Лавозимот ва таҷхизотҳои муҳим барои туризми кӯҳсор

 

Шароит ва хусусияти сайёҳати туристӣ ба лавозимоту талабот эҳтиёҷи калон дорад. Лавозимот бояд сабук, боқувват, боваринок ва барои истифода бурдан дар шароити сард на он қадар калон бошад. Ба гармӣ ва намнокии зиёд мувофиқ биёяд. Аз рӯи қоида бояд либоси зимистонаи турист гарм бошад, аз шамол муҳофизат карда тавонад ва ба ҳаракат кардан халал нарасонад. Дар ҳолати намнокӣ дар дохилаш гармиро нигоҳ дошта тавонад. Хаймаи туристӣ бояд намнокиро ба худ накашад, ба зудӣ мондан ва ғундоштанаш осон бошад, аз хомӯшакҳо ва дигар ҳашарот муҳофизат карда тавонад. Шароити мусоидро барои ғунҷоиши сайёҳон дошта бошад.

Лавозимоти туристӣ ба шахсӣ ва гурӯҳӣ тақсим мешавад. Инчунин лавозимот барои пиёдагардӣ, оббозӣ, кӯҳӣ ва дигар сайёҳатҳо вуҷуд дорад.

Лавозимоти шахсӣ – дар сайёҳати кӯҳӣ, пиёдагардӣ, обӣ ва лижаронӣ ниҳоят зарурӣ мебошад. Ҳар як сайёҳат таҷҳизотҳои худро талаб мекунад. Либос: дар сайёҳати тобистона (агар он дар мавзеҳои шимолӣ нагузарад) аз ашёҳои пашмин бояд ҳатман свитери дарозро (хуб мешуд агар гиребони баланд ва кушодашаванда дошта бошад) бо худ гирифтан даркор.Ҷорубхо бояд мулоим ва дар по бароҳат бошанд. Аз болои ҷоруби пахтагӣ бояд ҳатман ҷоруби эластикӣ (ёзандаро)низ пӯшид. Шим-бояд аз матоъи ғавс дӯхтагӣ бошад. Матоъи пахтагин,ёаз дарун пашмдошта на он қадар хуб аст.Ин хел матоъҳо тез тар ва дер хушк мешаванд. Барои мардон аз матоъи «Техас»ва ҷинс шим гирифтан зарур аст. Барои занон брижа хеле қуллай аст.Асос он ки шимҳо дар по дар ҳудуди зону танг набошанд ва барои қадамзании васеъ халал нарасонанд.Дар ин маврид аз ҳама бароҳат либосҳои сабуки машқкунии тобистонамебошанд. Пероҳан(рубашка) бояд дароз бошад,то ки миёнро маҳкам кунад ва аз боло ба поён кушоданаш мумкин бошад.барои мавсими гарм беҳтараш шортҳо мебошанд.Доштани либосҳои оббозикунӣ низ дар мавсими гарм ҳатми мебошад.Дар рӯзҳои боронӣ бояд ҳатман либоси махсусро пӯшид ,ки он тамоми бадани туристро бо борхалтааш аз борон муҳофизат мекунад.Пӯшидани кулоҳ дар сайёҳат зарур мебошад, зеро он аз борон ва офтоб муҳофизат мекунад. Пояфзол бояд ниҳоят бароҳат бошад.Барои туристон пояфзоли махсус вуҷуд дорад, ки онҳо қабати махсус доранд.Ҳангоми интихоби пояфзол кӯшиш бояд кард ,то ки пояфзоли мувофиқро ба по интихоб кард. Пояфзол бояд чунон кушод бошад ,ки дар онҳо патаки иловагиро бо ҷорубҳои ғавс пӯшидан имконпазир бошад.Дар айёми баҳорон ва боронгариҳои тирамоҳӣ туристон бо худ мӯзаҳои резинӣ мегиранд.

Борхалта -Одатан бояд борхалтаҳои калонро интихоб кард, ки аз матоъи ғавс ва боқувват дӯхта шудагӣ бошанд.Ҷобаҷокунии лавозимотҳо дар даруни борхалта худаш як санъат аст. Лавозимотро дар дохили борхалта бояд чунон ҷо ба ҷо кард,ки ҳангоми лозим шудани ягон чиз ёфтанаш осон бошад. Ҳангоми пур кардани борхалта чизҳои вазнинро дар таг мондан зарур аст.

Лавозимоти хобкунӣ-Дар сайёҳатҳои на он қадар душвор бо худ бурдани хобхалта хеле қуллай аст,зеро хобхалта хеле бароҳат мебошад.Хобхалтаро аз одеяли пашмин ҳам сохтан мумкин аст.Одеялро аз ду тараф қатъ карда, дӯхтан даркор аст.

Лавозимотҳои шахсии майда-чуйда-Ба лавозимоти майда-чуйда чутка ва хамираи дандоншӯи,собун,кордча ва ғайраҳо дохил мешаванд.барои он килавозимот дар борхалта биғунҷанд,онҳоро бояд дар кисаҳои борхалта ҷобаҷокард.Инчунин кисаҳои борхалта барои коса ва лавозимоти хобкунӣ ба кор меоянд.

Дар сайёҳат бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳо ҳатмист.Инчунин ба қадри кофи гирифтани маблағ ва картосхема зарур аст.Барои муҳофизат кардани онҳо, бояд ҳуҷҷатҳоро эҳтиёткорона дар халтаҳои полэтиленӣ сахт маҳкам кард.

Дар сайёҳат гирифтани захираҳои сӯзишвории хушк ҳатмӣ мебошад.Гугирдро бояд дар қутиҳое гирифтан даркор,ки онҳо намиро нагузаронанд.Аз ҳама гугирди нағз гугирдҳое мебошанд,ки ба шамол тобовар мебошанд.Ин гугирдҳо дар савдо ”охотничьи” шикорӣ ном бурда мешаванд.Онхо ҳатто дар шамоли сахт ва борон низ месӯзанд. Бо худ гирифтани коса ва зарфи алюминӣ нағз нест,зеро хӯрдани хӯрок дар онҳо душвор буда,дер хунук мешавад. Аз ҳама чумчаи хуб чӯбинӣ мебошад. Кордчаи қатъшаванда бо худ бурдан даркор аст .Барои қайд кардани маълумотҳои даркорӣ дар роҳ бо худ доштани дафтарчаи кисагӣ ҳатмист. Дар сайёҳати осонгузар гирифтани асо шарт нест.Агар дар сайёҳат барои мондани хайма асо лозим шавад, дар ин маврид чӯби борики 140- 150см-ро гирифтан даркор аст. Ҳангоми ҳаракат дар ҷангалҳои намнок доштани пешдомани полэтиленӣ хуб аст.Беҳтараш аз матои капронӣ ва балонӣ доштани шими кушод ва дароз хубтар аст.

Лавозимоти гурӯҳӣ. Хусусиятҳои лавозимоти гурӯҳӣ дар сайёҳати пиёдагардӣ ва кӯҳӣ.

Сайёҳати пиёдагардӣ – лавозимоти гурӯҳӣ дар сайёҳати на он қадар душвор одатан чунин ашёҳо ташкил медиҳанд: таҷҳизот барои тайёркунии хӯрока (дегча ва ашёҳои ошхона) ташкил намудани ҷойи шабгузаронӣ ва ҷойи зисти гурӯҳӣ туристон ва инчунин гузаштан аз сайрхатҳои душворгузари сайёҳат мебошанд.

Барои тайёр кардани хӯрок дар сайёҳат аз ҳама беҳтар примус ё плиткаи бензини мебошад. Барои бо худ бурдан дар сайёҳат аз зарфҳои гурӯҳӣ (комплект) дастаи сатилҳо ва каструлҳо мебошанд, ки онҳо 2-3 донаро ташкил дода дар даруни якдигар ғундоштанашон осон аст. Вазни умумии онҳо бояд чунин бошад, ки ба хар як турист 1,5-2 кг бирасад. Барои ҳар як зарф матои махсусро тайёр кардан лозим аст, то борхалтаро чиркин накунанд. Ба лавозимоти ошхона ва алови қошуқ, кафлес бо дастаи дароз, як ҷуфт дастпӯшаки брезентӣ дохил мешаванд.

Доштани хайма дар сайёҳат ҳатмист. Ҳангоми сайёҳат дар мавзеҳои гарм ва камбориш 2-то хаймаи ҳачми 2,5х3 барои гурӯҳи 6-8 нафара, кофӣ аст. Дар марказ ва кунҷҳои қисмати дарозии хайма гиреҳо баста мешаванд. Барои гурӯҳи понздаҳнафара бошад, 5 хайма кифоя аст. Хайма бояд матои мустаҳкам дошта, аз берун банд дошта бошад. Мехҳои хайма он қадар муҳим нестанд, онҳоро дасти сохтан ҳам мумкин аст. Хайма бояд дар ғилофи худаш нигоҳ дошта ба сайёхат бурда шавад.

Аз табар намуди беҳтаринаш табари дуредгарӣ мебошад. Барои буридани чубҳо ин намуд қуллайтар аст. Инчунин табарҳои (шикори) туристӣ низ вуҷуд доранд. Ин табарҳо аз метал сохта шуда, дастаи резинӣ доранд.

Лавозимот барои гузаштан аз сайрхатҳои душворгузар банди ёрирасон (30-40 метр) ва карабин мебошанд. Аз лавозимоти на он қадар асосӣ бо худ доштани халтача бо бандҳо барои хӯрока, собун, шамъ, мачалкаи капронӣ, халта барои зарфҳо гирифтан зарур аст.

Сайёҳати кӯҳӣ. Лавозимоти гурӯҳӣ барои сайёҳати кӯҳӣ: ин банд, асбобу анҷоми махсуси алпенистӣ, алпеншток барои гузаштан аз ҳудудҳои душворгузар мебошанд. Ҳангоми гузаронидани сайёҳати дарозмуддат дар ҷойҳои беҷангал доштани примус («туристи» ё ки шмель) ва зарфи сӯзишворӣ зарурӣ мебошанд. Барои сайёҳат дар зонаи баландқӯҳ дар муддати кӯтоҳ бо худ гирифтани миқдори ками спирти хушк зарур аст, беҳтараш, ки дар сайёҳат бо худ дурбин, бели тармавӣ, ки дар ҷойҳои барфдор ҳамчун такягоҳи примус хизмат мекунад доштан хуб аст. Гирифтани як ҷуфт айнаки офтобӣ дар сайёҳат даркорӣ мебошад. Барои захира кардани бори зиёдатӣ хобхалтаи бисёркасаро (барои 2-4 кас) истифода мебаранд.

2 Загрузки
test

Добавить комментарий