Мафҳуми бемориҳои сироятии саёҳатчиён

 

Тибқи ахбороти СҶТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ) ҳар сол дар ҷаҳон аз бемориҳо 51 млн. нафар мефавтанд, ки аз он 16, 5 млн (ё 32, 4%) аз бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ мемиранд. Ҳамин тавр дар замони мо ҳам бемориҳои сироятӣ яке аз сабабҳои асосии марги одамон мебошад.

Дар нимаи дуюми асри XX ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ яку якбора боло рафт. Ин боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои сироятӣ дар муддати кўтоҳ ба тамоми кишварҳои олам гардид. Рушди мубодилаи туристӣ дар падидоии занҷираи нави эпидимиологӣ сабаб гардидааст.

Суоле ба миён меояд, ки «бемории сироятии саёҳатчиён» аз бемориҳои маъмулӣ чӣ тафовут дорад. Хусусияти асосии фарқкунандаи «бемории сироятии саёҳатчӣ» дар он аст, ки дар ин ҳол турист ҳамчун барандаи сироят аз як кишвар ё минтақа ба дигар кишвару минтақа баромад намуда, боиси паҳншавии ин гуна бемориҳо дар дигар ҳудудҳо мегардад.

«Бемории маъмулӣ дар он зоҳир мегардад, ки он барои аҳолии маҳаллӣ ҳамчун ҳодисаи муқарарӣ мебошад». Ба ин гуна бемориҳо табларза, лейшманиоз (бемориҳои одаму ҳайвонот, ки тавассути микроорганизмҳо ба бадан ворид мешавад) дохил мегаванд.

Туристон одатан ба бемориҳои сироятии ислоҳи хунин, зардпарвин вируси А на фақат дар саёҳат балки дар ҷои истиқоматӣ низ мубтало мегардад.

Ҳамин тариқ дар аснои сафар, ки шароити зист тағйир меёбад, эҳтимоли гирифтори ба бемории сироятӣ афзоиш меёбад.

Қариб 8%-и туристон баъди ташриф аз кишварҳои рў ба инкишоф дар аснои сафар ва баъди сафар муроҷиат ба ёрии тиббӣ менамоянд.

Ба гурўҳи бемориҳои хатарноки сироятӣ вабо, бемории сил, зардпарвин, вараҷа ва ғайраҳо шомиланд.

Вазъияти шиддатнок, ки ин бемориҳои хавфнок ба вуҷуд овардаанд, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Ҳар сол ТУТ СММ рўйхати кишварҳое, ки дараҷаи баланди бемориҳои хавфноки сироятӣ доранд- ро нашр намуда, ташрифи туристонро ба ин кишварҳо тавсия намедиҳад.

Тибқи руйхати ТУТСММ рўйхати кишварҳое, ки дар он ҷо бемориҳо хавфнок ба монанди ВНМБ (СПИД) вуҷуд доранд, махсусан кишварҳои Африқои Марказӣ, кишварҳои зиёди Осиёи Ҷанубӣ- Шарқӣ шомиланд.

Ба кишварҳое, ки дараҷаи баланди эпидимиологӣ доранд Ҳиндустон, Миср, Марокаш ва Гамбия дохил мешаванд.

Ғайр аз ин вазъияти ногувор аз рўи нишонаҳо дар кишварҳои Тунис, Кения, Туркия, Индонезия, Чин ва Тайланд ба чашм мерасад.

Дар ҳамаи ин кишварҳо туристонро мебояд, дар масъалаҳои оби нўшокӣ, хўрока диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар тарабхонаҳои хурди Ҳиндустон, Чин ва дигар кишварҳои Ҷануби Шарқии Осиё, -ошпазон чандон ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ аҳамият намедиҳанд. Аз ин барои истеъмоли ғизо туристонро мебояд аз тарабхонаи вазъи беҳдошташ хуб истифода баранд.

Ҷадвали 12. Паҳншавии бемориҳои гузаранда дар минтақаҳо, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муқаррар гардидааст.

 

Минтақа Вараҷа Филя-риидоз Таблар-заи Денге Энсефа-лити Ҷопонӣ Зардпар-вин Лейшма-ниоз Сироятии венерикӣ Онхосер-коз
1. Африқо ++ ++ + + + + +
2. Америкаи Ҷанубӣ ++ + + + + +
3. Осиё ++ + +
4. Австралия ва Океания ++ ++ + + + + + +
5. Аврупо + +
6. Америкаи Шимолӣ + + +
7. Тоҷикистон +
Эзоҳ: +/ паҳншавӣ дар як қатор кишварҳои минтақа

++/ паҳншавӣ дар ҳама ҷо

Вобаста ба хатари бемориҳои сироятии дар боло номбаргардида ширкатҳои туристие, ки ба содироти туристон ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногун машғуланд, мебояд чунин талаботҳоро риоя намоянд:

  1. Миёни ҷонибҳои фиристандагон ва қабулкунандагони туристон қарордод оид ба суғуртаи тиббии туристон мавҷуд бошад;
  2. Ба ҳамаи туристон ёрии таъҷилии тиббӣ расонанд;
  3. Оид ба бемории вазнин ё фавти турист ҳатман ба консулгарӣ ва пайвандон хабар диҳанд. Барои ин роҳбарони гурўҳҳои туристӣ, бояд суроға ва телефонии туристонро дошта бошанд;
  4. Роҳбарони ширкатҳои туристие, ки дар самти равоннамоии шаҳрвандон ба хориҷа фаъолият меноманд, уҳдадоранд, ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ҳаргуна чорабиниҳо намоянд;
  5. Менеҷерони ширкатҳои туристӣ ҳангоми равон намудани туристон ба кишварҳое, ки бемориҳои хавфноки сироятӣ доранд, вазифадоранд дастурамал оид ба вазъияти фазои солими кишвар ба туристон дастрас намоянд.

Туристоне, ки ба кишварҳои иқлими тропикӣ дошта ворид мешаванд бо худ чунин васоит ва маводи тиббиро дошта бошанд, ба монанди:

– маводҳое, ки барои поён намудани ҳарорати бадан заруранд (аспирин, параситамол ва ғ);

– маводҳои рафъкунандаи дард (аналгин, баралгин, ситрамон, ношпа ва ғ);

– зиддиалергӣ (супрастин, тавигил ва ғ);

-маводи бартарафкунии дарунравӣ (тетратсилин, имодиум, фуразолидон, энтрол, фталазол ва ғ);

-маводи антибиотикӣ (доксисиклин ё левометситин ва ғ);

-маводҳои зидди бемориҳои занбуруғӣ (нистатин);

-маводҳои зиддитабларза (мефлохин ё лариам);

-воситаҳои ҳифоҷатии пўст аз офзанӣ;

-хамира зидди сўхтани пўст;

-воситаи муҳофизатии газанди ҳашаротҳо;

-докаи ҷароҳатбандии покиза, ҳароратсанҷ ва ғ.

Суғуртаи таваккали туристӣ

Зуҳуроти гуногуншаклии таваккали туристӣ, оқибатҳои ногувор ва ғайриимкон будани пурра бартарафнамоии он, зарурати ташкили суғуртаро ба миён меорад.

Таваккал ҳамчун восиатаи баамалоии суғурта мегардад. Зери мафҳуми суғурта ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳангоми баамлоии ҳодисаҳои гуногун фаҳмида мешавад.

Ҳифзи суғуртавӣ аз ҳисоби фондҳои пулие, ки аз ҳисоби пардохти маблағи муайяни суғурташавандагон амалӣ мегардад.

Суғурта метавонад ихтиёрӣ ва ё ҳатмӣ бошад. Суғуртакунонӣ тибқи қонуни суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Қоидаҳои суғурта ва суғуртакунонӣ тибқи кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қоидаи мазкур аз маълумотҳои зер иборат аст:

– оид ба субъектҳою объектҳое, ки суғуртакунонида мешаванд:

– ҳодисаҳои суғуртавӣ;

– таваккали суғуртавӣ;

-муқаррароти муайянсозии маблағи суғурта;

– тарофаи суғурта;

– пардохти ҳаққи суғурта;

– муқаррароти бастани шартномаи суғурта, иҷроиш ва қатъи он;

– ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;

-муайянсозии ҳаҷми зарар ё хисорот;

– муқаррароти муайянсозии пардохти суғурта;

– ҳолатҳои инкори пардохт дар суғурта.

Дар соҳаи туризм чунин намудҳои асосии суғурта пешбинӣ мешавад:

– суғуртаи масъулияти ташкилотҳои туристӣ;

– суғуртаи шахсии туристон;

– суғуртаи амволи туристон.

Расми 34. Суғурта дар туризм.

Таснифоти суғурта 23 навъро дар бар мегирад, ки бархе аз онҳо ба тиҷорати туристӣ дохил мешаванд:

– суғуртаи ҳаёт дар ҳолати марг;

– суғурта аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ;

– суғуртаи тиббӣ;

– суғуртаи воситаҳои нақлиёти заминӣ (ғайр аз воситаҳои роҳи оҳан);

– суғуртаи амволи шахсони ҳуқуқӣ (ғайр аз воситаҳои нақлиётӣ ва суғуртаи кишоварзӣ);

– суғуртаи амволи шаҳрвандон (ғайр аз воситаҳои нақлиёт);

– суғуртаи бор;

– суғуртаи масъулияти шаҳрвандии дорандагони воситаҳои нақлиёт;

– суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зиён дар натиҷаи норасои мол, ко рва хизматрасонӣ;

– суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зиён ба шахсони сеюм;

– суғуртаи масъулияти шаҳрвандон барои иҷро нанамудан ё пурра иҷро намудани уҳдадорӣ тибқи қарордод;

– суғуртаи таваккали соҳибкорӣ;

– суғуртаи таваккали молиявӣ.

Қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ, ки бо туристон баста шудааст, аз ҷониби ширкати туристӣ бояд ҳатман иҷро гардад.

Дар ҳолати иҷро нагардидани шартҳои қарордод аз ҷониби туроператорон онҳо уҳдадоранд то таъминоти молиро ба онҳо, яъне туристон амалӣ намоянд.

Дар ҳоле, ки ширкати туристӣ уҳдадории худро иҷро наменамояд турист ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ пардохти ҷуброни суғуртаро талаб намояд.

Дар талабнома инҳо ишора мешаванд:

– ному насаби турист, инчунин маълумот дар бораи дигар фармоишгар;

– санаи судур, муҳлати фаъолиятӣ ва ҳуҷҷатҳои талаботие, ки ба сифати таъмини масъулияти туроператорон пешниҳод мегардад;

– шумораи қарордод дар бораи фурўши маҳсулоти туристӣ ва санаи бастаи он;

– номгўи туроператоре, ки ба он таъминоти молиявӣ вогузор шудааст;

– номгўи турагентҳо (агар қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ миёни туристон ва турагентҳо баста шуда бошад, он аз номи туроператори супоришдиҳандаи фаъолияткунанда иҷро мешавад, на аз номи худаш);

– иттилоот оид ба иҷро нагардидани уҳдадориҳои туроперраторон ё турагентон, ки дар қарордоди фурўши маҳсулоти туристӣ нишон дода шудааст;

– ҳаҷми воситаҳои пулӣ, ки ба интиқол додани онҳо пардохт карда мешаад.

Ба талаботҳо турист зам менамояд:

– нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ў (пешниҳоди асли ҳуҷҷатҳо);

– нусхаи қарордод оид ба фурўши маҳсулоти туристӣ (бо пешниҳоди нусхаи аслӣ);

– ҳуҷҷатҳое, ки хисороти воқеии туристонро дар натиҷаи иҷро нанамудани уҳдадориҳои туроператорон ё турагентон тасдиқ менамоед.

Суғуртакунонии таваккали масъулияти туроператорон аз ҳисоби худи онҳо амалӣ мешавад. Объекти суғуртакунонии масъулияти туроператорон манфиатҳои моли он мебошад. Манфиати моли он бо таваккали уҳдадории ҷуброни хисороти турист алоқаманд мебошад ва он дар натиҷаи иҷро нанамудани уҳдадорӣ аз рўи қарордод ҷиҳати фурўши маҳсулоти туристӣ басташуда, ба миён меояд.

Қарордоди суғуртаи масъулияти туроператорон бояд чунин бандҳоро дар бар гирад:

– муайяннамоии объекти суғурта;

– муайяннамоии ҳолати суғурта;

– ҳаҷми маблағи суғурта;

– муҳлати амали қарордоди суғурта;

– муқаррарот ва муҳлати пардохти маблағи суғурта;

– муқаррарот ва муҳлати баррасии туристон оид ба ҳолати суғуртавӣ;

– муқаррарот ва муҳлати пешниҳоди туристон ҷиҳати пардохти ҷуброни суғурта аз рўи қарордод аз ҷониби туроператорон;

– номгўи ҳуҷҷатҳое, ки турист уҳдадор аст бобати асоснокнамоии талаботи хуш ба сўи суғуртакунанда ҷиҳати ҷуброни хисороти воқеӣ, пешниҳод намояд.

Дар аксар кишварҳои олам суғуртакунонии масъулияти шаҳрвандии ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ мебошад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо автотуристон бояд бо худ суғуртаи «корти сабз» (greencard) дошта бошанд.

Ҳаҷми пардохти суғурта аз рўи дараҷаи автомобил, давомнокии сафар ба мамлакате, ки ҳангоми сафар садамаи нақлиётӣ рўх додаст, вобаста аст.

Дар кишварҳои аврўпоӣ корти муайяни (полис) суғуртаи байналмиллариро метавон ба даст овард, ки он имконияти расондани хизматҳои гуногуни таъҷилӣ ва сифатнок ба вуҷуд меорад. Дорандагони корти муайяни (полис) суғуртаи байналмилалии ширкати суғуртавии франсавии GESA Assictance тўли дар хориҷа будан бидуни пардохти иловагӣ чунин пешниҳодотро меорад:

– ёрии таъҷилии ҳатмии тиббӣ;

– пардохти хароҷотҳо барои табобат;

– кўмаки дандонпизишкӣ;

– хадамот бобати интиқол тавассути воситаҳои техники тиббӣ;

– овардани пайвандони туристи ҷабрдида ба ҷои ҳодиса ва интиқоли онҳо ба ҷои аслӣ;

– кўмак ва ҳимояи ҳуқуқӣ.

Дар аксар кишварҳои олам инчунин шаҳрҳои бузурги туристӣ хадамоти кўмак ба туристон амал менамояд. Онҳо аз рўи имконият туристонро аз ҳодисаҳои фавқулода ҳимоя намуда, ба онҳо ҳамагуна кўмаку дастгириҳоро ҷиҳати бартараф намудани ҳодисаҳои нохўш ва номатлуб, пешниҳод менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона ин гуна марказҳо ё хадамот вуҷуд надорад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҷараёни суғуртакунонӣ дар ташаккули туризм нақши муассир дорад. Тарзи дурусти суғуртакунонӣ метавонад дифои туристонро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохўш дифоъ намояд.

2 Загрузки
test

Добавить комментарий