Ояндаи тараққиёти туризм дар Аврупо

Ба мақсади фаҳмиши ояндаи тараққиёти туризм нишондихандаҳои зерин дар системаи баҳодиҳии онҳо истифода бурда мешаванд: паст, миёна ва баланд.

Аз баски умуман ояндабинии Аврупо (сарчашма ва истеъмолкунандаи туризм) бо нишондиҳандаи миёна баҳо дода мешавад, ин ҷиҳат вариантҳои имконпазири тараққиёти минтақавиро нишон медиҳад.

Аврупо ҳамчун минтақаи туризми дохилшаванда базаи хубро барои тараққиёт дар ҳама самтҳо ба истиснои Осиёи Ҷанубӣ дорад. Аз Африқо, Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубӣ ва ноҳияҳои бассейни уқёнуси Ором дар соли 2000 воридшавии 5,5 -6 млн. турист ба қайд гирифта шудааст. Барои ҳамин ҳам афзоиш 5% -ро дар як сол дар давраи солҳои 2000 -ум, мисол аз Африқо ташкил диҳад, ин маънои боз 3,1 млн. воридшавиҳоро то соли 2002-юм дар назар дорад. Нишондиҳандаи боз ҳам баланди тараққӣёти миёна дар ҳаҷми 3% дар як сол афзоиши туризмро аз Африқо ба Аврупо аз 5 млн. то 6,7 млн воридшавиҳоро дар давраи солҳои 2000 – 2010 хоҳад дод. Умуман, ҳангоми баҳодиҳии афзоиши ояндаи ин нишондиҳандаҳо ба назар гирифтани ҳаҷмҳои ҷараёнҳои устувори туристӣ хеле мумкин аст.

Ояндаи тараққиёти туризми қитъаи Амрико.

Барои қитъаи Амрико нишондиҳандаи пасткардашудаи сатҳи миёнаи ояндабинии тараққиёт ҳам барои туризми дохилиминтақавӣ, ҳам барои ҷараёнҳои туристӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва мамлакатҳои Шарқи Наздик хос аст. Мавқеи асосии Америкаи Шимолӣ дар минтақаи Амрико ва ҳиссаи баланди ҷараёнҳои туристии ба назар гирифташуда, дар доираи мубодилаи сарҳадии байни ШМА ва Канада нишондиҳандаҳои пастро барои туризми дохили регионалӣ медиҳанд.

Ояндаи тараққиёти туризм дар Осиёи Шарқӣ ва уқёнуси Ором.

Дар Осиёи Шарқӣ ва бассейни уқёнуси Ором ояндабинии аз нишондиҳандаи миёна баландтар ҳам аз рӯи туризми сафаркунанда ва ҳам аз рӯи туризми дохилшаванда дар назар дошта мешавад. Минтақаҳои нисбатан калони ҷалбкунандаи туризми сафаркунанда аз мамлакатҳои Осиёи Шарқӣ ва уқёнуси Ором зерминтақаҳои қитъаи Амрико хоҳад шуд, инчунин мамлакатҳои –шарикони Осиёи Шарқӣ, ҳавзаи уқёнуси Ором (туризми минтақавӣ) ва Осиёи Шарқӣ.

Ба қайд гирифта шудааст, ки аз соли 1970 то 1990 туризми дохили минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ аз 17% то 43% ва аз 38% то 53% дар Осиёи Шарқӣ баланд шудааст. Ин тамоил аз сабаби афзоиши аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад. Афзоиши аҳолӣ пеш аз ҳама дар мамлакатҳои ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Индонезия, Малайзия, Тайланд дар назар дошта мешавад.

Азбаски бештари тахминҳои лоиҳаи Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ (ТУТ) «ояндабинии туризми умумиҷаҳонӣ то соли 2010-ум ва давраи пасоянд» тасдиқ шуда истодааст, аён аст, ки ҳангоми пастшавӣ дар бозори туристӣ дар шароитҳои аввали солҳои 2000-ум дар якҷоягӣ бо сармоягузориҳои калон, ки барои ташкили базаи ҷойгиркунии ҷараёни 2,5 маротиба афзоишёбанда гумон аст, ки нишондиҳандаи миёна аз 6 -7% дар як сол дар тӯли тамоми даҳсола зиёд шаванд. Танҳо баъзе давлатҳо метавонанд, ки ба дараҷаи баланди пешгӯиҳои худ ноил шаванд.

Пешрави дар технологияҳои системаҳои авиатсионӣ -инжинери, нақлиёти замини, инчунин системаҳои маълумотҳои электронӣ дар тӯли солҳои 2009 давом ёфта истодааст. Инкишофи саёҳатҳо боз ҳам тезтар, бевосита бо шабакаи маршрутҳои гуногун арзон хоҳад шуд.

Ташрифории туристон дар ҷаҳон аз рӯи минтақаҳо дар солҳои 1995-2020дар ҷадвали 4 аз руи минқаҳои мамлакатҳои ҷаҳон оварда шудааст.

Ҷадвали 4.

Пешгуиҳои ташрифории туристон дар ҷаҳон аз рӯи минтақаҳо дар солҳои 1995-2020 (млн. Одам.)*

 

 

минтақа

Солҳо
1995 2000 2010 2020
Аврупо 335 390 527 717
Уқёнуси Ором 80 116 231 438
Амрико 111 134 195 285
Африқо 20 27 46 75
Шарқи Миёна 14 19 37 69
Осиёи Ҷанубӣ 4 6 11 19
Ҳамагӣ 564 692 1047 1602

 

сарчашма – internet www. bank referatov. ru

Дар солҳои 2000-ум шароитҳои тиҷорати байналхалқӣ боз ҳам либерализатсия кунонида шуданд, ҳарчанде, ки омилҳои боздорандаи дар натиҷаи гуфтушунидҳои ГАТТ дар Уругвай пайдо шуда, ба назар мерасанд. Тиҷорати байналхалқӣ таҷрибаи тараққиётро дар шароите, ки миқдори бисёри давлатҳо дар содирот ва воридот фаъолтар иштирок мекунанд, нигоҳ медорад.

Як қатор созишномаҳои минтақавӣ ба мисли созишнома оиди тиҷорати озод дар Амрикои Шимолӣ (NAFTA) ба имзо расидаанд, ки ин дар навбати худ ба туризми байнидавлатӣ мусоидат мекунад.

Миқёсҳои пешбинишудаи тараққӣёти туризм ба ҷойгиркунӣ ва хурсандкуние, ки аз тарафи туристон талаб карда мешавад, таъсир мерасонанд. Проблемаҳои аз ҳама калоне, ки бо ин алоқаманданд дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ пайдо мешаванд. Ба замми ин азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ дар ҳамаи ноҳияҳои ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Як мисол меорем: ҳамагӣ ду сол гузашт, ки аэропорти дар Гонконг амалкунанда ба иқтидори худ ноил шуд, дар соли 2007 бошад аэропорти нав кушода шуд.

Проблемаҳои бехатарии сайдҳо бо инкишофи туризм боз ҳам мушкил ва ҳалталаб шуда истодааст. Азбаски иштитрокчиёни сайдҳо бо таваккалиётҳои муайян рӯ ба рӯ мешаванд бояд, ки як қатор роҳҳое бошанд, ки дараҷаи хатарнокиро барои туристон паст кунанд. Пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳукумат ва ташкилотҳои туристӣ дар ҳамаи самтҳои бехатарии туристӣ якҷоя кор кунанд.

Шароитҳое, ки бевосита ва самаранок ба туризм таъсир мерасонанд ва бо ташаккулёбии эҳтиёҷот, талабот ва таклифот ба маҳсулот ва хизматҳои туристӣ алоқаманданд, шартан захираҳои бозор номидан мумкин аст. Элементҳои самти додашуда инҳоянд: ҷараёни эҳтиёҷот, талабот ва таклифот, сегментҳои бозор, сектори туристии хусусӣ ва захираҳои инсонӣ.

Эҳтиёҷот дар туризми дискреттсионӣ (яъне туризм аз рӯи интихоби хеш) дар тӯли солҳои 2010-ум баланд хоҳанд шуд.

Ба замми ин, ин тамоилҳо ба афзоиши эҳтиёҷот дар маҳсулот ва хизматрасонии туристии нав боз ҳам ҷозибанок ва гуногунранг оварда мерасонанд. Миқёси васеи маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ (мисол, истироҳат дар соҳил, сайругашт дар шаҳр) ба сифати интихоби асосӣ дар бозорҳои туристӣ бо баландшавии сусти нархҳо баромад мекунад.

Тараққиёти системаи «талабот- эҳтиёҷот, ки барои давраи солҳои 2010-ум ва бештар пешбини шудааст, бо мафҳуми сегменти бозор аниқ муайян карда мешавад. Сегменти бозор ҷараёнеро дар назар дорад, ки ҳангоми он фурӯшандаи маршрути туристӣ ё ҷойҳо дар самолёт, ба меҳмонхона харидоронеро ҷалб менамояд, ки бо маҳсулот ё хизматрасоние, ки аз тарафи фурӯшанда пешниҳод шудаанд қаноатманд хоҳанд шуд.

Таҳлили ҳавасмандии туристӣ заруриятҳои зеринро нишон дод: гуногуншаклии мақсадҳо ва вазифаҳои туризм дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ки боиси бозори дискреттсиони мешавад; диверсификатсияи васеъшудаи маҳсулоти туристӣ; инкишофи мунтазами тамоми самтҳо ва тамоилҳои бозор бо назардошти стандартҳои хизматрасонии бехатар.

Бозор боз ҳам муайянтар мешавад, зарурият дар ба плангирии тараққиёти туристӣ дар асоси интегратсияи пурра меафзояд.

Солҳои 70-80-ум даврае буданд, ки ҳар як намуд ва категорияи иштирокчии туристӣ яъне давлатҳо, операторҳо ояндаи дурахшон барои муваффақият доштанд. Дар айни ҳол тағиротҳо на танҳо барои фишори рақобати шадид ва талаботҳои афзоишёбандаи истеъмолкунанда, балки дар натиҷаи таназули иқтисодии давомнок ба амал омада истодаанд. Ин ба ҳолате оварда расонад, ки ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти туристӣ аз сабаби ғайрисамаранок будани амалиётҳо, зарар диданд.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.