Мафҳум ва вазифаҳои асосии туроператор

 

Туроператор созмонест, ки ба ташаккули маҷмўи хизматрасониҳо барои туристон ва бандубасти хатсайрҳо машгул аст. Туроператор хатсайрҳои туристиро тарҳрезӣ намуда, амалигардонии сайр ва пешниҳоди хизматрасониҳоро таъмин менамояд инчунин таҳияи маводҳои таблиғотӣ – иттилоотӣ ва муайян намудани нархи хатсайрро ба уҳда дорад ва хатсайрҳоро ба турагентҳо бо мақсади ба туристон фурўхтан пешниҳод менамояд.

Турагентҳо махсулотҳои туристиро ба мизоҷ дар шакли комплексӣ (инклюзивтур) ё интихоби озодӣ хизматрасонӣ (сайрҳои фармоишӣ) пешкаш менамояд. Нақшаи ҳаракати хизматрасонии туристӣ дар расми поён оварда шудааст.

Описание: Описание: Безымянный

Расми 28. Нақшаи ҳаракати хизматрасонии туристӣ ( – фурўши мол (хизматрасонӣ); ——– – ташкили фурўши хаққи хизматрасонӣ).

 

Туроператор якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд:

– вазифаи нархгузорӣ дар бозори туристӣ. Имконияти ҳар як туроператор дар бахши нархгузорӣ гуногун буда, аз рўи як қатор омилҳои субъективӣ ва объективӣ муайян мегардад. Туроператорҳои бузург дар бозори туристӣ ба ҳайси нархгузар баромад менамоянд. Омили дигаре, ки ба нархгузорӣ таъсир мерасонад, ин дороии шабакаи бузурги оҷонсӣ, қарордод бо содиркунандагони хизматрасонӣ, истифодаи технологияи навтарин ва ғайра мебошад;

– вазифаи ҳаракатдиҳандаи маҳсулоти туристӣ – шакли муҳимтарини фаъолии маркетинги туроператор ба шумор меравад. Маҳз тавассути фаъолияти маркетингӣ туроператор ба дигар субъектҳои бозори туристӣ (ба туристон, турагентҳо, рақибон, сохтори ҳокимият) оид ба динамикаи тағйироти конъюктураи бозори туристӣ (нарх, номгўи хатсайрҳо, шакли ҳамкориҳо, усули навини фурўш) маълум мегардад. Дар баробари ин усулҳои бешумори маркетингӣ ба монанди PR (робита бо ҷомеа), таблиғот, ҳавасмандкунии фурўш, фаъолияти намоишӣ истифода мешавад;

– вазифаи иттилоотӣ. Яке аз вазифаҳои муҳими туроператор ин дар бозор паҳн намудани иттилоот оид ба хусусиятҳои хоси хатсайр, иқтидори туристии курортҳо ва марказҳои туристӣ, оид ба фарҳанг ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, раванди ҳуҷҷатнигорӣ ва ғайра маҳсуб меёбад;

– вазифаи навоварии туроператорон ин кўшиш ва амали ташкилоти тиҷоратӣ ҷиҳати устувор мондан дар дигаргуншавии шароити бозор мебошад. Барои ин кор назорати (мониторинг) конъюнктураи бозори туристӣ ва таҳияи маҳсулоти наве, ки ба таври максималӣ ба талаботҳои туристон ҷавобгў мебошад, лозим аст. Ғайр аз ин ташкили фурўши бисёрсамтаи маҳсулоти туристие, ки эҳтиеҷ ба сохтори дигаргунии кори шабакаи очонсӣ надошта бошад. Маҳсулоти нав бояд имкони минбаъда ба шакли муҷаҳҳаз шуда омада бошад. Ин хусусият ё сифат имконият медиҳад, ки туроператор дар масъалаи фурўш пешоҳанг (лидер) бошад ва дар рақобат тоб оварда тавонад. Дар ҳар ҳолат муборизаи туроператорон барои ба даст овардани мизоҷ ва манфиатҳои тиҷоратии худ ба восеъгардии фаъолият (теъдоди самтҳои пешниҳодшуда) ва пойдории (теъдоди намудҳои сайр дар як самти туристӣ) номгуӣ хадомоти туристӣ боис мегардад. Оператороне, ки дар бозори минтақавии туристӣ мавқеи устуворро ишғол намудаанд ба воридшавии маблағи зиёд ба буҷаи минтақа ё кишвар аз ҳисоби пардохти андоз сабаб мешаванд. Гузашта аз ин туроперпторҳо, соҳаи фароғат, ҳамлу нақл ва ғайра мегарданд. Дар солҳои охир туроператорон имконияти реалӣ барои фишори мустақим ва ғайри мустақим овардан ба муассисаҳои дигари бахши иқтисодӣ пайдо намуданд. Туроператорон самтҳои фаъолияти меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, муассисаҳои хўроки умум ва пешниҳоди хадамати туристиро муайян месозанд.

Ҳамин тавр туроператорон дар ҷаҳони муосир кафили таъминкунандаи мизоҷони зиёд барои як қатор инфрасохтори индустрияи туристӣ гардидаанд ва ин имкон дод, ки онҳо ба як нерўи асосӣ дар бахши иқтисодӣ табдил ёбанд.

Инак дар бозори туристӣ туроператорон ва турагентхо фаъолият менамоянд, ки дар таъсири байниҳамдигарии ҳамоҳангшуда иштирок мекунанд. Натиҷаи ин ҳамоҳангӣ – маҳсулоти туристие, ки талаботи гурўҳҳои гуногуни мизоҷонро таъмин менамояд, мебошад. Фарқиятҳои асосии туроператор аз турагент дар ҷадвали зер оварда шудааст.

Ҷадвали 10. Вазифаҳои туроператор ва турагент.

Туроператор Турагент
Як қисми маҳсулоти туристиро пешкаш менамояд. Даромади он аз ҳисоби фарқи нархи харид ва нархи фурўш ташаккул меёбад. Дар бисёр маврид туроператор хадомоти ҷудогонаро дастрас намуда, аз онҳо маҳсулоти туристии комплексӣ бо фишангҳои нархгузорӣ ташкил медиҳад. Ҳамчун фурўшандаи чакана амал менамояд, даромади он аз ҳисоби ҳақи хизмат аз фурўши маҳсулоти туристии бегона сурат мегиранд. Турагент нархи воқеии туроператорон ё истеҳсолкунандагони хизматгузор арза менамояд.
Доимо захираи маҳсулоти туристиро барои фурўш дорад. Дархости маҳсулоти муайян ё хизматрасониро дар холе, ки мизоҷ хоҳиши харидорӣ намудан дорад, менамояд.
Ҳамзамон туроператорон метавонанд вазифаи турагентҳоро иҷро намоянд, яъне фурўши сайрҳои дигар операторонро ба роҳ монанд.

Дар бозори туристӣ одатан чор типии туроператорон мавҷуд мебошад, ки мавқеи онҳо дар бозори номбурда муайян мегардад.

  1. Туроператорони бозори аммавӣ – ин типи туроператор нисбатан маъмул мебошад. Ў пакети туристиро ба марказҳои машҳури туристӣ ва курортҳо мефурўшад. Интиқоли мизоҷон тавассути ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ ё хатсайрҳои фармоишӣ (чартер) амалӣ мегарданд.
  2. Туроператорони махсусгардонидашудаи сегменти (самт) бозори туристӣ – типи аз ҳама паҳншудатарини туроператорӣ мебошад. Онҳо метавонанд ба 5 категория тақсим шаванд:

а) Туроператороне, ки пакети туристиро барои мизоҷони муайян пешниҳод менамоянд (масалан барои ҷавонон, олимон, ҷуфти хонавода (завҷайн), барои тоҷирон ва ғайра);

б) Туроператороне, ки пакети туристиро ба самтҳои муайян пешкаш менамоянд (масалан ба Англия, Фаронса, Маҷористон, Швейтсария, Австрия);

в) Туроператороне, ки сукунатро дар марказҳои муайяни туристӣ пешниҳод менамоянд (масалан, Малйорка, Пхукет, Хургада, сохилҳои Костадел-Сал, Анталия ва ғайра);

г) Туроператороне, ки мизоҷони худро дар намуди нақлиёти муайян интиқол медиҳанд (масалан, киштиҳо, қатораҳо, ҳавопаймо ва ғайра);

д) Туроператороне, ки хатсайрҳои хусусиятнокро пешниҳод менамоянд (масалан, сайри боғи милии Серенгетӣ дар Кения, туризми кўҳнавардӣ дар Непал, лижатозии кўҳӣ дар Алп ва ғайра).

  1. Туроператорони бозори дохилӣ – пакети туристии худро дар дохили кишвар ба фурўш мебароранд, яъне ин инфодагари он аст, ки сайрҳои туристӣ дар дохили мамлакат амалӣ мегардад.
  2. Туроператорони бозори беруна – пакетҳои туристии мураттабнамудаи худро дар кишварҳои гуногун ва махсусан дар кишварҳое, ки теъдоди бештари туристон меоянд, ба фурўш мебарорад. Дар ин ҷо якчанд намудҳои туроператоронро фарқ мекунанд:
  • барои туроператорони хоричӣ хизматгузории гуногунро ташкил намуда ва онҳо ба ҳайси менеҷер баромад менамоянд;
  • бевосита ба истиқбол ва интиқоли (трансфер) туристон ба меҳмонхона махсусгардонида шудаанд;
  • як қатор хизматрасониҳоро ба монанди гуфтушунид бо ширкатҳое, ки автобус ва меҳмонхона доранд, сайрҳои маърифатӣ, фароғат ва ғизоро бо арзиши паст, пешниҳод мекунанд;
  • ба хизматгузории гурўҳҳои этникии муайян, масалан сокинони мамлакатҳои араб, ҷопониҳо ва ғайра махсусонида шудаанд.

Описание: Описание: Безымянный

Расми 29. Типологияи маркетинги туроператорон.

Ҳамин тавр туроператор дар бозори туристӣ мавқеро миёни истехсолкунандаи хизматрасонӣ ва истеъмолкунандагони он қарор мегирад. Вазифаи асосиаш ба истеъмолкунанда дар шакли комплексӣ маҳсулоти туристӣ пешниҳод намудани хизматрасонии алоҳидаи истеҳсолкунандагон мебошад.

Таснифот ва намудҳои амалиётҳои туроператорӣ

Дар таҷрибаҳои рўзмарра баъзан фарқиятро миёни туроператор ва турагент муайян кардан мушкил аст. Албатта, ташкилоти туристӣ метавонад дар як вақт ҳам ба сифати турагент баромад намояд ва ба туристону турагентҳои дигар маҳсулоти худро фурўшад. Ҳамзамон ин ширкат ҳамчун турагент хатсайрҳои дигар ширкатҳоро харидорӣ намуда, ҷиҳати фурўш ба туристон пешниҳод менамояд. Марҳилаҳои ташкили фаъолияти туроператор оид ба тарҳрезии хатсайр дар расми зер оварда шудааст (Расми…)

Описание: Описание: Безымянный

Расми 30. Марҳилаҳои тарҳрезии сайр аз ҷониби туроператор.

Фаъолияти туроператори муосир пеш аз ҳама ба иҷроиши самароники фурўши хатсайрҳо равона гардидааст. Хусусиятҳои хоси туроперейтинг ҳамчун намуди фаъолияти туристӣ чунинанд:

– ин фаъолият мустақиман бо коркард ва таҳияи барномаҳои туристӣ алоқаманд аст;

– ҳамоҳангии операторро бо содиркунандагони хизматгузории туристӣ бевосита талаб менамояд;

– аз операторон заҳмату талошҳои зиёдеро ҷиҳати таъмину коркарди ҳар пурпакет талаб менамояд;

– тахмин намудани теъдоди шабакаи оҷонсӣ аз оператор;

– иштироки бевоситаи операторро дар ташкили сайр ва назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои бо сифати хизматрасонии туристӣ талаб менамояд.

Туроперейтинг аз ҳамоҳангии корҳои даврӣ, ки бо мураттабнамоӣ ва фурўши хатсайри мушаххас алоқаманд аст, иборат мебошад.

Тахминан даври кории операторро ба зинаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

– тарҳрезинамоии хатсайр – дар асоси тадқиқотҳои маркетингии талаботи бозори туристӣ мураттаб мегардад;

– лоиҳабандии хатсайр – дар асоси хусусиятҳои ҳамоҳангии туроператор ва пешниҳодкунандаи хадамоти туристӣ таҳия мегардад;

– ҳаракати сайр – дар асоси таблиғот робита бо мардум, ярмаркаю намоишҳо ва ғайра амалӣ мегардад;

– фурўши маҳсулоти туристӣ хам ба мизоҷони бевосита ва ҳам тавассути миёнравҳо амалӣ карда мешавад;

– фурўши хатсайр ин ташкили сафар ва хадамоти ба пакети туристӣ шомилбуда.

Гарчанде туроперейтинг намуди гуногунсамти фаъолияти меҳнати инсон ба ҳисоб рафта, зарурияти таснифоти худи он ва туроператорон аз рўи аломатҳои гуногунашон ба миён меояд. Пеш аз ҳама дар асоси географияи туропейрентинг мумкин аст туроператорони аутгоинг, инкаминг ва инсайдро ҷудо намуд.

Туроператори аутгоинг (равонкунанда, ташаббусӣ) дар тарҳрезӣ ва роҳандозии сайрҳои ҳуруҷии байналмилалӣ махсус гардонида шудааст, яъне шаҳрвандони кишвари ҳудро ба хориҷа равон менамояд.

Ин намуди туроперейтинг ҳеле мураккабу заҳматталаб буда, сармоягузорро талаб менамояд. Мушкилоти аутгоинг дар муҳимияти омўзиши мушаххаси ҳатсайрҳои фурўхта шуда ва ба даст овардани иттилооти муҳим инъикос мегардад.

Сабаби дуюми мушкилоти аутгоинг ин муҳимияти робитаи касбӣ бо шарикони ҳориҷӣ (меҳмонҳонаҳо, ташкилотҳои саёҳатию нақлиётӣ) буда, аз кормандони ғайр аз донистани забони ҳориҷӣ инчунин ба инобат гирифтани омилҳои зеринро талаб менамояд:

– минтақаҳои соатӣ – тафовут дар вақт ба иҷроишӣ ғайритаъҷилии дархост оварда мерасонад;

– хусусиятҳои ташкили фаъолияти меҳнатии аҳолии мамлакат ресипиентҳо (танаффус, рўзҳои истироҳат, идҳо ва ғайра);

– сатҳи рушди воситаи алоқа дар кишвари ресипиент;

– ҳусусиятҳои хориҷӣ (сатҳи масъулиятнокии онҳо, касбият ва ғайра);

– аз назари географӣ дур ҷойгир будани шарикон, ки дар ташкили сафари ҳизматӣ мушкилӣ мекашанд.

Вобаста ба фаъолии ҳамкории туроператори аутгоинг бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ туроператорҳои байналмилалиро ба флайтерҳо ва нон-флайтерҳо тасниф менамоянд. Флайтер – туроператори аутгоинг, яъне иҷорагирандаи фаъоли ҳавопаймое, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ тааллуқ доранд. Бо ибораи дигар туроператорон имконияти ташкили ҳатсайрҳои фармоиширо бо пурра пардоҳт намудани маблағи билети ҳавопаймо ва ворид намудани ин ҳароҷот ба арзиши роҳҳат, пайдо менамояд.

Вобаста ба шакли ҳамкории флайтерҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавон флайтерҳои мутлақ ва флайтерҳои мусбиро ҷудо намуд.

Флайтери мутлақ – туроператорест, ки тибқи шартномаи фармоиши ҳавопаймоӣ пурра маблағи фармоишро пардохт менамояд.

Флайтери нисбӣ – туроператори нисбатан ҳурд буда, имконияти пурра пардоҳт намудани ҳадамоти ҳавопаймоӣ ва ҳизматрасониҳои иловагиро надорад. Ин туроператор қисман ҳавопайморо ба иҷора мегирад.

Ҳар як туроператор – мутахассис дар ташкили намуди мушаххаси хатсайр ё фаъолият дар ин ё он самти географӣ мебошад. Фаъолияти тахассусии он дар бозори истеъмолӣ метавонад маълум бошад. Вобаста ба истифодаи воситаҳои нақлиёти дар ташкили сайр туроператор метавонад дар фурўши сайрҳои.

Аз рўи принсип бояд донист, ки кадом сайрҳо гурўҳӣ номида мешавад. Бахусус одатан сайрҳои 15-20 нафараро гурўҳӣ меноманд. Гузашта аз ин сайрҳои гурўҳӣ гуфта, сайрҳоеро меноманд, ки ба туроператорон на ин ки дастраси билетҳои алоҳида, балки иҷораи яклухти воситаи нақлиёт мувофиқ аст. Инчунин туроператорон ба туроператорони ҳақиқӣ ва миёнарав ҷудо мешавад. Туроператори ҳақиқӣ сайрҳои туристиро тавассути бастани шартномаҳои мустақим бо истеҳсолкунандагони хизматрасонӣ дар хориҷи кишвар ва ё дигар минтақаи давлати худ амалӣ менамояд.

Чун қоида туроператорони ҳақиқӣ бо туристи инфиродӣ (инклзивтур) кор менамоянд. Туроператори миёнарав бошад дар хориҷ шарики худро дорад. Одатан туроператори миёнарав маҳсулоти туристиро барои оммаи васеи туристон ташкил менамоянд. Нақшаи фаъолияти туроператорон дар расми зер оварда шудааст. (расми 31).

11

 

Расми 31. Нақшаи кори туроператор- миёнарав ва туроператори ҳақиқӣ

3 Загрузки
test

Добавить комментарий