгма

дар сеқабатаи болоии дашти Ҳинду-Ганг ҷойгир шудааст, ки кӯҳҳои Сивиликс, Ҳимолойи майда ва калонро ташкил медиҳад. Барои Ҳимолойи бузург таснифоти намудхои алпӣ хосанд, яхҳо, ки баландиашон 33 хазор км. зиёд аст. Аз Ҳимолой сарчашмаи дарёҳои асосии Осиёи ҷанубӣ сар мешавад: Инд, Ганг, Брахмапутра.

О л т о й – системаи кӯҳи дар ҳудуди Россия, Қазоқистон, Монголия ва Хитой мебошад. Аз қаторкӯҳҳо таркиб ёфтааст ва обтақсимкунаки дарёҳои Об, Иртиш, Енисея ва дарёи Осиёи маркази ба ҳисоб меравад. Дарозиаш зиёда аз 2000 км. Қаторкӯҳҳои баланди Олтой – Катунский, шимолу ҷануби Чуйский, ки баландиашон 3000–4000 метр (нуқтаи балантарини кӯҳ Белуха 4506 метр) мебошад. Дарёҳои асосиаш Катун, Бухтарма, Чуя ва Бия мебошанд. Дорои 3500 кӯл, ки калонтаринашон – Телецкое, Маркакол мебошад.

К а в к а з – ҳудуди байни баҳрҳои Сиёх, Азов ва Каспӣ, дар ҳудуди ноҳияи Алпӣ мебошад, ки дар баландии зиёда аз 500 ҳазор км. ҷойгир аст. Ба Кавкази шимоли, Кавкази бузург ва пасикавказ тақсим мешавад. Ҳолатҳои марказиашро системаи кӯҳии Кавкази бузург ишғол мекунад, ки ғарб, шимоли ғарбӣ ба шарқ ва ҷануби шарқӣ байни баҳри Сиёҳ ва Каспӣ тӯл кашидааст. Дарозиаш кариб 1100 км паҳноиаш 180 км. Кавкази бузург ба Кавкази ғарби (то Элбрус) Кавкази марказӣ (байни элбрус ва Казбек) ва Кавкази шарқӣ (аз шарқ то Казбек) тақсим мешавад.

Нуқтаҳои баландтарини Кавказ: Элбрус (5642 метр), Дихтау, Коштан-тау (5151 метр), Чанги (5085 метр), Шхара (5086 метр), Казбек (5033 метр), Мижирги (5025 метр), Катин (4974 метр) ва ғайра мебошанд.

Дар Кавказ қисмати ҳудуди Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, дар шарқ – қисми ҳудуди Туркия ва дар шимолу ғарбӣ – ҳудуди Эрон ҷойгиранд.

Кӯҳҳои Арарат дар сарҳади байни Туркия ва Арманистон ҷойгир анд. Баландиашон 5000 метрро ташкил медиҳад. Кӯҳҳои Арарат дар хушкӣ ду кӯҳро ташкил мекунанд, ки 11 км аз якдигар дуранд: Арарати бузург, баландиаш 5137 метр аз ҳама кӯҳи баланд дар Туркия ва Арарати майда, аз сатҳи баҳр дар баландии 3896 метр ҷойгир аст. Ҳар ду кӯҳ пайдоиши вулқони доранд. Дар замони ҳозира кӯҳҳои Арарат аз нуқтаи назари туризми динӣ аҷоибанд, ки бисёрии тадқиқотчиён ба ин кӯҳҳо ҳамчун символи қиссаи библия диққат медиҳанд

Снежная Моженего Каторкуххои Бзибский, Кавказ

4 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.